"Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".
Аз Абдуллоҳ ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде гуфт: "Эй Расули Худо, аҳкоми ислом бар ман зиёд шудааст, чизе ба ман бигӯ, ки ба он чанг бизанам". Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".
«لاَ يَزَالُ لِسَانُكَ رَطْبًا مِنْ ذِكْرِ اللَّهِ».
Марде назди Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ибодатҳои нафлӣ (яъне суннату мустаҳабҳо) барояш бисёр шудаанд ва ба сабаби заъфаш аз иҷрои онҳо оҷиз мондааст. Сипас аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиш кард, ки амали осонеро ба ӯ нишон диҳад, ки савоби бисёр дошта бошад ва битавонад ба он амал чанг занад ва пойбанд бошад. Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.
Фазилати мудовимат бар зикри Аллоҳ Таъоло.
Аз бузургтарин фазли Худо осон кардани роҳҳои ба даст овардани савоб аст.
Бартарии бандагон бар якдигар, саҳми онҳо дар корҳои некӣ ва хайр аст.
Зиёд зикр кардани номи Аллоҳ бо забон, бо тасбеҳ, таҳмид, таҳлил, такбир ва ғайра, ҳамроҳ бо мувофиқати дил, ҷойгузини бештари ибодатҳои нафлӣ аст.
Мурооти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар посухи саволдиҳанда ба он чи ки муносиби ҳолати ӯ аст.
Сунани Тирмизӣ (5/ 388) (3375).
Сунани ибни Моҷаҳ (4/ 707) (3793).
Муснади Аҳмад (29/ 226) (17680).
Бештар (8)
جامع العلوم والحكم في شرح خمسين حديثا من جوامع الكلم.
لابن رجب الحنبلي (2/ 510).
التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية.
لإسماعيل الأنصاري (ص104).
فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.
للنووي وابن رجب (ص154).
الأحاديث الأربعون النووية وعليها الشرح الموجز المفيد.
لعبد الله بن صالح المحسن (ص93).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
4 Китобҳо- Сипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннатحصن المسلم"Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".[9]
Бештар (3)
- الذكر والدعاء والعلاج بالرقي من الكتاب والسنةيا رسول الله إن شرائع الإسلام قد كثرت عليَّ فأخبرني بشيءٍ أتشبث به. قال: "لا يزال لسانك رطباً من ذكر الله".
- رياض الصالحينرياض الصالحين مع فوائد وهدايات - 7«لايزالُ لسانُكَ رطباً من ذكر الله».
- نبراس طالب (2)نبراس طالب (2) «لَا يَزَالُ لِسَانُكَ رَطْبًا مِنْ ذِكْرِ اللَّهِ»