Ба номи Аллоҳ, ки ҳамроҳ бо номи Ӯ ҳеҷ чиз дар замину осмон зараре намерасонад ва Ӯ Шунавову Доност.(се маротиба).
Ин ки Аллоҳ Парвардигорам аст, Ислом динаму Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) паёмбар аст, розӣ ҳастам.(се маротиба).
Мо ва тамоми ҷаҳониён барои Аллоҳ субҳ кардем. Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст ва ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст, ҳеҷ шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз Қодиру Тавоност.
Парвардигоро! Аз Ту хайри он чи дар ин рӯз ҳаст ва хайри он чи баъд аз он меояд, талаб дорам ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чи дар ин рӯз ҳаст ва бадии он чи баъд аз он меояд. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз танбалӣ ва пирӣ ва бадиҳои пирӣ. Парвардигоро! Ба Ту паноҳ мебарам аз азоби ошати дӯзах ва азоби қабр.Ва дар вақти шом мегӯяд:Мо ва тамоми ҷаҳониён барои Аллоҳ бегоҳ кардем.Ва мегӯяд:Правардигоро! Хайру некии ин шабро мехоҳам ...То охир ба ҷои (Ба субҳидам расидем ва ба субҳ расид) ва ба ҷои (ин рӯз) (ин шаб).
Эй Аллоҳ! Бо кумаки Ту ба субҳ расидем ва бо кумаки Ту ба шом расидем ва бо кумаки Ту зинда мешавем ва бо кумаки Ту мемирем ва ба сӯи Туст бозгашти ҳама.Ва ҳангоми шом гуфта мешавад:Эй Аллоҳ! Бо кумаки Ту ба шом расидем ва бо кумаки Ту ба субҳ расидем ва бо кумаки Ту зинда мешавем ва ба кумаки Ту мемирем ва ба сӯи Туст бозгашт.
Эй Аллоҳ! Ҳар неъмате, ки ба ман дар ин субҳ ё ба ҳар яке аз махлуқотат расидааст, аз тарафи Ту асту бас, шарике надорӣ, пас барои Ту аст ҳамду сано ва барои Ту аст шукр.Ва ҳангоми шом мегӯяд:Ҳар неъмате, ки ба ман дар ин шаб...
(се маротиба).
Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират афву офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам.
Эй Аллоҳ! Ту Парвардигори ман ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, манро офаридӣ ва ман бандаи Ту ҳастам ва ман бар аҳду паймоне, ки бо Ту бастаам, дар ҳадди тавонам пойбанд ҳастам, ба Ту паноҳ мебарам аз шарри он чи анҷом додаам. Ба неъматҳое, ки бар ман додаӣ, эътироф мекунам ва ба гуноҳонам низ эътироф мекунам, пас маро бибахш, бетардид гуноҳро ҷуз Ту касе намебахшад.
Эй Аллоҳ, Офарандгори осмонҳову замин, донандаи пинҳону ошкор! Парвардигор ва подшоҳи ҳама чиз ҳастӣ, гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии нафсам ва бадӣ ва ширки шайтон ва аз ин ки ба худ кори баде кунам ва ё ба мусалмоне онро раво донам.
Эй Аллоҳ! Ман дар ин субҳ Туро гувоҳ мегирам ва ҳомилони Арш ва малоикаҳо ва паёмбарон ва тамоми махлуқотатро гувоҳ мегирам, ки фақат Ту Аллоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест ва ин ки Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) банда ва расули Туст.Ва ҳангоми шом мегӯяд:Эй Аллоҳ! Ман дар ин шом ...то охираш, (чаҳор маротиба).
Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре Қодиру Тавоност.(сад маротиба) дар субҳу шом.
Равиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
75 забон
Равиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
Дар китоби "Тарзи намозгузории Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)" Аллома Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ- сифати намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо услуби сода ва равиши дақиқ, бо такя ба далелҳои саҳеҳ хулоса намуда, дар он рукнҳои намоз, суннатҳо ва сифатҳои онро аз таҳорат то салом додан баён кардааст, то барои мусалмон дар намозаш роҳнамо бошад ва бо ҷамъи далелу баён ба пайравии комил аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бузургтарин ибодат даъват намояд.
Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам
65 забон
Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам
Китоби "Паёмбари Ислом Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам" зиндагии Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро аз насабу нашъунамо то издивоҷи муборак, оғози ваҳй ва ибтидои рисолати хотимавии ӯ баррасӣ намуда, нишонаҳои нубувват ва аломатҳои ростгӯияшро баён мекунад. Инчунин шариъатеро, ки овардааст ва нақши онро дар ҳифзи ҳуқуқ ва каромати инсон шарҳ медиҳад. Мавқеи мухолифонаш ва гувоҳиҳои онҳоро дар ҳаққи ӯ ошкор сохта, бар ахлоқи фозилае, ки ӯро намунаи ибрат барои мардум ва даъватгаре ба сӯи тавҳиди Холиқ гардонидааст, таъкид менамояд.