Сипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннат
Китоби мазкур зикрҳоеро аз Китоб ва Суннат ҷамъ овардааст, то гуфтани онҳо дар вақту ҳолатҳои гуногун осон гардад. Он шомили дуоҳои бедор шудан аз хоб, таҳорат, намоз, сафар ва дигар дуоҳое мебошад, ки ба мусалмон кумак мекунад, то худро эмин нигоҳ дорад ва дар ҳифзу риояти Аллоҳ қарор гирад.
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Сипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннат
Бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло
Доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳфи Қаҳтонӣ
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Муқаддима
Ҳамоно ситоиш аз они Аллоҳ аст, Ӯро ҳамду сано мегӯем, аз Ӯ ёрӣ металабем ва аз Ӯ омурзиш мехоҳем. Ва аз шарри нафсҳои худ ва бадии аъмоли худ ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳкунандае барои ӯ нест ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳидояткунандае барои ӯ нест. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст ва шарике надорад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Дуруду саломи фаровони Аллоҳ бар ӯ ва бар олу асҳобаш ва бар касоне, ки то рӯзи қиёмат ба некӣ аз онҳо пайравӣ намуданд, бод. Аммо баъд:
Ин навиштаи кӯтоҳест, ки онро аз китобам: "Зикр, дуо ва табобат бо руқя аз Китобу Суннат" [1] ихтисор намудаам. Дар он қисми азкорро мухтасар кардам, то ҳамроҳ гирифтани он дар сафарҳо сабук бошад. [1]Ва асли мазкур, алҳамдулиллоҳ, бо тахриҷи муфассали ҳадисҳои он дар чаҳор ҷилд ба чоп расидааст. "Ҳиснул-муслим", (Сипари мусалмон) дар ҷилди аввал ва дувуми онҳо мебошад.
Ва ман танҳо ба матни зикр иктифо намудам ва дар тахриҷи он ба зикри як ё ду сарчашма аз он чи дар асл вуҷуд дорад, қаноат кардам ва ҳар касе, ки донистани номи саҳоба ё маълумоти бештарро дар тахриҷ бихоҳад, пас бояд ба китоби асл муроҷиат намояд. Ва аз Худованди Азза ва Ҷалла ба номҳои некӯ ва сифатҳои волояш мехоҳам, ки онро холисона барои ризои Хеш бигардонад ва маро дар зиндагӣ ва пас аз маргам аз он баҳраманд гардонад ва ҳар касеро, ки онро мехонад, ё ба чоп мерасонад ва ё сабаби нашри он мегардад, аз он баҳраманд созад. Ҳамоно Ӯ субҳонаҳу соҳиби ин кор ва Тавоно бар он аст. Ва саллаллоҳу ва саллама ъало набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман табиъаҳум бииҳсонин ило явмид-дин.
Муаллиф
Дар моҳи сафари 1409 ҳиҷрӣ ба риштаи таҳрир даромадаст.
Фазилати зикр
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гӯед ва ба Ман носипосӣ накунед). [2] [2] Сураи Бақара, ояти 152.
(Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед).[3] [3] Сураи Аҳзоб, ояти 41.
(...ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст).[4] [4] Сураи Аҳзоб, ояти 35.
(Ва Парвардигоратро дар дили хеш бо тазарруъ ва тарс, бидуни овози баландгуфтор [дар] бомдодон ва шомгоҳон ёд кун ва [аз ёди Аллоҳ Таъоло] ғофил мабош).[5] [5] Сураи Аъроф, ояти 205.
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст"[6]. [6] Бухорӣ бо Фатҳ (11/208) таҳти рақами (6407) ва Муслим (1/539) таҳти рақами (779) бо лафзи: "Мисоли хонае, ки дар он Худованд ёд карда мешавад ва хонае, ки дар он Худованд ёд карда намешавад, мисоли зинда ва мурда аст."
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Парвардигори Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам, ки аз инфоқи тилло ва нуқра барои шумо беҳтар ва аз рӯ ба рӯ шудани шумо бо душманатон, ки гардани онҳоро бизанед ва онҳо гардани шуморо бизананд, беҳтар аст?» Гуфтанд: Бале. «Зикри Аллоҳ Таъоло»[7]." [7] Тирмизӣ (5/459), рақами (3377) ва Ибни Моҷаҳ (2/124), рақами (3790) ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/316) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/139).
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ман дар назди гумони бандаам ба хеш мебошам ва Ман бо вай ҳастам, чун Маро ёд кунад. Агар Маро дар пинҳонӣ ёд кунад, ӯро дар пинҳонӣ ёд кунам ва агар Маро дар миёни ҷамъе ёд кунад, ӯро дар миёни гурӯҳе ёд кунам, ки аз он гурӯҳ беҳтар аст. Ва агар ба андозаи ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи як даст наздик мешавам. Ва агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи ду дасти боз ба ӯ наздик мешавам. Ва агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям".[8] [8] Ривояти Бухорӣ (8/171), рақами (7405), Муслим (4/2061), рақами (2675) ва лафзаш аз Бухорист.
Ва аз Абдуллоҳ ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде гуфт: "Эй Расули Худо, аҳкоми ислом бар ман зиёд шудааст, чизе ба ман бигӯ, ки ба он чанг бизанам". Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".[9] [9] Тирмизӣ (5/458), рақами (3375) ва Ибни Моҷаҳ (2/1246), рақами (3793), Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/139) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/317) саҳеҳ гуфтааст.
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар ки як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: "Алиф, лом, мим" як ҳарф аст, балки: "алиф" як ҳарф, "лом" як ҳарф ва "мим" як ҳарф аст».[10] [10] Тирмизӣ (5/75), рақами (2910), Албонӣ дар "Саҳеҳи Тирмизӣ" (3/9) ва "Саҳеҳи ҷомеъи сағир" (5/340) саҳеҳаш гуфтааст.
Ва аз Уқба ибни Омир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) берун омаданд ва мо дар Суффа будем, ки фармуданд: "Кадоме аз шумо дӯст медорад, ки ҳар рӯз субҳгоҳон ба Бутҳон ё ба Ақиқ биравад ва аз он ҷо ду шутури модаи бузургкӯҳон биёварад, бидуни ҳеҷ гуноҳе ва қатъи пайванди хешовандӣ?" Пас гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо инро дӯст медорем. Фармуданд: "Оё яке аз шумо ба масҷид намеравад, то ду оят аз китоби Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) биёмӯзад ё бихонад, ки барояш беҳтар аз ду шутур аст ва сето барояш беҳтар аз сето ва чаҳорто барояш беҳтар аз чаҳорто ва ба теъдоди онҳо аз шутурон аст?"[11] [11] Муслим (1/553), рақами (803).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Шахсе дар ҷое биншинад, ки дар он Худоро ёд накарда бошад, аз ҷониби Худо бар вай нуқсе аст ва касе, ки дар ҷое бихобад ва Худоро дар он ёд накарда бошад, аз ҷониби Худо бар вай нуқсе аст."[12] [12] Ривояти Абудовуд (4/264), рақами (4856), ва ғайра, ва нигаред: Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (5/342).
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳеҷ гурӯҳе дар маҷлисе нанишастанд, ки дар он Худоро ёд накарда бошанд ва бар Паёмбарашон дуруд нафиристода бошанд, магар ин ки он маҷлис мояи ҳасрат ва пушаймониашон хоҳад буд, Пас, агар Худованд бихоҳад, онҳоро азоб медиҳад ва агар бихоҳад, онҳоро мебахшад.»[13] [13] Тирмизӣ (5/461), рақами (3380), ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/ 140).
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд."[14] [14] Абудовуд (4/264), рақами (4855), Аҳмад (2/389), рақами (10680) ва ниг: Саҳеҳул-ҷомеъ (5/176).
1. Зикрҳои бедор шудан аз хоб
" Ситоиш аз они Худоест, ки зинда гардонид моро баъди ин ки миронид моро ва ба суи Ӯст зинда шудан". [15] [15] Бухорӣ бо Фатҳ (11/113), рақами (6314), Муслим (4/2083), рақами (2711).
Алҳамду лиллаҳил-лазӣ аҳяна баъда ма аматана, ва илайҳин-нушур.
"Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст, ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Муназзаҳу пок аст ва ҳамду ситоиш барои Ӯст, ва ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ва Аллоҳ бузург аст, ва ҳеҷ ҳаракату нерӯе нест, магар ба (тавфиқи) Аллоҳи баландмартаба ва бузург, Парвардигоро! манро биёмурз". [16] [16] «Ҳар ки инро бигӯяд, омурзида мешавад, пас агар дуо кунад, дуояш мустаҷоб мегардад ва агар бархоста таҳорат кунад, сипас намоз бихонад, намозаш қабул мешавад». Бухорӣ бо «Фатҳ» (3/39) таҳти рақами (1154) ва ғайра, ва ин лафзи Ибни Моҷаҳ аст, нигаред ба: «Саҳеҳ»-и Ибни Моҷаҳ (2/335).
Ла илаҳа илла-Ллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. СубҳанаЛлоҳ, вал-ҳамду лиллаҳ ва ла илаҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар, ва ла ҳавла ва ла қуввата илла биллаҳил-ъалиййил-ъазим, Раббиғфир ли.
"Ситоиш аз они Худоест, ки ҷисмамро сиҳат бахшид ва ба ман рӯҳамро бозгардонд ва ба ман иҷозаи зикрашро дод". [17] [17] Тирмизӣ (5/473), рақами (3401), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/144).
Ал-ҳамду лиллаҳил-лазӣ ъафанӣ фӣ ҷасадӣ ва радда алайя рӯҳӣ ва азина лӣ бизикриҳ.
(Ба ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва омадушуди шабу рӯз нишонаҳо [и ошкор]-е барои хирадмандон аст. 190 [Ҳамон] Касоне, ки Аллоҳро [дар ҳамаи аҳвол] истода ва нишаста ва бар паҳлу орамида, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд [ва мегӯянд]: "Парвардигоро, инҳоро беҳуда наофаридаӣ; муназзаҳӣ Ту. Пас, моро аз азоби оташ [-и дузах] нигаҳ дор. 191 Парвардигоро, касеро, ки Ту ба оташ [-и дузах] дароварӣ, яқинан, хору расвояш кардаӣ ва ситамгорон [ҳеҷ] ёваре надоранд. 192 Парвардигоро, мо шунидем, даъватгаре ба имон фаро мехонад, ки: "Ба Парвардигори худ имон оваред". Пас, мо имон овардем. Парвардигоро, пас, гуноҳонамонро бибахш ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро дар зумраи некон бимирон. 193 Парвардигоро, он чиро, ки ба василаи фиристодагонат ба мо ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва дар рӯзи қиёмат расвоямон магардон. Бе тардид, Ту хилофи ваъда намекунӣ. 194 Пас, Парвардигорашон дуои ононро иҷобат кард [ва фармуд]: "Ман [подоши] амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо – аз мард ё зан – ки ҳамнавъи якдигаред, табоҳ намекунам; пас, касоне, ки [аз ватани худ] ҳиҷрат кардаанд ва [ё] аз хонаҳои худ ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, ҳатман, бадиҳояшонро аз онон мезудоям ва [ба унвони] подоше аз ҷониби Аллоҳ Таъоло эшонро дар боғҳое дармеоварам, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист ва Аллоҳ Таъоло аст, ки подоши наку назди Ӯст. 195 [Эй паёмбар] Рафтуомади кофирон [барои тиҷорат] дар шаҳрҳо [ва молу мақоми онон] туро нафиребад. 196 [Ин] Баҳрамандии ночизест; сипас ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе аст! 197 Аммо касоне, ки тақвои Парвардигорашонро намудаанд, [дар биҳишт] боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист [ва] ҷовидона дар он мемонанд. [Ин] Пазироӣ аз ҷониби Аллоҳ Таъоло [муҳайё шуда] аст ва он чи назди Аллоҳ Таъоло аст, барои накукорон беҳтар аст. 198 Ва касоне аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ Таъоло ва он чи бар шумо нозил шуда ва он чи бар худашон нозил шудааст, имон доранд; дар баробари Аллоҳ Таъоло фурӯтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои ночизе намефурушанд. Инонанд, ки подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст. 199 Эй касоне, ки имон овардаед, [бар таколифи динӣ ва ранҷҳои дунявӣ] шикебоӣ варзед ва [дар баробари душманон] пойдор бошед ва парҳезгорӣ пеша кунед; бошад, ки растагор шавед. 200) (Сураи Оли Имрон, оятҳои 190-200) [18]. [18] Бухорӣ бо Фатҳ (8/337), рақами (4569), Муслим (1/530), рақами (256).
2. Дуои пӯшидани либос
"Ситоиш аз ониХудоест, ки ин либосро ба ман пушонид ва онро рӯзӣям гардонид, бидуни тавоноӣ ва қудрати ман ...". [19]. [19] Ривояти аҳли Сунан ба ҷуз Насоӣ: Абудовуд, рақами (4023), Тирмизӣ, рақами (3458), Ибни Моҷаҳ, рақами (3285), Албонӣ дар Ирво-ул-ғалил (7/47) ҳасанаш гуфтааст.
Алҳамду лиллаҳил-лазӣ касонӣ ҳазас-савба ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ.
3. Дуои пӯшидани либоси нав
"Худоё, ситоиш аз они Ту аст, Ту онро пӯшонидаи маро, Аз Ту мехоҳам аз хайру некии он ва хайри он чи либос барои он сохташуда ва паноҳ мебарам ба Ту аз шарри он ва шарри он чи ин либос барои он сохта шудааст". [20] [20] Абудовуд, рақами (4020), ва Тирмизӣ, рақами (1767), ва Бағавӣ (12/40), ва ниг: Мухтасари шамоили Тирмизӣ-и Албонӣ (саҳ. 47).
Аллоҳумма лакал-ҳамду анта касавтаниҳи, асъалука мин хайриҳи ва хайри ма суниъа лаҳу ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри ма суниъа лаҳ.
4. Дуо барои касе, ки либоси нав пӯшидааст
"Куҳнааш мекунӣ ва Аллоҳ Таъоло либоси дигареро ҷойгузинаш мекунад." [21] [21] Ривояти Абудовуд (4/41), рақами (4020) ва нигаред: Саҳеҳи Абудовуд (2/760).
Тублӣ ва юхлифу-Ллоҳу Таъоло.
"Либоси нав бипӯш, писандида зиндагӣ кун ва шаҳид бимир."[22] [22] Ибни Моҷаҳ (2/1178), рақами (3558), ва Бағавӣ (12/41), ва ниг: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/275).
Илбас ҷадидан, ва ъиш ҳамидан, ва мут шаҳидан.
5. Ҳангоми либос кашидан чӣ мегӯяд?
"Бисмиллоҳ"[23] [23] Тирмизӣ (2/505), рақами (606), ва ғайра, ва нигаред: Ирво-ул-ғалил, рақами (50), ва Саҳеҳул-ҷомеъ (3/203).
Бисмиллаҳ
6. Дуои даромадан ба ҳоҷатхона
"[Ба номи Худо] Худоё ман паноҳ мебарам ба Ту аз палидӣ ва нопокиҳо, (ё шайтонҳои нар ва мода)". [24] [24] Ривояти Бухорӣ (1/ 45), рақами (142), Муслим (1/ 283), рақами (375), ва зиёдаи «Бисмиллоҳ» дар аввали он ривояти Саъид ибни Мансур аст. Нигаред ба Фатҳул-борӣ (1/ 244).
Бисмиллаҳ, Аллаҳумма иннӣ аъузу бика минал хубси вал хабаис.
7. Дуои баромадан аз ҳоҷатхона
"Худоё! маро биёмурз".[25] [25] Ривояти асҳоби Сунан, ба ғайр аз Насоӣ, ки онро дар "Амалул-явми вал-лайла" ривоят кардааст, рақами (79), Абудовуд, рақами (30), Тирмизӣ, рақами (7), Ибни Моҷаҳ, рақами (300) ва Албонӣ онро дар "Саҳеҳи Сунани Абудовуд" (1/19) саҳеҳ донистааст.
"Ғуфронак".
8. Зикри пеш аз вузӯ
"Бисмиллоҳ".[26] [26] Абудовуд, рақами (101), ва Ибни Моҷаҳ, рақами (397), ва Аҳмад, рақами (9418), ва нигаред ба Ирво-ул-ғалил (1/122).
Бисмиллаҳ
9. Зикри баъд аз вузӯ
"Гувоҳӣ медиҳам ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, ягона аст, нест шарику ҳамтое барои Ӯ ва гувоҳи медиҳам, ки Муҳаммад банда ва паёмбари Аллоҳ аст". [27] [27] Муслим (1/209), рақами (234).
Ашҳаду ал-ла илаҳа иллаллоҳу, ваҳдаҳу ла шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ.
«Парвардигоро, маро аз ҷумлаи тавбакунандагон ва аз ҷумлаи покизагон бигардон.» [28] [28] Тирмизӣ (1/78), рақами (55), ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/18).
Аллоҳумма иҷъалнӣ минат-таввобина ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин.
"Худоё, Туро ба покӣ ёд мекунам ва ситоишат мекунам, Шаҳодат медиҳам ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Ту, аз Ту омурзиш мехоҳам ва ба суи ту тавба мекунам". [29] [29] Насоӣ дар «Амалул-явми вал-лайла» (саҳ. 173), ва нигаред: «Ирво-ул-ғалил» (1/135) ва (3/94).
Субҳанакаллаҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал-ла илаҳа илла анта, астағфирука ва атубу илайк.
10. Зикри ҳангоми баромадан аз хона
"Ба номи Аллоҳ, бар Аллоҳ таваккал кардам ва нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳ". [30] [30] Абудовуд (4/325), рақами (5095), ва Тирмизӣ (5/490), рақами (3426), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/151).
Бисмиллаҳи, таваккалту ала-Ллоҳи, ва ла ҳавла ва ла қуввата илло биллоҳ.
"Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз ин ки гумроҳ шавам, ё гумроҳ карда шавам, ё билағжам, ё лағжонида шавам, ё зулм кунам, ё ба ман зулм шавад, ё азият кунам, ё азият карда шавам". [31] [31] Аҳли Сунан: Абудовуд, рақами (5094), Тирмизӣ, рақами (3427), Насоӣ, рақами (5501) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3884), ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/152) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/336).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан азилла, ав узалла, ав азилла, ав узалла, ав азлима, ав узлама, ав аҷҳала, ав юҷҳала ъалайя.
11. Зикри ворид шудан ба хона
"Ба номи Худо даромадем ва ба номи Худо хориҷ шудем ва ба Парвардигорамон таваккал кардем". [32] [32] Абудовуд (4/325) бо рақами (5096) ривоят кардааст ва аллома Ибни Боз дар «Туҳфат-ул-ахёр» (саҳ. 28) санади онро ҳасан донистааст, ва дар «Саҳеҳ» омадааст: «Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред», Муслим бо рақами (2018).
Бисмиллаҳи валаҷна, ва бисмиллаҳи хараҷна, ва ъалаллоҳи раббина таваккална.
12. Дуои рафтан ба масҷид
"Парвардигоро! Дар қалбам нуре қарор деҳ ва дар забонам нуре ва дар гӯшам нуре ва дар чашмам нуре ва аз болоям нуре ва аз поёнам нуре ва аз тарафи ростам нуре ва аз тарафи чапам нуре ва аз пешам нуре ва аз пуштам нуре ва дар нафсам нуре қарор деҳ ва нурамро бузург гардон ва нурамро азим гардон ва бароям нуре қарор деҳ ва маро нур бигардон. Парвардигоро! Ба ман нуре ато фармо ва дар асабам нуре ва дар гӯштам нуре ва дар хунам нуре ва дар мӯям нуре ва дар пӯстам нуре қарор деҳ".[33] [33] Нигаред ба ҳамаи ин лафзҳо дар Бухорӣ (11/116), рақами (3166), Муслим (1/526), рақами (529), (530) ва (763).
Аллоҳумма-ҷъал фӣ қалбӣ нуран, ва фӣ лисонӣ нуран, ва фӣ самъӣ нуран, ва фӣ басарӣ нуран, ва мин фавқӣ нуран, ва мин таҳтӣ нуран, ва ъан яминӣ нуран, ва ъан шимолӣ нуран, ва мин амомӣ нуран, ва мин халфӣ нуран, ваҷъал фӣ нафсӣ нуран, ва аъзим лӣ нуран, ва ъаззим лӣ нуран, ваҷъал лӣ нуран, ваҷъалнӣ нуран, Аллоҳумма аътинӣ нуран, ваҷъал фӣ ъасабӣ нуран, ва фӣ лаҳмӣ нуран, ва фӣ дамӣ нуран, ва фӣ шаърӣ нуран, ва фӣ башарӣ нуран.
"Парвардигоро! Бароям дар қабрам нур... ва дар устухонҳоям нур қарор бидеҳ" [34] "Ва нурамро зиёд кун, ва нурамро зиёд кун, ва нурамро зиёд кун" [35] "Ва бароям нуре бар болои нур ато кун" [36]." [34] Тирмизӣ (5/483), рақами (3419). [35] Ривояти Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад, рақами (695) (саҳ. 258), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад (536) санадашро саҳеҳ гуфтааст. [36] Инро Ибни Ҳаҷар дар "Фатҳ ул-борӣ" зикр карда ва ба Ибни Абуосим дар китоби "Ад-Дуо" нисбат додааст, ниг.: Ал-Фатҳ (11/118) ва гуфтааст: "Пас, аз ихтилофи ривоятҳо бисту панҷ хислат ҷамъ омадааст."
Аллоҳуммаҷъал лӣ нуран фӣ қабрӣ... ва нуран фӣ изамӣ, ва зиднӣ нуран, ва зиднӣ нуран, ва зиднӣ нуран, ва ҳаб лӣ нуран ала нур.
13. Дуои даромадан ба масҷид
"(Бо пойи росташ оғоз мекунад) [37] ва мегӯяд:" "Паноҳ мебарам ба Худои Бузург ва ба Ваҷҳи Карими Ӯ ва ба Султони Қадими Ӯ аз шайтони рондашуда". [38] [37] Ба далели гуфтаи Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу): «Аз суннат аст, ки ҳар гоҳ ба масҷид даромадӣ, аз пои рост шуруъ кунӣ ва чун баромадӣ, аз пои чап шуруъ кунӣ». Ҳоким онро ривоят кардааст (1/218) ва бар шарти Муслим саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст. Байҳақӣ низ онро ривоят кардааст (2/442) ва Албонӣ дар «Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа» (5/624) таҳти рақами (2478) онро ҳасан донистааст. [38] Абудовуд, рақами (466), ва нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ, рақами (4591).
Аъузу биллоҳил-азим, ва биваҷҳиҳил карим, ва султониҳил қадим, минаш-шайтонир-раҷим. "Ба номи Аллоҳ ва дуруду [39] салом бар Расули Аллоҳ бод". [40] [39] Ривояти Ибни Суннӣ, рақами (88) ва Албонӣ онро дар «Ас-самарул-мустатоб», (с. 607) ҳасан донистааст. [40] Абудовуд (1/126), рақами (465), ва ниг: Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (1/528).
Бисмиллаҳи, вассалату вассаламу ала расулиллаҳ "Худоё дарвозаҳои эҳсонатро бароям бикушо". [41] [41] Ривояти Муслим (1/494), рақами (713), ва дар Сунани Ибни Моҷаҳ аз ҳадиси Фотима (разияллоҳу анҳо): "Аллоҳумма иғфир лӣ зунубӣ вафтаҳ лӣ абвоба раҳматика", ва Албонӣ онро ба хотири шавоҳидаш саҳеҳ донистааст. Нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/128), рақами (129).
14. Дуои баромадан аз масҷид
(Бо пойи чапаш оғоз мекунад) [42] ва мегӯяд: "Ба номи Аллоҳ ва дуруду салом бар Расули Аллоҳ." [42] Ҳоким (1/218), Байҳақӣ (2/442) ва Албонӣ онро дар «Силсилаи аҳодиси саҳиҳа» (5/624), рақами (2478) ҳасан донистааст ва тахриҷи он гузашт.
Бисмиллаҳи, вассалоту вассаламу ъала расулиллаҳ. Худоё, ман аз Ту эҳсонатро мехоҳам,
Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлик "Худоё маро аз шайтони рондашуда нигоҳ дор". [43] [43] Нигаред ба тахриҷи ривоятҳои ҳадиси қаблӣ дар дуои ворид шудан ба масҷид, рақами (20) ва зиёдаи: "Аллоҳумма-ъсимнӣ минаш-шайтонир-раҷим" аз Ибни Моҷаҳ. Нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/129).
15. Зикрҳои азон
Мисли муаззин мегӯяд, магар дар ҷои (ҳайя ъалас-салот ва ҳайя ъалалфалоҳ) мегӯяд: "Нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳ". [44] [44] Бухорӣ (1/152), рақами (611) ва (613), Муслим (1/288), рақами (383).
Мегӯяд: "Ва ман гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест, ягона ва бешарик аст ва ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, розӣ ҳастам, ки Аллоҳ Парвардигори ман, Муҳаммад фиристодаи ман ва Ислом дини ман аст."[45] [45] Муслим (1/290), рақами (386).
Ва ана ашҳаду ан ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу, разийту биллаҳи раббан, ва би Муҳаммадин расулан, ва бил-Ислами динан. (Инро пас аз ташаҳҳуди муаззин бигӯяд). [46] [46] Ибни Хузайма (1/220).
(Баъди фориғ шудан аз ҷавоб додани муаззин бар Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) салавот мефиристад).[47] [47] Муслим (1/288), рақами (384).
Мегӯяд: "Худоё, эй соҳиби ин даъвати комил (азон) ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад васила ва фазилатро бидеҳ ва ӯро мақоми некӯе, ки ба ӯ ваъда додаӣ бидеҳ, ҳамоно Ту хилофи ваъда намекунӣ". [48] [48] Ривояти Бухорӣ (1/152), рақами (614), ва он чи дар байни қавсайн аст, аз Байҳақӣ (1/410) аст ва санади онро Аллома Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) дар «Туҳфат-ул-ахёр» (саҳ. 38) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма рабба ҳазиҳид-даъватит-томмати, вас-салотил-қоимати, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата, вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу, иннака ло тухлифул-миъод.
(Барои худ байни азон ва иқомат дуо кунад, зеро дуо дар ин вақт рад намешавад). [49] [49] Тирмизӣ, рақами (3594) ва (3595), Абудовуд, рақами (525), Аҳмад, рақами (12200), ва нигаред ба: Ирво-ул-ғалил (1/262).
16. Дуои истифтоҳ
"Парвардигоро, миёни ману хатоҳоям фосила андоз, чуноне ки миёни машриқу мағриб фосила андохтаӣ. Парвардигоро, маро аз хатоҳоям пок гардон, чуноне ки ҷомаи сафед аз чирк пок мешавад. Парвардигоро, маро аз хатоҳоям бо барфу обу жола бишӯй". [50]. [50] Бухорӣ (1/181), рақами (744), Муслим (1/419), рақами (598).
"Худоё, Туро ба покӣ ёд мекунам ва ситоиши Туро мегӯям ва бобаракат аст номи Ту ва баланд мартаба аст бузургвории Ту ва нест маъбуде бар ҳақ ғайр аз Ту". [51] [51] Муслим, рақами (399) ва асҳоби Сунани чаҳоргона: Абудовуд, рақами (775), Тирмизӣ, рақами (243), Ибни Моҷаҳ, рақами (806), Насоӣ, рақами (899), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/77) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/135).
Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук.
"Рӯйи худро мухлисона ба сӯи касе овардам, ки осмонҳо ва заминро офаридааст ва ман аз мушрикон нестам. Ҳамоно намози ман ва ибодати ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. Ӯро шарике нест ва ба ин амр шудаам ва ман аз мусалмононам. Парвардигоро, Ту Подшоҳӣ, маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест. Ту Худои манӣ ва ман бандаи Туам. Бар нафси худ ситам кардам ва бар гуноҳи хеш эътироф дорам, пас ҳамаи гуноҳонамро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад. Ва маро ба беҳтарини ахлоқ ҳидоят кун, ки ба беҳтарини он ҷуз Ту касе ҳидоят намекунад ва ахлоқи баду зиштро аз ман дур кун, ки бадиҳои онро ҷуз Ту касе аз ман дур намегардонад. Фармонбардорам ва пайваста дар хидмати Туам ва тамоми хайр дар дастони Туст ва шар ба сӯи Ту нисбат дода намешавад. Вуҷуди ман ба тавфиқи Туст ва бозгаштам ба сӯи Туст. Пурбаракат ва баландмартабаӣ. Аз Ту омурзиш металабам ва ба сӯи Ту тавба мекунам". [52]. [52] Ривояти Муслим (1/534), рақами (771).
Ваҷҷаҳту ваҷҳия лиллазӣ фатарас-самавати вал-арза ҳанифан ва ма ана минал-мушрикин, инна салотӣ, ва нусукӣ, ва маҳяя, ва маматӣ лиллаҳи раббил-ъаламин, ла шарика лаҳу ва бизалика умирту ва ана минал-муслимин. Аллоҳумма антал-малику ла илаҳа илла анта, анта раббӣ ва ана ъабдука, заламту нафсӣ ваътарафту бизанбӣ фағфир лӣ зунубӣ ҷамиъан иннаҳу ла яғфируз-зунуба илла анта, ваҳдинӣ лиаҳсанил-ахлоқи ла яҳдӣ лиаҳсаниҳа илла анта, васриф ъаннӣ саййиаҳа, ла ясрифу ъаннӣ саййиаҳа илла анта, лаббайка ва саъдайка, вал-хайру куллуҳу биядайка, ваш-шарру лайса илайка, ана бика ва илайка, табаракта ва таъалайта, астағфирука ва атубу илайк.
«Эй Аллоҳ, Парвардигори Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил, падидоварандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ мекунӣ, ҳидоят фармо маро ба изни худ дар он чи ихтилоф шудааст аз ҳақ, Ту худ ҳидоят мекунӣ ба роҳи рост, касеро, ки мехоҳӣ». [53] [53] Ривояти Муслим (1/534), рақами (770).
Аллоҳумма рабба Ҷиброила, ва Микоила, ва Исрофила, фотирас-самовоти вал-арзи, олимал-ғайби ваш-шаҳодати анта таҳкуму байна ибодика фимо кону фиҳи яхталифун, иҳдини лимахтулифа фиҳи минал-ҳаққи би-изника иннака таҳди ман ташау ило сиротин мустақим.
"Худованд бузургтар аст, чи бузургтаре, Худованд бузургтар аст, чи бузургтаре, Худованд бузургтар аст, чи бузургтаре ва ситоиш аз они Худост, ситоиши зиёд ва ситоиш аз они Худост, ситоиши зиёд ва Худоро субҳу шом ба покӣ ёд мекунам".
Аллоҳу акбару кабиран, Аллоҳу акбару кабиран, Аллоҳу акбару кабиран, валҳамду лиллаҳи касиран, валҳамду лиллаҳи касиран, валҳамду лиллаҳи касиран, ва субҳаналлоҳи букратан ва асилан. Се маротиба "Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтон: аз дамидани ӯ (кибр), ва туф кардани ӯ (сеҳр), ва васвасаи ӯ (ҷунун)". [54] [54] Ривояти Абудовуд (1/203), рақами (764), Ибни Моҷаҳ (1/265), рақами (807) ва Аҳмад (4/85), рақами (16739), Шуайб ал-Арнаут дар таҳқиқи Муснад гуфтааст: "Ҳасан лиғайриҳи", Абдулқодир ал-Арнаут дар тахриҷи "Ал-калим ат-таййиб"-и Ибни Таймия, рақами (78) гуфтааст: "Он ҳадиси саҳеҳ бо шавоҳидаш мебошад", Албонӣ онро дар "Саҳеҳи ал-калим ат-таййиб", рақами (62) зикр кардааст, Муслим аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба монанди он ривоят кардааст ва дар он қиссаест (1/420), рақами (601).
Аъузу биллоҳи минаш-шайтони: мин нафхиҳи ва нафсиҳи ва ҳамзиҳ.
" Худоё ситоиш аз они Ту аст [55], Ту нури осмонҳо ва замин ва ҳар он ки дар он аст ҳастӣ, аз они Ту аст ситоиш, Ту тадбиркунандаи осмонҳо ва замин ва ҳар он ки дар он аст ҳастӣ ва аз они ту аст ситоиш, Ту Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар он ки дар он аст ҳастӣ ва аз они Ту аст ситоиш, Аз они Ту аст ҳастии осмонҳо ва замин ва ҳар он ки дар он аст ва аз они Ту аст ситоиш, Ту Подшоҳи осмонҳо ва заминӣ ва аз они Ту аст ситоиш, Ту Ҳаққӣ ва ваъдаи Ту рост аст ва каломи Ту ва дидори Ту ва Биҳишту Ҷаҳаннам ҳақиқат аст ва паёмбарон ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барҳақанд ва қиёмат ҳақиқат аст. Худоё, худро ба Ту таслим кардам ва бар Ту таваккал кардам ва ба Ту имон овардам ва ба суи ту баргаштам ва барои Ту бо душман пайкор кардам ва ба дастури ту ҳукм кардам, пас гуноҳони гузаштаву оянда ва ниҳону ошкори маро биёмурз, Ту пешдиҳанда ва ақибандозандаӣ , нест маъбуде барҳақ, магар Ту. Ту маъбуди мани, нест маъбуде барҳақ магар Ту."[56] [55] Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чун шаб барои намози таҳаҷҷуд бедор мешуд, инро мегуфт. [56] Бухорӣ бо Фатҳ (3/3) ва (11/116) ва (13/371), рақами (423) ва (465) ва (1120) ва (6317) ва (7385) ва (7442) ва (7499), Муслим мухтасар ба мисли он (1/532), рақами (769).
Аллоҳумма лакал-ҳамду, анта нурус-самовоти вал-арди ва ман фиҳинна, ва лакал-ҳамду анта қаййимус-самовоти вал-арзи ва ман фиҳинна, ва лакал-ҳамду анта раббус-самовоти вал-арзи ва ман фиҳинна, ва лакал-ҳамду лака мулкус-самовоти вал-арзи ва ман фиҳинна, ва лакал-ҳамду анта маликус-самовоти вал-арзи, ва лакал-ҳамду, антал-ҳаққу, ва ваъдукал-ҳаққу, ва қавлукал-ҳаққу, ва лиқоукал-ҳаққу, вал-ҷаннату ҳаққун, ван-нору ҳаққун, ван-набийюна ҳаққун, ва Муҳаммадун саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаққун, вас-соату ҳаққун. Аллоҳумма лака асламту, ва алайка таваккалту, ва бика аманту, ва илайка анабту, ва бика хосамту, ва илайка ҳокамту. Фағфир лӣ ма қаддамту, ва ма аххарту, ва ма асрарту, ва ма аъланту, ва ма анта аъламу биҳӣ миннӣ, антал-муқаддиму, ва антал-муаххиру ла илоҳа илло анта, анта илоҳӣ ла илоҳа илло анта, ва ла ҳавла ва ла қуввата илло биллоҳ.
17. Дуои рукуъ
"Пок аст Парвардигори бузургвори ман".
Субҳана раббиял ъазим Се маротиба.[57] [57] Ривояти аҳли Сунан ва Аҳмад: Абудовуд, рақами (870), Тирмизӣ, рақами (262), Насоӣ, рақами (1007), Ибни Моҷаҳ, рақами (897), Аҳмад, рақами (3514), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/83).
"Туро ба поки ёд мекунам, Худоё, эй Парвардигори мо ва ситоиш мекунам Туро, Худоё маро биёмурз."[58] [58] Бухорӣ (1/ 99), рақами (794), Муслим (1/ 350), рақами (484).
"Дар ниҳояти поки ва беайбу нақс аст парвардигори малоика ва руҳ (Ҷабраил)."[59] [59] Муслим (1/ 353), рақами (487) ва Абудовуд (1/ 230), рақами (872).
Суббуҳун, Қуддусун, Раббул малаикати варруҳ.
«Худоё! Барои Ту рукуъ кардам ва ба Ту имон овардам ва барои Ту таслим шудам, гӯшам ва чашмам ва мағзам ва устухонам ва асабам [ва он чиро пойҳоям бардоштаанд] барои Ту хошеъ шуданд.»[60] [60] Ривояти Муслим (1/ 534), рақами (771) ва чаҳоргона ба ҷуз Ибни Моҷаҳ: Абудовуд, рақами (760) ва (761), Тирмизӣ, рақами (3421), Насоӣ, рақами (1049) ва он чи дар байни ду қавс аст, лафзи Ибни Хузайма, рақами (607) ва Ибни Ҳиббон, рақами (1901) аст.
Аллоҳумма лака ракаъту ва бика аманту ва лака асламту, хашаъа лака самъӣ ва басарӣ ва муххӣ ва азмӣ ва асабӣ, ва мастақаллат биҳи қадамӣ
"Пок аст Соҳиби султа ва мулки осмонҳо ва бузургиву азамат."[61] [61] Абудовуд (1/230), рақами (873), ва Насоӣ, рақами (1131), ва Аҳмад, рақами (23980) ва иснодаш ҳасан аст.
Субҳана зил-ҷабарути, вал-малакути, вал-кибрияи, вал-ъазама.
18. Дуои бархостан аз рукуъ
"Шунид ва қабул кард Худованд ситоиши касеро, ки Ӯро ситоиш намуд."[62] [62] Бухорӣ бо Фатҳ (2/282), рақами (796).
Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ.
"Парвардигоро, қабул фармоаз мо ва аз они Ту аст ситоиш, ситоиши зиёд, некӯ ва бобаракат." [63] [63] Бухорӣ бо Фатҳ (2/284), рақами (796).
Раббано ва лакал-ҳамд, ҳамдан касиран таййибан муборакан фиҳ.
«Пуррагии осмонҳо ва пуррагии замин ва он чи миёни онҳост ва пуррагии ҳар он чи баъд аз он бихоҳӣ. Эй сазовори ҳамду ситоиш ва бузургворӣ, сазовортарин чизе, ки банда гуфт ва ҳамаи мо бандаи Туем, Худоё, он чиро, ки Ту ато кардӣ, касе боздошта наметавонад ва он чиро, ки Ту манъ кардӣ, касе ато карда наметавонад ва сарватманду соҳибиқболро сарвату иқболаш дар назди Ту фоида намерасонад.»[64] [64] Муслим (1/ 346), рақами (477).
Милъас-самавати ва милъал-арз ва ма байнаҳума ва милъа ма шиъта мин шайъин баъд. Аҳлас-санаи вал-маҷд, аҳаққу ма қолал-абд, ва куллуна лака абд. Аллоҳумма ла маниъа лима аътайт ва ла муътия лима манаът ва ла янфаъу зал-ҷадди минкал-ҷадди.
19. Дуои саҷда
"Пок аст Парвардигори бартари ман"
Субҳана раббиял-аъла Се маротиба[65]. [65] Ривояти аҳли сунан ва Аҳмад: Абудовуд, рақами (870), Тирмизӣ, рақами (262), Насоӣ, рақами (1007), Ибни Моҷаҳ, рақами (897), Аҳмад, рақами (3514), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/83).
"Туро ба поки ёд мекунам, Худоё, эй Парвардигори мо ва ситоиш мекунам Туро, Худоё маро биёмурз." [66] [66] Ривояти Бухорӣ, рақами (794), Муслим, рақами (484), ва бо рақами (34) гузашт.
"Суббуҳун Қуддусун Раббул-малоикати ва-р-рӯҳ." [67] [67] Муслим (1/533), рақами (487), ва Абудовуд, рақами (872) ва бо рақами (35) гузашт.
Суббуҳун, Қуддусун, Раббул-малаикати вар-руҳ.
"Худоё! Барои Ту саҷда кардам ва ба Ту имон овардам ва барои Ту таслим шудам. Рӯйи ман саҷда кард барои Он Зоте, ки онро офарид ва сурат бахшид ва гӯшу чашмашро шикофт. Бобаракат аст Аллоҳ, ки беҳтарини офаринандагон аст". [68] [68] Ривояти Муслим (1/534), рақами (771), ва ғайра.
Аллоҳумма лака саҷадту ва бика аманту ва лака асламту, саҷада ваҷҳия лиллазӣ халақаҳу ва саввараҳу ва шаққа самъаҳу ва басараҳу, табаракаллоҳу аҳсанул-холиқин.
"Пок аст Соҳиби султа ва мулки осмонҳо ва бузургиву азамат."[69] [69] Абудовуд (1/230), рақами (873), Насоӣ, рақами (1131), Аҳмад, рақами (23980), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (1/166) саҳеҳаш гуфтааст ва тахриҷи он бо рақами (37) гузашт.
Субҳона зил-ҷабарути, вал-малакути, вал-кибриёи, вал-ъазама.
"Худоё, ҳамаи гуноҳони маро биёмурз: хурду бузурги онро, аввалу охири онро ва ошкору пинҳони онро.[70] [70] Муслим (1/ 230), рақами (483).
Аллоҳумма-ғфир лӣ занбӣ куллаҳу, диққаҳу ва ҷиллаҳу ва аввалаҳу ва охираҳу ва аланийятаҳу ва сирраҳу.
"Худоё, ҳар оина ман паноҳ мебарам ба ризои Ту аз ғазабат, ва ба бахшиши Ту аз ҷазои Ту, ва паноҳ мебарам ба Ту аз Ту, санои Туро наметавонам бишуморам, Ту чуноне ҳастӣ, ки Худ бар Худ сано гуфтаӣ."[71] [71] Муслим (1/352), рақами (486).
Аллоҳумма иннӣ аъузу биризока мин сахатика ва бимуъофотика мин ъуқубатика ва аъузу бика минка, ло уҳсӣ саноан ъалайка, анта камо аснайта ъало нафсика.
20. Дуои нишасти байни ду саҷда
"Парвардигоро, маро биёмурз, Парвардигоро, маро биёмурз." [72] [72] Абудовуд (1/231), рақами (874), ва Ибни Моҷаҳ, рақами (897), ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/148).
"Худоё, маро биёмурз ва ба ман раҳм фармо ва манро ҳидоят кун ва нақси манро ҷуброн фармо ва ба ман офият ва рӯзӣ деҳ ва дараҷаи манро барланд фармо."[73] [73] Ривояти асҳоби сунан, ба ғайр аз Насоӣ: Абудовуд (1/231), рақами (850), Тирмизӣ, рақами (284) ва (285), Ибни Моҷаҳ, рақами (898), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/90) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/148).
Аллоҳуммағфир лӣ, варҳамнӣ, ваҳдинӣ, ваҷбурнӣ, ва ъофинӣ, варзуқнӣ, варфаънӣ.
21. Дуои саҷдаи тиловат
"Рӯйи ман саҷда кард барои касе, ки онро офаридааст ва гӯшу чашми онро бо қудрату тавоноии хеш шикофтааст. Сазовори таъзим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон."
Саҷада ваҷҳия лиллазӣ халақаҳу ва шаққа самъаҳу ва басараҳу биҳавлиҳи ва қувватиҳи, фатаборакаллоҳу аҳсанул-холиқин. (Сураи Муъминун, ояти 14) [74]. [74] Тирмизӣ (2/474), рақами (3425) ва Аҳмад (6/30), рақами (24022) ва Ҳоким онро саҳеҳ гуфтааст ва Заҳабӣ (1/220) бо ӯ мувофиқат кардааст ва зиёдати аз ӯст.
"Худоё, бо ин саҷда бароям назди Худат савобе бинавис ва аз ман гуноҳеро дур соз ва ин саҷдаро барои ман дар назди Худат андухтае бигардон ва аз ман ин саҷдаро қабул фармо, ҳамчуноне ки аз бандаат Довуд қабул фармудӣ" [75] [75] Тирмизӣ (2/473), рақами (579), ва Ҳоким ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/219).
Аллоҳуммактуб лӣ биҳа ъиндака аҷран, ва заъ ъаннӣ биҳа визран, ва-ҷъалҳа лӣ ъиндака зухран, ва тақаббалҳа миннӣ кама тақаббалтаҳа мин ъабдика Довуд.
22. Ташаҳҳуд
"Эҳтиромот ва дуоҳову накӯиҳо аз они Худо аст, Салому раҳмати Худо ва баракати Ӯ бар ту, эй паёмбар . Салом бар мо ва бар бандагони некӯкори Худо. Гувоҳӣ медиҳам ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худо аст"[76] [76] Бухорӣ бо Фатҳ (2/311), рақами (831), Муслим (1/301), рақами (402).
23. Салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ташаҳҳуд
«Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист, ҳамчуноне, ки дурӯд фиристодӣ бар Иброҳим ва Оли Иброҳим, ҳамоно Ту сутуда ва боазаматӣ. Худоё бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад баракат деҳ, ҳамчуноне, ки баракат додӣ бар Иброҳим ва Оли Иброҳим ҳамоно Ту сутуда ва боазаматӣ.»[77] [77] Бухорӣ бо Фатҳ (6/ 408), рақами (3370), Муслим, рақами (406).
«Худоё, бар Муҳаммад ва ҳамсарону фарзандонаш дурӯд фирист, ҳамчуноне, ки дурӯд фиристодӣ бар Оли Иброҳим ва баракат деҳ бар Муҳаммад ва ҳамсарону фарзандонаш ҳамонгуна, ки баракат додӣ бар Оли Иброҳим ҳамоно Ту сутуда ва бузурги.» [78] [78] Бухорӣ бо Фатҳ (6/407), рақами (3369), Муслим (1/306), рақами (407) ва лафзаш аз ӯст.
Аллоҳумма салли ъала Муҳаммадин ва ъала азваҷиҳи ва зурриятиҳи, камо саллайта ъала оли Иброҳима, ва борик ъало Муҳаммадин ва ъала азвоҷиҳи ва зурриятиҳи, камо боракта ъала оли Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид.
24. Дуои баъд аз ташаҳҳуди охир пеш аз салом.
«Худоё, ман аз азоби қабр ва азоби ҷаҳаннам ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри фитнаи Даҷҷоли Масеҳ ба Ту паноҳ меҷӯям.»[79] [79] Бухорӣ (2/102), рақами (1377), Муслим (1/412), рақами (588), лафзи ҳадис аз Муслим аст.
"Худоё, ман ба Ту аз азоби қабр ва аз фитнаи Масиҳи Даҷҷол ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг паноҳ мебарам, Худоё, ман ба Ту аз гуноҳу қарздорӣ паноҳ мебарам."[80] [80] Бухорӣ (1/202), рақами (832), Муслим (1/412), рақами (587).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин азобил-қабри ва аъузу бика мин фитнатил-масиҳид-даҷҷоли ва аъузу бика мин фитнатил-маҳё вал-мамоти. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-маъсами вал-мағрами.
«Худоё, ман ба худ ситами бисёр кардаам ва касе ҷуз Ту гуноҳонро намебахшад, пас, маро омурзише аз ҷониби Худ бибахш ва ба ман раҳм кун. Бе тардид, Ту омурзандаи меҳрубон ҳастӣ.» [81] [81] Бухорӣ (8/168), рақами (834), Муслим (4/2078), рақами (2705).
Аллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ зулман касиран ва ло яғфируз-зунуба илло анта, фағфир лӣ мағфиратан мин ъиндика ва-рҳамнӣ, иннака антал-Ғафурур-Раҳим.
"Худоё, он чиро, ки пеш ва пас, пинҳон ва ошкоро анҷом додаам ва он чи зиёдаравӣ кардам ва он чи Ту аз ман бад-он донотарӣ, бароям биёмурз. Ту пешкунанда ва вопаскунандаӣ, ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест."[82] [82] Муслим (1/534), рақами (771).
Аллоҳуммағфир лӣ ма қаддамту ва ма аххарту ва ма асрарту ва ма аъланту ва ма асрафту ва ма анта аъламу биҳи миннӣ, антал-муқаддиму ва антал-муаххиру, ла илаҳа илла анта.
"Худоё, маро ёрӣ деҳ, дар зикру ёдат ва шукру ибодатат багунаи писандида."[83] [83] Абудовуд (2/86), рақами (1522), Насоӣ (3/53), рақами (2302), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (1/284) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ибодатика.
"Худоё, ман аз бухл, аз буздилӣ, аз ин ки ба хортарин даврони умр баргардонида шавам ва аз фитнаи дунё ва азоби қабр ба Ту паноҳ мебарам."[84] [84] Бухорӣ бо Фатҳ (6/35), рақами (2822) ва (6390).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-бухли ва аъузу бика минал-ҷубни ва аъузу бика мин ан урадда ила арзалил-ъумури ва аъузу бика мин фитнатид-дуня ва ъазабил-қабри.
«Худоё, ман аз Ту биҳиштро хоҳонам ва паноҳ мебарам ба Ту аз дӯзах.»[85] [85] Абудовуд, рақами (792), ва Ибни Моҷаҳ, рақами (910), ва нигар: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/328).
Аллоҳумма иннӣ асъалукал-ҷанната ва аъузу бика минан-нар.
"Эй Аллоҳ! Бо илмат ба ғайб ва қудратат бар офариниш, маро то замоне ки медонӣ зиндагӣ бароям хайр аст, зинда бидор ва ҳар гоҳ, ки медонӣ вафот бароям хайр аст, маро бимирон. Эй Аллоҳ! Ман аз Ту тарсатро дар ниҳон ва ошкор хоҳонам ва аз Ту сухани ҳақро дар ҳолати хушнудӣ ва хашм хоҳонам ва аз Ту миёнаравиро дар тавонгарӣ ва фақр хоҳонам ва аз Ту неъматеро, ки поён намеёбад, хоҳонам ва аз Ту равшании чашмеро, ки қатъ намегардад, хоҳонам ва аз Ту хушнудиро баъд аз қазо хоҳонам ва аз Ту роҳати зиндагиро баъд аз марг хоҳонам ва аз Ту лаззати нигоҳ кардан ба сӯи дидорат ва шавқи мулоқотатро хоҳонам, бидуни ягон зарари осебрасонанда ва фитнаи гумроҳкунанда. Эй Аллоҳ! Моро ба зебоии имон ороста гардон ва моро ҳидоятгарони ҳидоятёфта бигардон.»[86] [86] Ривояти Насоӣ (3/54) (55), рақами (1304), Аҳмад (4/364), рақами (21666), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/281) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма биъилмикал-ғайба ва қудратика ъалал-халқи аҳйинӣ мо ъалимтал-ҳаёта хайран лӣ, ва таваффанӣ изо ъалимтал-вафота хайран лӣ. Аллоҳумма иннӣ асъалука хашятака фил-ғайби ваш-шаҳодати, ва асъалука калиматал-ҳаққи фир-ризо вал-ғазаби, ва асъалукал-қасда фил-ғино вал-фақри, ва асъалука наъиман ло янфаду, ва асъалука қуррата ъайнин ло танқатиъу, ва асъалукар-ризо баъдал-қазои, ва асъалука бардал-ъайши баъдал-мавти, ва асъалука лаззатан-назари ило ваҷҳика, ваш-шавқа ило лиқоика фӣ ғайри зарроа музирратин, ва ло фитнатин музиллатин. Аллоҳумма заййинно бизинатил-имони, ва-ҷъално ҳудатан муҳтадин.
"Худоё, ҳамоно ман аз Ту дархост мекунам, эй Аллоҳ, ба хотири он ки Ту Ягона, Якто ва Бениёз ҳастӣ, ки на зодааст ва на зода шудааст ва нест Ӯро ҳеҷ ҳамтое, ин ки гуноҳони маро биёмурзӣ, бегумон Ту Омурзанда ва Меҳрубон ҳастӣ."[87] [87] Ривояти Насоӣ, (3/ 52), рақами (1300) бо лафзи ӯ, Аҳмад (4/338), рақами (18974), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/280) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука ё Аллоҳу, бианнакал воҳидул аҳадус-самадул-лазӣ лам ялид ва лам юлад, ва лам якуллаҳу куфуван аҳад, ан тағфира лӣ зунубӣ иннака антал ғафурур-раҳим.
"Эй Аллоҳ! Аз Ту хоҳонам, ба сабаби он ки ҳамду сано барои Туст, ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ту нест, Ту ягонаӣ ва шарике надорӣ, бисёр атокунандаӣ, эй Офаринандаи осмонҳо ва замин, эй Соҳиби ҷалолат ва карам, эй Зинда ва эй Поянда, аз Ту ҷаннат хоҳонам ва ба Ту паноҳ мебарам аз оташи дӯзах". [88] [88] Ривояти Аҳли Сунан: Абудовуд, рақами (1495), Тирмизӣ рақами (3544), Ибни Моҷаҳ рақами (3858), Насоӣ рақами (1299), ва нигаред: Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (2/329).
Аллоҳумма иннӣ асъалука бианна лакал-ҳамда ла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лака, ал-Маннану, ё Бадиъас-самавати вал-арзи ё зал-ҷалали вал-икрами, ё Ҳайю ё Қайюму иннӣ ас-алукал-ҷанната ва аъузу бика минан-нар.
"Худоё, ҳар оина ман аз ту масъалат дорам, зеро ки шаҳодат медиҳам, ки Ту Аллоҳ ҳастӣ ва нест маъбуди барҳақ, магар Ту, ягона ва бениёзе ҳастӣ, ки назодааст ва на зоидашуда ва набудааст барояш ҳамтое."[89] [89] Абудовуд (2/62), рақами (1493), Тирмизӣ (5/515), рақами (3475), Ибни Моҷаҳ (2/1267), рақами (3857), Насоӣ, рақами (1300) бо лафзаш, Аҳмад, рақами (18974), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/280) саҳеҳаш гуфтааст ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/329) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/163).
Аллоҳумма иннӣ асъалука бианнӣ ашҳаду аннака анталлоҳу ла илаҳа илла анта ал-аҳаду-с-самаду-ллазӣ лам ялид ва лам юлад ва лам якул-лаҳу куфуван аҳад.
25. Зикрҳо ва дуоҳои баъд аз намоз
"Астағируллоҳ" (Аз Худо омурзиш металабам)
Астағфируллоҳ (се маротиба) "Худоё, Ту саломӣ ва саломати аз Ту аст, бисёр бобаракат ҳастӣ, эй соҳиби бузурги ва бахшиш." [90] [90] Муслим (1/414), рақами (591).
Аллоҳумма антас-салам ва минкас-салам, табаракта ё зал-ҷалали вал-икрам.
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. (се маротиба). "Худоё, он чиро, ки Ту ато кардӣ, касе боздошта наметавонад ва он чиро, ки Ту манъ кардӣ, касе ато карда наметавонад ва сарватманду соҳибиқболро сарвату иқболаш дар назди Ту фоида намерасонад".[91] [91] Бухорӣ (1/255), рақами (844), Муслим (1/414), рақами (593) ва он чи дар байни қавсайн омадааст, зиёдатие аз Бухорӣ, рақами (6473) мебошад.
Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шайъин қадир, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ло илоҳа иллаллоҳ ва ло наъбуду илло ийёҳу лаҳун-ниъмату ва лаҳул-фазлу ва лаҳус-саноул ҳасан, ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина лаҳуд-дина ва лав кариҳал кофирун. "Пок аст Худованд ва ситоиш аз они Худованд аст ва Худо бузургтар аст".
Субҳаналлоҳ, валҳамду лиллоҳ, валлоҳу акбар. (сиву се маротиба). "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст, ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност". [93] [93] Муслим (1/418) бо рақами (597) ва дар он омадааст: «Ҳар кас инро баъд аз ҳар намоз бигӯяд, гуноҳонаш омурзида мешавад, ҳарчанд мисли кафки дарё бошад».
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1. Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2. На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3. Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4.») (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1. Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2. Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3. Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4. Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5.») (Сураи Фалақ, оятҳои 1-5).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1. Фармонравои мардум 2. Маъбуди мардум 3. Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4. Ҳамоне ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5. Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6.») (Сураи Нос, оятҳои 1-6).
Баъд аз ҳар намоз [94]. [94] Абудовуд (2/86), рақами (1523), Тирмизӣ, рақами (2903), Насоӣ (3/68), рақами (1335), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (2/8). Ва ин се сураро Муаввизот мегӯянд. Нигаред: Фатҳул-борӣ (9/62).
(Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст 255.) (Сураи Бақара, ояти 255). Баъд аз ҳар намоз [95]. [95] «Ҳар кас онро дар охири ҳар намоз бихонад, ба ҷуз марг чизе аз дохил шудан ба биҳишт монеъаш намешавад». Насоӣ дар Амал-ул-явми ва-л-лайла, рақами (100) ва Ибни Суннӣ, рақами (121), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (5/339) ва Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа (2/697), рақами (972) саҳеҳ донистааст.
"Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст, ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст, Зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност."
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду юҳйи ва юмиту ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. Даҳ маротиба баъд аз намози шом ва субҳ. [96] [96] Ривояти Тирмизӣ (5/515), рақами (3474), Аҳмад (4/227), рақами (17990), ва ба тахриҷи он дар Зодулмиъод (1/300) нигаред.
«Эй Аллоҳ! Ман аз Ту илми судманд, ризқи покиза ва амали мақбулро хоҳонам».
Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нафиъан ва ризқан таййибан ва амалан мутақаббалан. Баъд аз салом додан аз намози бомдод. [97] [97] Ибни Моҷаҳ, рақами (925), Насоӣ дар Амал-ул-явм ва-л-лайла, рақами (102), ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/152), Маҷмаъ-уз-завоид (10/111), ва бо рақами (95) меояд.
26. Дуои намози истихора
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) истихора дар ҳамаи корҳоро монанди сурае аз Қуръон барои мо меомӯхт ва мефармуд: "Агар ҳар ки аз шумо қасди коре кард, ду ракаъат намоз ғайр аз намози фарз бигузорад, сипас бигӯяд: Эй Аллоҳ! Ман аз Ту талаби хайр мекунам бо илми Ту, ва талаби тавоноӣ мекунам бо қудрати Ту, ва аз фазли бузурги Ту мехоҳам, зеро Ту тавоноӣ ва ман тавоноӣ надорам, ва Ту медонӣ ва ман намедонам, ва Ту донандаи ҳамаи ғайбҳоӣ. Эй Аллоҳ! Агар Ту медонӣ, ки ин амр – ва ҳоҷаташро ном мебарад – барои дини ман, дунёи ман ва поёни корам – ё бигӯяд: ъоҷил ё оҷили корам – хайр аст, пас онро бароям муқаддар ва осон бигардон, сипас дар он бароям баракат деҳ. Ва агар Ту медонӣ, ки ин амр барои дини ман, дунёи ман ва поёни корам – ё бигӯяд: ъоҷил ё оҷили корам – бад аст, онро аз ман дур кун ва манро аз он дур соз ва ҳарҷо ки хайр бошад, бароям муқаддар гардон, сипас манро ба он розӣ бигардон". [98] [98] Бухорӣ (7/ 162), рақами (1162).
Аллоҳумма иннӣ астахирука биъилмика ва астақдирука биқудратика ва асъалука мин фазликал-ъазим; фаиннака тақдиру ва ло ақдиру ва таъламу ва ло аъламу, ва анта ъалломул-ғуюб. Аллоҳумма ин кунта таъламу анна ҳозал-амра - ва юсаммӣ ҳоҷатаҳу - хайрун лӣ фӣ динӣ ва маъошӣ ва ъоқибати амрӣ – ав қола: ъоҷилиҳи ва оҷилиҳи - фақдирҳу лӣ ва яссирҳу лӣ сумма борик лӣ фиҳи, ва ин кунта таъламу анна ҳозал-амра шаррун лӣ фӣ динӣ ва маъошӣ ва ъоқибати амрӣ – ав қола: ъоҷилиҳи ва оҷилиҳи – фасрифҳу ъаннӣ васрифнӣ ъанҳу вақдир лиял-хайра ҳайсу кона, сумма арзинӣ биҳ.
Ва пушаймон намешавад касе, ки аз Холиқ истихора кунад ва бо махлуқони муъмин машварат намояд ва дар кори худ устувор бошад. Чунончи, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло фармудааст: (...ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ Таъоло таваккал кун...) [99] [99] (Сураи Оли Имрон, ояти 159).
27. Зикрҳои субҳу шом
«Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест.»[100] [100] Аз Анас (разияллоҳу анҳу) марфуъан ривоят шуда, ки фармуд: «Ҳамоно нишастанам бо гурӯҳе, ки Худои Таъолоро аз намози бомдод то тулуи офтоб зикр мекунанд, барои ман аз ин ки чаҳор тан аз фарзандони Исмоилро озод кунам, маҳбубтар аст ва ҳамоно нишастанам бо гурӯҳе, ки Худоро аз намози аср то ғуруби офтоб зикр мекунанд, барои ман аз ин ки чаҳор танро озод кунам, маҳбубтар аст». Ривояти Абудовуд, рақами (3667) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Абудовуд» (2/698) ҳасан донистааст.
"Аз шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ мебарам"
(Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255) [101]. [101] «Касе, ки онро саҳар бигӯяд, то шом аз ҷинҳо паноҳ дода мешавад ва касе, ки онро шом бигӯяд, то саҳар аз онҳо паноҳ дода мешавад». Ҳоким (1/562) онро ривоят кардааст ва Албонӣ дар «Саҳеҳут-тарғиб ват-тарҳиб» (1/273) онро саҳеҳ дониста, ба Насоӣ ва Табаронӣ нисбат додааст ва гуфтааст: «Санади Табаронӣ ҷайид аст».
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1. Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2. На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3. Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4») (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1. Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2. Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 4. Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4. Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5.» (Сураи Фалақ, оятҳои 1-5).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1. Фармонравои мардум 2. Маъбуди мардум 3. Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4. Ҳамоне ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5. Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6.») (Сураи Нос, оятҳои 1-6) (се маротиба) [102]. [102] «Ҳар касе онро чун субҳ менамояд ва чун шаб мекунад, се бор бигӯяд, ӯро аз ҳар чизе кифоят мекунад». Абу Довуд (4/322) бо рақами (5082) ва Тирмизӣ (5/567) бо рақами (3575) ривоят кардаанд ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/182).
«Мо ва тамоми ҷаҳониён барои Аллоҳ субҳ кардем. Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст, ҳеҷ шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз Қодиру Тавоност. Парвардигоро! Аз Ту хайри он чи дар ин рӯз ҳаст ва хайри он чи баъд аз он меояд, талаб дорам ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чи дар ин рӯз ҳаст ва бадии он чи баъд аз он меояд. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз танбалӣ ва бадиҳои пирӣ. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз азобе дар оташи дӯзах ва азобе дар қабр.» [103] [103] Муслим (4/2088), рақами (2723).
Асбаҳно ва асбаҳал-мулку лиллоҳ, валҳамду лиллоҳ, ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало кулли шайъин қадир. Рабби асъалука хайра мо фи ҳозал-явми ва хайра мо баъдаҳ, ва аъузу бика мин шарри мо фи ҳозал-явми ва шарри мо баъдаҳ. Рабби аъузу бика минал-касали ва суъил-кибар, Рабби аъузу бика мин азобин фин-нори ва азобин фил-қабр.
Ва ҳангоми шом шудан мегӯяд: «Мо ва тамоми ҷаҳониён барои Аллоҳ бегоҳ кардем. Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст ва ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст, ҳеҷ шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз Қодиру Тавоност. Парвардигоро! Аз Ту хайри он чи дар ин шаб ҳаст ва хайри он чи баъд аз он меояд, талаб дорам ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чи дар ин шаб ҳаст ва бадии он чи баъд аз он меояд. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз танбалӣ ва бадиҳои пирӣ. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз азоби оташи дӯзах ва азоби қабр.» [104]. [104] Маъхази пешин.
Амсайна ва амсал-мулку лиллаҳи, вал-ҳамду лиллаҳи, ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. Рабби асъалука хайра ма фи ҳазиҳил-лайлати, ва хайра ма баъдаҳа, ва аъузу бика мин шарри ма фи ҳазиҳил-лайлати, ва шарри ма баъдаҳа. Рабби аъузу бика минал-касали ва суъил-кибари, Рабби аъузу бика мин ъазабин фин-нари ва ъазабин фил-қабри.
«Эй Аллоҳ! Бо кумаки Ту ба субҳ расидем ва бо кумаки Ту ба шом расидем ва бо кумаки Ту зинда мешавем ва бо кумаки Ту мемирем ва ба сӯи Туст бозгашти ҳама.» [105] [105] Тирмизӣ (5/466), рақами (3391) ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/142).
Аллоҳумма бика асбаҳна ва бика амсайна ва бика наҳя, ва бика намуту ва илайкан-нушур.
Ва ҳангоми шом мегӯяд: «Эй Аллоҳ! Бо кумаки Ту ба шом расидем ва бо кумаки Ту ба субҳ расидем ва бо кумаки Ту зинда мешавем ва бо кумаки Ту мемирем ва ба сӯи Туст бозгашт.» [106] [106] Маъхази пешин.
Аллоҳумма бика амсайна ва бика асбаҳна ва бика наҳя ва бика намуту ва илайкал-масир.
«Худоё, Ту Парвардигори манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз бадӣ ва зиштии он чӣ анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш эътироф дорам[107] ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад.»[108] [107] Иқрор ва эътироф мекунам. [108] «Ҳар ки онро ҳангоми шом ба он яқин дошта бигӯяд ва дар ҳамон шаб бимирад, вориди биҳишт мешавад ва ҳамчунин агар ҳангоми саҳар бигӯяд.» Бухорӣ (7/150) бо рақами (6306) онро ривоят кардааст.
«Эй Аллоҳ! Ман дар ин субҳ Туро гувоҳ мегирам ва ҳомилони Арш ва малоикаҳо ва тамоми махлуқотатро гувоҳ мегирам, ки фақат Ту Аллоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, ягона ва бешарик ҳастӣ ва ин ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва расули Туст.»
Аллоҳумма иннӣ асбаҳту ушҳидука, ва ушҳиду ҳамалата аршика, ва малоикатика, ва ҷамиа халқика, аннака анта Аллоҳу ла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лака, ва анна Муҳаммадан абдука ва расулук. Чаҳор маротиба [109]. [109] «Касе, ки онро ҳангоми субҳ ё шом чаҳор маротиба бигӯяд, Худованд ӯро аз оташи дӯзах озод месозад». Абудовуд (4/317) таҳти рақами (5071), Бухорӣ дар «Ал-Адаб-ул-муфрад» таҳти рақами (1201), Насоӣ дар «Амал-ул-явми ва-л-лайла» таҳти рақами (9) ва Ибни Суннӣ таҳти рақами (70) онро ривоят кардаанд ва Аллома Шайх Ибни Боз (раҳматуллоҳи алайҳ) санади Насоӣ ва Абудовудро дар китоби «Туҳфат-ул-ахёр» (саҳ. 23) ҳасан донистаанд.
Ва ҳангоми шом мегӯяд: «Эй Аллоҳ! Ман дар ин шом Туро гувоҳ мегирам ва ҳомилони Арш ва малоикаҳо ва тамоми махлуқотатро гувоҳ мегирам, ки фақат Ту Аллоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, ягона ва бешарик ҳастӣ ва ин ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва расули Туст.»
Аллоҳумма иннӣ амсайту ушҳидука, ва ушҳиду ҳамалата аршика, ва малаикатика, ва ҷамиа халқика, аннака антал-лоҳу ла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лака, ва анна Муҳаммадан абдука ва расулука. чаҳор маротиба [110]. [110] Маъхази пешин.
"Эй Аллоҳ! Ҳар неъмате, ки ба ман дар ин субҳ ё ба ҳар яке аз махлуқотат расидааст, аз тарафи Ту асту бас, шарике надорӣ, пас барои Ту аст ҳамду сано ва барои Ту аст шукр."[111] [111] «Ҳар ки инро ба ҳангоме ки субҳ намояд, бигӯяд, ба таҳқиқ шукри рӯзи худро адо кардааст ва он ки инро ба ҳангоме ки шом мекунад, бигӯяд, ба таҳқиқ шукри шаби худро адо кардааст.» Абудовуд (4/318) бо рақами (5075), Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла» бо рақами (7), Ибни Суннӣ бо рақами (41) ва Ибни Ҳиббон дар «Маворид» бо рақами (2361) ривоят кардаанд ва Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) санади онро дар «Туҳфату-л-ахёр» (саҳ. 24) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма ма асбаҳа би мин ниъматин ав биаҳадин мин халқика фаминка ваҳдака ла шарика лака, фалакал ҳамду ва лакаш шукр.
Ва ҳангоми шом шудан мегӯяд: "Эй Аллоҳ! Ҳар неъмате, ки ба ман дар ин шом ё ба ҳар яке аз махлуқотат расидааст, аз тарафи Ту асту бас, шарике надорӣ, пас барои Ту аст ҳамду сано ва барои Ту аст шукр."[112] [112] Маъхази пешин.
Аллоҳумма ма амсо бӣ мин ниъматин ав биаҳадин мин халқика фаминка ваҳдака ло шарика лак, фалакал-ҳамду ва лакаш-шукр.
"Эй Аллоҳ, маро дар баданам офият бахш, эй Аллоҳ, маро дар шунавоиям офият бахш, эй Аллоҳ, маро дар биноиям офият бахш, ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ту нест. Эй Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ мебарам аз куфр ва фақр ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр, ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ту нест."
Аллоҳумма ъафинӣ фӣ баданӣ, Аллоҳумма ъафинӣ фӣ самъӣ, Аллоҳумма ъафинӣ фӣ басарӣ, ла илаҳа илла анта. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал куфри, вал-фақри ва аъузу бика мин ъазабил-қабри, ла илаҳа илла анта. Се маротиба[113]. [113] Абудовуд (4/324), рақами (5092), Аҳмад (5/42), рақами (20430), Насоӣ дар «Амалул-явм вал-лайла», рақами (22), ибни Суннӣ, рақами (69) ва Бухорӣ дар «Адабул-муфрад», рақами (701), ва Аллома Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) санади онро дар «Туҳфатул-ахёр» (саҳ. 26) ҳасан донистааст.
«Аллоҳ барои ман кофист, ҳеҷ маъбуди (баҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал намудам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст.»
Ҳасбияллоҳу ла илаҳа илла ҳува, алайҳи таваккалту ва ҳува раббул-аршил-азим. Ҳафт маротиба[114]. [114] «Ҳар ки ба ҳангоме ки субҳ намояд ва шом мекунад, онро ҳафт бор бигӯяд, Худованд ӯро дар он чи аз корҳои дунё ва охират ба ташвиш меоварад, кифоят мекунад.» Ибни Суннӣ онро таҳти рақами (71) ба таври марфуъ ва Абудовуд ба таври мавқуф (4/ 321) таҳти рақами (5081) ривоят кардаанд ва Шуайб ва Абдулқодири Арнаут исноди онро саҳеҳ донистаанд. Ниг: Зодул-миъод (2/376).
«Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дунё ва охират хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам.»[115] [115] Абудовуд, рақами (5074) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3871) ва нигар: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/332).
«Эй Аллоҳ, донандаи пинҳону ошкор, Офаридгори осмонҳову замин! Парвардигор ва подшоҳи ҳама чиз ҳастӣ, гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии нафсам ва бадӣ ва доми шайтон ва аз ин ки ба худ кори баде кунам ва ё ба мусалмоне онро раво донам.»[116] [116] Тирмизӣ, рақами (3392), Абудовуд, рақами (5067), ва нигаред: Саҳиҳи Тирмизӣ (3/142).
Аллоҳумма ъолимал-ғайби ваш-шаҳодати, фотирас-самавоти вал-арзи, рабба кулли шайин ва маликаҳу, ашҳаду ан ла илаҳа илла анта, аъузу бика мин шарри нафсӣ ва мин шарриш-шайтони ва шаракиҳи ва ан ақтарифа ъало нафсӣ сӯан, ав аҷурраҳу ило муслим.
«Ба номи Аллоҳ, ки ҳамроҳ бо номи Ӯ ҳеҷ чиз дар замину осмон зараре намерасонад ва Ӯ Шунавову Доност»
Бисмиллаҳил-лазӣ ла язурру маъа-смиҳи шайун фил-арзи ва ла фис-самаи ва ҳувас-самиъул-ъалим. Се маротиба [117]. [117] «Касе, ки онро субҳ се маротиба ва шом се маротиба бигӯяд, ҳеҷ чизе ба вай зарар намерасонад.» Ривояти Абудовуд (4/ 323), рақами (5088), Тирмизӣ (5/ 465), рақами (3388), Ибни Моҷаҳ, рақами (3869), Аҳмад, рақами (446). Ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/332), ва Аллома Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) санади онро дар «Туҳфатул-ахёр» (саҳ. 39) ҳасан донистааст.
"Ман ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигор, ба Ислом ҳамчун дин ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчун паёмбар қонеъ ва розӣ ҳастам".
Разиту биллаҳи раббан ва бил-ислами динан ва би Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) набийян. Се маротиба[118]. [118] «Ҳар касе онро ба ҳангоме ки субҳ намояд, се бор ва ба ҳангоме ки шом мекунад, се бор бигӯяд, бар Худованд ҳақ аст, ки дар рӯзи қиёмат ӯро хушнуд ва розӣ созад.» Аҳмад (4/337), рақами (18967), Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла», рақами (4), Ибни Суннӣ, рақами (68), Абудовуд (4/318), рақами (1531), Тирмизӣ (5/465), рақами (3389) ва Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) дар «Туҳфатул-ахёр» (саҳ. 39) онро ҳасан донистааст.
"Эй Зиндаву Тадбиркунандаи олам ба раҳматат аз Ту мадад мехоҳам, ҳамаи корҳоямро ислоҳ намо ва маро ҳатто ба андозаи як мижа задан ба худам вомагузор." [119] [119] Ҳоким, ва саҳеҳаш гуфтааст, ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/545), ва нигаред: "Саҳеҳи тарғиб ва тарҳиб" (1/273).
Ё Ҳайю ё Қайюму, бираҳматика астағису, аслиҳ лӣ шаъния куллаҳу ва ла такилнӣ ила нафсӣ тарфата ъайн.
«Мо ва тамоми ҷаҳониён барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён, субҳ кардем. Эй Аллоҳ! Аз Ту хайри ин рӯзро хоҳонам: кушоиши он, ёрии он, нури он, баракати он ва ҳидояти онро, ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чи дар он ҳаст ва бадии он чи баъд аз он меояд.» [120] [120] Абудовуд (4/322), рақами (5084), ва санади онро Шуайб ва Абдулқодири Арнаут дар таҳқиқи «Зодул-миъод» (2/373) ҳасан донистаанд.
Асбаҳно ва асбаҳал-мулку лиллаҳи раббил-ъаламин, Аллоҳумма иннӣ асъалука хайра ҳозал-явми: фатҳаҳу, ва насраҳу, ва нураҳу, ва баракатаҳу, ва ҳудоҳу, ва аъузу бика мин шарри мо фиҳи ва шарри мо баъдаҳу.
Ва ҳангоми шом шудан мегӯяд: "Мо ва коинот барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён, шом кардем. Эй Аллоҳ! Аз Ту хайри ин шабро хоҳонам: кушоиш, ёрӣ, нур, баракат ва ҳидояти онро. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чи дар он аст ва бадии он чи баъд аз он аст.» [121] [121] Маъхази пешин.
Амсайна ва амсал-мулку лиллаҳи раббил-ъаламин, Аллоҳумма иннӣ асъалука хайра ҳазиҳил-лайлати: фатҳаҳа, ва насраҳа, ва нураҳа, ва баракатаҳа, ва ҳудаҳа, ва аъузу бика мин шарри ма фиҳа ва шарри ма баъдаҳа.
«Субҳ кардем бар фитрати Ислом ва бар калимаи ихлос ва бар дини паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар оини падарамон Иброҳим, ки ҳақгарову мусалмон буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд.» [122] [122] Аҳмад (3/406) ва (407), рақами (15360) ва (15563), ва Ибни Суннӣ дар Амалу-л-явми ва-л-лайла, рақами (34), ва нигар: Саҳеҳу-л-ҷомеъ (4/209).
Асбаҳно ъала фитратил-Ислом ва ъала калиматил-ихлос ва ъала дини набиййино Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ъала миллати абино Иброҳима, ҳанифан муслиман ва ма кана минал-мушрикин.
Ва ҳангоми шом мегӯяд: «Шом кардем бар фитрати Ислом ва бар калимаи ихлос ва бар дини паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар дини падарамон Иброҳим (алайҳис-салом), ки яктопараст ва мусулмон буд ва аз мушрикон набуд.» [123] [123] Маъхази пешин.
Амсайна ъала фитратил ислами ва ъала калиматил ихласи ва ъала дини набиййина Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ъала миллати абина Ибраҳима, ҳанифан муслиман ва ма кана минал мушрикин.
"Пок аст Аллоҳ ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст".
Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳ Сад маротиба[124]. [124] «Ҳар кас онро ба ҳангоме ки субҳ намояд ё шом мекунад, сад бор бигӯяд, ҳеҷ кас дар рӯзи қиёмат беҳтар аз он чи вай овардааст, намеоварад, магар ин ки мисли ӯ гуфта ва ё бар он афзуда бошад.» Муслим (4/2071) ба рақами (2692).
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ала кулли шайъин қадир. Даҳ маротиба[125], ё як бор ҳангоми танбалӣ.[126] [125] Насоӣ дар Амалу-л-явми ва-л-лайла, рақами (24), ва нигаред ба: Саҳеҳ-ут-тарғиб ва-т-тарҳиб (1/272), ва Туҳфат-ул-ахёр-и Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) (саҳ. 44), ва фазилати онро дар (саҳ. 146) ҳадиси рақами (255) нигаред. [126] Абудовуд, рақами (5077), Ибни Моҷаҳ, рақами (3798), Аҳмад, рақами (8719), ва нигаред: Саҳиҳут-тарғиб ват-тарҳиб (1/270), Саҳиҳи Абудовуд (3/957), Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (2/331), Зодул-миъод (2/377).
"Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст, ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност."
Ла илаҳа иллаллоҳ, ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд, ва ҳува ала кулли шайъин қадир. Сад маротиба ҳангоми субҳ [127]. [127] «Ҳар кас онро дар як рӯз сад бор бигӯяд, барояш баробари озод кардани даҳ барда аст ва барояш сад некӣ навишта мешавад ва аз ӯ сад гуноҳ кам мегардад ва барои ӯ дар он рӯз то шом ҳифз ва паноҳе аз шайтон мебошад ва ҳеҷ як беҳтар аз он чи ки вай оварда, намеоварад, магар касе, ки бештар аз он амал намудааст.» Бухорӣ (4/ 95) бо рақами (3293) ва Муслим (4/ 2071) бо рақами (2691).
«Пок аст Худо ва ҳамду ситоиш мекунем Ӯро ба андозаи махлуқоташ ва вазни ъаршаш ва ҷавҳари суханонаш.»
Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳ, адада халқиҳи ва ризо нафсиҳи ва зината Аршиҳи ва мидада калиматиҳ. Се маротиба ҳангоми субҳ.[128] [128] Муслим (4/2090), рақами (2726).
«Бор илоҳо! Ман аз Ту илми судманд, ризқи покиза ва амали мақбулро хоҳонам.»
Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нофиъан, ва ризқан таййибан ва амалан мутақаббалан. Чун субҳ шавад[129]. [129] Ривояти Ибни Суннӣ дар Амалу-л-явми ва-л-лайла, рақами (54), Ибни Моҷаҳ, рақами (925), ва санади онро Абдулқодир ва Шуайб ал-Арнаут дар таҳқиқи Зоду-л-маъод (2/375) ҳасан донистаанд ва бо рақами (73) гузашт.
"Аз Худо омурзиш металабам ва ба суи Ӯ тавба мекунам"
Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ. Сад маротиба дар як рӯз. [130] [130] Бухорӣ бо Фатҳ (11/101), рақами (6307), Муслим (4/2075), рақами (2702).
Аъузу бикалиматиллаҳит-таммати мин шарри ма халақ. Се маротиба ҳангоми шом.[131] [131] «Ҳар касе онро ҳангоми шом се маротиба бигӯяд, неши заҳрдоре дар он шаб ба вай зарар намерасонад.» Ривояти Аҳмад (2/290), рақами (7898), Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла», рақами (590) ва Ибни Суннӣ, рақами (68), ва нигаред ба: «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/187), «Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ» (2/266) ва «Туҳфат-ул-ахёр»-и Ибни Боз (саҳ. 45).
"Аллоҳумма саллӣ ва саллим ъало набийино Муҳаммад."
Аллоҳумма салли ва саллим ъала набиййина Муҳаммад. Даҳ маротиба.[132] [132] «Ҳар ки бар ман ҳангоми субҳ даҳ бор ва ҳангоми шом даҳ бор дуруд бифиристад, рӯзи қиёмат шафоати ман ба ӯ мерасад». Табаронӣ онро бо ду санад ривоят кардааст: яке аз онҳо ҷаййид аст, ниг: Маҷмаъ-уз-завоид (10/120) ва Саҳеҳ-ут-тарғиб ват-тарҳиб (1/273).
28. Зикрҳои хоб
(Кафҳои дасташро ҷамъ мекунад, сипас ба онҳо дам мекунад ва ин сураҳоро мехонад: ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1. Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2. На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3. Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4») (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1. Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2. Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3. Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4. Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5.») (Сураи Фалақ, оятҳои 1-5).
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1. Фармонравои мардум 2. Маъбуди мардум 3. Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4. Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5. Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6.») (Сураи Нос, оятҳои 1-6).
Сипас бо онҳо то он ҷое аз баданашро, ки метавонад, масҳ мекашад, аз сару рӯяш ва қисмати пеши баданаш шуруъ мекунад) (ин корро се бор анҷом медиҳад). [133] "[133] Бухорӣ бо Фатҳ (9/62), рақами (5017), Муслим, рақами (2192)."
(Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст.) (Сураи Бақара, ояти 255).[134] [134] «Ҳар касе онро вақте ки ба бистари хобаш қарор гирифт, бихонад, Худованд ӯро муҳофизат мекунад ва шайтон то субҳ ба ӯ наздик намешавад.» Бухорӣ бо Фатҳ (4/487) таҳти рақами (2311).
(Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст. Аллоҳ Таъоло ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф [уҳдадор] намекунад. Он чи [аз хубӣ] ба даст овардааст ба суди ӯст ва он чи [аз бадӣ] касб кардааст, ба зиёни ӯст. [Паёмбарон ва муъминон гуфтанд:] "Парвардигоро, агар фаромӯш ё хато кардем, моро бозхост макун. Парвардигоро, бори гарон [ва таклифи сангин] бар [дӯши] мо магзор; чунон ки онро [ба муҷозоти гуноҳ ва саркашӣ] бар [дӯши] касоне, ки пеш аз мо буданд [яҳудиён] ниҳодӣ. Парвардигоро, он чи, ки тоби таҳаммулашро надорем, бар [дӯши] мо магзор ва моро биёмурз ва ба мо раҳм кун. Ту ёр [-у корсози] моӣ; пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон). (Сураи Бақара, оятҳои 285-286). [135] [135]"Ҳар кас он ду оятро дар шаб бихонад, барояш басанда аст." Бухорӣ бо Фатҳул-борӣ (9/94), рақами (4008), Муслим (1/554), рақами (807)."
"Парвардигорам! Ба номи Ту [136] паҳлӯямро ба замин гузоштам ва ба номи Ту онро бар медорам, агар ҳангоми хоб ҷонамро ситонидӣ, онро мавриди раҳматат қарор деҳ ва агар дубора барояш иҷозати зиндагӣ кардан додӣ, онро ба василае, ки бандагони солеҳатро ҳифз мекунӣ, ҳифз намо." [137] [136] «Ҳар гоҳ яке аз шумо аз бистараш бархезад ва сипас ба он бозгардад, бояд ба гӯшаи эзораш онро се маротиба бирӯбад ва номи Худоро бибарад; зеро намедонад пас аз ӯ чи чизе дар ҷояш қарор гирифтааст ва ҳар гоҳ паҳлӯ гузорад, бояд бигӯяд:..» То охири ҳадис, [Ва маънои «бисанифати изориҳи»: канораи эзор аз тарафи ҳошияи он мебошад]. «Ан-ниҳоя фи ғарибил-ҳадис вал-асар» (моддаи صنف). [137] Бухорӣ маъа-л-Фатҳ (11/126), рақами (6320), Муслим (4/2084), рақами (2714).
Бисмика раббӣ вазаъту ҷанбӣ ва бика арфаъуҳу, фаин амсакта нафсӣ фарҳамҳа ва ин арсалтаҳа фаҳфазҳа, бима таҳфазу биҳи ъибадакас-солиҳин.
"Эй Аллоҳ! Ҳамоно Ту нафси маро офаридӣ ва Ту онро мемиронӣ, марг ва зиндагии он барои Туст. Агар онро зинда нигоҳ дорӣ, пас онро ҳифз намо ва агар онро бимиронӣ, пас онро биёмурз. Эй Аллоҳ! Аз Ту офият хоҳонам.» [138] [138] Ривояти Муслим (4/2083), рақами (2712), ва Аҳмад бо лафзаш (2/79), рақами (5502).
Аллоҳумма иннака халақта нафсӣ ва анта таваффаҳа, лака маматуҳа ва маҳяҳа, ин аҳяйтаҳа фаҳфазҳа ва ин аматтаҳа фағфир лаҳа, Аллоҳумма иннӣ асъалукал ъафия.
"Худоё, рӯзе, ки бармеангезӣ бандагонатро аз азобат маро ҳифз фармо[139] ." [140] [139] «Чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехост бихобад, дасти рости худро зери рухсорааш гузошта ва сипас мефармуд: ...» То охири ҳадис. [140] Абудовуд бо лафзи худ (4/311), рақами (5045), ва Тирмизӣ, рақами (3398), ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/143), ва Саҳеҳи Абудовуд (3/240).
Аллоҳумма қинӣ азобака явма табъасу ъибодак.
"Ба номи Ту эй Худо мемирам ва зинда мешавам."[141] [141] Бухорӣ бо Фатҳ (11/113), рақами (6324), Муслим (4/2083), рақами (2711).
Бисмика-Аллоҳумма амуту ва аҳя.
"Субҳоналлоҳ, Пок аст Аллоҳ"
Субҳаналлоҳ (сиву се маротиба). Ва сипосу ситоиш аз они Аллоҳ аст.
Валҳамду лиллоҳ (сиву се маротиба), Ва Аллоҳ бузург аст
Валлоҳу акбар "(сиву чаҳор)»[142]." [142] «Ҳар касе ҳангоме ки ба бистараш ояд, инро бигӯяд, барояш аз хидматгоре беҳтар аст.» Бухорӣ бо «Фатҳ», (7/71) ба рақами (3705) ва Муслим (4/2091) ба рақами (2726).
"Эй Аллоҳ, Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳама чиз, Шикофандаи донаву ҳаста ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон! Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии ҳар чизе, ки пешониаш дар дасти Туст. Эй Аллоҳ! Ту Аввалӣ ва пеш аз Ту чизе нест, ва Ту Охирӣ ва баъд аз Ту чизе нест ва Ту Зоҳирӣ ва болотар аз Ту чизе нест ва Ту Ботинӣ ва пинҳонтар аз Ту чизе нест. Қарзи моро адо кун ва моро аз фақр бениёз гардон." [143] [143] Муслим (4/2084), рақами (2713).
Аллоҳумма раббас-самовотис-сабъи ва раббал-арзи ва раббал-ъаршил-ъазими, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқал-ҳабби ван-наво ва мунзилат-Тавроти вал-Инҷили, вал-Фурқони, аъузу бика мин шарри кулли шайъин Анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма Антал-Аввалу фалайса қаблака шайъун, ва Антал-Охиру фалайса баъдака шайъун ва антаз-Зоҳиру фалайса фавқака шайъун ва Антал-Ботину фалайса дунака шайъун, иқзи ъаннад-дайна ва ағнино минал-фақр.
"Ситоиш аз они Худост, ки ба мо хӯроку об дод ва ниёзи моро баровард ва ба мо манзилу маъво дод ва чи зиёданд касоне ки надоранд бароварандаи ниёзи худ ва на маъводиҳандае барои худ доранд."[144] [144] Муслим (4/2085), рақами (2715).
Алҳамду лиллаҳил-лазӣ атъамана ва сақана ва кафана ва авана, факам мимман ла кафия лаҳу ва ла муъвӣ.
«Эй Аллоҳ, донандаи пинҳону ошкор, Офаридгори осмонҳову замин! Парвардигор ва подшоҳи ҳама чиз ҳастӣ, гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии нафсам ва аз бадӣ ва ширки шайтон ва аз ин ки ба худ кори баде кунам ва ё ба мусалмоне онро раво донам.»[145] [145] Абудовуд (4/317), рақами (5067), Тирмизӣ рақами (3629), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/142).
Аллоҳумма ъолимал-ғайби ваш-шаҳодати фотирас-самовоти вал-арзи, рабба кулли шайъин ва маликаҳу, ашҳаду ал-ла илаҳа илла анта, аъузу бика мин шарри нафси ва мин шарриш-шайтони ва ширкиҳи ва ан ақтарифа ъала нафси суъан ав аҷурраҳу ила муслимин.
«Сураи Саҷда ва Мулкро мехонад.»[146]. [146] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3404), Насоӣ дар Амал-ул-явми ва-л-лайла, рақами (707), ва нигаред: Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (4/255).
«Худоё![147] Нафсамро ба Ту таслим кардам ва корамро ба Ту супурдам ва рӯямро ба сӯйи Ту гардондам ва пуштамро ба Ту такя додам, аз рӯйи умеду тарс ба сӯйи Ту, ҳеҷ паноҳгоҳ ва наҷотгоҳе аз Ту ҷуз ба сӯйи Ту нест, ба китобат, ки нозил кардӣ ва ба паёмбарат, ки фиристодӣ, имон овардам.»[148] [147] «Чун ба бистарат рафтӣ, ҳамон гуна, ки барои намоз вузу месозӣ, вузу бигир, сипас бар паҳлӯи рости худ бихоб, сипас бигӯ: ...» то охири ҳадис. [148] Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба касе, ки инро гуфт, фармуданд: «Пас агар бимирӣ, бар фитрат мурдаӣ». Ривояти Бухорӣ бо «Фатҳ» (11/113), рақами (6313), Муслим (4/2081), рақами (2710).
Аллоҳумма асламту нафсӣ илайк ва фаввазту амрӣ илайк ва ваҷҷаҳту ваҷҳӣ илайк ва алҷаъту заҳрӣ илайк, рағбатан ва раҳбатан илайк, ла малҷаъа ва ла манҷа минка илла илайк, аманту бикитабикал-лазӣ анзалта ва бинабийикал-лазӣ арсалта.
29. Дуо ҳангоми ба паҳлу гаштан дар шаб.
"Нест маъбуди барҳақ, магар Худои ягонаи ғолиб, Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост, ки ғолибу омурзгор аст." [149] [149] Инро ҳангоме мегӯяд, ки дар шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар бигардад. Ривояти Ҳоким, ки онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ (1/540) бо ӯ мувофиқат кардааст, Насоӣ дар «Амал-ул-явми ва-л-лайла», рақами (202) ва Ибни Суннӣ, рақами (757) ва нигар: «Саҳеҳ-ул-ҷомеъ» (4/213).
Ла илаҳа иллаллоҳул-ваҳидул-қаҳҳор, Раббус-самавоти вал-арзи ва ма байнаҳумал-азизул-ғаффор.
30. Дуои тарс дар хоб ва касе, ки ба ваҳшат гирифтор шудааст.
"Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз ғазаб ва иқоби Ӯ ва бадии бандагони Ӯ ва аз васвасаҳои шайтонҳо ва аз ин ки назди ман ҳозир шаванд." [150] [150] Абудовуд (4/12), рақами (3893), ва Тирмизӣ, рақами (3528), ва нигаред ба: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/171).
Аъузу бикалимотиллоҳит-томмоти мин ғазабиҳи ва ъиқобиҳи ва шарри ъибодиҳи ва мин ҳамазотиш-шаётини ва ан яҳзурун.
31. Касе, ки хоб бубинад, чӣ кор кунад
(Ба тарафи чапаш туф мекунад) (се маротиба)[151]." [151] Муслим (4/1772), рақами (2261).
(Паноҳ мебарад ба Худованд аз Шайтон ва аз шарри он чи дидааст) (се маротиба)[152]. [152] Муслим (4/1772) (1773), рақами (2261) ва (2262).
Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир-раҷим
(Онро ба ҳеҷ кас нагӯяд) [153]. [153] Муслим (4/1772) рақами (2261) ва (2263).
"(Аз паҳлуе, ки бар он буд, ба паҳлуи дигар гардад) [154]." [154] Муслим (4/1773), рақами (2261).
(Агар бихоҳад, бархоста намоз мехонад)[155]. [155] Муслим (4/1773), рақами (2263).
32. Дуои қунути витр
"Худоё! Маро ҳидоят кун дар зумраи касоне, ки ҳидояташон кардаӣ ва ба ман офият бидеҳ дар зумраи касоне, ки ба онҳо офият додаӣ ва сарпарасти ман бош дар зумраи касоне, ки сарпарасташон будаӣ ва дар он чи ба ман ато кардаӣ, баракат деҳ ва маро аз шарри он чи муқаддар кардаӣ, нигоҳ дор, зеро Ту ҳукм мекунӣ ва бар Ту ҳукм карда намешавад. Ба дурустӣ, хор намегардад касе, ки ӯро дӯст доштӣ [ва азиз намегардад касе, ки бо ӯ душманӣ кардӣ]. Бобаракат ва воломақомӣ, эй Парвардигори мо."[156] [156] Ривояти асҳоби Сунани чаҳоргона, Аҳмад, Доримӣ ва Байҳақӣ. Абудовуд, рақами (1425), Тирмизӣ, рақами (464), Насоӣ, рақами (1744), Ибни Моҷаҳ, рақами (1178), Аҳмад, рақами (1718), Доримӣ, рақами (1592), Ҳоким (3/172), Байҳақӣ (2/209), ва он чи байни қавсайн аст, аз Байҳақӣ мебошад, ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/144), Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/194) ва "Ирво-ул-ғалил"-и Албонӣ (2/172).
Аллоҳумма-ҳдинӣ фиман ҳадайта ва ъофинӣ фиман ъофайта ва тавалланӣ фиман таваллайта ва борик лӣ фимо аътайта ва қинӣ шарра мо қазайта; фаиннака тақзӣ ва ло юқзо ъалайка, иннаҳу ло язиллу ман волайта ва ло яъиззу ман ъодайта, таборакта раббано ва таъолайта.
"Худоё, ҳар оина ман паноҳ мебарам ба ризои Ту аз ғазабат ва ба бахшиши Ту аз ҷазоят ва ба Ту аз Ту паноҳ мебарам, наметавонам санои Туро ба шумор оварам, Ту чуноне ҳастӣ, ки Худ бар Худат сано гуфтаӣ."[157] [157] Ривояти асҳоби сунани чаҳоргона ва Аҳмад: Абудовуд, рақами (1427), Тирмизӣ, рақами (3566), Насоӣ, рақами (1746), Ибни Моҷаҳ, рақами (1179), Аҳмад, рақами (751). Нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/180), Саҳеҳи Ибни Моҷа (1/194), Ирво (2/175).
Аллоҳумма иннӣ аъузу биризока мин сахатика ва бимуъафатика мин уқубатика ва аъузу бика минка, ло уҳсӣ саноан ъалайка, анта кама аснайта ъала нафсика.
"Худоё! Танҳо Туро мепарастем ва барои Ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва ба сӯи Ту мешитобем ва итоат мекунем. Умеди раҳмати Туро дорем ва аз азоби Ту метарсем, ҳамоно азоби Ту ба кофирон хоҳад расид. Худоё! Ҳамоно мо аз Ту ёрӣ меҷӯем ва аз Ту омурзиш мехоҳем ва Туро ба некӣ ситоиш мекунем ва ба Ту куфр намеварзем ва ба Ту имон меоварем ва барои Ту фурӯтанӣ мекунем ва касеро, ки ба Ту куфр меварзад, тарк мекунем." [158] [158] Ривояти Байҳақӣ дар китоби "Сунани кубро" ва санадашро саҳеҳ донистааст (2/211) ва шайх Албонӣ дар Ирвоу-л-ғалил гуфтааст: "Ин санади саҳеҳ аст" (2/170). Ва он мавқуф бар Умар аст.
Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъа ва наҳфиду, нарҷу раҳматака ва нахша азабака, инна азабака бил-кафирина мулҳиқ. Аллоҳумма инна настаъинука ва настағфирука ва нусни алайкал-хайра ва ло накфурука ва нуъмину бика ва нахзаъу лака ва нахлаъу ман якфурука.
33. Зикри баъди намози витр
"Поку муназзаҳ аст Худованди дар ниҳоят покӣ"
Субҳонал-маликил-қуддус. се маротиба Ва дар маротибаи сеюм бо садои баланд ва кашида мегӯяд: "Парвардигори малоика ва Ҷабраил."[159] [159] Ривояти Насоӣ (3/244), рақами (1734), Дорақутнӣ (2/31) ва дигарон. Он чи дар дохили қавсайн аст, зиёдаи Дорақутнӣ (2/31), рақами (2) мебошад ва иснодаш саҳеҳ аст. Нигаред: «Зод-ул-миъод» бо таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут ва Абдулқодир ал-Арнаут (1/337).
Раббил малаикати вар-руҳ.
34. Дуои ғаму андуҳ
"Эй Аллоҳ! Ман бандаи Ту, фарзанди бандаи Ту ва фарзанди канизи Ту ҳастам, ихтиёри ман дар дасти Туст, ҳукми Ту дар ҳаққи ман ҷорист ва қазои Ту дар ҳаққи ман адолат аст. Аз Ту бо ҳар номе, ки аз они Туст ва Худро бо он номидаӣ, ё дар китоби Худ нозил кардаӣ, ё ба касе аз махлуқотат омӯхтаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ маҳфуз доштаӣ, дархост мекунам, ки Қуръонро баҳори дилам, нури синаам, бартарафкунандаи андӯҳам ва дуркунандаи ғамам бигардонӣ." [160] [160] Аҳмад (1/391), рақами (3712) ва Албонӣ онро дар «Силсилаи аҳодиси саҳеҳа» (1/337) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннӣ ъабдука, ибну ъабдика, ибну аматика, насияти биядика, мазин фийя ҳукмука, ъадлун фийя қазаука, асъалука бикулли-смин ҳува лака, саммайта биҳи нафсака, ав анзалтаҳу фӣ китабика, ав ъалламтаҳу аҳадан мин халқика, ав истаъсарта биҳи фӣ ъилмил-ғайби ъиндака, ан таҷъалал-Қуръана рабиъа қалбӣ ва нура садрӣ ва ҷалаа ҳузнӣ ва заҳаба ҳаммӣ.
«Эй Аллоҳ, ман ба Ту аз ғаму андӯҳ, нотавониву танбалӣ, бухлу буздилӣ, сангинии қарз ва чирагии мардон паноҳ мебарам.»[161] [161] Бухорӣ (7/158), рақами (2893), Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро зиёд мехонданд. Нигаред: Бухорӣ бо Фатҳ (11/173), ва хоҳад омад (саҳ. 89), рақами (137).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазани, вал-ъаҷзи вал-касали, вал-бухли вал-ҷубни ва залаъид-дайни ва ғалабатир-риҷол.
35. Дуои сахтӣ ва гирифторӣ
«Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳи бузургу ҳалим нест. Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ, Парвардигори Арши бузург нест. Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ, Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арши карим, нест.» [162] [162] Бухорӣ (7/154), рақами (6345), Муслим (4/2092), рақами (2730).
Ла илаҳа иллаллоҳул-ъазимул-ҳалим, ла илаҳа иллаллоҳ Раббул-ъарши-лъазим, ла илаҳа иллаллоҳ Раббус-самовоти ва Раббул-арзи ва Раббул-Ъаршил-Карим.
"Худоё! Раҳмати Туро умедворам, пас маро ҳатто ба андозаи як мижа задан ба худам вомагузор ва ҳамаи корҳоямро ислоҳ намо, ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ту нест."[163] [163] Абудовуд (4/324), рақами (5090), Аҳмад (5/42), рақами (20430) ва Албонӣ дар «Саҳеҳи Абудовуд» (3/959) онро ҳасан донистааст.
Аллоҳумма раҳматака арҷу, фала такилнӣ ила нафсӣ тарфата ъайнин ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу, ла илаҳа илла анта.
«Нест маъбуди барҳақ, магар Ту, Ту покӣ ба ростӣ, ки ман аз ситамкорон будам.»[164] [164] Тирмизӣ (5/529), рақами (3505) ва Ҳоким ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/505), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/168).
Ла илаҳа илла анта субҳанака инни кунту миназ-залимин.
«Аллоҳ, Аллоҳ, Парвардигори ман аст, касеро бо Ӯ шарик қарор намедиҳам.» [165] [165] Ривояти Абудовуд (2/87), рақами (1525), Ибн Моҷаҳ, рақами (3882), ва нигаред: Саҳиҳи Ибн Моҷаҳ (2/335).
Аллоҳу Аллоҳу раббӣ, ла ушрику биҳи шайъан.
36. Дуои рӯ ба рӯ шудан бо душман ва соҳибқудрат.
"Худоё, мо Туро дар баробари онҳо қарор медиҳем ва аз шарри онҳо ба Ту паноҳ мебарем." [166] [166] Ривояти Абудовуд (2/89), рақами (1537), Ҳоким саҳеҳаш гуфтааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (2/142).
Аллоҳумма инна наҷъалука фи нуҳуриҳим ва наъузу бика мин шуруриҳим.
«Худоё! Ту пуштибони ман ва Ту ёвари ман ҳастӣ, бо мадади Ту ҳаракат мекунам ва бо мадади Ту ҳамла мекунам ва бо мадади Ту меҷангам.» [167] [167] Абудовуд (3/42), рақами (2632), ва Тирмизӣ (5/572), рақами (3584), ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/183).
Аллоҳумма анта ъазудӣ ва анта насирӣ, бика аҳулу ва бика асулу ва бика уқотилу.
"Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест."[168] [168] Бухорӣ (5/172), рақами (4563).
Ҳасбуналлоҳу ва ниъмал вакил.
37. Дуои касе, ки аз зулми султон метарсад
«Эй Аллоҳ, Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург, маро аз фалон писари фалон ва гурӯҳҳои ӯ аз миёни офаридаҳоят паноҳ деҳ, то касе аз онҳо бар ман ситам накунад ё туғён нанамояд, паноҳёфтаи Ту азиз аст ва санои Ту бузург аст ва нест маъбуде барҳақ ҷуз Ту.»[169] [169] Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад (707), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад (545) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма раббас-самаватис-сабъи ва раббал-аршил-ъазим, кун лӣ ҷаран мин фулани-бни фуланин ва аҳзабиҳи мин халаиқика, ан яфрута ъалайя аҳадун минҳум ав ятға, ъазза ҷарука ва ҷалла санаука ва ла илаҳа илла анта.
«Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ аз тамоми махлуқоташ тавонотар аст, Аллоҳ аз он чи метарсаму ҳазар мекунам, тавонотар аст. Паноҳ мебарам ба Аллоҳе, ки нест худое ба ҳақ ҷуз Ӯ, Зоте, ки ҳафт осмонро нигоҳ медорад, то бар замин наяфтанд, магар ба иҷозати Ӯ, аз шарри бандаат фалонӣ ва лашкариёну пайравон ва тарафдоронаш аз ҷинну инс. Худоё, аз шарри онҳо паноҳгоҳи ман бош. Ситоиши Ту бузург аст ва касе, ки дар паноҳи Туст, пирӯзманд аст ва номи Ту муборак аст ва нест худое ба ҳақ ғайр аз Ту».
Аллоҳу акбар, Аллоҳу аъаззу мин халқиҳи ҷамиъан, Аллоҳу аъаззу мимма ахофу ва аҳзару, аъузу биллоҳил-лазӣ ло илоҳа илло ҳува, ал-мумсикис-самовотис-сабъи ан яқаъна ъалал-арзи илло биизниҳи, мин шарри ъабдика фулонин ва ҷунудиҳи ва атбоъиҳи ва ашёъиҳи, минал-ҷинни вал-инси. Аллоҳумма кун лӣ ҷоран мин шарриҳим, ҷалла саноука ва ъазза ҷорука ва таборакасмука ва ло илоҳа ғайрука. Се маротиба.[170] [170] Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад (708), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад (546) саҳеҳаш гуфтааст.
38. Дуо бар зидди душман.
"Эй Аллоҳ, нозилкунандаи Китоб, зудҳисоб, аҳзобро шикаст деҳ. Эй Аллоҳ, онҳоро шикаст деҳ ва ба ларза дарбиёр."[171] [171] Муслим (3/1362), рақами (1742).
Аллоҳумма мунзилал-китаб, сариъал-ҳисаб, иҳзимил-аҳзаб. Аллоҳумма иҳзимҳум ва залзилҳум.
39. Шахсе аз қавме битарсад, ин дуоро мегӯяд:
"Аллоҳумма-кфиниҳим бимо шиъта."[172] [172] Муслим (4/2300), рақами (3005).
Аллоҳумма икфиниҳим бима шиъта.
40. Дуои касе, ки дар имон ба васваса гирифтор шудааст
(Ба Худо паноҳ мебарад). [173] Мегӯяд: "Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтони рондашуда". [173] Бухорӣ бо Фатҳ (6/336), рақами (3276), Муслим (1/120), рақами (134).
Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим.
(Аз он чи дар он васваса шудааст, боз истад)[174]. [174] Бухорӣ бо Фатҳ (6/336), рақами (3276), Муслим (1/ 120), рақами (134).
(Мегӯяд: Ба Аллоҳ ва расулонаш имон овардам.)[175] [175] Муслим (1 /119-120), рақами (134).
Аманту биллаҳи ва русулиҳи.
Ин оятро мехонад: (Ӯст нахустини ҳама ва охирини ҳама ва Ӯст ошкор ва Ӯст пинҳон ва Ӯ бар ҳар чиз доност). (Сураи Ҳадид, ояти 3) [176]. [176] Абудовуд (4/329), рақами (5110), ва Албонӣ дар «Саҳеҳи Абудовуд» (3/962) онро ҳасан донистааст.
41. Дуо барои адои қарз
" Худоё, бениёзам кун бо ҳалолат аз ҳаромат ва бениёз фармо маро ба эҳсонат аз ғайри Худат". [177] [177] Тирмизӣ (5/560), рақами (3563), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/180).
«Эй Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ мебарам аз ғаму андуҳ, аз нотавониву танбалӣ, аз бухлу буздилӣ ва аз сангинии қарзу чирагии мардон.» [178] [178] Бухорӣ (7/158), рақами (2893), ва гузашт (саҳ. 83), рақами (121).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазан, вал-ъаҷзи вал-касал, вал-бухли вал-ҷубн, ва залаъид-дайни ва ғалабатир-риҷол.
42. Дуои васваса дар намоз ва қироат
"Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтони рондашуда".
Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир-раҷим. "Ва ба тарафи чапат (се бор) туф кун." [179] [179] Муслим (4/1729), рақами (2203), аз ҳадиси Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу), ва дар он омадааст: «Пас чунин кардам ва Худованд онро аз ман дур кард».
43. Дуои касе, ки коре бар ӯ мушкил шавад.
"Худоё, ҳеҷ осоние нест, магар он чи ки Ту осон гардонидаӣ ва Ту агар бихоҳӣ, душвориро осон мегардонӣ." [180] [180] Ривояти Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳаш, рақами (2427) (Маворид) ва Ибни Суннӣ, рақами (351), Ҳофиз гуфтааст: "Ин ҳадиси саҳеҳ аст" ва Абдулқодири Арнаут дар тахриҷи ал-Азкори Нававӣ (саҳ. 106) онро саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма ла саҳла илла ма ҷаъалтаҳу саҳлан ва анта таҷъалул-ҳазна иза шиъта саҳла.
44. Дуо барои шахсе, ки муртакиби гуноҳе мешавад
«Ҳеҷ бандае нест, ки гуноҳе кунад ва ба хубӣ таҳорат кунад, сипас бархезад ва ду ракъат намоз бихонад, сипас аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, магар инки Аллоҳ ӯро мебахшад.»[181] [181] Абудовуд (2/86), рақами (1521), ва Тирмизӣ (2/257), рақами (406), ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Абудовуд» (1/283) саҳеҳ донистааст.
45. Дуои рондани шайтон ва васвасаҳои ӯ.
(Паноҳ бурдан ба Аллоҳ аз он) [182]. [182] Абудовуд (1/203), рақами, ва Ибни Моҷаҳ (1/265), рақами (807) ва тахриҷи он бо рақами (31) гузашт, ва нигар: сураи Муъминун: (97-98).
Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим.
(Азон)[183]. [183] Муслим (1/291), рақами (389), Бухорӣ (1/151), рақами (608).
(Зикрҳо, дуъоҳо ва қироати Қуръон).
«Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, гурезон аст.»[184] [184] Ривояти Муслим (1/539), рақами (780).
Ва аз ҷумлаи он чизҳое, ки шайтонро дур мекунанд, зикрҳои субҳу шом, хобу бедорӣ, зикрҳои даромадан ба хона ва баромадан аз он, зикрҳои даромадан ба масҷид ва баромадан аз он ва дигар зикрҳои муқарраршуда мебошанд. Монанди, хондани Оятулкурсӣ ҳангоми хоб ва ду ояти охири сураи Бақара. Агар касе ин зикрро: Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре Қодиру Тавоност.
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. сад маротиба бигӯяд, барои ӯ дар тамоми он рӯз паноҳе аз шайтон хоҳад буд.[185] Ва инчунин азон шайтонро меронад. [185] Ривояти Бухорӣ (4/126), рақами (3293).
46. Дуои ҳангоми рух додани чизи нохушоянд ё мағлуб шудан дар кораш
«Тақдири Аллоҳ аст ва он чи бихоҳад, анҷом медиҳад.»[186] [186] «Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст. Барои он чи ба ту фоида орад, саъй кун ва аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва нотавон мабош. Агар чизе ба ту расад, магӯ: "Агар ман чунин мекардам, чунин ва чунон мешуд", балки бигӯ: "Аллоҳ муқаддар сохт ва ҳарчи бихоҳад, мекунад". Зеро "агар" дарҳои кори шайтонро мекушояд.» Муслим (4/2052) бо рақами (2664).
47. Табрик кардани касе, ки соҳиби фарзанд шудааст ва посухи ӯ.
"Аллоҳ дар ин (навзоди) ба ту бахшидашуда баракат диҳад ва Бахшандаро шукр гӯӣ ва ба камолот бирасад ва некӯкориаш ба ту рӯзӣ гардад." [187] [187] Аз каломи Ҳасани Басрӣ зикр шудааст. Ниг: Туҳфат-ул-мавдуди Ибни Қаййим (саҳ. 20) ва онро ба Ибни Мунзир дар «Ал-Авсат» нисбат додааст.
Баракаллоҳу лака фил мавҳуби лака ва шакартал воҳиба ва балаға ашуддаҳу ва рузиқта бирраҳу. Ва шахси табрикшуда ба ӯ ҷавоб гардонида, мегӯяд: "Худо бароят баракат диҳад ва бар ту баракат ниҳад ва Худованд ба ту подоши нек диҳад ва Худованд монанди онро рӯзият кунад ва савобатро зиёд кунад." [188] [188] Инро Нававӣ дар Зикрҳо ва дуъоҳо (саҳ. 349) гуфтааст, ва нигаред: Саҳеҳи Зикрҳо ва дуъоҳо, Нававӣ, Салим Ҳилолӣ (2/ 713) ва Тамоми тахриҷ дар зикр ва дуо ва табобат бо руқя, аз муаллиф вуҷуд дорад. (1/ 416).
Баракаллоҳу лака ва барака ъалайка ва ҷазокаллоҳу хайран ва разақакаллоҳу мислаҳу ва аҷзала савобака.
48. Дуое, ки бо он фарзандонро паноҳ медиҳанд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо)-ро бо ин дуо ба паноҳи Худо месупурд. "Паноҳ медиҳам шумо ду нафарро ба калимаҳои комили Аллоҳ аз ҳар шайтон ва ҷонвари заҳрдор ва аз ҳар чашми бад". [189] [189] Бухорӣ (4/119), рақами (3371), аз ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо).
Уъизукума бикалиматиллаҳит-таммати мин кулли шайтонин ва ҳамматин ва мин кулли ъайнин ламматин.
49. Дуо барои бемор ҳангоми аёдати ӯ
«Боке нест, поккунандаи гуноҳон аст, агар Худо бихоҳад.» [190] [190] Бухорӣ маъал-Фатҳ (10/118), рақами (3616).
Ла баъса, таҳурун ин шааллоҳ.
Асъалуллоҳал азима, Раббал Аршил азими, ан яшфияка. Ҳафт маротиба[191]. [191] «Ҳеҷ бандаи мусалмоне нест, ки ба аёдати беморе равад, ки ҳанӯз аҷалаш нарасидааст ва ҳафт бор бигӯяд: ... магар ин ки шифо меёбад». Тирмизӣ таҳти рақами (2083) ва Абу Довуд таҳти рақами (3106) ривоят кардаанд ва нигаред ба: Саҳеҳи Тирмизӣ (2/210) ва Саҳеҳи Ҷомеъ (5/180).
50. Фазилати аёдати бемор
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар гоҳ шахсе ба аёдати бародари мусулмонаш биравад, то замоне ки назди ӯ биншинад, дар боғҳои пурнеъмати биҳишт қадам мезанад. Вақте ки назди ӯ нишаст, раҳмати Худованд ӯро фаро мегирад. Агар субҳ ба аёдат рафта бошад, ҳафтод ҳазор фаришта то шом барояш дуо ва истиғфор мекунанд. Ва агар шомгоҳ ба аёдат рафта бошад, ҳафтод ҳазор фаришта то субҳ барояш дуо ва истиғфор мекунанд». [192] [192] Ривояти Тирмизӣ, рақами (969), Ибни Моҷаҳ, рақами (1442), Аҳмад, рақами (975), ва нигаред: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/244) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (1/286), ва Аҳмад Шокир низ онро саҳеҳ донистааст.
51. Дуои беморе, ки аз ҳаёти худ ноумед шудааст.
"Худоё, манро биёмурз ва ба ман раҳмат фармо ва манро ба рафиқи аъло (фариштагон ва бандагони солеҳ) пайваст намо." [193] [193] Бухорӣ (7/10), рақами (4435), Муслим (4/1893), рақами (2444).
Аллоҳумма-ғфир лӣ, варҳамнӣ, ва алҳиқни бир-рафиқил аъла.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли вафот дастонашро дар об дохил намуда, сипас рӯяшро бо онҳо масҳ менамуду мегуфт: «Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ
Ла илаҳа иллаллоҳ Ба ростӣ, ки марг душвориҳои сахте дорад.» [194] [194] Бухорӣ бо Фатҳ (8/144), рақами (4449), ва дар ҳадис зикри мисвок омадааст.
«Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ ва Аллоҳ бузург аст. Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ, ягона аст. Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст. Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност.» [195] [195] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3430) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3794) Албонӣ онро саҳеҳ гуфтааст, ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/152) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/317).
Ла илаҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу, ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, ла илаҳа иллаллоҳу лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду, ла илаҳа иллаллоҳу ва ла ҳавла ва ла қуввата илла биллоҳ.
52. Талқини шахсе, ки дар ҳолати марг аст
«Касе, ки сухани охираш ин бошад: Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ
Ла илаҳа иллаллоҳ вориди биҳишт мешавад."[196] [196] Абудовуд (3/190), рақами (3116), ва нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ (5/432).
53. Дуои касе, ки ба мусибате гирифтор шудааст.
«Ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ Таъоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем. Худоё! Ба ман дар мусибатам подош бидеҳ ва барои ман беҳтар аз инро дар ивазаш бидеҳ.» [197] [197] Муслим (2/632), рақами (918).
Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун. Аллоҳуммаъ-ҷурнӣ фи мусибатӣ ва ахлиф лӣ хайран минҳа.
54. Дуо ҳангоми пӯшидани чашми майит
"Худоё, биёмурз фалониро (номашро ба забон биёрад) ва баланд фармо дараҷаашро аз ҷумлаи раҳоёфтагон ва сарпарастӣ кун фарзандонашро дар миёни бозмондагон ва биёмурз моро ва ӯро, эй Парвардигори оламиён ва васеъ гардон барояш қабрашро ва равшан фармо қабрро барои ӯ."[198] [198] Муслим (2/634), рақами (920).
Аллоҳуммағфир ли фулонин (бисмиҳи) варфаъ дараҷатаҳу фил-маҳдиййин, вахлуфҳу фи ақибиҳи фил-ғобирин, вағфир лано ва лаҳу ё Раббал-ъоламин, вафсаҳ лаҳу фи қабриҳи, ва наввир лаҳу фиҳ.
55. Дуо барои майит дар намози ҷаноза
"Худоё! Ӯро биёмурз ва бар ӯ раҳм намо. Ба ӯ саломатӣ ва офият ато кун ва аз гуноҳонаш даргузар. Ҷойгоҳи фуруд омаданашро гиромӣ гардон ва қабрашро барояш васеъ намо. Ӯро бо об, барф ва жола бишӯй ва аз гуноҳҳо покаш гардон, чунон ки либоси сафедро аз олудагӣ пок мегардонӣ. Ба ӯ хонае беҳтар аз хонааш, аҳле беҳтар аз аҳлаш ва ҳамсаре беҳтар аз ҳамсараш ато фармо. Ӯро ба биҳишт дохил гардон ва аз азоби қабр (ва аз азоби дӯзах) паноҳ деҳ."[199] [199] Муслим (2/663), рақами (963).
Аллоҳуммағфир лаҳу варҳамҳу ва ъофиҳи ваъфу ъанҳу ва акрим нузулаҳу ва вассиъ мудхалаҳу вағсилҳу билмои вас-салҷи валбаради ва наққиҳи минал-хатоё камо наққайтас-савбал-абяза минад-данаси ва абдилҳу доран хайран мин дориҳи ва аҳлан хайран мин аҳлиҳи ва завҷан хайран мин завҷиҳи ва адхилҳул-ҷанната ва аъизҳу мин азобил-қабри [ва азобин-нори].
"Худоё! Зиндагони моро ва мурдагони моро, ҳозирони моро ва ғоибони моро, хурдони моро ва бузургони моро, мардони моро ва занони моро биёмурз. Эй Аллоҳ! Ҳар касеро аз миёни мо зинда медорӣ, ӯро бар дини Ислом зинда нигоҳ дор. Ва ҳар касеро аз миёни мо вафот медиҳӣ, ӯро бо имон аз дунё бибар. Эй Аллоҳ! Моро аз савоби ӯ маҳрум магардон ва пас аз ӯ моро гумроҳ насоз." [200] [200] Ривояти Абудовуд, рақами (3201), Тирмизӣ, рақами (1024), Насоӣ, рақами (1985), Ибни Моҷаҳ (1/480), рақами (1498), Аҳмад (2/368), рақами (8809) ва нигар: Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (1/251).
Аллоҳуммағфир лиҳайино ва майитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фа-аҳйиҳи ъалал-ислом ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффаҳу ъалал-имон. Аллоҳумма ло таҳримно аҷраҳу ва ло тузиллано баъдаҳу.
"Худоё! Ба дурустӣ, ки фалонӣ писари фалонӣ дар паноҳу амони Ту ва дар ҳимояи Туст. Пас ӯро аз фитнаи қабр ва аз азоби дӯзах нигоҳ дор. Ва Ту сазовори вафо ба ваъда ва ҳаққ ҳастӣ. Пас ӯро биёмурз ва бар ӯ раҳм намо. Ҳамоно Ту Омурзандаи Меҳрубонӣ."[201] [201] Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1499), нигар: Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (1/251) ва ривояти Абудовуд (3/211), рақами (3202).
Аллоҳумма инна фулонабна фулонин фи зимматика ва ҳабли ҷаворика фақиҳи мин фитнатил-қабр ва азобин-нор ва анта аҳлулвафои валҳақ фағфир лаҳу варҳамҳу иннака антал ғафурур-раҳим.
"Худоё! Бандаи Ту ва писари канизи Ту ба раҳмати Ту ниёзманд аст ва Ту аз азоб додани ӯ бениёз ҳастӣ, агар некӯкор бошад, пас бар некиҳояш бияфзой ва агар бадкор бошад, аз ӯ даргузар." [202] [202] Ривояти Ҳоким ва онро саҳеҳ гуфтааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/359), ва ниг: "Аҳкому-л-ҷаноиз"-и Албонӣ (саҳ. 125).
Аллоҳумма ъабдука вабну аматика иҳтаҷа ила раҳматика ва анта ғанийюн ъан азабиҳи, ин кана муҳсинан фазид фи ҳасанатиҳи ва ин кана мусиан фатаҷаваз анҳу.
56. Дуо ҳангоми хондани ҷанозаи тифл
(Худоё, ӯро аз азоби қабр паноҳ деҳ.) [203] [203] (Саъид ибни Мусайиб гуфт: Дар пушти Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бар кӯдаке, ки ҳаргиз гуноҳе накарда буд, намоз хондам, шунидам, ки мегуфт..) То охири ҳадис. Молик онро дар «Муваттаъ» (1/288), Ибни Абушайба дар «Мусаннаф» (3/217) ва Байҳақӣ (4/9) ривоят кардаанд ва Шуайб ал-Арнаут санади онро дар таҳқиқи худ бар «Шарҳ-ус-сунна»-и Бағавӣ (5/357) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма аъизҳу мин азобил қабри.
Ва агар ин дуоро: "Худоё! Ӯро пешоҳанг, захира ва мояи савоб барои падару модараш қарор деҳ ва шафоатгаре бигардон, ки шафоаташ пазируфта шавад. Эй Аллоҳ! Ба василаи ӯ тарозуи аъмоли падару модарашро вазнин гардон ва подоши онҳоро бузург намо. Ӯро ба бандагони солеҳи муъмин мулҳақ гардон ва ӯро дар кафолат ва ҳимояи Иброҳим қарор деҳ. Бо раҳмати Худ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳаш дор. Ба ӯ хонае беҳтар аз хонааш ва аҳле беҳтар аз аҳлаш ато фармо. Эй Аллоҳ! Падару модарон ва гузаштагони моро, фарзандони аз дастрафтаи моро ва ҳамаи касонеро, ки бо имон аз мо пеш гузаштаанд, биёмурз."
Аллоҳуммаҷ-ъалҳу фаратан ва зухран ливолидайҳи ва шафиъан муҷобан, Аллоҳумма саққил биҳи мавозинаҳумо ва аъзим биҳи уҷураҳумо ва алҳиқҳу бисолиҳил-муъминин ваҷъалҳу фи кафолати Иброҳим ва қиҳи бираҳматика азобал-ҷаҳим ва абдилҳу доран хайран мин дориҳи ва аҳлан хайран мин аҳлиҳи. Аллоҳумма-ғфир лиаслофино ва афротино ва ман сабақано бил-имон. бигӯяд, беҳтар аст.[204] [204] Ниг.: Ал-Муғнӣ, Ибни Қудома (3/416) ва Дарсҳои муҳим барои оммаи уммат-и Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) (саҳ. 15).
"Худоё! Ӯро барои мо пешоҳанг (дар охират), пешгузашта ва сабаби дарёфти савоб қарор деҳ."[205] [205] Ҳасан бар кӯдак сураи Фотиҳаро мехонд ва мегуфт... то охири ҳадис. Ривояти Бағавӣ дар «Шарҳус-суннаҳ» (5/357) ва Абдурраззоқ, рақами (6588) ва таълиқи Бухорӣ, Китоби ҷаноиз (65), боби «Хондани сураи Фотиҳа бар ҷаноза» (2/113), пеш аз ҳадиси рақами (1335).
Аллоҳумма ҷъалҳу лана фаратан ва салафан ва аҷран.
57. Дуои таъзия
«Ҳамоно аз они Аллоҳ аст он чи гирифт ва аз они Ӯст он чи бахшид ва ҳар чизе назди Ӯ муҳлати муайян дорад... пас, бояд шахс сабр варзад ва ба умеди подош бошад.»[206] [206] Бухорӣ (2/80), рақами (1284), Муслим (2/636), рақами (923).
Инна лиллоҳи ма ахаза ва лаҳу ма аъто ва куллу шайъин ъиндаҳу биаҷалин мусаммо... фалтасбир валтаҳтасиб.
Ва агар инро бигӯяд: "Худованд подоши шуморо бузург гардонад, мусибат шуморо ба неки ҷуброн намояд ва гуноҳони фавтидаатонро биёмурзад"
Аъзамаллоҳу аҷрака ва аҳсана ъазаака ва ғафара лимаййитика. беҳтар аст. [207] [207] Азкор, Нававӣ (саҳ. 126).
58. Дуо ҳангоми даровардани майит ба қабр
"Ба номи Аллоҳ ва мувофиқи суннати Паёмбари Аллоҳ"[208]. [208] Абудовуд (3/314), рақами (3215) бо санади саҳеҳ, ва Аҳмад, рақами (5234) ва рақами (4812) бо лафзи: «بِسْمِ اللَّهِ، وَعَلَى مِلَّةِ رَسُولِ اللَّهِ», ва санади он саҳеҳ аст.
Бисмиллаҳи ва ъала суннати расулиллаҳ.
59. Дуо баъди дафни майит.
"Эй Аллоҳ, ӯро биёмурз. Эй Аллоҳ, ӯро устувор гардон"[209]. [209] Чун Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дафни мурда фориғ мешуд, бар қабраш истода мефармуд: «Барои бародари хеш омурзиш талабед ва барои ӯ собит мондан (бар калимаи тавҳид)-ро бихоҳед, зеро ӯ акнун мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.» Абудовуд (3/315) бо рақами (3223) ва Ҳоким онро ривоят ва саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст. (1/370)
Аллоҳумма иғфир лаҳу, Аллоҳумма саббитҳу.
60. Дуои зиёрати қабрҳо
"Салом бар шумо бод, аҳли ин манзил аз муъминон ва мусалмонон ва мо, агар Худо бихоҳад, ба шумо хоҳем пайваст, [ва Худованд пешрафтагон ва дермондагони моро раҳмат кунад]. Аз Худованд барои худ ва шумо офият металабам." [210] [210] Муслим (2/671), рақами (975) ва Ибни Моҷаҳ (1/494), ва лафз аз они ӯст, рақами (1547), аз Бурайда (разияллоҳу анҳу), ва он чӣ дар байни қавсайн аст, аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) назди Муслим (2/671), рақами (975).
Ассаламу алайкум аҳлад-дияри минал-муъминина вал-муслимин ва инна ин шааллоҳу бикум лаҳиқун ва ярҳамуллоҳул-мустақдимина минна вал-мустаъхирин, асъалуллоҳа лана ва лакумул-ъафия.
61. Дуои вазидани бод
"Эй Аллоҳ, ман аз Ту некии онро мехоҳам ва аз бадии он ба Ту паноҳ меоварам" [211]. [211] Ривояти Абудовуд (4/326), рақами (5099), Ибн Моҷаҳ (2/1228), рақами (3727), ва ниг: Саҳеҳи Ибн Моҷаҳ (2/305).
Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳа ва аъузу бика мин шарриҳа.
"Эй Аллоҳ! Аз Ту хубии онро ва хубии он чиро, ки дар он аст ва хубии он чиро, ки бо он фиристода шудааст, хоҳонам ва аз бадии он ва бадии он чи ки дар он аст ва бадии он чи ки бо он фиристода шудааст, ба Ту паноҳ мебарам."[212] [212] Муслим, ва лафзаш аз ӯст (2/666), рақами (899), ва Бухорӣ (4/76), рақами (3206) ва (4829).
Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳа ва хайра ма фиҳа ва хайра ма урсилат биҳи ва аъузу бика мин шарриҳа ва шарри ма фиҳа ва шарри ма урсилат биҳи.
62. Дуои раъд
"Поку муназзаҳ аст Он Зоте, ки раъд бо ситоиши Ӯ тасбеҳ мегӯяд ва фариштагон аз тарси Ӯ (низ Ӯро) тасбеҳ мегӯянд" [213]. [213] Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳумо) ҳар гоҳ садои раъдро мешунид, суханро қатъ мекард ва ин дуоро то охир мегуфт:... Муваттаъ (2/992), ва Албонӣ дар «Саҳеҳул-калимит-таййиб» (157) гуфтааст: "Иснодаш саҳеҳ ва мавқуф аст."
Субҳоналлазӣ юсаббиҳур-раъду биҳамдиҳи вал-малоикату мин хифатиҳи.
63. Аз дуоҳои талаби борон
"Худоё! Ба мо бороне ато фармо, ки мададрасон, гуворо, фаровон, судманд ва бе зарар бошад; бороне, ки зуд нозил гардад ва ба таъхир наафтад."[214] [214] Абудовуд (1/303), рақами (1171), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (1/216) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма-сқино ғайсан муғисан мариан мариъан, нофиъан ғайра зоррин, оҷилан ғайра оҷилин.
"Худоё! Ба доди мо бирас! Худоё! Ба доди мо бирас! Худоё! Ба доди мо бирас!."[215] [215] Бухорӣ (1/224), рақами (1014), Муслим (2/613), рақами (897).
"Худоё! Бандагонат ва чорпоёнатро сероб гардон, раҳмати Худро густариш деҳ ва замини мурдаатро зинда гардон."[216] [216] Абудовуд (1/305), рақами (1178) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Абудовуд» (1/218) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма-сқи ъибадака ва баҳаимака ва-ншур раҳматака ва аҳйи баладакал маййити.
64. Дуои вақти дидани борон
"Худоё! Инро борони пурфоида ва судманд бигардон."[217] [217] Бухорӣ бо Фатҳ (2/518), рақами (1032).
Аллоҳумма саййибан нофиъан.
65. Зикри баъд аз борон боридан
"Бо фазлу раҳмати Аллоҳ бар мо борон борид."[218] [218] Бухорӣ (1/205), рақами (846), Муслим (1/83), рақами (71).
Мутирна бифазлиллаҳи лиллаҳи ва раҳматиҳи.
66. Аз дуоҳои талаби қатъи борон ва соф шудани осмон
"Парвардигоро, дар атрофи мо, на бар сари мо, Худоё, бар теппаҳо ва кӯҳҳои хурд ва даруни водиҳо ва ҷойҳои сабзиши дарахтон биборон."[219] [219] Бухорӣ (1/224), рақами (933), Муслим (2/614), рақами (897).
67. Дуои дидани моҳтоб
"Аллоҳ бузург аст. Эй Аллоҳ! Ин моҳи навро бар мо бо амният, имон, саломатӣ, Ислом ва тавфиқ барои анҷом додани он чи дӯст медорӣ ва аз он хушнуд мешавӣ, оғоз гардон. Парвардигори мо ва Парвардигори ту Аллоҳ аст."[220] [220] Тирмизӣ (5/504), рақами (3451), ва Доримӣ бо лафзаш (1/336), ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/157).
Аллоҳу акбар, Аллоҳумма аҳиллаҳу ъалайна бил-амни вал-иман, вас-саламати вал-ислам, ват-тавфиқи лима туҳиббу раббана ва тарза, раббуна ва раббукаллоҳ.
68. Дуои рӯзадор ҳангоми ифтор
«Ташнагӣ рафт ва рагҳо тар шуданд ва ин ша Аллоҳ аҷр собит шуд.»[221] [221] Ривояти Абудовуд (2/306), рақами (2359) ва дигарон. Ва нигаред ба: Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (4/209).
Заҳабаз-замау вабталлатил-ъуруқу ва сабатал-аҷру ин ша Аллоҳ.
"Худоё! Ман аз Ту ба василаи раҳматат, ки ҳама чизро фаро гирифтааст, хоҳиш мекунам, ки маро биёмурзӣ."[222] [222] Ривояти Ибни Моҷаҳ (1/557), рақами (1753), аз дуои Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо). Ва Ҳофиз онро дар "Тахриҷ-ул-азкор" ҳасан гуфтааст. Нигаред: "Шарҳ-ул-азкор" (4/342).
Аллоҳумма иннӣ асъалука бираҳматикал-латӣ васиъат кулла шайъин ан тағфира лӣ.
69. Дуо кардан пеш аз таом.
"Ҳаргоҳ яке аз шумо таом хӯрд, инро бигӯяд: Ба номи Аллоҳ
Бисмиллоҳ Агар дар оғози таом хӯрдан "Бисмиллоҳ"-ро фаромӯш кард, чунин бигӯяд: Ба номи Аллоҳ, дар оғозаш ва анҷомаш."[223] [223] Ривояти Абудовуд (3/347), рақами (3767), Тирмизӣ (4/288), рақами (1858) ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (2/167).
Бисмиллаҳи фи аввалиҳи ва охириҳи.
"Ҳар касе, ки Аллоҳ ба ӯ таом бидиҳад, инро бигӯяд: Эй Аллоҳ! Дар ин барои мо баракат ато фармо ва ба мо аз ин ҳам беҳтар рӯзӣ бидеҳ.
Аллоҳумма барик лана фиҳи ва атъимна хайран минҳу. Ва ҳар киро Аллоҳ шир нӯшонад, ин дуоро бигӯяд: Эй Аллоҳ! Дар ин барои мо баракат ато фармо ва аз он бештар насиби мо гардон."[224] [224] Тирмизӣ (5/506), рақами (3455) ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/158).
Аллоҳумма барик лана фиҳи ва зидна минҳу.
70. Дуо кардан ҳангоми фориғ шудан аз таом.
«Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ин таомро ба ман хӯронд ва онро ба ман рӯзӣ гардонд, дар ҳоле ки аз ҷониби ман ҳеҷ тавону қудрате набуд.»[225] [225] Ривояти асҳоби сунан ба ҷуз Насоӣ: Абудовуд, рақами (4025), Тирмизӣ, рақами (3458), Ибн Моҷаҳ, рақами (3285) ва нигаред ба Саҳеҳи Тирмизӣ (3/159).
Алҳамду лиллаҳил-лази атъаманӣ ҳазо ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ.
"Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст — ҳамде бисёр, покиза ва пурбаракат. Ҳамде, ки ҳеҷ гоҳ басанда шумурда намешавад, тарк намегардад ва мо, эй Парвардигори мо, ҳаргиз аз Ту бениёз нестем." [226] [226] Бухорӣ (6/214), рақами (5458), Тирмизӣ бо лафзаш (5/507), рақами (3456).
Алҳамду лиллаҳи ҳамдан касиран таййибан мубаракан фиҳи, ғайра (макфийин ва ла) муваддаъин ва ла мустағнан ъанҳу раббана.
71. Дуои меҳмон барои меҳмондор
"Худоё! Дар он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаӣ, барояшон баракат ато фармо, онҳоро биёмурз ва бар онҳо раҳм намо."[227] [227] Муслим (3/1615), рақами (2042).
Аллоҳумма барик лаҳум фима разақтаҳум ва-ғфир лаҳум ва-рҳамҳум.
72. Ишора кардан бо дуо барои талаби таъом ё нӯшиданӣ
"Худоё! Ба ҳар касе, ки маро таом дод, таом бидеҳ ва ба ҳар касе, ки маро об нӯшонд, об бинӯшон."[228] [228] Муслим (3/1626), рақами (2055).
Аллоҳумма атъим ман атъаманӣ ва-сқи ман сақанӣ.
73. Дуо ҳангоме ки назди аҳли хонае ифтор кунад
"Дар назди шумо рӯзадорон ифтор намуда ва накӯкорон таоми шуморо хӯрданд ва фариштагон бар шумо дуруд фиристоданд."[229] [229] Сунани Абудовуд (3/367), рақами (3856), ва Ибни Моҷаҳ (1/556), рақами (1747), ва Насоӣ дар Амалу-л-явми ва-л-лайла, рақами (296-298), ва тасреҳ кардааст, ки Паёмбар (ﷺ) вақте назди аҳли хонаводае ифтор мекарданд, онро мегуфтанд ва Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (2/730) онро саҳеҳ донистааст.
Афтара ъиндакумус-соимун ва акала таъомакумул-аброр ва саллат ъалайкумул-малоикату.
74. Дуои рӯзадор ҳангоме ки таом ҳозир мешавад ва ҳоло ифтор накардааст
"Ҳар гоҳ яке аз шумо даъват шавад, бояд онро иҷобат кунад, пас, агар рӯзадор бошад, бояд дар ҳақи даъваткунанда дуо кунад ва агар рӯзадор набошад, бояд таомро тановул намояд."[230] Маънои فَلْيُصَلِّ (Фал-юсалли), яъне "дуо кунад". [230] Муслим (2/1054), рақами (1150).
75. Он чи рӯзадор мегӯяд, агар касе ӯро дашном диҳад
"Ман рӯзадор ҳастам, ман рӯзадор ҳастам."[231] [231] Бухорӣ бо Фатҳ (4/103), рақами (1894), Муслим (2/806), рақами (1151).
76. Дуо кардан ҳангоми дидани навбари мева
«Худоё! Дар меваҳои мо баракат ато фармо, дар шаҳри мо баракат деҳ, дар соъи (паймона) мо баракат деҳ ва дар муди (паймонаи хурдтар аз соъ) мо баракат ато фармо.» [232] [232] Муслим (2/1000), рақами (1373).
Аллоҳумма барик лана фи самарина ва барик лана фи мадинатина ва барик лана фи соъина ва барик лана фи муддина.
77. Дуои атса
«Ҳар гоҳ яке аз шумо атса занад, бояд бигӯяд: Алҳамдулиллоҳ (Ҳамд ва шукр барои Аллоҳ аст).
Алҳамдулиллаҳ Ва бояд бародар ё дӯсташ ба ӯ бигӯяд: Худованд раҳмат кунад туро.
Ярҳамукаллоҳ Вақто ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфт, дар посух бигӯяд: Худованд шуморо ҳидоят кунад ва дилҳоятонро солеҳ гардонад.»[233] [233] Бухорӣ (7/125), рақами (5870).
Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳу балакум.
78. Он чи ба кофир гуфта мешавад, агар атса зад ва "Алҳамдулиллоҳ" гӯяд.
«Худованд шуморо ҳидоят кунад ва дилҳоятонро солеҳ гардонад.»[234] [234] Тирмизӣ (5/82), рақами (2741), Аҳмад (4/400), рақами (19586), Абудовуд (4/308), рақами (5040), ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (2/354).
Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳу балакум.
79. Дуо кардан ба навхонадор.
"Аллоҳ бароят баракат ато фармояд, бар ту баракат нозил гардонад ва ҳар дуи шуморо дар некӣ ва хайр бо ҳам ҷамъ гардонад."[235] [235] Ривояти асҳоби сунан ба ҷуз Насоӣ: Абудовуд, рақами (2130), Тирмизӣ, рақами (1091), Ибни Моҷаҳ, рақами (1905), Насоӣ дар Амал-ул-явм ва-л-лайла, рақами (259), ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/316).
Баракаллоҳу лака ва барака алайка ва ҷамаъа байнакума фи хайр.
80. Дуои шахси издивоҷкунанда ва ҳангоми харидани чорво.
Агар яке аз шумо бо зане издивоҷ кунад, ё агар хидматгоре бихарад, пас бигӯяд: "Эй Аллоҳ! Аз Ту хубии он ва хубии он чиро, ки бар он сириштаӣ, хоҳонам ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он ва бадии он чи ки бар он сириштаӣ."
Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳа ва хайра ма ҷабалтаҳа алайҳи ва аъузу бика мин шарриҳа ва шарри ма ҷабалтаҳа алайҳи. Ва агар шутуре бихарад, пас болои кӯҳони онро бигирад ва мисли он бигӯяд.»[236] [236] Абудовуд (2/248), рақами (2160), Ибни Моҷаҳ (1/617), рақами (1918), ва ниг: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/324).
81. Дуо кардан пеш аз ҳамхобагӣ бо ҳамсар
"Ба номи Худо, Худоё, шайтонро аз мо дур кун ва шайтонро аз он чи ба мо рӯзӣ додаӣ, дур бигардон."[237] "[237] Бухорӣ (6/141), рақами (141), Муслим (2/1028), рақами (1434)."
Бисмиллаҳ, Аллоҳумма ҷаннибнаш-шайтона ва ҷаннибиш-шайтона ма разақтана.
82. Дуои хашму ғазаб
"Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз шарри шайтони рондашуда."[238] [238] Бухорӣ (7/99), рақами (3282), Муслим (4/2015), рақами (2610).
Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир-раҷим.
83. Дуои дидани касе, ки ба мусибате гирифтор шудааст
"Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки маро аз он чӣ туро ба он озмудааст, дар амон нигоҳ дошт ва маро бар бисёре аз офаридагонаш бартарии ошкор ато фармуд."[239] [239] Тирмизӣ (5/494) ва (5/493), рақами (3432), ва нигар: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/153).
Алҳамду лиллаҳил-лазӣ ъафанӣ миммабталака биҳи ва фаззаланӣ ъала касирин мимман халақа тафзилан.
84. Он чи дар ҷамъомад гуфта мешавад
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Пеш аз он ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз як нишасте бархезанд, шумурда мешуд, ки сад бор ин дуоро мегуфтанд: "Эй Парвардигори ман! Маро биёмурз ва тавбаи маро бипазир. Ҳамоно Ту Тавбапазир ва Омурзанда ҳастӣ." [240] [240] Тирмизӣ, рақами (3434) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3814), ва нигар: Саҳиҳи Тирмизӣ (3/153) ва Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (2/321) ва лафзаш аз Тирмизӣ аст.
Раббиғфир лӣ ва туб ъалайя, иннака антат-таввабул ғафур.
85. Каффораи маҷлис
«Эй Аллоҳ! Туро аз ҳар айбу нуқсон пок медонам ва Туро бо ҳамду ситоиш ёд мекунам. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Ту ҳеҷ маъбуди барҳақ нест. Аз Ту омурзиш металабам ва ба сӯи Ту тавба мекунам.» [241] [241] Асҳоби Сунан: Абудовуд ба рақами (4858), Тирмизӣ ба рақами (3433) ва Насоӣ ба рақами (1344), ва ба «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/153) нигаред. Ва собит шудааст, ки Оиша (разияллоҳу анҳо) гуфт: «Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар маҷлисе нанишаст ва Қуръоне тиловат накард ва намозе нагузорид, магар ин ки онро бо калимоте хатм мекард...» то охири ҳадис. Онро Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла» ба рақами (308) ва Аҳмад (6/77) ба рақами (24486) ривоят кардаанд ва доктор Форуқ Ҳамода дар таҳқиқи худ бар «Амалул-явми вал-лайла»-и Насоӣ (саҳ. 273) онро саҳеҳ донистааст.
Субҳанака Аллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ан ла илаҳа илла Анта, астағфирука ва атубу илайка.
86. Дуо кардан барои касе, ки "Ғафараллоҳу лака" (Аллоҳ туро биёмурзад) мегӯяд.
""Ва барои ту низ"[242] [242] Аҳмад (5/82), рақами (20778) ва Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла» (саҳ. 218), рақами (421), таҳқиқи доктор Форуқ Ҳамода.
Ва лака (ва барои ту)
87. Дуо барои касе, ки ба ту некӣ кард
"Аллоҳ ба ту беҳтарин подош ато фармояд."[243] [243] Ривояти Тирмизӣ, рақами (2035), ва нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ (6244) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (2/200).
Ҷазакаллоҳу хайран.
88. Он чи Аллоҳ бо он аз фитнаи Даҷҷол муҳофизат мекунад.
«Ҳар касе даҳ ояти аввали сураи Каҳфро ҳифз кунад, аз фитнаи Даҷҷол дар амон мемонад.»[244] Ва паноҳ бурдан ба Аллоҳ аз фитнаи ӯ баъд аз ташаҳҳуди ахир аз ҳар намоз.[245] "[245] Ниг.: ҳадиси рақами (55) ва ҳадиси (56) (саҳ. 41) аз ин китоб." [244] Ривояти Муслим (1/555), рақами (809), ва дар ривояте: аз охири Каҳф (1/556), рақами (809).
89. Дуъо барои касе, ки мегӯяд: Ман туро барои Аллоҳ дӯст медорам.
«Дӯст дорад туро он ки маро ба хотири Ӯ дӯст доштӣ.» [246] [246] Ривояти Абудовуд (4/333), рақами (5125) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Сунани Абудовуд» (3/965) ҳасан донистааст.
Аҳаббакаллазӣ аҳбабтанӣ лаҳу.
90. Дуо кардан барои касе, ки молашро ба ту пешниҳод мекунад.
"Аллоҳ дар аҳлу хонаводаат ва молу дороиат бароят баракат ато фармояд."[247] [247] Бухорӣ бо Фатҳ (4/288), рақами (2049).
Баракаллоҳу лака фи аҳлика ва малика.
91. Дуо барои қарздиҳанда ҳангоми адои қарз.
"Аллоҳ дар аҳлу хонаводаат ва молу дороиат бароят баракат ато фармояд. Ҳамоно подоши қарз (ё некие, ки пешакӣ карда шудааст) танҳо сипосгузорӣ ва баргардонидани он аст."[248] [248] Ривояти Насоӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла» (с. 300), Ибни Моҷаҳ (2/809), рақами (2424), ва ниг: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/55).
Баракаллоҳу лака фи аҳлика ва малика.
92. Дуъои хавф аз ширк
«Худоё, ман паноҳ мебарам ба Ту аз он ки дониста ба Ту ширк оварам ва аз Ту омурзиш мехоҳам барои он чи ки намедонам.» [249] [249] Ривояти Аҳмад (4/403), рақами (19606), ва Адаб ал-Муфрад-и Бухорӣ, рақами (716), ва ниг: Саҳеҳ ал-Ҷомеъ (3/233), ва Саҳеҳ ат-Тарғиб ва-т-Тарҳиби Албонӣ (1/19).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан ушрика бика ва ана аъламу ва астағфирука лима ла аълам.
93. Дуо кардан барои касе, ки "Боракаллоҳу фика" (Баракати Худованд дар ту бод) мегӯяд.
"Ва баракати Худованд дар ту бод."[250] [250] Ривояти Ибни Суннӣ (саҳ. 138), рақами (278) ва нигаред ба китоби "Ал-вобил ус-саййиб"-и Ибни Қаййим (саҳ. 304), таҳқиқи Башир Муҳаммад Уюн.
Ва фика баракаллоҳ.
94. Дуои кароҳияти фоли бад
"Эй Аллоҳ! Ҳеҷ фоле ҷуз он чи Ту муқаддар кардаӣ нест, ҳеҷ хайре ҷуз хайри Ту нест ва ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ту вуҷуд надорад."[251] [251] Ривояти Аҳмад (2/220), рақами (7045) ва Ибни Суннӣ, рақами (292), ва Албонӣ онро дар «Силсилатул-аҳодиси-с-саҳиҳа» (3/54), рақами (1065) саҳеҳ донистааст, аммо Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фоли некро меписандиданд; аз ин рӯ, аз марде сухани некӯ шуниданд ва ба Ӯ писанд омад, пас фармуданд: «Фоли неки туро аз даҳонат гирифтем», Абудовуд, рақами (3719), ва Аҳмад, рақами (9040), ва Албонӣ онро дар «Силсилатул-аҳодисис-саҳиҳа» (2/363) саҳеҳ донистааст, дар назди Абушайх дар «Ахлоқу-н-Набӣ (саллалоҳу алайҳи ва саллам)» (саҳ. 270).
Аллоҳумма ла тайра илла тайрука ва ла хайра илла хайрука, ва ла илаҳа ғайрука.
95. Дуои савор шудан ба василаи нақл
«Ба номи Аллоҳ ва ҳамду сано Худовандрост
Бисмиллоҳи валҳамду лиллоҳи. (Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем.
Субҳанал-лазӣ саххара лана ҳаза ва ма кунна лаҳу муқринин. Ва бегумон мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем.»
Ва инна ила раббина ламунқалибун. "Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст. Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст. Эй Аллоҳ! Туро аз ҳар айбу нуқсон пок медонам. Ба ростӣ, ман бар худ ситам кардаам, пас маро биёмурз, зеро ҷуз Ту ҳеҷ кас гуноҳонро намеомурзад." [252] [252] Абудовуд (3/34), рақами (2602), ва Тирмизӣ (5/501), рақами (3446), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/156), сураи Зухруф (13-14).
Алҳамдулиллаҳ, Алҳамдулиллаҳ, Алҳамдулиллаҳ, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Субҳанакаллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ фа-ғфир лӣ, фаиннаҳу ла яғфируз-зунуба илла Анта.
96. Дуои сафар
«Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Аллоҳу акбару, Аллоҳу акбару, Аллоҳу акбар Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем.
Субҳаналлазӣ саххара лана ҳаза ва ма кунна лаҳу муқринин. Ва бегумон мо ба сӯи Парвардигорамон бозмегардем.
Ва инна ила Раббина ламунқалибун. «Эй Аллоҳ! Мо дар ин сафарамон аз Ту некӯкорӣ, парҳезгорӣ ва анҷом додани амалҳоеро, ки аз онҳо хушнуд мешавӣ, дархост мекунем. Эй Аллоҳ! Ин сафари моро бар мо осон гардон ва дурии роҳи онро барои мо кӯтоҳ намо. Эй Аллоҳ! Ту ҳамсафари мо дар сафар ва нигаҳбони аҳли хонаводаи мо дар ғоибии мо ҳастӣ. Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз сахтиҳои сафар, аз манзараҳои андӯҳовар ва аз бозгашти нохуш дар бораи молу аҳлу хонавода.»
Аллоҳумма инно насъалука фи сафарино ҳаза ал-бирра ват-тақво ва минал-ъамали ма тарзо. Аллоҳумма ҳаввин ъалайно сафарано ҳаза ва-тви ъанно буъдаҳу. Аллоҳумма Антас-соҳибу фис-сафар, вал-халифату фил-аҳл. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ваъсоис-сафар ва каобатил-манзар ва суъил-мунқалаби фил-моли вал-аҳл. Ва ҳангоми аз сафар баргаштан онҳоро мегӯяд ва инро бар онҳо меафзояд: "Мо бозгашткунандагон, тавбакунандагон, ибодаткунандагон ва ситоишгарони Парвардигори худ ҳастем."[253] [253] Муслим (2/978), рақами (1342).
Айибуна, таибуна, ъабидуна, лираббина ҳамидун.
97. Дуои даромадан ба деҳа ё шаҳр
«Эй Аллоҳ, Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва он чӣ соя афкандаанд ва Парвардигори заминҳои ҳафтгона ва он чи бардоштаанд ва Парвардигори шайтонҳо ва он чи гумроҳ кардаанд ва Парвардигори бодҳо ва он чи пароканда сохтаанд! Аз Ту хубии ин деҳа ва хубии аҳли он ва хубии он чизе, ки дар он аст, хоҳонам. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он ва бадии аҳли он ва бадии он чизе, ки дар он аст.» [254] [254] Ривояти Ҳоким ва онро саҳеҳ гуфтааст ва Заҳабӣ (2/100) бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Ибни Суннӣ, рақами (524). Ва Ҳофиз дар «Тахриҷ-ул-азкор» (5/154) онро ҳасан гуфтааст. Аллома Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: «Ва Насоӣ бо исноди ҳасан ривоят кардааст». Ниг: «Туҳфат-ул-ахёр» (саҳ. 37).
Аллоҳумма раббас-самаватис-сабъи ва ма азлална ва раббал-аразинас-сабъи ва ма ақлална ва раббаш-шаятини ва ма азлална ва раббар-рияҳи ва ма зарайна, асъалука хайра ҳазиҳил-қаряти ва хайра аҳлиҳа ва хайра ма фиҳа ва аъузу бика мин шарриҳа ва шарри аҳлиҳа ва шарри ма фиҳа.
98. Дуои даромадан ба бозор
"Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест. Ӯро ҳеҷ шарике нест. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш низ аз они Ӯст. Ӯ зинда мекунад ва мемиронад. Ӯ Зиндаи ҷовид аст ва ҳаргиз намемирад. Ҳамаи некӣ дар дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.»[255] [255] Тирмизӣ, рақами (3428), Ибни Моҷаҳ (5/291), рақами (3860) ва Ҳоким (1/538), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/21) ва дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/152) ҳасан донистааст.
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд, юҳйи ва юмит ва ҳува ҳайюн ла ямут, биядиҳил-хайр ва ҳува ъала кулли шайъин қадир.
99. Дуои лағжиши маркаб
"Бисмиллоҳ"[256] [256] Абудовуд (4/296), рақами (4982), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (3/941) саҳеҳаш гуфтааст.
Бисмиллаҳ
100. Дуои мусофир барои муқим
"Шуморо ба амонати Аллоҳ месупорам, Он Зоте, ки амонатҳои назди Ӯ ҳаргиз зоеъ намегарданд."[257] [257] Аҳмад (2/403), рақами (9230), Ибни Моҷаҳ (2/943), рақами (2825) ва нигар: Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/133).
Аставдиъукумул-Лоҳал-лазӣ ла тазиъу вадоиъуҳу.
101. Дуои муқим барои мусофир
"Динат, амонатат ва анҷоми амалҳоятро ба Аллоҳ месупорам." [258] [258] Аҳмад (2/7), рақами (4524), Тирмизӣ (5/499), рақами (3443) ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи сунани Тирмизӣ (3/419) саҳеҳ донистааст.
Аставдиъуллоҳа динака ва аманатака ва хаватима амалика.
"Аллоҳ туро бо парҳезгорӣ таъмин намояд, гуноҳонатро биёмурзад ва ҳар ҷо, ки бошӣ, хайру некӣ бароят осон гардонад." [259] [259] Тирмизӣ, рақами (3444), ва нигаред: Саҳеҳи Тирмизӣ (3/155).
Заввадакаллоҳут-тақво, ва ғафара занбака, ва яссара лакал-хайра ҳайсу мо кунта.
102. Такбир ва тасбеҳ гуфтан дар рафти сафар
Ҷобир (разияллоҳу анҳу) гуфт: «Чун ба баландиҳо боло мешудем, такбир мегуфтем, Мегӯяд: (Аллоҳу акбар)
Аллоҳу акбар "Ва чун фуруд меомадем, тасбеҳ мегуфтем."[260] Мегӯяд: (Субҳоналлоҳ) [260] Бухорӣ бо Фатҳ (6/135), рақами (2993).
Субҳаналлоҳ
103. Дуои мусофир ҳангоми саҳар
"Бигзор ҳар шунавандае ҳамду ситоиши Аллоҳ ва неъмату озмоиши неки Ӯро бар мо бишнавад. Эй Парвардигори мо! Дар ин сафар ҳамроҳу нигаҳбони мо бош ва фазлу эҳсони Худро бар мо афзун гардон. Дар ҳоле ки ба Аллоҳ аз оташи дӯзах паноҳ мебарем."[261] [261] Муслим (4/2086), рақами (2718), ва маънои «саммаъа сомеъун»: яъне, гувоҳе бар ҳамду санои мо барои Худованди Мутаъол бар неъматҳояш ва озмоиши неки Ӯ гувоҳӣ дод. Ва маънои «саммаъа сомеъун»: шунавандае ин сухани маро ба дигарон бирасонад ва монанди он бигӯяд, ба хотири огоҳӣ додан бар зикр ва дуо дар вақти саҳар. Шарҳи Нававӣ бар «Саҳеҳ»-и Муслим (17/39).
Саммаъа сомиъум биҳамдиллоҳи ва ҳусни балаиҳи ъалайно, Раббано соҳибно ва афзил ъалайно, оизан биллаҳи минан-нор.
104. Дуо ҳангоми фаромадан ба манзиле дар сафар ва ё ғайри он.
"Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст." [262] [262] Муслим (4/2080), рақами (2709).
105. Зикри баргаштан аз сафар
«Бар ҳар баландӣ се маротиба такбир мегӯяд, сипас мегӯяд: "Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест. Ӯро ҳеҷ шарике нест. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш низ аз они Ӯст. Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Мо бозгашткунандагон, тавбакунандагон, ибодаткунандагон ва ситоишгарони Парвардигори худ ҳастем. Аллоҳ ба ваъдаи Худ вафо кард, бандаи Худро ёрӣ намуд ва гурӯҳҳои душманро танҳо Худ шикаст дод." [263] [263] Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки аз ҷанг ё ҳаҷ бармегаштанд, инро мегуфтанд. Ривояти Бухорӣ (7/163), рақами (1797), Муслим (2/980), рақами (1344).
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир. Ойибуна, таибуна, ъабидуна, лираббино ҳомидуна, садақаллоҳу ваъдаҳу ва насара ъабдаҳу ва ҳазамал аҳзоба ваҳдаҳу.
106. Дуое, ки шахс вақти дидани чизи хушҳолкунанда ё ғамгинкунанда мегӯяд:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки хабаре барояшон мерасид, ки хушҳолашон мекард, чунин мефармуданд: "Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ба неъмати Ӯ корҳои нек ба анҷом мерасанд."
Алҳамду лиллаҳил-лазӣ биниъматиҳи татиммус-солиҳат. Ва агар коре ба ӯ пеш меомад, ки онро нохуш медид, мегуфт: "Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст дар ҳар ҳол."[264] [264] Ривояти Ибни Суннӣ дар китоби "Амалул-явми вал-лайла", рақами (377), Ҳоким ва онро саҳеҳ гуфтааст (1/499), Албонӣ дар "Саҳеҳ ал-ҷомеъ" (4/201) саҳеҳаш гуфтааст.
Алҳамду лиллаҳи ъала кулли ҳал.
107. Фазилати салавот фиристодан бар Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам).
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар ки бар ман як бор дуруд бифиристад, Аллоҳ барояш даҳ бор дуруд мефиристад.»[265] Монанди ин ки бигӯяд: (Эй Аллоҳ! Бар Паёмбари мо Муҳаммад дуруду салом фирист). [265] Ривояти Муслим (1/288), рақами (384).
Аллоҳумма салли ва саллим ъала набиййина Муҳаммадин.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад.»[266] [266] Абудовуд (2/218), рақами (2044), Аҳмад (2/367), рақами (8804), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (2/383) саҳеҳаш гуфтааст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад.»[267] [267] Тирмизӣ (5/551), рақами (3546) ва ғайра, ва нигар: Саҳеҳу-л-ҷомеъ (3/25) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/177).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Барои Худованд фариштагоне ҳаст, ки дар рӯи замин гардиш мекунанд ва саломи умматамро ба ман мерасонанд." [268] [268] Насоӣ (3/43), рақами (1282), Ҳоким (2/421), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/274) саҳеҳаш гуфтааст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман бозмегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам."[269] [269] Абудовуд, рақами (2041), ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Абудовуд» (1/383) ҳасан донистааст.
108. Паҳн кардани салом
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ба биҳишт ворид намешавед, то ин ки имон биёваред ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст доред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед, ҳамдигарро дӯст медоред? Саломро дар миёни худ паҳн кунед.»[270] [270] Ривояти Муслим (1/74), рақами (54), Аҳмад, рақами (1430), лафзи ҳадис аз ӯст ва лафзи Муслим: «لَا تَدْخُلُونَ...».
"Се чиз аст, ки ҳар кас онҳоро гирд оварад, имони худро ҷамъ кардааст: Дар бораи худ инсоф пеша кардан (дидани айбҳои худ), салом додан ба ҳама мардум, нафақа кардан ҳангоми тангдастӣ."[271] [271] Бухорӣ бо «Фатҳ» (1/82), рақами (28), аз Аммор (разияллоҳу анҳу) ба таври мавқуф ва муаллақ.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амал дар Ислом беҳтар аст? Фармуд: «Таом диҳӣ ва ба ҳар кас хоҳ бишносӣ ё нашносӣ, салом кунӣ.»[272] [272] Бухорӣ бо Фатҳ (1/55), рақами (12), Муслим (1/65), рақами (39).
109. Чӣ гуна ба саломи кофир ҷавоб дода мешавад, агар салом гӯяд.
"Ҳар гоҳ аҳли китоб бар шумо салом кунанд, пас, бигӯед: "Ва ъалайкум" (ва бар шумо низ)." [273] [273] Бухорӣ бо Фатҳ (11/42), рақами (6258), Муслим (4/1705), рақами (2163).
Ва ъалайкум.
110. Дуо ҳангоми шунидани бонги хурӯс ва садои хар.
"Ҳаргоҳ овози хурӯсҳоро шунидед, аз Аллоҳ фазли Ӯро талаб кунед, зеро онҳо фариштаеро дидаанд." Гӯё ин ки мегӯяд: (Худоё! Ман аз Ту аз фазлу карамат дархост мекунам)
Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика. "Ва чун садои харро шунидед, пас аз шайтон ба Аллоҳ паноҳ бибаред, зеро он шайтонеро дидааст."[274] Монанди ин ки бигӯяд: (Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим). [274] Бухорӣ бо Фатҳ (6/350), рақами (3303), Муслим (4/2092), рақами (2729).
Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир-раҷим
111. Дуо кардан ҳангоми шунидани аккоси сагҳо дар шаб.
"Ҳар гоҳ шабона аккоси сагон ва садои харонро шунидед, пас аз онҳо ба Худо паноҳ баред, зеро ҳамоно онҳо чизҳоеро мебинанд, ки шумо намебинед."[275] Монанди ин ки бигӯяд: "Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим." [275] Абудовуд (4/327), рақами (5105), Аҳмад (3/306), рақами (14283), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (3/961) саҳеҳаш гуфтааст.
Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир-раҷим.
112. Дуо барои касе, ки ӯро дашном додаӣ.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма фаайюмо муъминин сабабтуҳу фаҷъал золика лаҳу қурбатан илайка явмал-қиёмаҳ." "Худоё! Пас ҳар муъминеро, ки ман (нохоста) озор дода ё сухани дуруште ба ӯ гуфта бошам, он суханро барои ӯ дар рӯзи қиёмат сабаби наздикӣ ба Худат қарор деҳ".[276] [276] Бухорӣ бо «Фатҳ» (11/171), рақами (6361), Муслим (4/2007), рақами (396) ва лафзи ҳадис: «Пас онро барои ӯ покӣ ва раҳмат бигардон.»
113. Он чи мусалмон ҳангоми мадҳу ситоиши мусалмон мегӯяд
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ яке аз шумо ногузир дӯсти худро ситоиш кардан хоҳад, бояд инро бигӯяд: Гумон мекунам фалониро ва Худованд муҳосабакунандаи ӯст ва ҳеҷ касро бар Худованд тазкия намекунам, гумон мекунам, ки ӯ – агар инро бидонад – чунин ва чунон аст." [277] [277] Ривояти Муслим (4/2296), рақами (3000).
114. Он чи мусалмон ҳангоми ситоиш шудан мегӯяд
"Худоё! Маро ба он чи мегӯянд, бозхост накун ва он чиро, ки намедонанд, бароям бибахш, [ва маро беҳтар аз он чи гумон мекунанд, бигардон]." [278] [278] Ривояти Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад (761), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад (585) санадашро саҳеҳ гуфтааст ва он чӣ дар байни қавсайн аст, зиёдаи Байҳақӣ дар Шуъаб ал-Имон (4/228) аз тариқи дигар аст.
Аллоҳумма ла туъохизнӣ бима яқулуна ва-ғфир лӣ ма ла яъламун ва-ҷъалнӣ хайран мимма язуннун.
115. Тарзи талбия гуфтани шахси муҳрим дар ҳаҷ ва ё умра
"Лаббайк, эй Аллоҳ, лаббайк! Лаббайк, Туро ҳеҷ шарике нест, лаббайк! Ҳамоно ҳамду ситоиш, тамоми неъматҳо ва фармонравоӣ аз они Туст. Туро ҳеҷ шарике нест."[279] [279] Бухорӣ маъа-л-Фатҳ (3/408), рақами (1549), Муслим (2/841), рақами (1184).
Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван-ниъмата, лака вал мулк, ла шарика лак.
116. Такбир ҳангоми расидан ба Ҳаҷаруласвад.
«Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор бар шутур хонаи Каъбаро тавоф карданд ва ҳаргоҳ ба рукн мерасиданд, бо чизе, ки наздашон буд, ба он ишора карда, Аллоҳу акбар мегуфтанд.»[280] [280] Бухорӣ бо Фатҳ (3/476), рақами (1613), ва мурод аз чиз: миҳҷан аст. Ниг: Бухорӣ бо Фатҳ (3/472).
117. Дуо байни рукни ямонӣ ва Ҳаҷаруласвад.
(Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор) .[281] [281] Абудовуд (2/179), рақами (1894), ва Аҳмад (3/411), рақами (15398), ва Бағавӣ дар Шарҳу-с-сунна (7/128), ва Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд (1/354) ҳасанаш гуфтааст, сураи Бақара [201].
Раббано отина фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қина азабан-нар.
118. Дуои истодан бар Сафо ва Марва.
Чун Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Сафо наздик шуданд, ин оятро хонданд: «"Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст..., оғоз мекунам ба он чизе, ки Аллоҳ бо он оғоз кардааст.»
Иннас-сафа вал-марвата мин шаъаирил-лаҳ..., абдаъу бима бадаъал-лаҳу биҳи. Пас аз Сафо оғоз кард ва бар он баромад, то ин ки Хонаро дид, рӯ ба қибла овард, Аллоҳро ба ягонагӣ ёд намуд ва такбир гуфта, сипас инро гуфт: "Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест. Ӯро ҳеҷ шарике нест. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш низ аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест. Ӯ ба ваъдаи Худ вафо кард, бандаи Худро ёрӣ намуд ва гурӯҳҳои душманро танҳо Худ шикаст дод."
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ала кулли шайъин қадир, ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу ва насара абдаҳу ва ҳазамал аҳзаба ваҳдаҳу. Сипас дар байни ин дуо намуданд ва мисли инро се маротиба такрор намуданд.» То охири ҳадис. Ва дар он омадааст: "Пас бар Марва ҳамон кореро кард, ки бар Сафо карда буд.[282] [282] Муслим (2/888), рақами (1218), Сураи Бақара, ояти 158.
119. Дуои рӯзи Арафа
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Беҳтарин дуо, дуои рӯзи Арафа аст ва беҳтарин сухане, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаем (ин аст): «Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест. Ӯро ҳеҷ шарике нест. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш низ аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.»[283] [283] Тирмизӣ, рақами (3585), ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/184) ва дар «Силсилаи аҳодиси саҳеҳа» (4/6) ҳасан донистааст.
120. Зикри назди Машъарул-ҳаром
"Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар Қасво савор шуд, то ба Машъарул-ҳаром омад, рӯ ба қибла кард (пас Ӯро дуо кард ва такбиру таҳлил гуфт ва ба ягонагӣ ёд кард) ва пайваста истод, то он ки ҳаво бисёр равшан шуд, пас пеш аз баромадани офтоб ҳаракат кард."[284] [284] Муслим (2/891), рақами (1218).
121. Такбир гуфтан ҳангоми санг задани шайтон бо ҳар як сангреза.
«Ҳангоми задани ҳар сангреза дар назди се ҷамра "Аллоҳу акбар" мегӯяд, сипас баъд аз Ҷамраи аввал ва дуюм пештар рафта меистад ва ба сӯи қибла рӯй оварда, дастҳояшро баланд мекунад ва дуо мекунад. Аммо Ҷамраи Ақабаро санг мезанад ва ҳангоми задани ҳар сангреза "Аллоҳу акбар" мегӯяд ва бармегардад ва дар назди он намеистад.»[285] [285] Бухорӣ маъа-л-Фатҳ (3/583), рақами (1751), ва ба лафзи он дар он ҷо нигаред. Ва Бухорӣ маъа-л-Фатҳ (3/583), ва (3/584), ва (3/581), рақами (1753), ва инчунин ривояти Муслим, рақами (1218).
122. Дуои тааҷҷуб ва кори хурсандибахш
"Субҳоналлоҳ"[286] [286] Бухорӣ бо Фатҳ (1/210) ва (390) ва (414), рақами (115) ва (3599) ва (6218), Муслим (4/1857), рақами (1674).
Субҳаналлаҳ
«Аллоҳу акбар»[287] [287] Бухорӣ бо Фатҳ (8/441), рақами (4741) ва (3062), Тирмизӣ, рақами (2180), Насоӣ дар Кубро, рақами (11185), ва ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (2/103) ва (2/235), Муснади Аҳмад (5/218), рақами (21900).
Аллоҳу акбар
123. Касе, ки ба ӯ кори хушҳолкунандае бирасад, чӣ кор мекунад?
«Ҳаргоҳ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) коре пеш меомад, ки ӯро хушҳол мекард ё ба сабаби он шод мешуд, барои шукри Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба саҷда меафтод.» [288] [288] Ривояти аҳли сунан ба ҷуз Насоӣ: Абудовуд, рақами (2774), Тирмизӣ, рақами (1578) ва Ибни Моҷаҳ , рақами (1394), нигаред ба Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/233) ва Ирво-ул-ғалил (2/226).
124. Зикре, ки шахс ҳангоми эҳсоси дарду нороҳатӣ дар вуҷудаш мегӯяд
"Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва бигӯ:" Ба номи Аллоҳ.
Бисмиллаҳ Се маротиба. Ва ҳафт маротибаи дигар бигӯ: "Паноҳ мебарам ба Аллоҳ ва қудрати Ӯ аз шарри он чи меёбам ва аз он метарсам."[289] [289] Муслим (4/1728), рақами (2202).
125. Дуъои касе, ки бими он дорад, чизе ба ӯ мерасад
"Ҳаргоҳ яке аз шумо чизеро дар бародараш ё худаш ва ё дар амволи худ бубинад ва писандаш ояд, (барояш дуои баракатро хонад) зеро чашм (кардан) ҳақ аст.»[290] [290] Муснади Аҳмад (4/447), рақами (15700), Ибни Моҷаҳ, рақами (3508), Молик (3/118-119), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-ҷомеъ (1/212) саҳеҳаш гуфтааст ва ба таҳқиқи Зод ал-миъод-и Арнаут (4/170) нигаред.
126. Он чи ки дар вақти тарс гуфта мешавад
"Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ."[291] [291] Бухорӣ бо Фатҳ (6/381), рақами (3346), Муслим (4/2208), рақами (2880).
127. Он чи ҳангоми забҳ ё наҳр гуфта мешавад
"Ба номи Аллоҳ. Аллоҳ бузург аст. Эй Аллоҳ! Ин (неъмат) аз ҷониби Туст ва барои Ту аст. Эй Аллоҳ! Аз ман қабул фармо."[292] [292] Муслим (3/1557), рақами (1967), Байҳақӣ (9/287), ва он чи дар байни қавсайн аст, аз Байҳақӣ (9/287) ва дигарон мебошад ва ҷумлаи охирро ба маъно аз ривояти Муслим овардам.
Бисмиллаҳи валлоҳу акбар, Аллоҳумма минка ва лака, Аллоҳумма тақаббал миннӣ.
128. Он чи барои дафъи макри шайтонҳои саркаш гуфта мешавад
"Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ, ки ҳеҷ некӯкор ва бадкоре аз онҳо таҷовуз намекунад: аз шарри он чи офаридааст ва ба вуҷуд овардааст ва падид овардааст ва аз шарри он чи аз осмон фуруд меояд ва аз шарри он чи дар он боло меравад ва аз шарри он чи дар замин падид овардааст ва аз шарри он чи аз он берун меояд ва аз шарри фитнаҳои шабу рӯз ва аз шарри ҳар ояндаи шаб, магар ояндае, ки бо хайр меояд, эй Раҳмон."[293] [293] Ривояти Аҳмад (3/419), рақами (15461), бо санади саҳеҳ, ва Ибни Суннӣ, рақами (637), ва санади онро Арнаут дар тахриҷи Таҳовия (саҳ. 133) саҳеҳ донистааст ва ниг: Маҷмаъуз-завоид (10/127).
Аъузу бикалиматиллаҳит-тамматил-лати ла юҷавизуҳунна баррун ва ла фаҷирун: мин шарри ма халақа ва бараъа ва зараъа ва мин шарри ма янзилу минас-самаи ва мин шарри ма яъруҷу фиҳа ва мин шарри ма зараъа фил-арзи ва мин шарри ма яхруҷу минҳа ва мин шарри фитанил-лайли ван-наҳари ва мин шарри кулли ториқин илла ториқан ятруқу бихайрин ё Раҳмон.
129. Истиғфор ва тавба
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Савганд ба Худо, ки ман ҳар рӯз беш аз ҳафтод бор аз Худо омурзиш талабида, ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам."[294] [294] Бухорӣ маъа-л-Фатҳ (11/101), рақами (6307).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Эй мардум! Ба сӯи Худо тавба кунед, зеро ман рӯзе сад маротиба ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам." [295] [295] Муслим (4/2076), рақами (2702).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Касе, ки бигӯяд: Аз Худованди бузург талаби мағфират дорам, Худованде, ки Ҳай ва Қайюм аст ва ба суи Ӯ тавба мекунам.
Астағфируллаҳал-ъазим аллазӣ ла илаҳа илла ҳувал ҳайюл қайюму ва атубу илайҳи. "Аллоҳ ӯро меомурзад, агарчи аз майдони ҷанг фирор карда бошад." [296] [296] Абудовуд (2/85), рақами (1517), Тирмизӣ (5/569), рақами (3577), ва Ҳоким онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/511) ва Албонӣ онро саҳеҳ донистааст, нигаред: «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/182) ва «Ҷомеъ-ул-усул ли аҳодисир-Расул» ﷺ (4/389-390) бо таҳқиқи Арнаут.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Наздиктарин вақте ки Парвардигор ба банда наздик аст, дар охири шаб аст. Агар тавонистӣ дар он вақти шаб аз он касоне бошӣ, ки Худовандро зикр мекунанд, чунон бош.»[297] [297] Тирмизӣ, рақами (3579), ва Насоӣ (1/279), рақами (572), ва Ҳоким (1/309), ва нигар: «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/183) ва «Ҷомеъ-ул-усул» бо таҳқиқи ал-Арнаут (4/144).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Наздиктарин ҳолате, ки банда ба Парвардигораш аст, ҳолатест, ки ӯ дар саҷда мебошад. Пас дар он бисёр дуо намоед.»[298] [298] Муслим (1/350), рақами (482).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамоно бар дилам дар лаҳзаҳои гирифторӣ аз зикр заъфу сустӣ пайдо мешавад ва ман рӯзе сад бор астағфируллоҳ мегӯям." [299] [299] Муслим (4/2075) бо рақами (2702) онро ривоят кардааст. Ибни Асир мегӯяд: «лаюғону ъало қалбӣ», яъне: пӯшонида ва фаро гирифта мешавад ва мурод аз он саҳв аст, зеро Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайваста дар ҳоли афзун намудани зикру қурбат ва муроқибати доимӣ буданд, пас ҳар гоҳ дар баъзе вақтҳо чизе аз инҳо саҳв мекарданд ё фаромӯш менамуданд, онро бар худ гуноҳ мешумурданд ва ба сӯи истиғфор мешитофтанд. Нигаред: Ҷомеъ-ул-усул (4/386).
130. Фазилати тасбеҳ, таҳмид, таҳлил ва такбир
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар ки ин зикр: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи
"Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳи"-ро дар як рӯз сад бор бигӯяд гуноҳонаш агарчи ба андозаи кафки дарё ҳам бошад, омурзида мешавад."[300] [300] Бухорӣ (7/168), рақами (6405), Муслим (4/2071), рақами (2691), ва нигаред: Фазилати касе, ки онро ҳангоми субҳ ва шом сад бор мегӯяд (саҳ. 65) аз ин китоб.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар касе инро: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре Қодиру Тавоност."
(Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайъин қадир) даҳ бор гӯяд, подошаш монанди касе аст, ки чаҳор нафар (ғулом) аз фарзандони Исмоилро озод кардааст.»[301] [301] Бухорӣ (7/67), рақами (6404), Муслим бо ҳамин лафз (4/2071), рақами (2693) ва нигаред: фазилати касе, ки онро дар як рӯз сад маротиба мегӯяд. Дуои рақами (93) (саҳ. 66) аз ин китоб.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ду калима аст, ки бар забон сабук буда (ба осонӣ адо мешавад) ва дар (тарозуи аъмол) гарон ва дар назди Раҳмон (Ҷалла Ҷалолуҳу) маҳбуб аст: "Аллоҳро аз ҳар айбу нуқсон пок медонам ва Ӯро бо ҳамду ситоиш ёд мекунам. Аллоҳи Бузургро аз ҳар айбу нуқсон пок медонам."[302] [302] Бухорӣ (7/168), рақами (6404), Муслим (4/2072), рақами (2694).
Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳи, Субҳаналлоҳил ъазим.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ин ки бигӯям: Аллоҳ аз ҳар айбу нуқсон пок аст. Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Аллоҳ бузургтар аст.
Субҳаналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ла илаҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулуъ мекунад.» [303] [303] Муслим (4/2072), рақами (2695).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Оё яке аз шумо нотавон аст, ки ҳар рӯз ҳазор ҳасана (савоб) ба даст оварад?» Яке аз нишастагон аз Ӯ пурсид: Чӣ гуна яке аз мо ҳазор ҳасана ба даст меорад? Фармуданд: "Сад маротиба тасбеҳ мегӯяд, пас барои ӯ ҳазор ҳасана навишта мешавад ё аз ӯ ҳазор гуноҳ пок карда мешавад.»[304] [304] Муслим (4/2073), рақами (2698).
Субҳаналлоҳ
«Касе, ки бигӯяд: Аллоҳи Бузургро аз ҳар айбу нуқсон пок медонам ва Ӯро бо ҳамду ситоиш ёд мекунам.
Субҳаналлоҳил ъазими ва биҳамдиҳи, барои ӯ дар биҳишт дарахти хурмое шинонда мешавад.»[305] [305] Ривояти Тирмизӣ (5/511), рақами (3464) ва Ҳоким (1/501), ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ (5/531) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/160).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Эй Абдуллоҳ ибни Қайс, оё туро ба ганҷе аз ганҷҳои биҳишт роҳнамоӣ накунам?» Гуфтам: Оре, эй Расули Худо. Фармуданд: «Бигӯ: "Нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳ."[306] [306] Бухорӣ бо Фатҳ (11/213), рақами (4206), Муслим (4/ 2076), рақами (2704).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор чиз аст: Аллоҳ аз ҳар айбу нуқсон пок аст. Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Аллоҳ бузургтар аст.
Субҳаналлоҳ валҳамду лиллаҳ ва ла илаҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар. Бароят боке нест, ки бо кадоме аз онҳо оғоз мекунӣ."[307] [307] Муслим (3/1685), рақами (2137).
Аъробие хидмати Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада гуфт: Сухане ба ман биёмӯз, то онро бигӯям. Фармуд: «Бигӯ: «Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест, Ӯро ҳеҷ шарике нест. Аллоҳ бисёр бузург аст. Ҳамду ситоиши бисёр аз они Аллоҳ аст. Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён, аз ҳар айбу нуқсон пок аст. Ҳеҷ тавон ва ҳеҷ қуввае нест, магар ба (ёрӣ ва қудрати) Аллоҳи Азизу Ҳаким.»
Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, Аллоҳу акбару кабиран, валҳамду лиллаҳи касиран, Субҳаналлоҳи раббил ъаламин, ла ҳавла ва ла қуввата илла биллаҳил ъазизил ҳаким. Гуфт: Инҳо барои Парвардигори ман аст, пас барои ман чист? Гуфт: «Бигӯ: "Худоё! Маро биёмурз, бар ман раҳм намо, маро ҳидоят кун ва ба ман рӯзӣ ато фармо."[308] [308] Ривояти Муслим (4/ 2072), рақами (2696) ва Абудовуд (1/ 220), рақами (832) илова кардааст: Пас чун аъробӣ баргашт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ба таҳқиқ, дасти худро аз хайр пур кард.»
Аллоҳуммағфир лӣ, варҳамнӣ, ваҳдинӣ, варзуқнӣ.
Чун марде мусалмон мешуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояш намозро омӯзонда ва сипас амраш менамуд, ки бо ин суханҳо дуо кунад: "Аллоҳумма иғфир лӣ, варҳамнӣ, ваҳдинӣ, ва ъофинӣ варзуқнӣ." [309] [309] Ривояти Муслим (4/ 2073), рақами (3697) ва дар ривояте аз ӯ низ омадааст: «Зеро инҳо дунёву охирататро барои ту ҷамъ мекунанд.»
Аллоҳуммағфир лӣ, варҳамнӣ, ваҳдинӣ, ва офинӣ варзуқнӣ.
"Ҳамоно беҳтарин дуо Ҳамд ва шукр барои Аллоҳ аст.
Алҳамду лиллаҳ Ва беҳтарин зикр «Ло илоҳа иллалоҳ» аст. Тарҷума: "Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ."[310] [310] Тирмизӣ (5/462), рақами (3383), ва Ибни Моҷаҳ (2/1249), рақами (3800), ва Ҳоким (1/503), ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва ниг: Саҳеҳул-ҷомеъ (1/362).
«Некиҳои доимӣ: "Аллоҳ аз ҳар айбу нуқсон пок аст. Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Аллоҳ бузургтар аст. Ва ҳеҷ тавон ва ҳеҷ қуввае нест, магар ба (ёрӣ ва қудрати) Аллоҳ." [311] [311] Ривояти Аҳмад, рақами (513) бо тартиби Аҳмад Шокир, ва нигаред ба Маҷмаъ-уз-завоид (1/297), ва Ибни Ҳаҷар дар Булуғ-ул-маром онро аз ривояти Абусаъид ба Насоӣ [дар китоби Кубро], рақами (10617) нисбат додааст ва гуфтааст: Ибни Ҳиббон, рақами (840) ва Ҳоким (1/541) онро саҳеҳ гуфтаанд.
Субҳаналлоҳ, валҳамду лиллоҳ ва ла илаҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар ва ла ҳавла ва ла қуввата илла биллоҳ.
131. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чӣ гуна тасбеҳ мегуфтанд?
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки тасбеҳ мешумурданд." ва дар ривояте илова шудааст: "бо дасти росташон."[312] [312] Ривояти Абудовуд бо лафзаш (2/81), рақами (1502), Тирмизӣ (5/521), рақами (3486), ва нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ (4/271), рақами (4865), Албонӣ дар Саҳеҳи сунани Абудовуд (1/411) саҳеҳаш гуфтааст.
132. Аз анвои хайр ва одоби ҷомеъ
Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Чун торикии шаб фаро расад – ё шом кардед – кӯдаконатонро боздоред (ба берун рафтан нагузоред), зеро шайтонҳо дар ин ҳангом паҳн мешаванд. Пас чун соате аз шаб гузашт, онҳоро раҳо кунед ва дарвозаҳоро баста кунед ва исми Худоро ёд кунед, зеро шайтон дарвозаи бастаро боз намекунад ва даҳани машкҳои обро бибандед ва исми Худоро ёд кунед ва сари зарфҳоятонро бипӯшед ва исми Худоро ёд кунед, агарчи чизе бар он бигзоред ва чароғҳоятонро хомӯш намоед.»[313] [313] Бухорӣ бо Фатҳ (10/ 88), рақами (5623), Муслим (3/ 1595), рақами (2012).
Ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ъало набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.
Related books
All books
Зикрҳое, ки субҳ ва шом гуфта мешаванд.57 забонЗикрҳое, ки субҳ ва шом гуфта мешаванд.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. (Аллоҳ Зотест, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст, на хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат мекунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад, ва ба илми Ӯ ҷуз он чи Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота дорад, нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландмартаба ва бузург аст!) Оятулкурсӣ (Сураи Бақара, ояти 255). (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда,…
Як хулосаи муфид барои мусалмон54 забонЯк хулосаи муфид барои мусалмон
Ин китоб ба таври мухтасар ва ҷомеъ баррасӣ шуда, асосҳои ибодати дуруст ва маънии имон ба Аллоҳ, фариштагон, китобҳои Ӯ, паёмбарони Ӯ, рӯзи қиёмат ва тақдирро ба хонандагон баён мекунад. Китоб бо баёни неъматҳои Ислом ва аҳамияти шинохти Аллоҳ, сифатҳо ва номҳои зебои ӯ оғоз мешавад, сипас дар бораи панҷ рукни Ислом ва рукнҳои имон сухан меронад, ҳамон гуна, ки мафҳуми эҳсон ва таъсири он бар мӯъмин баррасӣ мешавад. Китоб бо такя ба далелҳо аз ду ваҳй, Қуръон ва Суннат, аз дигар китобҳо мутафовит аст, ки онро барои ба шеваи содда омӯзонидани усулҳои дин барои мусалмон, ба як сарчашмаи муҳим…
Ақидаи дуруст ва мухолифи он48 забонАқидаи дуруст ва мухолифи он
Таълиф Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муқаддима Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест ва бар хонадону асҳобаш бод.
Таҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат46 забонТаҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат
Ин китоб аҳкоми ҳаҷ, умра ва зиёратро мувофиқи Китобу Суннат шарҳ дода, вазифаҳои ҳаҷ, умра, мамнуоти замони эҳром ва одоби зиёрати Масҷиди набавиро баён мекунад ва аз бидъатҳо дар ин шаоир ҳушдор медиҳад.