Skip to content

Зане ба муддати ҳафт рӯз дар моҳи Рамазон дар нифос буд ва рӯза нагирифт ва то фарорасии Рамазони дигар қазояшро ба ҷо наовард. Дар Рамазони дувум ҳафт рӯзи рӯзаро ба сабаби ширмаконӣ нагирифт ва ба сабаби беморӣ қазояшро ба ҷо оварда натавонист, ҳоло ки Рамазони севум наздик шудааст, бояд чӣ кор кунад? Моро насиҳат кунед, Худованд аҷру савоб диҳад шуморо.

السؤال

С 1:

Зане ба муддати ҳафт рӯз дар моҳи Рамазон дар нифос буд ва рӯза нагирифт ва то фарорасии Рамазони дигар қазояшро ба ҷо наовард. Дар Рамазони дувум ҳафт рӯзи рӯзаро ба сабаби ширмаконӣ нагирифт ва ба сабаби беморӣ қазояшро ба ҷо оварда натавонист, ҳоло ки Рамазони севум наздик шудааст, бояд чӣ кор кунад? Моро насиҳат кунед, Худованд аҷру савоб диҳад шуморо.

س19: امرأةٌ أفطرت في رمضان سبعة أيامٍ وهي نفساء، ولم تقض حتى أتاها رمضان الثاني، وطافها من رمضان الثاني سبعة أيامٍ وهي مرضعٌ، ولم تقض؛ بحجّة مرضٍ عندها، فماذا عليها وقد أوشك دخول رمضان الثالث؟ أفيدونا أثابكم الله.

الجواب

Ҷ 1:

Агар ин зан ҳамон гунае бошад, ки мегӯяд, яъне бемор аст ва қодир нест, ки қазои онҳоро адо кунад, пас ҳар гоҳ тавонист, бояд рӯза бигирад, зеро ӯ маъзур аст, ҳатто агар моҳи Рамазони дигар фаро расад.

Аммо агар узр надошта бошад, балки бепарвоӣ ва саҳлангорӣ кунад, барояш ҷоиз нест, ки қазои Рамазонро то Рамазони дигар ба таъхир гузорад.

Оиша (разияллоҳу анҳо) мефармояд: Бар ман рӯзаи қазои мебуд ва ман қазои онро ба ҷой оварда наметавонистам, магар дар (моҳи) Шаъбон.

Аз ин рӯ, зан бояд ба вазъи худ бингарад, агар узр надошта бошад, гунаҳкор аст ва бояд аз ин амалаш тавба кунад ва шитоб кунад, ки қазои онро ба ҷой оварад. Агар узр дошта бошад, ҳарчанд як сол ё ду сол ба таъхир андозад ҳам барояш ишколе надорад.

ﺟ19: إذا كانت هذه المرأة كما ذكرت عن نفسها -أنها في مرضٍ، ولا تستطيع القضاء- فإنها متى استطاعت صامته؛ لأنها معذورةٌ، حتى ولو جاء رمضان الثاني.

أما إذا كان لا عذر لها، وإنما تتعلل وتتهاون، فإنه لا يجوز لها أن تؤخّر قضاء رمضان إلى رمضان الثاني، قالت عائشة رضي الله عنها:

«كَانَ يَكُونُ عَلَيَّ الصَّوْمُ، فَمَا أَسْتَطِيعُ أَنْ أَقْضِيَهُ إِلَّا فِي شَعْبَانَ» [1].

[4] البخاري، كتاب الصوم، باب متى يقضي قضاء رمضان (1950)، ومسلم، كتاب الصيام، باب في جواز تأخير قضاء رمضان (151) (1147).

وعلى هذا، فعلى هذه المرأة أن تنظر في نفسها، إذا كان لا عذر لها فهي آثمةٌ، وعليها أن تتوب إلى الله، وأن تبادر بقضاء ما في ذمتها من الصّيام، وإن كانت معذورةً فلا حرج عليها، ولو تأخرت سنةً أو سنتين.