Китоби «Дуо» ҳамроҳ бо «Табобат бо руқя аз Қуръон ва Суннат»
Муаллиф Бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Китоби «Дуо» ҳамроҳ бо «Табобат бо руқя аз Қуръон ва Суннат»
Дуо аз Қуръон ва Суннат
Муаллиф
Бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло
Доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Муқаддима
Ҳамду сано танҳо хоси Аллоҳ аст. Ӯро ҳамду сано мегӯем, аз Ӯ мадад меҷӯем ва аз Ӯ омурзиш металабем. Аз бадиҳои нафсҳои худ ва аз корҳои ношоистаи худ ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳкунандае барои ӯ нест, ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳидояткунандае барои ӯ нест. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи Ягона нест, ки шарике надорад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Дуруду салом ва баракоти Аллоҳ бар ӯ бод, ҳамчунин бар аҳли байт, саҳобагони ӯ ва бар тамоми касоне, ки то рӯзи қиёмат бо некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд. Аммо баъд:
Ин мухтасаре аз китобам - «Зикр, дуо ва муолиҷа бо руқя аз Қуръон ва Суннат» [1] мебошад. Дар он бахши дуоро ихтисор намудам, то истифода аз он осон гардад, иншоаллоҳ. Ҳамчунин ба он дуоҳо ва дигар фоидаҳои судмандеро илова кардам. Аз Аллоҳ Азза ва Ҷалла бо номҳои некӯ ва сифатҳои волояш дархост менамоям, ки ин амалро холис ва танҳо барои ризои Хеш гардонад. Ҳамоно Ӯ сарпарасти ин кор ва тавоно бар анҷом додани он аст. [1] Сипос Аллоҳро, ки матни аслии мазкур, бо таҳқиқ ва тахриҷи муфассали аҳодисаш дар чор ҷилд ба нашр расидааст: «Азкор (Паноҳгоҳи мусалмон)» дар ҷилди якум ва дуюм, «Дуо» дар ҷилди сеюм ва «Муолиҷа бо руқя» дар ҷилди чаҳорум.
Ва дуруду салом ва баракоти Аллоҳ бар Паёмбари мо Муҳаммад, бар аҳли байт, саҳобагонаш ва ҳамаи пайравони некӯкори ӯ то рӯзи қиёмат бод.
Навиштаи: Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ
Дар моҳи шаъбони 1408 ҳиҷрӣ таҳрир шуд.
Фазилати дуо
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Парвардигори шумо фармуд: «Маро бихонед (дуо кунед), то шуморо иҷобат намоям. Ҳамоно касоне, ки аз ибодати Ман такаббур меварзанд, ба зудӣ бо хорӣ ва залилӣ ба ҷаҳаннам дохил хоҳанд шуд.») (Сураи Ғофир, ояти 60). Ва Худованди Азза ва Ҷалла мефармояд: (Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро мехонад – иҷобат мекунам, пас, [онон фақат] бояд даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон биёваранд; то бошад, ки роҳи ростро ёбанд.) (Сураи Бақара, ояти 186). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Дуо худ ибодат аст. Парвардигори шумо фармудааст: Маро бихонед, то шуморо иҷобат намоям».[2], Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳамоно Парвардигори шумо, Таборак ва Таъоло, бисёр боҳаё ва бахшанда аст. Ӯ аз бандаи Худ шарм медорад, ки вақте дастҳои худро ба сӯяш бардорад, онҳоро тиҳӣ ва ноумед бозгардонад»[3], Ва низ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳеҷ мусалмоне нест, ки дуое кунад, ки дар он гуноҳ ё қатъи пайванди хешутаборӣ набошад, магар ин ки Худованд ба сабаби он дуо яке аз се чизро ба ӯ ато мекунад: ё дуояшро зуд иҷобат менамояд, ё савоби онро барои ӯ дар охират захира мекунад, ё ба андозаи он дуо бадиеро аз ӯ дур месозад». Саҳобаҳо гуфтанд: — Пас мо бисёр дуо мекунем? Фармуд: — «Худованд бештар (аз он) ато мекунад».[4]. [2] Абудовуд (2/78), рақами (1481), Тирмизӣ (5/211), рақами (2959), Ибни Моҷаҳ (2/1258), рақами (3828), ва Албонӣ (раҳимаҳуллоҳ) онро дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ-ус-сағир (3/150) ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/324) саҳеҳ донистааст. [4] Ривояти Тирмизӣ (5/566) ва (5/462), рақами (3573) ва Аҳмад (3/18), рақами (11150), Албонӣ онро дар Саҳеҳул-ҷомеъус-сағир (5/116) ва Саҳеҳи сунани Тирмизӣ (3/140) саҳеҳ гуфтааст. [3] Ривояти Абудовуд (2/ 78), рақами (1488), Тирмизӣ (5/ 557), рақами (3556), Ибни Моҷаҳ (2/ 1271), рақами (3865) ва Ибни Ҳаҷар гуфтааст: «санадаш хуб аст» ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/ 179) саҳеҳ донистааст.
Аз одоби дуо ва сабабҳои қабул шудани он [5]: [5] Ба ин одоб ва сабабҳои қабул шудани он ҳамроҳ бо далелҳояш ба китоби асосӣ (3/927-975) бозгардед.
1- Ихлос барои Аллоҳ Таъоло.
2 - Дуоро бо ҳамду санои Худо оғоз кардан, сипас бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд фиристодан ва бо ҳамин шакл ба поён расонидан.
3- Бо қатъият дуо намудан ва ба қабул шудани он яқин ҳосил кардан.
4 - Дар дуо исрор намудан ва шитоб накардан.
5 - Ҳузури дил ҳангоми дуо.
6 - Дар ҳолати осоиш ва сахтӣ дуо кардан.
7- Танҳо аз Аллоҳ дархост намудан.
8 - Бар аҳли хонадон, молу мулк, фарзандон ва худ дуои бад накардан.
9 - Садои дуоро миёни паст ва баланд нигоҳ доштан.
10 - Ба гуноҳ иқрор шудан, барои он истиғфор кардан, инчунин неъматҳои Худоро эътироф намуда, барои онҳо шукргузорӣ кардан.
11 - Дар дуо худро ба суханҳои қофиядор ва сунъӣ маҷбур накардан.
12 - Бо зориву тавозӯъ, хушӯъ, умед ва тарс дуо кардан.
13- Бо тавба ҳаққи мардумро баргардондан ва зулмҳоро ҷуброн намудан.
14- Дуоро се бор такрор кардан.
15 - Рӯ ба қибла овардан.
16- Ҳангоми дуо дастҳоро бардоштан.
17- Агар имкон бошад, пеш аз дуо таҳорат кардан.
18 - Дар дуо аз ҳад нагузаштан.
19- Вақте барои дигарон дуо мекунад, аввал барои худ дуо намояд [6]. [6] Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки баъзан дуоро аз худ оғоз мекарданд. Ҳамчунин собит шудааст, ки дар баъзе ҳолатҳо аз худ оғоз намекарданд, монанди дуояшон барои Анас, Ибни Аббос, Умми Исмоил ва дигарон. Барои тафсилоти бештар дар ин масъала нигаред ба: Шарҳи Нававӣ бар «Саҳеҳи Муслим» (15/144); «Туҳфату-л-Аҳвазӣ» шарҳи «Сунани Тирмизӣ» (9/328); «Фатҳу-л-Борӣ» шарҳи «Саҳеҳи Бухорӣ» (1/281).
20 - Ба сӯи Худо бо номҳои зебои Ӯ ва сифатҳои волои Ӯ, ё бо амали неке, ки худ анҷом додааст, ё бо дуои шахси солеҳи зинда ва ҳозир васила ҷустан.
21- Хӯрок, нӯшокӣ ва либос аз роҳи ҳалол бошад.
22 - Барои гуноҳ ё қатъи робитаи хешутаборӣ дуо накардан.
23- Ба корҳои нек амр кардан ва аз корҳои ношоиста боздоштан.
24- Аз ҳамаи гуноҳон ва маъсиятҳо дурӣ ҷустан.
Вақт, ҳолат ва мавзеъҳое, ки дар он дуо қабул мешавад [7]: [7] Ба таври муфассал дар бораи вақт, ҳолат ва мавзеъҳои қабули дуо ҳамроҳ бо далелҳояшон ба китоби асосӣ (3/ 975-1117) нигаред.
1- Шаби Қадр.
2 - Нимаи охири шаб.
3- Пас аз ҳар намози фарз.
4 - Байни азон ва иқомат.
5 - Соате аз ҳар шаб.
6 - Ҳангоми азони намозҳои панҷгона.
7- Вақти боридани борон .
8- Ҳангоми бархӯрди сафҳо дар роҳи Аллоҳ (дар ҷанг).
9 - Соате аз рӯзи ҷумъа.
Қавли саҳеҳ дар ин бора ин аст, ки ин вақт охирин соат аз соатҳои асри рӯзи ҷумъа мебошад ва шояд вақти хутба ва намоз бошад.
10- Ҳангоми нӯшидани оби Замзам бо нияти холису самимӣ.
11- Ҳангоми саҷда.
12. Ҳангоми бедор шудан аз хоб дар шаб ва дуои маъсур дар он.
13- Агар бо таҳорат хобида бошад, сипас шаб аз хоб бедор шавад ва дуо кунад.
14- Ҳангоми дуо кардан бо «Ло илоҳа илло анта субҳанака иннӣ кунту миназ-золимин», яъне (нест маъбуди барҳақ, магар Ту, Ту пок ҳастӣ. Ба ростӣ, ки ман аз ҷумлаи ситамкорон будам).
15- Дуои мардум баъд аз вафоти майит.
16- Дуо баъд аз сано бар Аллоҳ ва салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ташаҳҳуди охир.
17 - Ҳангоми дуо кардан ба Аллоҳ Таъоло бо номи бузурги Ӯ, ки агар касе бо он дуо кунад, иҷобат карда мешавад ва агар бо он пурсад, дода мешавад [8]. [8] Ба исми аъзами Аллоҳ дар ҳадисҳои (203), (104) ва (105)-и ин китоб, нигаред.
18 - Дуои ғоибонаи мусалмон дар ҳаққи бародари мусалмонаш.
19- Дуои рӯзи Арафа дар минтақаи Арафа.
20 - Дуо кардан дар моҳи Рамазон.
21- Ҳангоми ҷамъ шудани мусалмонон дар маҷлисҳои зикр.
22- Ҳангоми дуо кардан дар мусибат бо «Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун», яъне (Ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ Таъоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем). Худоё! Ба ман дар мусибатам подош бидеҳ ва барои ман дар ивазаш аз ин беҳтарро бидеҳ.».
23- Дуо кардан дар ҳолати рӯй овардани дил ба сӯи Аллоҳ ва зиёд шудани ихлос.
24- Дуои мазлум бар зидди касе, ки ба ӯ зулм кардааст.
25- Дуои падар барои фарзанд ва бар зарари фарзанд.
26- Дуои мусофир.
27- Дуои рӯзадор то даме ки ифтор кунад.
28- Дуои рӯзадор ҳангоми ифтор.
29- Дуои дармонда.
30- Дуои пешвои одил.
31- Дуо кардани фарзанди некӯкор барои падару модараш.
32- Дуои баъд аз вузӯ, агар бо дуои маъсур (ривоятшуда аз Паёмбар) дуо кунад.
33- Дуо баъди партофтани санг дар ҷамраи суғро (ҳаҷ).
34- Дуо баъди партофтани санг дар ҷамраи миёна (ҳаҷ).
35- Дуо дар дохили Каъба ва касе, ки даруни Ҳиҷр намоз хонда бошад, зеро он (Ҳиҷр) аз хонаи Худо (Каъба) аст.
36 - Дуо дар болои кӯҳи Сафо.
37 - Дуо дар болои кӯҳи Марва.
38- Дуо дар назди Машъарул-ҳаром.
Ва бандаи мӯъмин ҳамеша ва ҳар куҷое ки набошад, Парвардигори худро дуо мекунад, Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд: «Ва ҳар гоҳ бандагони Ман аз ту [эй Паёмбар] дар бораи Ман бипурсанд, пас (ба онҳо бигӯ:) Ман наздик ҳастам. Дуои дуокунандаро, вақте Маро бихонад, иҷобат мекунам. Пас бояд даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон оваранд, то бошад, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбанд.» (Сураи Бақара, ояти 186), Аммо ба ин вақту ҳолат ва мавзеъҳои зикршуда таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Дуо аз Қуръон ва Суннат
Ҳама ситоиш танҳо барои Аллоҳ ва дуруду салом бар касе бод, ки пас аз ӯ паёмбаре нест.
1 - Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. 1 Ҳама ситоишҳо махсуси Аллоҳ аст, Парвардигори ҷаҳониён. 2 Бахшандаи меҳрубон. 3 Молики рӯзи ҷазо. 4 [Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. 5 Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон]. 6 Роҳи касоне, ки ба онон неъмат додаӣ [паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон]. На роҳи касоне, ки гирифтори ғазаб шудаанд [яҳудиён] ва на роҳи гумроҳон [масеҳиён]. 7 (Сураи Фотиҳа, оятҳои 1-7).
2 - «Парвардигори мо, [аъмоли неки мо, аз ҷумла бинои ин хонаи муқаддасро] аз мо бипазир, ҳамоно Ту Шунавои Доно ҳастӣ.» [Сураи Бақара, ояти 127].
3 - «Ва тавбаи моро бипазир, зеро Ту Тавбапазир ва Меҳрубонӣ.» [Сураи Бақара, ояти: 128].
4 - «Парвардигоро, дар дунё ба мо некӣ ато кун ва дар охират низ некӣ ато кун ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.» (Сураи Бақара, ояти 201).
5 - «Шунидем ва итоат кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро металабем ва бозгашт ба сӯи Туст.» (Сураи Бақара, ояти 285).
6 - «Парвардигоро, агар фаромӯш кардем ё хато намудем, моро бозхост макун. Парвардигоро, бори гаронеро бар мо магузор, чунон ки бар пешиниён гузошта будӣ. Парвардигоро, он чиро ки тоқаташро надорем, бар дӯши мо магузор. Аз мо даргузар, моро биёмурз ва бар мо раҳм кун. Ту Сарпараст (-у корсоз)-и мо ҳастӣ, пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон.» (Сураи Бақара, ояти 286).
7 - «Парвардигоро, пас аз он ки моро ҳидоят кардӣ, дилҳои моро [аз роҳи рост] мунҳариф магардон ва аз ҷониби Худ раҳмате ба мо ато кун. Ҳамоно Ту бисёр бахшандаӣ.» (Сураи Оли Имрон, ояти 8).
8- «Парвардигоро, мо имон овардаем, пас гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.» (Сураи Оли Имрон, ояти 16).
9 - «Парвардигори ман, аз назди Худ ба ман фарзандони покиза ато кун. Ҳамоно Ту шунавандаи дуо ҳастӣ.» (Сураи Оли Имрон, ояти 38).
10 - «Парвардигоро, мо ба он чи нозил кардаӣ имон овардем ва аз Паёмбар пайравӣ намудем, пас моро дар сафи гувоҳон [Паёмбарону Мӯъминон] бинавис.» (Сураи Оли Имрон, ояти 53).
11 - «Парвардигоро, гуноҳони моро ва зиёдаравии моро дар корамон биёмурз, қадамҳои моро устувор гардон ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон.» (Сураи Оли Имрон, ояти 147).
12- «Парвардигоро, Ту инҳоро беҳуда наофаридаӣ. Поку муназзаҳ ҳастӣ. Пас моро аз азоби оташ нигоҳ дор. 191 Парвардигоро, ҳар касро, ки ба оташ дохил кунӣ, ҳақиқатан хор кардаӣ ва барои ситамкорон ёваре нест. 192 Парвардигоро, мо нидокунандаеро шунидем, ки ба имон фаро мехонд: “Ба Парвардигоратон имон оваред”, пас имон овардем. Парвардигоро, гуноҳони моро биёмурз, бадиҳои моро маҳв кун ва моро бо некон бимирон. 193 Парвардигоро, он чиро ки ба воситаи паёмбаронат ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва рӯзи қиёмат моро расво магардон. Ҳамоно Ту ҳаргиз хилофи ваъда намекунӣ 194 » (Сураи Оли Имрон, оятҳои 191-194).
13 - «Парвардигоро, мо имон овардаем, пас моро дар сафи гувоҳон [муъминон] бинавис.» (Сураи Моида, ояти 83).
14 - [Одам ва Ҳавво] Гуфтанд: «Парвардигоро, мо [бо сарпечӣ аз фармонат] бар худ ситам кардем. Агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳатман аз зиёнкорон хоҳем буд.» (Сураи Аъроф, ояти 23).
15 - «Парвардигоро, моро бо гурӯҳи ситамкорон дар якҷо қарор мадеҳ.» [Сураи Аъроф, ояти: 47].
16 - Бор Худоё «Ту Сарпараст (-ӯ корсоз)-и мо ҳастӣ, пас моро биёмурз ва бар мо раҳм кун, зеро Ту беҳтарини омурзандагон ҳастӣ. 155 Ва барои мо дар ин дунё некӣ бинавис ва ҳамчунин дар охират...» (Сураи Аъроф, оятҳои 155–156).
17 - «Худо барои ман басанда аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардаам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст.» (Сураи Тавба, ояти 129)
18 - «Парвардигоро, моро барои гурӯҳи ситамкорон мояи фитна қарор мадеҳ 85 ва бо раҳмати Худ моро аз гурӯҳи кофирон наҷот деҳ 86» [Сураи Юнус, оятҳои 85-86].
19 - [Нуҳ] Гуфт: «Парвардигори ман! ба Ту паноҳ мебарам аз он ки чизеро аз Ту бихоҳам, ки дар бораи он дониш надорам. Ва агар маро наёмурзӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд.» (Сураи Ҳуд, ояти 47).
20 - «Худоё! Эй «... Офаридгори осмонҳо ва замин! Ту Сарпарасти ман дар дунё ва охират ҳастӣ. Маро мусалмон бимирон ва ба сафи солеҳон ҳамроҳ гардон.» (Сураи Юсуф, ояти 101) [9] [9] Барои маълумоти бештар нигаред ба: Китоби Ал-фавоид, Ибни Қаййим (436) ва (437).
21 - «Парвардигоро, ин шаҳр [Макка]-ро амн гардон ва ману фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур нигоҳ дор.» [Сураи Иброҳим, ояти 35].
22 - «Парвардигоро, маро барподорандаи намоз қарор деҳ ва аз фарзандони ман низ. Парвардигоро, дуои маро бипазир.40» [Сураи Иброҳим, ояти 40].
23 - «Парвардигоро, маро, падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз.» [Сураи Иброҳим, ояти: 41].
24 - «Парвардигоро, аз ҷониби Худ бар мо раҳмате ато кун ва кори моро ба роҳи дурусту шоиста омода гардон.» (Сураи Каҳф, ояти 10).
25 - [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, синаамро кушода гардон, 25 кори маро осон кун.. 26 ва гиреҳи забонамро бикшо, 27 то суханамро бифаҳманд 28 .» [Сураи Тоҳо, оятҳои 25-28].
26 - «Парвардигоро, дониши маро зиёд гардон.» (Сураи Тоҳо, ояти 114).
27 - [Парвардигоро] «Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ту нест. Ту покӣ. Ба ростӣ, ман аз ҷумлаи ситамкорон будам.» (Сураи Анбиё, ояти 87).
28 - «Парвардигоро, маро танҳо магузор, дар ҳоле ки Ту беҳтарини ворисон ҳастӣ.» (Сураи Анбиё, ояти 89).
29 - «Парвардигоро, аз васвасаҳои шайтонҳо ба Ту паноҳ мебарам 97 ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, аз он ки онҳо назди ман ҳозир шаванд 98» [Сураи Муъминон, оятҳои 97-98].
30 - «Парвардигоро, мо имон овардаем. Пас моро биёмурз ва бар мо раҳм кун, зеро Ту беҳтарини меҳрубонҳо ҳастӣ.» (Сураи Муъминун, ояти 109).
31 - «Парвардигоро, [гуноҳонамонро] биёмурз ва [моро] раҳм кун, зеро Ту беҳтарини меҳрубонҳо ҳастӣ» (Сураи Муъминун, ояти 118).
32 - «Парвардигоро, азоби дузахро аз мо дур гардон, зеро азоби он ҳамеша домангир аст 65 Ҳамоно он (дӯзах) бадтарин ҷойи иқомат ва будубош аст 66» (Сураи Фурқон, оятҳои 65-66).
33 - «Парвардигоро! Аз ҳамсарону фарзандонамон барои мо равшании чашм ато кун ва моро пешвои парҳезгорон бигардон.» (Сураи Фурқон, ояти 74).
34 - «Парвардигоро! Ба ман (донишу) ҳикмат ато кун ва маро ба солеҳон ҳамроҳ гардон 83 Ва барои ман дар миёни ояндагон номи нек қарор деҳ 84 Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат бигардон 85» (Сураи Шуъаро, оятҳои 83-85).
35 - «Ва маро дар рӯзе, ки мардум барангехта мешаванд, шармсор магардон 87 Рӯзе, ки на мол суд мебахшад ва на фарзандон 88 Магар касе, ки бо дили пок [холӣ аз ширку нифоқ ва риё] назди Аллоҳ Таъоло ояд 89» (Сураи Шуъаро, оятҳои 87-89).
36 - «Парвардигоро! Ба ман тавфиқ деҳ, ки шукри неъматеро, ки бар ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва амали солеҳе анҷом диҳам, ки Ту аз он розӣ бошӣ. Ва маро бо раҳмати Худ дар миёни бандагони солеҳат дохил кун.» (Сураи Намл, ояти 19).
37- «...Парвардигоро! Ман ба нафси худ ситам кардам, пас маро биёмурз...» (Сураи Қасас, ояти 16).
38 - «Парвардигоро! Маро аз қавми ситамкор наҷот деҳ.» (Сураи Қасас, ояти 21).
39- «Умед аст, ки Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад.» (Сураи Қасас, ояти 22).
40- «Парвардигоро! Ман ба ҳар хайре, ки ба сӯям нозил кунӣ, ниёзмандам.» (Сураи Қасас, ояти 24)
41- «Парвардигоро! Маро бар қавми фасодкор ёрӣ деҳ.» (Сураи Анкабут, ояти 30).
42- «Парвардигоро! Ба ман [фарзанде] аз [ҷумлаи] солеҳон ато фармо.» (Сураи Соффот, ояти 100).
43- «Парвардигоро! Ба ман тавфиқ деҳ, ки шукри неъматеро, ки бар ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва амали солеҳе анҷом диҳам, ки Ту аз он розӣ бошӣ. Ва фарзандони маро низ ислоҳ фармо. Ҳамоно ман ба сӯи Ту тавба кардам ва аз мусалмонон ҳастам.» (Сураи Аҳқоф, ояти 15).
44- «Парвардигоро! Моро ва бародаронамонро, ки дар имон овардан аз мо пеш гузаштаанд, биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба мӯъминон кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро! Ҳамоно Ту бисёр Мушфиқ, Меҳрубонӣ.» [Сураи Ҳашр, ояти 10].
45- «Парвардигоро! Бар Ту таваккал кардем, ба сӯи Ту рӯй овардем ва бозгашти ҳама ба сӯи Туст.» (Сураи Мумтаҳана, ояти 4).
46- «Парвардигоро! Моро василаи озмоиши кофирон магардон ва моро биёмурз. Парвардигоро! Ҳамоно Ту Пирӯзманди Ҳаким ҳастӣ.» (Сураи Мумтаҳана, ояти 5).
47- «Парвардигоро! Маро, падару модарам ва ҳар шахси бо имоне, ки ба хонаи ман дохил шавад, инчунин ҳамаи мардону занони мӯъминро биёмурз.» (Сураи Нуҳ, ояти 28).
48- «Парвардигоро! Нури моро барои мо комил гардон ва моро биёмурз. Ҳамоно Ту бар ҳар чиз тавоноӣ.» (Сураи Таҳрим, ояти 8).
49- «Эй Аллоҳ! Маро ба ҳақиқат дар он чизҳое, ки мардум ихтилоф доранд, бо хости Худ ҳидоят кун. Ҳамоно Ту ҳар киро бихоҳӣ, ба роҳи рост ҳидоят мекунӣ.»[10]. [10] (Иқтибос аз Сураи Бақара, ояти 213).
Аллоҳуммаҳдинӣ лимахтулифа фиҳи минал ҳаққи би изника, иннака таҳдӣ ман ташаау ила сиротим мустақим.
50- «Эй Аллоҳ! Ба ман ҳикматеро ато кун, ки ҳар кас онро ёбад, ба таҳқиқ хайри фаровоне дарёфтааст.»[11]. [11] (Иқтибос аз Сураи Бақара, ояти 269).
Аллоҳумма аатинил ҳикматаллатӣ ман ӯтияҳаа фақад ӯтия хайран касиро.
51- «Эй Аллоҳ! Маро бо сухани устувор дар зиндагии дунё ва охират собитқадам гардон.»[12]. [12] (Иқтибос аз сураи Иброҳим, ояти 27).
Аллоҳумма саббитни бил-қавлис-собити фил-ҳаят-ид-дуня ва фил-охираҳ.
52- «Эй Аллоҳ! Имонро барои мо дӯстдоштатар гардон ва онро дар дилҳоямон зинат деҳ, ва куфр, фисқ ва нофармониро назди мо нописанд гардон ва моро аз роҳёфтагон қарор деҳ.»[13]. [13] (Иқтибос аз Сураи Ҳуҷурот, ояти: 7).
Аллоҳумма ҳаббиб илайнал-имона ва заййинҳу фи қулубино, ва карриҳ илайнал-куфра вал-фусуқа вал-ъисён, ваҷъална минар-рошидин.
53- «Эй Аллоҳ! Маро аз бухли нафсам ҳифз кун ва маро аз ҷумлаи растагорон бигардон.»[14]. [14] (Иқтибос аз сураи Тағобун, ояти 16).
Аллоҳумма қини шуҳҳа нафсӣ ваҷъални минал муфлиҳин
54- «Эй Аллоҳ! Ба мо дар дунё некӣ ва дар охират некӣ ато кун ва моро аз азоби оташи дӯзах нигоҳ дор.»[15]. [15] Бухорӣ, рақами (4522) ва рақами (6389), Муслим, рақами (2690).
Аллоҳумма отино фид-дуня ҳасанатав, ва фил-охирати ҳасанатав, ва қино азабан-нар.
55- «Эй Аллоҳ! Аз фитнаи оташ ва азоби оташ, аз фитнаи қабр ва азоби қабр, аз шарри фитнаи сарватмандӣ ва аз шарри фитнаи камбағалӣ ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Аз шарри фитнаи Масеҳи Даҷҷол ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Диламро бо оби барфу жола бишӯй ва онро аз гуноҳон пок кун, чунон ки либоси сафед аз палидӣ пок карда мешавад. Ва миёни ману гуноҳонам чунон дурӣ андоз, ки миёни машриқу мағриб дурӣ андохтаӣ. Эй Аллоҳ! Ба Ту аз танбалӣ, гуноҳ ва қарздорӣ паноҳ мебарам »[16]. [16] Бухорӣ, рақами (832), Муслим, рақами (589).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин фитнатин-нари ва азабин-нари, ва фитнатил-қабри, ва азабил-қабри, ва шарри фитнатил-ғина, ва шарри фитнатил-фақри, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин шарри фитнатил-масиҳид-даҷҷали, Аллоҳуммағсил қалбӣ бимаис-салҷи вал-баради, ва наққи қалбӣ минал-хатая кама наққайтас-савбал-абйаза минад-данаси, ва боъид байнӣ ва байна хатаяйа кама боъадта байнал-машриқи вал-мағриб, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-касали вал-маъсами вал-мағрам.
56- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз нотавонӣ, танбалӣ, тарсончакӣ, пирии нотавонкунанда ва бухл. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг.»[17]. [17] Бухорӣ, рақами (2823), Муслим, рақами (2706).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал ъаҷзи, вал касали, вал ҷубни, вал ҳарами, вал бухли, ва аъузу бика мин азабил қабри, ва мин фитнатил маҳя вал мамат.
57- «Эй Аллоҳ! Ба Ту аз сахтии бало, расидани бадбахтӣ, бадии тақдир ва шодии душманон аз мусибати ман паноҳ мебарам.»[18]. [18] Бухорӣ, рақами (6347), Муслим, рақами (2707) ва лафзи он чунин аст: «Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз сахтии бало, расидани бадбахтӣ, бадии тақдир ва шодии душманон (дар мусбати як мусалмон) паноҳ мебурданд».
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ҷаҳдил балои, ва даракиш шақои, ва сӯил қазои, ва шамотатил аъдо.
58- «Эй Аллоҳ! Дини маро, ки нигоҳдорандаи тамоми корҳои ман аст, ислоҳ намо. Дунёи маро, ки рӯзгори ман дар он аст, ислоҳ намо. Охирати маро, ки бозгашти ман ба он ҷост, ислоҳ намо. Зиндагиро барои ман сабаби афзоиши ҳар хайру некӣ гардон ва маргро барои ман осоиш аз ҳар бадӣ қарор деҳ.»[19]. [19] Ривояти Муслим, рақами (2720).
Аллоҳумма аслиҳ ли динийаллазӣ ҳува ъисмату амри, ва аслиҳ ли дунёяллатӣ фиҳа маъаши, ва аслиҳ ли ахиратияллатӣ фиҳа маъади, ваҷъалил ҳаята зиядатал ли фи кулли хайр, ваҷъалил мавта роҳатал ли мин кулли шарр.
59- «Эй Аллоҳ! Аз Ту ҳидоят, парҳезгорӣ, покдоманӣ ва бениёзиро мехоҳам.»[20]. [20] Ривояти Муслим, рақами (2721).
Аллоҳумма иннӣ асъалукал-ҳуда, ват-туқа, вал-афафа, вал-ғина.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ъаҷзи, вал-касали, вал-ҷубни, вал-бухли, вал-ҳарами, ва ъазобил-қабри, Аллоҳумма оти нафсӣ тақвоҳа, ва заккиҳа анта хайру ман заккоҳа, анта валийюҳа ва мавлоҳа, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ъилмин ло янфаъ, ва мин қалбин ло яхшаъ, ва мин нафсин ло ташбаъ, ва мин даъватин ло юстаҷобу лаҳа.
61- «Эй Аллоҳ! Маро ҳидоят кун ва дар роҳи дуруст устувор гардон. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҳидоят ва ростиро мехоҳам. [22]. [22] Ривояти Муслим, рақами (2725).
Аллоҳуммаҳдинӣ ва саддиднӣ, Аллоҳумма иннӣ асъалукал-ҳуда вас-садад
62- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз заволи неъматат, аз тағйир ёфтани офиятат, аз ногаҳон расидани азобат ва аз тамоми хашмат»[23]. [23] Ривояти Муслим, рақами (2739).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин заволи ниъматика, ва таҳаввули ъофиятика, ва фуҷоати ниқматика, ва ҷамиъи сахатик.
63- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз шарри он чӣ анҷом додаам ва аз шарри он чӣ анҷом надодаам» [24]. [24] Ривояти Муслим, рақами (2716).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин шарри ма ъамилту, ва мин шарри ма лам аъмал.
64- «Эй Аллоҳ! Молу фарзанди маро зиёд гардон ва дар он чӣ ба ман додаӣ, баракат ато кун»[25], «[Умри маро дар тоати Худ дароз гардон, амаламро неку шоиста бигардон,] ва маро биёмурз»[26]. [25] Дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаққи Анас бар ин далолат мекунад: «Бор Худоё, молу фарзанди ӯро афзун гардон ва дар он чӣ ба ӯ ато фармудаӣ, барояш баракат бидеҳ», Бухорӣ, рақами (1982) ва Муслим, рақами (660). [26] Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад, рақами (653), Албонӣ дар Силсила ал-аҳодис ас-саҳиҳа, рақами (2241) ва дар Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад, саҳ. (244) онро саҳеҳ гуфтааст ва он чӣ дар байни қавсайн аст, далолат ба фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунад, ки вақте аз эшон пурсида шуд: беҳтарини мардум кист? Фармуданд: «Касе, ки умраш дароз ва амалаш нек бошад», Тирмизӣ, рақами (2329) ва Аҳмад, рақами (17716), Албонӣ дар Саҳеҳ ат-Тирмизӣ (2/271) онро саҳеҳ гуфтааст ва аз шайхи бузургворамон Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) дар бораи дуо кардан бо он пурсидам, ки оё он суннат аст? Гуфтанд: (Бале).
Аллоҳумма аксир молӣ, ва валадӣ, ва борик лӣ фимо аътайтанӣ, [ва атил ҳаётӣ ъало тоъатика, ва аҳсин ъамалӣ,] вағфир лӣ.
65- «Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳи Бузург ва Бурдбор нест. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ, Парвардигори Арши Бузург нест. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ, Парвардигори осмонҳо ва замин ва Парвардигори Арши Карим нест» [27]. [27] Бухорӣ, рақами (6345), Муслим, рақами (2730)."
Ла илаҳа иллаллоҳул-ъазимул-ҳалим, ла илаҳа иллаллоҳу раббул-аршил-ъазим, ла илаҳа иллаллоҳу раббус-самавати, ва раббул-арзи, ва раббул-аршил-карим.
66- «Эй Аллоҳ! Ба раҳмати Ту умед дорам, пас маро ба андозаи як мижа задан ҳам ба худ во магузор ва тамоми корҳои маро ислоҳ намо. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест»[28]." [28] Абудовуд, рақами (5090), Аҳмад (5/42), ва Албонӣ дар «Саҳеҳи Абудовуд» (3/250) ва дар «Саҳеҳи Адабул-муфрад» (260) онро ҳасан донистааст, ва Аллома Ибни Боз низ санади онро дар «Туҳфатул-ахёр» (саҳ. 24) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма раҳматака арҷу фала такилни ила нафси тарфата айн, ва аслиҳ ли шаъни куллаҳу ла илаҳа илла ант
67- «(Худоё) Нест маъбуди барҳақ, магар Ту, Ту покӣ ба ростӣ, ки ман аз ситамкорон будам»[29]. [29] Тирмизӣ рақами (3505) ва Ҳоким, ки онро саҳеҳ дониста ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/505) ва Албонӣ дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/ 168) онро саҳеҳ шуморидааст ва лафзаш чунин аст: «Дуои Зуннун ҳангоме ки дар шиками моҳӣ дуо кард (чунин буд): «Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест, Ту покӣ, ба дурустӣ ки ман аз ситамкорон будам» [Анбиё: 87], зеро ҳеҷ мусалмоне барои чизе бо ин дуо талаб накардааст, магар ин ки Худованд дуояшро иҷобат фармудааст».
Ла илоҳа илла анта субҳонака иннӣ кунту миназ-золимин
68- «Эй Аллоҳ! Ман бандаи Ту, фарзанди бандаи Ту ва фарзанди канизи Ту ҳастам, ихтиёри ман дар дасти Туст, ҳукми Ту дар ҳаққи ман ҷорист ва қазои Ту дар ҳаққи ман адолат аст. Аз Ту бо ҳар номе, ки аз они Туст ва Худро бо он номидаӣ, ё дар китоби Худ нозил кардаӣ, ё ба касе аз бандагонат омӯхтаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ маҳфуз доштаӣ, дархост мекунам, ки Қуръонро баҳори дилам, нури синаам, бартарафкунандаи андӯҳам ва дуркунандаи ғамам бигардонӣ»[30]. [30] Аҳмад (1/391, 452) ва Ҳоким (1/509) ва Ҳофиз онро дар «Тахриҷи азкор» ҳасан донистааст ва Албонӣ онро дар «Тахриҷи калими таййиб» (саҳ. 73) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннӣ абдука ибну абдика ибну аматика, носиятӣ биядика, мозин фийя ҳукмука, адлун фийя қазоука, асъалука бикулли исмин ҳува лака саммайта биҳи нафсака, ав анзалтаҳу фӣ китобика, ав алламтаҳу аҳадан мин халқика, ав-истаъсарта биҳи фӣ илмил-ғайби индака, ан таҷъалал Қуръона рабиа қалбӣ, ва нура садрӣ, ва ҷалоа ҳузнӣ, ва заҳоба ҳаммӣ.
69- «Бор Худоё, эй гардонандаи дилҳо, дилҳои моро ба суи тоати Худ бигардон»[31]. [31] Муслим (рақами 2654).
Аллоҳумма мусаррифал қулуби, сарриф қулубана ала тоъатик.
70- «Эй гардонандаи дилҳо, дили маро бар дини Худ устувор бигардон»[32]. [32] Тирмизӣ, рақами (3522), Аҳмад (4/ 182), Ҳоким (1/ 525, 528), ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Албонӣ дар Саҳеҳул-ҷомеъ (6/ 309) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/171) онро саҳеҳ гуфтааст. Ва Умми Салама (разияллоҳу анҳо) гуфтааст: (Бештари дуои ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд).
Йа муқаллибал-қулуби, саббит қалбӣ ала диник.
71- «Эй Аллоҳ! Аз Ту офият ва саломатиро дар дунё ва охират мехоҳам»[33]. [33] Тирмизӣ, рақами (3514) ва Бухорӣ дар «Ал-Адаб ал-муфрад», рақами (726) ва лафзи он назди Тирмизӣ: «Аз Аллоҳ дар дунё ва охират офият бихоҳед», ва дар лафзи дигар: «Аз Аллоҳ омурзишу офият бихоҳед; зеро ба ҳеҷ кас пас аз яқин хайре беҳтар аз офият дода нашудааст». Ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳ»-и Ибни Моҷа (3/ 180) ва (3/ 185) ва (3/ 170) саҳеҳ донистааст ва он намунаҳои дигаре дорад, ки ба онҳо дар: «Муснад»-и Имом Аҳмад бо тартиби Аҳмад Шокир (1 /156-157) нигаред.
Аллоҳумма иннӣ асъалукал-афията фид-дуня вал-ахираҳ
72- «Эй Аллоҳ! Оқибати моро дар ҳамаи корҳо нек гардон ва моро аз расвоии дунё ва азоби охират нигоҳ дор»[34]. [34] Аҳмад (4/181), ва Табаронӣ дар ал-Кабир (2/33/1169) ва дар ад-Дуо, рақами (1436), ва Ибни Ҳиббон, рақами (2424, 2425) (Маворид), Ҳофиз Ҳайсамӣ дар Маҷмаъ аз-завоид (10/178) гуфтааст: (Ровиёни Аҳмад ва яке аз санадҳои Табаронӣ сиқаанд).
Аллоҳумма аҳсин ақибатана фил-умури куллиҳа, ва аҷирна мин хизйид-дуня ва азабил-ахира.
73- «Парвардигоро! Маро ёрӣ деҳ ва бар зидди ман ёрӣ мадеҳ. Маро пирӯз гардон ва касеро бар ман пирӯз магардон. Ба нафъи ман тадбир кун ва бар зарари ман тадбир макун. Маро ҳидоят кун ва ҳидоятро барои ман осон гардон. Маро бар касе, ки бар ман ситам мекунад, ёрӣ деҳ. Парвардигоро! Маро бисёр шукргузори Худ, бисёр ёдкунандаи Худ, бисёр тарсандаи Худ ва фармонбардори Худ гардон. Маро фурӯтан, зорикунанда ва бозгашткунанда ба сӯи Худ қарор деҳ. Парвардигоро! Тавбаи маро бипазир, гуноҳамро бишӯй, дуоямро иҷобат кун, далеламро устувор гардон, диламро ҳидоят намо, забонамро ба ростӣ роҳнамоӣ кун ва кинаву бадиро аз дилам дур соз»[35]. "[35] Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад (664) ва (665), Абудовуд (1510) ва (1511), Тирмизӣ (3551), Ибни Моҷаҳ (3830), Аҳмад (1/127), Ҳоким саҳеҳаш гуфтааст ва Заҳабӣ мувофиқат кардааст (1/519), Албонӣ дар Саҳеҳ Абудовуд (1/414) ва дар Саҳеҳ ат-Тирмизӣ (3/178) саҳеҳаш гуфтааст."
Рабби аъиннӣ ва ло туъин ъалайя, вансурнӣ ва ло тансур ъалайя, вамкур лӣ ва ло тамкур ъалайя, ваҳдинӣ ва яссирил-ҳуда илайя, вансурнӣ ъала ман баға ъалайя, Раббиҷъалнӣ лака шаккоран, лака заккоран, лака раҳҳобан, лака митвоъан, илайка мухбитан аввоҳан мунибан, Рабби тақаббал тавбатӣ, вағсил ҳавбатӣ, ва аҷиб даъватӣ, ва саббит ҳуҷҷатӣ, ваҳди қалбӣ, ва саддид лисонӣ, васлул сахимата қалбӣ.
74- «Эй Аллоҳ! Аз Ту беҳтарини он чизеро мехоҳем, ки паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Ту хостааст, ва ба Ту паноҳ мебарем аз бадии он чизе, ки паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ба Ту паноҳ бурдааст, ва танҳо Ту мададгор ҳастӣ, ва расонидан бар ӯҳдаи Туст, ва ҳеҷ қудрату тавоноие нест, магар ба Аллоҳ»[36]. [36] Тирмизӣ, рақами (3521) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3846) ба ҳамин мазмун, ва Тирмизӣ гуфтааст: «Ин ҳадис ҳасани ғариб аст» ва Албонӣ онро дар «Заиф-ут-Тирмизӣ», саҳ. (387) заиф донистааст.
Аллоҳумма инно насъалука мин хайри мо саъалака минҳу набийюка Муҳаммадун саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ва наъузу бика мин шарри мастаъоза минҳу набийюка Муҳаммадун саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ва антал-мустаъон, ва ъалайкал-балоғ, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.
75- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз шарри шунавоии худ, аз шарри биноии худ, аз шарри забони худ, аз шарри дили худ ва аз шарри шаҳвати худ»[37]. [37] Абудовуд, рақами (1551), Тирмизӣ, рақами (3492), Насоӣ, рақами (5470) ва дигарон. Албонӣ дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/166) ва Саҳеҳи Насоӣ (3/1108) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин шарри самъӣ, ва мин шарри басарӣ, ва мин шарри лисанӣ, ва мин шарри қалбӣ, ва мин шарри манийӣ
76- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз песӣ, девонагӣ, махав ва аз бемориҳои бад»[38]. [38] Абудовуд, рақами (1554), Насоӣ, рақами (5493), Аҳмад (3/192), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (3/1116) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (3/184) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма инни аъузу бика минал бараси, вал ҷунуни, вал ҷузоми, ва мин саййиъил асқом.
77- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз ахлоқи нописанд, амалҳои бад ва ҳавову ҳавасҳои нодуруст»[39]. [39] Тирмизӣ, рақами (3591), ва Ибни Ҳиббон, рақами (2422) (Маворид), ва Ҳоким (1/532), ва Табаронӣ дар Кабир (19/19/36). Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/184) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин мункаротил ахлоқи, вал аъмоли, вал аҳво.
78- «Эй Аллоҳ! Ҳамоно Ту бахшоянда ва карим ҳастӣ, бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бубахш»[40]. [40] Тирмизӣ, рақами (3513), Насоӣ дар Кубро, рақами (7712) ва Албонӣ дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/170) онро саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул афва фаъфу аннӣ
79- «Эй Аллоҳ! Аз Ту анҷом додани корҳои нек, тарки корҳои зишт, дӯст доштани мискинон, омурзиши гуноҳонам ва раҳмататро мехоҳам. Ва агар барои қавме фитнае ирода кунӣ, маро пеш аз гирифтор шудан ба он фитна аз дунё бибар. Ва аз Ту муҳаббати Худ, муҳаббати касоне, ки Туро дӯст медоранд ва муҳаббати амалеро мехоҳам, ки маро ба муҳаббати Ту наздик месозад.»[41]. [41] Ривояти Аҳмад бо лафзаш (5/ 243) ва Тирмизӣ, рақами (3235), ба монанди он, ва онро ҳасан донистааст ва гуфт: Аз Муҳаммад ибни Исмоил -яъне Бухорӣ- пурсидам, ӯ гуфт: "Ин ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст", ва дар охири ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Ҳамоно он ҳақ аст, пас онро бихонед ва биёмӯзед», ва Ҳоким (1/ 521), ва Албонӣ дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/ 318) онро саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука фиълал-хайрати, ва таркал-мункарати, ва ҳуббал-масакини, ва ан тағфира лӣ, ва тарҳаманӣ, ва иза арадта фитната қавмин фатаваффанӣ ғайра мафтунин, ва асъалука ҳуббака, ва ҳубба ман юҳиббука, ва ҳубба амалин юқаррибунӣ ила ҳуббик.
80- «Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хайру некиҳоро мехоҳам, чӣ наздик ва чӣ дур, чӣ он чиро медонам ва чӣ он чиро намедонам. Ва ба Ту аз тамоми бадиҳо паноҳ мебарам, чӣ наздик ва чӣ дур, чӣ он чиро медонам ва чӣ он чиро намедонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҳамон хайре мехоҳам, ки банда ва Паёмбарат аз Ту хостааст, ва аз ҳамон шарре ба Ту паноҳ мебарам, ки банда ва Паёмбарат [аз он ба Ту] паноҳ бурдааст. Эй Аллоҳ! Аз Ту биҳишт ва ҳар гуфтору амале, ки ба он наздик мекунад, мехоҳам. Ва аз оташ ва ҳар гуфтору амале, ки ба он наздик мекунад, ба Ту паноҳ мебарам. Ва аз Ту мехоҳам, ки ҳар тақдиреро, ки барои ман муқаррар кардаӣ, барои ман хайр гардонӣ.»[42]. [42] Ибни Моҷаҳ, рақами (3846), бо лафзи ӯ, ва Аҳмад (6/134), ва лафзи зиёдатии дуввум аз ӯст, ва Ҳоким онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/521), ва лафзи зиёдатии аввал аз ӯст, ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ» (2/327) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука минал-хайри куллиҳӣ: ъоҷилиҳӣ ва оҷилиҳӣ, мо ъалимту минҳу ва мо лам аълам, ва аъузу бика минаш-шарри куллиҳӣ ъоҷилиҳӣ ва оҷилиҳӣ, мо ъалимту минҳу ва мо лам аълам. Аллоҳумма иннӣ асъалука мин хайри мо саалака ъабдука ва набийюка, ва аъузу бика мин шарри мастаъоза бика минҳу ъабдука ва набийюка. Аллоҳумма иннӣ асъалукал-ҷанната, ва мо қарраба илайҳо мин қавлин ав ъамал, ва аъузу бика минан-нори ва мо қарраба илайҳо мин қавлин ав ъамал, ва асъалука ан таҷъала кулла қазоин қазайтаҳу лӣ хайро.
81- «Эй Аллоҳ! Маро дар ҳоли истода бо ислом ҳифз кун, дар ҳоли нишаста бо ислом ҳифз кун ва дар ҳоли хобида бо ислом ҳифз кун. Душман ё ҳасудеро бар ман шод магардон. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҳар хайре, ки ганҷинаҳои он дар дасти Туст, мехоҳам ва аз ҳар шарре, ки ганҷинаҳои он дар дасти Туст, ба Ту паноҳ мебарам»[43]. [43] Ҳоким (1/525) ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи ҷомеъ» (2/398) ва дар «Силсилаи аҳодиси саҳиҳа» (4/54), рақами (1540) ҳасан донистааст.
82- «Эй Аллоҳ! Аз тарси Худ ба мо он қадар насиб гардон, ки миёни мо ва нофармониҳои Ту монеа шавад; аз тоати Худ он қадар насиб гардон, ки моро ба биҳиштат бирасонад; ва аз яқин он қадар насиб гардон, ки мусибатҳои дунёро бар мо осон созад. Эй Аллоҳ! То замоне ки моро зинда медорӣ, аз шунавоӣ, биноӣ ва қуввати мо баҳраманд гардон ва онҳоро барои мо боқӣ нигоҳ дор. Қасоси моро аз касе бигир, ки бар мо ситам кардааст. Моро бар душманонамон пирӯз гардон. Мусибати моро дар динамон қарор мадеҳ. Дунёро бузургтарин ғами мо ва ниҳояти дониши мо магардон ва касеро, ки ба мо раҳм намекунад, бар мо мусаллат макун»[44]. [44] Тирмизӣ, рақами (3502), ва Ҳоким (1/528) ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Ибни Суннӣ, рақами (446), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/168) ва Саҳеҳул-ҷомеъ (1/400) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма иҳфазнӣ бил-исломи қоиман, ваҳфазнӣ бил-исломи қоидан, ваҳфазнӣ бил-исломи роқидан, ва ла тушмит бӣ ъадувван ва ла ҳосидан, Аллоҳумма иннӣ асъалука мин кулли хайрин хазоинуҳу биядик, ва аъузу бика мин кулли шаррин хазоинуҳу биядик.
Аллоҳуммақсим лана мин хашятика ма таҳулу биҳи байнана ва байна маъасика, ва мин тоъатика ма тубаллиғуна биҳи ҷаннатака, ва минал-яқини ма туҳаввину биҳи алайна масаибад-дуня, Аллоҳумма маттиъна биасмоъина, ва абсорина, ва қуввотина ма аҳяйтана, ваҷъалҳул-вориса минна, ваҷъал саърана ала ман заламана, вансурна ала ман ъодона, ва ла таҷъал мусибатана фи динина, ва ла таҷъалид-дуня акбара ҳаммина, ва ла маблаға илмина, ва ла тусаллит алайна ман ла ярҳамуна.
83- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз тарсончакӣ, аз бухл, аз он ки ба пасттарин марҳилаи пирӣ расонида шавам ва аз фитнаи дунё ва азоби қабр» [45]. [45] Бухорӣ, рақами (2822).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал ҷубни, ва аъузу бика минал бухли, ва аъузу бика мин ан урадда ила арзалил ъумури, ва аъузу бика мин фитнатид дуня ва азабил қабр.
84- «Эй Аллоҳ! Хатоям, нодониам, зиёдаравиям дар корҳо ва он чиро, ки Ту аз ман беҳтар медонӣ, биёмурз. Эй Аллоҳ! Шӯхӣ ва ҷиддияти ман, хатои ман ва гуноҳи қасдии маро биёмурз, зеро ҳамаи инҳо дар ман ҳастанд»[46]. [46] Муттафақун алайҳ: Бухорӣ, рақами (6398), Муслим, рақами (2719).
Аллоҳуммағфир лӣ хатиатӣ, ва ҷаҳлӣ, ва исрофӣ фӣ амрӣ, ва мо анта аъламу биҳӣ миннӣ, Аллоҳуммағфир лӣ ҳазлӣ, ва ҷиддӣ, ва хатаӣ, ва амдӣ, ва куллу золика индӣ.
85- «Эй Аллоҳ! Ман ба худ бисёр ситам кардам ва ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад. Пас маро бо омурзише аз ҷониби Худ бубахш ва бар ман раҳм кун. Ҳамоно Ту Омурзандаи Меҳрубон ҳастӣ» [47]. [47] Муттафақун алайҳ: Бухорӣ, рақами (834), Муслим, рақами (2705).
Аллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ зулман касиран, ва ло яғфируз-зунуба илла анта, фағфир лӣ мағфиратан мин ъиндика, варҳамнӣ иннака антал-ғафурур-раҳим
86- «Эй Аллоҳ! Ба Ту таслим шудаам, ба Ту имон овардаам, бар Ту таваккал кардаам ва ба сӯи Ту бозгаштаам. Ба ёрии Ту баҳс ва мубориза мекунам. Эй Аллоҳ! Ба иззати Ту паноҳ мебарам, ки маро гумроҳ насозӣ. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест. Ту Зиндаи ҷовидонӣ ҳастӣ, ки ҳаргиз намемирӣ, дар ҳоле ки ҷинну инс мемиранд»[48]. [48] Муттафақун алайҳ: Бухорӣ, рақами (6398), Муслим, рақами (2719).
Аллоҳумма лака асламту, ва бика оманту, ва ъалайка таваккалту, ва илайка анабту, ва бика хосамту. Аллоҳумма иннӣ аъузу биъиззатика ла илаҳа илла анта, ан тузиллани, антал-ҳайюл-лазӣ ла ямуту, вал-ҷинну вал-инсу ямутун.
87- «Эй Аллоҳ! Аз Ту сабабҳои раҳматат, омилҳои омурзишат, саломатӣ аз ҳар гуноҳ, баҳрамандӣ аз ҳар некӣ, пирӯзӣ ба биҳишт ва наҷот аз оташро мехоҳем»[49]. [49] Ҳоким (1/ 525), ва саҳеҳаш гуфтааст, ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Байҳақӣ дар Даъавот, рақами (206), ва нигаред: "Азкор"-и Нававӣ, саҳ. (340), ки муҳаққиқ Абдулқодир Арнаут онро ҳасан донистааст.
Аллоҳумма инна насъалука муҷибати раҳматика, ва азаима мағфиратика, вас-саламата мин кулли исм, вал-ғанимата мин кулли бирр, вал-фавза бил-ҷаннати, ван-наҷата минан-нар.
88- «Эй Аллоҳ! Мардону занони мӯъминро биёмурз»[50]. [50] Тибқи ҳадиси Убода (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфтанд: «Ҳар кас барои мардони муъмин ва занони муъмин омурзиш бихоҳад, Аллоҳ барои ӯ дар ивази ҳар марди муъмин ва зани муъмин як некӣ менависад», Табаронӣ дар Ал-Кабир (5/202), рақами (5092) ва (3/334) ва рақами (2155), ва Ҳайсамӣ санади онро дар Маҷмаъ-уз-завоид (10/210) хуб донистааст ва Албонӣ онро дар Саҳеҳ-ул-ҷомеъ, рақами (5902, 5/242) ҳасан донистааст.
Аллоҳум-ма-ғфир лил-муъминина вал-муъминат
89- «Эй Аллоҳ! Гуноҳи маро биёмурз, хонаамро барои ман фарох гардон ва дар рӯзие, ки ба ман додаӣ, баракат ато кун»[51]. [51] Аҳмад, рақами (16599), рақами (23114), ва рақами (23188), Тирмизӣ, рақами (3500) ва муҳаққиқони Муснад дар (27/144), (38/197), ва дар (38/145) гуфтаанд: (ҳасан ли ғайриҳӣ).
Аллоҳуммағфир лӣ занбӣ, ва вассиъ лӣ фӣ дарӣ, ва барик лӣ фима разақтанӣ.
90- «Эй Аллоҳ! Аз фазл ва раҳмати Ту мехоҳам, зеро ҷуз Ту касе соҳиби онҳо нест»[52]. [52] Ривояти Табаронӣ. Ҳайсамӣ дар "Маҷмаъу-з-завоид" (10/159) гуфтааст: "ровиёнаш ровиёни саҳеҳ ҳастанд, ғайр аз Муҳаммад ибни Зиёд ва ӯ сиқа аст", ва Албонӣ дар "Саҳеҳу-л-ҷомеъ" (1/404), рақами (01278) онро саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика ва раҳматика; фаиннаҳу ло ямликуҳо илло ант.
91- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз пирии нотавонкунанда, аз афтодан, фурӯ рехтан, ғам, ғарқ шудан ва сӯхтан. Ба Ту паноҳ мебарам аз он ки шайтон ҳангоми марг маро гумроҳ созад. Ба Ту паноҳ мебарам аз он ки дар роҳи Ту дар ҳоли гурез бимирам ва ба Ту паноҳ мебарам аз он ки бар асари газидани ҷонваре бимирам»[53]. [53] Ривояти Абудовуд, рақами (1552), Насоӣ, рақами (5531) ва рақами (5532), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (3/1123) ва Саҳеҳи сунани Абудовуд (1/425) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳарами, ват-тараддӣ, вал-ҳадми, вал-ғамми, вал-ғарақи, вал-ҳарақи, ва аъузу бика ан ятахаббатанияш-шайтону ъиндал-мавти, ва аъузу бика ан амута фӣ сабилика мудбиран, ва аъузу бика ан амута ладиған.
92- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз гуруснагӣ, зеро он ҳамнишини бадест; ва ба Ту паноҳ мебарам аз хиёнат, зеро он рафиқи бисёр бадест»[54]. [54] Ривояти Абудовуд, рақами (1547), Насоӣ, рақами (5483) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Насоӣ» (3/1112) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҷуъи; фаиннаҳу биъсаз-заҷиъу, ва аъузу бика минал-хиёнати; фаиннаҳо биъсатил-битона.
93- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз нотавонӣ, танбалӣ, тарсончакӣ, бухл, пирӣ, сахтдилӣ, ғафлат, муҳтоҷӣ, хориву бечорагӣ. Ба Ту паноҳ мебарам аз фақр, куфр, фисқ, ихтилофу душманӣ, нифоқ, риёкорӣ ва шуҳратталабӣ. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз карӣ, гунгӣ, девонагӣ, махав, песӣ ва дигар бемориҳои бад»[55]. [55] Ривояти Насоӣ, рақами (5493), Ҳоким (1/ 530), Албонӣ дар Саҳеҳи Ҷомеъ (1/ 406) ва Ирво ал-ғалил таҳти рақами (852) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-аҷзи, вал-касали, вал-ҷубни, вал-бухли, вал-ҳарами, вал-қасвати, вал-ғафлати, вал-ъайлати, ваз-зиллати, вал-масканати, ва аъузу бика минал-фақри, вал-куфри, вал-фусуқи, ваш-шиқақи, ван-нифақи, вас-сумъати, вар-рияъи, ва аъузу бика минас-самами, вал-баками, вал-ҷунуни, вал-ҷузами, вал-бараси, ва саййиъил-асқам.
94- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз фақр, тангдастӣ ва хориву залолат. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз он ки ба касе ситам кунам ё бар ман ситам шавад.»[56] [56] Абу Довуд рақами (1544) ва Насоӣ рақами (5475) онро ривоят кардаанд ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Насоӣ» (3/ 1111) ва «Саҳеҳу-л-ҷомеъ» (1/ 407) саҳеҳ донистааст. Ва он чи дар байни қавсайн омадааст, дар ривояти Ибни Ҳиббон («Маворид») мебошад ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Мавориду-з-замъон» (2/ 455) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-фақри, вал-қиллати, ваз-зиллати, ва аъузу бика мин ан азлима ав узлам.
95- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз ҳамсояи бад дар иқоматгоҳи доимӣ, зеро ҳамсояи саҳро метавонад кӯч бандад, вале ҳамсояи доимӣ мемонад»[57]. [57] Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад, рақами (117), ва Ҳоким (1/532), саҳеҳаш гуфтааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва ривояти Насоӣ, рақами (5517), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ (1/408) ва Саҳеҳи Насоӣ (3/1118) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ҷарис-суи фи дарил-муқомати; фаинна ҷарал-бадияти ятаҳаввал.
96- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз диле, ки тарс надорад, аз дуое, ки шунида намешавад, аз нафсе, ки сер намегардад ва аз донише, ки фоида намедиҳад. Аз ин чаҳор чиз ба Ту паноҳ мебарам»[58]. [58] Тирмизӣ, рақами (3482), ва Абудовуд, рақами (1549), ва Аллома Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ҷомеъ, рақами (1295) ва Саҳеҳи Насоӣ (3/1113) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма инни аъузу бика мин қалбин ло яхшаъ, ва мин дуъоин ла юсмаъ, ва мин нафсин ла ташбаъ, ва мин ъилмин ла янфаъ, аъузу бика мин ҳаулоил арбаъ.
97- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз рӯзи бад, аз шаби бад, аз соати бад, аз ҳамнишини бад ва аз ҳамсояи бад дар иқоматгоҳи доимӣ»[59]. [59] Ривояти Табаронӣ. Ҳайсамӣ дар "Завоид" (10/144) гуфтааст: "Ва ровиёнаш ровиёни саҳеҳ ҳастанд". Албонӣ дар "Саҳеҳу-л-ҷомеъ" (1/411), рақами (1290) онро ҳасан гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин явмис-сӯи, ва мин лайлатис-сӯи, ва мин соъатис-сӯи, ва мин соҳибис-сӯи, ва мин ҷорис-сӯи фӣ дорил-муқома.
98- «Эй Аллоҳ! Аз Ту биҳиштро мехоҳам ва аз оташ ба Ту паноҳ мебарам.» (се маротиба) [60]. [60] Тирмизӣ рақами (2572), Ибни Моҷаҳ рақами (3340) ва Насоӣ рақами (5536) онро ривоят кардаанд ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (2/319) ва «Саҳеҳи Насоӣ» (3/1121) саҳеҳ донистааст ва лафзи он чунин аст: «Ҳар касе се маротиба аз Худованд биҳиштро бихоҳад, биҳишт мегӯяд: Худоё, ӯро ба биҳишт дохил кун ва ҳар касе се маротиба аз оташи дӯзах паноҳ биталабад, дӯзах мегӯяд: Худоё, ӯро аз оташи дӯзах паноҳ деҳ».
Аллоҳумма иннӣ асъалукал ҷанната ва астаҷиру бика минан нор
99- «Эй Аллоҳ! Маро дар дин фақеҳ ва донишманд гардон»[61]. [61] Ривояти Бухорӣ ва Муслим дар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаққи Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) бар он далолат мекунад. Бухорӣ, рақами (143), Муслим, рақами (2477)."
Аллоҳумма фаққиҳни фид-дин
100- «Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз он ки дониста барои Ту шарик қарор диҳам, ва барои он чӣ намедонам аз Ту омурзиш металабам» [62]. [62] Ривояти Аҳмад (4/ 403), ва Ибни Абушайба (10/ 337), ва Табаронӣ дар ал-Муъҷам ал-Авсат (4/ 284), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳ ат-Тарғиб ва-т-Тарҳиб (1/ 19) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан ушрика бика ва ана аъламу, ва астағфирука лимо ло аълам.
101- «Эй Аллоҳ, маро аз он чӣ ба ман омӯхтаӣ баҳраманд гардон, ба ман он чизеро биомӯз, ки ба ман фоида мерасонад ва илми маро зиёд гардон»[63]. [63] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3599) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (259) Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/ 47) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма-нфаънӣ бима алламтанӣ, ва аллимнӣ ма янфаъунӣ, ва зиднӣ илман.
102- «Эй Аллоҳ, аз Ту илми судманд, ризқи пок ва амали пазируфташударо мехоҳам»[64]. [64] Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (925), Насоӣ дар "Амалул-явми вал-лайла", рақами (102), Аҳмад (6/ 294 ва 305), Албонӣ дар "Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ" (1/ 152) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нафиъан, ва ризқан тайибан, ва амалан мутақаббалан.
103- «Эй Аллоҳ, аз Ту мехоҳам, эй Аллоҳ, ба ҳаққи он ки Ту Ягонаву Беҳамтоӣ, Бениёзӣ, на касеро зодаӣ ва на аз касе зода шудаӣ ва ҳеҷ кас ҳамтои Ту нест, ки гуноҳонамро биёмурзӣ. Ҳамоно Ту Омурзандаву Меҳрубонӣ»[65]. [65] Ривояти Насоӣ, рақами (1300), ва лафз аз ӯст, ва Насоӣ дар Кубро, рақами (7665), ва Абудовуд, рақами (985), Албонӣ дар Саҳеҳи сунани Насоӣ (1/147) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука ё Аллоҳу бианнакал Воҳидул Аҳаду, ас-Самад-ул-лазӣ лам ялид ва лам юлад, ва лам якул-лаҳу куфуван аҳад, ан тағфира лӣ зунубӣ, иннака антал-Ғафурур-Раҳим
104- «Эй Аллоҳ, аз Ту мехоҳам, зеро ситоиш танҳо аз они Туст. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест, [Танҳоӣ ва шарике надорӣ]. Эй Бахшандаи бузург, [эй] Офаридгори осмонҳову замин, эй Соҳиби ҷалолу икром, эй Зиндаи Ҷовид ва Нигоҳдорандаи ҳама чиз! Аз Ту [биҳиштро мехоҳам ва аз оташ ба Ту паноҳ мебарам]»[66]. [66] Абудовуд, рақами (1495), Ибни Моҷаҳ, рақами (3858), Насоӣ, рақами (1299), Тирмизӣ, рақами (3544), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/279) ва дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/329) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма инни асъалука бианна лакал-ҳамд, ла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лака ал-Маннону ё бадиъас-самовоти вал-арз, ё зал-ҷалоли вал-икром, ё Ҳайю ё Қайюм, инни асъалукал-ҷанната ва аъузу бика минан-нор.
105- «Эй Аллоҳ, аз Ту мехоҳам, дар ҳоле ки гувоҳӣ медиҳам, ки Ту Аллоҳӣ, ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ту нест; Ягона, Бениёз, на касеро зодаӣ ва на аз касе зода шудаӣ ва ҳеҷ кас ҳамтои Ту нест»[67]. [67] Абудовуд, рақами (985), Тирмизӣ, рақами (3475), Ибни Моҷаҳ, рақами (3857), Аҳмад (5/360), Албонӣ дар Саҳеҳи Сунани Тирмизӣ (3/163) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ асъалука бианнӣ ашҳаду аннака анталлоҳу ла илаҳа илла анта, ал-аҳад-ус-самад-ул-лазӣ лам ялид, ва лам юлад, ва лам якул лаҳу куфуван аҳад.
106- «Парвардигоро, маро биёмурз ва тавбаи маро бипазир. Ҳамоно Ту Тавбапазиру Омурзандаӣ» [68]. [68] Абудовуд, рақами (1518), Тирмизӣ, рақами (3434) ва лафз аз ӯст, Насоӣ дар Кубро, рақами (10292), Ибни Моҷаҳ, рақами (3814), Албонӣ дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/321) ва дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/153) саҳеҳаш гуфтааст.
Раббиғфир лӣ, ва туб алайя, иннака антат-таввобул-ғафур
107- «Эй Аллоҳ, бо илми Ту ба ғайб ва қудрати Ту бар офариниш, маро зинда нигоҳ дор то даме ки зиндагиро барои ман беҳтар медонӣ ва маро бимирон вақте ки маргро барои ман беҳтар медонӣ. Эй Аллоҳ, аз Ту тарси аз Туро дар пинҳону ошкор мехоҳам. Аз Ту сухани ҳақро дар ҳолати ризо ва ғазаб мехоҳам. Аз Ту миёнаравиро ҳангоми дороӣ ва тангдастӣ мехоҳам. Аз Ту неъмате мехоҳам, ки поён наёбад, ва шодмоние мехоҳам, ки қатъ нашавад. Аз Ту ризо пас аз қазо мехоҳам ва зиндагии осуда баъд аз марг мехоҳам. Аз Ту лаззати дидор ба Ту ва шавқи мулоқоти Туро мехоҳам, бе он ки ба мусибати зараровар ё фитнаи гумроҳкунанда гирифтор шавам. Эй Аллоҳ, моро бо зебоии имон биёро ва моро аз роҳнамоёни ҳидоятёфта қарор деҳ»[69]. [69] Насоӣ, рақами (1305), Аҳмад (4/264), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (1/280) ва (1/281) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма биъилмикал-ғайба, ва қудратика ъалал-халқи, аҳйинӣ мо ъалимтал-ҳаёта хайран лӣ, ва таваффанӣ изо ъалимтал-вафота хайран лӣ, Аллоҳумма иннӣ асъалука хашятака фил-ғайби ваш-шаҳодати, ва асъалука калиматал-ҳаққи фир-ризо вал-ғазаби, ва асъалукал-қасда фил-ғино вал-фақри, ва асъалука наъиман ло янфад, ва асъалука қуррата ъайнин ло танқатиъ, ва асъалукар-ризо баъдал-қазо, ва асъалука бардал-ъайши баъдал-мавти, ва асъалука лаззатан-назари ило ваҷҳика, ваш-шавқа ило лиқоика, фӣ ғайри зарроа музирратин, ва ло фитнатин музилла, Аллоҳумма зайинно бизинатил-имони, ваҷъално ҳудотан муҳтадин.
108- «Эй Аллоҳ, муҳаббати Худро ба ман насиб гардон ва муҳаббати касеро низ, ки дӯст доштани ӯ назди Ту барои ман судманд аст. Эй Аллоҳ, он чӣ аз чизҳои дӯстдоштаам ба ман рӯзӣ додаӣ, пас онро қуввате барои ман дар роҳи он чӣ Ту дӯст медорӣ, бигардон. Ва ҳар он чӣ аз чизҳои дӯстдоштаам аз ман боздоштаӣ, пас онро фароғате барои ман дар роҳи он чӣ Ту дӯст медорӣ, бигардон»[70]. [70] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3491) ва онро ҳасан донистааст. Ва шайх Абдулқодири Арнаут гуфтааст: (Ва он ҳамонгуна аст, ки гуфтааст, дуруст аст). Ба таҳқиқи ӯ бар Ҷомеъул-усул (4/ 341) нигаред.
Аллоҳуммарзуқнӣ ҳуббака, ва ҳубба май-янфаъунӣ ҳуббуҳу индак, Аллоҳумма мо разақтанӣ миммо уҳиббу фаҷъалҳу қувватал-лӣ фӣ ма туҳибб, Аллоҳумма мо завайта аннӣ мимма уҳиббу фаҷъалҳу фароғал-лӣ фӣ ма туҳибб.
109- «Эй Аллоҳ, маро аз гуноҳону хатогиҳо пок гардон. Эй Аллоҳ, маро аз онҳо чунон пок кун, ки либоси сафед аз палидӣ пок карда мешавад. Эй Аллоҳ, маро бо барфу жола ва оби сард покиза гардон»[71]. [71] Ривояти Муслим, рақами (476) ва Насоӣ, рақами (400).
Аллоҳумма таҳҳирнӣ миназ-зунуби вал-хатоя, Аллоҳумма наққинӣ минҳа камо юнаққас-савбул-абязу минад-данас, Аллоҳумма таҳҳирнӣ бис-салҷи вал-баради вал-моил-борид.
110- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз бахилӣ, тарсуӣ, умри бад, фитнаи дил ва азоби қабр»[72]. [72] Насоӣ, рақами (5469), ва лафзи он чунин аст: "Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз панҷ чиз паноҳ мебурд: аз бухл, тарсуӣ, бадии умр, фитнаи сина (дил) ва азоби қабр", ва Абудовуд онро ба рақами (1539) ривоят кардааст ва Арнаут онро дар тахриҷи "Ҷомеъ-ул-усул" (4/ 363) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал бухли, вал ҷубни, ва суил умури, ва фитнатис садри, ва азабил қабр
111- «Эй Аллоҳ, (эй) Парвардигори Ҷабраил, Микоил ва Исрофил! Ба Ту паноҳ мебарам аз гармии оташ ва аз азоби қабр»[73]. [73] Ривояти Насоӣ, рақами (1344), Аҳмад (6/ 61) ва Байҳақӣ дар Даъавот, рақами (109), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (3/ 1121) ва Силсилаи аҳодиси саҳеҳа, рақами (1544) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма рабба Ҷиброила, ва Микоила, ва рабба Исрофила, аъузу бика мин ҳаррин-нори, ва мин азабил-қабр.
112- «Эй Аллоҳ, роҳи дурустро ба ман илҳом кун ва маро аз бадии нафсам паноҳ деҳ»[74]. [74] Ривояти Тирмизӣ, ва лафз аз ӯст (5/ 519), рақами 3483, ва Аҳмад ба монанди он ривоят кардааст (33/ 197), рақами (19992), ва Ҳоким (1/ 510) низ ба монанди он, ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва муҳаққиқони Муснад дар бораи ҳадиси Аҳмад (33/ 197) гуфтаанд: "Санади он бар асоси шартҳои шайхайн (Бухорӣ ва Муслим) саҳеҳ аст", аммо лафзи Тирмизиро Албонӣ дар Заифи Тирмизӣ, саҳ. (397) заиф донистааст.
Аллоҳумма алҳимнӣ рушдӣ, ва аъизнӣ мин шарри нафсӣ.
113- «Эй Аллоҳ, аз Ту илми судманд мехоҳам ва аз илме, ки фоида намерасонад, ба Ту паноҳ мебарам»[75]. [75] Насоӣ дар «Ал-Кубро» рақами (7867) ва Ибни Моҷаҳ рақами (3843) ривоят кардаанд ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Сунани Ибни Моҷаҳ» (2/327) ҳасан донистааст ва лафзи он чунин аст: «Аз Аллоҳ илми нофеъ биталабед ва аз илме, ки нафъ намерасонад, ба Аллоҳ паноҳ баред».
Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нафиъан, ва аъузу бика мин илмин ла янфаъ.
114- «Эй Аллоҳ, Парвардигори осмонҳо ва замин, Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳар чиз! Эй шикофандаи дона ва ҳаста, эй нозилкунандаи Таврот, Инҷил ва Фурқон! Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии ҳар чизе, ки ихтиёраш дар дасти Туст. Эй Аллоҳ, Ту Аввалӣ, пеш аз Ту чизе нест; Ту Охирӣ, баъд аз Ту чизе нест; Ту Ошкороӣ, болотар аз Ту чизе нест; Ту Пинҳонӣ, наздиктар аз Ту чизе нест. Қарзҳои моро адо кун ва моро аз фақр бениёз гардон»[76]. [76] Муслим онро бо рақами (2713) аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст.
Аллоҳумма раббас-самаватис-сабъи ва раббал-арзи, ва раббал-ъаршил-ъазими, раббана ва рабба кулли шайъ, фолиқал-ҳабби ван-нава, ва мунзилат-тавроти вал-инҷили вал-фурқон, аъузу бика мин шарри кулли шайъин анта охизун биносиятиҳ, Аллоҳумма антал-аввалу фалайса қаблака шайъ, ва антал-охиру фалайса баъдака шайъ, ва антаз-зоҳиру фалайса фавқака шайъ, ва антал-батину фалайса дунака шайъ, иқзи ъаннад-дайна ва ағнина минал-фақр.
115- «Эй Аллоҳ, байни дилҳои мо меҳру вафо эҷод кун, муносибати байни ҳамдигарии моро ислоҳ намо, моро ба роҳҳои сулҳ ҳидоят кун, моро аз торикиҳо ба сӯи нур берун овар, моро аз корҳои зишт — чӣ ошкору чӣ пинҳон — дур нигоҳ дор. Дар шунавоӣ, биноӣ, дилҳо, ҳамсарҳо ва фарзандонамон баракат деҳ. Тавбаи моро бипазир, зеро Ту Тавбапазиру Меҳрубонӣ. Моро аз шукргузорони неъматҳоят қарор деҳ, то онҳоро эътироф кунем, сипос гӯем ва неъматҳоятро бар мо комил гардон»[77]. [77] Ривояти Абудовуд, рақами (969) ва Ҳоким ва лафз аз они ӯст (1/ 265) ва гуфтааст: (Саҳеҳ бар шарти Муслим аст) ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/ 26) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Адабул-муфрад», рақами (630) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма аллиф байна қулубина, ва аслиҳ зота байнина, ваҳдина субулас-салам, ва наҷҷина миназ-зулумати илан-нур, ва ҷаннибнал-фаваҳиша ма зоҳара минҳа ва ма батан, ва барик лана фи асмаъина, ва абсорина, ва қулубина, ва азваҷина, ва зуррийятина, ва туб ъалайна иннака антат-таввабур-раҳим, ваҷъална шокирина линиъамика муснина биҳо ъалайка, қобилина лаҳа, ва атмимҳо ъалайно.
116- «Эй Аллоҳ, аз Ту беҳтарин дархост, беҳтарин дуо, беҳтарин комёбӣ, беҳтарин амал, беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро мехоҳам. Маро устувор гардон, тарозуи аъмоламро вазнин гардон, имонамро комил кун, дараҷаамро боло бардор, намозамро бипазир ва гуноҳамро биёмурз. Аз Ту дараҷаҳои олии биҳиштро мехоҳам. Эй Аллоҳ, аз Ту оғози некиҳо, анҷоми некиҳо, тамоми некиҳо, зоҳиру ботини некиҳо ва дараҷаҳои олии биҳиштро мехоҳам. Эй Аллоҳ, аз Ту беҳтарини он чиро, ки медиҳам, беҳтарини он чиро, ки анҷом медиҳам, беҳтарини корҳои ошкору пинҳон ва дараҷаҳои олии биҳиштро мехоҳам. Эй Аллоҳ, аз Ту мехоҳам, ки ёди маро баланд бардорӣ, бори гуноҳамро сабук кунӣ, корамро ислоҳ намоӣ, диламро пок гардонӣ, покдоманиамро ҳифз кунӣ, диламро нуронӣ гардонӣ ва гуноҳамро биёмурзӣ. Аз Ту дараҷаҳои олии биҳиштро мехоҳам. Эй Аллоҳ, дар ҷонам, шунавоиям, биноиям, рӯҳам, офаринишам, ахлоқам, хонаводаам, зиндагиям, маргам ва амалам баракат деҳ. Некиҳои маро бипазир ва маро ба дараҷаҳои олии биҳишт бирасон. Омин»[78]. [78] Ҳоким онро аз Умми Салама ба шакли марфӯъ ривоят кардааст (1/ 520) ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/ 520), ва Байҳақӣ дар «Ад-даъавот», рақами (225) ва Табаронӣ дар «Ал-Кабир» (23/ 326), рақами (717).
Аллоҳумма иннӣ асъалука хайрал-масъалати, ва хайрад-дуъаи, ва хайран-наҷоҳи, ва хайрал-ъамали, ва хайрас-саваби, ва хайрал-ҳаёти, ва хайрал-мамати, ва саббитнӣ, ва саққил мавазинӣ, ва ҳаққиқ иманӣ, варфаъ дараҷатӣ, ва тақаббал салатӣ, вағфир хатиатӣ, ва асъалукад-дараҷотил ъула минал-ҷанна, Аллоҳумма иннӣ асъалука фаватиҳал-хайри, ва хаватимаҳу, ва ҷавамиъаҳу, ва аввалаҳу, ва заҳираҳу, ва батинаҳу, вад-дараҷатил-ъула минал-ҷаннати омин, Аллоҳумма иннӣ асъалука хайра ма отӣ, ва хайра ма афъалу, ва хайра ма аъмалу, ва хайра ма батана, ва хайра ма заҳара, вад-дараҷатил ъула минал-ҷаннати амин, Аллоҳумма иннӣ асъалука ан тарфаъа зикрӣ, ва тадаъа визрӣ, ва туслиҳа амрӣ, ва тутаҳҳира қалбӣ, ва туҳассина фарҷӣ, ва тунаввира қалбӣ, ва тағфира лӣ занбӣ, ва асъалукад-дараҷатил ъула минал-ҷаннати амин, Аллоҳумма иннӣ асъалука ан тубарика фӣ нафсӣ, ва фӣ самъӣ, ва фӣ басарӣ, ва фӣ рӯҳӣ, ва фӣ халқӣ, ва фӣ хулуқӣ, ва фӣ аҳлӣ, ва фӣ маҳёя, ва фӣ мамотӣ, ва фӣ ъамалӣ, фатақаббал ҳасанатӣ, ва асъалукад-дараҷатил ъула минал-ҷаннати, амин.
117- «Эй Аллоҳ, маро аз ахлоқи бад, ҳавову ҳавасҳои нодуруст, корҳои ношоиста ва бемориҳо дур нигоҳ дор»[79]. [79] Ривояти Ҳоким (1/ 523), ва гуфтааст: "Саҳеҳ бар шарти Муслим", ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/ 532), ва ривояти Табаронӣ дар "Мӯъҷамул-кабир" (19/ 19), рақами (36), ва Албонӣ онро дар "Зилолул-ҷанна" саҳеҳ донистааст, рақами (13).
Аллоҳумма ҷаннибни мункаротил-ахлақи, вал-аҳвои, вал-аъмоли, вал-адвоъ.
118- «Эй Аллоҳ, маро ба он чи рӯзиям кардаӣ қонеъ гардон, дар он баракат деҳ ва ҳар чизеро, ки аз ман дур шудааст, бо беҳтар аз он иваз намо»[80]. [80] Ҳоким (1/ 532) онро аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят карда ва саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ (1/ 510) бо ӯ мувофиқат кардааст ва Байҳақӣ дар «ал-Одоб» бо рақами (1084) ва дар «ад-Даъавотул-кабир» (211) ривоят намудааст ва Ҳофиз Ибни Ҳаҷар онро дар «ал-Футуҳотур-раббония» (4/ 383) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма қанниънӣ бимо разақтанӣ, ва борик лӣ фиҳи, вахлуф ъалайя кулла ғоибатин лӣ бихайр.
119- «Эй Аллоҳ, ҳисоби маро осон бигардон»[81]. [81] Ривояти Аҳмад (6/48) ва Ҳоким (1/255) ва гуфтааст: (Саҳеҳ бар шарти Муслим), ва Заҳабӣ (1/255) бо ӯ мувофиқат кардааст. Оиша (разияллоҳу анҳо) гуфт: Пас чун фориғ шуд, гуфтам: Эй паёмбари Худо, ҳисоби осон чист? Фармуд: Ин ки дар номаи аъмолаш нигоҳ карда шавад ва аз ӯ даргузарад. Ҳамоно касе, ки дар он рӯз ҳисобаш мавриди муноқиша қарор гирад, эй Оиша, ҳалок мегардад ва ҳар чизе, ки ба мӯъмин мерасад, Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) ба сабаби он гуноҳонашро пок месозад, ҳатто хоре, ки ба ӯ мехалад. Ва аллома Албонӣ дар «Мишкоту-л-масобеҳ» дар бораи он гуфтааст: (Ва санади он хуб аст).
Аллоҳумма ҳосибнӣ ҳисобай-ясира
120- «Эй Аллоҳ, моро дар ёди Ту, шукри Ту ва ибодати некӯи Ту ёрӣ деҳ»[82]. [82] Ривояти Аҳмад (2/299) ва Ҳоким (1/499) ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст ва он чунон аст, ки ҳар ду гуфтаанд, ва он назди Абудовуд, рақами (1524) ва Насоӣ дар «Кубро», рақами (9973) аст ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Адабул-муфрад», рақами (534) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма аъинна ъала зикрика, ва шукрика, ва ҳусни ъибодатик
121- «Эй Аллоҳ, аз Ту имоне мехоҳам, ки ҳаргиз аз байн наравад, неъмате мехоҳам, ки поён наёбад ва ҳамроҳии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар баландтарин дараҷаҳои Биҳишти ҷовидон мехоҳам»[83]. "[83] Ривояти Ибни Ҳиббон (Маворид), саҳ. (604), рақами 2436, аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ба шакли мавқуф ва Аҳмад онро аз роҳи дигар ривоят кардааст (1/ 386, 400) ва Насоӣ дар "Амал-ул-явм ва-л-лайла", рақами (869) ва Албонӣ онро дар "Ас-Силсилат-ус-саҳеҳа" таҳти рақами (2301) ҳасан донистааст."
Аллоҳумма иннӣ асъалука имонан ла яртадд, ва наъиман ла янфад, ва мурофақата Муҳаммадин саллаллоҳу алайҳи ва саллам фи аъло ҷаннатил хулд.
122- «Эй Аллоҳ, маро аз бадии нафсам нигоҳ дор ва маро ба беҳтарин роҳи корҳоям роҳнамоӣ кун. Эй Аллоҳ, гуноҳони пинҳонӣ ва ошкорам, хатоҳоям ва корҳои қасдан анҷомдодаам, он чиро медонам ва он чиро намедонам, ҳамаашро биёмурз»[84]. [84] Ривояти Насоӣ дар Ал-Кубро (6/ 246), рақами (10830), ва Ҳоким (1/ 510) саҳеҳаш гуфтааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва ривояти Аҳмад (4/ 444), ва он дар Муснади таҳқиқшуда (33/ 197), рақами (19992) аст, ва Ҳофиз дар Ал-Исоба гуфтааст: "Иснодаш саҳеҳ аст", Албонӣ дар Тахриҷи Риёзу-с-солиҳин, дар таълиқаш бар ҳадиси рақами (1495) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма қини шарра нафси, ваъзим ли ала аршади амри, Аллоҳуммағфир ли ма асрарту, ва ма аъланту, ва ма ахтаъту, ва ма амадту, ва ма алимту, ва ма ҷаҳилт.
123- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз ғалабаи қарз, аз ғалабаи душман ва аз шодии душманон ба мусибати ман»[85]. [85] Ривояти Насоӣ, рақами (5475), Аҳмад (2/ 173), Албонӣ дар Саҳеҳи Насоӣ (3/ 1113) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ғалабатид-дайн, ва ғалабатил-адувв, ва шамотатил-аъдо
124- «Эй Аллоҳ, маро биёмурз, ҳидоят кун, рӯзӣ бидеҳ ва тандуруст гардон. Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз тангии ҳол дар рӯзи Қиёмат»[86] [86] Насоӣ, рақами (1617) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (1356), Албонӣ онро дар Саҳеҳи Сунани Насоӣ (1/356) ва дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/ 226) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳуммағфир лӣ, ваҳдинӣ, варзуқнӣ, ва ъофинӣ, аъузу биллоҳи мин зиқил-мақоми явмал-қиёма.
125- «Эй Аллоҳ, маро аз шунавоӣ ва биноиям баҳраманд гардон ва онҳоро то поёни умрам боқӣ нигоҳ дор. Маро бар касе, ки ба ман ситам мекунад, ёрӣ деҳ ва ҳаққи маро аз ӯ бигир»[87]. [87] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3681), ва Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад, рақами (650), ва Ҳоким (1/523), ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст, ва Албонӣ дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/188) онро ҳасан гуфтааст.
Аллоҳумма маттиънӣ бисамъӣ, ва басарӣ, ваҷъалҳум-ал вориса миннӣ, вансурнӣ ала ман язлимунӣ, ва хуз минҳу бисаърӣ
126- «Эй Аллоҳ, аз Ту зиндагии покиза, марги орому дуруст ва бозгашти бидуни хорию шармандагиро мехоҳам»[88]. [88] Ривояти Ҳоким (1/541) ва Завоиди муснади Баззор (2/442), рақами (2177) ва Табаронӣ дар Дуо, рақами (1435) ва Ҳайсамӣ дар Маҷмаъу-з-завоид (10/179) гуфтааст: "Исноди Табаронӣ хуб аст".
Аллоҳумма иннӣ асъалука ъишатан нақийя, ва митатан савийя, ва мараддан ғайра мухзин ва ло фозиҳ.
127- «Эй Аллоҳ, тамоми ситоиш аз они Туст. Эй Аллоҳ, ҳеҷ кас наметавонад он чиро Ту кушодаӣ бибандад ва он чиро Ту бастаӣ бикушояд. Ҳеҷ кас наметавонад касеро, ки Ту гумроҳ кардаӣ, ҳидоят намояд ва касеро, ки Ту ҳидоят кардаӣ, гумроҳ созад. Ҳеҷ кас наметавонад он чиро Ту манъ кардаӣ бидиҳад ва он чиро Ту додаӣ боздорад. Ҳеҷ кас наметавонад он чиро Ту дур кардаӣ наздик намояд ва он чиро Ту наздик кардаӣ дур созад. Эй Аллоҳ, аз баракат, раҳмат, фазл ва рӯзии Худ бар мо фаровон ато кун. Эй Аллоҳ, аз Ту неъмати доимӣ мехоҳам, ки дигаргун нашавад ва аз байн наравад. Эй Аллоҳ, аз Ту неъмат дар рӯзи тангдастӣ ва амният дар рӯзи тарс мехоҳам. Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чӣ ба мо додаӣ ва аз бадии он чӣ аз мо боздоштаӣ. Эй Аллоҳ, имонро барои мо дӯстдоштатар гардон ва онро дар дилҳоямон зебо намо. Куфр, фисқ ва нофармониро барои мо нохуш гардон ва моро аз ростравон қарор деҳ. Эй Аллоҳ, моро мусалмон бимирон, мусалмон зинда бидор ва ба солеҳон ҳамроҳ гардон, дар ҳоле ки на расво бошем ва на гирифтори фитна. Эй Аллоҳ, ба зидди касоне, ки паёмбарони Туро дурӯғ мешуморанд ва аз роҳи Ту бозмедоранд, мубориза кун; азобу ҷазои сахти Худро бар онҳо фуруд овар. Эй Аллоҳ, бо душманони ҳақ, аз кофирони аҳли китоб мубориза кун, Эй Худои Ҳақ. (Омин)»[89]. [89] Аҳмад бо лафзаш (3/ 424) ва (24/ 246), рақами (15492), ва он чи дар байни ду қавс аст, аз Ҳоким (1/ 507) (3/ 23- 24), ва ривояти Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад, рақами (699) ва Албонӣ онро дар Тахриҷи фиқҳ-ус-сира, с (284) ва дар Саҳеҳи Адаб ал-Муфрад-и Бухорӣ, рақами (538), с (259) саҳеҳ донистааст.
Аллоҳумма лакал-ҳамду куллуҳу, Аллоҳумма ло қобиза лимо басатта, ва ло босита лимо қабазта, ва ло ҳодия лиман азлалта, ва ло музилла лиман ҳадайта, ва ло муътия лимо манаъта, ва ло мониъа лимо аътайта, ва ло муқарриба лимо боъадта, ва ло мубоъида лимо қаррабта, Аллоҳум-ма-бсут ъалайно мин баракотика, ва раҳматика, ва фазлика, ва ризқика, Аллоҳумма иннӣ асъалукан-наъимал-муқималлазӣ ло яҳулу ва ло язул, Аллоҳумма иннӣ асъалукан-наъима явмал-ъайлати, вал-амна явмал-хавфи, Аллоҳумма иннӣ ъоизун бика мин шарри мо аътйтано ва шарри мо манаътано, Аллоҳумма ҳаббиб илайнал-имона ва заййинҳу фӣ қулубино, ва карриҳ илайнал-куфра вал-фусуқа вал-ъисён, ваҷъално минар-рошидина, Аллоҳумма таваффано муслимина, ва аҳйино муслимина, ва алҳиқно бис-солиҳина ғайра хазоё ва ло мафтунина, Аллоҳумма қотилил-кафараталлазина юказзибуна русулака, ва ясуддуна ъан сабилика, ваҷъал ъалайҳим риҷзака ва ъазобака, Аллоҳумма қотил кафараталлазина утул-китоба, илоҳал-ҳаққи, (Омин).
128- «Эй Аллоҳ, маро биёмурз, ба ман раҳм кун, маро ҳидоят кун, тандуруст гардон ва рӯзӣ бидеҳ.[90]. [90] Ривояти Муслим, рақами (2696) ва рақами (2697), ва дар ривояте аз Муслим омадааст: «Ин (дуо) дунёву охирататро барои ту ҷамъ мекунад», ва дар Сунани Абудовуд, рақами (850) омадааст, ки гуфт: Пас чун аъробӣ баргашт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ба таҳқиқ, дастҳои худро аз хайр пур кард.»
Аллоҳуммағфир лӣ, варҳамнӣ, ваҳдинӣ, ва ъафинӣ, варзуқнӣ
"...Ва маро ислоҳ кун ва мартабаамро боло бардор»[91]. [91] Нигаред: Сунани Ибни Моҷаҳ, рақами (898), ва Сунани Тирмизӣ, рақами (284), ва Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (1/ 148) ва Саҳеҳи Тирмизӣ (1/ 90).
Ваҷбурнӣ, варфаънӣ
129- «Эй Аллоҳ, моро (аз неъматат) зиёд кун ва кам магардон. Моро гиромӣ дор ва хор магардон. Бар мо ато кун ва маҳрумамон макун. Моро бартарӣ деҳ ва дигаронро бар мо бартарӣ мадеҳ. Моро хушнуд гардон ва аз мо розӣ бош»[92]. [92] Тирмизӣ (5/326), рақами (3173), ва Ҳоким (2/98), ва онро саҳеҳ донистааст, ва Шайх Абдулқодири Арнаут онро дар таҳқиқи Ҷомеъул-усул (11/282), рақами (8847) ҳасан гуфтааст.
Аллоҳумма зидна ва ла танқусна, ва акримна ва ла туҳинна, ва аътина ва ла таҳримна, ва осирна ва ла туъсир алайна, ва арзина варза анна.
130- «Эй Аллоҳ, ҳамчунон ки офариниши маро зебо гардондаӣ, ахлоқи маро низ зебо гардон»[93]. [93] Ривояти Аҳмад (6/68), (155) ва (1/403), Ибни Ҳиббон (2423 - Маворид), Таёлисӣ (374), Муснади Абуяъло, рақами (5075), Албонӣ дар Ирво ал-ғалил (1/115), таҳти рақами (74) онро саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма аҳсанта халқӣ, фааҳсин хулуқӣ.
131- «Эй Аллоҳ, маро устувор гардон ва аз роҳнамоёни ҳидоятёфта қарор деҳ»[94]. [94] Дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаққи Ҷарир (разияллоҳу анҳу) бар он далолат мекунад. Нигаред: Бухорӣ, рақами (6333), ва ҳамчунин бо рақамҳои (3020) (3036) ва ғайра.
Аллоҳумма саббитнӣ ваҷъалнӣ ҳодиян маҳдийя
132- «Эй Аллоҳ, аз Ту устуворӣ дар кор, иродаи қавӣ барои роҳи рост, сабабҳои раҳмати Ту ва омилҳои омурзиши Туро мехоҳам. Аз Ту шукри неъматҳоят ва ибодати некӯятро мехоҳам. Аз Ту дили солим ва забони ростгӯ мехоҳам. Аз Ту беҳтарин чизеро мехоҳам, ки Ту медонӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадтарин чизе, ки Ту медонӣ. Барои он чӣ Ту медонӣ, аз Ту омурзиш металабам. Ҳамоно Ту Донои тамоми ғайбҳо ҳастӣ»[95]. [95] Аҳмад (28/338), рақами (17114) ва (28/356), рақами (17133), Тирмизӣ, рақами (3407) ва Табаронӣ дар Муъҷами кабир бо лафзаш, рақами 7135, ва рақами (7157) ва (7175) ва рақами (7176) ва (7177) ва (7178) ва (7179) ва (7180), ва ривояти Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳаш (3/215), рақами (935) ва (5/310), рақами (1974), ва Шуайб ал-Арнаут онро дар Саҳеҳи Ибни Ҳиббон (5/312) ҳасан донистааст, ва муҳаққиқони Муснад (28/338) бо роҳҳояш онро ҳасан донистаанд, ва Албонӣ онро дар Силсилаи аҳодиси саҳеҳа дар ҷилди ҳафтум, рақами (3228) ва дар Саҳеҳи Мавориду-з-замъон, рақами (2416) ва (2418) зикр кардааст ва гуфтааст: (Саҳеҳ ли ғайриҳи).
Аллоҳумма иннӣ асъалукас-сабата фил-амри, вал-ъазимата ъалар-рушди, ва асъалука мӯҷибати раҳматика, ва ъазаима мағфиратика, ва асъалука шукра ниъматика, ва ҳусна ъибадатика, ва асъалука қалбан салиман, ва лисанан содиқан, ва асъалука мин хайри ма таъламу, ва аъузу бика мин шарри ма таъламу, ва астағфирука лима таъламу, иннака анта ъалломул-ғуюб.
133- «Эй Аллоҳ, аз Ту Фирдавс — баландтарин дараҷаи Биҳиштро мехоҳам» [96]. [96] Баргирифта аз сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): "...пас ҳар гоҳ аз Аллоҳ хостед, Фирдавсро бихоҳед; зеро он миёнаи ҷаннат ва баландтарин мавзеи ҷаннат аст ва болои он Арши Раҳмон аст ва дарёҳои ҷаннат аз он сарчашма мегиранд". Бухорӣ, таҳти рақами (2790) ва рақами (7423).
Аллоҳумма иннӣ асъалукал-фирдавса аълал-ҷаннаҳ
134- «Эй Аллоҳ, имонро дар дили ман нав гардон» [97]. [97] Иқтибос аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо), ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳамоно имон дар даруни яке аз шумо кӯҳна мешавад, ҳамон гуна ки либос кӯҳна мешавад, пас аз Аллоҳ бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо нав гардонад», Ҳоким (1/ 4) онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст ва Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ-уз-завоид» (1/ 52) гуфтааст: [Табаронӣ дар «Ал-Кабир» онро ривоят кардааст ва санадаш ҳасан аст] ва Албонӣ онро дар «Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа» (4/ 113) таҳти рақами (1585) ҳасан донистааст.
Аллоҳумма ҷаддидил имона фӣ қалбӣ.
135- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз намозе, ки фоида намерасонад»[98]. [98] Абудовуд, рақами (1549), Албонӣ дар Саҳеҳи сунани Абудовуд (1/ 424) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин салотин ло танфаъ
136- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз ҳамсояи бад, аз ҳамсаре, ки пеш аз пирӣ маро пир мекунад, аз фарзанде, ки бар ман ҳукмрон мешавад, аз моле, ки барои ман сабаби азоб мегардад ва аз дӯсти маккоре, ки чашмаш маро назорат мекунад ва қалбаш бар зидди ман аст; агар некӣ бинад, онро пинҳон мекунад ва агар бадӣ бинад, онро паҳн менамояд»[99]. [99] Табаронӣ дар «Ад-Дуъо» (3/1425) рақами (1339) ва Албонӣ дар «Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа» (7/ 377) рақами (3137) гуфтааст: «Гуфтам: Ва ин санади хуб аст, ҳамаи ровиёни он аз ровиёни «Ат-Таҳзиб» мебошанд...».
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ҷарис-суи, ва мин завҷин тушайибунӣ қаблал-машиб, ва мин валадин якуну ъалайя раббан, ва мин малин якуну ъалайя ъазабан, ва мин халилин макирин ъайнуҳу таронӣ, ва қалбуҳу яръонӣ; ин раа ҳасанатан дафанаҳа, ва иза раа сайиатан азаъаҳа.
137- «Эй Аллоҳ, маро дар рӯзи Қиёмат расво магардон»[100]. [100] Аҳмад дар «Муснад» (29/ 596), рақами (18056) ва муҳаққиқони «Муснад» гуфтаанд: "Санадаш саҳеҳ аст", ва Табаронӣ дар «Мӯъҷами кабир» (3/ 20) рақами (2524) бо ин лафз ривоят кардааст: "Худоё, маро рӯзи қиёмат расво магардон ва маро дар рӯзи сахтӣ расво магардон".
Аллоҳумма ла тухзинӣ явмал-қиёма
138- «Эй Аллоҳ, аз Ту саломатӣ ва офиятро дар дунёву охират мехоҳам»[101]. [101] Ибни Моҷаҳ, рақами (3851), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (3/259) ва дар Силсилатул-аҳодисис-саҳиҳа, рақами (1138) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ ас-алукал-муофата фид-дуня вал-охираҳ.
139- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз илме, ки фоида намерасонад, аз амале, ки пазируфта намешавад, аз диле, ки аз Ту наметарсад ва аз сухане, ки шунида намешавад»[102]. [102] Ривояти Ибни Ҳиббон, рақами (2440) (Маворид) Албонӣ онро дар Саҳеҳи маворид-уз-замъон (2/ 454), рақами (2066) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ъилмил-ла янфаъ, ва ъамалил-ла юрфаъ, ва қалбил-ла яхшаъ, ва қавлил-ла юсмаъ.
140- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз ғаму андӯҳ, аз нотавонӣ ва танбалӣ, аз бахилӣ ва тарсуӣ, аз гаронии қарз ва аз зӯроварии мардум»[103]. [103] Бухорӣ, рақами (6363), Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: «Ман ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ ки истироҳат мекарданд, хидмат мекардам ва мешунидам, ки бисёр мегуфтанд: Худоё, ҳамоно ман ба Ту паноҳ мебарам...».
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазани, вал-ъаҷзи вал-касали, вал-бухли вал-ҷубни, ва залаъид-дайни, ва ғалабатир-риҷол.
141- «Эй Аллоҳ, ба Ту паноҳ мебарам аз азоби оташ, аз азоби қабр, аз фитнаҳои ошкору пинҳон ва аз фитнаи Даҷҷол»[104]. [104] Муслим, рақами (2867), ва дар он: «Ба Худо паноҳ баред аз оташи дӯзах...», «ба Худо паноҳ баред аз азоби қабр...» то охир.
Аллоҳумма инни аъузу бика мин азабин-нар, ва аъузу бика мин азабил-қабр, ва аъузу бика минал-фитани ма заҳара минҳа ва ма батана, ва аъузу бика мин фитнатид-даҷҷал.
142- «Эй Аллоҳ, аз Ту шаҳодати дар роҳатро мехоҳам»[105]. [105] Муслим, рақами (1909), иқтибос аз фармудаи ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Ҳар кас аз рӯи сидқ аз Худованд шаҳодатро бихоҳад, Худованд ӯро ба мақоми шаҳидон мерасонад, ҳарчанд дар бистари худ бимирад».
Аллоҳумма иннӣ асъалука шаҳадатан фӣ сабилик
143- «Эй Аллоҳ, маро биёмурз. Эй Аллоҳ, маро дар рӯзи Қиёмат аз бисёре аз офаридагонат болотар қарор деҳ. Эй Аллоҳ, гуноҳи маро биёмурз ва дар рӯзи Қиёмат маро бо вуруди гиромӣ вориди Биҳишт гардон»[106]. [106] Бухорӣ, рақами (4323), Муслим, рақами (2498), ва он аз дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои Убайд Абуомир ва аз дуояшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои Абӯбурда (разияллоҳу анҳумо) иқтибос шудааст.
Аллоҳуммағфир лӣ, Аллоҳуммаҷъалнӣ явмал-қиёмати фавқа касирин мин халқика минан-нас, Аллоҳуммағфир лӣ занбӣ, ва адхилнӣ явмал-қиёмати мудхалан карима.
144- «Эй Аллоҳ, маро бо касоне, ки ҳидоят кардаӣ, ҳидоят кун; дар миёни касоне, ки офият додаӣ, офият деҳ; дар миёни касоне, ки сарпарастӣ кардаӣ, сарпарастии маро бар ӯҳда гир; дар он чӣ ба ман додаӣ, баракат деҳ; ва маро аз бадии он чӣ муқаррар кардаӣ, нигоҳ дор. Ҳамоно касе, ки Ту дӯст ва ёвари ӯ бошӣ, хор намегардад. Пурбаракатӣ Ту, эй Парвардигори мо, ва Бузургу Баландмақомӣ»[107]. [107] Аҳмад дар Муснад (3/ 249), рақами (1723) ва муҳаққиқони Муснад (3/ 249) гуфтаанд: [Исноди он саҳеҳ аст] ва ин ривояти мутлақ буда, ба тоқ муқайяд нашудааст, чунонки дар ривояти дигар омадааст, пас дар ин ривоят Анас (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: (Ва ба мо ин дуоро таълим медоданд...).
Аллоҳуммаҳдинӣ фиман ҳадайт, ва ъофинӣ фиман ъофайт, ва тавалланӣ фиман таваллайт, ва барик лӣ фимо аътайт, ва қинӣ шарра ма қазайт, иннаҳу ло язиллу ман волайт, табаракта раббано ва таъолайт.
145- «Парвардигоро, хатои маро дар рӯзи ҷазо биёмурз» [108]. [108] Муслим, рақами (214), ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта шуд: Эй Расули Худо, ҳамоно Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм мекард ва мискинро таъом медод, пас оё ин ба ӯ нафъ мерасонад? Фармуданд: «Ба ӯ нафъ намерасонад, зеро ӯ рӯзе нагуфтааст: Парвардигоро, хатои маро дар рӯзи ҷазо биёмурз».
Раббиғфир ли хатиати явмаддин
146- «Аз Аллоҳи Бузург омурзиш металабам, ки ҷуз Ӯ маъбуде барҳақ нест, Зиндаи Ҷовид ва Нигоҳдорандаи ҳама чиз аст, ва ба сӯи Ӯ тавба мекунам»[109]. [109] Тирмизӣ, рақами (3577), ва Албонӣ дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/ 469) онро саҳеҳ гуфтааст: «Ҳар ки онро бигӯяд, Аллоҳ ӯро меомурзад, агарчи аз майдони ҷанг фирор карда бошад».
Астағфируллоҳал азималлазӣ ло илоҳа илло ҳува-ал-ҳайюл қайюму, ва атубу илайҳ.
147- «Эй Аллоҳ, гуноҳи маро биёмурз, хашми диламро аз байн бибар ва маро аз фитнаҳои гумроҳкунанда нигоҳ дор»[110]. [110] Аз дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои Оиша (разияллоҳу анҳо) гирифта шудааст: «Худоё, гуноҳашро биёмурз ва хашми дилашро дур кун ва ӯро аз фитнаҳои гумроҳкунанда паноҳ деҳ». Ибни Асокир бо санади худ онро дар «Ал-Арбаъин фи маноқиби уммаҳоти-л-муъминин», саҳ. (85) аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят карда ва гуфтааст: «Ин ҳадиси саҳеҳи ҳасан аст, аз ҳадиси Бақия ибни Валид». Ибни Суннӣ низ монанди онро дар «Амалу-л-явми ва-л-лайла», рақами (457) ривоят кардааст ва дар нусхаи дигаре аз Ибни Суннӣ омадааст: «Ва маро аз шайтон паноҳ деҳ» ба ҷои: «аз фитнаҳои гумроҳкунанда». Ва ба тахриҷи он назди Албонӣ дар «Аз-Заифа», рақами (4207) бингаред. Ва шоҳиди дигаре аз Умми Ҳонӣ (разияллоҳу анҳо) дорад, ки гуфт: Эй Расули Худо, ба ман дуое биёмӯз, ки бо он дуо кунам, фармуд: «Бигӯ: Худоё, гуноҳамро биёмурз...» то охири ҳадис. Онро Хароитӣ дар «Иътилолу-л-қулуб», таҳти рақами (52) ва «Масовиу-л-ахлоқ», таҳти рақами (323) ривоят кардааст.
Аллоҳумма иғфир лӣ занбӣ, ва азҳиб ғайза қалбӣ, ва аъизнӣ мин музиллатил фитан.
148- «Эй Аллоҳ, маро бар суннати Паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зинда нигоҳ дор, бар дини ӯ бимирон ва маро аз фитнаҳои гумроҳкунанда нигоҳ дор»[111]. [111] Байҳақӣ онро дар «Ал-Кубро» (5/95) аз дуои Ибни Умар ба сурати мавқуф бар ӯ ривоят кардааст, ва Ибни Мулаққин онро дар «Ал-Бадру-л-мунир» (6/309) нақл намуда ва ба нақл аз Зиё гуфтааст: [Санади он хуб аст]. Ва Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: «Ҳеҷ кадоме аз шумо нагӯяд: Худоё, ҳар оина ман паноҳ мебарам ба Ту аз фитна, зеро ҳеҷ касе нест, магар ин ки ӯ гирифтори фитнаест; чунки Аллоҳ мефармояд: «Ҳамоно амволи шумо ва фарзандони шумо фитнаанд» [Тағобун: 15], пас ҳар кадоме аз шумо паноҳ талабад, бояд ба Аллоҳ паноҳ барад аз фитнаҳои гумроҳкунанда», Ибни Ҷарир онро дар тафсири худ (13/475) таҳти рақами (15912) ривоят кардааст ва Ибни Баттол онро дар шарҳи худ бар «Саҳеҳи Бухорӣ» (4/13) зикр намудааст.
Аллоҳумма аҳйини ала суннати набийика саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва таваффани ала миллатиҳи, ва аъизни мин музиллотил фитан
149- «Эй Аллоҳ, бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамчунон ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодаӣ. Ҳамоно Ту Ситоишшуда ва Бузургворӣ. Ва бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат нозил кун, ҳамчунон ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат нозил кардаӣ, дар миёни тамоми ҷаҳониён, ҳамоно Ту Ситоишшуда ва Бузургворӣ»[112]. [112] Ривояти Бухорӣ, рақами (3370), ва он чи дар байни ду қавс аст, аз ҳадиси Абу Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) дар назди Муслим, рақами (405).
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима, ва ъало оли Иброҳим, иннака ҳамидун маҷид, ва борик ъало Муҳаммадив-ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима, ва ъало оли Иброҳим, фил-оламин, иннака ҳамидун маҷид.
Ва ҳамду сано махсуси Аллоҳ аст, Парвардигори ҷаҳониён, чунон ки ба ҷалол ва бузургии Ӯ ва ба азамати салтанати Ӯ сазовор аст. Эй Аллоҳ, бар Паёмбари мо Муҳаммад, бар хонадони ӯ, ёронаш ва ҳамаи пайравонаш, ки то рӯзи Қиёмат бо некӣ аз ӯ пайравӣ мекунанд, дуруду салом фирист.
ТАБОБАТ БО РУҚЯ АЗ ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло
Доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Муқаддима: Аҳамияти табобат бо Қуръон ва Суннат
Ҳамоно ҳамду ситоиш танҳо аз они Аллоҳ аст. Ӯро ҳамду ситоиш мегӯем, аз Ӯ ёрӣ металабем ва аз Ӯ омурзиш мехоҳем. Ва аз шарри нафсҳои худ ва аз бадиҳои аъмоли худ ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳкунандае барои ӯ нест ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳидояткунандае барои ӯ нест. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Ӯ ягона аст ва ҳеҷ шарике надорад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ, бар хонадонаш, бар саҳобагонаш ва бар касоне, ки то рӯзи қиёмат ба некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд, бод. Аммо баъд:
Ҳеҷ шакку тардиде нест, ки табобат бо Қуръони Карим ва бо руқяҳое, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври саҳеҳ собит шудаанд, табобати судманд ва шифои комил аст. Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд: «Бигӯ: Он (Қуръон) барои касоне, ки имон овардаанд, ҳидоят ва шифост...» (Сураи Фуссилат, ояти 44). Дар ҷои дигар Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем ва [ин китоб] бар ситамгорони [мушрик] ҷуз зиён намеафзояд). (Сураи Исро, ояти 82). Калимаи "мин" (аз ин) дар ин ҷо барои баён кардани ҷинс ва умумияти шифо гуфта мешавад. Ба ин маънӣ, ки тамоми Қуръон шифост, чунонки дар ояти пешин баён гардид.[1] Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд: (Эй мардум! Ба ростӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панду андарзе омадааст ва шифое барои он чи дар дилҳост, инчунин ҳидоят ва раҳмате барои мӯъминон). (Сураи Юнус, ояти 57). [1] Ниг.: Ал-Ҷавоб-ул-кофӣ ли ман саъала ъан -ид-давои аш-шофӣ, асари Ибни Қаййим, саҳ. 20.
Пас, Қуръон шифои комил аз ҳамаи бемориҳои қалбӣ, ҷисмонӣ ва бемориҳои дунёву охират аст. Аммо ҳар кас сазовор ва муваффақ ба табобат гирифтан ба воситаи Қуръон намегардад. Вақте бемор бо Қуръон ба таври дуруст табобат гирад ва бемории худро бо сидқу имон, пазириши комил, эътиқоди қотеъ ва бо риояи тамоми шартҳои он муолиҷа намояд, беморӣ ҳаргиз наметавонад дар муқобили он истодагарӣ кунад. Зеро чӣ гуна бемориҳо метавонанд дар муқобили каломи Парвардигори замину осмон муқовимат кунанд?! Ҳамон каломе, ки агар бар кӯҳҳо нозил мешуд, онҳоро пора-пора мекард ва агар бар замин нозил мегардид, онро аз ҳам мешикофт. Ҳеҷ беморие аз бемориҳои дил ва ҷисм нест, магар ин ки дар Қуръон роҳу равиши табобати он, сабаби пайдоиши он ва роҳи пешгирӣ аз онро барои касе, ки Аллоҳ ба ӯ фаҳмиши Китоби Худро ато кардааст, вуҷуд дорад. Аллоҳ Азза ва Ҷалла дар Қуръон ҳам бемориҳои дилҳо ва ҳам бемориҳои ҷисмҳоро зикр кардааст ва инчунин роҳҳои табобати онро баён намудааст:
Аммо бемориҳои дил ду навъанд: - Бемории шубҳа ва шак; - Бемории шаҳват ва гумроҳӣ. Аллоҳ — Субҳонаҳу ва Таъоло — бемориҳои дилро ба таври муфассал баён мекунад ва сабабҳои пайдоиши онҳоро, ҳамчунин роҳҳои табобати онҳоро зикр менамояд.[2] Чунончи Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё барои онҳо кофӣ нест, ки Мо бар ту Китоберо нозил кардем, ки бар онҳо хонда мешавад? Ҳамоно дар ин (Қуръон), барои мардуме, ки имон меоваранд, раҳмат ва пандест). [Сураи Анкабут, ояти: 51]. Аллома Ибни Қайим (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: «Пас, ҳар касро Қуръон шифо надиҳад, Аллоҳ ӯро шифо нахоҳад дод; ва ҳар касро Қуръон кифоят накунад, Аллоҳ ӯро кифоят нахоҳад кард».[3] [2] Зодул-маъод, асари Ибни Қаййим, 4/6 ва 4/352. [3] Зодул-маъод, 4/352.
Аммо дар мавриди бемориҳои ҷисмонӣ, Қуръони Карим ба асос ва қоидаву усулҳои умумии табобати онҳо роҳнамоӣ кардааст. Зеро тамоми қоидаҳои тибби бадан дар Қуръони Азим ба се чиз бармегарданд: ҳифзи саломатӣ, парҳез аз чизҳои зараровар ва хориҷ кардани моддаҳои фосид ва зараровар аз бадан. Аз ин се асос метавон қоидаҳои дигареро, ки ба ин навъ дохил мешаванд, низ дарёфт намуд.[4] [4] Зодул-маъод, асари Ибни Қаййим, 4/6 ва 4/352.
Агар банда ба воситаи Қуръон ба таври дуруст табобат карданро анҷом диҳад, таъсири аҷибу шигифтангези онро дар зуд шифо ёфтан эҳсос хоҳад кард.
Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳу таъоло) мегӯяд: «Замоне дар Макка бар ман беморие омад, ки дар онҷо на табибе меёфтам ва на доруе. Аз ин рӯ, худамро бо сураи “Фотиҳа” табобат мекардам ва таъсири аҷибе аз он медидам. Як миқдор оби Замзам мегирифтам ва сураи “Фотиҳа”-ро борҳо бар он мехондам, сипас онро менӯшидам ва ба ин васила шифои комил меёфтам. Баъд аз он, дар бисёре аз дардҳо ба ҳамин усул такя мекардам ва аз он ба таври ниҳоят судманд баҳра мебурдам. Ҳар гоҳ касе аз дарде шикоят мекард, ман ин амалро ба ӯ тавсия менамудам ва бисёре аз онҳо зуд шифо меёфтанд»[5]. [5] Ниг.: «Зодул-маъод» (4/178) ва «Ал-Ҷавобул-кофӣ», саҳ. 21.
Ҳамчунин табобат бо руқяҳои собитшуда аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷумлаи судмандтарин доруҳост. Дуо низ, агар аз монеаҳо эмин бошад, аз судмандтарин василаҳо барои дур намудани чизҳои номатлуб ва ба даст овардани чизҳои лозима мебошад. Аз ин рӯ, дуо аз судмандтарин доруҳост, хусусан вақте ки инсон дар он бисёр пофишорӣ ва исрор мекунад. Дуо душмани балост: бо он муқовимат мекунад, онро табобат менамояд ва аз фуруд омадани он пешгирӣ мекунад; ё агар бало фуруд омада бошад, онро сабуктар месозад.[6] Чунончи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: «Дуо ҳам дар мавриди он чи фуруд омадааст ва ҳам дар мавриди он чи ҳанӯз фуруд наомадааст, судманд аст. Пас, эй бандагони Худо, дуо кунед!»[7]; Ва инчунин сухани ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Қазоро ҷуз дуо чизе барнамегардонад ва умрро ҷуз некӣ чизе зиёд намекунад»[8], Вале дар ин ҷо амрест, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард: Ва он ин аст, ки оятҳо, зикрҳо, дуоҳо ва тааввузоте, ки ба воситаи онҳо шифо ҷуста мешавад ва руқя хонда мешавад, дар зоти худ судманд ва шифобахшанд, лекин қабул ва қуввату таъсири фоилро тақозо мекунанд. Пас, ҳар гоҳ шифо ҳосил нашавад, ин ба сабаби заъфи таъсири фоил (амалкунанда), ё адами қабули мунфаил (таъсиргиранда) ва ё вуҷуди монеаи қавие дар ӯст, ки аз таъсир кардани даво пешгирӣ мекунад; зеро табобат бо руқя ба ду амр вобаста аст: [6] Нигаред: Ҷавоби кофӣ, с. (22-25). [7] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3548), ва Ҳоким (1/670) ва Аҳмад, рақами (22044), Албонӣ онро ҳасан гуфтааст, нигаред: Саҳеҳул-ҷомеъ (3/151), рақами (3403). [8] Ривояти Ҳоким (1/670), Тирмизӣ, рақами (2139) ва Албонӣ онро дар «Силсилаи аҳодиси саҳиҳа» (1/76), рақами (154) ҳасан донистааст.
Асоси аввал: аз ҷониби бемор аст. Ин бо қуввати иродаи ӯ, ростиву ихлоси рӯ оварданаш ба сӯи Худованди Таъоло ва эътиқоди қатъии ӯ ба он сурат мегирад, ки Қуръон барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст. Ҳамчунин бо паноҳҷӯии дурусте мебошад, ки дил ва забон бар он мувофиқ ва ҳамоҳанг бошанд. Зеро ин як навъ мубориза аст. Ва мубориз наметавонад бар душмани худ пирӯз шавад, магар бо ду чиз:
Якум, силоҳ худ дуруст ва хуб бошад; Дуюм, шахсе, ки бо он силоҳ меҷангад, қавӣ бошад. Пас, ҳар гоҳ яке аз ин ду чиз вуҷуд надошта бошад, силоҳ фоидаи зиёд намедиҳад. Пас чӣ гуна хоҳад буд, агар ҳар ду чиз аз байн рафта бошанд: дил аз тавҳид, таваккал, тақво ва рӯ овардан ба Худованд холӣ бошад ва инсон силоҳе ҳам надошта бошад?!
Асоси дуюм: аз ҷониби касе мебошад, ки бо Қуръон ва Суннат табобат мекунад. Дар ӯ низ бояд ҳамин ду чиз вуҷуд дошта бошад.[9] Аз ҳамин сабаб, Ибни Тин, (раҳимаҳуллоҳ таъоло), гуфтааст: «Руқя кардан бо оятҳои “Муъаввизот” ва дигар номҳои Худованд, тибби рӯҳонӣ аст. Ҳангоме ки онро бар забони бандагони солеҳ анҷом диҳанд, ба хости Худованди Таъоло шифо ҳосил мешавад»[10]. [9] Нигаред: «Зоду-л-маъод» (4 / 68) ва «Ал-ҷавобу-л-кофӣ» саҳ. (21). [10] Фатҳул-бории Ибни Ҳаҷар (10 / 196).
Уламо бар ҷоиз будани руқя, ҳангоме ки се шарт дар он ҷамъ бошанд, иттифоқи назар доранд:
Шарти аввал: Руқя бояд бо каломи Худованди Таъоло, ё бо номҳо ва сифатҳои Ӯ, ё бо каломи Расули Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) анҷом дода шавад.
Шарти дуюм: Руқя бояд ба забони арабӣ ё бо калимаву иборае бошад, ки маънояш маълум ва фаҳмо бошад, ҳатто агар ба забони ғайри арабӣ бошад.
Шарти сеюм: Бояд эътиқод дошта бошанд, ки руқя худ ба худ таъсир намекунад, балки таъсири он ба қудрати Аллоҳ Таъоло вобаста аст.[11] Яъне руқя танҳо яке аз сабабҳо ва василаҳои шифо мебошад. [11] Нигар: «Фатҳул-борӣ» (10/195) ва "Фатовои аллома Ибни Боз" (2/384).
Бо дарназардошти чунин аҳаммияти бузурги руқя, ман бахши руқяҳоро аз китоби худ бо номи «Азкор, дуо ва табобат бо руқя аз Қуръон ва Суннат» мухтасар намудам ва ба он, иншоаллоҳ, баъзе фоидаҳои судмандро низ илова кардам. Аз Худованди Азза ва Ҷалла ба василаи номҳои некӯ ва сифатҳои олии Ӯ хоҳонам, ки ин китобро танҳо барои ризои Худ қарор диҳад ва маро ба воситаи он баҳраманд созад. Ҳамчунин аз Ӯ мехоҳам, ки ба ҳар касе, ки онро мехонад, ё ба чоп мерасонад, ё дар паҳн кардани он саҳм мегузорад ва низ ба ҳамаи мусалмонон ба воситаи он манфиат расонад. Ҳамоно Ӯ — Субҳонаҳу — сарпарасти ин кор ва бар он тавоност. Дуруду салом ва баракати Худованд бар Паёмбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бар хонадони ӯ, саҳобагони ӯ ва ҳамаи касоне, ки то рӯзи қиёмат бо некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд, бод.
Бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло
Доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳфи ал-Қаҳтонӣ
Дар 18 / 6 / 1414 ҳиҷрӣ ба риштаи таҳрир даромадаст.
1- Табобати сеҳру ҷоду
Табобати илоҳии сеҳр ба ду қисм ҷудо мешавад:
Қисми аввал: Корҳое, ки пеш аз рух додани сеҳр ба воситаи онҳо аз он ҳифз шудан мумкин аст:
1. Ба ҷо овардани ҳамаи фарзҳо ва воҷибот, тарк кардани ҳамаи ҳаромҳо ва тавба кардан аз тамоми гуноҳҳо.
2. Бештар хондани Қуръони Карим, ба тавре ки инсон барои худ ҳар рӯз ҳиссаи муайяне (вирде) аз тиловати Қуръон қарор диҳад.
3. Бо дуоҳо, калимаҳои паноҳҷӯянда ва зикрҳои машруъ худро ҳифз намудан. Аз ҷумла: «Бисмиллоҳил-лазӣ ло язурру маъасмиҳӣ шайъун фил-арзи ва ло фис-самоӣ, ва ҳувас-самиъул-ъалим» — се маротиба субҳу шом[12], инчунин хондани Оят-ал-курcӣ пас аз ҳар намоз, ҳангоми хоб ва субҳу шом.[13] Ҳамчунин хондани: «Қул ҳуваллоҳу аҳад» ва ду сураи «Муъаввизатайн» — яъне «Фалақ» ва «Нос» — се маротиба субҳу шом ва ҳангоми хоб. Инчунин гуфтани: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир» — сад маротиба ҳар рӯз[14], ҳамчунин бояд ба зикрҳои субҳу шом, зикрҳои баъд аз намозҳо, зикрҳои пеш аз хоб ва ҳангоми бедор шудан, зикрҳои ҳангоми ворид шудан ба хона ва берун шудан аз он, зикрҳои савор шудан, зикрҳои ҳангоми ворид шудан ба масҷид ва берун шудан аз он, дуои ворид шудан ба ҳоҷатхона ва баромадан аз он, дуои шахсе, ки гирифтореро мебинад ва дигар зикрҳои машруъ пайваста амал намуд. Ман бисёре аз ин зикрҳоро вобаста ба ҳолатҳо, муносибатҳо, ҷойҳо ва вақтҳо дар китоби «Ҳиснул-муслим» баён кардаам. Шакке нест, ки пойбандӣ ба ин зикрҳо, ба хости Худованди Таъоло, аз ҷумлаи сабабҳоест, ки инсонро аз гирифтор шудан ба сеҳр, чашми бад ва озори ҷинҳо ҳифз мекунад. Ҳамчунин ин зикрҳо баъд аз гирифтор шудан ба ин офатҳо ва дигар бемориҳо низ аз бузургтарин василаҳои табобат ба шумор мераванд.[15] [12] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3388), Абудовуд, рақами (5088) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3869), Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/332) саҳеҳ гуфтааст. [13] Ҳоким ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/562), ва Албонӣ онро дар "Саҳеҳи тарғиб ва тарҳиб" (1/273), рақами (658) саҳеҳ донистааст. [14] Ривояти Бухорӣ (4/95), рақами (3293), Муслим (4/2071), рақами (2691). [15] Ниг.: «Зодул-маъод» (4/126) ва «Маҷмуъу фатово»-и аллома Ибни Боз (3/277). Ҳамчунин ба даҳ сабабе, ки зарари ҳасуд ва ҷодугарро дафъ мекунанд, дар бахши сеюми «Табобати чашми бад»-и ҳамин китоб нигаред.
4. Хӯрдани ҳафт дона хурмои Аҷва субҳгоҳон, дар ҳолати холӣ будани меъда, агар имкон дошта бошад. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: «Ҳар кас субҳгоҳон ҳафт дона хурмои Аҷва бихӯрад, дар он рӯз на заҳр ва на сеҳр ба ӯ зарар намерасонад»[16], Беҳтар он аст, ки ин хурмо аз хурмои шаҳри Мадина ва аз минтақаи байни ду ҳарра бошад, чунонки дар ривояти Муслим омадааст. Шайхи бузургвори мо, аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, раҳимаҳуллоҳ, бар ин назар буд, ки ин хусусият дар тамоми хурмои Мадина вуҷуд дорад; зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: «Ҳар кас субҳгоҳон ҳафт дона хурмо аз хурмоҳои байни ду лобаи (санглохи) он бихӯрад...» [17] то охири ҳадис [18]. [16] Ривояти Бухорӣ (10/247), рақами (5445), Муслим (3/1618), рақами (2047). [17] «Лобатайҳо» шакли таснияи «лоба» мебошад. «Лоба» ба маънои ҳарра аст, яъне замине, ки дорои сангҳои сиёҳи ноҳамвор аст, гӯё бо оташ сӯхта бошад. Дар ин ҷо мақсад ду минтақаи санглохи сиёҳест, ки шаҳри Мадинаи Мунаввараро дар миёни худ гирифтаанд. Ниг.: «Файзул-қадир»-и Муновӣ (2/514). [18] Ривояти Муслим (3/1618), рақами (2047).
Ҳамчунин он донишманди бузург, (раҳимаҳуллоҳ), бар ин назар буд, ки барои шахсе, ки ҳафт дона хурмои ғайри хурмои Мадинаро ба таври мутлақ мехӯрад, низ умеди ба даст овардани ҳамин хусусият вуҷуд дорад.
ҚИСМИ ДУЮМ: ТАБОБАТИ СЕҲР (ҷодӯ) ПАС АЗ ВОҚЕЪ ШУДАНИ ОН Он чанд навъ дорад:
Навъи аввал: Баровардан ва бекор кардани сеҳр (ҷодӯ), агар ҷойи он бо роҳҳои шаръан ҷоиз маълум бошад. Ин яке аз беҳтарин ва муассиртарин роҳҳои табобати шахси ҷодузада мебошад[19]. [19] Нигаред: Зоду-л-маод (4/124), Бухорӣ (10/132), рақами (5765), Муслим (4/1917), рақами (2189), Маҷмӯи фатвоҳои Ибни Боз (3/228).
Навъи дуюм: Руқияи шаръӣ, ки аз ҷумлаи он ин аст[20]: [20] Нигаред: «Фатҳул-ҳаққил-мубин фӣ илоҷис-сараъи вас-сеҳри вал-айн», саҳ. (138).
Аввал: Ҳафт барги сабзи сидрро байни ду санг ё монанди онҳо кӯфта майда мекунанд. Сипас ба он миқдоре об мерезанд, ки барои ғусл кардан кофӣ бошад, ва бар он чунин мехонанд:
Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтони рондашуда, Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим (Аллоҳ Таъоло — ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест. Ӯ Зинда ва Пойдор аст. На пинак Ӯро фаро мегирад ва на хоб. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист он ки назди Ӯ шафоат кунад, магар ба иҷозати Ӯ? Ӯ он чиро, ки пеши рӯи мардум ва пушти сарашон аст, медонад. Ва онҳо аз дониши Ӯ чизеро дарбар гирифта наметавонанд, магар он чиро, ки Ӯ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва нигоҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ва Ӯ Баландмақом ва Бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255).
(Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро бияндоз». Ногоҳ он чизҳоеро, ки онҳо бо дурӯғ сохта буданд, фурӯ бурд. 117 Ҳақ ошкор гардид ва он чи мекарданд, ботил шуд. 118 Пас дар он ҷо [Фиръавну фиръавниён ҳамагӣ] мағлуб шуданд ва хор баргаштанд. 119 Ва ҷодугарон ба саҷда афтоданд. 120 Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, 121 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун 122»). [Сураи Аъроф, оятҳои 117-122].
(Ва Фиръавн гуфт: «Ҳар ҷодугари донишмандро назди ман биёред». 79 Чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онҳо гуфт: «Он чиро, ки мехоҳед бияндозед, бияндозед». 80 Пас чун андохтанд, Мӯсо гуфт: «Он чи овардаед, сеҳр аст. Албатта Худо онро ботил хоҳад кард. Ҳамоно Худо кори фасодкоронро ба ислоҳ намеорад». 81 Ва Худо бо калимоти Худ ҳақро устувор мегардонад, ҳарчанд гунаҳкорон (ин корро) намеписанданд 82»). [Сураи Юнус, оятҳои 79-82].
([Ҷодугарон] Гуфтанд: «Эй Мӯсо! Ё ту аввал бияндоз ё мо аввал меандозем». 65 [Мӯсо] Гуфт: «Балки шумо бияндозед». Ногоҳ аз сеҳри онҳо ба назари ӯ чунин менамуд, ки ресмонҳо ва асоҳояшон ҳаракат мекунанд. 66 Пас Мӯсо дар дили худ андаке тарс эҳсос кард. 67 Гуфтем: «Натарс! Бешубҳа ту бартарӣ дорӣ». 68 «Ва он чиро, ки дар дасти ростат ҳаст, бияндоз, то он чи сохтаанд, фурӯ барад. Он чи онҳо сохтаанд, танҳо ҳилаи ҷодугар аст. Ва ҷодугар ҳар ҷо равад, растагор намешавад». 69 Пас ҷодугарон ба саҷда афтоданд ва гуфтанд: «Мо ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем» 70). (Сураи Тоҳо, оятҳои 65-70).
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! 1 Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам 2 Ва он чиро, ки ман мепарастам, шумо [низ] намепарастед 3 Ва ман парастандаи он чи шумо парастиш кардаед, нестам. 4 Ва он чиро, ки ман мепарастам, шумо [низ] намепарастед 5 [Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам» 6) (Сураи Кофирун, оятҳои 1-6).
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1 Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2 На касеро зода ва на аз касе зода шудааст 3 Ва ҳеҷ кас ҳаммонанду ҳамтои Ӯ набуда ва нест» 4) (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4).
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон ([Эй Паёмбар] Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори субҳ. 1 Аз шарри он чӣ офаридааст. 2 Ва аз шарри торикии шаб, вақте ки фаро расад. 3 Ва аз шарри заноне, ки дар гиреҳҳо медаманд (ҷодугарон). 4 Ва аз шарри ҳасуд, вақте ки ҳасад меварзад» 5). (Сураи Фалақ, оятҳои 1-5).
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон ([Эй Паёмбар] Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум. 1 Подшоҳи мардум. 2 Маъбуди мардум 3 Аз шарри васвасагари пинҳоншаванда. 4 Он касе, ки дар дилҳои мардум васваса меандозад. 5 Аз ҷинҳо [бошад] ва [ё аз] одамон» 6). (Сураи Нос, оятҳои 1-6).
Баъд аз хондани ин оятҳо дар об, се бор аз он менӯшад ва бо боқимондааш ғусл мекунад. Ба ин васила, ба хости Аллоҳ Таъоло, беморӣ аз байн меравад. Агар ниёзе ба такрор кардани он ду бор ё бештар бошад, боке нест, то замоне ки беморӣ бартараф шавад. Ин амал бисёр озмуда шуда ва Худованд бо он нафъ расонидааст. Барои касе, ки аз ҳамбистарӣ бо ҳамсараш боздошта шудааст, низ манфиатовар аст [21]. [21] Нигаред ба: «Фатово»-и Ибни Боз (3/279), «Фатҳу-л-маҷид», саҳ. (346) ва «Ас-сориму-л-баттор фи-т-тасаддӣ ли-с-саҳарати ва-л-ашрор»-и Ваҳид Абдуссалом, саҳ. (109-117), ки дар он ҷо руқияи муфиду муфассал ва судманде, - иншоаллоҳ - оварда шудааст; инчунин «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ (11/13) ва «Фатҳу-л-борӣ»-и Ибни Ҳаҷар (10/233).
Дувум: Сураи «Фотиҳа», оятулкурсӣ, ду ояти охири сураи «Бақара», ва сураҳои «Ихлос», «Фалақ» ва «Нос»-ро се маротиба ё бештар мехонад, ҳамроҳ бо дамидан ва бар ҷойи дард бо дасти рост масҳ карда мешавад [22]. [22] Ривояти Муслим (4/ 1728), рақами (2202).
Севум: Таъаввузот (дуоҳои паноҳҷӯӣ), руқяҳо ва дуоҳои ҷомеъ (фарогир):
1- Аз Аллоҳи бузург, Парвардигори Арши азим, талаб дорам, ки туро шифо бахшад. (ҳафт маротиба)[23]. [23] Ривояти Абудовуд (3/187), рақами (3106), Тирмизӣ (2/410), рақами (2083), Албонӣ дар Саҳеҳ-ул-ҷомеъ (5/180) ва (322) ва дар Саҳеҳи сунани Абудовуд (2/276) саҳеҳаш гуфтааст.
Асъалуллоҳ-ал-ъазима, раббал ъаршил ъазими, ай яшфияк.
2- Бемор дасташро бар ҷойи дардманди баданаш мегузорад ва мегӯяд: "Ба номи Аллоҳ" Се маротиба, ва мегӯяд: Бисмиллаҳ «Ба Аллоҳ ва қудрати Ӯ аз шарри он чӣ эҳсос мекунам ва аз он чӣ метарсам, паноҳ мебарам». (ҳафт маротиба) [24]. [24] Ривояти Муслим (4 / 1728), рақами (2709).
«Аъузу биллаҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру»
3- «Эй Аллоҳ, Парвардигори мардум! Ранҷу бемориро дур кун ва шифо ато фармо. Ту Шифодиҳанда ҳастӣ. Ҳеҷ шифое ҷуз шифои Ту нест. Шифое ато кун, ки ҳеҷ бемориро боқӣ нагузорад»[25]. [25] Ривояти Бухорӣ (10/206), рақами (5745), Муслим (4/1724), рақами (2194).
Аллоҳумма раббан-нас, азҳибил-баъс, вашфи анташ-шафӣ, ло шифоа илла шифоука, шифоан ла юғодиру сақама.
4- «Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз ҳар шайтон, ҳар ҷонвари заҳрнок ва аз ҳар чашми зараровар паноҳ мебарам»[26]. [26] Ривояти Бухорӣ (6 / 408), рақами (3371).
Аъузу бикалимотиллоҳит-томмоти мин кулли шайтонин ва ҳамматин, ва мин кулли айнин ламмаҳ.
5- «Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри ҳар чизе, ки офаридааст, паноҳ мебарам»[27]. [27] Муслим ривоят кардааст (4 / 1728) бо рақами (2709).
Аъузу бикалимотиллоҳит томмоти мин шарри мо халақ
6- «Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз ғазаб ва азоби Ӯ, аз шарри бандагонаш, аз васвасаҳои шайтонҳо ва аз ҳозир шудани онҳо назди худ, паноҳ мебарам»[28]. [28] Ривояти Абудовуд, рақами (3893), Тирмизӣ, рақами (3528) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/171) ҳасан донистааст.
Аъузу бикалимотиллаҳит-томмоти: мин ғазабиҳи, ва ъиқобиҳи, ва шарри ъибодиҳи, ва мин ҳамазотиш-шаётини, ва ай яҳзурун.
7- «Ба калимаҳои комили Аллоҳ, ки ҳеҷ некӯкор ва бадкоре аз онҳо берун намемонад, аз шарри ҳар он чӣ Ӯ офаридааст, падид овардааст ва ба вуҷуд овардааст; аз шарри он чӣ аз осмон фуруд меояд ва он чӣ ба сӯи осмон боло меравад; аз шарри он чӣ дар замин ба вуҷуд овардааст ва он чӣ аз замин берун меояд; аз шарри фитнаҳои шабу рӯз ва аз шарри ҳар оянда дар шаб, ба ҷуз он ки бо некӣ меояд, паноҳ мебарам. Эй Раҳмон!»[29]. [29] Муснади Аҳмад (3/119), рақами (15461), бо исноди саҳеҳ, ва Ибни Суннӣ, рақами (637), ва нигаред: Маҷмаъ аз-завоид (10/127), ва Албонӣ онро дар Силсилаи аҳодиси саҳеҳа (7/196) саҳеҳ донистааст.
Аъузу бикалимотиллаҳит-томмотил-латӣ ла юҷавизуҳунна баррун ва ло фаҷирун, мин шарри ма халақа, ва бараъа, ва зараа, ва мин шарри ма янзилу минас-самаи, ва мин шарри ма яъруҷу фиҳа, ва мин шарри ма зараа фил-арзи, ва мин шарри ма яхруҷу минҳа, ва мин шарри фитанил-лайли ван-наҳари, ва мин шарри кулли ториқин илла ториқан ятруқу бихайрин ё Раҳман.
8- «Эй Аллоҳ, Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳама чиз, Шикофандаи донаву ҳаста ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Қуръон! Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии ҳар чизе, ки пешониаш дар дасти Туст. Ту Аввалӣ ва пеш аз Ту чизе нест, ва Ту Охирӣ ва баъд аз Ту чизе нест ва Ту Зоҳирӣ ва болотар аз Ту чизе нест ва Ту Ботинӣ ва пинҳонтар аз Ту чизе нест ...»[30]. [30] Муслим (4 / 2084) бо рақами (2713) ривоят кардааст.
Аллоҳумма раббас-самовотис-сабъи, ва раббал-арзи, ва раббал-аршил-ъазим, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқал-ҳабби ван-наво, ва мунзилат-Тавроти вал-Инҷили вал-Қуръон, аъузу бика мин шарри кулли шайъин анта охизун биносиятиҳ, антал-аввалу фалайса қаблака шайъ, ва антал-охиру фалайса баъдака шайъ, ва антаз-зоҳиру фалайса фавқака шайъ, ва антал-ботину фалайса дунака шайъ.
9- «Ба номи Аллоҳ бар ту руқя мехонам, то аз ҳар чизе, ки ба ту озор мерасонад ва аз шарри ҳар нафс ё чашми ҳасуд паноҳ ёбӣ. Аллоҳ туро шифо диҳад. Ба номи Аллоҳ бар ту руқя мехонам»[31]. [31] Ривояти Муслим аз Абу Саъид (разияллоҳу анҳу) (4 / 1718), рақами (2186).
Бисмиллаҳи арқика, мин кулли шайъин юъзика, ва мин шарри кулли нафсин ав айнин ҳосидин, Аллоҳу яшфика, Бисмиллоҳи арқика.
10- «Ба номи Аллоҳ, Ӯ туро аз беморӣ раҳо месозад ва аз ҳар дард шифо мебахшад; аз шарри ҳасуд ҳангоме ки ҳасад мебарад ва аз шарри ҳар соҳиби чашми зараровар паноҳат медиҳад»[32]. [32] Ривояти Муслим аз Оиша (разияллоҳу анҳо) (4 / 1718), рақами (2185).
Бисмиллаҳи юбрика, ва мин кулли доин яшфика, ва мин шарри ҳосидин иза ҳасада, ва мин шарри кулли зи ъайн.
11- «Ба номи Аллоҳ бар ту руқя мехонам, то аз ҳар чизе, ки ба ту озор мерасонад, аз ҳасади ҳасуд ва аз шарри ҳар соҳиби чашми зараровар паноҳ ёбӣ. Аллоҳ туро шифо диҳад»[33]. [33] Сунани Ибни Моҷаҳ, рақами (3527), аз Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ва Албонӣ онро дар Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (2/268) саҳеҳ донистааст.
Бисмиллоҳи арқика мин кулли шайъин юъзика, мин ҳасади ҳосидин, ва мин кулли зи айнин Аллоҳу яшфика.
Бо ин дуоҳои паноҳҷӯӣ, дуоҳо ва руқяҳо барои муолиҷаи сеҳр, чашми бад, осеби ҷинҳо ва тамоми бемориҳо руқя хонда мешавад. Зеро инҳо руқяҳои ҷомеъ ва судманд мебошанд, ба хости Аллоҳ Таъоло.
Навъи сеюм: Бо ҳиҷома хориҷ кардани хун аз ҷой ё узве, ки нишонаҳои таъсири сеҳр дар он зоҳир шудаанд, агар ин кор имконпазир бошад. Агар ин имкон надошта бошад, ҳамон муолиҷаҳои пештар зикршуда кофӣ мебошанд, ба ҳамду сипоси Аллоҳ Таъоло [34]. [34] Нигаред: «Зоду-л-маъод» (4/125). Ҳамчунин, баъзе усулҳои муолиҷаи сеҳр пас аз рух додани он вуҷуд доранд, ки агар озмуда шуда, фоида расонида бошанд, истифодаи онҳо боке надорад. Нигаред: «Мусаннаф»-и Ибни Абушайба (7/386-387), «Фатҳу-л-борӣ» (10/233-234), «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ (11 / 13), «Ас-сориму-л-баттор», саҳ. (194-200) ва «Ас-сеҳр: ҳақиқатуҳу ва ҳукмуҳу»-и доктор Мусфир ад-Думайнӣ, саҳ. (64-66).
Навъи чаҳорум: Доруҳои табиӣ мебошанд. Доруҳои табиии судманде вуҷуд доранд, ки Қуръони Карим ва суннати пок ба онҳо роҳнамоӣ кардаанд. Агар инсон онҳоро бо боварии комил, ростӣ ва рӯ овардан ба Аллоҳ истифода барад ва ҳамзамон эътиқод дошта бошад, ки фоида аз ҷониби Аллоҳ аст, Аллоҳ Таъоло, агар бихоҳад, онҳоро сабаби шифо қарор медиҳад. Ҳамчунин, доруҳое вуҷуд доранд, ки аз гиёҳҳо ва монанди онҳо таркиб ёфтаанд. Истифодаи онҳо бар асоси таҷриба сурат мегирад. Аз нигоҳи шариат, баҳра бурдан аз онҳо ҷоиз аст, ба шарте ки ҳаром набошанд [35]. [35] Нигаред: Фатҳу-л-ҳаққи-л-мубин фи илоҷи-с-саръи ва-с-сеҳри ва-л-айн, саҳ. (139).
Ва аз ҷумлаи давоҳои табиии муфид бо хости Худои Таъоло: асал (36), сиёҳдона (37), оби Замзам (38) ва оби осмон мебошад; ба далели фармудаи Худои аъоло: «Ва аз осмон оби бобаракат фурӯ фиристодем...» [Сураи Қоф, ояти 9]. [36] Нигаред ба: «Фатҳул-ҳаққил-мубин», саҳ. (140) ва табобат бо асал дар ин китоб хоҳад омад. [37] Нигаред: «Фатҳул-ҳаққил-мубин», саҳ. (141) ва табобат бо сиёҳдона дар ин китоб хоҳад омад. [38] Нигаред: «Фатҳул-ҳаққил-мубин», саҳ. (144) ва табобат бо оби Замзам дар ин китоб хоҳад омад.
Равғани зайтун, бар асоси сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Равғани зайтунро бихӯред ва баданатонро бо он равғанмолӣ кунед, зеро он аз дарахти бобаракат аст» [39], Бар асоси таҷриба, истифода ва хондани матнҳои марбут ба он собит шудааст, ки равғани зайтун аз беҳтарин равғанҳо мебошад [40], аз ҷумлаи дигар воситаҳои муолиҷаи табиӣ: ғусл кардан, покизагӣ ва хушбӯй кардан [41]. [39] Ривояти Аҳмад дар Муснад (3/497), рақами (16055), Тирмизӣ, рақами (1851) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (3319) Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (2/166) саҳеҳ гуфтааст. [40] Нигаред: «Фатҳул-ҳаққил-мубин фӣ илоҷис-саръи вас-сеҳри вал-ъайн», саҳ. (142). [41] Нигаред: маъхази пешина, саҳ. (145).
2- Муолиҷаи чашми бад
Муолиҷаи осебе, ки аз чашми бад ба вуҷуд меояд, ба чанд қисм тақсим мешавад:
Қисми аввал: Пеш аз гирифтор шудани ба чашм ва он чанд навъ аст:
1- Худро ва шахсеро, ки аз осеб дидани ӯ тарс доранд, бо зикрҳо, дуоҳо ва дуоҳои паноҳҷӯии шаръӣ ҳифз кардан. Ин масъала ҳамон гуна аст, ки дар қисми якуми муолиҷаи сеҳр баён гардид [42]. [42] Нигаред: Ба он чи пештар дар мавриди муолиҷаи сеҳр дар ин китоб гузашт.
2- Шахсе, ки метарсад чашми ӯ ба касе осеб расонад, ҳар гоҳ дар худ, молу мулки худ, фарзанди худ, бародари худ ё чизи дигаре, ки ба ӯ писанд меояд, чизеро бинад, бояд барои он баракат бихоҳад ва бигӯяд: «Ҳар чӣ Аллоҳ бихоҳад, ҳамон мешавад. Ҳеҷ қуввату тавоне ҷуз ба ёрии Аллоҳ нест. Эй Аллоҳ, ба ӯ баракат ато фармо!»; Мошааллоҳу ло қуввата илло биллоҳ, Аллоҳумма барик алайҳ Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо дар бародари худ чизеро бинад, ки ба ӯ писанд ояд, пас бояд барои ӯ баракат бихоҳад» [43]. [43] Ривояти Муваттаи Молик (2/938), Ибни Моҷаҳ (2/1160), рақами (3509) ва Аҳмад (4/447), рақами (15700), Албонӣ дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/265) онро саҳеҳ гуфтааст ва Зод ал-маъод (4/170) ва Ас-сорим ал-баттор фи-т-тасаддӣ ли-с-саҳарати ва-л-ашрор-и Шайх Ваҳид Абдуссалом, саҳ. (229-252).
3- Пинҳон доштани зебоиҳо ва неъматҳои шахсе, ки аз осеб дидани ӯ бо чашми бад тарс доранд [44]. [44] Нигаред: Шарҳ-ус-сунна-и Бағавӣ (13/116) ва Зод-ул-маъод (4/173).
Қисми дуюм: Пас аз гирифтор шудан ба чашми бад. Ин қисм низ чанд навъ дорад:
1- Агар шахсе, ки чашми бад расонидааст, шинохта шавад, аз ӯ талаб карда мешавад, ки вузӯ бигирад. Сипас шахсе, ки ба чашми бад гирифтор шудааст, бо обе, ки аз вузӯи ӯ боқӣ мондааст, ғусл кунад [45]. [45] Нигаред: Сунани Абудовуд (4/9), рақами (5056), ва Албонӣ онро дар Силсилаи аҳодиси саҳеҳа (6/61) саҳеҳ донистааст, ва Зоду-л-маъод (4/163), ва нигаред: Ал-виқояту ва-л-илоҷ мина-л-Китоби ва-с-Сунна, Муҳаммад ибни Шоеъ, с. (144-147).
2. Бештар хондани сураҳо ва оятҳои зерин: Сураи «Ихлос»: «Қул ҳуваллоҳу аҳад» ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост) Сураҳои «Фалақ» ва «Нос»; Сураи «Фотиҳа»; Оятулкурсӣ; Оятҳои охири сураи «Бақара»; Дуоҳои шаръие, ки барои руқя омадаанд. Ин оятҳо ва дуоҳоро бо дамидан мехонад ва бо дасти рост ҷойи дардро масҳ мекунад, ҳамон тавре ки дар навъи дуюми муолиҷаи сеҳру ҷоду, банди (в), аз рақами 1 то 11 баён гардид [46]. [46] Нигаред: Навъи дуюми табобати сеҳр аз ин китоб.
3- Бар об руқя хонда, ҳангоми хондан медамад. Сипас бемор аз он об менӯшад ва оби боқимондаро бар баданаш мерезад [47]. Ё бар равған (равғани зайтун) руқя хонда, баъд баданро бо он равғанмолӣ мекунад [48]. Агар имкон дошта бошад, бар оби Замзам руқя хондан беҳтар ва комилтар аст [49]. Ҳамчунин, бар оби борон низ руқя хондан мумкин аст [50]. [47] Сунани Абудовуд (4/10) рақами (3885), Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин корро барои Собит ибни Қайс анҷом додаанд. Ва Албонӣ онро дар Заифи Абудовуд заиф донистааст, рақами (836). [48] Ривояти Муснади Аҳмад (3/497), рақами (16055) Албонӣ онро дар Силсилаи аҳодиси саҳеҳ (1/108), рақами (379) саҳеҳ гуфтааст. [49] Нигаред: ба он чи пештар дар навъи чаҳоруми муолиҷаи сеҳр дар ин китоб баён шуд. [50] Нигаред: Навъи дуюми муолиҷаи сеҳр, дар ин китоб.
4- Барои бемор навиштани оятҳое аз Қуръон ва сипас шустани он навиштаҳо бо об ва нӯшидани он об боке надорад[51], Аз ҷумлаи оятҳое, ки барои ин мақсад истифода мешаванд: Сураи «Фотиҳа»; Оятулкурсӣ; Ду ояти охири сураи «Бақара»; Сураи «Ихлос» (қул ҳуваллоҳу Аҳад); Сураҳои «Фалақ» ва «Нос» ва дуоҳои руқя, ки дар навъи дуюми муолиҷаи сеҳр, бандҳои (б) ва (в), аз рақами 1 то 11 зикр шудаанд [52]. [51] Нигаред: «Зоду-л-маъод»-и Ибни Қаййим (4/170) ва «Фатово»-и Ибни Таймия (19/64). [52] Нигаред: он чӣ дар навъи дуюми илоҷи сеҳр дар ин китоб гузашт.
Қисми сеюм: Андешидани чораҳое, ки чашми ҳасудро дафъ мекунанд, ки онҳо чунинанд:
1- Паноҳ бурдан ба Аллоҳ аз шарри ҳасуд.
2- Парҳезгорӣ ва риояи фармонҳои Аллоҳ ва дурӣ ҷустан аз боздоштаҳои Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло: «(Ҳудуди) Аллоҳро ҳифз кун, то Ӯ туро ҳифз кунад» [53]. [53] Ривояти Тирмизӣ, рақами (2516) ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (2/309) саҳеҳ гуфтааст.
3- Сабр кардан дар баробари ҳасуд ва бахшидани ӯ. Бо ҳасуд ҷанг накунад, аз ӯ шикоят накунад ва дар дил қасди озор додани ӯро напарварад.
4- Ба Аллоҳ таваккал кардан. Ҳар кас ба Аллоҳ таваккал кунад, Ӯ барояш кофӣ хоҳад буд.
5- Аз ҳасуд натарсидан ва дилро бо фикр кардан дар бораи ӯ пур накардан. Ин яке аз судмандтарин воситаҳои муолиҷа мебошад.
6- Ба сӯи Аллоҳ рӯ овардан, ибодатро холисона барои Ӯ анҷом додан ва ризои Ӯро талаб кардан.
7- Аз гуноҳон тавба кардан. Зеро гуноҳон метавонанд сабаби мусаллат шудани душманон бар инсон гарданд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад, ба сабаби корҳоест, ки худатон анҷом додаед, ва Ӯ аз бисёре (аз гуноҳон) дармегузарад». (Сураи Шуро, ояти 30).
8- Ба қадри имкон садақа додан ва некӣ кардан. Садақа ва некӣ дар дур кардани бало, чашми бад ва шарри ҳасуд таъсири аҷибе доранд.
9- Оташи кинаи ҳасуд, ситамгар ва озордиҳандаро бо некӣ хомӯш кардан. Ҳар қадар ки шахси ҳасуд ба шумо озору бадӣ расонад, ситам кунад ва ҳасад варзад, шумо низ ба ӯ бештар некӣ кунед, ӯро насиҳат намоед ва нисбат ба ӯ дилсӯз бошед. Ба ин хислат танҳо касе муваффақ мешавад, ки аз фазлу раҳмати Аллоҳ баҳраи бузурге дошта бошад.
10- Тавҳидро холис гардонидан ва ибодатро танҳо барои Аллоҳи Азизу Ҳаким анҷом додан. Ӯ ҳамон Зоте аст, ки ҳеҷ чиз ҷуз ба хости Ӯ зарар ё фоида расонида наметавонад. Тавҳид ҳамаи ин сабабҳоро дар бар мегирад ва ҳамаи онҳо бар он асос ёфтаанд. Тавҳид бузургтарин қалъаи муҳофизатии Аллоҳ аст. Ҳар кас ба он дохил шавад, аз ҷумлаи амншудагон хоҳад буд.
Хулоса, ин даҳ сабабе буданд, ки ба василаи онҳо шарри ҳасуд, соҳиби чашми бад ва ҷодугар дафъ карда мешавад [54]. [54] Нигаред: Бадоеъ-ул-фавоиди Ибни Қаййим (2/238-245).
3- Муолиҷаи ворид шудани ҷин ба инсон (ҷинзада).
Табобати шахси ҷинзада, ки ҷин ба ӯ дохил мешавад ва вуҷуди ӯро фаро мегирад, ду қисм аст:
Қисми аввал: Пеш аз гирифторӣ:
Яке аз роҳҳои пешгирӣ ин аст, ки инсон бар ҳамаи фарзҳо ва воҷибот пойбанд бошад, аз тамоми корҳои ҳаром дурӣ ҷӯяд, аз ҳамаи гуноҳон тавба кунад ва худро бо зикрҳо, дуоҳо ва дуоҳои паноҳҷӯии шаръӣ ҳифз намояд.
Қисми дуюм: Муолиҷа пас аз дохил шудани ҷин:
Муолиҷа бо хондани Қуръон аз ҷониби мусалмоне анҷом дода мешавад, ки дилу забонаш ҳамоҳанг бошанд ва барои шахси гирифторшуда руқя бихонад. Бузургтарин василаи муолиҷа руқя хондан бо сураи «Фотиҳа» [55] мебошад, инчунин бо оятҳои зерин: Оятулкурсӣ; Ду ояти охири сураи «Бақара»; Сураи «Ихлос» (қул ҳуваллоҳу аҳад), ва Сураи «Фалақ», ва Сураи «Нос», Ҳамроҳ бо дам кардан бар шахси ҷинзада ва такрор намудани он се бор ё бештар аз он ва хондани дигар оятҳои қуръонӣ; зеро Қуръон саросар шифо барои он чи дар синаҳост ва шифову ҳидоят ва раҳмат барои мӯъминон аст [56], ва инчунин дуоҳои руқя, чунонки дар навъи дуюми табобати сеҳр, фақраи (б) ва (в) [57] омадааст. Ва дар ин табобат риояи ду кор зарур аст: [55] Нигаред: Сунани Абудовуд (4/13-14), рақами (3896), ва Аҳмад (5/210), рақами (21835), ва Албонӣ онро дар «Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа», рақами (2028), саҳеҳ донистааст. [56] Нигаред: Ал-Фатҳур-раббонӣ тартиби Муснади Имом Аҳмад (17/ 183). [57] Нигаред: ба он чи дар навъи дуюми муолиҷаи сеҳр дар ин китоб гузашт.
Якум: Аз ҷониби шахси гирифторшуда. Ӯ бояд иродаи қавӣ дошта бошад, бо сидқу ихлос ба Аллоҳ рӯ оварад ва дуоҳои паноҳҷӯиро дуруст бихонад, ба тавре ки дилу забонаш бо ҳам мувофиқ бошанд.
Дуюм: Аз ҷониби муолиҷакунанда. Муолиҷакунанда низ бояд ҳамин сифатҳоро дошта бошад. Зеро силоҳ ба қувват ва маҳорати истифодабарандаи он вобаста аст [58]. [58] Нигаред: руқяи дароз ва муфид дар «Ас-Соримул-баттор», саҳ. 109–117, таълифи Шайх Ваҳид Абдуссалом; Ҳамчунин нигаред ба «Зодул-маъод» (ҷилди 4, саҳ. 66–69); «Изоҳул-ҳақ фӣ духулил-ҷинний бил-инсий ва-р-радду ало ман анкара золик», таълифи Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, саҳ. 14; «Фатово»-и Ибни Таймия (ҷилди 19, саҳ. 9–65 ва ҷилди 24, саҳ. 276); «Ал-Виқоя вал-илоҷ минал-китоби вас-сунна», таълифи Муҳаммад ибни Шойеъ, саҳ. 66–69; «Чигуна ҷинҳоро аз хона берун кардан мумкин аст», дар китоби «Ал-Виқоя вал-илоҷ»-и Муҳаммад ибни Шойеъ, саҳ. 59; «Олами ҷинҳо ва шайтонҳо», таълифи Ал-Ашқар, саҳ. 130.
Ҳамчунин, агар дар гӯши шахси гирифторшуда азон гуфта шавад, ин кори хуб аст, зеро шайтон аз шунидани он мегурезад [59]. [59] Нигаред: «Фатҳул-ҳаққил-мубин фи илоҷис-саръи вас-сиҳри вал-айн», саҳ. (112) ва Бухорӣ бо рақами (574).
4- Табобати бемориҳои равонӣ[60]:
[60] Дар ин бора нигаред ба: сабабҳои кушодашавии сина дар китоби «Зоду-л-маод» (2/ 23-28) ва китоби «Ал-васоилу-л-муфида ли-л-ҳаёти-с-саъида»-и аллома Абдурраҳмон ибни Носир ас-Саъдӣ (раҳимаҳуллоҳ).
Муҳимтарин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои равонӣ ва рафъи тангии дил, ба таври мухтасар, чунинанд:
1- Ҳидоят ва тавҳид. Ҳидоят ва тавҳид аз бузургтарин сабабҳои кушодагии дил мебошанд. Ҳамчунин, гумроҳӣ ва ширк аз бузургтарин сабабҳои тангии дил ба шумор мераванд.
2- Нури имони ҳақиқӣ. Нури имони ҳақиқие, ки Аллоҳ онро ба қалби банда меандозад, ҳамроҳ бо анҷом додани амалҳои нек.
3- Илми судманд. Илми судманд низ аз сабабҳои кушодагии дил аст. Ҳар қадар дониши банда зиёд шавад, ҳамон қадар дилаш кушода ва фарох мегардад.
4- Бозгашт ба сӯи Аллоҳ. Ба сӯи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бозгаштан, Ӯро бо тамоми дил дӯст доштан, ба сӯи Ӯ рӯ овардан ва аз ибодаташ лаззат бурдан.
5- Ҳамеша ба ёд овардани Аллоҳ. Дар ҳар ҳолат ва ҳар макон Аллоҳро пайваста зикр кардан. Зеро зикри Аллоҳ дар кушодагии дил, оромии қалб ва аз байн рафтани ташвишу андӯҳ таъсири аҷибе дорад.
6- Некӣ кардан ба мардум. Бо намудҳои гуногуни некӣ ба мардум муносибат кардан ва ба қадри имкон ба онҳо фоида расонидан. Шахси саховатманду некӯкор аз ҳама бештар дили кушода, нафси ором ва қалби хушбахт дорад.
7- Далерӣ. Далерӣ низ сабаби кушодагии дил аст, зеро шахси далер дили фарох ва қалби ором дорад.
8- Пок кардани қалб аз хислатҳои бад. Қалбро аз сифатҳои нописанде[61], ки сабаби тангӣ ва азоби он мегарданд, пок кардан. Аз ҷумла: ҳасад; кинаву адоват; бадбинӣ; душманӣ; хусумат; ситамгарӣ. Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи беҳтарин инсонҳо пурсиданд. Он Ҳазрат фармуданд: «Ҳар касе, ки қалби пок ва забони ростгӯ дошта бошад». Саҳобагон гуфтанд: «Ростгӯии забонро медонем, аммо қалби пок чӣ маъно дорад?» Фармуданд: «Он қалби парҳезгор ва пок аст, ки дар он гуноҳ, ситам, кина ва ҳасад вуҷуд надорад» [62]. [61] Ва дағалии чизе: айбест дар он, ки онро фосид мекунад. [62] Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (4216) аллома Албонӣ онро дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/411) саҳеҳ гуфтааст.
9- Тарк кардани зиёдаравӣ дар корҳои беҳуда. Аз нигоҳи беҳуда, суханони беҳуда, гӯш кардани чизҳои беҳуда, омезиш бо дигарон ба таври зиёдатӣ, хӯрдани зиёдатӣ ва хоби зиёдатӣ худдорӣ кардан. Тарк кардани ин чизҳо аз сабабҳои кушодагии дил, оромии қалб ва рафъи ташвишу андӯҳ мебошад.
10- Машғул шудан ба кори судманд. Машғул шудан ба яке аз корҳои судманд ё омӯхтани яке аз илмҳои фоидаовар. Зеро ин корҳо диққати қалбро аз чизҳое, ки онро нигарон кардаанд, дур месозанд.
11- Таваҷҷуҳ ба кори имрӯз. Ба корҳои рӯзи ҷорӣ аҳамият додан ва худро аз машғул шудани аз ҳад зиёд ба оянда ва ғам хӯрдан барои гузашта боздоштан. Банда бояд барои он чӣ дар дин ва дунёяш барояш фоида дорад, кӯшиш кунад, аз Парвардигораш муваффақият бихоҳад ва дар ин роҳ аз Ӯ ёрӣ талаб намояд. Ин корҳо сабаби сабук шудани ташвишу ғам мегарданд.
12- Дар масъалаи тандурустӣ ва неъматҳои вобаста ба он, инчунин дар ризқу рӯзӣ ва чизҳои вобаста ба он, ба касоне назар кун, ки аз ту камтар доранд, на ба касоне, ки аз ту бештар доранд.
13- Он мушкилоту нохушиҳои гузаштаро, ки дигар баргардондани онҳо имкон надорад, фаромӯш кардан ва дигар дар бораи онҳо фикр накардан.
14- Ҳар гоҳ ба банда мусибате расад, бояд барои сабук кардани он кӯшиш кунад. Барои ин, оқибати бадтарини эҳтимолиро, ки мумкин аст ба он масъала бирасад, ба назар гирад ва мувофиқи тавоноии худ барои пешгирӣ ё кам кардани он чора андешад.
15- Қалбро қавӣ нигоҳ доштан ва нагузоштан, ки гумону хаёлоти беасосе, ки аз андешаҳои бад пайдо мешаванд, инсонро ба изтироб оваранд. Ҳамчунин, бояд аз хашму ғазаб дурӣ ҷӯяд ва пайваста интизори аз даст рафтани чизҳои дӯстдошта ё рӯй додани нохушиҳо набошад. Балки бояд корро ба Аллоҳ Азза ва Ҷалла вогузорад, дар айни ҳол сабабҳои судмандро ба кор барад ва аз Аллоҳ бахшишу офият талаб намояд.
16- Қалбро ба Аллоҳ вобаста кардан, ба Ӯ таваккал намудан ва нисбат ба Ӯ гумони нек доштан. Зеро шахсе, ки ба Аллоҳ таваккал мекунад, гумону хаёлоти беасос ба ӯ таъсири зиёд намерасонанд.
17- Инсони оқил медонад, ки зиндагии ҳақиқатан хуб ҳамон зиндагиест, ки бо хушбахтӣ ва оромиш мегузарад. Ин зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст, бинобар ин набояд онро бо ташвишу ғам ва ғарқ шудан дар нохушиҳо боз ҳам кӯтоҳтар кард. Зеро чунин рафтор бар хилофи зиндагии солиму хушбахтона аст.
18- Ҳар гоҳ ба инсон нохушие расад, бояд неъматҳои боқимондаи диниву дунявии худро бо он мусибате, ки ба ӯ расидааст, муқоиса кунад. Бо ин муқоиса маълум мегардад, ки неъматҳое, ки инсон ҳанӯз аз онҳо баҳраманд аст, бисёранд. Ҳамчунин, бояд зарареро, ки аз рӯй додани он метарсад, бо эҳтимолҳои зиёди саломат мондан ва беосеб гузаштани кор муқоиса кунад. Набояд як эҳтимоли заиф бар эҳтимолҳои зиёди қавӣ ғолиб ояд. Бо ин роҳ ташвишу тарс аз байн меравад.
19- Инсон бояд бидонад, ки озори мардум ба ӯ ҳатман зарар намерасонад, махсусан суханони бад ва носазои онҳо. Баръакс, оқибати чунин рафтор метавонад ба худи онҳо баргардад. Аз ин рӯ, набояд ба чунин суханон аҳамияти зиёд диҳад ё пайваста дар бораи онҳо фикр кунад, то ба ӯ зарар нарасонанд.
20- Фикру андешаҳои худро ба корҳое равона кардан, ки барои дин ва дунёи инсон фоида доранд.
21- Банда барои некие, ки анҷом медиҳад ва эҳсоне, ки ба дигарон мекунад, набояд подошу миннатдориро аз касе ҷуз Аллоҳ интизор бошад. Ӯ бояд бидонад, ки ин амали ӯ муомила бо Аллоҳ аст. Аз ин рӯ, набояд ба сипосгузории шахсе, ки ба ӯ некӣ кардааст, вобаста бошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «[Ва дар дил мегӯянд:] Мо шуморо танҳо барои ризои Аллоҳ таъом медиҳем; аз шумо на подош мехоҳем ва на сипосгузорӣ» (Сураи Инсон, ояти 9).
22- Корҳои фоидаоварро дар мадди назар қарор додан ва барои амалӣ кардани онҳо кӯшиш намудан. Аз корҳои зараровар рӯй гардондан ва фикру зеҳнро бо онҳо машғул насохтан.
23- Корҳои мавҷударо сари вақт ба анҷом расонидан ва барои оянда вақти холӣ гузоштан, то ҳангоми фаро расидани корҳои оянда инсон тавонад бо қувваи фикрӣ ва амалии бештар ба онҳо машғул шавад.
24- Аз байни корҳои судманд ва илмҳои фоидаовар муҳимтарини онҳоро интихоб карда ва анҷом додан, махсусан он корҳое, ки инсон ба онҳо бештар майлу рағбат дорад. Дар ин роҳ аввал аз Аллоҳ ёрӣ талаб кардан ва сипас машварат намудан лозим аст. Ҳар гоҳ фоида ва дурустии кор маълум гардад ва инсон азми қатъӣ кунад, бояд ба Аллоҳ Азза ва Ҷалла таваккал намояд.
25- Неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Аллоҳро ба ёд овардан ва дар бораи онҳо сухан гуфтан. Зеро шинохтан ва баён кардани неъматҳо сабаб мешавад, ки Аллоҳ ташвишу андӯҳро дур созад ва бандаро ба шукргузорӣ водор намояд.
26- Ҳангоми муносибат бо ҳамсар, хешовандон, шарикон ва ҳар касе, ки бо ӯ робита дорӣ, агар айбе дар ӯ бинӣ, некиҳояшро низ ба ёд овар ва онҳоро бо айбҳояш муқоиса кун. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, ҳамнишинӣ ва муносибатҳои нек пойдор мемонанд ва дил кушода мегардад. Аз ҳамин сабаб, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Марди мӯъмин набояд аз ҳамсари мӯъминаи худ нафрат дошта бошад. Агар як хислати ӯро написандад, хислати дигарашро меписандад» [63]. [63] Ривояти Муслим (2/ 1091), рақами (1469).
27- Барои дуруст ва хуб гардидани ҳамаи корҳо дуо кардан. Аз бузургтарини дуоҳо ин аст: «Эй Аллоҳ! Дини маро, ки ҳифзи тамоми корҳои ман аст, ислоҳ намо. Дунёи маро, ки зиндагии ман дар он аст, ислоҳ кун. Охирати маро, ки бозгашти ман ба сӯи он аст, ислоҳ намо. Зиндагиро барои ман сабаби афзудани ҳар гуна некӣ гардон ва маргро барои ман сабаби роҳат аз ҳар бадӣ қарор деҳ»[64], Аллоҳумма аслиҳ ли динияллазӣ ҳува исмату амрӣ, ва аслиҳ ли дунёяллатӣ фиҳа маошӣ, ва аслиҳ ли охиратияллатӣ илайҳа маъодӣ, ваҷъалил-ҳаёта зиёдатал ли фи кулли хайр, ваҷъалил-мавта роҳатал ли мин кулли шарр. Ва инчунин: «Эй Аллоҳ! Ман ба раҳмати Ту умед дорам. Пас, маро ҳатто ба андозаи як мижа задан ба худам вогузор макун ва тамоми корҳои маро ислоҳ намо. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ту нест»[65]. [64] Ривояти Муслим (4/ 2087), рақами (2720). [65] Ривояти Абудовуд (4/324), рақами (5092) ва Аҳмад (5/42), рақами (20430), ва Албонӣ онро дар Ирво-ул-ғалил (3/357) ва Арнаут дар таҳқиқаш бар Муснад (34/75) ҳасан донистаанд.
Аллоҳумма раҳматака арҷу фало такилни ила нафси тарфата айн, ва аслиҳ ли шаъни куллаҳу ла илаҳа илла ант.
28- Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ; ба далели фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Дар роҳи Аллоҳ Таъоло ҷиҳод кунед; зеро ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ Таъоло даре аз дарҳои ҷаннат аст, ки Аллоҳ Таъоло ба василаи он аз ғаму андӯҳ наҷот медиҳад»[66]. [66] Ривояти Аҳмад (5/ 314) (316) (319) (326) (330), рақамҳои (21624) (22680) (22732) ва Ҳоким, ки онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (2/ 75), ва Албонӣ дар «Силсилаи аҳодиси саҳеҳа» (2/ 274) онро саҳеҳ донистааст.
Ин сабабҳо ва роҳҳо барои муолиҷаи бемориҳои равонӣ судманд шумурда шудаанд. Барои касе, ки дар онҳо андеша мекунад ва бо сидқу ихлос ба онҳо амал менамояд, онҳо метавонанд аз муҳимтарин василаҳои рафъи изтироби равонӣ бошанд. Баъзе олимон бо истифода аз ин роҳҳо ҳолатҳо ва бемориҳои зиёди равониро муолиҷа кардаанд ва Аллоҳ ба василаи онҳо фоидаи бузурге расонидааст [67]. [67] Нигаред: муқаддимаи «Ал-васоил ал-муфида», чопи панҷум, саҳ. (6).
5- Табобати захм ва ҷароҳат
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ касе аз беморӣ шикоят мекард ё дар бадани ӯ захм ё ҷароҳате вуҷуд дошт, бо ангушти худ чунин мекард. Суфён ангушти ишоратиашро ба замин гузошт, сипас онро боло бардошт ва гуфт: «Ба номи Худо! Хоки замини мо бо оби даҳони баъзеи мо, ба хости Парвардигорамон, бемори моро шифо мебахшад» [68]. [68] Ривояти Бухорӣ (10/206), рақами (5750), Муслим (4/1721), рақами (2191).
Бисмиллоҳи, турбату арзина, бириқати баъзина, юшфо биҳи сақимуно, биизни раббино.
Маънои ҳадис ин аст, ки шахс каме аз оби даҳони худро ба ангушти ишораташ мегирад, сипас онро ба хок мегузорад, то андаке хок ба он бичаспад. Баъд бо он қисми захмдор ё беморро масҳ мекунад ва ҳангоми масҳ ин суханонро мегӯяд [69]. [69] Нигаред: Шарҳи Саҳеҳи Муслим, Нававӣ (14/ 184) ва Фатҳул-борӣ, Ибни Ҳаҷар (10/ 208), ва нигаред ба шарҳи муфассали ҳадис дар Зодул-маъод (4/ 186-187).
6- Дармони мусибат
Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ҳеҷ мусибате дар замин ва на дар вуҷуди худи шумо намерасад, магар он ки пеш аз офаридани он дар китобе сабт шудааст. Ба дурустӣ, ин кор бар Аллоҳ осон аст. [Ин нуктаро тазаккур додем] То бар он чӣ аз даст додаед, андӯҳгин нашавед ва ба он чӣ ба шумо додааст, аз ҳад зиёд шодмон нагардед. Ва Аллоҳ ҳеҷ худписанди фахрфурӯшеро дӯст намедорад». (Сураи Ҳадид, оятҳои 22-23).
2- Ҳамчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ҳеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ Таъоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ Таъоло имон оварад, [Аллоҳ Таъоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ Таъоло ба ҳама чиз доност». [Сураи Тағобун, ояти 11].
3- Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳеҷ бандае нест, ки мусибате ба ӯ расад ва бигӯяд: “Мо аз они Аллоҳ ҳастем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем. Эй Аллоҳ! Дар ин мусибатам ба ман аҷру подош ато кун ва ба ҷойи он чизе беҳтар аз онро насибам гардон”, магар ин ки Аллоҳ Таъоло ӯро дар он мусибат подош медиҳад ва ба ҷойи он чизе беҳтар аз онро ба ӯ ато мекунад» [70]. [70] Ривояти Муслим (2/ 633), рақами (918).
Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун, Аллоҳумма аҷурнӣ фӣ мусибатӣ, ва ахлиф лӣ хайран минҳа.
4- Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар гоҳ фарзанди бандаи мӯъмин бимирад, Аллоҳ Таъоло ба фариштагонаш мегӯяд: “Оё фарзанди бандаи Маро гирифтед?” Мегӯянд: “Бале”. Мепурсад: “Оё меваи дили ӯро гирифтед?” Мегӯянд: “Бале”. Сипас мепурсад: “Бандаи Ман чӣ гуфт?” Мегӯянд: “Туро ҳамд гуфт ва истирҷоъ кард".[71] Он гоҳ Аллоҳ Таъоло мефармояд: “Барои бандаи Ман дар биҳишт хонае бисозед ва онро «Хонаи ҳамд» ном гузоред”» [72]. [71] Яъне гуфт: Ситоиш аз они Худост, ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ Таъоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем. [72] Ривояти Тирмизӣ, рақами (1021), Албонӣ онро ҳасан гуфтааст дар: Саҳеҳи Тирмизӣ (1/298).
5- Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Барои бандаи мӯъмини Ман, вақте ки аз аҳли дунё шахси маҳбуби ӯро мегирам ва ӯ ба умеди савоб сабр мекунад, подоше назди Ман ҷуз биҳишт нест» [73]. [73] Ривояти Бухорӣ (11/242), рақами (6424).
6- Ҳамчунин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба марде, ки писараш вафот карда буд, фармуданд: «Оё дӯст надорӣ, ки ба ҳеҷ яке аз дарвозаҳои биҳишт нарасӣ, магар ин ки писаратро дар он ҷо мунтазири худ биёбӣ?» [74]. [74] ин ҳадисро Аҳмад таҳти рақами (15595) ва Насоӣ (4/ 23) дар китоби «Ҷаноиз», боби «Амр ба эҳтисоб ва сабр ҳангоми нузули мусибат» таҳти рақами (1870) ривоят кардаанд ва санади он бар шарти «Саҳеҳ» саҳеҳ мебошад. Ибни Ҳиббон (8/ 209) онро саҳеҳ донистааст ва Албонӣ дар «Саҳеҳу-т-тарғиб ва-т-тарҳиб» таҳти рақами (2007) онро саҳеҳ шумурдааст. Ва нигаред ба: «Фатҳу-л-борӣ» (11/ 243).
7- Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд: «Ҳар гоҳ бандаи Худро бо аз даст додани ду маҳбуби ӯ биозмоям ва ӯ сабр кунад [ва ба умеди савоб бошад], ба ҷойи он ду биҳиштро ба ӯ ато мекунам» Мақсад аз «ду маҳбуби ӯ» чашмони инсон аст[75]. [75] Ривояти Бухорӣ (10 / 116), рақами (5653), ва он чи дар дохили қавсайн аст, аз Сунани Тирмизӣ, рақами (2400), ниг: Саҳеҳи Тирмизӣ (2 / 286).
8- «Ҳеҷ мусалмоне нест, ки ба ӯ аз беморӣ ё чизи дигаре озоре расад, магар ин ки Аллоҳ ба сабаби он гуноҳони ӯро мерезонад, ҳамон гуна ки дарахт баргҳои худро мерезонад» [76]. [76] Ривояти Бухорӣ (10/120), рақами (5648), Муслим (4/1991), рақами (2571).
9- «Ҳеҷ мусалмоне нест, ки хоре ба ӯ халад ё чизе бештар аз он ба ӯ бирасад, магар ин ки ба сабаби он барои ӯ як дараҷа навишта мешавад ва як гуноҳ аз ӯ пок мегардад» [77]. [77] Муслим (4/1991) бо рақами (2572) ривоят кардааст.
10- «Ҳеҷ ранҷу дарди давомдор [78], хастагӣ [79], беморӣ ва андӯҳе ба мӯъмин намерасад, ҳатто ғаму ташвише, ки ӯро ба худ машғул месозад [80], магар ин ки ба сабаби он бахше аз гуноҳонаш пок карда мешавад» [81]. [78] «Васаб» (الوصب): дарди доимӣ ва давомдор. Дар Қуръон низ омадааст: «Ва барои онҳо азобе доимӣ аст», яъне азобе, ки ҳамеша боқӣ мемонад. Ниг.: Шарҳи Нававӣ, 16/130. [79] «Насаб»: Хастагӣ. [80] Бо фатҳаи «ё» ва заммаи «ҳо» яҳуммуҳу (يَهُمُّه) хонда мешавад. Ҳамчунин онро «юҳиммуҳу» (يُهِمُّه) низ хондаанд, ки маънояш ғамгин кардан ва андӯҳгин сохтани шахс аст. Ҳар ду қироат дуруст дониста шудаанд. Ниг.: Шарҳи Нававӣ бар «Саҳеҳи Муслим», 16/130. [81] Ривояти Муслим (4/1993), рақами (2573).
11- «Ба дурустӣ, бузургии подош бо бузургии имтиҳон аст. Ва ҳар гоҳ Аллоҳ қавмеро дӯст дорад, онҳоро меозмояд. Пас, ҳар кас розӣ бошад, ризоияти Аллоҳ насиби ӯ мешавад ва ҳар кас норозӣ бошад, хашму норозигии Аллоҳ насиби ӯ мегардад» [82]. [82] Ин ҳадисро Тирмизӣ бо рақами 2698 ва Ибни Моҷаҳ бо рақами 4023 ривоят кардаанд. Шайх Албонӣ онро дар китоби «Саҳеҳи Тирмизӣ» (2/286) ҳадиси ҳасан донистааст. Калимаҳои «сухт» ва «сахат» бар хилофи ризо буда, маънои норозигӣ ва хашмро доранд. Вақте гуфта мешавад: «Сахита», яъне хашмгин шуд ва шахси хашмгинро «сохит» мегӯянд. «Асхатаҳу» маънои ӯро хашмгин кардро дорад. Ҳамчунин мегӯянд: «Тасаххата атоаҳу», яъне бахшиши ӯро кам шумурд ва аз он розӣ нашуд. Ва «сахита сахатан» аз боби «таъиба» аст ва (сухт) бо замма исми он аст, ... ва «сахиттуҳу» ва «сахитту алайҳи» ва «асхаттуҳу фа-сахита» дар вазн ва маъно ба монанди «ағзабтуҳу фа-ғазиба» мебошад. Ниг.: «Ас-Сиҳоҳ», моддаи «Сахат» ва «Ал-Мисбоҳул-мунир», моддаи «Сахат».
12- «...Мусибатҳо ва имтиҳонҳо ба банда пайваста мерасанд, то он ки ӯро дар ҳоле гузоранд, ки бар рӯйи замин роҳ равад ва ҳеҷ гуноҳе бар гарданаш набошад» [83]. [83] Ривояти Тирмизӣ, рақами (2396) ва Ибни Моҷаҳ, рақами (4031), Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (2/286) ҳасан гуфтааст.
7- Табобати ғаму андӯҳ.
1- Ҳар гоҳ бандае гирифтори ташвиш ё андӯҳ гардад ва чунин дуо кунад: «Эй Аллоҳ! Ман бандаи Ту ҳастам, писари бандаи Ту ва писари канизи Ту. Пешонии ман дар дасти Туст. Ҳукми Ту дар ҳаққи ман иҷро мешавад ва қазову тақдири Ту дар бораи ман одилона аст. Аз Ту ба василаи ҳар номе, ки аз они Туст ва Худатро бо он ном бурдаӣ, ё онро дар Китоби Худ нозил кардаӣ, ё ба яке аз махлуқотат омӯхтаӣ, ё онро дар илми ғайб назди Худ нигоҳ доштаӣ, талаб дорам, ки Қуръонро баҳори дилам, нури синаам, зудояндаи андӯҳам ва аз байн барандаи ташвишам қарор диҳӣ». Магар ин ки Аллоҳ андӯҳ ва ташвиши ӯро аз байн мебарад ва ба ҷойи онҳо шодмонӣ ато мекунад [84]. [84] Ривояти Аҳмад (1/391), рақами (3712), Албонӣ онро дар Саҳеҳут-тарғиб ват-тарҳиб, рақами (182) саҳеҳ гуфтааст.
«Аллоҳумма иннӣ ъабдука ибну ъабдика ибну аматика, носиятӣ биядика, мозин фийя ҳукмука, ъадлун фийя қазоука, асъалука бикулли исмин ҳува лака, саммайта биҳӣ нафсака, ав анзалтаҳу фӣ китобика, ав ъалламтаҳу аҳадам мин халқика, авистаъсарта биҳӣ фӣ ъилмил-ғайби ъиндака, ан таҷъалал-Қуръона рабиъа қалбӣ, ва нура садрӣ, ва ҷалоа ҳузнӣ, ва заҳоба ҳаммӣ,
2- «Эй Аллоҳ! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз ташвишу андӯҳ, нотавониву танбалӣ, бахиливу тарс, сангинии қарз ва ғолиб омадани мардон бар ман» [85]. [85] Ривояти Бухорӣ (7/158), рақами (2893), Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро зиёд мехонданд. Нигаред: Бухорӣ (11/173).
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазани, вал-ъаҷзи вал-касали, вал-бухли вал-ҷубни, ва залаъид-дайни ва ғалабатир-риҷол.
8- Табобати гирифторӣ дар сахтӣ
1- «Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест. Ӯ бузург ва бурдбор аст. Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест, ки Парвардигори Арши бузург аст. Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест, ки Парвардигори осмонҳо, Парвардигори замин ва Парвардигори Арши гиромӣ аст» [86]. [86] Ривояти Бухорӣ (7/154), рақами (6346), Муслим (4/2092), рақами (2730).
Ла илаҳа иллаллоҳу-л-азиму-л-ҳалим, ла илаҳа иллаллоҳу раббу-л-аршил азим, ла илаҳа иллаллоҳу раббус-самавати, ва раббу-л-арзи, ва раббу-л-арши-л-карим.
2-
«Эй Аллоҳ! Ман аз раҳмати Ту умедворам. Пас, маро ҳатто ба андозаи як мижа задан ҳам ба худам во магузор. Тамоми корҳои маро ислоҳ кун. Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ту нест» [87]. [87] Ривояти Абудовуд (4/324), рақами (5092), Аҳмад (5/42), рақами (20430) ва Албонӣ онро дар Ирво-ул-ғалил (3/357) ва Арнаут дар таҳқиқаш бар Муснад (34/75) ҳасан донистаанд.
Аллоҳумма раҳматака арҷу, фало такилнӣ ило нафсӣ тарфата айнин, ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу, ло илоҳа илло анта.
3- «Ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ту нест. Ту поку муназзаҳӣ! Ба дурустӣ, ман аз ситамкорон будам» [88]. [88] Ривояти Тирмизӣ (5/529), рақами (3505) ва Ҳоким, ва онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст (1/505), ва Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/168) саҳеҳ гуфтааст.
Ла илаҳа илла анта, субҳанака, иннӣ кунту миназ-золимин.
4- «Аллоҳ, Аллоҳ Парвардигори ман аст. Ман ҳеҷ чизеро шарики Ӯ намегардонам» [89]. [89] Ривояти Абудовуд (2/87), рақами (1525), Албонӣ дар Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ (2/335) ва Саҳиҳи Тирмизӣ (4/196) саҳеҳаш гуфтааст.
Аллоҳ, Аллоҳу раббӣ, ла ушрику биҳӣ шайъан.
9- Табобати бемор худашро
«Дастатро ба он қисми баданат, ки дард мекунад, гузор ва бигӯ: Бисмиллаҳ. «Ба номи Аллоҳ!» Бисмиллоҳ Се маротиба, ва сипас ҳафт маротиба бигӯ: «Ба Аллоҳ ва қудрати Ӯ аз шарри он чӣ эҳсос мекунам ва аз он чӣ метарсам, паноҳ мебарам» [90]. [90] Ривояти Муслим (4/1728), рақами (2202).
Аъузу биллаҳи ва қудратиҳи мин шарри ма аҷиду ва уҳазир.
10- Дуо барои бемор ҳангоми аёдати ӯ
«Ҳеҷ бандаи мусалмоне нест, ки бемореро, ки ҳанӯз вақти маргаш фаро нарасидааст, аёдат кунад ва ҳафт маротиба бигӯяд: «Аз Аллоҳи Бузург, Парвардигори Арши бузург, масъалат дорам, ки туро шифо бахшад», магар ин ки он бемор шифо меёбад» [91]. [91] Ривояти Тирмизӣ, рақами (2083) ва Абу Довуд, рақами (3893) Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (2/210) ва Саҳеҳи Ҷомеъ (5/180) саҳеҳ гуфтааст.
Асъалуллоҳа-л-азим, рабба-л-аршил азим, ан яшфияка,
11- Табобати изтироб ва тарс ҳангоми хоб
«Ба калимаҳои комилу мукаммали Аллоҳ паноҳ мебарам аз ғазаби Ӯ, азоби Ӯ, шарри бандагони Ӯ, васвасаҳои шайтонҳо ва аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд» [92]. [92] Ривояти Абудовуд (4/12), рақами (3893) ва Албонӣ онро дар «Саҳеҳи Тирмизӣ» (3/171) ҳасан донистааст.
Аъузу бикалимотиллоҳит-томмоти: мин ғазабиҳи, ва ъиқобиҳи, ва шарри ъибодиҳи, ва мин ҳамазотиш-шаётини, ва ан яҳзурун.
12- Табобати таб
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Таб аз гармии ҷаҳаннам аст, пас онро бо об хунук кунед» [93]. [93] Ривояти Бухорӣ (10/ 174), рақами (3264), Муслим (4/ 1733), рақами (2210).
13- Табобати нешзадагӣ ва газидагӣ
1- Сураи «Фотиҳа»-ро дар ҳоле ки оби даҳон ҷамъ карда бошад, мехонад ва сипас ба ҷойи нешзада ё газида суф мекунад [94]. [94] Ривояти Бухорӣ (10/ 208), китоби Тиб, боби руқяи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
2- Ба ҷойи осебдида обу намак молида ва ҳамзамон мехонад: Сураи кофирон. [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! Ва «Муъаввизатайн», яъне сураҳои «Фалақ» ва «Нос» хонда мешаванд [95]. [95] Табаронӣ онро дар «Ал-Муъҷаму-с-сағир» (2/830) ривоят кардааст, Ҳайсамӣ санади онро дар «Маҷмаъу-з-завоид» (5/111) ҳасан донистааст ва Албонӣ онро дар «Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа» таҳти рақами (548) саҳеҳ донистааст.
14- Дармони ғазаб
Табобати хашм бо ду роҳ сурат мегирад:
Роҳи якум: Пешгирӣ.
Ин бо дурӣ ҷустан аз сабабҳои хашм ба даст меояд. Аз ҷумлаи сабабҳои хашм инҳоянд: Кибру ғурур; Худписандӣ; Фахрфурӯшӣ; Ҳирси нописанд; Шӯхӣ кардан дар мавридҳои номуносиб; Беҳудагӯӣ ва ҳазл; Ва дигар корҳои монанди инҳо.
Роҳи дуюм: Табобат ҳангоми ба вуҷуд омадани хашм
Ин роҳ ба чаҳор навъ маҳдуд мешавад:
1. Аз шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бурдан. (Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, гуфтан).
2. Таҳорат кардан.
3. Тағйир додани ҳолате, ки шахси хашмгин дар он қарор дорад. Масалан, нишастан, дароз кашидан, аз он ҷой берун рафтан, аз сухан гуфтан худдорӣ кардан ё анҷом додани кори дигаре аз ин қабил.
4. Ба ёд овардани савобе, ки барои фурӯ бурдани хашм ва фурӯ нишондани ғазаб ваъда шудааст, инчунин ба ёд овардани оқибатҳои бади хашм, ки метавонанд боиси маҳрум шудан аз хайр ва нусрати Аллоҳ гарданд [96]. [96] Ба ин тафсилот бо далелҳои дурусташ дар: «Офатҳои забон» (саҳ. 110-112) ва «Ҳикмат дар даъват ба сӯи Аллоҳ», саҳ. (64-66)-и муаллиф нигаред.
15- Табобат бо ҳаббатуссавдо (сиёҳдона)
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Дар сиёҳдона шифо аз ҳар беморӣ вуҷуд дорад, ба ҷуз “сом”». Ибни Шиҳоб гуфтааст: «Сом» ба маънои марг аст ва сиёҳдона ҳамон шунез мебошад [97]. Сиёҳдона манфиатҳои бисёре дорад. Сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: «Шифо аз ҳар беморӣ», монанди сухани Аллоҳ Таъоло дар Қуръон аст: [Тӯфонест, ки] «Он ҳама чизро ба фармони Парвардигораш нобуд мекунад...» (Сураи Аҳқоф, ояти 25). Яъне мақсад аз «ҳама чиз» он чизҳое мебошанд, ки қобили нобуд шудананд ва монанди инҳо [98]. [97] Ривояти Бухорӣ (10/ 143), рақами (5688), Муслим (1735), рақами (2215). [98] Нигаред: «Зоду-л-маъод» (4/ 297) ва «Ат-тиббу мина-л-китоби ва-с-сунна»-и аллома Муваффақуддин Абдуллатифи Бағдодӣ, саҳ. (88).
16- Табобат бо асал
1- Аллоҳ Азза ва Ҷалла ҳангоми ёд кардани занбӯри асал мефармояд: «...Аз шикамҳои онҳо нӯшокие бо рангҳои гуногун берун меояд, ки дар он барои мардум шифо аст. Ба дурустӣ, дар ин нишонаест барои гурӯҳе, ки меандешанд». [Сураи Наҳл, ояти 69].
2- Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«Шифо дар се чиз аст: дар хунгирӣ бо ҳиҷома, ё нӯшидани асал, ё доғгузорӣ бо оташ. Аммо ман уммати худро аз доғгузорӣ бо оташ манъ мекунам» [99]. [99] Ривояти Бухорӣ (10/ 137), рақами (5681), ва нигаред ба фоидаҳои асал дар: «Зодул-маъод» (4/ 50-62) ва «Ат-тиббу минал-Китоби вас-Сунна»-и аллома Муваффақуддин Абдуллатиф ал-Бағдодӣ, саҳ. (129-136).
17- Табобат бо оби Замзам
1- Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи оби Замзам фармуданд: «Он оби муборак аст. Он ғизои серкунанда [ва шифои бемориҳо] мебошад» [100]. [100] Муслим (4/1922) таҳти рақами (2473) ривоят кардааст ва он чи дар дохили қавсайн аст, дар ривояти Баззор (2/86), Байҳақӣ дар «Сунани кубро» (5/147) ва Табаронӣ дар «Мӯъҷами авсат» (3/247) омадааст ва санади он саҳеҳ аст, нигаред: «Маҷмаъ-уз-завоид» (3/286).
2- Дар ҳадисе аз Ҷобир, ки онро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мерасонад: «Оби Замзам барои ҳамон мақсадест, ки барои он нӯшида мешавад» [101]. [101] Ривояти Ибни Моҷаҳ (3062) ва дигарон, Албонӣ дар Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ (2/ 183) ва Ирво ал-ғалил (4/ 320) онро саҳеҳ гуфтааст.
3- Инчунин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки: «Ӯ оби Замзамро дар зарфҳои об [102] ва машкҳо бо худ мебурд ва онро бар беморон мерехт ва ба онҳо менӯшонд» [103]. Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: «Ман худам ва дигаронро дидаам, ки бо оби Замзам шифо меҷустем ва чизҳои аҷиберо таҷриба кардаем. Ман бо он худро аз чандин беморӣ табобат кардам [104] ва ба хости Аллоҳ шифо ёфтам» [105]. [102] Идова: зарфи таҳорат, ва ҷамъи он адово аст. Мухтору-с-сиҳоҳ (1/11). [103] Ривояти Тирмизӣ (1/180), рақами (963) ва Байҳақӣ (5/202) Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (1/284) ва Силсилаи аҳодиси саҳеҳа (2/572), рақами (883) ва Зоду-л-маъод (4/392) саҳеҳ гуфтааст. [104] Ва ғайри аҳли Ҳиҷоз мегӯянд: «фабариъту». Нигаред: Ан-ниҳоя фи ғарибил-ҳадис (1/ 111). [105] Зоду-л-меъод (4/393) ва (178)
18- Табобати бемориҳои дил
Дилҳо се навъанд:
1- Дили солим Дили солим он дилест, ки дар рӯзи қиёмат танҳо касе, ки бо чунин дил назди Аллоҳ меояду наҷот меёбад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: «Рӯзе, ки молу фарзандон суде намебахшанд, магар касе, ки бо дили солим (аз ширк, риё) назди Аллоҳ биёяд». (Сураи Шуъаро, оятҳои 88-89).
Дили солим он дилест, ки аз ҳар гуна хоҳиши нафсоние, ки бо фармудаҳо ва манъкардаҳои Аллоҳ мухолифат мекунад, пок бошад ва аз ҳар гуна шубҳае, ки хабари Ӯро мухолиф аст, эмин монда бошад. Пас, чунин дил аз бандагии ғайри Аллоҳ озод аст ва довар қарор додани касеро ғайр аз Паёмбари Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намепазирад.
Ба таври умум, дили солиму дуруст он дилест, ки дар он ба ҳеҷ шакле барои ғайри Аллоҳ шарик қарор додан вуҷуд надорад. Балки бандагии он комилан барои Аллоҳ холис гардидааст: иродааш, муҳаббаташ, таваккулаш, бозгашташ ба сӯи Ӯ, фурӯтаниву хоксориаш, тарсаш аз Ӯ ва умедаш ба Ӯ. Амали ӯ низ барои Аллоҳ холис аст. Агар дӯст дорад, барои Аллоҳ дӯст медорад; агар бад бинад, барои Аллоҳ бад мебинад; агар бубахшад, барои Аллоҳ мебахшад ва агар боздорад, барои Аллоҳ бозмедорад. Тамоми ғамхорӣ ва андешаи ӯ барои Аллоҳ аст, тамоми муҳаббаташ барои Аллоҳ аст, мақсадаш ба сӯи Ӯст, баданаш барои Ӯст, амалҳояш барои Ӯст, хобаш барои Ӯст ва бедориаш низ барои Ӯст. Сухан гуфтанаш ва шуниданаш дар бораи Аллоҳ барои ӯ аз ҳар гуна сухани дигар маҳбубтар аст. Андешаҳои ӯ ҳамеша дар атрофи он чизҳое мегарданд, ки Аллоҳро хушнуд месозанд ва мавриди муҳаббати Ӯ ҳастанд. [106] Аз Аллоҳ Таъоло хоҳони чунин дил ҳастем. [106] Нигаред: «Иғосату-л-лаҳфон мин масоиди-ш-Шайтон»-и Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ (1/7-73).
2- Дили мурда Дили мурда баръакси дили аввал аст. Ин дил Парвардигори худро намешиносад ва Ӯро мувофиқи фармудаҳояш ибодат намекунад ва ба он чизҳое, ки Аллоҳ дӯст медорад ва меписандад, аҳамият намедиҳад. Баръакс, чунин дил пайрави хоҳишҳои нафсонӣ ва лаззатҳои худ аст, ҳатто агар ин хоҳишҳо сабаби хашму норозигии Парвардигораш шаванд. Пас, чунин шахс ғайри Аллоҳро парастиш мекунад: дар муҳаббат, тарс, умед, ризоият, норозигӣ, бузургдошт ва хорӣ. Агар аз касе нафрат кунад, аз рӯйи хоҳиши нафси худ нафрат мекунад; агар касеро дӯст дорад, аз рӯйи хоҳиши нафси худ дӯст медорад; агар чизе бубахшад, барои нафси худ мебахшад ва агар чизеро боздорад, барои нафси худ бозмедорад. Пас, ҳавову ҳавас пешвои ӯст, шаҳват роҳнамои ӯст, ҷаҳолат ронандаи ӯст ва ғафлат воситаи савории ӯст [107]. Аз чунин дил ба Аллоҳ паноҳ мебарем! [107] Нигаред: Иғосату-л-лаҳфон мин масоиди-ш-Шайтон (1/9).
3- Дили бемор Дили бемор дилест, ки ҳам ҳаёт дорад ва ҳам беморӣ. Аз ин рӯ, ду манбаи ғизо ва қувват дорад: гоҳе аз яке ва гоҳе аз дигаре нерӯ мегирад. Ҳолати он ба он вобаста аст, ки кадоме аз ин ду манбаъ бар он ғолиб гардад. Дар он муҳаббат ба Аллоҳ Таъоло, имон ба Ӯ, ихлос барои Ӯ ва таваккал бар Ӯ вуҷуд дорад. Инҳо манбаи ҳаёти дили ӯ мебошанд. Аммо дар он ҳамчунин муҳаббат ба шаҳватҳо, ҳарис будан барои ба даст овардани онҳо, ҳасад, такаббур, худписандӣ, дӯст доштани бартарӣ ва сарварӣ, фасодкорӣ дар рӯйи замин тавассути талаби раёсату мақом, нифоқ, риё, ҳирси зиёд ба мол ва бахилӣ низ вуҷуд доранд. Ин хислатҳо манбаи ҳалокат ва нобудии чунин дил мебошанд[108]. Аз чунин дил ба Аллоҳ паноҳ мебарем! [108] Нигаред: Иғосату-л-лаҳфон (1/9).
Табобати дил аз тамоми бемориҳояш дар Қуръони Карим баён шудааст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Эй мардум! Ба дурустӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панд ва шифое барои он чӣ дар синаҳост ва ҳидояту раҳмате барои мӯъминон омадааст». (Сураи Юнус, ояти 57). Ҳамчунин Аллоҳ Таъоло фармудааст: «Ва Мо аз Қуръон он чиро нозил мекунем, ки барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст, вале ситамкоронро ҷуз зиён намеафзояд». (Сураи Исро, ояти 82).
Бемориҳои дил ду навъанд:
Навъи аввал: бемориест, ки соҳиби он дар ҳамон лаҳза дардашро эҳсос намекунад. Ин бемории ҷаҳолат, шубҳаҳо ва шакку тардидҳост. Ин навъи беморӣ аз ҷиҳати зарару дард бузургтарин аст, вале аз сабаби фасодзада шудани дил, инсон онро эҳсос намекунад.
Навъи дуюм: бемориест, ки инсон дар ҳамон лаҳза дарди онро эҳсос мекунад, монанди ташвиш, ғаму андӯҳ, хашм ва қаҳр. Ин навъи беморӣ метавонад бо истифода аз доруҳои табиӣ, тавассути бартараф намудани сабабҳои он ва роҳҳои дигар аз байн равад[109]. [109] Нигаред: Иғосату-л-лаҳфон (1/44).
Табобати дил бо чаҳор роҳ сурат мегирад:
Роҳи аввал: Тавассути Қуръони Карим Қуръони Карим шифои он чизест, ки дар синаҳо аз шакку тардид вуҷуд дорад. Он (Қуръон) ширк, олудагии куфр ва бемориҳои шубҳаю шаҳватҳоро аз дилҳо дур мекунад. Қуръон барои касоне, ки ҳақро мешиносанд ва ба он амал мекунанд, ҳидоят аст. Ҳамчунин, барои мӯъминон раҳмат мебошад, зеро ба воситаи он дар дунё ва охират подошу савоб ба даст меоранд. Аллоҳ Азза ва Ҷалла фармудааст: «Оё касе, ки мурда буд ва Мо ӯро зинда гардонидем ва барояш нуре қарор додем, ки бо он дар миёни мардум роҳ меравад, монанди касест, ки дар торикиҳо қарор дорад ва аз онҳо берун омада наметавонад? Ҳамин гуна, барои кофирон он чӣ анҷом медоданд, ороста ва зебо ҷилва дода шудааст». (Сураи Анъом, ояти 122).
Роҳи дуюм: Дил ба се чиз ниёз дорад:
1- Он чизе, ки нерӯи дилро нигоҳ медорад Ин тавассути имон, амали солеҳ ва пайваста анҷом додани ибодатҳо ва тоатҳо сурат мегирад.
2- Парҳез аз чизҳои зараровар Ин бо дурӣ ҷустан аз тамоми гуноҳҳо ва намудҳои нофармонӣ (бо фармудаҳои Аллоҳ) ба даст меояд.
3- Пок кардани дил аз ҳар чизи зараровар Ин тавассути тавба ва талаби омурзиш аз Аллоҳ (истиғфор) сурат мегирад.
Роҳи сеюм: Табобати бемории дил аз тасаллути нафс бар он:
Барои табобати ин беморӣ ду роҳ вуҷуд дорад: Муҳосабаи нафс ва мухолифат бо нафс. Муҳосабаи нафс ду навъ аст:
Навъи аввал: Муҳосабаи нафс пеш аз анҷом додани амал Ин навъ чаҳор марҳила дорад:
1- Оё анҷом додани ин амал барои ман имконпазир аст?
2- Оё анҷом додани ин амал барои ман аз тарк кардани он беҳтар аст?
3- Оё ман бо анҷом додани ин амал ризои Аллоҳро мехоҳам?
4- Оё дар анҷом додани ин амал ба ман ёрӣ дода мешавад ва оё ёвароне дорам, ки маро дастгирӣ ва ёрӣ кунанд, агар ин амал ба ёварон ниёз дошта бошад? Агар ҷавоб ба ин саволҳо мусбат бошад, ба анҷом додани амал иқдом мекунад. Дар акси ҳол, ҳеҷ гоҳ ба он иқдом намекунад.
Навъи дуюм: Муҳосабаи нафс баъд аз анҷом додани амал Ин навъ се қисм дорад:
1- Муҳосабаи нафс дар мавриди ибодат ва тоатҳое, ки дар ҳаққи Аллоҳ Таъоло дар онҳо кӯтоҳӣ кардааст. Яъне, инсон худро барои тоатҳое муҳосаба мекунад, ки онҳоро ба тарзи матлуб ва дуруст анҷом надодааст. Аз ҷумлаи ҳуқуқҳое, ки Аллоҳ Таъоло болои банда дар анҷом додани ибодатанд, инҳоянд: Ихлос, насиҳат ва самимият, пайравӣ, дар назар доштани мақоми эҳсон, эътироф кардани неъмати Аллоҳ ва баъд аз ҳамаи инҳо эътироф кардани кӯтоҳӣ (дар анҷом додани ҳаққи Аллоҳ).
2- Муҳосабаи нафс дар мавриди ҳар амале, ки тарк кардани он аз анҷом доданаш беҳтар буд.
3- Муҳосабаи нафс дар мавриди корҳои мубоҳ ё корҳои одатие, ки анҷом надодааст. Инсон бояд аз худ бипурсад: оё бо анҷом додани ин кори мубоҳ ё одатӣ ризои Аллоҳ ва охиратро қасд дошт, то судманду фоидабардор гардад, ё ин ки танҳо дунёро мехост ва дар натиҷа зиёнкор шуд?
Хулосаи калом, моҳияти ҳамаи ин дар он аст, ки инсон аввал худро дар мавриди фарзҳо муҳосаба кунад. Агар дар иҷрои онҳо камбудие бошад, онро комил гардонад. Сипас, худро дар мавриди корҳои манъшуда муҳосаба кунад. Агар дарёбад, ки яке аз онҳоро анҷом додааст, бояд бо тавба ва истиғфор онро ҷуброн намояд. Баъд аз ин, худро дар мавриди амалҳое, ки бо аъзои бадан анҷом додааст, муҳосаба кунад ва сипас аз ғафлат ва бепарвоӣ низ худро ҳисоб гирад [110]. [110] Нигаред: Иғосату-л-лаҳфон (1/136).
Роҳи чаҳорум: Табобати бемории дил аз тасаллути шайтон бар он:
Шайтон душмани инсон аст. Раҳоӣ ёфтан аз шарри ӯ тавассути паноҳ бурдан ба Аллоҳ аст, ҳамон тавре ки Аллоҳ ба он амр кардааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар дуо паноҳ бурдан аз шарри нафс ва шарри шайтонро якҷо баён намудааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) чунин дуоро омӯзонд: «Бигӯ «Эй Аллоҳ! Эй Офаридгори осмонҳо ва замин! Эй Донандаи ғайбу ошкор! Эй Парвардигор ва Соҳиби ҳар чиз! Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ту нест. Ба Ту аз шарри нафси худ, аз шарри шайтон ва васвасаҳою ширк овардани ӯ паноҳ мебарам. Ва паноҳ мебарам аз ин ки ба худам бадие анҷом диҳам ё онро ба сӯи мусалмоне кашонам, «Ин дуоро ҳангоми субҳ, ҳангоми шом ва ҳангоми ба бистари хоб рафтан бихон».[111]. [111] Ривояти Тирмизӣ, рақами (3392) ва Абу Довуд, рақами (5058) Албонӣ онро дар Саҳеҳи Тирмизӣ (3/142) саҳеҳ гуфтааст.
Аллоҳумма фатирас-самавати вал-арз, олимал-ғайби ваш-шаҳодати, рабба кулли шайъин ва маликаҳу, ашҳаду ал-ло илоҳа илла анта, аъузу бика мин шарри нафси, ва шарриш-шайтони ва ширкиҳи, ва ан ақтарифа ъала нафси суан, ав аҷурраҳу ила муслим,
Паноҳ бурдан ба Аллоҳ, таваккал бар Ӯ ва ихлос барои Ӯ аз тасаллути шайтон пешгирӣ мекунанд [112]. [112] Нигаред: Иғосату-л-лаҳфон (1: 145-162).
Ва дуруду саломи Аллоҳ бар банда ва фиристодааш Муҳаммад, бар хонадону ҳамаи саҳобагони ӯ ва бар касоне, ки то рӯзи ҷазо бо некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд, бод.
«Дуо» ҳамроҳ бо «табобат бо руқя аз Қуръон ва Суннат»
Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ
Ин китоб як манбаи муътамад ва арзишманди илмӣ дар мавзуи дуо ва табобати бемориҳо тавассути руқяи шаръӣ мебошад. Дар китоб дуоҳои баргирифташуда аз Қуръони карим ва суннати набавӣ баён гардида, тарзи истифодаи онҳоро барои шифо ёфтан аз бемориҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ шарҳ медиҳад. Ҳамчунин, китоб масъалаи табобат бо "руқяи шаръӣ"-ро мавриди баррасӣ қарор дода, бар зарурати имони амиқ ва рӯ овардани самимӣ ба Аллоҳ Таъоло ҳангоми талаб кардани шифо таъкид мекунад. Дар он роҳу воситаҳои муассири пешгирӣ ва табобати осебҳо ва бемориҳо низ пешниҳод гардидаанд.
Related books
All books
Рисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ28 забонРисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз Худованд раҳмату мағфираташ кунад Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ҳукми ҷоду, фолбинӣ ва он чи ба онҳо марбут аст (1) (1) Қисме аз ин мақола дар ҷилди сеюми китоб "Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун" таҳти унвони: "Ҳукми ҷоду ва фолбинӣ ва масъалаҳои марбут ба он" нашр шудааст. Инчунин мақола пурра дар як нашрияе аз ҷониби Раёсат бо унвони: "Рисолае дар бораи ҳукми ҷоду ва фолбинӣ" нашр шуда, дар маҷаллаи "Ал-Ямама" ва маҷаллаи Таҳқиқоти исломӣ низ нашр шудааст. Шукру сипос Худованди ягона ва беҳамторо ва салому дуруд бар паёмбаре, ки баъд аз ӯ…
Таҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат54 забонТаҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат
Ин китоб аҳкоми ҳаҷ, умра ва зиёратро мувофиқи Китобу Суннат шарҳ дода, вазифаҳои ҳаҷ, умра, мамнуоти замони эҳром ва одоби зиёрати Масҷиди набавиро баён мекунад ва аз бидъатҳо дар ин шаоир ҳушдор медиҳад.
Сипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннат57 забонСипари мусалмон аз зикрҳои Китобу Суннат
Китоби мазкур зикрҳоеро аз Китоб ва Суннат ҷамъ овардааст, то гуфтани онҳо дар вақту ҳолатҳои гуногун осон гардад. Он шомили дуоҳои бедор шудан аз хоб, таҳорат, намоз, сафар ва дигар дуоҳое мебошад, ки ба мусалмон кумак мекунад, то худро эмин нигоҳ дорад ва дар ҳифзу риояти Аллоҳ қарор гирад.
Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат85 забонВасилаҳои муфид барои зиндагии босаодат
Китоби «Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат»-и Шайх Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ сабабҳои саодати ҳақиқиро аз дидгоҳи имонии амиқ баррасӣ намуда, хонандаро ба оромиши қалбӣ тавассути имон ва амали солеҳ, зикри Аллоҳ, қаноат, тафаккур дар неъматҳо, эҳсон, таваккул, сабр ва дуруст арзёбӣ намудани умур роҳнамоӣ мекунад. Ин асар бо услуби зебое нақшаи зиндагии ором, мутавозин ва саодатмандро, бо вуҷуди пастиву баландиҳои ҳаёт, дар ихтиёри шумо қарор медиҳад.