الإسلام - نبذة موجزة عن الإسلام (مشتملة على الأدلة)
Ислом Шарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст. Ин як китоби бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он - Қуръони Карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин китоб барои тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим шудааст. (Ин нусха дарбаргирандаи далелҳо аз Қуръони Карим ва суннати набавӣ мебошад) 1 - Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми башарият аст, ки он паёми ҷовидонаи илоҳӣ ва…
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Ислом
Шарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст.
Ин як китоби бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он - Қуръони Карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин китоб барои тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим шудааст.
(Ин нусха дарбаргирандаи далелҳо аз Қуръони Карим ва суннати набавӣ мебошад)
1 - Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми башарият аст, ки он паёми ҷовидонаи илоҳӣ ва охирин рисолоти раббонӣ мебошад. Яъне:
Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми мардум аст, Худованди Мутаъол мефармояд: ([Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд). (Сураи Сабаъ, ояти 28). Аллоҳ Таъоло дар ояти дигаре мефармояд: (Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ Таъоло ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам). (Сураи Аъроф, ояти 158). Инчунин Худованд мефармояд: (Эй мардум, ин паёмбар аз ҷониби Парвардигоратон [ҳидояту дини] ҳақро бароятон овардааст, пас, имон биёваред, ки ба хайр [-у салоҳ]-и шумост. Ва агар [суханашро напазиред ва] куфр биварзед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ Таъоло аст [ва куфри шумо бар Ӯ зиёне намерасонад] ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора донои ҳаким аст). (Сураи Нисо, ояти 170).
Ислом паёми ҷовидонаи илоҳӣ аст ва он хотимаи рисолатҳои раббонӣ мебошад. Худованд мефармояд: (Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ Таъоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора ба ҳар чизе доност). (Сураи Аҳзоб, ояти 40).
2- Ислом дини вижаи як қавм ва нажод нест, балки дине аз ҷониби Худованд барои ҳамаи мардумон аст:
Ислом дини вижаи як қавм ва нажод нест, балки дине аз ҷониби Худованд барои ҳамаи мардумон аст ва аввалин амр дар Қуръони Азим ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст: (Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед). (Сураи Бақара, ояти 21). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд). (Сураи Нисо, ояти 1). Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи фатҳи Макка ба мардум хитоб намуда, фармуданд: "Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвои ва фахрфуруши ба падаронро аз шумо дур кард, Бинобарин мардум ду навъанд: солеҳ ва парҳезгор, ки дар назди Аллоҳ гиромӣ аст, Ва фоҷиру бадбахт, ки назди Аллоҳ беарзиш аст. Ва мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло Парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст). (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)." Ривояти Тирмизӣ (3270). Бинобар ин дар фармонҳои Қуръони Азим ё дастурҳои Расули Карим (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қонунҳоеро намеёбӣ, ки бо дарназардошти нажод, қавмият ва ё ҷинси қавму тоифае гузошта шуда бошад.
3- Ислом як паёми илоҳӣ ва комилкунандаи рисолати паёмбарон ва расулони пешин ба сӯи умматҳояшон мебошад.
Ислом як паёми илоҳӣ ва комилкунандаи рисолати паёмбарон ва расулони пешин аст. Худованд мефармояд: ([Эй паёмбар] Бе тардид мо ба ту ваҳй фиристодем; ҳамон гуна, ки ба Нуҳу паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем ва [низ] ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] ва Исову Аюб ва Юнусу Ҳорун ва Сулаймон ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забур додем). (Сураи Нисо, ояти 163). Ва ин дине, ки Худованд ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй кардааст, ҳамон дине аст, ки Худованд барои паёмбарони пешин муқаррар намуда ва онҳоро ба он амр кардааст. Худованд мефармояд: (Аз дин ҳамонро барои шумо муқаррар кард, ки ба Нуҳ амр карда буд ва низ он чи ба ту ваҳй кардем ва он чи ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо амр кардем, ин ки: «Динро барпо нигоҳ доред ва дар мавриди он фирқа-фирқа нашавед [ва ихтилоф наварзед]». [Пазириши] Даъвати ту бар мушрикон гарон омадааст. Аллоҳ Таъоло аст, ки ҳар касро бихоҳад [тавфиқи ибодат медиҳад ва] ба сӯйи хеш бармегузинад ва ҳар киро [ки тавба кунад ва ба даргоҳаш] боз ояд, ба сӯйи хеш ҳидоят хоҳад кард). (Сураи Шӯро, ояти 13). Ва ин он чи ки Аллоҳ ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй кардааст, тасдиқкунандаи китобҳои илоҳии пешин, ба монанди Таврот ва Инҷил қабл аз таҳрифашон мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност). (Сураи Фотир, ояти 31).
4- Дини ҳама паёмбарон (алайҳимус-салом) як ва бо шариатҳои мутафовит ҳастанд:
Дини паёмбарон (алайҳимус-салом) як аст, аммо шариаташон мутафовит аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар, мо ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, [ки] тасдиқкунандаи китобҳои пешин аст ва мавриди эътимод [-и китобҳои осмонӣ ба унвони меъёре барои ҳақ ва ботил] аст. Пас, байни онон бар асоси он чи Аллоҳ Таъоло нозил кардааст, ҳукм кун ва ба ҷойи ҳақиқате, ки [аз ҷониби Қуръон] ба ту расидааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ макун. [Эй мардум] Мо барои ҳар яке аз шумо оину роҳи равшан карор додем ва агар Аллоҳ Таъоло мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳид карор медод, вале [Аллоҳ Таъоло мехоҳад] шуморо дар [мавриди] он чи ба шумо бахшидааст, биозмояд, пас, дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ Таъоло аст. Он гоҳ Ӯ аз он чи дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон месозад). (Сураи Моида, ояти 48). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ман наздиктарини мардум ба Исо писари Марям дар дунё ва охират ҳастам ва паёмбарон бародарони падарӣ ҳастанд, модаронашон гуногун ва динашон як аст." Ривояти Бухорӣ (3443).
5- Ислом ҳамон аст, ки тамоми паёмбарон, аз ҷумла Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Сулаймон, Довуд ва Исо (алайҳимус-салом) ба сӯи он даъват кардаанд. Яъне, Парвардигор ҳамон Аллоҳ, Холиқ, Розиқ, Муҳйи (зиндакунанда), Мумийт (миронанда), Моликул-мулк, Тадбиркунанда ва Рауфу Раҳим аст.
Ислом ҳамон аст, ки тамоми паёмбарон, аз ҷумла Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Сулаймон, Довуд ва Исо (алайҳимус-салом) ба сӯи он даъват кардаанд. Яъне, Парвардигор ҳамон Аллоҳ, Холиқ, Розиқ, Муҳйи (зиндакунанда), Мумийт (миронанда), Моликул-мулк, Тадбиркунанда ва Рауфу Раҳим аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ Таъоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?) (Сураи Фотир, ояти 3). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: "Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад"? Хоҳанд гуфт: "Аллоҳ Таъоло". Пас, бигӯ: "Оё парво намекунед?") (Сураи Юнус, ояти 31). Ва Аллоҳ Таъоло дар ояти дигар мефармояд: ([Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад ва [ё] он ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ Таъоло вуҷуд дорад? Бигӯ: "Агар ростгӯед, далелатонро биёваред.") (Сураи Намл, ояти 64).
Ҳамаи паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом) барои даъват ба ибодати Аллоҳи ягона фиристода шудаанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: "Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед." Пас, Аллоҳ Таъоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд. Пас, дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст). (Сураи Наҳл, ояти 36). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: "Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед.") (Сураи Анбиё, ояти 25). Сипас Аллоҳ дар бораи Нӯҳ (алайҳис-салом) хабар дода, мегӯяд: (Эй қавми ман, Аллоҳ Таъолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. [Агар Ӯро ибодат накунед] Ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург метарсам). (Сураи Аъроф, ояти 59). Ва Иброҳими Халил (алайҳис-салом) - чунонки Худованд дар бораи ӯ хабар додааст - гуфт: (Ва [ёд кун аз] Иброҳим он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: "Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, [ки] агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст.") (Сураи Анкабут, ояти 16). Ва Худованд дар бораи Солеҳ (алайҳис-салом) чунин мефармояд: (Гуфт: "Эй қавми ман, Аллоҳ Таъолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуди [барҳақ] надоред. Ба дурустӣ, ки барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон далели равшане омадааст. Ин шутури Аллоҳ барои шумо нишонаест. Пас, бигузоред, ки дар замини Аллоҳ бихӯрад ва ба он осеб нарасонед, ки азоби дарднок шуморо фаро мегирад.") (Сураи Аъроф, ояти 73). Ва инчунин Аллоҳ Таъоло дар бораи Шуайб (алайҳис-салом) мефармояд: (Эй қавми ман, Аллоҳ Таъолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Бе тардид, далеле аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо омадааст. Пас, ченак ва тарозуро ба пуррагӣ адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам надиҳед ва пас аз ислоҳи он дар замин фасод накунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар муъмин бошед). (Сураи Аъроф, ояти 85).
Ва аввалин бор, ки Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳис-салом) сухан гуфт, Аллоҳи пок ба ӯ фармуд: (Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор). (Бе тардид, манам «Аллоҳ Таъоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор). (Сураи Тоҳо, оятҳои 13-14). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Мусо (алайҳис-салом) хабар дода мефармояд, ки ӯ ба Аллоҳ паноҳ бурд ва гуфт: (Ман аз [шарри] ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, ба Парвардигори хеш ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам). (Сураи Ғофир, ояти 27). Инчунин Аллоҳ Таъоло дар бораи Масеҳ (алайҳис-салом) хабар дода, мефармояд, ки ӯ гуфт: (Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло, Парвардигори ману Парвардигори шумост; пас, Ӯро бипарастед, [ки] роҳи рост ин аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 51). Аллоҳ Азза ва Ҷалла инчунин дар бораи Масеҳ (алайҳис-салом) хабар дода, мефармояд, ки ӯ гуфт: (Эй Бани Исроил, Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвадигори шумост. Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк оварад, Аллоҳ Таъоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд). (Сураи Моида, ояти 72).
Балки ҳатто дар Таврот ва Инҷил низ таъкид бар ибодати Аллоҳи ягона омадааст, чунончи дар Сифри Тасния сухани Мӯсо (алайҳис-салом) ворид шудааст: (Бишнав, эй Исроил, Парвардигор, Илоҳи мо, Парвардигори яктост). Ва таъкид бар тавҳид дар Инҷили Марқус омадааст, он ҷо ки Масеҳ (алайҳис-салом) мефармояд: (Ҳамоно якумин васият ин аст: Бишнав, эй Исроил, Парвардигор Илоҳи мо Парвардигори яктост).
Ва Худованд Азза ва Ҷалла баён кардааст, ки тамоми паёмбарон барои ин вазифаи бузург фиристода шудаанд ва он даъват ба сӯи тавҳид аст, Худованди Мутаъол мефармояд: (Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: "Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед". Пас, Аллоҳ Таъоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд). (Сураи Наҳл, ояти 36). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: ({Бигӯ эй Паёмбар барои кофирон: Оё дидед он чиро ба ҷуз Аллоҳ мепарастед (аз бутон мурдагон ва тоғутҳо), ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!}) (Сураи Аҳқоф, ояти 4). Шайх Саъдӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: (Пас маълум шуд, ки баҳсу ҷидоли мушрикон дар ширкашон ба ҳеҷ бурҳон ва далеле такя надорад, балки онҳо танҳо бар гумонҳои дурӯғ, андешаҳои ботил ва ақлҳои фосид такя кардаанд. Омӯхтани аҳволи онҳо, пайгирӣ кардани илмҳову амалҳои онҳо ва андеша намудан дар ҳоли касоне, ки умри худро сарфи ибодати онҳо кардаанд, туро ба фосид будани онҳо далолат мекунад: Оё онҳо (яъне ин маъбудони ғайри Аллоҳ) дар дунё ё дар охират ба онҳо ягон фоидае расондаанд?) Тайсиру-л-Карими-л-Маннон: 779.
6- Аллоҳ Cубҳонаҳу ва Таъоло Офаридагор ва сазовори ибодат аст, ҳеҷ кас набояд дар баробари Ӯ Таъоло парастида шавад.
Танҳо Аллоҳ сазовори ибодат аст ва набояд ҳеҷ касе ғайр аз Ӯ парастида шавад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед. Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ Таъоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед). (Сураи Бақара, оятҳои 21-22). Пас ҳамон зоте, ки моро офарид ва наслҳои пеш аз моро офарид ва заминро барои мо чун гилеме бияндохт ва аз осмон бар мо обе фурӯд овард, ки ба василаи он аз меваҳо рӯзие барои мо бирӯёнид; танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст ва Ӯ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ Таъоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?) (Сураи Фотир, ояти 3). Пас, Зоте, ки меофарад ва рӯзӣ медиҳад, танҳо Ӯ сазовори ибодат аст ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ин аст Аллоҳ Таъоло - Парвардигори шумо, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, офаринандаи ҳама чиз аст, пас, Ӯро бипарастед ва [бидонед, ки] Ӯ [муроқибу] коргузори ҳама чиз аст). (Сураи Анъом, ояти 102).
Ва ҳар чи ғайр аз Аллоҳ парастида шавад, сазовори ибодат нест, зеро молики ҳамвазни заррае дар осмонҳо ва замин нест ва дар ҳеҷ чизе шарики Аллоҳ нест ва на ёвару пуштибоне барои Аллоҳ аст, пас чигуна ҳамроҳ бо Аллоҳ Таъоло хонда мешавад ва ё шарики Ӯ қарор дода мешавад? Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: "Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ Таъоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад). (Сураи Сабаъ, ояти 22).
Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло касест, ки ин махлуқотро офарида ва онҳоро аз ҳеҷ ба вуҷуд овардааст ва вуҷуди онҳо ба вуҷуд, рубубият ва улуҳияти Ӯ далолат мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед. (20) Ва дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст. (21) Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст. (22) Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст. (23) Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст. (24) Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед. (25) Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ Таъоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд. (26) Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст). (27) (Сураи Рум, оятҳои 20 - 27).
Ва Намруд вуҷуди Парвардигорашро инкор кард, пас Иброҳим (алайҳис-салом) ба ӯ гуфт, ҳамон гуна ки Худованд дар бораи ӯ хабар додааст: (Иброҳим гуфт: "Аллоҳ Таъоло хуршедро аз машриқ [берун] меоварад, пас, ту онро аз мағриб биёвар". [Дар ин ҷо] Он ки куфр варзида буд, мабҳут шуд; ва Аллоҳ Таъоло ситамгоронро ҳидоят намекунад). (Сураи Бақара, ояти 258). Ва ҳамчунин Иброҳим (алайҳис-салом) ба қавмаш далел овард, ки Аллоҳ ҳамон Зотест, ки ӯро ҳидоят намуд ва ба ӯ таъому нӯшокӣ дод ва чун бемор шуд, шифояш бахшид ва Ӯст, ки ӯро мемиронад ва зинда мегардонад. Пас, чуноне ки Аллоҳ дар бораи ӯ хабар додааст, гуфт: (Он [маъбуде], ки маро офарида ва ҳидоятам мекунад. (78) Ва ҳамоне, ки ба ман ғизо медиҳад ва серобам месозад. (79) Ва ҳангоме ки бемор мешавам, Ӯст, ки шифоям медиҳад. (80) Ва касе, ки маро мемиронад ва [дубора] зиндаам мекунад. (81) (Сураи Шуъаро, оятҳои 78-81). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Мӯсо (алайҳис-салом) хабар дода, мефармояд, ки ӯ бо Фиръавн мунозира карда, ба ӯ гуфт: Ҳамоно Парвардигори ӯ ҳамон касест, ки: (Касест, ки ба ҳар чизе офариниши [зоҳир ва вижагиҳои муносиби] ӯро бахшида ва сипас [онро] ҳидоят намудааст). (Сураи Тоҳо, ояти 50).
Ва Аллоҳ ҳамаи он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, барои инсон мусаххар гардонид ва ӯро бо неъматҳо фаро гирифт, то Аллоҳро ибодат кунад ва ба Ӯ куфр наварзад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: ([Эй мардум] Оё надидаед, ки Аллоҳ Таъоло он чиро дар осмонҳо ва замин аст, ба хидмататон гумошта ва [бахшиши] неъматҳои ошкор ва пинҳони хешро бар шумо тамом кард? [Бо ин ҳол] Аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшангаре дар [мавриди] Аллоҳ Таъоло муҷодала мекунад). (Сураи Луқмон, ояти 20). Ва ҳамон гуна, ки Худованд ҳар он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, барои инсон мусаххар гардонид, пас ӯро офарид ва бо ҳар чизе, ки ба он ниёз дорад: аз шунавоӣ, биноӣ ва дил омода сохт, то илмеро биёмӯзад, ки ба ӯ фоида мерасонад ва ӯро ба сӯи Мавло ва Офаридгораш далолат мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй мардум] Аллоҳ Таъоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред. (Сураи Наҳл, ояти 78).
Худованди Субҳонаҳу ва Таъоло тамоми ин оламҳоро офаридааст ва инсонро офарид ва ӯро бо ҳар он чи аз аъзо ва қувваҳо, ки ба он ниёз дорад, омода сохт, сипас ба ӯ ҳар он чиро, ки дар ба ҷо овардани ибодати Худованд ва ободонии замин ёрӣ медиҳад, ато намуд ва сипас тамоми он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, барои ӯ мусаххар гардонид.
Ва Аллоҳ бо офаридани ин махлуқоти бузург бар рубубияти хеш, ки дарбаргирандаи улуҳияти Ӯ ҳам ҳаст, ҳуҷҷат овардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: "Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад?" Хоҳанд гуфт: "Аллоҳ Таъоло". Пас, бигӯ: "Оё парво намекунед?") (Сураи Юнус, ояти 31). Ва Ҳақ Субҳонаҳу мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: "Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред.") (Сураи Аҳқоф, ояти 4). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Чунон ки мебинед, [Аллоҳ Таъоло] осмонҳоро бидуни сутун офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор [-у муҳкаме] пайафканад, то [замини] шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда сохт ва аз осмон обе фиристодем ва аз ҳар [гиёҳ]-и судманде дар он рӯёндем. Ин офариниши Аллоҳ аст, пас ба ман нишон диҳед, ки онҳое, ки ғайри Ӯ ҳастанд, чӣ офаридаанд? Балки золимон дар гумроҳии ошкор ҳастанд). (Сураи Луқмон, оятҳои 10-11). Инчунин Худованд мефармояд: (Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд? (35) Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ Таъоло офаринандаи мутлақ аст.] (36) Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд? (37) (Сураи Тур, оятҳои 35-37). Шайх Ас-Саъдӣ мефармояд: (Ва ин истидлол бар онҳо бо амрест, ки дар он барояшон ҷуз таслим шудан ба ҳақ ё хориҷ шудан аз муқтазои ақл ва дин мумкин нест). Тафсири Ибни Саъдӣ, саҳ. 816.
7- Худованд офаридагори ҳама чи дар олами ҳастӣ, он чи мебинем ва он чи намебинем, аст. Ва ҳама ҷуз Ӯ Таъоло офаридаҳои Офаридагор ҳастанд, осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ҳамон Офаридгоре аст, ки ҳар он чи дар ҳастӣ вуҷуд дорадро офарида аст. Тамоми он чи мебинем ва ё оҷиз аз дидани он ҳастем ва ҳама ҷуз Ӯ махлуқе аз махлуқоти Ӯст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: « Парвардигори осмонҳо ва замин кист»? Бигӯ: «Аллоҳ Таъоло». [Сипас] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Ӯ [дӯстону] корсозоне баргузидаед, ки [ҳатто] молики суду зиёни худ нестанд»? Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробаранд? Ё торикиҳо ва нур яксонанд? Ё онон шариконе барои Аллоҳ Таъоло қарор додаанд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва [дар натиҷа амри] офариниш бар онон муштабаҳ шудааст»? Бигӯ: «Аллоҳ Таъоло офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягонаи пирӯзманд аст). (Сураи Раъд, ояти 16). Аллоҳ Таъоло боз дар ояти дигар мефармояд: (Ва чизҳое меофаринад, ки намедонед). (Сураи Наҳл, ояти 8).
Ва Худованд осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; он гоҳ бар арш қарор гирифт. Ҳар чи дар замин нуфуз мекунад ё аз он бармеояд ва ҳар чи аз осмон фуруд меояд ё дар он суъуд мекунад, [ҳамаро] медонад; ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост; ва Аллоҳ Таъоло ба он чи мекунед, биност) (Сураи Ҳадид, ояти 4). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид). (Сураи Қоф, ояти 38).
8- Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар мулк, офариниш, тадбир ва парастишаш шарике надорад.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ҳамон молики мулк аст, ки дар офариниш, мулк ва тадбири ҷаҳон ҳеҷ шарике надорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: "Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред"). (Сураи Аҳқоф, ояти 4). Шайх Ас-Саъдӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: (Яъне: {Бигӯ} [эй Паёмбар] барои касоне, ки бутҳо ва ҳамтоёнро ба Аллоҳ Таъоло шарик сохтаанд, ки молики ҳеҷ суду зиён ва маргу зиндагӣ ва растохезе нестанд, [оре] барои онон бигӯ – дар ҳоле ки нотавонии бутҳояшонро баён мекунӣ ва ин ки онҳо сазовори ҳеҷ чизе аз парастиш нестанд: {ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд?} Оё чизе аз ҷирмҳои осмонҳо ва заминро офаридаанд? Оё кӯҳҳоро офаридаанд? Оё дарёҳоро ҷорӣ сохтаанд? Оё ҳайвонотро пароканда (пайдо) кардаанд? Оё дарахтонро рӯёнидаанд? Оё аз ҷониби онон дар офариниши чизе аз инҳо ёрӣ ва кумаке шудааст? Ба эътирофи худи онон бар зидди худашон, ҳеҷ чизе аз инҳо вуҷуд надорад, то чӣ расад ба дигарон. Пас ин далели қатъии ақлӣ бар он аст, ки парастиши ҳар чизе ба ҷуз Аллоҳ Таъоло ботил аст.
Сипас набудани далели нақлиро зикр намуда, фармуд: «Китобе пеш аз ин барои ман биёваред», яъне китобе, ки ба ширк даъват кунад, «ё бозмондае аз илм», ки аз паёмбарон мерос монда бошад ва ба ин амр намояд. Маълум аст, ки онҳо аз овардани далеле аз ҳеҷ яке аз паёмбарон, ки ба ин далолат кунад, оҷиз ҳастанд, балки мо мутмаин ҳастем ва яқин дорем, ки ҳамаи паёмбарон ба ягонагии Парвардигорашон даъват кардаанд ва аз ширк овардан ба Ӯ наҳй намудаанд ва ин бузургтарин илмест, ки аз онҳо боқӣ мондааст.) Тафсири Ибни Саъдӣ, саҳ. 779.
Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло молики мулк аст, дар мулки Худ ҳеҷ шарике надорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Бор Илоҳо, эй Фармонравои ҳастӣ, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукуматро бозпас мегирӣ; ва ба ҳар ки бихоҳӣ, иззат [-у қудрат] медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, хор медорӣ. [Парвардигоро] Хубӣ ба дасти Туст ва бе гумон, Ту бар ҳар чизе тавоноӣ). (Сураи Оли Имрон, ояти 26). Ва Аллоҳ Таъоло баён намудааст, ки мулки комил дар рӯзи Қиёмат аз они Ӯст, мефармояд: (Он рӯз, ки мардум ҳозир ва намоён мешаванд ва чизе аз онон бар Аллоҳ Таъоло пӯшида нахоҳад монд [Аллоҳ Таъоло мефармояд]: «Имрӯз фармонравоӣ аз они кист»? [Он гоҳ худ мефармояд] «Аз они Аллоҳи ягонаи пирӯзманд.») (Сураи Ғофир, ояти 16).
Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар мулк, офариниш, тадбир ва парастишаш шарике надорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва бигӯ: «Ситоиш махсуси Аллоҳ Таъоло аст, ки фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳаргиз хору нотавон намегардад, ки [ниёз ба дӯст ва] корсоз дошта бошад» ва Ӯро бузург бидор; бузургдоште шоиста). (Сураи Исро, ояти 111). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст). (Сураи Фурқон, ояти 2). Пас Ӯ молик аст ва он чи ҷуз Ӯст, мамлуки Ӯ Таъолост ва Ӯ Офаридгор аст ва он чи ҷуз Ӯст, офаридаи Ӯст ва Ӯ касест, ки тадбири умур мекунад ва зоте, ки шаънаш чунин бошад, пас ибодати Ӯ воҷиб аст ва ибодати ғайри Ӯ нуқсоне дар ақл ва ширке фасодкунандаи дунё ва охират мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [аҳли китоб] гуфтанд: "Яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед". [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "[На аз оини шумо] Балки аз оини Иброҳим [пайравӣ мекунем], ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд). (Сураи Бақара, ояти 135). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва чи касе некоинтар аз касест, ки худро таслими Аллоҳ Таъоло карда ва накукор аст ва аз оини Иброҳими ҳақгаро пайравӣ намудааст? Ва Аллоҳ Таъоло Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид). (Сураи Нисо, ояти 125). Ва Ҳақ Субҳонаҳу баён доштааст, ки ҳар ки ба ғайр аз дини Иброҳими Халил (алайҳис-салом) пайравӣ намояд, пас ба таҳқиқ худро хор кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рӯй барметобад, худро хор кард. Ва ба таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст). (Сураи Бақара, ояти 130).
9- Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло на (фарзанде) зода ва на зода шудааст ва монанду анбозе надорад.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло на (фарзанде) зода ва на зода шудааст ва монанду анбозе надорад. Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост.» (1) Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]. (2) На [фарзанде] зода ва на зода шудааст. (3) Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест.» (4) (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4) Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?») (Сураи Марям, ояти 65). Ва Ҳақ Ҷалла Шаънуҳу мефармояд: (Ӯ офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Барои шумо ҳамсароне аз [ҷинси] худатон қарор дод ва аз чаҳорпоён низ ҷуфт офарид, бад-ин сурат, теъдоди шуморо афзоиш медиҳад. Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ Таъоло нест ва Ӯ шунаво ва биност). (Сураи Шуро, ояти 11).
10- Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ҳеҷ яке аз махлуқоти худ ҳулул намекунад, ҳамонгуна ки дар ҳеҷ яке аз махлуқоташ таҷассум намеёбад:
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ҳеҷ чизе ҳулул намекунад ва дар ҳеҷ яке аз махлуқоташ таҷассум намеёбад ва бо ҳеҷ чизе муттаҳид намегардад. Зеро Аллоҳ Холиқ аст ва он чи ғайр аз Ӯст, махлуқ аст ва Ӯ Боқӣ аст ва саранҷоми он чи ғайр аз Ӯст, ба сӯи фано мебошад ва ҳар чизе мулки Ӯст ва Ӯ молики он аст. Пас, Аллоҳ дар ҳеҷ яке аз махлуқоташ ҳулул намекунад ва ҳеҷ чизе аз махлуқоташ дар зоти Ӯ Субҳонаҳу ҳулул намекунад. Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аз ҳар чизе бузургтар ва аз ҳар чизе азимтар аст. Аллоҳ Таъоло дар инкори касоне, ки пиндоштанд Аллоҳ дар Масеҳ ҳулул кардааст, мефармояд: (Касоне, ки гуфтанд: "Аллоҳ Таъоло ҳамон Масеҳ – писари Марям – аст", яқинан, кофир шуданд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар Аллоҳ Таъоло бихоҳад, ки Масеҳ – писари Марям – ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки рӯйи замин ҳастанд, нобуд кунад, чи касе дар баробари Аллоҳ Таъоло ихтиёре дорад, ки монеъ шавад? Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ Таъоло аст; ҳар чи бихоҳад меофаринад ва Аллоҳ Таъоло бар ҳар чизе тавоност). (Сураи Моида, ояти 17). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Машриқу мағриб аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, ба ҳар сӯйе рӯ кунед, рӯ [ба] Аллоҳ Таъоло аст. Ҳамоно Аллоҳ Таъоло кушоишгари доност. (115) [Аҳли китоб ва мушрикон] Гуфтанд: "Аллоҳ Таъоло [барои худ] фарзанде баргузидааст". Ӯ [аз чунин нисбатҳое] муназзаҳ [-у пок] аст. [Аллоҳ Таъоло на танҳо ниёзе ба фарзанд надорад, балки] Он чи дар осмонҳо ва замин аст, мутааллиқ ба Ӯст, [ва] ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд. (116) [Ӯ] падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва чун ба коре ирода фармояд, танҳо ба он мегӯяд: "Бош", пас, мешавад. (117) (Сураи Бақара, оятҳои 115-117). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст.» (88) Ба ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед! (89) Аз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд. (90) [Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд. (91) Ва ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад. (92) Дар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд. (93) Яқинан, [Аллоҳ Таъоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст. (94) Ва ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд. (95) (Сураи Марям, оятҳои 88-95). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255). Пас Зоте, ки шаъни Ӯ чунин аст ва ҳоли махлуқоташ чунин, чӣ гуна дар яке аз онҳо ҷой бигирад? Ё ӯро барои худ фарзанде бигирад? Ё ӯро маъбуде ҳамроҳи худ қарор диҳад?
11- Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бинобар раҳмат ва меҳрубонӣ бар бандагонаш ба онҳо паёмбарон ва китоб фиристод.
Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло бар бандагонаш мушфиқу меҳрубон аст, пас аз раҳмати Ӯ бар бандагонаш ин аст, ки ба онҳо паёмбарон фиристод ва китобҳоро бар онон нозил фармуд, то онҳоро аз торикии куфр ва ширк ба рӯшноии тавҳид ва ҳидоят берун оварад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ӯст, ки оёти равшангаре бар бандааш нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо [-и куфру ширк] ба сӯйи нур [-и имон] раҳсипор гардонад, [зеро] Аллоҳ Таъоло нисбат ба шумо дилсӯзу меҳрубон аст). (Сураи Ҳадид, ояти 9).
Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем). (Сураи Анбиё, ояти 107). Аллоҳ Паёмбарашро амр кард, ки ба бандагон хабар диҳад, ки Ӯ омурзандаву меҳрубон аст, пас Аллоҳ Таъоло фармуд: ([Эй Паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам). (Сураи Ҳиҷр, ояти 49). Ва аз меҳрубонӣ ва раҳмати Ӯст, ки Ӯ зиёнро дафъ мекунад ва хайрро бар бандагонаш нозил мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва агар Аллоҳ Таъоло зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ касе барояш ба ҷуз Ӯ ҳеҷ боздорандае нест ва агар бароят иродаи хайре намояд, барои фазл [-у бахшиши] Ӯ ҳеҷ монеъе нест. [Ӯ бахшиши хешро] Ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаи меҳрубон аст») (Сураи Юнус, ояти 107).
12- Аллоҳ ҳамон Парвардигори ягона ва меҳрубон аст; Ӯ Таъоло ҳамон зоте аст, ки рӯзи қиёмат бандагонро аз қабрҳояшон барангехта мавриди ҳисоб қарор медиҳад ва ҳар касро барои амалҳояш, чи нек бошад ва чи бад, ҷазо медиҳад. Ҳар ки имон овард ва амалҳои нек анҷом дод дар саодати ҳамешагӣ аст ва он ки куфр варзид ва муртакиби амалҳои бад шуд, дар охират гирифтори азоби бузург хоҳад шуд.
Аллоҳ ҳамон Парвардигори ягона ва меҳрубон аст. Ӯ Таъоло ҳамон зоте аст, ки рӯзи қиёмат бандагонро аз қабрҳояшон барангехта мавриди ҳисоб қарор медиҳад, ва ҳар касро барои амалҳояш, чи нек бошад ва чи бад, ҷазо медиҳад. Ҳар ки имон овард ва амалҳои нек анҷом дод, дар саодати ҳамешагӣ аст ва он ки куфр варзид ва муртакиби амалҳои бад шуд, дар рӯзи қиёмат гирифтори азоби бузург хоҳад шуд. Пас, аз камоли адли Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ва ҳикмату раҳмати Ӯ бар бандагонаш ин аст, ки ин дунёро саройи амал қарор дод ва саройи дувумеро муқаррар кард, ки дар он ҷазо, ҳисоб ва савоб хоҳад буд; то некӯкор ба савоби некиаш бирасад ва бадкору ситамгар ва саркаш гирифтори уқубати саркашӣ ва зулми худ шавад. Ва аз он ҷо ки мумкин аст бархе аз инсонҳо ин амрро дур аз тасаввур бидонанд, Аллоҳ далелҳои бисёреро овардааст, ки далолат бар он доранд, барангехта шудан ҳақ аст ва ҳеҷ шакке дар он нест. Аллоҳ Таъоло дар ин маврид мефармояд: (Аз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност). (Сураи Фуссилат, ояти 39). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинад, то] ба ниҳояти фартутӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад). (Сураи Ҳаҷ, ояти 5). Пас, Ҳақ Таъоло дар ин оят се далели ақлиро зикр кардааст, ки бар зинда шудани пас аз марг далолат мекунанд ва онҳо инҳоянд:
1- Аллоҳ инсонро бори нахуст аз хок офарид ва касе, ки ӯро аз хок офарид, тавоност, ки ҳангоме ки хок мешавад, дубора ӯро ба ҳаёт бозгардонад.
2- Он касе, ки башарро аз нутфа биёфарид, тавоност, ки инсонро пас аз маргаш дубора ба зиндагӣ бозгардонад.
3 - Ин ки Он Зоте, ки заминро бо борон баъди мурданаш зинда кард, бар зинда кардани мардум баъди мурданашон тавоност. Ва дар ин оят далели бузурге бар эъҷози Қуръон аст; пас чӣ гуна ин оят – ки тӯлонӣ нест – се бурҳони ақлии равшанро барои масъалаи бузурге ҷамъ овардааст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод). (Сураи Анбиё, ояти 104). Ва Аллоҳ Таъоло дар ояти дигар мефармояд: (Ва барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?» Бигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност») (Сураи Ёсин, ояти 78). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ Таъоло] онро бино кард? (27) Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод. (28) Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид. (29) Ва заминро баъд аз он густаронид. (30) Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард. (31) Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод. (32) (Сураи Нозиъот, оятҳои 27-32). Пас Ҳақ Таъоло баён кард, ки офариниши инсон душвортар аз офариниши осмону замин ва он чи дар байни онҳост, нест; пас касе, ки бар офариниши осмонҳову замин тавоност, аз он ки дубора инсонро биофаринад, оҷиз нест.
13- Аллоҳ Таъоло Одамро аз хок офарид ва сипас дар насли ӯ афзунӣ бахшид ва ҳама дар асли худ баробаранд, ҳеҷ кас аз касе ва ҳеҷ қавм аз қавми дигаре бартарӣ надоранд, магар ба тақво.
Аллоҳ Таъоло Одамро аз хок офарид ва сипас дар насли ӯ афзунӣ бахшид ва ҳама дар асли худ баробаранд, ҳеҷ кас аз касе ва ҳеҷ қавм аз қавми дигаре бартарӣ надоранд, магар ба тақво. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло Парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст). (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Аллоҳ Таъоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегардад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ Таъоло осон аст). (Сураи Фотир, ояти 11). Дар ояти дигар Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Ӯст, ки шуморо аз хок ва сипас [тайи мароҳили мухталиф] аз нутфа ва он гоҳ хуни баста [ҷанини ибтидоӣ] офарид, сипас шуморо [ба сурати] кӯдаке [ба дунё] меоварад ва имкон медиҳад, то ба ҳадди рушд [ва камоли неру] бирасед. Сипас [солҳо зиндагӣ мекунед, то] солхӯрда мешавед. Бархе аз шумо дучори марги зудрас хоҳанд шуд ва [ба гурӯҳе дигар имкон медиҳад], то ба аҷали муайян бирасед, бошад, ки биандешед). (Сураи Ғофир, ояти 67). Ва Аллоҳ Таъоло баён намудааст, ки Ӯ Масеҳро бо амри кавнӣ офарид, чунонки Одамро аз хок бо амри кавнӣ биёфарид. Аллоҳи Мутаъол дар ин маврид чунин мефармояд: (Дар ҳақиқат, масали Исо назди Аллоҳ Таъоло ҳамчун масали [офариниши] Одам аст, [ки] ӯро аз хок офариду сипас ба ӯ фармуд: "Бош"; пас, [бедиранг] мавҷуд шуд). (Сураи Оли Имрон, ояти 59). Пештар дар банди рақами (2) зикр гардид, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён фармуданд, ки мардум баробаранд ва касе бар касе бартарӣ надорад, магар аз рӯйи парҳезгорӣ.
14 - Ҳар навзод бар фитрат (-и ислом) ба дунё меояд.
Ҳар навзод бар фитрат (-и ислом) ба дунё меояд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, [эй Паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ Таъоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ Таъоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд). [Сураи Рум, ояти 30]. Ва ҳанифия ҳамон дини Иброҳими Халил алайҳиссалом аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Сипас [эй Паёмбар] ба ту ваҳй кардем, ки аз оини Иброҳим пайравӣ кун, ки ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд). (Сураи Наҳл, ояти 123). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар навзод бар фитрат (табиати поки Ислом) ба дунё меояд, пас падару модараш ӯро яҳудӣ, насронӣ ё маҷусӣ мегардонанд, ҳамон гуна ки ҳайвон бачаи комилаъзо ба дунё меорад, оё дар он ягон нуқсон (буридаге)-ро эҳсос мекунед?» Сипас Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ Таъоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ Таъоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд. (Сураи Рум, ояти 30). Саҳеҳи Бухорӣ 4775, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Огоҳ бошед, ҳамоно Парвардигорам ба ман фармон дод, ки аз он чи дар ин рӯзам ба ман омӯхтааст, он чиро, ки намедонистед, ба шумо биёмӯзам: ҳар моле, ки ба бандае ато кардаам, ҳалол аст ва ба дурустӣ, Ман ҳамаи бандагони Худро ба фитрати пок (ҳақгаро) офаридам ва ҳамоно шайтонҳо наздашон омаданд ва онҳоро аз динашон гумроҳ сохтанд ва он чиро, ки Ман барояшон ҳалол гардонида будам, бар онҳо ҳаром гардониданд ва ба онҳо фармон доданд, ки чизеро ба Ман шарик оранд, ки бар он ҳеҷ далеле нозил накардаам". Ривояти Муслим 2865.
15- Ҳеҷ башаре гунаҳкор таваллуд нашуда ва ё аз касе гуноҳро ба мерос намебарад:
Ҳеҷ кас гунаҳкор ё вориси гуноҳи каси дигар таваллуд намешавад; Худованд ба мо хабар дод, ки Одам (алайҳис-салом) ҳангоме ки ба амри илоҳӣ мухолифат кард ва ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ҳавво аз он дарахт хӯрданд, пушаймон шуд ва тавба кард ва аз Худованд омурзиш хост. Пас Худованд ба ӯ илҳом дод, ки чанд калимаи некеро бигӯяд, пас ӯ онҳоро гуфт ва Аллоҳ тавбаи ҳардуи онҳоро пазируфт. Худованд мефармояд: (Гуфтем: "Эй Одам, ту ва ҳамсарат [Ҳавво] дар биҳишт сукунат кунед ва аз [неъматҳои] он – аз ҳар ҷо, ки мехоҳед – гуворо бихӯред, аммо ба ин дарахт наздик нашавед, ки [ба хотири сарпечӣ аз фармони илоҳӣ] дар зумраи ситамгорон хоҳед буд. (35) Пас, шайтон муҷиби лағжиш [ва сарпечии] он ду шуд. Сипас Аллоҳ Таъоло онҳоро аз он чи дар он буданд [биҳишт] берун кард ва [ба он ду тан ва шайтон] гуфтем: "Ҳамагӣ [ба замин] фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд ва бароятон дар замин то муддати муайян қароргоҳ ва василаи баҳрабардорӣ вуҷуд хоҳад дошт" (36) Он гоҳ Одам аз Парвардигораш калимоте фаро гирифт [ва дархости бахшоиш намуд] ва Аллоҳ Таъоло тавбаи ӯро пазируфт, чаро ки Аллоҳ Таъоло тавбапазиру меҳрубон аст. (37) Гуфтем: "Ҳамагӣ аз он [биҳишт] фуруд оед ва ҳар гоҳ аз ҷониби Ман раҳнамуде бароятон омад, касоне, ки аз он [ҳидоят] пайравӣ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд" (38) (Сураи Бақара, оятҳои 35-38). Ва азбаски Худованд тавбаи Одам (алайҳис-салом)-ро пазируфт, ӯ дигар гуноҳеро ба дӯш надошт ва аз ин рӯ, насли ӯ гуноҳеро, ки бо тавба дур шудааст, мерос намегиранд ва асл ин аст, ки инсон гуноҳи дигареро ба дӯш нахоҳад дошт. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ҳеҷ касе [кори ношоистае] анҷом намедиҳад, магар он ки [бори гуноҳаш] бар худи ӯст ва ҳеҷ гунаҳгоре бори [гуноҳи] дигареро ба дӯш намекашад. Сипас бозгашти [ҳамаи] шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ [дар рӯзи қиёмат, аз ҳақиқати] он чи дар он ихтилоф доштед, огоҳатон месозад). (Сураи Анъом, ояти 164).
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар ки роҳ [-и рост] ёфт, ҷуз ин нест, ки ба суди хеш роҳ ёфтааст ва ҳар ки гумроҳ шуд, яқинан ба зиёни худ гумроҳ шудааст; ва ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро барнамедорад; ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад]). (Сураи Исро, ояти 15). Инчунин Аллоҳи Мутаъол мефармояд: (Ва ҳеҷ гунаҳгоре, бори гуноҳи дигареро ба дӯш намегирад ва агар [шахси] гаронборе, [дигареро] барои ҳамли бори [гуноҳони] хеш фаро бихонад, [чизе аз он бор] бардошта намешавад; ҳарчанд, ки ӯ хешованд [-и наздикаш] бошад. [Эй паёмбар] Ҷуз ин нест, ки ту фақат ба касоне ҳушдор медиҳӣ, ки дар ниҳон аз [муҷозоти] Парвардигорашон метарсанд ва намоз барпо медоранд. Ҳар ки [аз гуноҳон] пок шавад, пас? яқинан танҳо ба суди хеш пок гаштааст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ Таъоло аст). (Сураи Фотир, ояти 18).
16- Ҳадаф аз халқи башар ибодати Аллоҳи ягона аст:
Ҳадаф аз халқи башар ибодати Аллоҳи ягона аст. Худованди Мутаъол мефармояд: (Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]). (Сураи Зориёт, ояти 56).
17- Ислом ба инсон, мард ва зан, арҷ мегузорад ва ҳуқуқи комили ӯро кафолат медиҳад. Ӯро барои тамоми амалҳо, тасаруфот ва интихобаш масъул медонад, ҳамон гуна, ки ӯ масъули ҳар амале аст, ки ба худ ва дигарон осеб мерасонад.
Ислом ба инсон, мард ва зан, арҷ мегузорад, пас Аллоҳ Таъоло инсонро офарид, то дар замин халифа бошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ёд кун] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: "Ман дар замин ҷонишине хоҳам гумошт). (Сураи Бақара, ояти 30).
Ин гиромидошт ҳамаи бани Одамро дар бар мегирад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё [бар васоили сафар] савор кардем ва аз анвои [неъматҳои] покиза ба онон рӯзӣ додем ва ононро бар бисёре аз мавҷудоте, ки офаридаем, бартарии бисёр бахшидем). (Сураи Исро, ояти 70). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем). (Сураи Тин, ояти 4).
Ва Аллоҳ Таъоло инсонро наҳй кардааст, ки худро тобеу сарафкандаи маъбуде, матбуъе ё мутоъе ғайр аз Аллоҳ қарор диҳад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Бо вуҷуди ин оёти равшан] бархе аз мардум ҳамтоёни ғайр аз Аллоҳро [барои парастиш] бармегузинанд ва онҳоро ҳамчун Аллоҳ Таъоло дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд ва онон, ки [бо ширку иртикоби гуноҳон] ситам карданд, ҳангоме ки азоби [қиёмат] – ро бубинанд, [хоҳанд донист], ки тамоми қудрат аз они Аллоҳ Таъоло аст ва ин ки Аллоҳ Таъоло сахткайфар аст. Ҳангоме ки онон, ки пайравӣ шуданд, аз онон, ки пайравӣ карданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро бубинанд ва тамоми василаҳо аз онҳо қатъ шавад). (Сураи Бақара, оятҳои 165-166). Ва Аллоҳ Таъоло ҳолати пайравон ва пешвоёни ботилро дар рӯзи қиёмат баён карда, чунин фармудааст: (Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед» (32) Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ Таъоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд? (33)). (Сураи Сабаъ, оятҳои 32-33).
Аз камоли адли Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар рӯзи қиёмат ин аст, ки бар дӯши даъватгарон ва пешвоёни гумроҳкунанда бори гуноҳи хеш ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, мегузорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ҳамчунон дар куфр мемонанд] То рӯзи қиёмат, [ҳам] бори гуноҳони худро ба тамомӣ бар дӯш кашанд ва [ҳам бахше] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯйи нодонӣ гумроҳашон кардаанд. Ҳон! Чи бад аст, он чи бар дӯш мекашанд!) (Сураи Наҳл, ояти 25).
Ислом барои инсон ҳуқуқи комили ӯро дар дунё ва охират кафолат медиҳад ва бузургтарин ҳуқуқҳое, ки Ислом кафолат дода ва барои мардум баён кардааст: ҳаққи Худованд бар мардум ва ҳаққи мардум бар Худованд аст. Аз Муоз (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман пушти сари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор будам, эшон фармуданд: «Эй Муоз». Гуфтам: Бале, дар хидматат ҳастам. Сипас инро се маротиба такрор намуданд ва фармуданд: «Оё медонӣ ҳаққи Худо бар бандагон чист?» Гуфтам: Не. Фармуд: «Ҳаққи Худо бар бандагон ин аст, ки Ӯро бипарастанд ва ба Ӯ чизеро шарик наёваранд». Сипас муддате роҳ паймуданд ва фармуданд: «Эй Муоз». Гуфтам: Бале, дар хидматат ҳастам. Фармуд: «Оё медонӣ, агар чунин кунанд, ҳаққи бандагон бар Худо чист? Ин аст, ки онҳоро азоб накунад.» Саҳеҳи Бухорӣ (6840).
Ислом барои инсон дини ҳақ, зурриёт, мол ва номусашро кафолат додааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Пас ҳамоно Аллоҳ хунҳои шумо ва молҳои шумо ва обрӯятонро бар шумо ҳаром кардааст, монанди ҳурмати ин рӯзи шумо дар ин моҳ ва дар ин шаҳри шумо». Саҳеҳи Бухорӣ (6501) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин паймони бузургро дар ҳаҷҷи видоъ, ки дар он беш аз сад ҳазор аз саҳобагон ҳузур доштанд, эълон карданд ва ин маъноро такрор намуда, дар рӯзи ид дар ҳаҷҷи видоъ бар он таъкид карданд.
Ислом инсонро барои тамоми амалҳо, тасаруфот ва интихобаш масъул медонад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Ва [сарнавишти] рафтори ҳар инсонеро [то лаҳзаи ҳисобрасӣ] дар гарданаш бастаем ва рӯзи қиёмат барояш навиштае берун меоварем, ки онро кушода мебинад. Китоби худро бихон, имрӯз худат бар зидди худат ҳисобгар ҳастӣ). (Сураи Исро, ояти 13). Яъне, ҳар кори нек ё баде, ки анҷом дода бошад, Аллоҳ Таъоло онро мулозими ӯ мегардонад ва ба дигаре намегузарад. Пас, ӯ бо амали дигаре муҳосиба намешавад ва дигаре низ бо амали ӯ муҳосиба намегардад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард). (Сураи Иншиқоқ, ояти 6). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Ҳар ки ба шоистагӣ амал кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки бадӣ кунад, ба зиёни хеш бад кардааст ва Парвардигори ту ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад). (Сураи Фуссилат, ояти 46).
Ислом инсонро масъули ҳар амале медонад, ки ба худ ва ё дигарон осеб мерасонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ҳар ки гуноҳе муртакиб шавад, пас, танҳо ба зиёни хеш [чунин] мекунад ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора донои ҳаким аст). (Сураи Нисо, ояти 111). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба ҳамин сабаб, бар Бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро ҷуз барои [қасоси] касе ё фасоде [ки] дар замин [муртакиб шудааст] ба қатл бирасонад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас [бо худдорӣ аз қатлҳои худсарона ва беҳуда] инсонеро зинда бидорад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда кардааст). (Сураи Моида, ояти 32). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳеҷ касе мазлумона кушта намешавад, магар ин ки бар фарзанди аввали Одам (алайҳис-салом) насибе аз хуни он аст; зеро ӯ аввалин касе буд, ки куштанро асос гузошт.» Саҳеҳи Муслим (5150).
18- Ислом мард ва занро дар амал, масъулият ва подошу савоб мусовӣ қарор дод.
Ислом мардон ва занонро дар амал, масъулият ва подошу савоб мусовӣ қарор додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ҳар кас, аз зану мард, ки корҳои шоиста кунад ва муъмин бошад, [ҳамаи] онон вориди биҳишт мешаванд ва ба андозаи зарраи ночизе [ҳатто ба андозаи шикофи ҳастаи хурмо низ] ба эшон ситам нахоҳад шуд). (Сураи Нисо, ояти 124). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем). (Сураи Наҳл, ояти 97). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Ҳар ки кори баде муртакиб шавад, ба таносуби он кайфар хоҳад дид ва мардон ва занони муъмин ва некукор ба биҳишт ворид мешаванд ва дар он ҷо аз неъмати бешумор бархӯрдор хоҳанд шуд). (Сураи Ғофир, ояти 40). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст). (Сураи Аҳзоб, ояти 35).
19- Ислом занро гиромӣ дошт, занро ҳамто (ҳамасл)-и мард қарор дод ва мардро дар ҳоли тавон ва қудрат масъули нафақаи ӯ гардонид. Нафақаи духтар бар дӯши падар ва аз модар бар писар - агар болиғ ва қодир бошад ва аз ҳамсар бар шавҳари худ воҷиб аст.
Ислом занонро ҳамасл (аз нигоҳи хилқат ва табиати башарӣ ҳамсон)-и мардон қарор дод. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамоно занон, занон ҳамаслон (аз нигоҳи хилқат ва табиати башарӣ ҳамсон)-и мардон ҳастанд." Ривояти Тирмизӣ, ҳадиси 113.
Ва аз эҳтироми Ислом ба зан ин аст, ки Ислом нафақаи модарро бар писар, агар қодир бошад, воҷиб гардонидааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Дасти диҳанда дасти болост; модарат ва падарат ва хоҳарат ва бародарат, баъд аз он наздиктар ва наздиктар ба ту." Ривояти Имом Аҳмад. Ва баёни мақоми волидон, бо изни Аллоҳ, дар банди рақами (29) хоҳад омад.
Ва аз ҷумлаи эҳтироми Ислом ба зан ин аст, ки шавҳарро дар ҳоли тавон ва қудрат масъули нафақаи ҳамсараш гардонид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Онон, ки доро [ва сарватманд] ҳастанд, бояд аз дороӣ [ва сарвати] худ инфоқ кунанд ва касе, ки тангдаст аст, бояд аз он чи ки Аллоҳ Таъоло ба ӯ дода инфоқ кунад. Аллоҳ Таъоло ҳеҷ касро ҷуз ба он андоза, ки ба ӯ [тавон] додааст, мукаллаф намекунад. Аллоҳ Таъоло ба зудӣ баъд аз сахтӣ [ва тангдастӣ] осонӣ [ва кушоиш] қарор медиҳад). (Сураи Талоқ, ояти 7). Марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Ҳаққи ҳамсар бар шавҳар чист? Фармуд: "Ҳар вақт таом хӯрдӣ, ӯро таъом бидеҳ ва ҳаргоҳ либос пӯшидӣ, ӯро либос бипӯшон ва ба рӯи ӯ назан ва ба ӯ сухани қабеҳ нагӯ." Ривояти Имом Аҳмад. Ва Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъзе аз ҳуқуқи занонро бар шавҳаронашон баён карда, мефармояд: "Ва барои онон (занҳо) ризқу либосашон бар уҳдаи шумо (мардон) ба тарзи одилона аст." Саҳеҳ Муслим. Инчунин Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Кофист барои шахс ин гуноҳ, ки он киро, ки сарпарастияш ба уҳдаи ӯст, зоеъ гузорад.» Ривояти Имом Аҳмад. Ва Хаттобӣ мефармояд: (Айни суханаш чунин аст: "Касеро, ки таъмин мекунад", манзураш касест, ки додани хӯрок ва нафақааш бар ӯ лозим аст ва маъно чунин аст, ки гӯё ба садақадиҳанда гуфта бошад: бо чизе, ки аз нафақаи аҳли хонаводаат зиёдатӣ нест, садақа макун, ки бо он аҷру савоб меҷӯӣ; пас агар ту онҳоро зоеъ кунӣ, ин кор ба гуноҳ табдил меёбад.)
Аз ҷумлаи эҳтироми Ислом ба зан ин аст, ки нафақаи духтарро бар падар воҷиб гардонидааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва модарон [бояд] фарзандони худро ду соли тамом шир диҳанд. [Ин дастур] Барои касест, ки бихоҳад даврони ширхораги [-и фарзандаш]-ро такмил кунад; ва бар соҳиби фарзанд [падар] лозим аст хӯроку пӯшоки онон [модарон]-ро [дар муддати шир додан] ба таври шоиста [фароҳам кунад]). (Сураи Бақара, ояти 233). Пас, Аллоҳ Таъоло баён кардааст, ки бар уҳдаи падаре, ки барояш фарзанд таваллуд мешавад, таъмини обу хӯрок ва либоси фарзандаш ба таври шоиста мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, агар [фарзандатонро] барои шумо шир медиҳанд, муздашонро бипардозед). (Сураи Талоқ, ояти 6). Аллоҳ музди шир додани фарзандро бар падар воҷиб гардонид; пас ин далолат мекунад, ки нафақаи фарзанд бар падар аст ва (калимаи) фарзанд шомили писар ва духтар мебошад. Ва дар ҳадиси зерин далолатест бар воҷиб будани нафақаи зан ва фарзандони ӯ бар падар. Пас аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Ҳинд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Абусуфён мардест бахил, ман эҳтиёҷ дорам, ки аз моли ӯ бигирам. Фармуд: "Чизеро, ки барои ту ва фарзандонат кофӣ бошад, ба таври шоиста бигир." Бухорӣ онро ривоят кардааст. Ва Паёмбари меҳрубон фазилати нафақа барои духтарон ва хоҳаронро баён карда, фармуданд: «Касе, ки ду духтар ё се духтар, ду хоҳар ё се хоҳарро таъмин ва сарпарастӣ кунад, то он даме, ки онҳо мустақил шаванд ё ин ки ӯ аз дунё бигзарад, ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд.» Ва бо ангуштони ишора ва миёнаи худ ишора кард. Силсилаи саҳиҳа 296.
20- Марг нобудии абадӣ нест, балки он гузариш аз хонаи амал ба хонаи подош аст. Марг дар ҷисм ва рӯҳ аст ва марги рӯҳ ҷудо шудан аз бадан аст, ки сипас дар қиёмат баъд аз барангехта шудан ба бадан бозмегардад. Рӯҳ баъд аз марг ба ҷисми дигар намегузарад ва дар ҳеҷ ҷисми дигаре таносух намешавад.
Марг нобудии абадӣ нест. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед») (Сураи Саҷда, ояти 11). Ва марг дар ҷисм ва рӯҳ аст ва марги рӯҳ ҷудо шудан аз бадан аст, ки сипас дар қиёмат баъд аз барангехта шудан ба бадан бозмегардад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва [низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст). (Сураи Зумар, ояти 42). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамоно, ҳаргоҳ рӯҳ қабз карда шавад, чашмҳо ба дунболи он менигаранд." Ривояти Муслим 920. Ва баъд аз марг инсон аз сарои амал ба сарои муҷозот интиқол меёбад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ӯст. Ваъдаи Аллоҳ Таъоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст. Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, он гоҳ [пас аз марг] онро бозмегардонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба адолат подош диҳад, касоне, ки куфр варзиданд, ба сазои онки кофир буданд, шарбате аз оби ҷӯшон ва азоби дарднок [дар пеш] доранд). (Сураи Юнус, ояти 4).
Рӯҳ баъд аз марг ба ҷисми дигар намегузарад ва таносух (аз як ҷисм ба дигар ҷисм гузаштан) намешавад, пас бар иддаои таносух на ақл далолат мекунад ва на ҳис ва ҳеҷ нақле аз паёмбарон (алайҳимус-салом) вуҷуд надорад, ки ба ин ақида шаҳодат диҳад.
21- Ислом ба имон овардан ба усули бузурги имон фаро мехонад, ки иборатанд аз: имон ба Аллоҳ ва фариштагон, имон ба китобҳои илоҳӣ, монанди Таврот, Инҷил, Забур (албатта қабл аз таҳриф) ва Қуръон, имон ба ҳамаи паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом), имон ба охирини паёмбарон ҳазрати Муҳаммад - хотами паёмбарон ва расулон ва имон доштан ба рӯзи охират, ки чунончи, ҳама медонем агар зиндагии ин дунё поёни кор буд, зиндагӣ ва вуҷудро як чизи беҳуда ва маъное набуд ва имон доштан ба қазо ва қадар.
Ислом ба имон овардан ба усули бузурги имон фаро мехонад, ки ҳамаи паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом) ба сӯи он даъват кардаанд ва онҳо иборатанд аз:
Якум: Имон ба Аллоҳ ва ин ки Ӯ Парвардигор, офаридгор, рӯзидиҳанда ва тадбиркунандаи ин коинот аст ва ин ки танҳо Ӯ сазовори ибодат аст ва ибодати ҳарчи ба ҷуз Ӯ ботил аст ва ҳар маъбуде ғайри Ӯ ботил аст. Пас, ибодат ҷуз барои Ӯ шоиста нест ва ибодат ҷуз барои Ӯ дуруст намебошад. Ва баёни далелҳои ин масъала пештар дар банди рақами (8) гузаштааст.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ин аслҳои бузургро дар оятҳои зиёди парокандаи Қуръони Карим зикр кардааст. Аз ҷумла Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст). (Сураи Бақара, ояти 285). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Некӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад ва моли [худ]-ро, бо вуҷуди дӯст доштанаш, ба хешовандону ятимон ва мустамандон ва дар роҳмондагону дархосткунандагон [гадоён] ва дар [роҳи озодии] бардагон бибахшад ва намоз бар пой дорад ва закот бипардозад ва [низ] онон, ки чун аҳд мебанданд, ба паймонашон вафо мекунанд ва [касоне, ки] дар фақру сахтӣ ва зиёну беморӣ ва ба ҳангоми [шиддат гирифтани] набард, [пойдорӣ ва] шикебоӣ мекунанд, онон [ки ба ин вижагиҳо оростаанд], касоне ҳастанд, ки рост гуфтанд ва онон парҳезгоронанд). (Сураи Бақара, ояти 177). Аллоҳ Таъоло ба имон овардан ба ин усул даъват намуда ва баён фармудааст, ки ҳар ки ба онҳо кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст). (Сураи Нисо, ояти 136). Ва дар ҳадис аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: (Рӯзе мо назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем, ногаҳон марде дар баробари мо падидор шуд, ки либосҳояш бисёр сафед ва мӯйҳояш бисёр сиёҳ буд, на асари сафар дар вай ҳувайдо буд ва на касе аз мо ӯро мешинохт, то ин ки назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста, зонуҳояшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод ва ҳар ду кафи дасташро бар ронҳояш гузошта, гуфт: Эй Муҳаммад! Маро аз Ислом хабар деҳ. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Ислом ин аст, ки шаҳодат диҳӣ, ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад расули Худост ва намоз барпо дорӣ ва закот бидиҳӣ ва Рамазонро рӯза бигирӣ ва ҳаҷҷи Хонаро - агар тавоноии роҳро дошта бошӣ, анҷом диҳӣ.» Гуфт: Рост гуфтӣ. Умар (разияллоҳу анҳу) мегӯяд, мо дар шигифт мондем, ки аз ӯ савол мекунад ва боз тасдиқаш менамояд. Он мард боз пурсид: Пас, маро аз имон огоҳ кун. Паёмбар Фармуд: «Ин ки ба Худо ва фариштагон ва китобҳо ва паёмбаронаш ва рӯзи охират имон биёварӣ ва ба тақдири неку бад имон биёварӣ». Гуфт: Рост гуфтӣ. Гуфт: Маро аз эҳсон огоҳ кун. Фармуд: «Ин ки Худоро чунон бипарастӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.») Саҳеҳи Муслим 8. Дар ин ҳадис Ҷабраил (алайҳис-салом) назди Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва аз ӯ дар бораи мартабаҳои дин, ки онҳо: Ислом, имон ва эҳсон мебошанд, суол кард. Пас Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ ҷавоб дод, сипас Паёмбар ба саҳобагонаш хабар дод, ки ин Ҷабраил (алайҳис-салом) буд, ки омад, то ба онҳо динашонро биомӯзонад. Пас, ин Ислом рисолати илоҳиест, ки Ҷабраил (алайҳис-салом) онро овардааст ва Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ба мардум расонидааст ва саҳобагонаш (разияллоҳу анҳум) онро ҳифз намуда, пас аз ӯ ба мардум расонидаанд.
Дуввум: Имон ба фариштагон аст. Онҳо олами ғайбӣ ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро офаридааст ва дар шакли муайян қарор дода, ба анҷоми амалҳои бузург вогузор кардааст. Ва аз бузургтарин амалҳои онҳо расонидани паёмҳои илоҳӣ ба фиристодагон ва паёмбарон (алайҳимус-салом) аст ва бузургтарини фариштагон Ҷабраил (алайҳис-салом) мебошад. Ва далили ин ки Ҷабраил (алайҳис-салом) ба паёмбарон ваҳй меовард, ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст: ([Аллоҳ Таъоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ Таъоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед») (Сураи Наҳл, ояти 2). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст. (192) Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст. (193) Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ. (194) [Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]. (195) Ва бе тардид, [башорати нузули] он дар китобҳои пешиниён [низ омада] аст. (196) (Сураи Шуъаро, оятҳои 192-196).
Севум: Имон ба китобҳои илоҳӣ, ба монанди Таврот, Инҷил ва Забур - қабл аз таҳриф - ва Қуръон. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст). (Сураи Нисо, ояти 136). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ин китоб [Қуръон]-ро, ки таъйидкунандаи китобҳои [осмонии] пешин аст, ба дурустӣ бар ту нозил кард ва Тавроту Инҷилро… (3) Пеш аз он [Тавроту Инҷилро] барои ҳидояти мардум нозил кард; ва [низ] Фурқонро [Қуръон, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст] нозил намуд. Касоне, ки ба оёти Аллоҳ Таъоло кофир шуданд, азоби сахте [дар пеш] доранд; ва Аллоҳ Таъоло шикастнопазир [-у] интиқомгиранда аст. (4) (Оли Имрон, оятҳои 3-4). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст). (Сураи Бақара, ояти 285). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ Таъоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем). (Сураи Оли Имрон, ояти 84).
Чаҳорум: Имон ба тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом). Пас, имон овардан ба тамоми анбиё ва расулон (алайҳимус-салом) ва эътиқод доштан ба ин, ки ҳамаи онҳо паёмбароне аз ҷониби Аллоҳ мебошанд, ки рисолатҳои Аллоҳ, дин ва шариати Ӯро ба умматҳояшон мерасонанд, воҷиб аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй муъминон ба аҳли китоб] бигӯед: "Мо ба Аллоҳ Таъоло имон овардаем ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва ба он чи, ки бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] нозил гардид ва [ҳамчунин] ба он чи, ки ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва ба он чи, ки ба паёмбарони [дигар] аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст [оре, ба ҳамаи онон имон меоварем] ва миёни ҳеҷ як аз эшон тафовут намегузорем ва мо [ҳамагӣ] таслими Аллоҳ Таъоло ҳастем). (Сураи Бақара, ояти 136). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст). (Сураи Бақара, ояти 285). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ Таъоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем). (Сураи Оли Имрон, ояти 84).
Ва ин ки ба хотами онҳо имон оварад, ки ӯ Муҳаммад расулуллоҳ, хотами паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салоту вас-салом) аст. Худованди Мутаъол мефармояд: (Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ Таъоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ Таъоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам). (Сураи Оли Имрон, ояти 81).
Пас, дар Ислом имон овардан ба тамоми паёмбарон ва фиристодагон ба таври куллӣ воҷиб аст ва имон овардан ба охирини онҳо, ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, низ воҷиб мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: "Эй аҳли китоб, шумо бар ҳеҷ [оини дурусте] нестед, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред") (Сураи Моида, ояти 68). Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем"). (Сураи Оли Имрон, ояти 64).
Ва ҳар касе ба як паёмбар кофир шавад, ба ҳамаи паёмбарону фиристодагон (алайҳимус-салом) кофир шудааст ва аз ин рӯ, Аллоҳ аз ҳукми Худ бар қавми Нӯҳ (алайҳис-салом) хабар дода, фармуд: (Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд). (Сураи Шуаро, ояти 105). Ва маълум аст, ки пеш аз Нӯҳ (алайҳис-салом) паёмбаре наомада буд, бо вуҷуди ин, чун қавмаш ӯро дурӯғгӯ бароварданд, ин дурӯғ шуморидани онҳо ӯро дурӯғгӯ баровардани ҳамаи анбиё ва паёмбарон буд; зеро даъвати онҳо як ва ҳадафашон як аст.
Панҷум: Имон ба рӯзи охират, ки он рӯзи қиёмат аст. Ва дар охири ин ҳаёти дунё Аллоҳ ба фаришта Исрофил (алайҳис-салом) амр мекунад ва ӯ як садои (даҳшатноки) кушандаеро медамад, ки бо хости Худо ҳама мемиранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Дар остонаи қиёмат] Дар сур дамида мешавад. Пас, ҳар ки дар осмонҳо ва дар замин аст, мадҳуши марг хоҳад шуд, магар касе, ки Аллоҳ Таъоло бихоҳад, он гоҳ бори дигар дар он дамида мешавад ва ногаҳон [ҳама аз марг] бармехезанд ва чашм ба роҳ [-и фармони Парваридгор] ҳастанд). (Сураи Зумар, ояти 68). Ва ҳангоме ки ҳамаи онҳое, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, ҳалок шаванд, ҷуз касе, ки Аллоҳ бихоҳад, пас албатта, Аллоҳ осмонҳову заминро мепечонад, чунонки Аллоҳи Таъоло мефармояд: (Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод). (Сураи Анбиё, ояти 104). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мушрикон Аллоҳро чунон ки сазовори Ӯст, арҷ наниҳоданд, ҳол он ки дар рӯзи қиёмат замин яксара дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо ба дасти Вай дарҳампечида хоҳад шуд. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ Таъоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст). (Сураи Зумар, ояти 67). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Аллоҳ Азза ва Ҷалла дар рӯзи қиёмат осмонҳоро мепечонад, сипас онҳоро бо дасти росташ мегирад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, зӯргӯёну золимон куҷоянд? Мутакаббирон куҷоянд? Сипас заминҳоро бо дасти чапаш мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, зӯргӯёну золимон куҷоянд? Мутакаббирон куҷоянд?» Ривояти Муслим.
Сипас Худованд фариштаро амр мекунад, пас бори дигар дар он (сур) медамад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (он гоҳ бори дигар дар он дамида мешавад ва ногаҳон [ҳама аз марг] бармехезанд ва чашм ба роҳ [-и фармони Парваридгор] ҳастанд). (Сураи Зумар, ояти 68). Пас, вақте ки Аллоҳ махлуқонро зинда гардонад, онҳоро барои ҳисоб ҷамъ меоварад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст). (Сураи Қоф, ояти 44). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Он рӯз, ки мардум ҳозир ва намоён мешаванд ва чизе аз онон бар Аллоҳ Таъоло пӯшида нахоҳад монд [Аллоҳ Таъоло мефармояд]: «Имрӯз фармонравоӣ аз они кист»? [Он гоҳ худ мефармояд] «Аз они Аллоҳи ягонаи пирӯзманд») (Сураи Ғофир, ояти 16). Ва дар ин рӯз Худованд ҳамаи мардумро ҳисобу китоб мекунад ва қасоси ҳар мазлумро аз золимаш мегирад ва ҳар инсонро мувофиқи он чи анҷом додааст, ҷазо медиҳад. Худованд мефармояд: (Имрӯз ҳар кас дар баробари он чи кардааст, подош дода мешавад ва ҳеҷ ситаме дар миён нест. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст). (Сураи Ғофир, ояти 17). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ба андозаи заррае [ба бандагонаш] ситам намекунад ва агар кори неке бошад, онро дучандон мекунад ва аз пешгоҳи худ [ба онон] подоши бузурге ато мекунад). (Сураи Нисо, ояти 40). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад. (7) Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад. (8) (Сураи Залзала, оятҳои 7-8). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем). (Сураи Анбиё, ояти 47).
Баъд аз барангехта шудан ва ҳисобу китоб подош ё ҷазо хоҳад буд. Пас ҳар ки кори нек кардааст, барояш неъмати ҷовидониест, ки завол намеёбад ва ҳар ки кори бад кардааст ва кофир шудааст, барояш азоб аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар он рӯз фармонравоӣ аз они Аллоҳ Таъоло аст [ва] миёни онон доварӣ мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ҳастанд. (56) Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ ангоштанд, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд. (57) (Сураи Ҳаҷ, оятҳои 56-57). Ва медонем, ки агар зиндагии ин дунё поёни кор мебуд, бегумон зиндагӣ ва ҳастӣ беҳудагии маҳз мебуд. Худои Таъоло мефармояд: (Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?) (Сураи Муъминун, ояти 115).
Шашум: Имон ба қазо ва қадар ва он ин аст, ки воҷиб аст имон доштан ба ин ки Аллоҳ Таъоло ҳар он чиро, ки дар ин олам буд, ҳаст ва хоҳад шуд, медонад ва ин ки Аллоҳ ҳамаи инро пеш аз офариниши осмонҳо ва замин навиштааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад). (Сураи Анъом, ояти 59). Ва ин ки илми Аллоҳ Таъоло бар ҳама чиз иҳота дорад. Дар ин маврид Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин [низ] ҳаммонанди онҳоро [офарид] ва фармони [Аллоҳ Таъоло] пайваста дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки Аллоҳ Таъоло бар ҳар чиз тавоност ва ин ки илми Аллоҳ Таъоло бар ҳама чиз иҳота дорад). (Сураи Талоқ, ояти 12). Ва ин ки дар ин олам ҳеҷ коре рух намедиҳад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло онро ирода карда ва хоста ва офарида ва сабабҳои онро муяссар намудааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст). (Сураи Фурқон, ояти 2). Ва Ӯро дар он ҳикмати болиғаест, ки мардум ба он иҳота надоранд, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад). (Сураи Қамар, ояти 5). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст). (Сураи Рум, ояти 27). Ва Аллоҳ Таъоло Худашро ба ҳикмат васф кардааст ва Худашро Ҳаким номидааст. Чунончи, мефармояд: (Аллоҳ Таъоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 18). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Исо (алайҳис-салом) хабар дода, мефармояд, ки ӯ дар рӯзи қиёмат ба Аллоҳ хитоб карда, мегӯяд: (Агар ононро [бо адолатат] азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро [бо раҳматат] бубахшоӣ, Туӣ, ки шикастнопазири ҳакимӣ). (Сураи Моида, ояти 118). Ва Аллоҳ Таъоло ба Мӯсо (алайҳи-с-салом), чун ӯро нидо дод ва ӯ дар канори Тур буд, гуфт: (Эй Мӯсо, ба ростӣ, ки Манам Аллоҳи шикастнопазири ҳаким). (Сураи Намл, ояти 9).
Ва Қуръони Азимро бо ҳикмат васф намуда, мефармояд: (Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст). (Сураи Ҳуд, ояти 1). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ин аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод). (Сураи Исро, ояти 39).
22- Паёмбарон (алайҳимус-салом) дар он чи аз ҷониби Аллоҳ иблоғ мекунанд маъсуманд ва аз ҳар чизе, ки бо ақл ва ахлоқи солим мунофот дорад маъсуманд. Паёмбарон мукаллаф ба иблоғи аҳком ва авомири Худованд ба бандагон ҳастанд ва ҳеҷ як аз вижагиҳои рубубият (монанди офариниш, ризқ додан ва тадбири ҷаҳон) ва улуҳият (сазовори ибодат будан)-ро надоранд, балки онон инсон ва аз ҷинси башар ҳастанд, ки Худованд ба онҳо ваҳй нозил фармудааст.
Паёмбарон (алайҳимус-салом) дар он чи аз ҷониби Аллоҳ иблоғ мекунанд маъсуманд; зеро Аллоҳ беҳтарини офаридаҳояшро бармегузинад, то рисолатҳояшро иблоғ кунанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло аз миёни фариштагон фиристодагоне [барои иблоғи ваҳй ба паёмбарон] бармегузинад ва аз миёни инсонҳо низ [паёмбароне барои расонидани паёми илоҳӣ ба мардум интихоб мекунад]. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло шунавои биност). (Сураи Ҳаҷ, ояти 75). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло Одаму Нӯҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён [бартарӣ дод ва] баргузид). (Сураи Оли Имрон, ояти 33). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: ([Аллоҳ Таъоло] фармуд: «Эй Мӯсо, [бидон ки] ман туро ба паёмҳо ва каломи [бевоситаи] хеш бар мардумон баргузидам, ончи ба ту мебахшам, бигир ва сипосгузор бош») (Сураи Аъроф, ояти 144). Ва паёмбарон (алайҳимус-салоту вас-салом) медонанд, ки он чи бар онҳо нозил мешавад, ваҳйи илоҳӣ аст ва фариштагонро мушоҳида мекунанд, ки ваҳйиро нозил мекунанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Аллоҳ Таъоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад. (26) Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад. (27) То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ Таъоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст. (28) (Сураи Ҷин, оятҳои 26-28). Ва Худованд онҳоро ба таблиғи рисолатҳояш амр кард. Аллоҳ Таъоло фармуд: (Эй Паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ Таъоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад). (Сураи Моида, ояти 67). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Паёмбароне [фиристодем], ки башоратбахшу бимдиҳанда буданд, то барои мардум пас аз [биъсати] паёмбарон дар муқобили Аллоҳ Таъоло [ҳеҷ баҳона ва] ҳуҷҷате набошад. Ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора шикастнопазири ҳаким аст). (Сураи Нисо, ояти 165).
Ва паёмбарон (алайҳимус-салом) аз Аллоҳ сахт метарсанд ва аз Ӯ ҳарос доранд, пас дар паёмҳои Ӯ чизе зиёд намекунанд ва аз он чизе кам намекунанд. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст. (44) Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем. (45) Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем. (46) Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад. (47) (Сураи Ҳоққа, оятҳои 44-47). Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: (Аллоҳ Таъоло мефармояд: {Ва агар бар Мо суханоне дурӯғ мебаст}, яъне: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), агар чунон ки (мушрикон) мепиндоранд, бар Мо ифтиро мебаст, пас дар рисолат чизе меафзуд ё аз он кам мекард, ё чизеро аз пеши худ мегуфт ва онро ба Мо нисбат медод – ва ҳол он ки чунин нест – ҳароина, ӯро ба зудӣ ба уқубат гирифтор мекардем ва барои ҳамин фармудааст: {ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем}. Гуфта шудааст: Маънояш ин аст, ки бо дасти рост аз ӯ интиқом мегирифтем, зеро он дар фурӯ гирифтан сахттар аст ва гуфта шудааст: дасти рости ӯро мегирифтем.) Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки [рӯзи қиёмат] Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй Исо – писари Марям, оё ту ба мардум гуфтӣ, ки: "Ману модарамро [ҳамчун] ду маъбуд ба ҷойи Аллоҳ Таъоло баргузинед"? [Исо] мегӯяд: "[Бор Илоҳо] Ту муназзаҳӣ, шоиста нест, ки ман [дар бораи хештан] чизе, ки ҳаққам нест бигӯям. Агар чунин [суханеро] гуфта бошам, бе гумон, Ту медонӣ. Ту он чиро, ки дар нафси ман аст, медонӣ ва [-ле] ман он чиро, ки дар зоти [поки] Туст намедонам. Бе тардид, Ту худ донои розҳои ниҳонӣ. Ман ба онҳо ҷуз он чи ки маро ба он амр фармудӣ, нагуфтам, ки: "Аллоҳ Таъолоро, ки Парвардигори ману Парвардигори шумост, бипарастед". Ва ман бар онҳо шоҳид будам, то вақте ки дар миёнашон будам. Пас, ҳангоме ки маро [ба осмон] бардоштӣ, Ту худ нигаҳбони онҳо будӣ ва Ту бар ҳар чизе шоҳидӣ). (Сураи Моида, оятҳои 116-117).
Ва аз фазли Аллоҳ Таъоло бар паёмбарон ва расулонаш (алайҳимус-салоту вас-салом) ин аст, ки Худованд ононро дар таблиғи рисолатҳояш собиту устувор месозад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ҳуд] Гуфт: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо [низ] гувоҳ бошед, ки ман аз он чи [ба Аллоҳ Таъоло] шарик қарор медиҳед, безорам. (54) Пас ҳамаатон ба ман макр кунед ва маро мӯҳлат надиҳед.» (55) Ман бар Аллоҳ Таъоло, ки Парвардигори ману шумост, таваккал кардам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки дар зери қудрат ва фармонравоии Ӯст. Бе тардид, Парвардигорам бар роҳи рост аст. (56) (Сураи Ҳуд, оятҳои 54-56). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Наздик буд онҳо туро [бо васвасаҳои худ] аз он чи бар ту ваҳй кардаем, бифиребанд, то [алфозе] ғайр аз онро [ки ваҳй кардаем] ба дурӯғ ба Мо нисбат диҳӣ ва онгоҳ туро ба дӯстӣ бигиранд. (73) Ва агар [Мо] туро собитқадам намекардем, ба ростӣ, наздик буд андаке ба онон гароиш биёбӣ. (74) Дар он сурат, ҳатман, ду чандон [азоб дар ин] зиндагӣ ва ду чандон [пас аз] марг ба ту мечашондем ва он гоҳ барои хеш дар баробари мо ёваре намеёфтӣ. (75) (Сураи Исро оятҳои 73-75). Ва ин оятҳо ва оятҳои пеш аз он гувоҳ ва далел бар онанд, ки Қуръон аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст, зеро агар он аз назди Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебуд, ҳаргиз чунин каломеро, ки ба худи ӯ хитоб шудааст, дар он шомил намекард.
Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло паёмбаронашро аз мардум дар амон нигоҳ медорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй Паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ Таъоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад). (Сураи Моида, ояти 67). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] Достони Нӯҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ Таъоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ Таъоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед). (Сураи Юнус, ояти 71). Ва Аллоҳ Таъоло аз сухани Мӯсо (алайҳис-салом) хабар дода, мефармояд: (Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ҳамоно аз он метарсем, ки бар мо зулму ситам кунад ё дар саркашӣ аз ҳад бигузаронад» - Аллоҳ барои Мӯсо ва Ҳорун гуфт: Матарсед. Албатта, Ман бо шумо ҳастам. Мешунавам суханони шуморо ва мебинам корҳои шуморо). (Сураи Тоҳо, оятҳои 45-46). Пас Аллоҳ Таъоло баён фармуд, ки Ӯ паёмбаронаш (алайҳимус-салом)-ро аз душманонашон ҳифз мекунад, то натавонанд ба онҳо бадие расонанд ва Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло хабар дод, ки Ӯ ваҳйи Худро ҳифз мекунад, пас дар он чизе зиёд ва ё кам карда намешавад. Худованд мефармояд: (Ба ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем). (Сураи Ҳиҷр, ояти 9).
Ва паёмбарон (алайҳимус-салом) аз ҳар он чи хилофи ақл ё ахлоқ бошад, маъсуманд; Аллоҳ Таъоло Паёмбараш Муҳаммадро ситоиш намуда, мефармояд: (Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ). (Сураи Қалам, ояти 4). Инчунин дар бораи ӯ мегӯяд: ([Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест). (Сураи Таквир, ояти 22). Ва ин ба он хотир аст, ки рисолатро ба беҳтарин ваҷҳ адо намоянд ва паёмбарон (алайҳимус-салом) мукаллаф ба иблоғи фармонҳои Худованд ба бандагон ҳастанд ва ҳеҷ яке аз вижагиҳои рубубият ва улуҳиятро надоранд, балки онон инсон ва аз ҷинси башар ҳастанд, ки Худованд ба онҳо ваҳй нозил мекунад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: «[Оре] Мо ҷуз инсонҳое монанди шумо нестем, вале Аллоҳ Таъоло бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад [бо неъмати нубувват] миннат мениҳад ва сазовор нест, ки мо ҷуз ба иҷозати Аллоҳ Таъоло барои шумо далеле биёварем. Пас, муъминон бояд бар Аллоҳ Таъоло таваккал кунанд») (Сураи Иброҳим, ояти 11). Ва Аллоҳ Таъоло ба Расулаш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуд, ки ба қавмаш бигӯяд: ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ Таъоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад») (Сураи Каҳф, ояти 110).
23- Ислом бар асоси усули ибодатҳои умда ба парастиши Худованд даъват мекунад, ки иборатанд аз: намоз, ки шомили қиём, рукуъ, суҷуд, зикри Аллоҳ, ҳамду ситоиш ва дуъо аст. Шахси мусалмон онро дар як шабонарӯз панҷ бор адо мекунад ва дар анҷоми он сарватманд ва фақир, роҳбар ва зердаст ҳама дар як саф қарор мегиранд ва тафовуте миёни онҳо вуҷуд надорад. Закоти мол, ки миқдори андаке аз мол аст - мувофиқи шартҳо ва андозаҳое, ки Худованд муқаррар кардааст - дар як сол як маротиба аз сарватмандон гирифта ба фақирон ва мискинон дода мешавад. Рӯза, ки ба маънои худдорӣ аз хӯрдан дар рӯзҳои моҳи Рамазон (аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб) аст, боиси тарбияти ирода ва сабр дар руҳияи инсон мегардад. Ҳаҷ, ки танҳо як маротиба дар зиндагӣ ба қасди Байтуллоҳ дар Маккаи Мукаррама барои шахси тавоно машруъ аст, ҳама дар руҷуъ ба сӯи Парвардигор онҷо яксон ҳастанд ва нақше дигар барои насаб ва фарқият боқӣ намемонад.
Ислом бо ибодатҳои бузург ва дигар ибодатҳо ба парастиши Худованд даъват мекунад ва ин ибодатҳои азимро Худованд бар тамоми паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салоту вас-салом) воҷиб гардонидааст. Бузургтарин ибодатҳо иборатанд аз:
Аввалан: Аллоҳ Таъоло намозро бар мусалмонон фарз гардонидааст, чунончи, онро бар соири паёмбарон ва фиристодагон (алайҳимус-салоту вас-салом) фарз гардонида буд ва Аллоҳ ба паёмбари Худ Иброҳими Халил (алайҳис-салом) амр фармуд, ки хонаи Ӯро барои тавофкунандагону намозгузорон ва рукуъкунандагону саҷдакунандагон покиза бидорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки хонаи [Каъба] – ро маҳалли бозгашт [-и ҳоҷиёни муштоқ] ва [ҷойи] амне барои мардум қарор додем ва [муқаррар кардем, ки] мақоми Иброҳимро намозгоҳе барои хеш интихоб кунед ва мо ба Иброҳим ва Исмоил ваҳй кардем, ки: "Хонаи маро барои тавофкунандагону муътакифон ва рукуъу суҷудкунандагон [намозгузорон] поку покиза кунед). (Сураи Бақара, ояти 125). Ва Аллоҳ онро бар Мӯсо дар аввалин нидо ба Мӯсо (алайҳис-салом) воҷиб гардонид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба ростӣ, ман Парвардигорат ҳастам; пас, [барои муноҷот бо Парвардигор] кафшҳоятро даровар [ки] дар ҳақиқат, ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ. (12) Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор. (13) Бе тардид, манам «Аллоҳ Таъоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор. (14) (Сураи Тоҳо, оятҳои 12-14). Ва Исои Масеҳ (алайҳис-салом) хабар додааст, ки Худованд ӯро ба намоз ва закот амр намудааст, пас чуноне ки Аллоҳ Таъоло хабар додааст, фармуд: (Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст). (Сураи Марям, ояти 31). Ва намоз дар Ислом қиём, рукуъ, суҷуд, зикри Аллоҳ Таъоло, сано бар Ӯ ва дуо мебошад, ки инсон онро ҳар рӯз панҷ маротиба адо мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ Таъоло ба по хезед). (Сураи Бақара, ояти 238). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аз ҳангоми заволи хуршед, то он гоҳ ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва намози субҳгоҳро бихон. Бегумон дар намози субҳгоҳ ҳамаи фариштагони шаб ва фариштагони рӯз ҳозир шаванд). (Сураи Исро, ояти 78). Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ва аммо дар рукуъ пас Парвардигори Азза ва Ҷалларо дар он ба бузургӣ ёд кунед ва аммо дар саҷда ба дуо бикӯшед, зеро сазовор аст, ки дуои шумо дар он мавриди пазириш қарор гирад.) Саҳеҳи Муслим.
Дуюм: Аллоҳ закотро бар мусалмонон фарз гардонидааст, чунонки Аллоҳ онро бар паёмбарон ва фиристодагони пешин (алайҳимус-салоту вас-салом) фарз гардонида буд ва он миқдори андаке аз мол аст, ки – мувофиқи шартҳо ва миқдорҳое, ки Аллоҳ муайян намудааст – дар моли сарватмандон воҷиб мебошад ва дар як сол як маротиба ба фақирон ва дигарон дода мешавад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои онон аст. Ва Аллоҳ Таъоло шунавову доност). (Сураи Тавба, ояти 103). Ва ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Муъоз (разияллоҳу анҳу)-ро ба Яман фиристод, ба ӯ гуфт: «Ту назди қавме меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, пас онҳоро даъват кун, то шаҳодат диҳанд, ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест ва ман фиристодаи Худоям. Агар онҳо дар ин амр аз ту пайравӣ карданд, ононро огоҳ кун, ки Худованд бар онҳо дар ҳар шабонарӯз панҷ вақт намозро фарз гардонидааст. Агар дар ин амр пайравӣ карданд, ононро огоҳ кун, ки Худованд дар амволашон садақаеро фарз намудааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда ва ба фуқарояшон дода мешавад. Пас, агар онҳо дар ин амр аз ту пайравӣ карданд, аз амволи гаронбаҳои онҳо барҳазар бош ва аз дуои мазлум битарс, зеро байни он ва Худованд пардае вуҷуд надорад.» Ривояти Тирмизӣ 625.
Сеюм: Аллоҳ Таъоло рӯзаро бар мусалмонон фарз гардонида аст, ҳамчунон ки Аллоҳ Таъоло онро бар паёмбарон ва фиристодагони пешин (алайҳимус-салоту вас-салом) фарз гардонида буд. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо воҷиб шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, низ воҷиб шуда буд; бошад, ки парҳезкор шавед). (Сураи Бақара, ояти 183). Рӯза, яъне худдорӣ намудан аз ботилкунандаҳо дар рӯзҳои моҳи Рамазон аст ва рӯза дар нафс ирода ва сабрро тарбия мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Худои Азза ва Ҷалла мефармояд: Рӯза аз барои Ман аст ва Ман бад-он подош медиҳам. Шаҳват ва хӯрдану нӯшидани худро ба хотири Ман тарк мекунад ва рӯза сипарест ва барои рӯзадор ду шодӣ аст: як шодӣ ҳангоме ки ифтор мекунад ва як шодӣ ҳангоме ки бо Парвардигораш мулоқот мекунад." Саҳеҳи Бухорӣ 7492.
Чаҳорум: Худованд ҳаҷро бар мусулмонон фарз гардонидааст, чунончи, онро бар паёмбарон ва фиристодагони пешин (алайҳимус-салоту вас-салом) фарз гардонида буд. Аллоҳ Таъоло паёмбараш Иброҳими Халил (алайҳис-салом)-ро дастур дод то мардумро барои анҷом додани ҳаҷ нидо кунад. Аллоҳ Таъоло дар ин маврид фармудааст: (Ва байни мардум барои [адои] ҳаҷ нидо бидеҳ, то пиёда ва [савор] бар ҳар [василаи сафар ё] шутури лоғаре аз ҳар роҳи дуре ба сӯят биёянд). (Сураи Ҳаҷ, ояти 27). Ва Худованд ба ӯ амр кард, ки Байтулатиқро барои ҳоҷиён покиза дорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки маҳалли хона [-и Каъба]-ро барои Иброҳим таъйин кардем [ва гуфтем], ки: «Чизеро шарики Ман қарор надеҳ ва хонаамро барои тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукуъкунандагон [ва] cаҷдакунандагон пок гардон») (Сураи Ҳаҷ, ояти 26).
Ҳаҷ: қасди рафтан ба хонаи Аллоҳ дар Маккаи Мукаррама барои анҷом додани амалҳои маълум аст, ки дар умр як бор бар касе, ки қодиру тавоно аст, фарз мебошад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ Таъоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ Таъоло аз ҷаҳониён бениёз аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 97). Ва дар ҳаҷ ҳоҷиёни мусалмон дар як макон ҷамъ омада, ибодатро барои Холиқ Субҳонаҳу холисона анҷом медиҳанд ва ҳамаи ҳоҷиён маросимҳои ҳаҷро ба таври яксон адо мекунанд, ки дар он тафовутҳои муҳит, фарҳанг ва сатҳи зиндагӣ аз байн мераванд.
24- Яке аз бузургтарин вижагиҳои ибодот дар Ислом ин аст, ки равиш, замон ва шартҳои он аз ҷониби Худои Мутаъол машруъ гашта ва аз ҷониби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонида шудааст ва то ин замон касе бар он кам ва ё изофа накардааст. Тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом) ба адои ин ибодатҳои бузург даъват кардаанд.
Яке аз бузургтарин вижагиҳои ибодот дар Ислом ин аст, ки равиш, замон ва шартҳои он аз ҷониби Худои Мутаъол машруъ гашта ва аз ҷониби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонида шудааст ва то ин замон касе бар он кам ва ё изофа накардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, ба он чи ба ту ваҳй мешавад, тамассук биҷӯ, ки бе гумон, бар роҳи рост қарор дорӣ). (Сураи Зухруф, ояти 43). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи намоз мефармояд: (Пас, чун намозро ба поён расонидед, Аллоҳро [дар ҳама ҳол] истода ва нишаста ва бар паҳлу хуфта [хобида] ёд кунед; ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст). (Сураи Нисо, ояти 103). Ва Худованди Мутаъол дар бораи мавориди масрафи закот мефармояд: (Садақот [ва закот] ихтисос дорад ба фақирон [-и тиҳидаст] ва мустамандон [-и тангдаст] ва коргузорон [-и ҷамъоварӣ ва тавзеи] он ва дилҷӯишудагон [тозамусулмон] ва барои [озод кардани] бардагон ва [пардохти воми] қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ Таъоло ва [кумак ба] дарроҳмондагон. [Ин] Фаризаи [муқарраршуда] аз ҷониби Аллоҳ Таъоло аст ва Аллоҳ Таъоло донои ҳаким аст). (Сураи Тавба, ояти 60). Инчунин Аллоҳ Таъоло дар бораи рӯза мефармояд: (Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]. Аллоҳ Таъоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то [битавонед рӯзадорӣ дар моҳи рамазон]-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; бошад, ки шукр гузоред). (Сураи Бақара, ояти 185). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи ҳаҷ фармудааст: ([Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад, [бояд бидонад, ки] дар ҳаҷ, омезиши ҷинсӣ ва [иртикоби] гуноҳ ва даргирӣ [ва ҷидол раво] нест ва он чи аз корҳои нек анҷом медиҳед, Аллоҳ Таъоло онро медонад; ва [хӯроку пӯшоки мавриди ниёзи ҳаҷро барои худ фароҳам кунед ва] тӯша баргиред, [вале ба ёд дошта бошед, ки] ба ростӣ, беҳтарин тӯша парҳезкорист ва, эй хирадмандон, аз ман парво кунед). (Сураи Бақара, ояти 197). Ва ба ҳамаи ин ибодатҳои бузург тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом) мардумро фаро хондаанд.
25- Паёмбари Ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим аст. Ӯ дар соли 571 милодӣ дар Макка ба дунё омада ва дар ин шаҳри муборак ба паёмбарӣ мабъус шуд ва сипас ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат намуд. Ӯ дар бутпарастӣ ва амалҳои мушрикона бо қавми худ иштирок намекард, аммо дар корҳои хуб ва боарзиш бо онҳо буд. Ӯ қабл аз биъсат низ дорои ахлоқи нек ва бузург буд ва қавмаш ӯро "Амин" (амонатдор) меномиданд. Дар синни чилсолагӣ ба паёмбарӣ мабъус шуд ва Худованд ӯро бо муъҷизаҳои бузург таъйид фармуд, ки бузургтарини онҳо Қуръони Карим аст. Ва Қуръони Карим бузургтарин муъҷизае аст, ки ба паёмбарон дода шудааст ва ягона муъҷизаи паёмбарона аст, ки то замони мо боқӣ мондааст. Пас аз он ки Аллоҳ Таъоло ба воситаи ӯ динро комил намуд ва ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо беҳтарин шева ин динро иблоғ намуда, дар синни 63 солагӣ вафот кард ва дар Мадинаи Мунаввара ба хок супурда шуд. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хотами паёмбарон аст, ки Аллоҳ ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то мардумро аз торикиҳои куфр, бутпарастӣ ва ҷаҳолат ба сӯи нури тавҳид ва имон берун орад ва Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ӯро барои даъват ба сӯи Худ фиристодааст.
Паёмбари Ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим (алайҳис-салом) аст. Ӯ дар соли 571 милодӣ дар Макка ба дунё омада ва дар ин шаҳри муборак ба паёмбарӣ мабъус шуд ва ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат намуд. Қавмаш ӯро "Амин" меномиданд ва ӯ дар бутпарастӣ ва амалҳои мушрикона бо қавми худ иштирок намекард, аммо дар корҳои хуб ва боарзиш бо онҳо буд. Ӯ қабл аз биъсат низ дорои ахлоқи нек ва бузург буд. Парвардигораш ӯро ба ахлоқи бузург васф намудааст. Аллоҳ Таъоло дар бораи ӯ фармудааст: (Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ). (Сураи Қалам, ояти 4) Вақте ӯ ба синни чиҳил расид, Худованд ӯро ба паёмбарӣ мабъус намуд ва бо муъҷизаҳои бузург таъйид кард, ки бузургтарини онҳо Қуръони Карим аст. Паёмбари Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳеҷ паёмбаре аз паёмбарон набуд, магар ин ки ба ӯ нишона ва муъҷизаҳое дода шуд, ки башар ба монанди он имон овардааст. Ва он чизе, ки ба ман дода шудааст, фақат ваҳйест, ки Аллоҳ ба ман нозил фармудааст. Пас, умедворам, ки дар рӯзи қиёмат пайравонам аз ҳамаи онҳо бештар бошанд.» Саҳеҳ Бухорӣ. Ва Қуръони бузург ваҳйи Аллоҳ бар Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Аллоҳ Таъоло дар бораи он мефармояд: (Ин китобест, ки ҳеҷ тардиде [шакку гумоне] дар [китоби илоҳӣ будани] он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст). (Сураи Бақара, ояти 2). Ва Аллоҳ Таъоло дар ҷои дигар мефармояд: (Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз сӯйи [касе] ғайр аз Аллоҳ Таъоло буд, ҳатман, ихтилоф [ва таноқузи] бисёре дар он меёфтанд?) (Сураи Нисо, ояти 82). Аллоҳи Мутаъол ҷин ва инсро ба мубориза талабид, ки монанди онро биёранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар инсу ҷин [ҳамагӣ] ҷамъ шаванд, то ҳаммонанди ин Қуръонро биёваранд, [ҳаргиз] ҳаммонандашро нахоҳанд овард; ҳарчанд онон пуштибони якдигар бошанд») (Сураи Исро, ояти 88). Худованд онҳоро ба чолиш кашид, ки даҳ сура монанди он биёваранд. Аллоҳ Таъоло фармуд: (Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [китоб]-ро барсохтааст». Бигӯ: «Агар рост мегӯед, даҳ сура барсохта ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ Таъоло ҳар киро метавонед, ба ёрӣ бихонед») (Сураи Ҳуд, ояти 13). Балки Худованд онҳоро ба чолиш кашид, ки як сурае монанди он биёваранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ [Муҳаммад] нозил кардаем, дар шакку тардид ҳастед, агар рост мегӯед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Аллоҳ Таъоло – фаро хонед). (Сураи Бақара, ояти 23).
Қуръони Азим ягона муъҷизаи боқимонда аз муъҷизоти паёмбарон то имрӯз аст ва чун Худованд динро бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) комил кард ва ӯ онро бо беҳтарин ваҷҳ иблоғ намуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт ва дар Мадинаи набавӣ дафн карда шуд (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Ва паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хотами паёмбарон ва расулон аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ Таъоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора ба ҳар чизе доност). (Сураи Аҳзоб, ояти 40). Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Сифати ман ва сифати паёмбарони қабл аз ман мисли мардест, ки хонае бино кард, пас онро неку ва зебо сохт, магар ҷойи хиште аз гӯшае, пас мардум гирди он мегаштанд ва ба шигифт меомаданд ва мегуфтанд: Чаро ин хишт гузошта нашудааст? Фармуд: Пас, ман ҳамон хишт ҳастам ва ман охирини паёмбаронам.» Саҳеҳ Бухорӣ. Ва дар Инҷил Масеҳ (алайҳис-салом) ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башорат дода, фармуданд: (Санге, ки бинокорон онро рад карданд, он санги сари гӯша шуд. Оё ҳаргиз дар китобҳо нахондаед: Ясуъ ба онҳо гуфт, ин аз ҷониби Парвардигор буд ва дар чашмони мо аҷиб аст). Ва дар китоби Тавроте, ки имрӯз мавҷуд аст, дар он сухани Аллоҳ ба Мӯсо (алайҳис-салом) омадааст: (Барои онҳо паёмбареро аз миёни бародаронашон монанди ту бармеангезам ва каломи Худро дар даҳони ӯ мегузорам, пас бо онҳо ба ҳар он чи ба ӯ амр мекунам, сухан хоҳад гуфт).
Ва Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро Аллоҳ Таъоло бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод ва Аллоҳ Таъоло барои ӯ шоҳидӣ дод, ки ӯ бар ҳақ аст ва ин ки ӯро ба унвони даъваткунанда ба сӯи Худ ва бо хосташ фиристодааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар, кофирон паёматро инкор мекунанд] Вале Аллоҳ Таъоло ба [дурустии] он чи бар ту нозил кардааст, шаҳодат медиҳад. Онро ба илми хеш нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд. Ва [барои ҳаққонияти Қуръон] кофист, ки Аллоҳ Таъоло гувоҳ бошад). (Сураи Нисо, ояти 166). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ӯст, ки паёмбарашро бо [китоби] ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то [ҳаққонияти бартарии] онро бар ҳамаи адён ошкор гардонад; ва Аллоҳ Таъоло ба унвони гувоҳ кофӣ аст). (Сураи Фатҳ, ояти 28). Аллоҳ Таъоло ӯро бо ҳидоят фиристод, то мардумро аз торикиҳои бутпарастӣ, куфр ва ҷаҳолат ба сӯи нури тавҳид ва имон берун орад. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Аллоҳ Таъоло ба василаи ин [китоб] касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони Хеш ононро аз торикиҳо ба сӯйи рӯшноӣ мебарад ва ба роҳи рост ҳидояташон мекунад). (Сураи Моида, ояти 16). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда). (Сураи Иброҳим, ояти 1).
26- Шариати исломӣ, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, хотимаи рисолатҳои илоҳӣ ва шариъатҳои раббонӣ аст, шариъати комилкунандае, ки салоҳи дин ва дунёи мардум дар он аст. Ислом дар дараҷаи аввал дин, ҷон, мол, ақл ва фарзандони мардумро ҳифз мекунад ва он носих (ҳукман аз байн барандаи)-и шариъатҳои қаблӣ аст, чунончи, шариатҳои қаблӣ моқабли худро насх мекарданд.
Шариати исломӣ, ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, хотимаи рисолатҳои илоҳӣ ва шариъатҳои раббонӣ аст ва Худованд бо ин рисолат динро комил гардонидааст ва неъмат бар мардум бо биъсати Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тамом шудааст. Худованд мефармояд: (Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3).
Ва шариъати Ислом, шариъати комил аст ва салоҳи дин ва дунёи мардум дар он аст, зеро он тамоми он чиро, ки дар шариъатҳои қаблӣ буд, ҷамъ намуда, онҳоро комил ва пурра гардонидааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки барояшон подоше бузург [дар пеш] аст). (Сураи Исро, ояти 9). Ва шариати Ислом аз мардум борҳои гаронеро, ки дар умматҳои пешин буданд, бардошт. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Касоне, ки аз фиристода ва паёмбари дарснохонда [уммӣ] пайравӣ мекунанд, [ҳамон] ки ном [ва нишонаҳои] ӯро назди худ дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд, [ҳам ӯ] ки ононро ба некиҳо фармон медиҳад ва аз зиштиҳо [ва корҳои нописанд] бозашон медорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мегардонад ва палидиҳоро ба онон ҳаром мекунад ва бори гарони [таколифи шаръӣ]-ро, ки бар эшон будааст, аз [уҳдаи] онон бармедорад. Пас, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва гиромияш доштанд ва ёриаш карданд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шудааст, пайравӣ намуданд, ононанд, ки растагоранд») (Сураи Аъроф, ояти 157).
Инчунин шариъати Ислом носихи шариъатҳои қаблӣ аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар, мо ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, [ки] тасдиқкунандаи китобҳои пешин аст ва мавриди эътимод [-и китобҳои осмонӣ ба унвони меъёре барои ҳақ ва ботил] аст. Пас, байни онон бар асоси он чи Аллоҳ Таъоло нозил кардааст, ҳукм кун ва ба ҷойи ҳақиқате, ки [аз ҷониби Қуръон] ба ту расидааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ макун. [Эй мардум] Мо барои ҳар яке аз шумо оину роҳи равшан қарор додем ва агар Аллоҳ Таъоло мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳид қарор медод, вале [Аллоҳ Таъоло мехоҳад] шуморо дар [мавриди] он чи ба шумо бахшидааст, биозмояд, пас, дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ Таъоло аст. Он гоҳ Ӯ аз он чи дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон месозад). (Сураи Моида, ояти 48). Қуръони Карим, ки шариъатро дар бар гирифтааст, тасдиқкунандаи китобҳои илоҳии пешин, ҳоким бар онҳо ва насхкунандаи онҳо мебошад.
27- Аллоҳ Таъоло дине ҷуз Ислом, ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, намепазирад ва ҳар ки дине ғайр аз Ислом қабул кунад аз ӯ пазируфта намешавад.
Аллоҳ Таъоло баъд аз биъсати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дине ҷуз Ислом, ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, намепазирад ва ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 85) Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар ҳақиқат, дини [писандида] назди Аллоҳ Таъоло ҳамон Ислом аст; ва касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд, магар пас аз он, ки илм барояшон [ҳосил] омад [ва ҳуҷҷат барояшон тамом шуд]. Он [ихтилоф ва тафриқа] ҳам ба хотири саркашӣ ва ҳасаде [буд], ки миёнашон вуҷуд дошт; ва ҳар ки ба оёти Аллоҳ Таъоло куфр биварзад, [бидонад, ки] Аллоҳ Таъоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 19). Ва ин Ислом ҳамон дини Иброҳими Халил (алайҳис-салом) аст. Аллоҳ Таъоло фармуд: (Ва чи касе ҷуз он ки худро ба [сабуксариву] нодонӣ меандозад аз оини Иброҳим рӯйгардон мегардад? Ва ба ростӣ, ки мо ӯро дар дунё баргузидем ва бе тардид дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд). (Сураи Бақара, ояти 130). Худованд дар ҷои дигар мефармояд: (Ва чи касе некоинтар аз касест, ки худро таслими Аллоҳ Таъоло карда ва накукор аст ва аз оини Иброҳими ҳақгаро пайравӣ намудааст? Ва Аллоҳ Таъоло Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид). (Сураи Нисо, ояти 125). Ва Аллоҳ ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуд, ки бигӯяд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст: дини пойдор [ва] оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд») (Сураи Анъом, ояти 161).
28- Қуръони Карим китобе аст, ки Аллоҳ Таъоло онро бар Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармудааст ва он сухани Парвардигори оламиён аст. Аллоҳ Таъоло дар Қуръони Карим ҷин ва инсро ба чолиш кашидааст, ки агар метавонанд монанди он ё яке аз сураҳои онро биёваранд ва ин чолиш ҳанӯз ва то замони мо боқист. Қуръони Карим ба пурсишҳои зиёди муҳим, ки мардумро дар ҳайрат гузоштааст, посух мегӯяд. Қуръони Карим ба ҳамон забони арабӣ, ки нозил шудааст то ин замон маҳфуз аст ва ҳеҷ ҳарфе аз он кам ва зиёд нашудааст ва чопу нашр мешавад. Қуръон як китоби бисёр бузург ва муъҷизаосое аст, ки арзиши хондан ва ё хондани тарҷумаи маъонии онро дорад. Ҳамонгуна, ки Суннат ва сирату таъолими Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз роҳи силсилаи ровиёни мувассақ ва бо ҳамон забони арабӣ, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо он сухан гуфтааст ва ба дигар забонҳо тарҷума шудааст, маҳфуз аст ва чопу нашр мешавад. Қуръони Карим ва Суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду сарчашмаи ягона барои аҳком ва шариъати исломӣ ҳастанд. Дин аз тасарруфоти афроди мансуб ба он гирифта намешавад, балки он аз ваҳйи илоҳӣ: Қуръони Карим ва Суннати набавӣ гирифта мешавад.
Қуръони Карим китобе аст, ки Аллоҳ Таъоло онро бар Паёмбари арабӣ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба забони арабӣ нозил фармуд ва он сухани Парвардигори оламиён аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст. (192) Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст. (193) Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ. (194) [Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]. (195) (Сураи Шуъаро, оятҳои 192-195). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар] яқинан, ту Қуръонро аз пешгоҳи [Парвардигори] ҳакими доно дарёфт мекунӣ). (Сураи Намл, ояти 6). Ва ин Қуръон аз ҷониби Аллоҳ нозил шудааст ва тасдиқкунандаи китобҳои илоҳии пешина аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва нашояд, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Аллоҳ Таъоло [ва] ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи китобҳоест, ки пеш аз он омадааст ва шарҳи [аҳкоми] онҳост ва тардид дар он нест [ва] аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён [нозил шуда] аст). (Сураи Юнус, ояти 37). Ва Қуръони Азим дар бештари масоиле, ки яҳудиён ва насрониён дар дини худ дар он ихтилоф доштанд, доварӣ мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе гумон, ин Қуръон бештар он чиро, ки Бани Исроил дар борааш ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад). (Сураи Намл, ояти 76). Ва Қуръони Азим далелҳо ва бурҳонҳоеро фаро мегирад, ки бо онҳо ҳуҷҷат бар тамоми мардум дар шинохти ҳақоиқи мутааллиқ ба Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, дини Ӯ ва ҷазои Ӯ қоим мегардад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар ин Қуръон аз ҳар [гуна] масале барои мардум овардаем, бошад, ки панд пазиранд). (Сураи Зумар, ояти 27). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусалмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст). (Сураи Наҳл, ояти 89).
Қуръони Карим ба пурсишҳои зиёди муҳим, ки миллионҳо мардумро дар ҳайрат гузоштааст, посух мегӯяд. Пас Қуръони Карим баён мекунад, ки чӣ гуна Аллоҳ осмонҳову заминро биёфарид. Худованд мефармояд: (Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?) (Сураи Анбиё, ояти 30). Ва чӣ гуна Аллоҳ инсонро офаридааст, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинанд, то] ба ниҳояти фартутӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад). [Сураи Ҳаҷ, ояти 5]. Ва бозгашти ӯ ба куҷост ва подошу ҷазои некӯкор ва бадкор пас аз ин зиндагӣ чӣ хоҳад буд? Қаблан зикри далелҳо бар ин масъала дар банди рақами (20) гузашт ва оё ин ҳастӣ тасодуфан пайдо шудааст ё барои ҳадафи волое офарида шудааст? Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи Аллоҳ Таъоло офаридааст, наменигаранд ва ин ки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?) (Сураи Аъроф, ояти 185). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?) (Сураи Муъминун, ояти 115).
Ва Қуръон ба ҳамон забоне, ки нозил шудааст, то имрӯз маҳфуз аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем. (Сураи Ҳиҷр, ояти 9). Аз он ягон ҳарфе кам нашудааст ва муҳол аст, ки дар он таноқуз, ноқисӣ ва ё табдил воқеъ шавад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз сӯйи [касе] ғайр аз Аллоҳ Таъоло буд, ҳатман, ихтилоф [ва таноқузи] бисёре дар он меёфтанд?) (Сураи Нисо, ояти 82). Он (Қуръон) чопу нашр мешавад ва як китоби бисёр бузург ва дорои муъҷиза аст, ки арзиши хондан, ё гӯш додан ба он ва ё хондани тарҷумаи маъонии онро дорад. Ҳамонгуна, ки Суннат ва сирату таъолими Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз роҳи силсилаи ровиёни мувассақ ва бо ҳамон забони арабӣ, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо он сухан гуфтааст ва ба дигар забонҳо тарҷума шудааст, маҳфуз аст ва чопу нашр мешавад. Қуръони Карим ва Суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду масдар ва сарчашмаи ягона барои аҳком ва шариъати исломӣ ҳастанд. Дин аз тасарруфоти афроди мансуб ба он гирифта намешавад, балки он аз ваҳйи илоҳии маъсум: Қуръони Карим ва Суннати набавӣ гирифта мешавад. Аллоҳ Таъоло дар шаъни Қуръон мефармояд: (Касоне, ки ин Қуръонро, ки барои [ҳидоят] – ашон омадааст, инкор кардаанд [дар қиёмат азоб хоҳанд шуд]. Ин [каломи илоҳӣ] китобе аст шикастнопазир, ки ботил ба он аз пеш ва аз пас намеояд. Ин [каломи илоҳӣ] нозилшуда аз ҷониби [Худованди] ҳаким ва ҳамдшуда аст). (Сураи Фуссилат, оятҳои 41-42). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи суннати набавӣ ва ин ки он ваҳй аз ҷониби Аллоҳ аст, мефармояд: (Ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ Таъоло парво кунед, ки Аллоҳ Таъоло сахткайфар аст). (Сураи Ҳашр, ояти 7).
29- Ислом ба некӣ кардан ба волидон, агар ҳам ғайри мусалмон бошанд ва ба тавсия дар мавриди фарзандон, дастур додааст.
Ислом ба некӣ кардан ба волидон дастур додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ») (Сураи Исро, ояти 23). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст») (Сураи Луқмон, ояти 14). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба инсон супориш кардем, ки дар мавриди падару модараш ба шоистагӣ некӣ кунад, [ба вижа] модар, ки ба душворӣ бори ҳамли ӯро бар уҳда дорад ва бо душворӣ вазъи ҳамл мекунад ва [даврони] бордорӣ ва ширхорагиаш [ҷамъан ҳудуди] сӣ моҳ аст. [Ӯ парвариш меёбад] то ба ҳадди рушд бирасад ва дар чиҳилсолагӣ [ки тавони ҷисмӣ ва зеҳниаш комил аст] мегӯяд: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам, ки аз он хушнуд гардӣ ва фарзандонамро шоиста гардон. Ба даргоҳат [тавба намуда ва] бозгаштаам ва таслими [фармонат] ҳастам») (Сураи Аҳқоф, ояти 15). Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде ба ҳузури Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада, гуфт: Ё Расулаллоҳ, кадом кас ба хушрафториам сазовортар аст? Он Ҳазрат фармуд: "Модарат". Гуфт: Боз кӣ? Фармуд: "Баъд аз он модарат". Гуфт: Боз кӣ? Фармуд: "Баъд аз он модарат". Гуфт: Боз кӣ? Фармуд: "Баъд аз он падарат". Саҳеҳ Муслим.
Ва ин дастур ба тавсия дар мавриди волидон аст, хоҳ мусалмон бошанд ё ғайри мусалмон. Аз Асмоа духтари Абубакр ривоят шуда, ки гуфт: Модарам дар замони Қурайш ва муддати онҳо, ҳангоме ки бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳд баста буданд, ҳамроҳи писараш дар ҳоле ки мушрик буд, ба хона омад. Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фатво талабида гуфтам: Модарам наздам омада, дар ҳоле ки тамаъ дорад, ба ӯ кумак намоям, оё ба ӯ кумак намоям? Фармуд: "Бале, пайвандатро бо модарат устувор дор ва ба ӯ кумак кун". Саҳеҳ Бухорӣ. Балки агар падару модар талош ва кӯшиш кунанд, ки фарзанд аз Ислом ба куфр баргардад, пас Ислом ба ӯ дастур медиҳад, ки дар чунин ҳолат аз онон итоат накунад ва ба Худованд муъмин боқӣ бимонад ва дар ҳаққи онҳо некукорӣ кунад ва бо онон рафтори шоиста намояд. Худованд мефармояд: (Ва агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам). (Сураи Луқмон, ояти 15).
Ислом мусалмонро аз некӣ кардан ба хешовандони мушрикаш ва ё ғайри хешовандонаш, агар бо ӯ дар ҳоли ҷанг набошанд, манъ намекунад. Худованди Мутъаол мефармояд: (Аллоҳ Таъоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло адолатпешагонро дӯст медорад). (Сураи Мумтаҳана, ояти 8).
Ва Ислом ба тавсия дар мавриди фарзандон дастур медиҳад ва бузургтарин чизе, ки Ислом падарро ба он амр мекунад, ин аст, ки ба фарзандонаш ҳуқуқи Парвардигорашонро таълим диҳад. Чунончи, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба писарамакаш Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) фармуданд: «Эй ҷавон ё эй писарак, оё туро якчанд панде наомӯзам, ки Худо туро ба воситаи онҳо нафъ расонад? Гуфтам: Бале. Гуфт: "(ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар баробарат биёбӣ. Дар ҳангоми осоиш Худоро бишнос, то дар сахтиҳо туро бишносад ва ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун ва ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ, аз Худо ёрӣ биҷӯ.» Ривояти Аҳмад 4/287.
Ва Худованд падару модарро фармон додааст, ки ба фарзандони худ чизеро, ки дар корҳои дину дунёяшон ба онҳо нафъ мерасонад, биёмӯзонанд. Худованд мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуму сангҳост нигаҳ доред; [оташе, ки] бар он фариштагони хашин ва сахтгир [гуморида шудаанд], ки ҳаргиз аз Аллоҳ Таъоло дар [мавриди] он чи ба онон фармон дода, нофармонӣ намекунанд ва ҳар чи фармон меёбанд, анҷом медиҳанд. (Сураи Таҳрим, ояти 6). Ва аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки дар бораи ин фармудаи Худованди Таъоло: "худ ва хонаводаатонро аз оташе нигаҳ доред." мегӯяд: "Ба онҳо адаб омӯзед, ба онҳо таълим диҳед." Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба падар амр намудаанд, ки ба фарзандаш намозро таълим диҳад, то бар он тарбия ёбад. Дар ин маврид Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: (Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед). Ривояти Абудовуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳамаи шумо чӯпонед ва ҳамаи шумо масъули раияти хешед. Имом чӯпон аст ва масъули раияти хеш аст ва мард дар хонаводааш чӯпон аст ва ӯ масъули раияти хеш аст ва зан дар хонаи шавҳараш чӯпон аст ва масъули раияти хеш аст ва хидматгор дар моли хоҷааш чӯпон аст ва масъули раияти хеш аст ва ҳамаи шумо чӯпонед ва масъули раияти хешед» Саҳеҳ ибни Ҳиббон 4490.
Ва Ислом падарро ба нафақа кардан бар фарзандон ва аҳли оилааш дастур додааст ва қаблан дар ин маврид дар банди рақами (18) зикр шуда буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати нафақа бар фарзандонро баён карда, фармуданд: «Беҳтарин диноре, ки мард масраф мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад ва динорест, ки мард бар маркабаш дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва динорест, ки бар ёронаш дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад.» Абуқилоба гуфт: "Ва аз хонавода шуруъ кард, сипас Абуқилоба гуфт: Подоши чӣ касе бузургтар аз подоши касе аст, ки бар фарзандони кӯчакаш инфоқ кунад ва ин гуна ононро покдоман тарбият кунад, ё Аллоҳ ба василаи ӯ ононро нафъ бирасонад ва бениёзашон гардонад." Саҳеҳи Муслим 994.
30- Ислом ба адолат дар гуфтор ва кирдор, ҳатто бо душманон низ амр намудааст.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар афъолу тадбираш миёни бандагонаш бо адолат ва инсоф мавсуф аст ва Ӯ дар он чи ба он амр намуда ва аз он манъ кардааст ва дар он чи офарида ва муқаддар намудааст, бар роҳи рост мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 18). Ва Худованд ба адолат амр мекунад, Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Парвардигорам ба адолат фармон додааст») (Сураи Аъроф, ояти 29). Ва ҳамаи расулон ва паёмбарон (алайҳимус-салоту вас-салом) барои барпо кардани адолат омаданд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд). (Сураи Ҳадид, ояти 25). Ва мизон, ин адолат дар гуфтору амал аст.
Ва Ислом ба адолат дар гуфтор ва кирдор, ҳатто бо душманон низ амр намудааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, барподорандаи адолат бошед [ва] барои Аллоҳ Таъоло шаҳодат диҳед, агарчи ба зиёни худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад. Агар [яке аз ду тарафи даъво] тавонгар ё ниёзманд бошад, [боз ҳам] Аллоҳ Таъоло [аз шумо] ба он ду нафар сазовортар аст, пас, аз ҳавои нафс пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ] мунҳариф мешавед. Ва агар забонро бигардонед, [ва ҳақро таҳриф кунед] ё [аз изҳори он] худдорӣ намоед, мусалламан, Аллоҳ Таъоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст). (Сураи Нисо, ояти 135). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([мабодо] душмании гурӯҳе, ки шуморо аз масҷидулҳаром боз доштанд, ба тааддӣ ва таҷовуз водоратон кунад. Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ Таъоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло сахткайфар аст). (Сураи Моида, ояти 2). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ Таъоло ба адл бархезед, [ва] ба адолат шаҳодат диҳед. Ва албатта, набояд душмании як гурӯҳ шуморо бар он дорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки ин [кор] ба парҳезкорӣ наздиктар аст). (Сураи Моида, ояти 8). Пас, оё имрӯз дар қонунҳои миллатҳо ё дар динҳои мардум чунин амр ба шаҳодати ҳақ ва гуфтани ростӣ, ҳатто агар бар зидди нафс, падару модар ва наздикон бошад ва амр ба адолат бо душман ва дӯстро, пайдо мекунед?
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба адолат кардан миёни фарзандон амр фармудааст. Аз Омир ривоят аст, гуфт: Шунидам, ки Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳумо) дар ҳоле ки бар минбар буд, мегуфт: Падарам ба ман ҳадяе дод. Амра духтари Равоҳа гуфт: Ман розӣ намешавам, то он гоҳ ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро гувоҳ бигирӣ. Пас назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Ман ба ин писарам аз Амра духтари Равоҳа ҳадяе додаам ва ӯ ба ман амр кард, ки туро, эй Расули Худо, гувоҳ бигирам. Фармуд: "Оё ба ҳамаи фарзандонат мисли инро додаӣ?" Гуфт: На. Фармуд: "Аз Худо битарсед ва миёни фарзандонатон адолат кунед." Гуфт: Пас бозгардида ва ҳадяашро бозпас гирифт. Саҳеҳ Бухорӣ 2587.
Зеро кори мардум ва давлатҳо ҷуз бо адолат барпо намешавад ва мардум бар дин, хун, фарзандон, обрӯву номус, амвол ва ватанҳои худ ҷуз бо адолат эмин намебошанд. Аз ин рӯ, мебинем, ки ҳангоме кофирони Макка мусалмононро дар Макка дар тангно қарор доданд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо амр намуд, ки ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд ва сабаби онро чунин баён кард, ки онҷо подшоҳи одил аст, ки касе назди ӯ зулм намешавад.
31- Ислом ба некӣ кардан ба ҳама мардум амр мекунад ва ба ахлоқи шоиста ва корҳои нек даъват мекунад.
Ислом ба некӣ кардан ба ҳама мардум амр мекунад. Худованди Таъоло мефармояд: (Дар ҳақиқат, Аллоҳ Таъоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад). (Сураи Наҳл, ояти 90). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Он касоне, ки дар [ҳангоми] тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва аз мардум дармегузаранд; ва Аллоҳ Таъоло накукоронро дӯст медорад). (Сураи Оли Имрон, ояти 134). Инчунин Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳаройина, Худованд бар ҳама чиз некӯию эҳсон карданро воҷиб гардонидааст. Вақте ки қатл кардед, қатлро некӯ анҷом диҳед, вақте ки забҳ кардед, забҳро некӯ анҷом диҳед. (Вақти забҳи ҳайвон) Бояд ҳар кадоми шумо корди худро тез кунад ва бояд ҳайвонро аз азоб кашидан наҷот диҳад.» Саҳеҳи Муслим 1955.
Ислом ба ахлоқи накӯ ва амалҳои нек даъват мекунад. Аллоҳ Таъоло дар васфи Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар китобҳои пешин мефармояд: (Касоне, ки аз фиристода ва паёмбари дарснохонда [уммӣ] пайравӣ мекунанд, [ҳамон] ки ном [ва нишонаҳои] ӯро назди худ дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд, [ҳам ӯ] ки ононро ба некиҳо фармон медиҳад ва аз зиштиҳо [ва корҳои нописанд] бозашон медорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мегардонад ва палидиҳоро ба онон ҳаром мекунад ва бори гарони [таколифи шаръӣ]-ро, ки бар эшон будааст, аз [уҳдаи] онон бармедорад. Пас, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва гиромияш доштанд ва ёриаш карданд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шудааст, пайравӣ намуданд, ононанд, ки растагоранд») (Сураи Аъроф, ояти 157). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Эй Оиша, ҳамоно Худованд меҳрубон (нармхӯ) аст ва нармиро дӯст медорад ва дар баробари нармрафторӣ савобе медиҳад, ки ба дуруштрафторӣ ва дигар корҳо намедиҳад.» Саҳеҳи Муслим 2593 . Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Худованд бар шумо озори падару модар ва зинда ба гӯр кардани духтарон ва надодани он чиро, ки бар шумо воҷиб аст ва талаби он чиро, ки аз шумо нест, ҳаром кардааст ва барои шумо гуфтугӯи зиёд ва суоли бисёр ва зоеъ кардани молро намеписандад». Саҳеҳ Бухорӣ 2408. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ба биҳишт ворид намешавед, то муъмин шавед ва муъмин шумурда намешавед, то ба ҳамдигар дӯстӣ кунед. Оё раҳнамоӣ накунам шуморо ба он чи ки ҳар гоҳ онро ба ҷой оваред, бо ҳам дӯстӣ мекунед? Салом доданро дар миёни хеш паҳн кунед». Саҳеҳ Муслим 54.
32- Ислом ба ахлоқи шоиста, монанди: ростқавлӣ, амонатдорӣ, покдоманӣ, ҳаё, шуҷоат, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, ёрӣ ба бенавоён, сер кардани гуруснагон, ҳамсоядорӣ, нигоҳ доштани пайванди хешутаборӣ ва меҳрубонӣ бо ҳайвонот, амр мекунад.
Ислом ба ахлоқи шоиста амр мекунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: (Барои ба камол расондани ахлоқи неку ва гиромӣ фиристода шудаам.) Саҳеҳ ал-Адаб ал-Муфрад 207. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ҳароина, аз маҳбубтарини шумо назди ман ва наздиктарини шумо ба ман дар рӯзи қиёмат аз ҷиҳати ҷойгоҳ, хушахлоқтарини шумост. Ва ҳароина, аз нописандтарини шумо назди ман ва дуртарини шумо аз ман дар рӯзи қиёмат аз ҷиҳати ҷойгоҳ, пургӯён, лофзанҳо ва мутафайҳиқонанд. Гуфтанд: пургӯён ва лофзанҳоро донистем, аммо мутафайҳиқон кистанд? Фармуд: Мутакаббирон.) Силсилаи саҳеҳа 791. Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) гуфт: "Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯи сиришт бадгуфтору бадкирдор набуданд ва на онро (худ) қасдан анҷом медоданд (ва на ҳам чизе эшонро бад-он вомедошт)" ва мефармуд: (Аз ҷумлаи беҳтарини шумо касонеанд, ки ахлоқашон некутар аст). Саҳеҳи Бухорӣ 3559. Ва дигар ояту ҳадисҳое, ки ба он далолат мекунанд, ки Ислом ба таври умум ба ахлоқи наҷиб ва корҳои нек ташвиқ мекунад.
Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Ислом ба он амр мекунад: ростгӯӣ аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: (Бар шумо ростгӯӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некукорӣ раҳнамоӣ мекунад ва некукорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно шахс рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (бисёр ростгӯ) навишта шавад.) Саҳеҳи Муслим 2607.
Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Ислом ба он амр мекунад: адои амонат аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро [ба таври комил] ба соҳибонашон бозгардонед). (Сураи Нисо, ояти 58).
Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки ислом ба он амр мекунад: иффату покдоманӣ аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Се нафаранд, ки ёрӣ додани онҳо бар Аллоҳ ҳақ аст: ва аз ҷумлаи онҳо шахсест, ки бо мақсади покдоманӣ издивоҷ мекунад.» Сунани Тирмизӣ 1655. Ва аз ҷумла дуоҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигоро, ман аз Ту ҳидоят ва тақво ва худдорӣ аз гуноҳ ва бениёзиро дархост мекунам.» Саҳеҳи Муслим 2721.
Ва аз ҷумлаи он чи Ислом ба он амр мекунад, ҳаё аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳаё ҷуз хайр чизеро ба бор намеоварад." Саҳеҳи Бухорӣ 6117. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар дине ахлоқе дорад ва ахлоқи Ислом ҳаё аст.» Ривояти Байҳақӣ дар Шуъабул-имон 6/2619.
Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Ислом ба он амр мекунад, шуҷоат аст. Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) некутарини мардум, ҷасуртарини мардум ва саховатмандтарини мардум буд ва ба таҳқиқ аҳли Мадина замоне ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор бар аспе аз онҳо пешӣ гирифта буд, ба ваҳшат афтоданд.» Саҳеҳи Бухорӣ 2820. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарс ба Худо паноҳ меҷӯст ва мефармуд: "Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҷубн" (Бор илоҳо! ман аз тарсуӣ ба Ту паноҳ мебарам). Саҳеҳи Бухорӣ 6374 .
Ва аз ҷумлаи он чи Ислом ба он дастур медиҳад, бахшиш ва саховатмандӣ аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Масали [аҷру савоби] касоне, ки амволи худро дар роҳи Аллоҳ Таъоло инфоқ мекунанд, ҳаммонанди донаест, ки ҳафт хӯша мерӯёнад, ки дар ҳар хӯша сад дона аст; ва Аллоҳ Таъоло барои ҳар ки бихоҳад, [подошашро] чанд баробар мекунад ва Аллоҳ Таъоло кушоишгару доност). (Сураи Бақара, ояти 261). Ва ахлоқи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандӣ буд. Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон дар хайру хубиҳо буданд ва дар моҳи Рамазон ҳангоме, ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд ва Ҷабраил (алайҳис-салом) ҳар шаби моҳи Рамазон бо ӯ мулоқот мекард, то ба поён расидани он ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръонро ба ӯ арза мекарданд. Пас, ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) бо ӯ мулоқот мекард, саховатмандиаш дар хайру хубиҳо аз боди вазанда дида бештар буд». Саҳеҳ Бухорӣ 1902.
Ва аз ҷумлаи корҳое, ки Ислом ба он амр мекунад, ёрӣ ба бенавоён, фарёдрасии дармондагон, сер кардани гуруснагон, ҳамсоядорӣ, нигоҳ доштани пайванди хешутаборӣ ва меҳрубонӣ бо ҳайвонот мебошад. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амал дар Ислом беҳтар аст? Фармуд: "ин ки таом диҳӣ ва ба ҳар кас хоҳ бишносӣ ё нашносӣ, салом кунӣ". Саҳеҳи Бухорӣ 12. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд : «Марде дар роҳе мерафт, сахт ташна шуд ва чоҳеро дид ва дар он фурӯ шуд ва об ошомид ва баъд аз он берун шуд, ногаҳон сагеро дид, ки аз шиддати ташнагӣ забон аз комаш баромада буд ва аз ташнагӣ хокро мехӯрд. Бо худ гуфт: ин саг ҳам мисли ман ташна шуда, пас ӯ ба чоҳ даромад ва мӯзаи худро пур карда, онро ба даҳони худ гирифт ва сагро сероб кард. Худованд музди ин амалро дода ва ӯро омурзид». Гуфтанд: Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! Оё мо дар некӣ ба ҳайвонот подош мегирем? Фармуд: «Бале, дар некӣ ба ҳар мавҷуди зиндае аҷру савоб аст.» Саҳеҳ ибни Ҳиббон 544. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Касе, ки бевазан ва мискинро нигаҳбонӣ мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад.» Саҳеҳи Бухорӣ 5353.
Ислом бар ҳуқуқи хешовандон таъкид мекунад ва нигоҳ доштани пайванди хешовандиро воҷиб мегардонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Паёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ва дар китоби Аллоҳ Таъоло, хешовандон [дар ирс бурдан аз якдигар] нисбат ба муъминон ва муҳоҷирон авлавият доранд [ва милоки ирс, хешовандӣ аст на имон]; магар ин ки [бихоҳед] ба дӯстонатон некӣ кунед [ва бахше аз амволатонро ба эшон бидиҳед]. Ин [ҳукм] дар он китоб [Лавҳи маҳфуз] навишта шудааст). (Сураи Аҳзоб, ояти 6). Ва аз буридани пайванди хешовандӣ барҳазар дошт ва онро бо табоҳӣ дар замин пайванд дод. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред? (22) Инон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло [бо дурӣ аз раҳмати хеш] лаънаташон кардааст, пас, [гӯши дили] эшонро кар ва чашми [дили] ононро кӯр сохтааст. (23) (Сураи Муҳаммад, ояти 22-23). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад, вориди биҳишт намешавад." Саҳеҳи Муслим 2556. Ва хешовандоне, ки силаи раҳм бо онҳо воҷиб аст, инҳоянд: падару модар, бародарон, хоҳарон, амакҳо, аммаҳо, тағоҳо ва холаҳо.
Инчунин Ислом ҳаққи ҳамсояро таъкид мекунад, ҳатто агар кофир бошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандону ятимон ва тиҳидастону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи ғайри хешованд ва ҳамнишину [мусофири] дар роҳмонда ва [канизону] бардагоне, ки молики онҳо ҳастед [некӣ кунед ва бидонед, ки] яқинан, Аллоҳ Таъоло касеро, ки мутакаббир ва фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад). (Сураи Нисо, ояти 36). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то он ҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард.) Саҳеҳи Абудовуд 5152.
33- Ислом ғизо ва нӯшобаҳои покизаро ҳалол қарор дода, ба пок нигоҳ доштани қалб, бадан ва хона амр намудааст. Аз ин рӯ, никоҳро аз ҷумлаи умури ҳалол эълом доштааст. Чунончи, тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом) ба ин кор амр фармудаанд ва паёмбарон ҳамеша ба умури нек ҳидоят мекунанд.
Инчунин Ислом ғизо ва нӯшобаҳои покизаро ҳалол қарор додааст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿; ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред ва Худоро шукр гӯед, агар танҳо Ӯро мепарастед﴿ (то охири оят). Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таом, либос ва шаробаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!» Саҳеҳи Муслим 1015. Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Либос [-у зинатҳо]е-ро ки Аллоҳ Таъоло барои бандагонаш падид оварда ва [ҳамчунин] рӯзиҳои покизаро чи касе ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд, [ва агар чи кофирон низ аз онҳо баҳраманданд] рӯзи қиёмат махсус [-и муъминон] хоҳад буд. Мо инчунин оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем). (Сураи Аъроф, ояти 32).
Ва низ Ислом ба пок нигоҳ доштани қалб, бадан ва хона амр намудааст. Аз ин рӯ, никоҳро аз ҷумлаи умури ҳалол эълом доштааст, чунончи, паёмбарон ва фиристодагон (алайҳимус-салом) амр фармудаанд ва паёмбарон ҳамеша ба умури нек ҳидоят мекунанд. Худованди Мутаъол дар ин маврид фармудааст: (Ва Аллоҳ Таъоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ Таъоло носипосӣ мекунанд?) (Сураи Наҳл, ояти 72). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ва ҷомаро покиза бидор! (4 Ва аз палидӣ дурӣ кун! (5) (Сураи Муддассир, оятҳои 4-5). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Он ки дар дилаш ба андозаи заррае кибр бошад, ба биҳишт дохил намешавад. Марде гуфт: Ҳароина, шахс дӯст медорад, ки ҷома ва кафшаш зебо бошад, фармуд: Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад, аммо кибр, саркашӣ дар баробари ҳақ ва хор шумурдани мардум аст." Саҳеҳи Муслим 91.
34- Ислом ҳаромҳои бунёдӣ, монанди: ширк ба Аллоҳ, куфр, бутпарастӣ, бе илм дар бораи Аллоҳ сухан гуфтан, куштани фарзанд, қатл, паҳн кардани фасод дар замин, ҷодӯгарӣ, фаҳшои зоҳирӣ ва ботинӣ, зино ва ливотаро ҳаром қарор додааст. Рибо, гӯшти худмурда ва он чи барои бутҳо забҳ мешавад, гӯшти хук, наҷосатҳо ва ифлосиҳо ҳароманд, ҳамонгуна ки хӯрдани моли ятим, фиреб дар тарозу ва андоза ва қатъи пайванди хешовандиро ҳаром гардонидааст. Паёмбарон (алайҳимус-салом) ҳама бар ҳаром будани онҳо иттифоқи назар доранд.
Ислом ҳаромҳои бунёдӣ, монанди: ширк ба Аллоҳ, куфр, бутпарастӣ, бе илм дар бораи Аллоҳ сухан гуфтан ва куштани фарзандро ҳаром қарор додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: «Биёед он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: Ин ки чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандони худро аз [тарси] тангдастӣ накушед. Мо ба шумо ва онон рӯзӣ медиҳем ва ба корҳои зишт, чи ошкор ва чи ниҳон, наздик нашавед ва касеро, ки Аллоҳ Таъоло [қатлашро] ҳаром кардааст ҷуз ба ҳақ накушед. Ин аст [он чи Аллоҳ Таъоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки биандешед. Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба беҳтарин шакл [ки ба суду салоҳи ӯ бошад], то ба синни [булуғ ва] рушди худ бирасад ва [санҷиши] паймона ва тарозуро ба адолат комил кунед. Мо ҳеҷ касеро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем ва ҳангоме ки сухан мегӯед [ё гувоҳӣ медиҳед], пас, адолатро риоя кунед, ҳарчанд, [дар бораи] хешованд бошад ва ба аҳду паймони Аллоҳ Таъоло вафо кунед. Ин аст [он чи Аллоҳ Таъоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки панд гиред). (Сураи Анъом, оятҳои 151-152). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ Таъоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ Таъоло нисбат диҳед») (Сураи Аъроф, ояти 33).
Ислом куштани инсонро, ки ҷонаш гиромӣ аст, ҳаром кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ва касеро, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед; ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, ба валии ӯ қудрат [ва ҳаққи қисос] додаем; пас, вай низ набояд дар [кайфари] қатл зиёдаравӣ кунад. Бе тардид, ӯ [валии дам] таҳти ҳимоя [-и Аллоҳ Таъоло ва шаръи муқаддас] қарор дорад). (Сураи Исро, ояти 33). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад). (Сураи Фурқон, ояти 68).
Ва Ислом фасодкориро дар замин ҳаром кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва дар замин пас аз ислоҳаш фасод накунед). (Сураи Аъроф, ояти 56). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи паёмбар Шуъайб (алайҳис-салом) хабар додааст, ки ба қавмаш гуфт: (Эй қавми ман, Аллоҳ Таъолоро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Бе тардид, далеле аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо омадааст. Пас, чену вазнро ба пуррагӣ адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам надиҳед ва пас аз ислоҳаш дар замин фасод накунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар мӯъмин бошед). (Сураи Аъроф, ояти 85).
Ислом сеҳру ҷодуро низ ҳаром кардааст. Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад») (Сураи Тоҳо, ояти 69). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед. Гуфтанд: Эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хӯрдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани муъмини ноогоҳ". Саҳеҳи Бухорӣ 6857.
Ислом фаҳшои зоҳири ва ботинӣ, зино ва ливотаро ҳаром қарор додааст ва дар аввали ин банд зикри оятҳое, ки бар он далолат мекунанд, гузашт ва Ислом риборо ҳаром намудааст, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед [битарсед] ва агар муъмин ҳастед, он чиро, ки аз [мутолиботи] рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед. (278) Агар [чунин] накардед, бидонед, ки Аллоҳ Таъоло ва расулаш бо шумо пайкор хоҳанд кард; ва агар тавба кардед, асли сармояҳоятон аз они шумост; на [бо гирифтани суди сармояатон ба касе] ситам мекунед ва на [бо чашмпӯшӣ аз он суди ҳаром] бар шумо ситам меравад. (279) (Сураи Бақара, оятҳои 278-279). Ва Аллоҳ ба ҳеҷ гунаҳкоре бо ҷанг ваъдаи азоб надодааст, чуноне ки ба рибохӯр ваъдаи азоб додааст; зеро дар рибо харобии динҳо, ватанҳо, молҳо ва ҷонҳо вуҷуд дорад.
Ислом хӯрдани худмурда ва он чиро, ки барои бутҳо ва санамҳо забҳ шудааст, ҳаром гардонидааст ва гӯшти хукро ҳаром кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Инҳо ҳама] Бар шумо ҳаром шудааст: [Гӯшти] Мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чи [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ Таъоло бар он бурда шавад ва [ҳайвони ҳалолгӯшти] хафашуда ва ба зарби [чӯбу санг] мурда ва азбаландиафтода ва шоххӯрдаву нимхӯрдаи [ҳайвоноти] дарранда – магар он чи [пеш аз мурдан] забҳ [-и шаръӣ] карда бошед – ва [ҳамчунин] он чи дар баробари бутҳо забҳ мешавад ва он чи бо чӯбҳои қуръа тақсим мекунед. Ва [ба яқин бидонед, ки рӯй овардан ба тамоми] инҳо нофармонӣ аст). (Сураи Моида, ояти 3).
Ва Ислом нӯшидани шароб ва дигар наҷосоту палидиҳоро ҳаром кард. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, шаробу қимор ва бутҳову тирҳои қуръакашӣ палид [ва] аз кор [-ҳои] шайтон ҳастанд, пас, аз онҳо дурӣ кунед, бошад, ки растагор шавед. (90) Дар ҳақиқат, шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёнатон душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ Таъоло ва аз намоз боздорад, пас, [эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқатро донистед] оё аз онҳо даст бармедоред? (91) (Сураи Моида, оятҳои 90-91). Ва пештар дар банди рақами (31) хабар додани Аллоҳ Таъоло зикр шуда буд, ки аз ҷумлаи сифатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Таврот ин аст, ки палидиҳоро бар онҳо ҳаром мегардонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Касоне, ки аз фиристода ва паёмбари дарснохонда [уммӣ] пайравӣ мекунанд, [ҳамон] ки ном [ва нишонаҳои] ӯро назди худ дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд, [ҳам ӯ] ки ононро ба некиҳо фармон медиҳад ва аз зиштиҳо [ва корҳои нописанд] бозашон медорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мегардонад ва палидиҳоро ба онон ҳаром мекунад ва бори гарони [таколифи шаръӣ]-ро, ки бар эшон будааст, аз [уҳдаи] онон бармедорад). (Сураи Аъроф, ояти 157).
Ва Ислом хӯрдани моли ятимро ҳаром кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй сарпарастон] амволи ятимонро [пас аз булуғу рушд] ба эшон бозгардонед ва [моли камарзишу] номарғуб [-и худ]-ро бо [моли арзишманду] марғуб [-и онон] иваз накунед ва амволи эшонро ҳамроҳи амволи худ нахӯред. Ба ростӣ, ки ин [кор] гуноҳи бузурге аст). (Сураи Нисо, ояти 2). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар ҳақиқат, касоне, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташ дар шиками хеш фурӯ мебаранд ва ба зудӣ ба оташе барафрӯхта дармеоянд). (Сураи Нисо, ояти 10).
Ислом камфурӯширо дар паймона ва вазн ҳаром кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Вой бар камфурӯшон! (1) Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд. (2) Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд. (3) Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд. (4) (Сураи Мутаффифин, оятҳои 1-4).
Ислом қатъи пайванди хешовандиро ҳаром гардонидааст ва зикри оятҳо ва ҳадисҳое, ки бар он далолат мекунанд, пештар дар банди рақами (31) гузашт ва паёмбарону фиристодагон (алайҳимус-салом) ҳама бар ҳаром будани онҳо иттифоқи назар доранд.
35- Ислом аз ахлоқи бад ва мазмума, ба монанди: дурӯғ, фиребкорӣ, ғадр, хиёнат, фиреб, ҳасад, макр, дуздӣ, ситам, беадолатӣ ва тамоми рафторҳои ношоиста наҳй кардааст.
Ислом анҷоми тамоми ахлоқи баду ношоистаро ба таври куллӣ наҳй мекунад. Худованди Мутаъол мефармояд: (Ва [бо беэътиноӣ] аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона дар замин роҳ нарав. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло ҳеҷ мутакаббиру фахрфурӯшеро дӯст намедорад). (Сураи Луқмон, ояти 18). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳароина, маҳбубтарини шумо назди ман ва наздиктарини шумо ба ман дар рӯзи қиёмат аз ҷиҳати ҷойгоҳ, ононе ҳастанд, ки ахлоқи некӯтар доранд. Ва ҳароина, нописандтарини шумо назди ман ва дуртарини шумо аз ман дар рӯзи қиёмат аз ҷиҳати ҷойгоҳ, пургӯён, беҳудагӯён ва мутафайҳиқон ҳастанд. Гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, пургӯён ва беҳудагӯёнро донистем, аммо мутафайҳиқон кистанд? Фармуд: Мутакаббирон». Силсилаи саҳиҳа 791.
Ислом аз дурӯғ наҳй мефармояд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳамоно Аллоҳ Таъоло касеро, ки исрофкор ва дурӯғгӯ аст, ҳидоят намекунад). (Сураи Ғофир, ояти 28). Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Аз дурӯғ парҳез кунед, ки дурӯғ ба фисқу фуҷур мебарад ва фисқу фуҷур ба дӯзах ва ҳамвора шахс дурӯғ мегӯяд ва дар дурӯғ талош мекунад, то ин ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад." Саҳеҳи Муслим 2607. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: «Нишонаи мунофиқ се чиз аст: агар сухан гӯяд, дурӯғ мегӯяд ва ҳаргоҳ ваъда диҳад, хилофи ваъда мекунад ва ҳаргоҳ ӯро амин шуморанд, хиёнат мекунад.» Саҳеҳи Бухорӣ 6095.
Ислом аз фиребкорӣ наҳй мефармояд. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Аллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди анбори маводи ғизоӣ мегузашт, дасташро ба он дохил кард ва чун дасташро баровард ангуштонаш тар шуданд, пас фармуданд: "Ин чист эй соҳиби ғизо?" (Фурӯшанда) гуфт: Борон ба ӯ расидааст эй Расули Аллоҳ! Фармуданд: "Намешуд инро дар болои маводи ғизоӣ мегузоштӣ, то мардум онро бубинанд? Касе, ки фиребкорӣ кунад аз мо нест." Саҳеҳи Муслим 102.
Ислом аз ғадр, хиёнат ва фиреб наҳй кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, [бо сарпечӣ аз авомир ва навоҳӣ] ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбар хиёнат накунед ва [ҳамчунин] дар амонатҳои худ хиёнат накунед, дар ҳоле ки медонед [ин кор гуноҳ аст]). (Сураи Анфол, ояти 27). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: ([Ҳамон] Касоне, ки ба паймони Аллоҳ Таъоло вафо мекунанд ва аҳд намешикананд). (Сураи Раъд, ояти 20). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба лашкарҳои худ, вақте, ки берун мерафтанд, мефармуданд: "Биҷангед, вале хиёнат накунед ва аҳдшиканӣ накунед ва гӯшу бинӣ ва дигар аъзои одамонро набурред ва кӯдакеро накушед." Саҳеҳи Муслим 1731. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст ва ҳар касе дар ӯ хислате аз ин хислатҳо бошад, дар ӯ нишонае аз нифоқ аст, то вақте ки онро тарк кунад: чун амин шумурда шавад, хиёнат кунад; ва чун сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд; ва чун аҳду паймон бандад, паймоншиканӣ кунад; ва чун хусумату душманӣ кунад, аз ҳад гузарад." Саҳеҳи Бухорӣ 34.
Ислом аз ҳасад наҳй мекунад. Худованди Таъоло мефармояд: (Оё ба мардум [Муҳаммад ва ёронаш] ба хотири он чи Аллоҳ Таъоло аз фазли хеш ба онон бахшидааст, ҳасад меварзанд? Дар ҳақиқат, Мо [пештар низ] ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва ба онон фармонравоии бузурге бахшидем). (Сураи Нисо, ояти 54). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бисёре аз аҳли китоб пас аз ин, ки ҳақ барояшон ошкор гардид, ба хотири ҳасодате, ки дар вуҷудашон аст, орзу доранд, ки шуморо баъд аз имонатон ба ҳоли куфр бозгардонанд. Пас, шумо афв кунед ва [аз эшон] даргузаред, то Аллоҳ Таъоло фармони хешро [барои ҷиҳод бо онон] содир намояд. Ҳамоно Аллоҳ Таъоло бар ҳар чизе тавоност). (Сураи Бақара, ояти 109). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Бемории умматҳои пеш аз шумо ба шумо ҳам расид, ки онҳо: ҳасад ва кина буданд. Он тарошанда аст, намегӯям, ки мӯйро метарошад, балки динро метарошад. Савганд ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ба биҳишт ворид намешавед, то имон оваред ва муъмин ба шумор намеравед, то ба ҳам дӯстӣ кунед. Оё хабар надиҳам шуморо ба он чи ки инро барои шумо устувор мегардонад? Салом доданро дар миёнатон ошкор кунед.» Сунани Тирмизӣ 2510.
Ислом аз макри бад наҳй мефармояд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ Таъоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд). (Сураи Анъом, ояти 123). Ва Аллоҳи Мутаъол огоҳ намуд, ки яҳудиён қасди куштани Исо (алайҳис-салом)-ро карданд ва макр намуданд, вале Аллоҳ ба онҳо макр кард ва Аллоҳ баён намуд, ки макри бад ҷуз ба соҳибаш ба касе намерасад. Аллоҳи Мутаъол мефармояд: (Сипас чун Исо ба куфри онон пай бурд, гуфт: "Чи касоне ёварони ман [дар роҳи даъват] ба сӯйи Аллоҳ Таъоло ҳастанд"? Ҳавориюн гуфтанд: "Мо ёварони [дини] Аллоҳ Таъоло ҳастем; ба Аллоҳ Таъоло имон овардаем ва [ту низ, эй Исо] гувоҳ бош, ки мо таслим [-и Ӯ] ҳастем. (52) Парвардигоро, ба он чи нозил кардаӣ, имон овардем ва аз фиристода [-и Ту] пайравӣ намудем; пас, моро дар зумраи гувоҳон [ба ҳақ ва муъминон ба паёмбарат] бинавис. (53) [Пас аз муддате кофирони Бани Исроил барои куштани Исо] Макр варзиданд ва Аллоҳ Таъоло [низ дар посухашон] макр намуд ва Аллоҳ Таъоло бехтарин макрангезон аст. (54) [Ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ Таъоло [ба Исо] фармуд: "Эй Исо, ман туро бармегирам ва ба сӯйи хеш боло мебарам ва туро аз [олоишу туҳмати] касоне, ки куфр варзиданд, пок мегардонам ва то рӯзи растохез касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд [ва ба Муҳаммад имон оварданд], бартар аз касоне қарор медиҳам, ки куфр варзиданд. Сипас бозгаштатон ба сӯйи ман аст; он гоҳ дар [мавриди] он чи дар он ихтилоф мекардед, миёнатон доварӣ мекунам). (55) (Сураи Оли Имрон, оятҳои 52-55) Ва Аллоҳи Таъоло хабар дод, ки қавми Паёмбар Солеҳ (алайҳис-салом) бо макр қасди куштани ӯро карданд, пас онҳо макр карданд ва Аллоҳ низ ба онҳо макр кард ва онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кард. Аллоҳ Таъоло фармудааст: ([Онон ба якдигар] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ Таъоло савганд ёд кунед, ки бар ӯ [Солеҳ] ва хонаводааш шабехун бизанем [ва ононро бикушем]. Он гоҳ ба хунхоҳаш бигӯем: «Мо ҳангоми куштори хонаводааш ҳозир набудем ва ҳатман, рост мегӯем» (49) Онон [барои қатли Солеҳ ва пайравонаш] найранге ба кор бурданд ва Мо [барои нобудии кофирон] низ найранге андешидем, дар ҳоле ки онон намедонистанд. (50) Пас, бингар оқибати найрангашон чи шуд: мо ҳамаи он афрод ва қавмашонро нобуд кардем). (51) (Сураи Намл, оятҳои 49-51).
Ислом аз дуздӣ манъ мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Зинокор ҳангоме ки зино мекунад, муъмин нест ва дузд ҳангоме ки дуздӣ мекунад, муъмин нест ва шаробнӯш ҳангоме ки шароб менӯшад, муъмин нест ва тавба баъд аз он пазируфта мешавад." Саҳеҳи Бухорӣ 6810.
Ислом аз зулму ситам наҳй мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар ҳақиқат, Аллоҳ Таъоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред). (Сураи Наҳл, ояти 90). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Аллоҳ барои ман ваҳй кард, ки мутавозеъ ва фурӯтан бошед, то касе бар ҳаққи дигаре таҷовуз накунад ва касе бар каси дигар фахр накунад.» Саҳеҳи Абудовуд 4895.
Ислом аз зулм наҳй мефармояд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва Аллоҳ Таъоло ситамгоронро дӯст намедорад). (Сураи Оли Имрон, ояти 57). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (яқинан, ситамгорон растагор намешаванд). (Сураи Анъом, ояти 21). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: (ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст). (Сураи Инсон, ояти 31). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Се касанд, ки дуояшон рад намешавад: зимомдори одил ва рӯзадор то замоне, ки ифтор кунад ва дуои мазлум, ки бар абрҳо бардошта мешавад ва дарҳои осмонҳо барои он кушода мешаванд ва Парвардигор (Азза ва Ҷалла) мефармояд: (Қасам ба иззатам, ҳатман туро ёрӣ хоҳам кард, агарчи пас аз муддате ҳам бошад)". Ривояти Муслим (2749) мухтасаран бо ихтилофи андак, Тирмизӣ (2526) бо ихтилофи андак ва Аҳмад (8043) ва лафзи ҳадис аз ӯст. Ва вақте ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Муъозро ба Яман фиристод, аз ҷумла ба ӯ гуфт: «Ва аз дуои мазлум бипарҳез, зеро байни он ва Худо пардае нест.» Саҳеҳи Бухорӣ 1496. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Огоҳ бошед, ҳар ки ба муоҳиде ситам кунад, ё ҳаққи ӯро кам кунад, ё беш аз тавонаш бар ӯ таклиф кунад, ё чизе аз ӯ бидуни ризоияташ бигирад, ман дар рӯзи қиёмат даъвогари ӯ хоҳам буд." Сунани Абудовуд 3052. Пас Ислом, чунон ки дидед, аз тамоми рафторҳои ношоиста ва ё муомилаи золимонаву ноодилона наҳй мефармояд.
36- Ислом муомилоти молӣ, ки дар он рибо, зиён, фиреб, зулм ва қаллобӣ аст ва ё он чи мунҷар ба фоҷеа ва зарари умумӣ ба ҷомеа, мардум ва афроди алоҳида мешавад, манъ намудааст.
Ислом муомилоти молӣ, ки дар он рибо, зиён, фиреб, зулм ва қаллобӣ аст ва ё он чи мунҷар ба фоҷеа ва зарари умумӣ ба ҷомеа, мардум ва афроди алоҳида мешавад, манъ намудааст. Ва пештар дар аввали ин банд оятҳо ва ҳадисҳое зикр гардид, ки рибо, зулм, фиреб ва ё фасод дар заминро ҳаром мекунанд. Худованди Таъоло мефармояд: (Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд). (Сураи Аҳзоб, ояти 58). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар ки ба шоистагӣ амал кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки бадӣ кунад, ба зиёни хеш бад кардааст ва Парвардигори ту ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад). (Сураи Фуссилат, ояти 46). Ва дар Суннат омадааст: «Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳукм фармуд, ки (дар дини Ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест.» Сунани Абудовуд. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояашро азият накунад; ва ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро гиромӣ дорад; ва ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани некӯ гӯяд ё сукут ихтиёр намояд. Ва дар ривояте: пас бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад.» Саҳеҳи Муслим 47. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Зане ба хотири гурбае, ки онро зиндонӣ кард ва хӯроку обаш надод ва нагузошт ҳатто аз ҳашарот ва хазандагони замин бихӯрад, то ин ки мурд, мавриди азоби илоҳӣ қарор гирифт ва ба хотири ин гуноҳ дохили дӯзах шуд.» Саҳеҳи Бухорӣ 3482. Ин дар бораи касест, ки гурбаеро озор додааст, пас чӣ гуна аст ҳоли касе, ки озораш ба мардум мерасад. Аз Ибни Умар ривоят шуда, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар минбар баромаданд ва бо овози баланд нидо карда, фармуданд: "Эй гурӯҳе, ки ба забон ислом овардаед, вале имон ба қалбатон дохил нашудааст, мусалмононро озор надиҳед ва онҳоро таъна назанед ва айбҳои онҳоро ҷустуҷӯ накунед, зеро ҳар кас, ки айби бародари мусалмонашро ҷустуҷӯ кунад, Аллоҳ айби ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар касеро, ки Аллоҳ айбашро ҷустуҷӯ кунад, ӯро расво месозад, ҳатто агар дар даруни хонааш бошад". Гуфт: Ва рӯзе Ибни Умар ба сӯи Байт ё ба сӯи Каъба нигоҳ кард ва гуфт: "Чи басо бузургӣ ва ҳурмати ту чи басо бузург аст, вале ҳурмати муъмин назди Аллоҳ аз ту бузургтар аст." Ривояти Тирмизӣ (2032), Ибни Ҳиббон (5763). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояашро азият накунад; ва ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро гиромӣ дорад; ва ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани некӯ гӯяд ё хомӯш шавад.) Саҳеҳи Бухорӣ 6018. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Оё медонед, ки муфлис кист?" Гуфтанд: Муфлис дар миёни мо, эй Расули Худо, касест, ки дирҳам ва матоъе надорад. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Муфлис дар миёни умматам касест, ки дар рӯзи қиёмат бо рӯза ва намоз ва закот меояд, дар ҳоле ки ба номуси ин дашном дода, ба ин туҳмат карда ва моли инро хӯрдааст, пас шинонда мешавад ва ба ин аз некиҳо ва ҳасаноташ дода мешавад ва ба ин ҳам аз ҳасанот ва некиҳояш дода мешавад. Агар ҳасаноташ пеш аз адои он чи аз гуноҳон бар дӯши ӯст, тамом шавад, аз гуноҳонашон гирифта шуда, ба дӯшаш бор карда мешавад ва сипас ба оташ афканда мешавад". Ривояти Муслим (2581), Тирмизӣ (2418), Аҳмад (8029), лафзи ҳадис аз Аҳмад аст.
Ва Расули Худо фармуданд: (Дар сари роҳ шохаи дарахте буд, ки мардумро озор медод, пас марде онро аз роҳ бардошт ва (он мард ба ин сабаб) ба биҳишт ворид карда шуд). Ривояти Бухорӣ (652) ба маънояш, Муслим (1914) ба монанди он, Ибни Моҷа (3682) ва Аҳмад (10432), лафзи ҳадис аз онҳост. Аз роҳ дур кардани зарар сабаби дохил шудан ба биҳишт мегардад, пас ҳоли касе, ки ба мардум азият мерасонад ва зиндагии онҳоро табоҳ месозад, чӣ гуна хоҳад буд?
37- Ислом омадааст то ақлро ҳифз кунад ва ҳар он чи онро фосид мекунад, ба монанди шароб, ҳаром гардонидааст ва аҳамияти ақлро баланд бардошта, онро меҳвар ва асоси масъулият қарор дод ва онро аз занҷири хурофот ва бутпарастӣ раҳо сохт. Ҳеҷ роз ва ҳукм барои табақаи хосе аз мардум дар Ислом вуҷуд надорад ва ҳама аҳком ва қавонини он мувофиқ бо ақли солим ва мутобиқ бо муқтазои адолат ва ҳикмат аст.
Ислом омадааст то ақлро ҳифз кунад ва мақоми онро баланд бардорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([дар қиёмат] гӯшу чашм ва дил аз ҳама инҳо бозхост хоҳад шуд). (Сураи Исро, ояти 36). Пас, бар инсон воҷиб аст, ки ақли худро ҳифз кунад ва аз ин рӯ, Ислом шароб ва маводи мухаддирро ҳаром гардонидааст - ва ҳаром будани шароб дар банди рақами (34) зикр шуд - ва бисёре аз оятҳои Қуръони Карим бо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло хатм мешаванд: "бошад, ки биандешед." (Сураи Бақара, ояти 242). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Зиндагии дунё [чизе] ҷуз бозича ва саргармӣ нест, ва ҳатман, сарои охират барои касоне, ки парво пеша мекунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?) (Сураи Анъом, ояти 32). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мо онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем, бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешед). (Сураи Юсуф, ояти 2). Аллоҳ Таъоло баён кардааст, ки аз ҳидоят ва ҳикмат ҷуз соҳибони ақл касе баҳра намебарад ва онҳо ҳамон хирадмандонанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Аллоҳ Таъоло] Ба ҳар ки бихоҳад, ҳикмат [ростӣ дар гуфтор ва кирдор] медиҳад ва бе тардид, ба ҳар ки ҳикмат дода шавад, хайри фаровоне ато шудааст; ва ба ҷуз хирадмандон [аз оёти илоҳӣ] панд намегиранд). (Сураи Бақара, ояти 269).
Аз ин рӯ, Ислом ақлро асоси таклиф қарор додааст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Қалам аз се кас бардошта шудааст: аз шахси хобида то ин ки бедор шавад, аз кӯдак то ин ки ба балоғат бирасад ва аз девона то ин ки ба ақл ояд". Ривояти Бухорӣ ба таври муаллақ бо сиғаи ҷазм пеш аз ҳадиси (5269) ба монанди он, ва ривояти Абудовуд (4402) ба сурати мавсул ва лафзи ҳадис аз ӯст, ва Тирмизӣ (1423), ва Насоӣ дар ((Сунани кубро)) (7346), ва Аҳмад (956) бо ихтилофи андак, ва Ибни Моҷаҳ (2042) мухтасар. Ва ӯро аз занҷирҳои хурофоту бутпарастиҳо раҳо сохт. Аллоҳ Таъоло аз ҳоли умматҳо дар пойбандиашон ба хурофоти хеш ва рад кардани ҳақиқате, ки аз ҷониби Аллоҳ ба онҳо омада буд, хабар дода, мефармояд: (Пеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем») (Сураи Зухруф, ояти 23). Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Иброҳими Халил (алайҳис-салом) хабар дода, фармуд, ки ба қавмаш гуфт: (Ин бутҳо чистанд, ки шумо бар онҳо парастиш мекунед? (52) Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд” (53) (Сураи Анбиё, оятҳои 52-53). Пас Ислом омад ва мардумро ба тарки ибодати бутҳо, даст кашидан аз хурофоти аз падарону аҷдодон меросмонда ва пайравӣ аз роҳи паёмбарон (алайҳимус-салом) амр намуд.
Дар Ислом асрор ё ҳукмҳое, ки хоси як табақа бошад ва на табақаи дигар, вуҷуд надорад. Аз Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу), ки писари амаки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва шавҳари духтараш буд, пурсида шуд: Оё Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шуморо ба чизе хос гардонидааст? Ӯ гуфт: «Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро ба чизе хос нагардонидааст, ки шомили ҳамаи мардум набошад, магар он чи ки дар ғилофи ин шамшери ман аст. Гуфт: Пас саҳифаеро берун овард, ки дар он навишта шуда буд: Лаънати Худо бар касе бод, ки барои ғайри Худо забҳ намояд ва лаънати Худо бар касе бод, ки нишонаҳои заминро бидуздад ва лаънати Худо бар касе бод, ки падарашро лаънат кунад ва лаънати Худо бар касе бод, ки бидъаткореро паноҳ диҳад» Саҳеҳи Муслим 1978. Ва ҳама аҳком ва қавонини Ислом мувофиқ бо ақли солим ва мутобиқ бо муқтазои адолат ва ҳикмат аст.
38- Агар пайравони динҳои ботил тазодҳо ва масъалаҳоеро, ки ақл рад мекунад, дарк накунанд, рӯҳониён пайравонро фиреб медиҳанд, ки дин болотар аз ақл аст ва ақл маҷоле барои дарк ва фаҳми дин надорад. Дар ҳоле, ки Ислом динро нуре медонад, ки роҳи ақлро равшан месозад. Рӯҳониёни динҳои ботил аз мардум мехоҳанд ақлҳои худро раҳо намуда аз онҳо пайравӣ кунанд. Аммо Ислом аз инсон мехоҳад ақлашро бедор кунад, то ҳақоиқи корҳоро он гуна ки ҳаст бишносад.
Агар пайравони динҳои ботил тазодҳо ва масъалаҳоеро, ки ақл рад мекунад, дарк накунанд, рӯҳониён (дар дини насронӣ) пайравонро фиреб медиҳанд, ки дин болотар аз ақл аст ва ақл маҷоле барои дарк ва фаҳми дин надорад. Аммо Ислом динро нуре медонад, ки роҳи ақлро равшан месозад. Рӯҳониёни динҳои ботил аз мардум мехоҳанд ақлҳои худро раҳо намуда, аз онҳо пайравӣ кунанд, дар ҳоле, ки Ислом аз инсон мехоҳад ақлашро бедор кунад, то тадаббур ва тафаккур кунад ва ҳақоиқи корҳоро он гуна ки ҳаст бишносад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] бад-ин гуна Қуръонро [тавассути Ҷабраил ва] ба фармони хеш бар ту ваҳй кардем. [Пеш аз он] Ту огоҳӣ надоштӣ, ки китобу имон чист, вале Мо онро нуре сохтем, ки ҳар касе аз бандагони хешро, ки бихоҳем, бад-он ҳидоят кунем ва мусалламан, ту ба роҳи рост [Ислом] ҳидоят мекунӣ). (Сураи Шуро, ояти 52). Пас, ваҳйи илоҳӣ далелу ҳуҷҷатҳоеро дар бар гирифтааст, ки ақлҳои солимро ба сӯи ҳақоиқе ҳидоят мекунанд, ки хоҳони маърифати онҳо ва имон овардан ба онҳо мебошанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй мардум, ба ростӣ, ки барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан [Муҳаммад] омад ва нури ошкор [Қуръон] ба сӯятон нозил кардем). (Сураи Нисо, ояти 174). Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло мехоҳад, ки инсон дар нури ҳидоят, илм ва ҳақиқат зиндагӣ кунад ва шайтонҳо ва тоғутҳо мехоҳанд, ки инсон дар торикиҳои куфр, ҷаҳл ва гумроҳӣ боқӣ бимонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло ёвар [ва корсози] касоне аст, ки имон овардаанд; ононро аз торикиҳо ба сӯйи нур берун мебарад; ва касоне, ки кофир шуданд, [корсоз ва] ёварашон тоғут аст, [ки] ононро аз нур [–и имон ва илм] ба сӯйи торикиҳо [–и куфру нодонӣ] берун мебарад). (Сураи Бақара, ояти 257).
39- Ислом аз илм ва дониши дуруст ситоиш ва ба пажӯҳишҳои илмии ба дур аз ҳавои нафс ташвиқ мекунад, ҳамонгуна, ки хостори андеша ва тафаккур дар мавриди худи мо ва ҷаҳони атроф аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаҳои илмии дурусти илм бо Ислом мунофот надорад.
Ислом аз илм ва дониши дуруст ситоиш мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ Таъоло ба он чи мекунед, огоҳ аст). (Сураи Муҷодала, ояти 11). Ва Аллоҳ гувоҳии уламоро ба гувоҳии Худ ва гувоҳии фариштагонаш бар бузургтарин амри гувоҳидодашуда пайваст кард. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 18). Ва ин баёнгари мақому манзалати аҳли илм дар Ислом аст. Ва Худованд паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба зиёдаталабии ҳеҷ чизе дастур надодааст, магар ба илм. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо») (Сураи Тоҳо, ояти 114). Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Он ки дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад. Ва ҳамоно фариштагон аз рӯи ризоият болҳои худро барои толибилм мегустаронанд ва ҳамаи касоне, ки дар осмон ва заминанд ҳатто моҳиҳо дар об барои толибилм омурзиш металабанд. Фазилати олим бар обид монанди фазилати моҳи шаби чордаҳ бар дигар ситораҳост. Ҳароина, уламо меросбари паёмбаронанд, паёмбарон дирҳаму диноре ба мерос нагузоштанд, балки илмро ба ирс гузоштанд ва касе, ки онро аз худ кунад, баҳраи бузурге ба даст овардааст». Ривояти Абудовуд (3641), Тирмизӣ (2682), Ибн Моҷаҳ (223), Лафзи ҳадис аз Ибн Моҷаҳ аст, Аҳмад (21715).
Ва Ислом ба пажӯҳишҳои илмии ба дур аз ҳавои нафс ташвиқ мекунад ва ба андеша ва тафаккур дар мавриди худи мо ва ҷаҳони атроф даъват мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Дар ин дунё ва ҳангомаи қиёмат] нишонаҳои [тавону тадбири] худро дар офоқи [ҷаҳон] ва дар [вуҷуди] худашон ба онон нишон хоҳем дод, то барояшон равшан шавад, ки Қуръон ҳақ аст. Оё кофӣ нест, ки Парвардигорат бар ҳар чизе гувоҳ аст?) (Сураи Фуссилат, ояти 53). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи Аллоҳ Таъоло офаридааст, наменигаранд ва инки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?) (Сураи Аъроф, ояти 185). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ Таъоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд). (Сураи Рум, ояти 9).
Ва ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаҳои илмии дурусти илм бо Ислом зидият надорад. Инҷо мисолеро зикр хоҳем кард, ки Қуръон беш аз ҳазору чаҳорсад сол пеш тафсилоти дақиқеро дар мавриди он зикр кардааст ва илми муосир онро дертар кашф намудааст; пас натиҷаҳои илм бо он чи дар Қуръони Азим омадааст, мувофиқ омад ва он хилқати ҷанин дар батни модараш мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва дар ҳақиқат, инсонро аз чакидае аз гил офаридем. (12) Сипас ӯро ба шакли нутфае дар қароргоҳе устувор [раҳим] ниҳодем. (13) Сипас нутфаро [Ба шакли] хуни баста сохтем ва он гоҳ хуни бастаро [ба сурати] порагӯште сохтем, сипас порагӯштро [ба шакли] устухон даровардем ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем. Сипас он [ҷанин]-ро офаринише дигар бахшидем. Пас, [пурбаракату] бузургвор аст Аллоҳ Таъоло, ки накутарин офаринанда аст. (14)) (Сураи Муъминун, оятҳои 12-14).
40- Худованд ҳеҷ амалеро намепазирад ва дар охират ба он подош намедиҳад, магар аз касе, ки имон ба Аллоҳ овардааст ва аз Ӯ итоъат карда ва паёмбарон (алайҳимус-салом)-ро тасдиқ намудааст. Худованд аз бандагон ҷуз он чи машруъ гардонидааст, намепазирад, пас чӣ гуна мумкин аст инсон ба Аллоҳ кофир шавад ва аз Ӯ Таъоло умеди подош кунад? Худованд имони ҳеҷ касеро намепазирад, магар ин ки ба тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом) ва ба рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварад.
Худованди Таъоло ҳеҷ амалеро намепазирад ва дар охират ба он подош намедиҳад, магар аз касе, ки имон ба Аллоҳ овардааст ва аз Ӯ итоъат карда ва паёмбарон (алайҳимус-салом)-ро тасдиқ намудааст. Худованд мефармояд: (Ҳар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад. (18) Ва ҳар ки [зиндагии] охиратро бихоҳад ва барои [расидан ба] он бо ҷиддият бикӯшад ва муъмин бошад, пас, инонанд, ки аз талошашон қадрдонӣ хоҳад шуд. (19)) (Сураи Исро оятҳои 18-19). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем). (Сураи Анбиё, ояти 94). Ва Аллоҳ Таъоло аз амалҳои ибодатӣ танҳо он чиро қабул мекунад, ки ташреъ кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад). (Сураи Каҳф, ояти 110). Пас баён намудааст, ки амал танҳо дар сурате солеҳ мешавад, ки мувофиқи шариати Худованд бошад ва соҳиби он дар амали худ холисона барои ризои Худованд бошад ва ба Худованд муъмин буда, паёмбарону расулони Ӯро тасдиқ намояд. Аммо касе, ки амалаш ғайри он бошад, пас Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба [баррасии] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро [ҳамчун] ғуборе пароканда месозем). (Сураи Фурқон, ояти 23). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд. (2) [Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]. (3) Дар оташи сӯзон дармеоянд. (4)) (Сураи Ғошия, оятҳои 2-4). Ин чеҳраҳо хоксор ва сар ба зер ҳастанд, аз кору заҳмати зиёд хаста шудаанд. Аммо чун корҳояшон бе роҳнамоии Худо буд, Худо анҷомашонро оташ қарор додааст. Зеро онҳо мувофиқи он чизе, ки Худо шариат гардонидааст, амал накарданд, балки ибодатҳои ботил анҷом доданд ва аз пешвоёни гумроҳӣ пайравӣ карданд, ки барои онҳо динҳои сохта ихтироъ мекунанд. Пас, амали солеҳе, ки назди Худо пазируфта мешавад, ҳамон аст, ки мувофиқи он чи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, бошад. Пас чӣ гуна инсон ба Худо кофир мешавад, вале умед дорад, ки Худо ба ӯ мукофот диҳад?!
Худованд имони ҳеҷ касеро намепазирад, магар ин ки ба тамоми паёмбарон (алайҳимус-салом) ва ба рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварад. (Пештар баъзе далелҳоро дар ин бора дар банди рақами (20) зикр намудем.) Худованд мефармояд: (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст). (Сураи Бақара, ояти 285). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст). (Сураи Нисо, ояти 136). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ Таъоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ Таъоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам). (Сураи Оли Имрон, ояти 81)
41- Ҳадафи тамоми рисолоти илоҳӣ ин аст, ки: дини ҳақ ба инсон бартарӣ медиҳад, то бандаи холиси Парвардигори ҷаҳониён гардад ва ӯро аз хурофот ва ғуломӣ ба инсон ва ё чизе дигар озод мекунад. Дини Ислом чунончи, медонем, на касеро тақдис мекунад ва болотар аз мақомаш қарор медиҳад ва на касеро худо ва маъбуд қарор медиҳад.
Ҳадафи тамоми рисолоти илоҳӣ ин аст, ки: дини ҳақ ба инсон бартарӣ медиҳад, то бандаи холиси Парвардигори ҷаҳониён гардад. Ислом инсонро аз хурофот ва ғуломӣ ба ҷимодот озод мекунад. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳалок бод бандаи динор, дирҳам, либоси зебо ва ҷомаи нафис! Агар ба ӯ дода шавад, розӣ мешавад ва агар дода нашавад, норозӣ мегардад». Саҳеҳи Бухорӣ 6435. Пас, инсони солим ҷуз ба Аллоҳ сар фурӯ намеорад ва молу сарват, ҷоҳу мақом, мансаб ва ё қабила ӯро ғуломи худ намесозанд. Дар ин қисса барои хонанда ошкор мегардад, ки мардум пеш аз рисолат дар чӣ ҳол буданд ва пас аз он чӣ гуна шуданд?
Ҳангоме, ки мусалмонони нахустин ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд ва подшоҳи Ҳабаша дар он замон - Наҷошӣ - аз онҳо пурсид ва ба онҳо гуфт: «Ин чӣ динест, ки ба сабаби он аз қавми худ ҷудо шудед ва на дар дини ман дохил шудед ва на дар дини ҳеҷ яке аз ин умматҳо?» Ҷаъфар ибни Абутолиб ба ӯ гуфт: «Эй подшоҳ, мо қавме аз аҳли ҷоҳилият будем, бутҳоро мепарастидем, мурдор мехӯрдем, корҳои зиштро анҷом медодем, пайванди хешутабориро мебуридем, ба ҳамсоягон бадӣ мекардем ва қудратманди мо заифро мехӯрд. Мо бар ин ҳол будем, то ин ки Аллоҳ паёмбаре аз миёни худамон ба сӯйи мо фиристод, ки насаб, ростгӯйӣ, амонатдорӣ ва покдомании ӯро мешинохтем. Пас ӯ моро ба сӯйи Аллоҳ даъват кард, то Ӯро ба ягонагӣ бишиносем ва Ӯро бипарастем ва он чиро, ки мо ва падаронамон ба ҷойи Ӯ мепарастидем аз сангҳо ва бутҳо, раҳо кунем. Ва моро ба ростгӯйӣ, пардохти амонат, силаи раҳм, некӣ бо ҳамсоягон ва боз истодан аз ҳаромҳо ва хунрезиҳо фармон дод. Ва моро аз корҳои зишт, сухани дурӯғ, хӯрдани моли ятим ва туҳмат задан ба занони покдоман манъ кард. Ва ба мо фармон дод, ки танҳо Аллоҳро бипарастем ва чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳем ва моро ба намоз, закот ва рӯза фармон дод.» Гуфт: Пас умури Исломро барои ӯ баршумурд. «Пас мо ӯро тасдиқ кардем ва ба ӯ имон овардем ва дар он чи оварда буд, пайравиаш кардем. Пас танҳо Аллоҳро парастидем ва чизеро ба Ӯ шарик қарор надодем. Ва он чиро бар мо ҳаром кард, ҳаром донистем ва он чиро бароямон ҳалол кард, ҳалол донистем...» Ривояти Аҳмад (1740) бо ихтилофи андак, ва Абунуайм дар ((Ҳиляту-л-авлиё)) (1/115) мухтасаран. Дини Ислом чунончи, медонем, на касеро тақдис мекунад ва болотар аз мақомаш қарор медиҳад ва на касеро худо ва маъбуд қарор медиҳад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем"). (Сураи Оли Имрон, ояти 64). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ Таъоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?) (Сураи Оли Имрон, ояти 80) Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи, насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ». Саҳеҳи Бухорӣ 3445.
42- Худованд тавба дар Исломро машруъ гардонидааст, ки он иборат аст аз: рӯй овардани инсон ба сӯи Парвардигор ва тарки гуноҳ. Ислом гуноҳони қабл аз худро нобуд мекунад ва тавба гуноҳони қабл аз худро дур мекунад, пас ниёз ба эътироф ба гуноҳони худ назди инсони дигаре нест.
Худованд тавба дар Исломро машруъ гардонидааст, ки иборат аст аз: рӯй овардани инсон ба сӯи Парвардигор ва тарки гуноҳ. Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ Таъоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед). (Сураи Нур, ояти 31). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё намедонанд, ки Аллоҳ Таъоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ Таъолост, ки тавбапазири меҳрубон аст). (Сураи Тавба, ояти 104). Ва инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад). (Сураи Шуро, ояти 25). Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Ҳамоно Худованд шодмонтар мешавад ба тавбаи бандаи муъминаш аз марде, ки дар биёбони ҳалокатбор қарор дорад ва шутураш ҳамроҳи ӯст, дар ҳоле ки таому обаш бар болои он мебошад. Пас мехобад ва чун бедор мешавад, мебинад, ки шутураш рафтааст, дарҳол ба ҷустуҷӯи он мепардозад, то ин ки ташнагӣ бар ӯ ғолиб мегардад. Сипас мегӯяд: Ба ҳамон ҷое, ки будам, бармегардам ва мехобам, то бимирам. Пас сарашро бар бозуяш мегузорад, то бимирад. Чун бедор мешавад, ногаҳон мебинад, ки шутураш дар канораш истодааст ва бору тӯша ва таому обаш бар болои он мебошад. Пас Худованд шодмонтар мешавад ба тавбаи бандаи муъмин аз ин мард ба шутуру тушааш». Саҳеҳи Муслим 2744.
Ва Ислом гуноҳони қабл аз худро нобуд мекунад ва тавба гуноҳони қабл аз худро дур мекунад. Худои Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ, [ки] агар [аз ширк ва душманӣ] даст бардоранд, гузаштаҳояшон бахшида мешавад, ва [-ле] агар [ба рафтори гузаштаи худ] бозгарданд, суннат [-у азоби илоҳӣ, ки дар мавриди] пешиниён гузашт, [такрор хоҳад шуд]). (Сураи Анфол, ояти 38). Аллоҳ насороро ба тавба даъват кард, пас Ҷалла шаънуҳу фармуд: (Оё ба сӯйи Аллоҳ Таъоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст). (Сураи Моида, ояти 74). Ва Аллоҳ ҳамаи осиён ва гунаҳкоронро ба тавба тарғиб кардааст, пас Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ Таъоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст»). (Сураи Зумар, ояти 53). Ва чун Амр ибни Ос тасмим гирифт, ки мусалмон шавад, тарсид, ки гуноҳоне, ки пеш аз Ислом муртакиб шуда буд, омурзида нашавад. Амр ин ҳолатро ривоят намуда, гуфт: "Чун Худованди Азза ва Ҷалла Исломро дар дилам ҷойгузин сохт, гуфт: Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадам, то бо ман байъат кунад, пас дасташро ба сӯйи ман боз намуд. Гуфтам: Эй Расули Худо, бо ту байъат намекунам, то ин ки гуноҳони гузаштаам омурзида шавад. Гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман фармуд: Эй Амр, намедонӣ, ки ҳиҷрат гуноҳонеро, ки қабл аз он аст, нест мекунад? Эй Амр, намедонӣ, ки Ислом гуноҳонеро, ки пеш аз он аст, нобуд месозад?" Ривояти Муслим (121) муфассал ба ин монанд, ва Аҳмад (17827) ва лафз аз ӯст.
43- Робитаи инсон бо Худованд дар Ислом робитаи мустақим аст ва ниёзе ба восита миёни шумо ва Худо нест. Ислом моро аз худо сохтани инсонҳо ва шарик қарор додани ӯ дар рубубият ва улуҳияти Аллоҳ манъ мефармояд.
Дар Ислом ниёз ба эътироф ба гуноҳони худ назди инсони дигаре нест. Робитаи инсон бо Худо дар Ислом робитаи мустақим аст ва ниёзе ба восита миёни шумо ва Худо нест. Ҳамон гуна ки дар банди рақами (36) гузашт, ки Аллоҳ Таъоло ҳамаи мардумро ба тавба ва рӯй овардан ба сӯи Ӯ даъват кардааст, ҳамин тавр Ӯ мардумро аз восита қарор додани паёмбарон ё фариштагон миёни Ӯ ва бандагонаш манъ фармудааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ Таъоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусалмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?) (Сураи Оли Имрон, ояти 80). Ислом — тавре ки мебинед — моро аз худо сохтани инсонҳо ва шарик қарор додани ӯ дар рубубият ва улуҳияти Аллоҳ манъ мефармояд ва Аллоҳ Таъоло дар бораи насоро мефармояд: ([Ин мушрикон] Уламо ва роҳибони худ ва [ҳамчунин] Масеҳ писари Марямро ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ба унвони] маъбудони хеш талаққӣ карданд, ҳол онки дастуре ҷуз ин надоштанд, ки фақат Аллоҳ Таъолои ягонаро бипарастанд, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ӯ аз ончи шарикаш қарор медиҳанд, муназзаҳ аст). (Сураи Тавба, ояти 31). Ва Аллоҳ Таъоло бар кофирон инкор намуд, ки онҳо миёни худ ва Ӯ воситаҳоеро қарор медиҳанд, пас Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард). (Сураи Зумар, ояти 3). Ва Аллоҳ Таъоло баён кард, ки бутпарастон - аҳли ҷоҳилият - миёни худ ва Аллоҳ воситаҳоеро қарор медоданд ва мегуфтанд, ки инҳо онҳоро ба даргоҳи Аллоҳ наздик месозанд.
Ва ҳангоме ки Аллоҳ мардумро наҳй кардааст, ки паёмбарон ё фариштагонро миёни Ӯ ва бандагонаш восита қарор диҳанд; пас ғайри онҳо ба тариқи авлотар [манъ шудаанд]. Чӣ гуна [восита қарор дода мешаванд], дар ҳоле ки паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом) дар наздик шудан ба сӯи Аллоҳ шитоб мекунанд. Аллоҳ Таъоло аз ҳоли паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом) хабар дода, мефармояд: (Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд). (Сураи Анбиё, ояти 90). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Касонеро, ки онон мехонанд, худ [бо парастиш ва накукорӣ] василае [барои тақарруб] ба Парвардигорашон меҷӯянд [ва дар рақобатанд, то бидонанд] кадом як аз онон [ба парастиши Аллоҳ Таъоло] наздиктаранд ва ба раҳматаш умедворанд ва аз азобаш метарсанд; [чаро ки] бе тардид, азоби Парвардигорат ҳамвора шоистаи парҳез аст). (Сураи Исро, ояти 57). Яъне, бегумон онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед — аз паёмбарон ва солеҳон — худашон ба сӯи Аллоҳ наздикӣ меҷӯянд ва ба раҳмати Ӯ умедворанд ва аз азоби Ӯ метарсанд; пас чӣ гуна ғайр аз Аллоҳ хонда мешаванд?
44- Дар поёни ин рисола ёдовар мешавем, ки мардум новобаста аз замон, миллат ва кишварашон, балки тамоми ҷомеаи башарӣ дар андеша ва аҳдофи худ гуногунанд, ҳамон гуна, ки муҳит ва амалкардашон гуногун аст. Бинобар ин, инсонҳо ниёз ба роҳнамое доранд, ки онҳоро роҳнамоӣ кунанд, ниёз ба низоме доранд, ки ононро муттаҳид кунад ва ниёз ба ҳокиме доранд, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Паёмбарон (алайҳимус-салоту вас-салом) инро бо ваҳйи илоҳӣ анҷом медоданд ва мардумро ба роҳи нек ҳидоят намуда, онҳоро бар асоси шариъати илоҳӣ муттаҳид менамуданд, дар миёни онҳо ба ҳақ доварӣ мекарданд, тамоми умури онҳо ба андоза ва иқтизои посухашон ба паёмбарон ва наздикии замонашон ба паёмҳои илоҳӣ, дуруст мешуд. Худованд рисолатҳои осмониро бо рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хотима бахшид ва ба он бақо ва мондагорӣ бахшид, онро мояи ҳидояти мардум ва раҳмату нур ва роҳнамое, ки ба сӯи Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло мебарад, гардонид.
Дар поёни ин рисола ёдовар мешавем, ки мардум новобаста аз замон, миллат ва кишварашон, балки тамоми ҷомеаи башарӣ дар андеша ва аҳдофи худ гуногунанд, ҳамон гуна, ки муҳит ва амалкардашон гуногун аст. Бинобар ин, онҳо ниёз ба роҳнамое доранд, ки роҳнамоияшон кунад, ниёз ба низоме доранд, ки ононро муттаҳид кунад ва ниёз ба ҳокиме доранд, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Паёмбарон (алайҳимус-салоту вас-салом) инро бо ваҳйи илоҳӣ анҷом медоданд ва мардумро ба роҳи нек ҳидоят намуда онҳоро бар асоси шариъати илоҳӣ муттаҳид менамуданд, дар миёни онҳо ба ҳақ доварӣ мекарданд, тамоми умури онҳо ба андоза ва иқтизои посухашон ба паёмбарон ва наздикии замонашон ба паёмҳои илоҳӣ дуруст мешуд. Ва чун гумроҳӣ зиёд шуд ва ҷаҳолат фаро гирифт ва бутҳо парастида шуданд, Аллоҳ Таъоло паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то мардумро аз торикиҳои куфру ҷаҳолат ва бутпарастӣ ба сӯи имон ва ҳидоят берун оварад.
45- Пас ман аз ту мехоҳам ба сӯи Аллоҳ холисона ва дур аз тақлид ва одот бархезӣ ва бидонӣ, ки пас аз марг ба сӯи Парвардигорат боз хоҳӣ гашт, ба худ ва уфуқҳои атрофат бингар, исломро бипазир, дар дунё ва охират хушбахт хоҳӣ шуд. Агар мехоҳӣ вориди Ислом шавӣ басанда аст бигӯи "Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ" ва аз ҳарчи ҷуз Аллоҳ ибодат карда мешавад, безорӣ ҷӯйи; ба зинда шудани мурдаҳо ва ҳисобу подош дар қиёмат имон дошта бошӣ, пас ту ба дини Ислом ворид гаштаӣ. Сипас бояд Худовандро бар асоси он чи фармуда ва муқарар кардааст, ба монанди: адои намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ, ки тавонашро дошта бошӣ, ибодат намоӣ.
Пас ман аз ту мехоҳам ба сӯи Аллоҳ холисона ва дур аз тақлид ва одот бархезӣ, чуноне, ки Аллоҳ Таъоло туро даъват намуда мефармояд: ([Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ Таъоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»). (Сураи Сабаъ, ояти 46). Ва медонӣ, ки ту баъд аз маргат ба сӯи Парвардигорат бозмегардӣ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ин ки инсон фақат самараи талош [-у нияти] худро хоҳад дошт. (39) Ва ин ки бе гумон талоши ӯ [дар муҳосибаи аъмолаш дар рӯзи қиёмат] манзур хоҳад шуд. (40) Он гоҳ подошашро ба тамомӣ хоҳанд дод. (41) Ва ин ки бозгашт [-и ҳамаи умур] ба сӯйи Парвардигори туст. (42)) (Сураи Наҷм, оятҳои 39-42). Ва ин ки дар вуҷуди худ ва дар офоқи атрофи худ назар кунӣ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Оё дар фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи Аллоҳ Таъоло офаридааст, наменигаранд ва инки чи басо ҳангоми маргашон наздик шуда бошад? Пас, баъд аз ин [Қуръон] ба кадом сухан имон меоваранд?) (Сураи Аъроф, ояти 185).
Исломро бипазир, дар дунё ва охират хушбахт хоҳӣ шуд ва агар мехоҳӣ вориди Ислом шавӣ, басанда аст гувоҳӣ диҳӣ, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ нест магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст. Ва ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Муъозро ба ҳайси даъваткунанда ба сӯи Ислом ба Яман фиристод, ба ӯ фармуд: «Ту назди қавме аз аҳли китоб меравӣ, пас даъваташон кун, то шаҳодат диҳанд, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ нест ва ман фиристодаи Худоям. Агар аз ту фармон баранд, ононро огоҳ соз, ки Худованд бар онҳо дар ҳар шабонарӯз панҷ намозро фарз гардонидааст. Агар аз ту фармонбардорӣ карданд, ононро огоҳ соз, ки Худованд бар онон садақае фарз намуда, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда ва ба фуқарояшон дода мешавад. Агар боз ҳам аз ту фармонбардорӣ карданд, пас аз амволи гаронбаҳои онҳо барҳазар бош». Саҳеҳи Муслим 19. Ва ин ки аз ҳар он чи ғайри Аллоҳ ибодат мешавад, безорӣ ҷӯйӣ. Безорӣ ҷустан аз ҳар он чи ғайри Аллоҳ ибодат мешавад, ҳамон яктопарастии дини Иброҳим (алайҳис-салом) аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ Таъоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред») (Сураи Мумтаҳана, ояти 4). Ва имон меоварӣ, ки Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ин [шигифтиҳои хилқат] аз он рӯст, ки [бидонед] Аллоҳ Таъоло ҳақ аст ва ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва ӯ бар ҳар коре тавоност. (6) Ва ин ки қиёмат омаданӣ аст [ва] тардиде дар он нест ва ин ки Аллоҳ Таъоло [ҳамаи] касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, бармеангезад. (7) (Сураи Ҳаҷ, оятҳои 6-7). Ва ин ки ҳисобу китоб ва подошу ҷазо ҳақ аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло осмонҳо ва заминро [ҳадафманд ва] ба ҳақ офарид, то [ҳама озмоиш шаванд] ва ҷазои дастовардҳои ҳама [бандагон] дода шавад, бидуни он ки зулме ба онон шавад). (Сураи Ҷосия, ояти 22).
Пас агар ин шаҳодатро бидиҳӣ, ту ба дини Ислом ворид гаштаӣ. Сипас бояд Худовандро бар асоси он чи фармуда ва муқарар кардааст, ба монанди: адои намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ, ки тавонашро дошта бошӣ ва ғайри инҳо, ибодат намоӣ.
Нусха аз торихи 19-11-1441ҳ.
Муаллиф: Устод Доктор Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ал-Суҳайм
Собиқ устоди ақида дар кафедраи исломшиносӣ
Факултети тарбияти Донишгоҳи Шоҳ Саъуд
Риёз, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Related books
All books
Паёми мухтасар дар бораи Ислом бар асоси ончи дар Қуръони карим ва суннати набавӣ омадааст.61 забонПаёми мухтасар дар бораи Ислом бар асоси ончи дар Қуръони карим ва суннати набавӣ омадааст.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон Ислом (Нусхаи холӣ аз далелҳо)(1) [1] Нусхаи дигаре аз ин паём бо далоил аз Қуръони карим ва суннати набавӣ вуҷуд дорад, ки шумо метавонед онро тавассути ин пайванд дарёфт кунед. https://islamhouse.com/ar/book/2830071. Ин як рисолаи бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он, Қуръони карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин рисола муваҷҷаҳ ба тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим…
Паёми кӯтоҳ ба Худонобовар61 забонПаёми кӯтоҳ ба Худонобовар
Ин "Номаи кӯтоҳ ба Худонобовар" ақлро мухотаб қарор медиҳад, ки низоми дақиқи коинот тасодуфӣ будани онро рад карда, ба Офаридгори Ҳакиме далолат менамояд. Оё ақл мепазирад, ки ин ҳама коинот аз ҳеҷ ба вуҷуд омада бошад? Пас, ақли худро барои андеша ва тафаккур боз кун ва ҳақиқатро ҷустуҷӯ намо, шояд дар он нуре биёбӣ, ки туро ҳидоят кунад.
Шарҳи мухтасар дар ақидаи исломӣ75 забонШарҳи мухтасар дар ақидаи исломӣ
Ин китоб усули имонро, ки имон ба Аллоҳ, фариштагони Ӯ, китобҳои Ӯ, паёмбарони Ӯ, рӯзи қиёмат ва тақдирро дар бар мегирад, шарҳ дода, усулҳои асосиеро баён мекунад, ки мусалмон бояд ба онҳо эътиқод дошта бошад ва мувофиқи онҳо амал намояд. Ва инчунин бар аҳамияти таҳкими робита бо Аллоҳ тавассути дарки амиқи ақидаи исломӣ таъкид меварзад.
Ислом дини паёмбарони Аллоҳ аст85 забонИслом дини паёмбарони Аллоҳ аст
Ислом яъне таслим шудан дар баробари Худованди Офаридагор ва тадбиркунандаи коинот ва таслим дар баробари Ӯ Таъоло аз рӯйи муҳаббат ва бузургдоштӣ аст. Асоси дини Ислом имон овардан ба Аллоҳ Таъоло аст ва инки Ӯ Офаридгор аст ва тамоми ҳастӣ ҷуз Ӯ офаридаи Ӯ Таъоло ҳастанд. Ӯ Таъоло ягона ва танҳо шоистаи парастиш аст, ҷуз Ӯ маъбуди барҳақ нест, зеботарин ва волотарин ном ва сифатҳо азони Ӯст, соҳиби камоли мутлақ ва бидуни нуқс аст, на аз Ӯ фарзанд зоида мешавад ва на зода шудааст ва на ҳамто дорад, дар ҳеҷ як аз офариниши худ маҳлул ва таҷассум намеёбад. Ислом ҳамон дине аст, ки Аллоҳи…