Тарзи умра кардан. (Шарҳи амалӣ ва мухтасар)Чӣ гуна умра мекунед? (Навори омӯзишии сода)Ин навор маносики умраро бо тартиб, аз эҳром то таҳаллул, ба таври сода ва фаҳмо шарҳ медиҳад. Наворро тамошо кунед ва омӯзед, ки чӣ гуна умраатонро бо осонӣ ва ба таври дурусту комил адо намоед.Тарзи адои умра
Ҳар касе, ки мехоҳад ибодати умраро анҷом диҳад, бояд аз миқоти муътабари худ эҳром бибандад.
Миқотгоҳҳо маконҳое мебошанд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро муайян кардаанд.То ҳар касе ҳаҷ ё умра карданӣ бошад, аз онҷо эҳром бандад.
Пас, ҳар касе, ки бо нияти ҳаҷ ё умра аз назди яке аз онҳо мегузарад, бар ӯ воҷиб аст, ки аз он ҷо эҳром бандад ва барояш бидуни эҳром аз он гузаштан ҷоиз нест.
Ва касе, ки аз ин миқотгоҳҳо ба Макка наздиктар бошад, монанди сокинони Ҷидда:Пас, миқоти ӯ ҳамон макони ӯст, аз он ҷо барои ҳаҷ ва умра эҳром мебандад.
Аммо аҳли Макка барои ҳаҷ аз хонаҳои худ дар Макка эҳром мебанданд.Вале барои умра онҳо ба ҳил мераванд ва аз он ҷо эҳром мебанданд, монанди Танъим ва амсоли он.
Ва касе, ки дар ҳавопаймо бошад, ҳангоме ки дар баробари миқот мегузарад, эҳром мебандад.Дар чунин ҳолат шахс аз қабл омодагӣ мебинад ва либоси эҳромро пеш аз расидан ба баробари миқот мепӯшад.Ҳар гоҳ ба он баробар шуд, дарҳол нияти эҳром мекунад.Ва ӯ метавонад аз боби эҳтиёт, пеш аз баробар шудан бо миқотгоҳ талбияро гӯяд, зеро ба сабаби суръати баланди ҳавопаймо тарси убури макони талбия вуҷуд дорад.Ба таъхир андохтани он то фуруд омадан ба фурудгоҳ ҷоиз нест.
3. Инчунин пӯшидани либоси эҳром воҷиб аст. Эҳром барои мард аз эзор ва ридо иборат аст.Ва суннат аст, ки онҳо сафеду тоза ё нав бошанд.
Ва зан дар ҳар либосе, ки бихоҳад, эҳром мебандад, бидуни ошкор кардани зинат.Вале аз пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак худдорӣ мекунад.Ва рӯю дастонашро бо чизи дигаре мепӯшонад.
4. Эҳром худ нияти дохил шудан ба маносик аст. Аз ин рӯ, умракунанда пас аз бастани эҳром чунин мегӯяд:"Лаббайка-Ллоҳумма умратан""Лаббайка-Ллоҳумма умратан"Ва агар аз номи каси дигар умра кунад, пас мегӯяд:"Лаббайка-Ллоҳумма умратан (номи он касро мегирад)""Лаббайк-Ллоҳумма умратан ъан фулон"
5. Ва агар шахсе, ки нияти эҳром дорад, битарсад, ки монеае ӯро аз анҷом додани маносикаш бозмедорад,пас барои ӯ ҷоиз аст, ки ҳангоми эҳром шарт гузорад ва чунин бигӯяд:"Худоё, барои умра лаббай мегӯям ва агар монеае маро боз дорад, пас макони аз эҳром баромадани ман ҳамон ҷоест, ки маро боздоштӣ.""Лаббайка-Ллоҳумма умратан, ва ин ҳабасанӣ ҳобисун фамаҳиллӣ ҳайсу ҳабастанӣ."Пас ҳар гоҳ шарт гузорад ва монеае барояш пеш ояд, ки ӯро аз анҷом додани маносикаш боздорад, аз эҳром берун меояд ва чизе бар ӯ воҷиб намешавад.
6. Сипас зиёд талбия мегӯяд:"Лаббайка-Ллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк ло шарика лака.""Лаббайка-Ллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк ло шарика лака."Мард бо гуфтани он овозашро баланд мекунад.Ҳамчунин зан низ, то даме ки назди мардони бегона набошад.
7. Бар муҳрим воҷиб аст, ки аз мамнуоти эҳром парҳез кунад, то он ки аз эҳромаш берун шавад.
Мамнуоти эҳром се қисм аст:
Якум: Қисме, ки барои мардон ва занон ҳаром аст:
Тарошидан, кӯтоҳ кардан, ё кандани мӯй аз ҳар ҷои бадан.
Кӯтоҳ кардани ҳама ё баъзе аз нохунҳои пойҳо ё дастҳо.
Хушбӯйӣ кардан дар бадан ё либоси эҳром.
Куштани ҳайвони ваҳшии саҳроӣ ё шикори он, агарчи онро накушад.
Наздикӣ бидуни духул, мисли бӯсидан ва ламс кардан бо шаҳват.
Ҷимоъ, ки он ҳамбистарӣ кардан дар фарҷ аст.
Дувум: Мамнуоте, ки танҳо барои мардон ҳаром аст:
Пӯшонидани сар бо чизе, ки ба он часпида бошад, монанди тоқӣ ва салла ва гузоштани эҳром бар сараш ё дигар чизҳое, ки бо мақсади пӯшонидан истифода мешаванд.
Пӯшидани либоси маъмулии ба андозаи бадан дӯхташуда; ба шакли муқаррарии он, монанди либоси дӯхташуда, шалвор ва курта.
Сеюм: Қисме, ки танҳо барои занон ҳаром аст:
Пӯшидани ниқоб ё фаранҷӣ ва ё рӯйбанди монанд ба ниқоб. Аммо пӯшонидани рӯяш дар назди мардони бегона бо чизи дигаре бар зан воҷиб аст.
Пӯшидани дастпӯшак дар дастҳояш ва пӯшонидани дастҳояш дар назди мардони бегона бар ӯ воҷиб аст.
Умракунанда умраи худро бо тавофи гирди Каъба оғоз мекунад.
Барои тавоф дар атрофи Каъба пок ва бовузӯ будан шарт аст.
Вақте тавофро оғоз кардан хоҳад, аввалин коре, ки мекунад, суннат аст, ки "изтибоъ" кунад.Маънои "Изтибоъ", яъне миёнаи эҳромро аз зери бағали рост гузаронида, ду тарафи онро бар китфи чапаш бигузорад.Пас вақте аз тавоф фориғ шуд, ридои худро бармегардонад ва ҳар ду китфашро мепӯшонад, зеро маҳали изтибоъ танҳо ҳангоми тавоф аст.
Тавоф аз Ҳаҷаруласвад оғоз мешавад.
Мустаҳаб аст, ки назди Ҳаҷаруласвад биёяд ва онро бо дасти росташ ламс кунад ва бибӯсад.Агар бӯсидан муяссар набошад, онро бо дасташ ламс мекунад ва дасташро мебӯсад.Ва агар ласм кардан ҳам барояш муяссар набошад, онро бо чизи ҳамроҳаш ба монанди асо ва амсоли он ламс мекунад ва ҳамон чизро мебӯсад.Агар ин ҳам муяссар нашуд, рӯ ба Ҳаҷаруласвад мекунад, бо дасташ ба тарафи он ишора мекунад, вале дасташро намебӯсад.Ва беҳтар аст, ки издиҳом накунад, то ба мардум озор нарасонад ва аз онҳо озор набинад.
Сипас ба тарафи рост рафта, Каъбаро дар тарафи чапи худ қарор медиҳад.Вақте ба рукни ямонӣ расид, онро бидуни бӯсидан ламс мекунад.Пас агар муяссар нашавад, издиҳом накунад ва ба он ишора ҳам накунад.
Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор.( Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охиратӣ ҳасанатан ва қино азабан-нор).
Ва байни рукни ямонӣ ва Ҳаҷаруласвад ин дуоро мехонад:
Ва ҳар боре, ки аз назди Ҳаҷаруласвад гузарад, бо дасташ ба он ишора карда, мегӯяд:"Аллоҳу акбар."Аллоҳу Акбар
Ва дар боқимондаи тавофаш ҳарчи аз зикру дуо ва қироати Қуръон, ки бихоҳад, мехонад.
Ва суннат аст, ки танҳо дар се давраи аввал бо шеваи "рамл" роҳ равад, агар ин барояш муяссар шавад."Рамл", яъне роҳ рафтан бо суръат ва қадамҳои кӯтоҳ аст.Ва аммо дар чаҳор даври боқимонда шитобе вуҷуд надорад.
Ҳангоме ки тавоф ва ду ракаъат намози онро ба охир расонд, ба сӯи "масъо" меравад.Ва агар ба Сафо наздик шуд, ин оятро мехонад:("Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст).Баъд аз он мегӯяд:"Абдау бимо бадааллоҳу биҳи.""Абдау бимо бадааллоҳу биҳи."
Сипас мустаҳаб аст, ки ба тарафи қибла, яъне Каъба рӯ оварад ва бигӯяд:"Ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.""Ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳи ягона нест, ваъдаашро ба ҷо овард, бандаашро ёрӣ дод ва гурӯҳҳоро ба танҳоӣ шикаст дод.""Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ала кулли шайъин қадир.""Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу, ва насара абдаҳу, ва ҳазама-л-аҳзоба ваҳдаҳу."Инро се маротиба такрор мекунад ва дар байни он дуо мекунад.
Баъд аз он аз Сафо фаромада, ба сӯйи Марва пиёда меравад.Ва чун ба нишонаи сабз бирасад, (танҳо мардон) бо шитоб ҳаракат мекунад.Вақте ба аломати сабзи дувум расид, ба таври маъмулӣ ва оҳиста роҳ мегардад.
Баъд аз он аз Марва ба Сафо пиёда мефарояд.Ва вақте ба нишонаи сабз расид, бо шитоб ҳаракат мекунад.Вақте ба аломати сабзи дувум мерасад, оҳиста роҳ меравад.
Ва ҳамин тавр то ҳафт давраро ба анҷом мерасонад.Рафтани шахс аз Сафо ба Марва як маротиба маҳсуб мешавад.Ва омаданаш аз Марва ба Сафо як маротибаи дигар ҳисоб мешавад;Аз Сафо оғоз мекунад ва дар Марва анҷом медиҳад.
Ва дар вақти саъй ҳар он чи аз зикру дуо ва қироати Қуръон, ки дӯст дорад, мехонад.
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар Паёмбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар тамоми хонадон ва асҳобаш. Аммо баъд: Ин рисолаи кӯтоҳест дар бораи сифати умра, аҳком ва одоби он. Дар ин рисола кӯшиш намудем, то аксари он чиро, ки умракунанда ба он ниёз дорад, баён созем. Ва аз Худованд мехоҳем, ки онро холисона барои ризои Хеш бигардонад ва тамоми мусалмононро аз он баҳраманд гардонад.
Ислом яъне таслим шудан дар баробари Худованди Офаридагор ва тадбиркунандаи коинот ва таслим дар баробари Ӯ Таъоло аз рӯйи муҳаббат ва бузургдоштӣ аст. Асоси дини Ислом имон овардан ба Аллоҳ Таъоло аст ва инки Ӯ Офаридгор аст ва тамоми ҳастӣ ҷуз Ӯ офаридаи Ӯ Таъоло ҳастанд. Ӯ Таъоло ягона ва танҳо шоистаи парастиш аст, ҷуз Ӯ маъбуди барҳақ нест, зеботарин ва волотарин ном ва сифатҳо азони Ӯст, соҳиби камоли мутлақ ва бидуни нуқс аст, на аз Ӯ фарзанд зоида мешавад ва на зода шудааст ва на ҳамто дорад, дар ҳеҷ як аз офариниши худ маҳлул ва таҷассум намеёбад. Ислом ҳамон дине аст, ки Аллоҳи…