Skip to content

"Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед".

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед".

«أَقْرَبُ مَا يَكُونُ الْعَبْدُ مِنْ رَبِّهِ وَهُوَ سَاجِدٌ، فَأَكْثِرُوا الدُّعَاءَ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигор дар ҳолати саҷда будан аст, зеро дар ин ҳолат намозгузор гиромитарин узви бадани худро аз рӯи фурӯтанӣ ва хоксорӣ ва тавозуъ дар баробари Аллоҳи Мутаъол, бар замин мегузорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додаанд, ки банда то метавонад дар ҳоли саҷда бештар дуо кунад, ки он фурӯтанӣ назди Худованд дар қавл ва дар амалро ба ҳам меорад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Тоату ибодат бандаро ба Аллоҳи Мутаъол наздиктар мекунад.

Бисёр дуо кардан дар ҳоли саҷда амали мустаҳаб аст, зеро он аз ҳолатҳое аст, ки дуо қабул мешавад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (1/ 350) (482).

Бештар (6)

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (5/ 509).

تطريز رياض الصالحين.

لفيصل المبارك (ص780).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (2/ 506).