"Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
Аз Абуҳумайд ё Абуусайд ривоят аст, ки гуфт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
«إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمُ الْمَسْجِدَ فَلْيَقُلِ: اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ، وَإِذَا خَرَجَ فَلْيَقُلِ: اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ».
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро ба дуое, ки ҳангоми ворид шудан ба масҷид гуфта мешавад, ҳидоят кард: (Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун), пас аз Аллоҳ Таъоло талаб мекунад, ки асбоби раҳматашро барои ӯ фароҳам оварад. Ва чун хост аз масҷид берун равад, бигӯяд: (Бор илоҳо, аз фазли Ту металабам), пас аз Аллоҳ Таъоло фазли Ӯ ва эҳсони бештари Ӯ аз ризқи ҳалолро бихоҳад.
Хондани ин дуо ҳангоми даромадан ба масҷид ва баромадан аз он мустаҳаб аст.
Зикри "раҳмат" ба таври хос ҳангоми ворид шудан ба масҷид ва ёд кардан аз "фазл" ҳангоми хориҷ шудан аз масҷид барои он аст, ки касе, ки ба масҷид дохил мешавад, машғул ба чизе мешавад, ки ӯро ба Аллоҳ ва биҳишташ наздик месозад. Пас, зикри "раҳмат" дар ин мақом муносиб аст. Ва чун аз масҷид берун меравад, дар роҳи касби фазлу неъмат ва рӯзии Аллоҳ талош мекунад, пас ёд кардан аз "фазл" дар ин ҷойгоҳ муносиб аст.
Ин зикрҳо ҳангоми даромадан ба масҷид ва баромадан аз он гуфта мешавад.
Саҳеҳ Муслим (1/ 494) (713).
Бештар (3)
الكاشف عن حقائق السُّنن (3/935).
فيض القدير (1/ 336).
ذخيرة العقبى (9/153).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
10 Китобҳо- Сипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннатحصن المسلمАллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлик
- Фазоил ва одоби Масҷиди набавӣ ва аҳкоми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду саҳобаи ӯ (разияллоҳу анҳумо)فضائل وآداب المسجد النبوي، وأحكام زيارة قبر النبي عليه الصلاة والسلام وقبري صاحبيه"Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика." (19)
Бештар (8)
- الذكر والدعاء والعلاج بالرقي من الكتاب والسنة"إذا دخل أحدكم المسجد فليقل: اللهم افتح لي أبواب رحمتك. وإذا خرج فليقل: اللهم إني أسألك من فضلك".
- المختصر في آداب السفر وصفة الحج والعمرة وآداب الزيارة والأدعية الجامعة مع ملحق بالفتاوى والمخالفات2- المختصر في صفة الحج وأحكامه (للحرمين)«اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ»[2]،
- المختصر في صفة الحج وأحكامهالمختصر في صفة الحج والعمرة«اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ»[2]،
- رسالة في الأذكار1«إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمُ المَسْجِدَ فَلْيَقُلِ: اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ، وَإِذَا خَرَجَ فَلْيَقُلِ: اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ».
- ما لا يسع أطفال المسلمين جهله«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ»[150].
- ما لا يسع أطفال المسلمين جهلهج: «اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ»[221].
- ما لا يسع أطفال المسلمين جهلهج: «اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ»[222].
- مجموعة زاد التربية الإسلامية (3)، والسيرة النبوية (3)التربية الإٍسلامية -3- «اللهم إني أسألك من فضلك»