"Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир"
Аз Абуаюб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир", (Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, Ӯ Таъоло яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст, ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност) бигӯяд, подошаш монанди касе аст, ки чаҳор нафар (ғулом) аз фарзандони Исмоилро озод кардааст".
«مَنْ قَالَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، عَشْرَ مِرَارٍ كَانَ كَمَنْ أَعْتَقَ أَرْبَعَةَ أَنْفُسٍ مِنْ وَلَدِ إِسْمَاعِيلَ».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки ҳар кӣ бигӯяд: "Ло илоҳа иллоллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир", (Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, Ӯ Таъоло яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст, ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност). Яъне маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ, ки якто ва бешарик аст ва танҳо Ӯ мулки комилро дорад на дигарон ва Ӯ сазовори мадҳу сано ва ситоиш тавъам бо муҳаббат ва бузургдошт аст, Ӯ тавоно аст ва ҳеҷ чизе қодир ба нотавон ва оҷиз кардани Ӯ нест. Ҳар касе ин зикри бузургро дар як рӯз даҳ маротиба бигӯяд, монанди он аст, ки чаҳор барда аз насли Исмоил ибни Иброҳим озод кардааст. Ба таври махсус зикр шудани зурияи Исмоил, бинобар насаби шарифтар доштани онҳо аз дигарон аст.
Фазилати ин зикр, ки дар он ягона Худованди Мутаъолро ибодат кардан, Молик донистан, тамоми ҳамду ситоиш ва қудрати томро барои Ӯ донистан аст.
Подоши ин зикр барои касе, ки онро даҳ маротиба пай дар пай ва ё ҷудо мехонад, хоҳад расид.
Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 86) (6404).
Саҳеҳ Муслим (4/ 2071) (2693).
Бештар (8)
توضيح الأحكام من بلوغ المرام.
للبسام (7/ 533).
منحة العلام في شرح بلوغ المرام.
لعبد الله الفوزان (10/ 399).
فتح ذي الجلال والإكرام.
لابن عثيمين (6/ 465).
سبل السلام بشرح بلوغ المرام.
للصنعاني (2/ 703).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
4 КитобҳоБештар (3)
- الذكر والدعاء والعلاج بالرقي من الكتاب والسنة"من قال لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك، وله الحمد، وهو على كل شيء قدير عشر مرار. كان كمن أعتق أربعة أنفس من ولد إسماعيل".
- تحفة الأخيار تحفة الأخيار (ببيان جملة نافعة مما ورد في الكتاب والسنة من الأدعية والأذكار)«مَنْ قَالَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، عَشْرَ مِرَارٍ كَانَ كَمَنْ أَعْتَقَ أَرْبَعَةَ أَنْفُسٍ مِنْ وَلَدِ إِسْمَاعِيلَ» [14]
- شرح الأصول الثلاثة«مَنْ قَالَ: لَا إِلَهَ إلَّا اللَّهُ خَالِصًا مِنْ قَلْبِهِ»