Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон Ислом Паёми мухтасар дар бораи Ислом бар асоси ончи дар Қуръони карим ва суннати набавӣ омадааст. (Нусхаи холӣ аз далелҳо)(1) [1] Нусхаи дигаре аз ин паём бо далоил аз Қуръони карим ва суннати набавӣ вуҷуд дорад, ки шумо метавонед онро тавассути ин пайванд дарёфт кунед. https://islamhouse.com/ar/book/2830071. Ин як рисолаи бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он, Қуръони карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин рисола муваҷҷаҳ ба тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри…
Паёми мухтасар дар бораи Ислом бар асоси ончи дар Қуръони карим ва суннати набавӣ омадааст.
(Нусхаи холӣ аз далелҳо)(1)[1] Нусхаи дигаре аз ин паём бо далоил аз Қуръони карим ва суннати набавӣ вуҷуд дорад, ки шумо метавонед онро тавассути ин пайванд дарёфт кунед. https://islamhouse.com/ar/book/2830071.
Ин як рисолаи бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он, Қуръони карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин рисола муваҷҷаҳ ба тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим шудааст.
2. Ислом дини вижаи як қавм ва нажод нест, балки дине аз ҷониби Худованд барои ҳамаи мардумон аст.
3. Ислом як паёми илоҳӣ ва комилкунандаи рисолати паёмбарон ва расулони пешин (Дуруд ва саломи Аллоҳ бар онон бод) аст.
4. Дини ҳама паёмбарон (Алайҳимус-салом) як ва бо шариатҳои мутафовит ҳастанд.
5. Ислом ҳамон аст, ки тамоми паёмбарон, Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Сулаймон, Довуд ва Исо (Алайҳимус-салом) ба сӯи он даъват кардаанд, яъне Парвардигор ҳамон Аллоҳ, Холиқ, Розиқ, Муҳйи (зиндакунанда), Мумийт (миронанда), Моликул-мулк, тадбиркунанда ва Рауфу Раҳим аст.
6. Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло Офаридагор ва сазовори ибодат аст, ҳеҷ кас набояд дар баробари Ӯ Таъоло парастида шавад.
7. Худованд офаридагори ҳама чи дар олами ҳастӣ, ончи мебинем ва ончи намебинем, аст ва ҳама ҷуз Ӯ Таъоло офаридаҳои Офаридагор ҳастанд, осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид.
8. Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло дар мулк, офариниш, тадбир ва парастишаш шарике надорад.
9. Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло на (фарзанде) зода ва на зода шудааст ва монанду анбозе надорад.
10. Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло дар ҳеҷ яке аз махлуқоти худ ҳулул намекунад, ҳамонгуна ки дар ҳеҷ яке аз махлуқоташ таҷассум намеёбад.
11. Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло бинобар раҳмат ва меҳрубонӣ бар бандагонаш ба онҳо паёмбарон ва китоб фиристод.
12. Аллоҳ ҳамон Парвардигори ягона ва меҳрубон аст, Ӯ Таъоло ҳамон зоте аст, ки рӯзи қиёмат бандагонро аз қабрҳояшон барангехта мавриди ҳисоб қарор медиҳад, ва ҳар касро барои амалҳояш, чи нек бошад ва чи бад, ҷазо медиҳад. Ҳар кӣ имон овард ва амалҳои нек анҷом дод дар саодати ҳамешагӣ аст, ва он кӣ куфр варзид ва муртакиби амалҳои бад шуд, дар охират гирифтори азоби бузург хоҳад шуд.
13. Аллоҳ Таъоло Одамро аз хок офарид ва сипас дар насли ӯ афзунӣ бахшид ва ҳама дар асли худ баробаранд, ҳеҷ кас аз касе ва ҳеҷ қавм аз қавми дигаре бартарӣ надоранд, магар ба тақво.
14. Ҳар навзод бар фитрат (-и ислом) ба дунё меояд.
16. Ҳадаф аз халқи башар ибодати Аллоҳи ягона аст.
17. Ислом ба инсон, мард ва зан, арҷ мегузорад ва ҳуқуқи комили ӯро кафолат медиҳад, ӯро барои тамоми амалҳо, тасаруфот ва интихобаш масъул медонад, ҳамон гуна, ки ӯ масъули ҳар амале аст, ки ба худ ва дигарон осеб мерасонад.
18. Ислом мард ва занро дар масъулият ва подошу савоб мусовӣ қарор дод.
19. Ислом занро гиромӣ дошт, занро шақиқа (хоҳар)-и мард қарор дод ва мардро дар ҳоли тавон ва қудрат масъули нафақаи ӯ гардонид, нафақаи духтар бар падар ва аз модар бар писар, агар болиғ ва қодир бошад ва аз ҳамсар бар шавҳари худ воҷиб аст.
20. Марг нобудии абадӣ нест, балки он гузариш аз хонаи амал ба хонаи подош аст. Марг дар ҷисм ва рӯҳ аст ва марги рӯҳ ҷудо шудан аз бадан аст, ки сипас дар қиёмат баъд аз барангехта шудан ба бадан бозмегардад. Рӯҳ баъд аз марг ба ҷисми дигар намегузарад ва дар ҳеҷ ҷисми дигаре таносух намешавад.
21. Ислом ба имон овардан ба усули бузурги имон фаро мехонад, ки иборатанд аз: имон ба Аллоҳ ва фариштагон, имон ба китобҳои илоҳӣ, монанди: Таврот, Инҷил, Забур (албатта қабл аз таҳриф) ва Қуръон, имон ба ҳамаи паёмбарон ва расулон алайҳимус-салом, имон ба охирини паёмбарон ҳазрати Муҳаммад хотами анбиё ва мурсалин ва имон доштан ба рӯзи охират, ки чунончи ҳама медонем агар зиндагии ин дунё поёни кор буд, зиндагӣ ва вуҷудро як чизи беҳуда ва маъное набуд, ва имон доштан ба қазо ва қадар.
22. Паёмбарон алайҳимус-салом дар ончи аз ҷониби Аллоҳ иблоғ мекунанд маъсуманд, ва аз ҳар чизе, ки бо ақл ва ахлоқи солим мунофот дорад маъсуманд. Паёмбарон мукаллаф ба иблоғи аҳком ва авомири Худованд ба бандагон ҳастанд ва ҳеҷ як аз вижагиҳои рубубият (монанди офариниш, ризқ додан, ва тадбири ҷаҳон) ва улуҳият (сазовори ибодат будан)-ро надоранд, балки онон инсон ва аз ҷинси башар ҳастанд, ки Худованд ба онҳо ваҳй нозил фармуд.
Ислом бар асоси усули ибодатхои умда ба парастиши Худованд даъват мекунад, ки иборатанд аз: намоз, ки шомили қиём, рукуъ, суҷуд, зикри Аллоҳ ва ҳамду ситоиш ва дуъо аст ва инсон онро дар як шабонарӯз панҷ бор адо мекунад ва дар анҷоми он сарватманд ва фақир, роҳбар ва зердаст ҳама дар як саф қарор мегиранд ва тафовуте миёни онҳо вуҷӯд надорад. Закоти мол, ки миқдори андаке аз мол аст, дар як сол як маротиба аз сарватмандон гирифта ба фақирон ва мискинон дода мешавад. Рӯза, ки ба маънои худдорӣ аз хурдан дар рӯзҳои моҳи рамазон (аз тулӯъи фаҷр то ғуруби офтоб) аст, боиси тарбияти ирода ва сабр дар рӯҳияи инсон мегардад. Ҳаҷ, ки танҳо як маротиба дар зиндагӣ ба қасди байтуллоҳ дар Маккаи мукаррама барои шахси тавоно машрӯъ аст, ҳама дар руҷуъ ба сӯи Парвардигор онҷо яксон ҳастанд ва нақше дигар барои насаб ва фарқият боқӣ намемонад.
24. Яке аз бузургтарин вижагиҳои ибодот дар Ислом ин аст, ки равиш, замон ва шартҳои он аз ҷониби Худои Мутаъол машруъ гашта ва аз ҷониби Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) расонида шудааст ва то ин замон касе бар он кам ва ё изофа накардааст. Тамоми паёмбарон (Алайҳиму-с-салом) ба адои ин ибодатҳои бузург даъват кардаанд.
25. Паёмбари Ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим аст. Ӯ дар соли 571 милодӣ дар Макка ба дунё омада ва дар ин шаҳри муборак ба паёмбарӣ мабъус шуд ва сипас ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат намуд.
Ӯ дар бутпарастӣ ва амалҳои мушрикона бо қавми худ иштирок намекард, аммо дар корҳои хуб ва боарзиш бо онҳо буд. Ӯ қабл аз биъсат низ дорои ахлоқи нек ва бузург буд ва қавмаш ӯро "Амин" меномиданд. Дар синни чилсолагӣ мабъус ба паёмбарӣ шуд ва Худованд ӯро бо муъҷизаҳои бузург таъйид фармуд, ки бузургтарини онҳо Қуръони карим аст ва Қуръони карим бузургтарин муъҷизае аст, ки ба паёмбарон дода шудааст ва ягона мӯъҷизаи паёмбарона аст, ки то замони мо боқӣ мондааст. Пас аз онки Аллоҳ Таъоло ба воситаи ӯ динро комил намуд ва ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо беҳтарин шева ин динро иблоғ намуд, дар синни 63 солагӣ вафот кард ва дар Мадинаи Мунаввара ба хок супурда шуд. Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хотами паёмбарон аст, ки Аллоҳ ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то мардумро аз торикиҳои куфр, бутпарастӣ ва ҷаҳолат ба сӯи нури тавҳид ва имон берун орад ва Аллоҳ барои ӯ гувоҳӣ дод, ки ӯро барои даъват ба сӯи Худ фиристодааст.
26. Шариати исломӣ, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, хотимаи рисолатҳои илоҳӣ ва шариъатҳои раббонӣ аст, шариъати комилкунандае, ки салоҳи дин ва дунёи мардум дар он аст. Ислом дар дараҷаи аввал дин, ҷон, мол, ақл ва фарзандони мардумро ҳифз мекунад ва он носихи шариъатҳои қаблӣ аст, чунончи шариатҳои қаблӣ моқабли худро насх мекарданд.
27. Аллоҳ Таъоло дине ҷуз Ислом, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, намепазирад ва ҳар кӣ дине ғайр аз Ислом қабул кунад аз ӯ пазируфта намешавад.
28. Қуръони карим китобе аст, ки Аллоҳ Таъоло онро бар Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармудааст ва он сухани Парвардигори оламиён аст. Аллоҳ Таъоло дар Қуръони карим ҷин ва инсро ба чолиш кашидааст, ки агар метавонанд монанди он ё яке аз сураҳои онро биёваранд ва ин чолиш ҳанӯз ва то замони мо боқист. Қуръони карим ба пурсишҳои зиёди муҳим, ки мардумро дар ҳайрат гузоштааст, посух мегӯяд. Қуръони карим ба ҳамон забони арабӣ, ки нозил шудааст то ин замон маҳфуз аст ва ҳеҷ ҳарфе аз он кам ва зиёд нашудааст ва чопу нашр мешавад. Қуръон як китоби бисёр бузург ва мӯъҷизаосое аст, ки арзиши хондан ва ё хондани тарҷумаи маъонии онро дорад, ҳамонгуна, ки Суннат ва сирату таъолими Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз роҳи силсилаи ровиёни мувассақ ва бо ҳамон забони арабӣ, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо он сухан гуфтааст ва ба дигар забонҳо тарҷума шудааст, маҳфуз аст ва чопу нашр мешавад. Қуръони карим ва Суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду масдар ва сарчашмаи ягона барои аҳком ва шариъати исломӣ ҳастанд. Дин аз тасарруфоти афроди мансуб ба он гирифта намешавад, балки он аз ваҳйи илоҳӣ: Қуръони карим ва Суннати набавӣ, гирифта мешавад.
29. Ислом ба некӣ кардан ба волидон, агар ҳам ғайри мусалмон бошанд, ва ба тавсия дар мавриди фарзандон, дастур додааст.
30. Ислом ба адолат дар гуфтор ва кирдор, ҳатто бо душманон низ, амр намудааст.
31. Ислом ба некӣ кардан ба ҳама мардум амр мекунад ва ба ахлоқи наҷиб ва корҳои нек даъват мекунад.
32. Ислом ба ахлоқи шоиста, монанди: ростқавлӣ, амонатдорӣ, покдоманӣ, ҳаё, шуҷоат, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, ёрӣ ба бенавоён, сер кардани гуруснагон, ҳамсоядорӣ, нигоҳ доштани пайванди хешутаборӣ ва меҳрубонӣ бо ҳайвонот, амр мекунад.
33. Ислом ғизо ва нӯшобаҳои покизаро ҳалол қарор дода ба пок нигоҳ доштани қалб, бадан ва хона амр намудааст, бинобар ин аст, ки никоҳро аз ҷумлаи умури ҳалол эълом доштааст, чунончи паёмбарон салому дуруди Худо бар онҳо бод амр фармудаанд, ва паёмбарон ҳамеша ба умури нек ҳидоят мекунанд.
34. Ислом ҳаромҳои бунёдӣ, монанди: ширк ба Аллоҳ, куфр, бутпарастӣ, бе илм ба Аллоҳ сухан гуфтан, куштани фарзанд, қатл, паҳн кардани фасод дар замин, ҷодӯгарӣ, фаҳшои зоҳири ва ботинӣ, зино ва ливотаро ҳаром қарор додааст. Рибо, гӯшти худмурда ва ончи барои бутҳо забҳ мешавад, гӯшти хук, наҷосатҳо ва ифлосиҳо ҳароманд, ҳамонгуна ки хӯрдани моли ятим, фиреб дар тарозу ва андоза ва қатъи пайванди хешовандиро ҳаром гардонидааст, ва паёмбарон алайҳимус-салом ҳама бар ҳаром будани онҳо иттифоқи назар доранд.
35. Ислом аз ахлоқи бад ва мазмума, ба монанди: дурӯғ, фиребкорӣ, ғадр, хиёнат, фиреб, ҳасад, макр, дуздӣ, ситам ва беадолатӣ ва аз тамоми рафторҳои ношоиста наҳй мефармояд.
36. Ислом муомилоти молӣ, ки дар он рибо, зиён, фиреб, зулм ва қаллобӣ аст ва ё ончи мунҷар ба фоҷеа ва зарари умумӣ ба ҷомеа, мардум ва афроди алоҳида мешавад, манъ фармудааст.
37. Ислом омадааст то ақлро ҳифз кунад ва ҳар ончи онро фосид мекунад, ба монанди шароб, ҳаром гардонидааст. Ислом аҳамияти ақлро баланд бардошта онро меҳвар ва асоси масъулият қарор дод ва онро аз занҷири хурофот ва бутпарастӣ раҳо сохт. Ҳеҷ роз ва ҳукм барои табақаи хосе аз мардум дар Ислом вуҷӯд надорад ва ҳама аҳком ва қавонини он мувофиқ бо ақли солим ва мутобиқ бо муқтазои адолат ва ҳикмат аст.
38. Агар пайравони динҳои ботил тазодҳо ва масъалаҳоеро, ки ақл рад мекунад, дарк накунанд, рӯҳониён пайравонро фиреб медиҳанд, ки дин болотар аз ақл аст ва ақл маҷоле барои дарк ва фаҳми дин надорад, дар ҳоле, ки Ислом динро нуре медонад, ки роҳи ақлро равшан месозад. Рӯҳониёни динҳои ботил аз мардум мехоҳанд ақлҳои худро раҳо намуда аз онҳо пайравӣ кунанд, дар ҳоле, ки Ислом аз инсон мехоҳад ақлашро бедор кунад, то ҳақоиқи корҳоро он гуна ки ҳаст бишносад.
39. Ислом аз илм ва дониши дуруст ситоиш ва ба пажӯҳишҳои илмии бадур аз ҳавои нафс ташвиқ мекунад, ҳамонгуна, ки хостори андеша ва тафаккур дар мавриди худи мо ва ҷаҳони атроф аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаҳои илмии дурусти илм бо Ислом мунофот надорад.
40. Худованд ҳеҷ амалеро намепазирад ва дар охират ба он подош намедиҳад, магар аз касе, ки имон ба Аллоҳ овардааст ва аз Ӯ итоъат карда ва паёмбарон алайҳимус-саломро тасдиқ намудааст, Худованд аз бандагон, ҷуз ончи машрӯъ гардонидааст, намепазирад, пас чигуна мумкин аст инсон ба Аллоҳ кофир шавад ва аз Ӯ Таъоло умеди подош кунад? Худованд имони ҳеҷ касеро намепазирад, магар ин ки ба тамоми паёмбарон алайҳимус-салом ва ба рисолати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) имон оварад.
41. Ҳадафи тамоми рисолоти илоҳӣ ин аст, ки: дини ҳақ ба инсон бартарӣ медиҳад, то бандаи холиси Парвардигори ҷаҳониён гардад ва ӯро аз хурофот ва ғуломӣ ба инсон ва ё чизе дигар озод мекунад. Дини Ислом, чунончи медонем, на касеро тақдис мекунад ва болотар аз мақомаш қарор медиҳад ва на касеро худо ва маъбуд қарор медиҳад.
42. Худованд тавба дар Исломро машруъ гардонидааст, ки иборат аст аз: рӯй овардани инсон ба сӯи Парвардигор ва тарки гуноҳ. Ислом гуноҳони қабл аз худро нобуд мекунад ва тавба гуноҳони қабл аз худро дур мекунад, пас ниёз ба эътироф ба гуноҳони худ назди инсони дигаре нест.
43. Робитаи инсон бо Худо дар Ислом робитаи мустақим аст ва ниёзе ба восита миёни шумо ва Худо нест. Ислом моро аз худо сохтани инсонҳо ва шарик қарор додани ӯ дар рубубият ва улуҳияти Аллоҳ манъ мефармояд.
44. Дар поёни ин рисола ёдовар мешавем, ки мардум новобаста аз замон, миллат ва кишварашон, балки тамоми ҷомеаи башарӣ дар андеша ва аҳдофи худ гуногунанд, ҳамон гуна, ки муҳит ва амалкардашон гуногун аст. Бинобарин ӯ ниёз ба роҳнамое доранд, ки ононро роҳнамоӣ кунад, ниёз ба низоме доранд, ки ононро муттаҳид кунад ва ниёз ба ҳокиме доранд, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Паёмбарон (Салому дуруди Худо бар онҳо бод) инро бо ваҳйи илоҳӣ анҷом медоданд ва мардумро ба роҳи нек ҳидоят намуда онҳоро бар асоси шариъати илоҳӣ муттаҳид менамуданд, дар миёни онҳо ба ҳақ доварӣ мекарданд, тамоми умури онҳо ба андоза ва иқтизои посухашон ба паёмбарон ва наздикии замонашон ба паёмҳои илоҳӣ, дуруст мешуд. Худованд рисолатҳои осмониро бо рисолати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хотима бахшид ва ба он бақо ва мондагорӣ бахшид, онро мояи ҳидояти мардум ва раҳмату нур ва роҳнамое, ки ба сӯи Ӯ субҳонаҳу ва Таъоло мебарад, гардонид.
45. Пас ман аз ту мехоҳам ба сӯи Аллоҳ холисона ва дур аз тақлид ва одот бархезӣ ва бидонӣ, ки пас аз марг ба сӯи Парвардигорат боз хоҳӣ гашт, ба худ ва уфуқҳои атрофат бингар, исломро бипазир, дар дунё ва охират хушбахт хоҳӣ шуд. Агар мехоҳӣ вориди ислом шавӣ басанда аст бигӯи "Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ" ва аз ҳарчи ҷуз Аллоҳ ибодат карда мешавад безорӣ ҷӯйи, ба зинда шудани мурдаҳо ва ҳисобу подош дар қиёмат имон дошта бошӣ, пас ту ба дини Ислом ворид гаштаи. Сипас бояд Худовандро бар асоси ончи фармуда ва муқарар кардааст, ба монанди: адои намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ, ки тавонашро дошта бошӣ, ибодат намоӣ.
Нусха аз торихи 19-11-1441ҳ
Навиштаи профессор доктор Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ал-Суҳайм
Шарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст.
71 забон
Шарҳи мухтасар дар бораи Ислом бар асоси он чи дар Қуръони Карим ва суннати набавӣ омадааст.
Ислом Ин як китоби бисёр муҳим дар мавриди таърифи мухтасар аз Ислом аст, ки муҳимтарин усул, таълимот ва фазоили онро аз сарчашмаҳои аслии он - Қуръони Карим ва суннати набавӣ нишон медиҳад. Ин китоб барои тамоми мардумон, чи мусалмон ва ғайри мусалмон, бо забонҳои худашон ва барои ҳар давру замони ва дар ҳар мавриде таҳия ва тақдим шудааст. (Ин нусха дарбаргирандаи далелҳо аз Қуръони Карим ва суннати набавӣ мебошад) 1 - Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми башарият аст, ки он паёми ҷовидонаи илоҳӣ ва охирин рисолоти раббонӣ мебошад. Яъне: Ислом паёми Аллоҳ ба сӯи тамоми мардум аст, Худованди…