2 : 186
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لِي وَلۡيُؤۡمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمۡ يَرۡشُدُونَ
Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро бихонад – иҷобат мекунам, пас, [онон фақат] бояд даъвати Маро бипазаранд ва ба Ман имон биёваранд; бошад, ки роҳ ёбанд