Инчунин баъзе корҳое, ки баъзе аз зиёраткунандагон анҷом медиҳанд, монанди қасдан назди қабри ӯ рӯ ба сӯи қабр оварда, дастони худро боло бардошта дуо мекунанд, ки ин ҳама хилофи равиши салафи солеҳ, яъне асҳоби Расули Худо ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ кардаанд, мебошад, балки ин аз ҷумлаи бидъатҳои навпайдо аст.
Ҳамчунин корҳое, ки баъзе зиёраткунандагон ҳангоми салом додан ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) анҷом медиҳанд, аз ҷумла гузоштани дасти рости худ бар дасти чап, болои сина ё зери он, монанди ҳолати намозгузор, ҷоиз нест. Зеро он ҳолати хорӣ, фурӯтанӣ ва ибодат аст, ки ҷуз барои Аллоҳ сазовор нест, чуноне ки инро Ҳофиз ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар «Фатҳулборӣ» аз дигар уламо нақл кардааст.
Ва барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки ба воситаи сила кардани ҳуҷра ё тавофи он ба Аллоҳ тақарруб ҷӯяд ва аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баровардани ҳоҷат ё шифои беморӣ ва монанди инҳоро талаб намояд, зеро ин ҳама танҳо аз Аллоҳи ягона талаб карда мешавад.
Барои касе, ки Мадинаро зиёрат мекунад, мустаҳаб аст, ки дар муддати иқоматаш масҷиди Қуборо зиёрат намуда, дар он намоз бихонад, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пиёда ва савора ба он ҷо омада, ду ракъат намоз мегузорид. Ва аз Саҳл ибни Ҳунайф (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда, ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:«Касе, ки дар хонаи худ таҳорат намояд, сипас ба масҷиди Қубо омада, дар он ҷо намоз бихонад, барояш монанди савоби умра аст» [6].(6) Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1412).
Ҳангоми зиёрати қабрҳо, зиёраткунанда ҳамон дуоеро мегӯяд, ки ҳангоми зиёрати дигар қабрҳо мегӯяд: "Ассалому алайкум аҳлад-диёри, минал-муъминина вал-муслимин ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқун, ярҳамуллоҳул-мустақдимина минно вал-мустаъхирин, насъалуллоҳа лано ва лакумул-ъофия".
Тарҷума: "Салом бар шумо бод, аҳли ин манзил аз муъминон ва мусалмонон ва мо, агар Худо бихоҳад, ба шумо хоҳем пайваст. Худованд пешрафтагон ва дермондагони моро раҳмат кунад. Аз Худованд барои худ ва шумо офият металабем".
Ва шакке нест, ки мақсади зиёрати қабристон ёдоварии охират, эҳсон ба мурдагон тавассути дуо барои онҳо ва пайравӣ аз суннати Паёмбар (ﷺ) аст ва ин ҳамон зиёрати шаръӣ мебошад.
Аммо зиёрати қабрҳо ба қасди дуо кардан дар назди онҳо ё ба василаи онҳо ва ё обрӯяшон аз Худо талаб кардан ва монанди инҳо, зиёрати бидъат ва номашруъ аст, ки онро Худо ва Расулаш (ﷺ ) машруъ нагардонидаанд ва салафи солеҳ низ онро анҷом надодаанд. Аммо талаб кардани рафъи ҳоҷатҳо аз онҳо, ё шифои беморон ва монанди инҳо, ин аз ҷумлаи ширки акбар аст.
Хонандаи азиз, дар зер барои шумо чанде аз ҳадисҳои мавзуъ (бофта) дар ин боб зикр мешавад, то онҳоро бишносед ва аз фиреби онҳо барҳазар бошед:
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар Паёмбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар тамоми хонадон ва асҳобаш. Аммо баъд: Ин рисолаи кӯтоҳест дар бораи сифати умра, аҳком ва одоби он. Дар ин рисола кӯшиш намудем, то аксари он чиро, ки умракунанда ба он ниёз дорад, баён созем. Ва аз Худованд мехоҳем, ки онро холисона барои ризои Хеш бигардонад ва тамоми мусалмононро аз он баҳраманд гардонад.
يهدف الكتاب إلى تعليم المسلمين أساسيات دينهم بطريقة مبسطة وشاملة. يتناول مجموعة من الدروس المهمة مثل قراءة الفاتحة وقصار السور، وأركان الإسلام والإيمان، وأقسام التوحيد والشرك، وشروط وأركان وواجبات الصلاة، بالإضافة إلى مبطلاتها، مع بيان مختصر لشروط الوضوء وفروضه ونواقضه. كما يسلط الضوء على التحلي بالأخلاق الإسلامية والآداب الشرعية، ويقدم إرشادات لطيفة حول تجهيز الميت والصلاة عليه ودفنه.