حكم السحر والكهانة
Рисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз Худованд раҳмату мағфираташ кунад Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ҳукми ҷоду, фолбинӣ ва он чи ба онҳо марбут аст (1) (1) Қисме аз ин мақола дар ҷилди сеюми китоб "Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун" таҳти унвони: "Ҳукми ҷоду ва фолбинӣ ва масъалаҳои марбут ба он" нашр шудааст. Инчунин мақола пурра дар як нашрияе аз ҷониби Раёсат бо унвони: "Рисолае дар бораи ҳукми ҷоду ва фолбинӣ" нашр шуда, дар маҷаллаи "Ал-Ямама" ва маҷаллаи Таҳқиқоти исломӣ низ нашр шудааст. Шукру сипос Худованди ягона ва беҳамторо ва…
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Рисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
Худованд раҳмату мағфираташ кунад
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Ҳукми ҷоду, фолбинӣ ва он чи ба онҳо марбут аст (1)
(1) Қисме аз ин мақола дар ҷилди сеюми китоб "Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун" таҳти унвони: "Ҳукми ҷоду ва фолбинӣ ва масъалаҳои марбут ба он" нашр шудааст. Инчунин мақола пурра дар як нашрияе аз ҷониби Раёсат бо унвони: "Рисолае дар бораи ҳукми ҷоду ва фолбинӣ" нашр шуда, дар маҷаллаи "Ал-Ямама" ва маҷаллаи Таҳқиқоти исломӣ низ нашр шудааст.
Шукру сипос Худованди ягона ва беҳамторо ва салому дуруд бар паёмбаре, ки баъд аз ӯ дигар паёмбаре нест, ва баъд:
Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ин чанд соли ахир теъдоди ҷодугарон ва фолбинҳое, ки худро табиб вонамуд мекунанд ва бо сеҳр у ҷодугарӣ муолиҷа менамоянд, зиёд шудаанд. Ва дар баъзе кишварҳо паҳн гашта, содагон ва ҷоҳилонро фиреб медиҳанд, ман, аз боби насиҳати самимӣ барои Аллоҳ ва бандагонаш, лозим донистам, ки хатарҳои бузурги ин амалро барои Ислом ва мусалмонон баён намоям, зеро он боиси вобастагӣ ба ғайри Аллоҳ мешавад ва мухолифи фармони Ӯ ва паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Пас бо ёрии Аллоҳ Таъоло мегӯям: Муолиҷа кардан (табобат) ба иттифоқи ҳамагон ҷоиз аст. Мусалмон, метавонад назди духтури бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳӣ, асаб ва монанди он равад, то беморияшро ташхис дода, бо доруҳое, ки шариат иҷозат додааст ва дар тибби муосир маъруф аст, муолиҷа намояд. Зеро ин аз ҷумлаи сабабҳои оддӣ аст ва мухолифи таваккул бар Худо нест. Худованди Мутаъол ҳам дардро нозил кардааст ва ҳам даворо, ва ин нуктаро баъзеҳо медонанд ва баъзеҳо на. Аммо Худованд шифои бандагонашро дар чизе, ки бар онҳо ҳаром кардааст, қарор надодааст.
Пас, барои бемор ҷоиз нест, ки назди коҳинон равад, онҳое ки иддао мекунанд, ки гӯё ғайбро медонанд, то аз онҳо дар бораи беморияш маълумот гирад. Ҳамчунин ҷоиз нест, ки суханони онҳоро тасдиқ кунад, зеро онҳо беасос ва бо тахмину гумон аз ғайб мегӯянд, ё ҷинҳоро даъват мекунанд, то дар амали худ аз онҳо кумак гиранд. Ҳукми чунин ашхос — агар иддаои донистани ғайб кунанд — куфр ва гумроҳӣ аст. Имом Муслим дар саҳеҳаш ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад.") Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Ҳар касе назди ҷодугар ё фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон) куфр варзидааст). Ривояти Абудовуд ва аҳли сунани чаҳоргона ин ҳадисро ривоят кардаанд, ва Ҳоким онро бо лафзи зерин саҳеҳ донистааст: (Ҳар касе назди арроф ё фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст, (яъне, Қуръон) куфр варзидааст). Ва аз Имрон ибни Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Ҳар ки фолбинӣ кунад ё назди фолбин биравад, ғайб ва пешгӯӣ кунад ё назди касе биравад барояш пешгӯӣ кунад, ё ҳар касе сеҳр кунад ва ё назди соҳир биравад, аз мо нест. Ва ҳар касе назди коҳин (фолбин) биравад ва ӯро тасдиқ кунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст, куфр варзидааст). Ривояти Баззор бо исноди ҷайид (хуб).
Дар ин ҳадисҳои муборак аз рафтан назди аррофон, фолбинон, коҳинон, ҷодугарон ва монанди онҳо, инчунин пурсидан аз онҳо ва тасдиқ кардани суханонашон, наҳй шудааст ва бар ин амалҳо ваъиди сахт (азоби шадид) омадааст. Бинобар ин бар волиёни умур ва ниҳодҳои назоратӣ ва дигар касоне, ки қудрат ва тавон доранд, воҷиб аст, ки аз амали фолбинон ва ҷодугарон ва касоне, ки ба назди онҳо мераванд, ҷилавгирӣ кунанд. Ва ҳар касе, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳо ба ин кор даст мезанад аз он ҷилавгирӣ карда ва шадидан ба онҳо ва касоне, ки ба назди онҳо меоянд, инкор кунанд. Ҷоиз нест, ки касе фирефтаи дуруст баромадани баъзе аз гуфтаҳои онҳо шавад ва на ҳам ба теъдоди зиёди одамоне, ки назди онҳо мераванд. Чун чунин афрод одамони ҷоҳиланд ва мардум набояд аз онҳо пайравӣ кунанд. Зеро Расулуллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз рафтан ба назди онҳо, пурсидан ва тасдиқ кардани онҳо манъ кардаанд, зеро ин кори зишту хатарнок аст ва оқибатҳои бад дорад. Онҳо дурӯғгӯёну фасодкоронанд. Инчунин ин ҳадисҳо далолат бар кофир будани фолбинону ҷодугарон мекунад, зеро онҳо иддао доранд, ки ғайбро медонанд ва ин куфр аст. Зеро онҳо ба мақсад ва ҳадафи худ намерасанд, магар бо хидмат кардани ҷин ва ибодат кардани он ба ҷои Аллоҳ Таъоло, ки ин куфр ва ширк ба Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст. Ва ҳар касе ба иддаои онҳо дар бораи донистани ғайб, бовар кунад, монанди онҳо аст. Ҳамчунин ҳар шахсе, аз касоне, ки чунин корҳое мекунад, чизе биёмӯзад, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ӯ безор аст. Барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба он чи онҳо ба унвони дармон меноманд, мисли, истифода бурдан аз тилисмҳо ё сурб рехтан ё хурофоти ба ин монанд, эътимод кунад. Зеро ин корҳо аз ҷумлаи ҷодугарӣ, фолбинӣ ва фиребгарӣ аст ва ҳар ки инро бипазирад, дар ботил ва куфрашон ёриашон кардааст. Ҳамчунин барои ҳеҷ яке аз мусалмонон ҷоиз нест, ки назди чунин афрод (коҳинон ва ҷодугарон) рафта, аз онҳо дар бораи ин ки фарзандаш ё наздиконаш бо кӣ издивоҷ мекунанд, ё дар бораи муҳаббат ва вафо ё душманӣ ва ҷудоии байни ҳамсарон ва хонадони онҳо ва монанди ин масъалаҳо бипурсад.
Зеро ин аз умури ғайбие аст, ки ҷуз Аллоҳ Таъоло касе аз онҳо огоҳ нест.
Ва сеҳру ҷоду аз амалҳои ҳаром ва куфромез аст. Ҳамонгуна, ки Аллоҳ Таъоло дар бораи ду фаришта дар сураи Бақара мефармояд: (вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозати Аллоҳ Таъоло наметавонистанд ба василаи он (сеҳр) ба касе зиёне бирасонанд ва чизе меомӯхтанд, ки [фақат] ба онон зиён мерасонад ва суде намедод ва ҳатман медонистанд, ки ҳар кас [муштоқу] харидори он [ҷодуҳо] бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!) (2) (2) Сураи Бақара, ояти 102.
Ин оятҳои шариф далолат мекунанд, ки ҷоду куфр аст ва ҷодугарон миёни зану мард ҷудоӣ меандозанд. Ҳамчунин нишон медиҳанд, ки ҷоду худ нафъу зараре расонида наметавонад, балки танҳо бо иҷозат ва тақдири илоҳӣ таъсир мерасонад, зеро Аллоҳ Таъоло хайр ва шарро офарида аст. Зарари ҷоду бисёр бузург ва вазъи шахсоне, ки ин илмро аз мушрикон ба мерос бурдаанд ва ба воситаи онҳо ақлҳои заифро гумроҳ кардаанд, бисёр бузург ва озмоиши сахт аст. Мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем. Худо бар мо басанда аст ва Ӯ беҳтарин вакил аст. Инчунин ин ояти шариф далолат мекунад, ки касоне, ки ҷодугариро меомӯзанд, онон чизеро меомӯзанд, ки ба худашон зиён мерасонад, ва барояшон суде намерасонад ва дар назди Аллоҳ Таъоло барояшон подоше нест. Ин ҳушдору таҳдиди бузург баёнгари зиёну зарари бисёр сахти онҳо дар дунё ва охират аст. Онҳо ба арзонтарин баҳо худро фурӯхтаанд. Ба ҳамин далел Аллоҳ Таъоло онҳоро ба ин кор накуҳиш карда, мефармояд: (Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!) Ва "широ" дар инҷо ба маънои фурӯхтан аст. (3) Сураи Бақара, ояти 102.
Аз бадии ҷодугарону фолбинҳо ва дигар коҳинону раммолон, аз Худованд саломатӣ ва эминӣ мехоҳем. Инчунин аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мехоҳем, ки ҳама мусалмононро аз шарри онҳо нигоҳ дорад ва ҳокимони мусалмононро ҳидоят кунад, то аз онҳо эҳтиёт кунанд ва ҳукми Худоро бар онҳо амалӣ созанд, то бандагонаш аз озор ва аъмоли баду норавои онон дар амон бошанд. Ӯ Саховатманд ва Меҳрубон аст.
Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло аз рӯи лутфу меҳрубонияш барои бандагонаш роҳҳое муқаррар кардааст, ки бо онҳо метавонанд худро аз бадии сеҳр пеш аз рух доданаш муҳофизат кунанд. Ва инчунин ба онҳо баён намудааст, ки баъд аз рух додани он, чӣ гуна онро муолиҷа кунанд. Ва ҳамаи ин аз рӯйи раҳмату неъмати Ӯст бар бандагон ва аз камоли лутфу эҳсони Ӯ нисбат ба онҳо мебошад.
Дар зер баёни чизҳое аст, ки аз хатари ҷоду пеш аз воқеъ шуданаш эмин нигоҳ медорад ва он чизҳое, ки пас аз воқеъ шуданаш онро табобат мекунад, ки тибқи шариати ислом ҷоиз аст.
Аммо он чизҳое, ки метавон бо онҳо хатар ва зиёни сеҳрро пеш аз рух доданаш пешгирӣ кард, муҳимтарину фоиданоктарини он: паноҳ бурдан ба зикрҳои шаръӣ, дуоҳо ва паноҳхоҳиҳои ривоятшуда аст. Аз ҷумла, хондани Оятулкурсӣ пас аз ҳар намози фарзӣ, баъд аз зикрҳои муқарраршуда пас аз салом, ва хондани он ҳангоми хоб. Оятулкрсӣ бузургтарин оят дар Қуръони Карим аст ва он чунин аст: (Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст) (4). (4) Сураи Бақара, ояти 255.
Ва аз ҷумла хондани: Қул ҳуваллоҳу аҳад (5), (5) Сураи Ихлос, ояти 1.
ва Қул аъузу бирабби-л-фалақ (6), (6) Сураи Фалақ, ояти 6.
ва Қул аъузу бираби-н-нос (7) Пас аз ҳар намози фарзӣ, хондани ин се сура (Ихлос, Фалақ ва Нос) се маротибагӣ дар аввали рӯз пас аз намози бомдод ва дар аввали шаб пас аз намози шом, инчунин ҳангоми хоб рафтан, аз воситаҳои муҳофизат аз сеҳр мебошанд. Ҳамчунин хондани ду ояти охири сураи Бақара дар аввали шаб низ муфид аст, ки онҳо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло ҳастанд: (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст.") (8) то охири сура. (8) Сураи Бақара, ояти 285). (7) Сураи Нос, ояти 1.
Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ривояти саҳеҳ фармудааст: (Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст) Ва маънои ин ривоят -Аллоҳу аълам- ин аст, ки ин ду оят ӯро аз ҳар бадӣ ва шар ҳифз мекунад. Аз ҷумла, бисёр гуфтани "Аъузу би калимотиллоҳи томмоти мин шарри мо халақ" дар шабонарӯз, ҳангоми ворид шудан ба ҳар маконе, чи дар хона, ё биёбон, ё дар ҳаво ва чи дар дарё. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ҳар ки ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъузу бикалимотиллоҳит-томмоти мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне ки онҷо аст, ба ӯ зиёне нахоҳад расид). Ва аз ҷумлаи он ин аст, ки мусалмон дар аввали рӯз ва аввали шаб се маротиба инро бигӯяд: (Ба номи Аллоҳ, ки ҳамроҳ бо номи Ӯ ҳеҷ чиз дар замину осмон зараре намерасонад ва Ӯ Шунавову Доност). Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) тибқи ривояти саҳеҳ ба гуфтани он ташвиқ намудааст ва ин зикр сабаби наҷот ва эминӣ аз ҳар гуна бадӣ ва газанде мебошад.
Ва ин зикрҳо ва таъвизот аз бузургтарин сабабҳо барои пешгирӣ аз шарри сеҳру ҷоду ва дигар бадиҳо барои касе аст, ки бо сидқу имон ва эътимод бар Худо ва такя бар Ӯ ва бо дили кушода ба он чи ки дар он зикр шудааст, онҳоро хонда ва риояту мудовимат кунад. Онҳо инчунин аз пурқувваттарин силоҳҳо барои бартараф кардани сеҳр пас аз рух додани он маҳсуб мешаванд, бо шарти зиёд зорӣ кардан ба сӯи Худо ва дуо кардан ба Ӯ, то бадиро бардорад ва ранҷро бартараф созад. Ва аз дуоҳои собитшуда аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои дармони бемориҳои сеҳру ҷоду ва ғайра, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба он ёронашро руқя мехонданд, инҳоянд: "Аллоҳумма раббан-носи азҳибил-баъса ва-шфи анташ-шофӣ ло шифоа илло шифоука шифоан ло юғодиру сақаман." Тарҷума: Худоё Парвардигори мардум! Дардро бартараф бикун ва шифо бидеҳ, ки танҳо Худат шифодиҳандаӣ, ҳеҷ шифое, ҷуз шифои Ту нест. Шифое бидеҳ, ки ҳеҷ дардеро боқӣ нагузорад. Ин дуоро се маротиба мегӯяд. Ва аз ҷумла дуое, ки Ҷабраил бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) руқя хонд, ин буд: "Бисмиллоҳи арқика мин кулли шайъин юъзика ва мин шарри кулли нафсин ав айнин ҳосидин, Аллоҳу яшфика, Бисмиллоҳи арқика." Тарҷума: Ба номи Аллоҳ туро аз ҳар чизе, ки азиятат медиҳад ва аз шарри ҳар нафс ё чашми ҳасуд, руқя мехонам, Аллоҳ Таъоло шифоят медиҳад. Ба номи Аллоҳ туро руқя мехонам. Инро низ се маротиба такрор мекунад.
Ва аз дигар равишҳои муолиҷаи сеҳр пас аз рӯй додани он, ки барои марде, ки аз ҳамбистарӣ бо ҳамсараш маҳрум шудааст, муфид аст, ин аст, ки ҳафт барги сабзи сидрро гирифта, бо санг ё чизи монанд ба он кӯфта ва дар зарфе онро бирезад, сипас миқдоре аз об бар он изофа кунад, ки барои ғусл кофӣ бошад. Дар он об ин оятҳоро бихонад: Оятулкурсӣ ва (Қул ё айюҳал-кофирун) (9), ва (Қул ҳуваллоҳу аҳад) (10), (Қул аъузу бирабби-л-фалақ) (11), ва (Қул аъузу бирабби-н-нос) (12), Ва оятҳои сеҳру ҷоду, ки дар сураи Аъроф ҳастанд, иборатанд аз ин фармудаи Худованд: (Ва [мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро биафкан». Пас, ногаҳон он [асо ба мори бузурге табдил шуд ва] ончиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, фурӯ балъид, Пас, ҳақиқат ошкор гардид ва он чи мекарданд, ботил шуд, Ва [Фиръавну фиръавниён ҳамагӣ дар] онҷо шикаст хӯрданд ва хор гардиданд) (13), Ҳамчунин оятҳои сураи Юнус, ин фармудаи Худованд: (Ва Фиръавн гуфт: «Тамоми ҷодугарони [моҳиру] доноро назди ман биёваред», Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онон гуфт: «Он чи [аз васоили ҷоду] мехоҳед, биафканед, [акнун] биафканед», Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Он чи овардаед, ҷодуст. Яқинан, Аллоҳ Таъоло онро ботил хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло кори муфсидонро ислоҳ намекунад ва Аллоҳ Таъоло бо суханони Хеш ҳақро [собиту] пойдор мекунад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд») (14), Ва оятҳо дар сураи Тоҳо: ([Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?», [Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд, Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард. Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ, Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад») (15) (9) Сураи Кофирун, ояти 1. (10) Сураи Ихлос, ояти 1. (11) Сураи Фалақ, ояти 1. (12) Сураи Нос, ояти 1. (13) Сураи Аъроф, оятҳои 117-119. (14) Сураи Юнус, оятҳои 79-82. (15) Сураи Тоҳо, оятҳои 65-69.
Баъд аз хондани ин оятҳо дар об, се бор аз он менӯшад ва бо боқимондааш ғусл мекунад. Ба ин васила, агар Худо хоҳад, беморӣ аз байн меравад. Агар ниёзе ба истифода бурдани он ду бор ё бештар бошад, боке нест, то замоне ки беморӣ бартараф шавад.
Аммо муолиҷаи сеҳр ба воситаи амалҳои ҷодугарон, яъне наздикӣ ҷустан ба ҷинҳо бо қурбонӣ кардан ё дигар намудҳои қурбонӣ, ҷоиз нест, зеро ин аз амалҳои шайтон ва ҳатто аз ширкҳои бузург (ширки акбар) ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аз чунин корҳо парҳез кардан воҷиб аст. Ҳамчунин бо муроҷиат кардан ба коҳинону фолбинон ва ҷодугарон ва истифода бурдан аз гуфтаҳои онон барои муолиҷа кардан ҷоиз нест. Зеро онон кофир, фоҷир ва дурӯғгӯянд, ки иддаои илми ғайбро доранд ва мардумро фиреб мекунанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз рафтан ба назди онон, пурсидан ва бовар кардани онон сахт ҳушдор додааст, чунон ки дар оғози ин рисола зикр шуд. Инчунин дар ривояти саҳеҳ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки аз "нушра" (илоҷи сеҳр бо сеҳр) пурсида шуд, дар посух фармуданд: (Он аз амали шайтон аст). Ривояти Имом Аҳмад ва Абудовуд бо исноди ҷайид (хуб). "Нушра" кушодан ё муолиҷа кардани сеҳр бо сеҳр аст. Муроди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз суханаш дар ин ҷо "нушра"-е аст, ки дар даврони ҷоҳилият ба кор бурда мешуд. Яъне, муроҷиат ба ҷодугар барои бардоштани сеҳр, ё бартараф кардани он бо сеҳри дигар аз ҷониби ҷодугари дигар.
Аммо кушодан ва муолиҷа кардани сеҳр бо руқя ва таъвизоти шаръӣ ва дармонҳои мубоҳу ҳалол боке надорад, ҳамон тавре ки пештар гуфта шуд. Ҳамон тавре ки Аллома Ибни Қайим ва Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳасан (раҳматуллоҳи алайҳимо) дар "Фатҳул-маҷид" ва дигар олимон низ баён карданд.
Аз Худованди Мутаъол мехоҳем, ки мусалмононро аз ҳама бадиҳо дар амон нигоҳ дорад, динашонро барояшон нигоҳ дорад ва ба онҳо фаҳми дуруст дар дин ато кунад ва аз ҳар он чи ки мухолифи шариати Ӯст, солим нигоҳ дорад. Ва дуруду салом бар банда ва Паёмбараш Муҳаммад ва бар олу ёронаш бод.
Ҷоду кардани шавҳар тавассути ҳамсар (16)
(16) Ин посух аз сӯи дафтари ҷаноби Шайх дар тарихи 9/11/1387 ҳиҷрии қамарӣ нашр шудааст.
Мактуби шумо, ки таърихи (номушаххас) ба ман расид. Худованд шуморо ба ҳидояти Худ тавфиқ диҳад. Шумо дар номаатон дар бораи он чи ҳангоми наздикӣ кардан бо ҳамсари наватон ба саратон омад ва ҳамчунин аз рафтанатон ба назди шайхе ва он чи ӯ ба шумо фатво дод ва низ аз он чи ҳамсари қаблии шумо анҷом дода, ки монеи наздикӣ кардан бо ҳамсари наватон гардидааст, пурсидаед. (Ҳар касе Оятулкурсиро дар шаб бихонад, Худованд ӯро муҳофизат мекунад ва шайтон то субҳ ба ӯ наздик намешавад), Инчунин дар ҳадиси саҳеҳи дигар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:
Посух: Агар ҳамсари пешинаат ба ин амал (яъне сеҳр) иқрор карда бошад, ё ин амалаш бо далел (шаҳодат) собит шуда бошад, пас ӯ муртакиби гуноҳи бузурге шудааст, балки ин кор куфр (кофирӣ) ва гумроҳист. Зеро амале, ки анҷом додааст, сеҳри ҳаром аст ва соҳир кофир аст, чуноне ки Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Ва аз он чи шаётин дар [аҳди] фармонравоии Сулаймон [бар мардум] мехонданд, пайравӣ карданд [ва муддаӣ шуданд, ки Сулаймон подшоҳии хешро бо сеҳр устувор кардааст] ва [ҳол он ки] Сулаймон [ҳаргиз даст ба сеҳр наолуд] ва кофир нашуд, вале шаётин [ки] куфр варзиданд ба мардум сеҳр меомӯхтанд ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд, [пайравӣ карданд, вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозати Аллоҳ Таъоло наметавонистанд ба василаи он (сеҳр) ба касе зиёне бирасонанд ва чизе меомӯхтанд, ки [фақат] ба онон зиён мерасонад ва суде намедод ва ҳатман медонистанд, ки ҳар кас [муштоқу] харидори он [ҷодуҳо] бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!) (17) Ин ояти муборака бар он далолат мекунад, ки сеҳр куфр аст ва соҳир (ҷодугар) кофир аст. Соҳирон чизеро меомӯзанд, ки ба онҳо зиёну бадӣ мерасонад, на манфиат. Ва мақсадҳои онон ҷудои андохтан байни марду ҳамсараш аст ва онҳо назди Худованд дар рӯзи қиёмат ҳеҷ баҳрае надоранд, яъне ҳеҷ насибе аз наҷот нахоҳанд дошт. Ва дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд: Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед. Гуфтанд: Эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: (Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хӯрдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани муъмини ноогоҳ). (17) Сураи Бақара, ояти 102.
Аммо дар мавриди шайхе, ки доруро ба ту додааст, маълум мешавад, ки ӯ ҳам мисли зан ҷодугар аст. Зеро аз корҳои ҷодугарӣ танҳо ҷодугарон огоҳанд. Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи фолбинону коҳинонест, ки бо иддаои донистани ғайб дар бисёре аз корҳо маъруф аст. Вазифаи мусалмон ин аст, ки аз онон эҳтиёт кунанд ва ба он чизе, ки дар ғайб мегӯянд, бовар накунад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: (Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад).
Ривоят дар Саҳеҳи Муслим. Ва низ Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчунин фармудаанд: (Ҳар касе назди арроф ё фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон) куфр варзидааст).
Ва аз роҳҳои муолиҷаи ҷоду - ки яке аз муассиртарин роҳҳо аст - кӯшиш дар пайдо кардани ҷойи сеҳру ҷоду аст (дар замин, кӯҳ ё дигар ҷой). Агар он ёфта шавад ва нобуд карда шавад, таъсири сеҳру ҷоду низ аз байн меравад. Пас шумо бояд тавба кунед ва аз кори кардаатон пушаймон шавед ва дар бораи шайхи дар боло зикршуда ва зани собиқатон ба раиси ҳайъат ва раиси додгоҳ хабар диҳед, то додгоҳ ва ҳайъат барои пешгирӣ кардан аз онҳо чорае андешад. Агар ҳодисаи шабеҳ бо шумо рӯй диҳад, аз уламои динӣ пурсед, то онҳо ба шумо дар бораи табобати шаръӣ маслиҳат диҳанд. Худованд ба мо ва шумо огоҳӣ дар дин, пойдорӣ дар он ва саломатӣ аз ҳар чизе, ки мухолифи он аст, иноят кунад. Ӯ саховатманду бахшанда аст.
Ин буд он чизе, ки тавонистем аз роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи сеҳр баён намоем. Ва Худованд тавфиқ диҳандаи ҳақиқӣ аст. Ва-с-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Ҳукми савол кардани ҷодугарон ва фолбинону ҳуққабозон (18)
(18) Ин саволу ҷавобҳо аз барномаи (Нурун алад-дарб) аст.
Суол: Бародар С. А. Б. аз Риёз мегӯяд: Дар баъзе минтақаҳои Яман гурӯҳе ҳастанд, ки онҳоро "Сода" (сайидзода-эшон) меноманд. Инҳо корҳое мекунанд, ки хилофи дин аст, мисли шуъбадабозӣ ва дигар корҳо. Ва иддао доранд, ки метавонанд бемориҳои душворро шифо диҳанд. Онҳо барои исботи иддаоҳои худ корҳоеро чун ханҷар задан ба худ ё буридани забонашон ва боз баргардондани он бидуни осеб, нишон медиҳанд. Дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки намоз мехонанд ва касоне ҳам ҳастанд, ки намоз намехонанд. Инчунин издивоҷ бо тоифаҳои дигарро бар худ ҳалол медонанд ва ба касе берун аз тоифаи худ иҷозат намедиҳанд, ки бо духтарони онон издивоҷ кунанд. Ва ҳангоми дуо барои беморон, мегӯянд: (Эй Аллоҳ ва эй фалонӣ), ки манзур яке аз аҷдодашон аст.
Дар гузашта мардум ин гурӯҳро бузург мешумурданд ва онҳоро шахсони ғайриодӣ ва наздику мақбул назди Худо медонистанд, ҳатто онҳоро «мардони Худо» меномиданд. Аммо ҳоло мардум дар мавриди онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: гурӯҳе аз ҷавонон ва шахсони босавод ба онҳо мухолифанд ва гурӯҳи дигар, ки то ҳол ба онҳо пайравӣ мекунанд, аксаран пиронсолон ва бесаводон мебошанд. Хоҳишмандем ҳақиқати ин мавзуъро барои мо баён фармоед.
Ҷавоб: Ин гурӯҳ ва ҳаммонандонашон аз зумраи суфинамоёне ҳастанд, ки аъмоли манҳӣ ва рафторҳои ботил доранд. Онҳо ҳамчунин аз ҷумлаи коҳинон (ъаррофон) ҳастанд, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи онҳо фармудаанд: (Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад). Ин ба хотири он аст, ки онҳо даъвои илми ғайб мекунанд, ба ҷинҳо хидмат мекунанд ва онҳоро парастиш менамоянд. Онҳо мардумро бо корҳое, ки анҷом медиҳанд, фиреб медиҳанд. Аз ҷумла, намудҳои сеҳре, ки Худованд дар қиссаи Мӯсо ва Фиръавн дар бораи он фармудааст: ([Мӯсо] Гуфт: «Шумо биафканед». Ҳангоме ки [абзори худро] афканданд, чашмони мардумро афсун карданд ва ононро сахт тарсонданд ва ҷодуи бузург [падид] оварданд) (19). Бинобар ин, бар асоси ин ҳадиси шариф рафтан ба назди онҳо ва кумак хостан аз онҳо ҷоиз нест. Ҳамчунин ба далели ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): (Ҳар касе назди фолбин (коҳин) рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон) куфр варзидааст). Ва дар лафзи дигар: (Ҳар касе назди арроф ё фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон) куфр варзидааст). (19) Сураи Аъроф, ояти 116.
Аз Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ба бародари муҳтарам ... Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, аммо баъд: Аммо дуо кардан ба ғайр аз Худо, ё паноҳ бурдану ёрӣ хостан ба ғайри Худо, ё иддао кардан, ки падарону ниёгони онҳо дар корҳои олам мудохила доранд, ё беморонро шифо медиҳанд, ё дуоҳоро иҷобат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо мурдаанд ё ҳозир нестанд, ҳамаи ин аз ҷумлаи куфр ва ширк ба Худоанд аст. Пас, зарур аст, ки кори онҳо рад карда шавад ва мардум ба назди онҳо нараванд, аз онҳо чизе напурсанд ва ба онҳо бовар накунанд. Зеро онҳо дар ин амалҳояшон миёни амалҳои коҳинон ва ояндабинҳо, ва миёни амалҳои мушрикон, яъне касоне, ки ғайри Худоро мепарастанд ва аз ғайри Худо ёрӣ ва паноҳ мехоҳанд, ҷамъ кардаанд, хоҳ аз ҷин, хоҳ аз мурдаҳо ё дигарон, ки онҳоро падарон ва ниёгони хеш меноманд, ё иддао мекунанд, ки онҳо валӣ ҳастанд ё соҳиби каромотанд. Ҳамаи ин аз амалҳои ҳуққабозӣ, ҷодугарӣ ва ояндабинии манъшуда дар шариати пок аст.
Аммо он чи ки аз рафторҳои мункар, монанди ханҷар задан ба худ ё буридани забонҳояшон аз онҳо сар мезанад, ҳамаи ин фиреби мардум аст ва аз навъҳои сеҳри ҳаром маҳсуб мешавад, ки дар Қуръон ва Суннат манъ ва аз он ҳушдор дода шудааст. Пас, шахси оқил набояд ба чунин амалҳо фирефта шавад. Ин амалҳо монанди он чизест, ки Худои Таъоло дар бораи ҷодугарони Фиръавн фармудааст: (чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд) (20). Пас, ин афрод байни ҷодугарӣ, фолбинӣ, ҳуққабозӣ, раммолӣ ва байни ширки акбар, ёрӣ ҷустан ва истиғоса кардан аз ғайри Аллоҳ ва байни иддаъои илми ғайб ва тасарруф дар ҳастиро ҷамъ кардаанд. Инҳо аз анвоъи зиёди ширки акбар, куфри ошкор ва амалҳои ҷодугарӣ ва фолбинӣ ва иддаъои илми ғайб аст, ки Худованди Мутаъол ҳаром гардонида аст, ки ҷуз Аллоҳ Таъоло намедонад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ Таъоло) (21). Пас, воҷиб аст бар тамоми мусалмононе, ки аз ҳолашон огоҳанд, онҳоро инкор кунанд ва тасарруфоти бади онҳо ва рафтори зишташонро баён намоянд, ва агар дар кишварҳои исломӣ бошанд, мавзуъашонро ба мақомоти дахлдор расонанд, то онҳоро бар асоси шариат ҷазо диҳанд ва шаррашон қатъ шавад ва мусалмонон аз ботилҳояшон ва фиребҳояшон дар амон бимонанд. (21) Сураи Намл, ояти 65. (20) Сураи Тоҳо, ояти 66.
Ва Аллоҳ Таъоло тавфиқ диҳанда аст.
Муолиҷа назди табиби суннатӣ, ки аз ҷин истифода мебарад (40).
(40) ("Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун", Ибни Боз (5/418-420))
Суол: Гурӯҳе аз мардум ҳастанд, ки ба гуфтаи худ бо тибби мардумӣ (анъанавӣ) муолиҷа мекунанд. Вақте ман назди яке аз онҳо рафтам, гуфт: Номи худ ва номи модаратро навис ва пагоҳ боз биё. Вақте шахсе назди онҳо меравад ба ӯ мегӯянд: Ту ба фалон беморӣ гирифторӣ ва давоят фалон аст... Яке аз онҳо мегуфт: Ман дар муолиҷа каломи Худоро истифода мебарам. Назари шумо дар бораи чунин афрод чист? Ва ҳукми рафтан назди онҳо чист? — С.А.Ғ., Ҳоил.
Ҷавоб: Касе, ки дар табобат чунин амал мекунад, ин далели он аст, ки ӯ аз ҷинҳо истифода мекунад ва иддаои донистани ғайбро дорад. Аз ин рӯ, муолиҷа гирифтан назди ӯ ҷоиз нест, ҳамчунин рафтан ва савол кардан аз ӯ низ ҷоиз нест. Чунки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ин гурӯҳи одамон чунин фармудаанд: (Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад). Ривояти Муслим дар Саҳеҳаш.
Ва аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳадисҳои мутааддиде дар бораи наҳй аз рафтан назди ҷодугарон, фолбинон, коҳинон ва аррофон ва кумак хостан аз онҳо ва тасдиқи онҳо ворид шудааст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ҳар касе назди фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон) куфр варзидааст). Ҳар касе, ки бо истифодаи сангча партофтан, садаф (пӯсти баҳрӣ), расмкашӣ дар замин, ё пурсидани номи бемор ва номи модараш ё номи хешовандонаш иддао мекунад, ки ғайбро медонад, ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ӯ аз ҷумлаи фолбинҳо ва коҳинон аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз пурсидан ва тасдиқ кардани чунин афрод наҳй кардаанд.
Пас, воҷиб аст, ки аз онҳо ва аз пурсидани онҳо ва аз муолиҷа гирифтан назди онҳо ҳазар кард, ҳатто агар даъво кунанд, ки бо Қуръон муолиҷа мекунанд. Зеро одати аҳли ботил фиребу найранг кардан аст. Бинобар ин, бовар кардан ба гуфтаи онҳо ҷоиз нест. Ва ҳар касе дар бораи онҳо хабардор шавад бояд ба масъулон, қозиён, ҳокимон ва марказҳои мубориза бо ин гуна афрод дар ҳар шаҳре, ки ҳаст, гузориш диҳад, то бар асоси ҳукми Худо бар онҳо ҳукм карда шавад ва мусалмонон аз шарру фасоди онҳо ва аз хӯрдани молҳои мардум ба ноҳақ эмин бимонанд.
Ва Аллоҳ Таъоло ёридиҳанда аст ва ҳеҷ тавоноӣ ва нерӯе нест, магар бо Аллоҳ Таъоло.
Муолиҷаи шаръӣ сеҳру ҷоду (22)
(22) Аз барномаи Нурун ала-д-дарб, навори: 53.
Суол: Аз як олиме шунидам, ки агар касе гумон кунад, ки ӯ ҷоду шудааст, бояд ҳафт барги сидрро бигирад ва онро дар сатили об гузошта, сипас ин сураҳоро бар он бихонад: Муъавизот (Сураҳои Ихлос, Фалақ ва Нос). Оятулкурсӣ, сураи (Қул ё ай-юҳал-кофирун) ва ин оятро: {وَمَا أُنزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ} ( ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд,) (23) ва сураи Фотиҳа. Ин то чи андоза дуруст аст? Ва касе, ки гумон мекунад ӯ ҷоду шудааст, бояд чи кор кунад? Моро роҳнамоӣ кунед, Худованд шуморо аҷру савоб диҳад. (23) Сураи Бақара, ояти 102.
Посух: Ҷои шакке нест, ки сеҳру ҷоду вуҷуд дорад, Албатта баъзе аз он хаёлӣ ва шуъбадабозӣ аст. Ва сеҳр воқеъ мешавад ва бо изни Худованд таъсир мекунад. Чунон ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ҳаққи соҳирон мефармояд: (Ва аз он чи шаётин дар [аҳди] фармонравоии Сулаймон [бар мардум] мехонданд, пайравӣ карданд [ва муддаӣ шуданд, ки Сулаймон подшоҳии хешро бо сеҳр устувор кардааст] ва [ҳол он ки] Сулаймон [ҳаргиз даст ба сеҳр наолуд] ва кофир нашуд, вале шаётин [ки] куфр варзиданд ба мардум сеҳр меомӯхтанд ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд, [пайравӣ карданд, вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд). Яъне: ду фаришта, (магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозати Аллоҳ Таъоло наметавонистанд ба василаи он (сеҳр) ба касе зиёне бирасонанд) (24). Ҷоду таъсир дорад, аммо бо иҷозат ва иродаи кавни ва қадарии Худованд. Зеро ҳеҷ чизе дар ин дунё вуҷуд надорад, магар бо қазо ва қадари илоҳӣ. Аммо ин сеҳру ҷоду илоҷ ва дармон дорад ва бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воқеъ шуд, аммо Худованд ӯро аз он наҷот дод ва аз шарраш раҳонид. Он чи ҷодугар пинҳон карда буд, онро пайдо карда, нобуд карданд ва Худованд паёмбарашро ба ин восита шифо дод. Ҳамин тавр, агар аз ҷодугар чизе монанд ба гиреҳ кардани ресмонҳо ё пайвастани мехҳо ва ғайра дида шавад, бояд онҳо нобуд карда шаванд. Зеро одати ҷодугарон ин аст, ки дар гиреҳҳо дам мезананд ва ба онҳо бо мақсадҳои палиди худ таъсир мерасонанд. Эҳтимол аст, ки бо иҷозати Худо он чизе, ки мехоҳанд, рӯй диҳад ё бекор гардад. Парвардигори мо Субҳонаҳу ва Таъоло бар ҳама чиз тавоност. Ва гоҳо сеҳру ҷоду бо руқя хондан мудово мешавад, ё шахси ҷодушуда худ мехонад (агар ақлаш солим бошад), ё шахси дигаре ӯро мехонад ва ба сина ё узве аз аъзои ӯ дам мекунад ва ин сураҳо ва оятҳоро мехонад: Фотиҳа, Оятулкурсӣ, Қул ҳуваллоҳу аҳад, Муъавизатайн ва оятҳои маъруфи зидди сеҳру ҷоду аз сураҳои Аъроф, Юнус ва Тоҳо. Аз сураи Аъроф ин фармудаи Аллоҳро мехонад: (Ва [мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро биафкан». Пас, ногаҳон он [асо ба мори бузурге табдил шуд ва] ончиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, фурӯ балъид, Пас, ҳақиқат ошкор гардид ва он чи мекарданд, ботил шуд, Ва [Фиръавну фиръавниён ҳамагӣ дар] онҷо шикаст хӯрданд ва хор гардиданд) (25). Ва аз сураи Юнус, ин фармудаи Аллоҳ Таъоло: (Ва Фиръавн гуфт: «Тамоми ҷодугарони [моҳиру] доноро назди ман биёваред», Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онон гуфт: «Ончи [аз васоили ҷоду] мехоҳед, биафканед, [акнун] биафканед», Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Ончи овардаед, ҷодуст. Яқинан, Аллоҳ Таъоло онро ботил хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло кори муфсидонро ислоҳ намекунад, Ва Аллоҳ Таъоло бо суханони хеш ҳақро [собиту] пойдор мекунад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд») (26). Ва аз сураи Тоҳо ин фармудаи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло: ([Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?», [Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд, Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард, Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ, Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад») (27). Инчунин ин сураҳоро мехонад: (Қул ё ай-юҳал кофирун) то охираш, ва сураи (Қул ҳуваллоҳу аҳад), ва (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос). Беҳтар ин аст, ки сураҳои Ихлос, Фалақ ва Носро се маротибагӣ бихонад, сипас барои шифо ёфтанаш дуо кунад: (Аллоҳумма раббан-носи азҳибил-баъса ва-шфи анташ-шофӣ ло шифоа илло шифоука шифоан ло юғодиру сақаман). Тарҷума: Худоё Парвардигори мардум! Дардро бартараф бикун ва шифо бидеҳ, ки танҳо Худат шифодиҳандаи, ҳеҷ шифое, ҷуз шифои Ту нест. Шифое бидеҳ, ки ҳеҷ дардеро боқӣ нагузорад. Инро се маротиба такрор мекунад. Инчунин ӯро бо ин дуо руқя мехонад: (Бисмиллоҳи арқика мин кулли шайъин юъзика ва мин шарри кулли нафсин ав айнин ҳосидин, Аллоҳу яшфика, бисмиллоҳи арқика). Ба номи Аллоҳ туро аз ҳар чизе, ки азиятат медиҳад ва аз шарри ҳар нафс ё чашми ҳасуд, руқя мехонам, Аллоҳ Таъоло шифоят медиҳад, ба номи Аллоҳ туро руқя мехонам. Инро се маротиба хонда, барояш дуои шифо, саломатӣ ва офият мекунад. ва агар дар руқя хонданаш инро ҳам бигӯяд хуб аст: (Уъизука би калимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақа). Тарҷума: Туро паноҳ медиҳам ба калимоти комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст. Се маротиба онро такрор кунад. (27) Сураи Тоҳо, оятҳои 65-69. (26) Сураи Юнус, оятҳои 79-82. (25) Сураи Аъроф, оятҳои 117-119. (24) Сураи Бақара, ояти 102.
Ҳамаи ин аз ҷумлаи давоҳои фоиданоканд. Ва агар ин руқя ва дуоро бар об бихонад, пас шахси ҷодушуда аз он бинӯшад ва бо боқимондааш ғусл кунад, бо хости Худо ин аз сабабҳои шифо ва саломатист. Ва агар ба он об ҳафт барги сабзи сидрро, пас аз кӯфта шуданаш, илова кунад, ин ҳам яке аз воситаҳои шифо ҳисобида мешавад. Ин чиз борҳои зиёд озмуда шудааст ва Худованд бо он нафъ расонидааст. Мо низ бо бисёре аз мардум ин амалро анҷом додем ва Худо онҳоро бо ин муолиҷа шифо додааст. Пас, ин дармон барои шахсони ҷодушуда муфид ва судманд аст. Ҳамчунин ин дармон барои касе, ки аз ҳамбистарӣ бо ҳамсараш боздошта шудааст (бо сабаби таъсири ҷоду), низ фоиданок аст. Зеро баъзе афрод ба таври ғайримуқаррарӣ аз наздикӣ бо ҳамсарашон маҳрум мешаванд ва вақте ин руқя ва дуоро истифода мекунанд, хоҳ худаш бар худ бихонад, хоҳ шахси дигар бар ӯ бихонад, хоҳ онро дар об бихонад ва баъд аз он бинӯшад ва бо боқимондааш ғусл кунад, ин ҳама, бо иҷозати Худо, барои ҷодушуда ва шахсе, ки аз ҳамсараш манъ шудааст, судманд аст. Ва ин (руқя ва дуо) аз сабабҳои шифо мебошад. Аммо Шифобахш танҳо Худованди Мутаъол аст. Ӯ бар ҳар чиз қодир аст. Дору ва беморӣ ҳама ба дасти Ӯст ва ҳар чизе бо ирода ва тақдири Ӯ рух медиҳад. Ва дар ривояти саҳеҳ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст: (Аллоҳ дарде нозил накардааст, магар ин ки барояш шифое нозил кардааст. Ҳар он ки донист, донист ва ҳар он ки надонист, надонист).
Ва ин аз фазлу бузургии Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст. Ӯ тавфиқдиҳанда ва ҳидояткунанда ба роҳи рост аст.
Равшан сохтани ҳақиқат дар бораи ворид шудани ҷин ба инсон ва посух додан ба касе, ки инро инкор мекунанд. (28).
(28) Ин посух дар таърихи 3/11/1408 ҳиҷрӣ барои Шайх Алӣ Тантовӣ фиристода шудааст.
Алҳамду лиллоҳи вас-салоту ва-с-салому ало расулиллоҳи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман иҳтадо биҳудоҳ.
Аммо баъд… Дар моҳи Шаъбони соли 1407 ҳиҷрӣ баъзе рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ғайра хабарҳои мухтасар ва муфассале нашр карданд дар бораи рӯйдоде, ки ҷинне, ки дар бадани як зани мусалмон дар шаҳри Риёз ҷой гирифта буд, пас аз он ки бародари муҳтарам Абдуллоҳ ибни Мушриф Ал-Умари, ки сокини Риёз аст, ба он зан руқя хонд ва бо он ҷин суҳбат кард, ӯро ба Худо ёдрас кард, ваъзу андарз дод ва ба ӯ фаҳмонд, ки зулм ҳаром ва гуноҳи кабира аст. Он ҷин иброз дошт, ки кофир ва пайрави дини буддоист. Пас аз даъват шудан ба Ислом, ҷин қабул кард ва Исломро эълон намуд ва пасон назди ман низ Исломашро изҳор кард. Сипас Абдуллоҳ ва хешовандони он зан хоҳиш карданд, ки бо ҳамроҳии он зан назди ман ҳозир шаванд, то эълони Исломро аз забони ҷин бишнавам. Онҳо назди ман омаданд. Ман аз ҷин пурсидам, ки бо чӣ сабаб ба бадани ин зан дохил шуд. Ӯ сабабҳоро баён кард ва бо забони зан сухан гуфт, вале суханаш суханони мард буд на сухани зан. Он зан дар курсии паҳлуи ман нишаста буд ва бародару хоҳараш, Абдуллоҳ ибн Мушриф ва баъзе аз уламои дин низ ҳозир буданд ва суханони ҷинро мешуниданд. Ӯ (ҷин) Исломро ошкоро қабул кард ва гуфт, ки ҳиндӣ ва динаш буддоӣ аст. Ман ба ӯ насиҳат кардам ва тавсия додам, ки аз Худо битарсад, аз тани ин зан хориҷ шавад ва ба ӯ зулм накунад. Ӯ ба ин тавсия ҷавоби мусбат дод ва гуфт: Ман ба Ислом қонеъ ҳастам. Ман ба ӯ тавсия додам, ки қавмашро ба Ислом даъват кунад, баъд аз он ки Худо ӯро ба Ислом роҳнамоӣ кард. Ӯ ваъдаи хуб дод ва аз тани он зан хориҷ шуд. Охирин суханаш ин буд: Ассалому алайкум. Баъдан он зан бо забони маъмулии худ сухан кард ва эҳсос кард, ки ҳолаш хуб аст ва аз он ранҷ озод шудааст. Баъд аз як моҳ ё бештар, ҳамроҳи ду бародар, тағо ва хоҳараш назди ман баргашт ва хабар дод, ки дар ҳолати хуб ва офият аст ва ҷин дигар барнагаштааст, алҳамдулиллоҳ. Аз ӯ пурсидам, ки ҳангоми ҳузури ҷин дар танаш чӣ эҳсос мекард. Ҷавоб дод, ки фикрҳои бад ва мухолифи шариат дошт, ба дини буддоӣ майл пайдо карда буд ва мехост китобҳои он динро бихонад. Баъд аз он ки Худо ӯро аз он ҷин наҷот дод, ҳамаи он фикрҳои мунҳариф аз байн рафтанд ва ба ҳолати аввалияш, ки дур аз он андешаҳои нодуруст буд, баргашт.
Пас аз ин воқеа ба ман хабар расид, ки Шайх Алӣ Тантовӣ монанди ин мавзуъро инкор кардааст. Ва онро навъе аз дурӯғ ва фиреб донистааст ва мумкин аст он суханон, ки ба забони зан гуфта шуданд, пешакӣ сабт шуда бошанд ва худи зан он гапҳоро нагуфта бошад. Вақте ман аз ӯ навореро, ки суханонаш дар он сабт шудааст, дархост кардам ва он чизеро, ки дар он зикр шудааст, шунидам, аз он таъаҷҷуб кардам, ки чӣ гуна мумкин аст чунин эҳтимоли ботилро қабул кард. Дар ҳоле, ки ман худам аз ҷин чандин савол пурсидам ва ӯ посух дод. Пас, чунин иддао аз қабеҳтарин иштибоҳҳо ва пазируфтани ботил аст. Инчунин дар суханаш иддао кардааст, ки ислом овардани ҷин бо дасти инс (яъне инсон) мухолифи сухани Худо дар қиссаи Сулаймон (алайҳис-салом) аст. (ва ҳукумате ба ман арзонӣ дор, ки пас аз ман барои касе набошад) (29). Бешак, ин низ хатогии ошкор аз ҷониби ӯст (Худованд ӯро ҳидоят кунад) ва фаҳмиши нодуруст мебошад. Зеро дар ислом овардани ҷин бо дасти инсон ҳеҷ мухолифате бо даъвати Сулаймон надорад. Гурӯҳи зиёде аз ҷинҳо ба воситаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мусалмон шуданд. (29) Сураи Сод, ояти 35.
Худованд ин мавзуъро дар сураҳои Аҳқоф ва Ҷин баён намудааст. Ва дар Саҳеҳайн аз ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) собит аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Шайтон бар ман ворид шуд ва қасд кард, ки намозамро қатъ кунад. Аммо Худованд манро бар ӯ чира сохт, пас ман ӯро аз гулуяш дошта, фишор додам. Ва тасмим гирифтам ӯро бар сутуне бибандам то шумо субҳ хеста ӯро бубинед. Аммо сухани бародарам Сулаймон (алайҳиссалом) ба ёдам расид, ки гуфт: (Парвардигори ман, маро бибахш ва ба ман мулке ато кун, ки барои ҳеҷ касе баъд аз ман сазовор набошад) (30), пас Худо ӯро хору шикастхӯрда баргардонд). Ин лафз дар Саҳеҳ Бухорӣ аст ва дар лафзи Саҳеҳ Муслим чунин омадааст: (Дишаб яке аз шаётини ҷин бар ман ҳамла кард, то намози манро қатъ кунад, Худованд манро бар ӯ чира гардонид ва ман гулӯяшро ба шиддат фишурдам ва хостам ӯро бар сутуне бибандам, то субҳ ҳамаи шумо ӯро бубинед. Вале сухани бародарам Сулаймон ба ёдам омад, ки гуфтааст: (Парвардигори ман! манро бибахш ва бароям мулке ато кун, ки баъд аз ман сазовори ҳеҷ касе набошад) (31) Пас Аллоҳ Таъоло ӯро ноумед ва шикастхӯрда баргардонд). Ва Насоӣ бо шарти Бухорӣ аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намоз мехонд, ки шайтон ба суроғаш омад, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро гирифта ба замин зад ва гулӯяшро ба шиддат фишурд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: (То ҷое, ки сардии забонашро бар рӯйи дастонам ҳис кардам ва агар дуои Сулаймон намебуд, ӯро мебастам, то ҳамаи мардум ӯро тамошо кунанд). Аҳмад ва Абудовуд инро аз ҳадиси Абусаъид ривоят кардаанд ва дар он чунин омадааст: (Дасти худро ба сӯйи ӯ дароз кардам ва гулӯяшро чунон фишурдам, ки сардии оби даҳонашро байни ин ду ангуштам, яъне ибҳом (ангушти бузург) ва ангушти канори он (ангушти ишора) ҳис кардам). Ва Бухорӣ дар саҳеҳаш (4/487, Фатҳулборӣ) ба сурати муаллақ ва сиғаи ҷазм аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда, ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) маро вазифа дод, ки садақаи фитрро нигоҳ дорам. Шахсе наздам омада, миқдоре аз таомро бардошт, ӯро гирифтам ва гуфтам, ҳатман туро назди Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мебарам. Гуфт: Ман муҳтоҷаму кӯдакдор ва сахт ниёзмандам. Ман ҳам ӯро раҳо кардам. Субҳ назди Расули акрам (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадам, ишон фармуданд: Эй Абуҳурайра асири ту дишаб чӣ кор кард? Гуфтам ё Расулуллоҳ аз ниёзмандии шадид ва кӯдакдорӣ шикоят намуд ва дилам ба ҳолаш сӯхт, раҳояш кардам. Фармуд, ки ба ту дурӯғ гуфт, ӯ боз хоҳад гашт. Ва донистам, ки ӯ тибқи фармудаи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) боз хоҳад гашт ва интизорашро кашидам. Дидам, ки омаду боз аз таом бардошт. Ӯро доштаму гуфтам, ҳатман туро назди Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мебарам. Гуфт: Маро бигзор зеро ман муҳтоҷу кӯдакдорам ва дигар боз намегардам. Ман ба ӯ раҳм намуда, раҳояш кардам. Чун субҳ шуд, боз Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, эй Абуҳурайра асират чӣ кор кард? Гуфтам: Ё Расулуллоҳ, аз ниёзмандӣ ва аёлдорӣ шиква намуд ва ман ҳам ба ӯ раҳм карда, раҳояш кардам. Фармуд: Ӯ дурӯғ гуфт ва боз хоҳад гашт. Ман бори севум интизорашро кашидам. Боз омаду аз таом чанг мезад ва ман ӯро гирифта, гуфтам: Ин дафъа ҳатман туро назди Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хоҳам бурд ва ин охирин бор аст. Ту гуфтӣ, ки боз намегардӣ, вале бозгаштӣ. Гуфт: Маро бигзор ҳамоно ман ба ту калимоте меомӯзам, ку Худои Мутъаол ба василаи он ба ту фоида расонад. Гуфтам: Онҳо кадоманд? Гуфт: Чун дар бистарат қарор гирифтӣ Ояталкурсӣро бихон. Зеро аз сӯи Аллоҳ Таъоло нигаҳбоне пайваста то субҳ буда ва шайтоне ба ту наздик намешавад ва ман ӯро раҳо намудам. Чун субҳ шуд, Расули акрам ба ман фармуд: Асират дишаб чӣ кард? Гуфтам: Ё Расулуллоҳ тасаввур мекард, ки ӯ ба ман калимоте ёд медиҳад, ки Худои Мутъаол ба он маро нафъ мерасонад. Он калимот чист? Гуфтам: Ба ман гуфт: Чун ба бистарат омадӣ, Оятулкурсиро аз аввал бихон, то ояро хатм кунӣ ва ба ман гуфт, ки аз ҷониби Худованд бар ту ҳофизе муқаррар мегардад, то субҳ кунӣ ва ҳеҷ шайтоне ба ту наздик намешавад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Огоҳ шав, ки ӯ ба ту рост гуфта, вале ӯ бисёр дурӯғгӯ аст. Оё медонӣ, ки аз се шаб бо ин тараф бо кӣ хитоб мекардӣ? (Абуҳурайра) Гуфтам: На. Гуфт: Он шайтон аст. (31) Сураи Сод, ояти 35. (32) Сураи Бақара, ояти 255. (30) Сураи Сод, ояти 35.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси саҳеҳ, ки Шайхайн (Бухорӣ ва Муслим) аз Сафия (разияллоҳу анҳо) ривоят кардаанд, фармуданд: ( Шайтон ҳамчун хун дар бадани одамизод ҷараён меёбад).
Ва Имом Аҳмад дар Муснад (4/216) бо исноди саҳеҳ аз Усмон ибни Абу-л-Ъос (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки гуфт: Эй Расули Аллоҳ! шайтон миёни ман ва намозам ва қироати Қуръон монеъ шуд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Ин шайтоне аст, ки ба ӯ Хинзаб гуфта мешавад. Пас, ҳар гоҳ ӯро эҳсос кардӣ, аз ӯ ба Худо паноҳ бихоҳ ва ба тарафи чапи худ се бор туф кун (бе об). Усмон ибни Аби-л-Ъос мегӯяд: Ин корро кардам ва Худованди Азза ва Ҷалла ӯро аз ман дур сохт). Ҳамчунин дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки ҳар инсонро як фаришта ва як шайтон (қарин) ҳамроҳӣ мекунад, ҳатто Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ. Аммо Худованд ӯро бар шайтон ғолиб сохт ва шайтонаш мусалмон шуд ва ӯро ба ҷуз хайр амр намекунад. Китоби Худо ва Суннати Расули Ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва иҷмои уммат бар ҷоиз будани даромадани ҷин ба инсон ва забт кардану ба замин афкандани ӯ далолат мекунанд. Пас, чӣ гуна ҷоиз аст барои касе, ки худро ба аҳли илм нисбат медиҳад ва ин чизро бидуни дониш ва роҳнамоӣ, балки танҳо бо тақлид кардан ба баъзе аз аҳли бидъат, ки мухолифи аҳли суннат ва ҷамоатанд, инкор кунад? Пас, Худованд мададгор бошад ва ҳеҷ қудрату қуввате нест, магар бо Аллоҳ Таъоло. Хонандаи гиромӣ то ҷое, ки имкон дорад суханони аҳли илмро дар ин бора бароят зикр хоҳам кард, иншоаллоҳ.
Баёни суханони муфассирон (раҳимаҳумуллоҳ) дар робита ба ин фармудаи Худованд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (33). (33) Сураи Бақара, ояти 275.
Абу Ҷаъфар ибни Ҷарири Табарӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири ин фармудаи Худованд мегӯяд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (34). Мегӯяд: Яъне, шайтон ӯро дар дунё аз ақл бегона мекунад ва ӯро буғӣ мекунад, то ба замин биафканад (мин-ал-мас) яъне, аз ҷунун ва девонагӣ. (34) Сураи Бақара, ояти 275.
Ва Бағавӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири ояти зикршуда мефармояд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (35). Яъне, девонагӣ. Араб ба шахсе, ки девона шуда бошад, (массар-раҷулу ва ҳува мамсусу) мегӯянд. Яъне, ба ӯ девонагӣ исобат кардааст. (35) Сураи Бақара, ояти 275.
Ва Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири ояти мазкур чунин гуфтааст: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (36). Яъне, онҳо аз қабрҳояшон дар рӯзи қиёмат барнамехезанд, магар мисли касе, ки дар ҳоли девонагӣ бошад, монанди инсони девона, ки ҳангоми девонагӣ ва тамоси шайтон бо ӯ бармехезад, яъне, бархостанашон ғайритабиӣ ва мункару ваҳмангез хоҳад буд. Ва Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: (Инсони рибохор дар рӯзи қиёмат ҳамчун девонае, ки нафасгир мешавад, барангехта мешавад.) Ривояти Ибни Абиҳотим. (36) Сураи Бақара, ояти 275.
Аз Авф ибни Молик, Саъид ибни Ҷубайр, Ас-Садӣй, Рабиъ ибни Анас, Қатода ва Муқотил ибни Ҳайён чунин сухане нақл шудааст. Поёни сухани Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ).
Ва Қуртубӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири ин фармудаи Аллоҳ Таъоло мегӯяд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (37). Мегӯяд: Дар ин оят далеле бар ботил будани сухани касоне аст, ки ҷинзадагиро инкор кардаанд ва иддао намудаанд, ки он ҳаракатҳо танҳо аз рӯйи табиати инсонҳо аст ва шайтон наметавонад ба инсон ворид шавад ва наметавонад ба ӯ таъсир расонад. Интиҳои иқтибос. Ва суханони муфассирон дар ин маъно зиёд аст, ҳар касе хоҳад онро меёбад. (37) Сураи Бақара, ояти 275.
Ва Шайхулислом Ибни Таймия дар китобаш (Изоҳуд-далола фӣ умумир-рисола лис-сақалайн), ки дар (Маҷмуи фатово 19/ 9-65) аст, баъди сухани гузашта чунин мегӯяд: Аз ҳамин сабаб, гурӯҳе аз аҳли муътазила, монанди Ҷуббоӣ, Абубакри Розӣ ва дигарон ворид шудани ҷинро ба бадани шахс инкор кардаанд, вале мавҷудияти ҷинро инкор накардаанд. Онҳо ба ин сабаб инкор кардаанд, ки ин масъала ба таври рӯшан дар ривоятҳо аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) наомадааст, мисли мавзуи мавҷуд будани ҷин. Гарчанде, ки дар инкор кардани он иштибоҳ кардаанд. Бинобар ин, Абулҳасани Ашъарӣ дар китоби "Мақолоти аҳли суннат ва ҷамоат" зикр кардааст, ки аҳли суннат бар ин бовар ҳастанд, ки ҷин дар бадани шахси мубталои саръ медарояд. Чуноне Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (38). Ва Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: Ба падарам гуфтам, гурӯҳе иддао доранд, ки ҷин ба бадани инсон намедарояд. Гуфт: Писарам! дурӯғ мегӯянд. Ин ҳамон худаш аст, ки ба воситаи забони ӯ сухан мегӯяд, ин мавзуъ дар ҷои худ ба таври муфассал омадааст. Инчунин (Ибни Таймия) раҳимаҳуллоҳ дар "Фатово 24/276-277" мегӯяд: Мавҷудияти ҷин бо Қуръон, суннати Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва бо иҷмои пешгузаштагони уммат ва имомони он собит шудааст. Ҳамчунин дохил шудани ҷин ба бадани инсон низ бо иттифоқи уламо ва имомони аҳли суннат ва ҷамоат собит шудааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]) (39). Ва дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки (Шайтон ҳамчун хун дар бадани одамизод ҷараён меёбад). (39) Сураи Бақара, ояти 275. (38) Сураи Бақара, ояти 275.
Абдуллоҳ ибни Имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: Ба падарам гуфтам: гурӯҳе ҳастанд, ки мегӯянд, ҷин дар бадани масруъ (шахси ҷинзада) дохил намешавад. Гуфт: Писарам! онҳо дурӯғ мегӯянд. Ӯ (ҷин) аст, ки бо забонашон сухан мегӯяд. Ин чизе, ки ӯ гуфтааст, машҳур аст. Барои шахси масруъ ё ҷинзада ҳолатҳое пеш меояд, ки ӯ бо забоне ҳарф мезанад, ки маънояш номаълум аст. Ва чунон худро мезанад ва осебе мерасонад, ки агар бар шутур зада шавад, осеби зиёде мебинад. Аммо шахси масруъ ва ҷинзада ин зарба ва осебро ҳис намекунад ва он чи аз забонаш мебарояд, намедонад. Ҳатто мешавад, ки ҷинзада дигаронро (бо зӯр) бикашад...
Ва касе аз имомони мусалмонон имкони даромадани ҷин ба бадани масруъро инкор накардааст. Ва касе ин чизро инкор мекунад ва иддао дорад, ки шариат ин корро такзиб кардааст, дар воқеъ ӯ бар шариат дурӯғ бастааст. Ва дар далелҳои шаръӣ чизе нест, ки вуҷуди онро инкор кунад. Интиҳои иқтибос.
Имом Ибни Қайим (раҳимаҳуллоҳ) дар китобаш "Зодулмиъод фӣ ҳадйи хайрил-ибод" (4/66-69) чунин мегӯяд: "Саръ ду навъ аст: Саръ аз ҷониби арвоҳи хабиси заминӣ ва саръ аз ихтилоти маводди бади ҷисм. Ва дувумаш ҳамон чизе аст, ки табибон дар мавриди он баҳс мекунанд ва иллату дармони онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Аммо дар бораи саръи арвоҳ (яъне ҷинзадагӣ) пешвоён ва оқилони онҳо (табибон ва фалосифа) ба вуҷуди он иқрор мекунанд ва онро инкор намекунанд. Онҳо эътироф доранд, ки табобати он бо рӯҳҳои пок ва некӯ, ки аз олами боло мебошанд, анҷом мегирад, ки бо рӯҳҳои ширрир ва паст мубориза мекунанд ва таъсири онҳоро ботил мегардонанд. Ҳатто Буқрот (Гиппократ) низ дар баъзе китобҳои худ инро зикр кардааст ва дар бораи табобати ҷинзадагӣ чунин гуфтааст:
Ин дармон танҳо барои саръи ношӣ аз тағйири мизоҷи одамӣ ва таркиботи даруни мебошад, муфид аст. Аммо саръи ношӣ аз арвоҳ ин дармон барои он муфид нест, балки он дармони дигаре мехоҳад.
Аммо табибони нодону фурӯмоя ва касоне, ки бехудоӣ ва бединиро фазилат медонанд, онҳо ҷиннзадагиро инкор мекунанд ва иқрор намекунанд, ки рӯҳҳо метавонанд ба бадани инсони масруъ таъсир расонанд. Онҳо танҳо ҷоҳиланд, зеро илми тиб чизе надорад, ки чунин таъсирро рад кунад. Дар ҳоле, ки ҳисси инсон ва воқеият далели равшани он аст. Ва нисбат додани онҳо ин ҳолатро танҳо ба ғолиб шудани баъзе моддаҳои бадан дар баъзе мавридҳо дуруст аст, вале на дар ҳама мавридҳо. То ҷое, ки мегӯяд: Ва иддае аз табибони бедин ҷинзадагиро танҳо ба изтироби моддаҳои бадан нисбат доданд. Аммо ҳар касе ки ақл ва шинохте нисбат ба ин рӯҳҳо ва таъсири онҳо дошта бошад, аз ҷаҳл ва нодонии ин гуна табибон ва заъфи ақлашон механдад.
Табобати ҷинзадагӣ бо ду чиз анҷом мешавад: яке аз ҷониби шахси ҷинзада ва дигаре аз ҷониби касе, ки ӯро муолиҷа мекунад. Он чи ба шахси ҷинзада марбут аст, ин бо нерӯи нафси худ, рӯй овардани сидқомез ва самимӣ ба Офаридгори ин рӯҳҳо ва Парвардигори онҳо, ва бо паноҳхоҳии дуруст, ки қалб ва забон ба он мувофиқат дошта бошанд, аст. Зеро ин (муолиҷа) навъе аз ҷанг аст ва шахсе, ки бо душманаш ҷанг мекунад, наметавонад бар ӯ бо яроқ пирӯз шавад, магар бо ду чиз: 1. Силоҳе, ки дар ҳолати хуб бошад; 2. Даст (ё тавоноии истифодаи он яроқ) пурқувват бошад. Пас, ҳар гоҳ яке аз ин ду набошад, яроқ фоидаи чандоне намедиҳад. Пас чи расад, агар ҳар ду чиз вуҷуд надошта бошанд? Яъне, диле, ки аз тавҳид, таваккул, тақво ва рӯй овардан ба Худо холӣ бошад, ягон яроқ надорад. Зеро ин навъе аз набард ва мубориза аст.
Қисми дувум аз ҷиҳати руқяхон аст, ки бояд дар ӯ ин ду чиз низ вуҷуд дошта бошанд (яъне, яроқи дуруст/тавҳид, таваккул, тақво ва рӯй овардан ба Худо). Ҳатто баъзе аз руқяхонон бо гуфтани "Аз баданаш берун шав", ё гуфтани "Бисмиллоҳ", ё гуфтани "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ", иктифо мекунанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармуд: (Эй душмани Аллоҳ хориҷ шав, ман паёмбари Аллоҳ ҳастам).
Ва ман шоҳид будам, ки устозамон касеро мефиристод назди касе, ки ҷин дар ӯ ворид шудааст, то бо рӯҳе ки дар ӯст сухан гӯяд, ва мегуфт: "Шайх ба ту гуфт: Баро, зеро ин барои ту ҳалол нест". Он шахс ба ҳуш меояд. Баъзан худаш шахсан бо он рӯҳ гуфтугӯ мекард. Ва баъзан ҷин саркаш мешавад, онро бо задан хориҷ мекард ва вақте ҷинзада ба ҳуш меомад, дарди он зарбаҳора эҳсос намекард. Мо ва дигарон ин корро аз ӯ чандин маротиба мушоҳида кардаем, то ҷое, ки мегӯяд: Хулоса, ин навъи ҷинзадагӣ ва тарзи муолиҷаи он чизест, ки фақат касоне рад мекунанд, ки аз илм, ақл ва шинохти кофӣ баҳра надоранд. Ва бештарин тасаллути арвоҳи палид бар инсонҳо ба хотири заъфи диндорӣ ва вайронии дилҳо ва забонҳояшон аз ҳақоиқи зикру таъвизот ва паноҳгоҳҳои набавӣ ва имонӣ аст. Пас, рӯҳи бад ин гуна инсонро мисли шахси беяроқ ва ҳатто урён мебинад ва ба осонӣ ба ӯ таъсир мерасонад. Ин буд хулосаи сухани ӯ (раҳимаҳуллоҳ).
Бо таваҷҷуҳ ба он чи аз далелҳои шаръӣ ва иҷмои уламои аҳли суннат ва ҷамоат, ки ворид шудани ҷин ба бадани инсонро ҷоиз медонанд, зикр кардем, барои хонанда равшан мегардад, ки инкори ин масъала нодуруст аст ва иштибоҳи шайх Алӣ Тантовӣ дар рад кардани он возеҳ мегардад.
Ӯ дар суханаш ваъда додааст, ки ҳар гоҳ ба ҳақ роҳнамоӣ шавад, ба он бармегардад. Умед аст, ки пас аз хондани он чи зикр кардем, ба ростӣ баргардад. Аз Худо барои худ ва барои ӯ ҳидоят ва тавфиқ мехоҳем. Аз он чи гуфтем, маълум мешавад, ки он чи рӯзномаи «Ан-Надва» дар шумораи худ аз 14/10/1407 ҳиҷрӣ (саҳифаи 8) аз доктор Муҳаммад Ирфон дар бораи ин ки калимаи «ҷунун» аз донишномаи тиббӣ бардошта шуда ва вуруди ҷин ба бадани инсону сухан гуфтанаш аз забони инсонро нақл кардааст, як мафҳуми илмии сад дар сад ғалат аст. Ҳамаи он нодуруст буда ва ношӣ аз огоҳии андаки ӯ ба умури шаръӣ ва суханони олимони аҳли суннат ва ҷамоат аст. Ва агар ин мавзуъ бар бисёре аз табибон пинҳон монда бошад, ин ҳаргиз далеле бар вуҷуд надоштани он нест, балки нишондиҳандаи ҷаҳолати бузурги онҳо дар муқоиса ба дониши олимони дигаре аст, ки ба ростгӯӣ, амонатдорӣ ва басират дар умури дин маъруфанд. Балки ин масъала мавриди иттифоқ ва иҷмоъ байни аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Чунон ки Шайхулислом Ибни Таймия инро аз тамоми аҳли илм нақл кардааст ва ҳамчунин аз Абулҳасани Ашъарӣ нақл кардааст, ки ӯ чунин қавлро аз аҳли суннат ва ҷамоат нақл кардааст. Инчунин ин қавлро аллома Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Шиблӣ ал-Ҳанафӣ (вафот 799 ҳиҷрии қамарӣ) низ дар китоби худ «Оком ал-Марҷон фӣ ғароиб ал-ахбор ва аҳком ал-ҷон» дар боби панҷоҳу якум аз Абулҳасани Ашъарӣ нақл кардааст.
Чунон ки қаблан дар сухани Ибни Қайим (раҳимаҳуллоҳ) зикр шуд, пешвоёни донишманд ва оқилони табибон ба ин масъала иқрор доштаанд ва онро инкор накардаанд. Танҳо нодонон, фурӯмоягон ва зиндиқони табибон онро инкор кардаанд. Пас, эй хонанда, инро бидон ва ба он ҳақиқатҳое, ки зикр кардем, мустаҳкам бичасп. Фирефтаи нодонони табибон ва дигарон машав ва на ба касоне гӯш деҳ, ки бе илм ва бе дарки дуруст, танҳо ба тақлид аз нодонони табибон ва баъзе аз аҳли бидъат, аз Муътазила ва ғайри онҳо, дар ин мавзуъ сухан мегӯянд. Ва Худованд мададрасон аст.
Огоҳӣ
Ва ҷинзада фаршеро, ки бар он нишастааст мекашад ва асбобҳоро ҷо ба ҷо мекунад ё аз як ҷой ба дигар ҷой мебарад ва дигар корҳоеро анҷом медиҳад, ки ҳар ки онҳоро ба чашми худ бубинад яқин мекунад, ки сухангӯӣ забони ӯ ва ҳаракатдиҳандаи ин чизҳо ҷинси дигаре ғайри инсон аст.
Ҳар он чи аз ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз суханони уламои уммат зикр шуд, далолат мекунад бар он ки сухан гуфтан бо ҷин, насиҳат кардану панд доданаш ва даъват ба ислом кардану пазируфтани ӯ ба ислом, мухолифи он нест, ки Худованд дар бораи Сулаймон (алайҳиссалом) дар сураи «Сод» фармуда аст, ки ӯ гуфт: (Парвардигори ман, маро бибахш ва ба ман мулке ато кун, ки барои ҳеҷ касе баъд аз ман сазовор набошад). Ҳамчунин амр карданаш ба некӣ, манъ карданаш аз бадӣ ва ҳатто заданаш агар аз баромадан сарпечӣ кунад, ҳама инҳо мухолифи ояти зикршуда нестанд, балки инҳо воҷибанд аз ҷиҳати дафъи ситамгар, кумак ба мазлум, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ҳамон тавре ки бо инсон (инсӣ) низ чунин рафтор мешавад. Ва қаблан дар ҳадиси саҳеҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зикр гардид, ки фармуданд: (Гулӯи шайтонро фишор додам, то ин ки оби даҳонаш ҷорӣ шуд). Оби даҳонаш бар дасти шарифи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) расид. Инчунин фармуданд: (Агар дуои бародарам Сулаймон намебуд, ӯро мебастам то субҳ мардум ӯро бубинанд). Ва дар ривояти Муслим аз ҳадиси Абудардо аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: (Душмани Худо, Иблис бо шуълае аз оташ омад, то онро ба рӯям андозад. Пас, ман се бор инро гуфтам: "Аз ту ба Худо паноҳ мебарам". Сипас, се бор гуфтам: "Туро бо лаънати комили Худо лаънат мегӯям", аммо дур нарафт. Он гоҳ хостам ӯро дастгир кунам, вале ба Худо савганд, агар дуои бародари мо Сулаймон намебуд, ӯро то субҳ баста мемондам, то тифлакони Мадина бо ӯ бозӣ мекарданд). Ва дар ин маъно ҳадисҳо ва суханони олимон бисёр аст.
Умедворам он чи ки зикр шуд, барои касе, ки ҷӯяндаи ҳақ аст, басанда ва қонеъкунанда бошад. Ва аз Худованд бо номҳои неку ва сифотҳои волояш мехоҳам, ки моро ва ҳамаи мусалмононро ба фаҳми дурусти дини Ӯ ва собитқадамӣ бар он муваффақ гардонад, ва бар мо лутф намуда, дар гуфтору аъмол ба ростӣ муваффақ созад. Мо ва ҳамаи мусалмононро аз сухан гуфтан бар Аллоҳ Таъоло бе илм ва инкор кардани чизе, ки ба он донише надорем, паноҳ диҳад. Ҳамоно Ӯ соҳиби ин кор ва тавоно бар он аст.
Ва саллалоҳу ва саллама ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва атбоъиҳи би-иҳсон.
(Сураи Сод, ояти 35)
Related books
All books
Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат85 забонВасилаҳои муфид барои зиндагии босаодат
Китоби «Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат»-и Шайх Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ сабабҳои саодати ҳақиқиро аз дидгоҳи имонии амиқ баррасӣ намуда, хонандаро ба оромиши қалбӣ тавассути имон ва амали солеҳ, зикри Аллоҳ, қаноат, тафаккур дар неъматҳо, эҳсон, таваккул, сабр ва дуруст арзёбӣ намудани умур роҳнамоӣ мекунад. Ин асар бо услуби зебое нақшаи зиндагии ором, мутавозин ва саодатмандро, бо вуҷуди пастиву баландиҳои ҳаёт, дар ихтиёри шумо қарор медиҳад.
Шарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст.71 забонШарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст.
Ислом Ин як китоби бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он - Қуръони Карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин китоб барои тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим шудааст. (Ин нусха дарбаргирандаи далелҳо аз Қуръони Карим ва суннати набавӣ мебошад) 1 - Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми башарият аст, ки он паёми ҷовидонаи илоҳӣ ва охирин рисолоти раббонӣ мебошад. Яъне: Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми мардум аст, Худованди…
Равиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)82 забонРавиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
Дар китоби "Тарзи намозгузории Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)" Аллома Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ- сифати намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо услуби сода ва равиши дақиқ, бо такя ба далелҳои саҳеҳ хулоса намуда, дар он рукнҳои намоз, суннатҳо ва сифатҳои онро аз таҳорат то салом додан баён кардааст, то барои мусалмон дар намозаш роҳнамо бошад ва бо ҷамъи далелу баён ба пайравии комил аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бузургтарин ибодат даъват намояд.
حقوق دعت إليها الفطرة26 забонحقوق دعت إليها الفطرة
رسالة لطيفة تقدم شرحًا مفصلًا لعشرة حقوق أساسية تشمل حقوق الله تعالى، وحقوق النبي صلى الله عليه وسلم، وحقوق الوالدين، والأولاد، والأقارب، والجيران، والزّوجين، والرّعية والولاة، والمسلمين عمومًا، وغير المسلمين. يهدف الكتاب إلى تعزيز الفهم الصحيح للعلاقات الاجتماعية والواجبات الفردية تجاه الآخرين، مستندًا إلى نصوص الوحي من القرآن الكريم والسنة النبوية، مما يجعله مرجعًا مهمًا لكل مسلم يسعى لتطبيق الشريعة في حياته اليومية مع ربه ومع الآخرين.