Skip to content

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз

Аз Варрод, котиби Муғира ибни Шуъба ривоят аст, ки гуфт: Муғира дар номае, ки барои ӯ ба Муъовия менавиштам чунин гуфт:

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз чунин мегуфтанд: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ атокунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад."

أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَقُولُ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ مَكْتُوبَةٍ: «لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، اللَّهُمَّ لَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ، وَلَا يَنْفَعُ ذَا الْجَدِّ مِنْكَ الْجَدُّ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҳар намози фарз чунин мегуфт: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ ато кунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад." Яъне: Ман ба калимаи тавҳид иқрор ва эътироф мекунам, ки "Ло илоҳа илла Аллоҳ" аст. Бинобар ин ибодати ҳақиқиро танҳо барои Аллоҳ собит мекунам ва аз ғайри Ӯ нафйи мекунам. Пас маъбуди барҳақ нест, ҷуз Аллоҳ Таъоло. Ва иқрор дорам, ки фармонравоии ҳақиқӣ ва комил азони Аллоҳ аст. Ва ҳама ҳамди аҳли осмонҳо ва замин шоистаи Аллоҳ Таъоло аст, зеро Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст. Ва он чи Аллоҳ тақдир намудааст, - ато кардан бошад ё боздоштан - боздоранда ва манъкунандае надорад. Ва сарвати сарватманд назди Ӯ суде барояш надорад, балки амали неки ӯст, ки судманд аст.

Маънои калимаҳо

أملى: ألقى علي لأكتب.

لا ينفع ذا الجد منك الجدّ: لا ينفع ذا الغنى منك غناه.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ин зикрро баъди ҳар намоз гуфтан мустаҳаб аст, зеро лафзҳои тавҳид ва ҳамдро дар худ дорад.

Пешдастӣ дар пайравӣ аз суннат ва паҳн кардани он.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 168) (844).

Саҳеҳ Муслим (1/ 414) (593).

Бештар (4)

عمدة القاري شرح صحيح البخاري (6/ 134).

المفهم لما أشكل من تلخيص كتاب مسلم (2/ 84).

النهاية في غريب الحديث والأثر (ص140).

البحر المحيط الثجاج في شرح صحيح الإمام مسلم بن الحجاج (13/ 181).