Skip to content

"Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд: "Субҳоналлоҳи-л-ъазим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".

«كَلِمَتَانِ خَفِيفَتَانِ عَلَى اللِّسَانِ، ثَقِيلَتَانِ فِي الْمِيزَانِ، حَبِيبَتَانِ إِلَى الرَّحْمَنِ: سُبْحَانَ اللهِ الْعَظِيمِ، سُبْحَانَ اللهِ وَبِحَمْدِهِ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ду калима фармуданд, ки инсон ба осонӣ ва дар ҳар ҳолате метавонад ба забон оварад, подоши онҳо дар мизон бисёр бузург аст ва Худованд он ду калимаро дӯст медорад: "Субҳоналлоҳил-азим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи", дар ин ду калима васфи Худованд ба азамат ва камол ва танзиҳи Ӯ Таборак ва Таъоло аз навоқис аст.

Маънои калимаҳо

.....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Бузургтарин зикр ҳамон аст, ки танзиҳ ва ситоиши Аллоҳ дар он ҷамъ оянд.

Баёни вусъати раҳмати Аллоҳ бар бандагон, ки Ӯ Таъоло барои амали андак подоши бузург медиҳад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 86) (6406).

Саҳеҳ Муслим (4/ 2072) (2694).

Бештар (4)

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 480).

فتح ذي الجلال والإكرام بشرح بلوغ المرام.

لابن عثيمين (6/ 519).