Skip to content

"Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ".

Аз Самура ибни Ҷундуб (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ".

«أَحَبُّ الْكَلَامِ إِلَى اللهِ أَرْبَعٌ: سُبْحَانَ اللهِ، وَالْحَمْدُ لِلهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَاللهُ أَكْبَرُ، لَا يَضُرُّكَ بِأَيِّهِنَّ بَدَأْتَ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор сухан аст: Субҳоналлоҳ: яъне пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна нуқсон ва камбудӣ. Алҳамдулиллоҳ: яъне васфи Аллоҳ бо камоли том ва муҳаббату бузургдошти Ӯ. Ло илоҳа иллаллоҳ: яъне нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ. Аллоҳу акбар: яъне Аллоҳ бузургу гиромитар ва боиззаттар аз ҳама чиз аст. Фазилат ва касби савоби зикрҳои мазкур вобаста ба риоят дар ба тартиб гуфтани онҳо нест.

Аз фоидаҳои ҳадис

Осонӣ дар шариат, зеро боке вуҷуд надорад бо кадоме аз ин калимот оғоз мекунад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (3/ 1685) (2137).

(4/ 2093) (2731).

(4/ 2072) (2695).

Бештар (8)

توضيح الأحكام من بلوغ المرام.

للبسام (7/ 540).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 411).

فتح ذي الجلال والإكرام.

لابن عثيمين (6/ 477).

سبل السلام بشرح بلوغ المرام.

للصنعاني (2/ 706).