Skip to content

"Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям: (алиф, лом, мим), як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст".

«مَنْ قَرَأَ حَرْفًا مِنْ كِتَابِ اللهِ فَلَهُ بِهِ حَسَنَةٌ، وَالْحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا، لَا أَقُولُ {الم} حَرْفٌ، وَلَكِنْ {أَلِفٌ} حَرْفٌ، وَ{لَامٌ} حَرْفٌ، وَ{مِيمٌ} حَرْفٌ».

Ривояти Тирмизӣ
Ҳасан
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар мусалмоне, ки ҳарфе аз китоби Худо бихонад як ҳасана хоҳад гирифт ва савоби ӯ барояш то даҳчанд дода мешавад. Сипас онро баён фармуда гуфтанд: (Ман намегӯям «алиф лом мим» як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст). Пас он иборат аз се ҳарф аст, ки барояш сӣ савоб дода мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ташвиқ ба зиёд тиловат кардани Қуръон.

Барои тиловат кардани ҳар як ҳарфе аз Қуръон як ҳасана аст, ки ҳар ҳасана баробар аст ба даҳ ҳасана.

Вусъати фазл ва раҳмати Худованд, ки подоши бандагони некӯкорро чанд баробар медиҳад.

Фазилат ва бартарии Қуръон бар дигар суханон, зеро он сухани Худованд ва хондани он ибодат аст.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (5/ 33) (2910).

Бештар (8)

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (2/ 229).

سلسلة الأحاديث الصحيحة.

للألباني (7/ 970).

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (4/ 655).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمصطفى الخِن وغيره (1/ 742).