السؤال
س٣: اقرأ سورة العاديات وفسرها.
С 3: Сураи Одиётро бихонед ва тафсир кунед.
الجواب
ج:سورة العاديات وتفسيرها:
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿وَٱلۡعَٰدِيَٰتِ ضَبۡحٗا 1
فَٱلۡمُورِيَٰتِ قَدۡحٗا 2
فَٱلۡمُغِيرَٰتِ صُبۡحٗا 3
فَأَثَرۡنَ بِهِۦ نَقۡعٗا 4
فَوَسَطۡنَ بِهِۦ جَمۡعًا 5
إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٞ 6
وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٞ 7
وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلۡخَيۡرِ لَشَدِيدٌ 8
۞ أَفَلَا يَعۡلَمُ إِذَا بُعۡثِرَ مَا فِي ٱلۡقُبُورِ 9
وَحُصِّلَ مَا فِي ٱلصُّدُورِ 10
إِنَّ رَبَّهُم بِهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّخَبِيرُۢ 11﴾
[العاديات: ١-١١].
التفسير:
- ﴿وَٱلۡعَٰدِيَٰتِ ضَبۡحٗا1﴾:
أقسم الله بالخيل التي تجري حتى يُسْمَع لنَفَسِها صوتٌ من شدة الجري.
- ﴿فَٱلۡمُورِيَٰتِ قَدۡحٗا2﴾:
وأقسم بالخيل التي تُوقِد النار بحوافرها إذا لامست بها الصخور لشدة وقعها عليها.
- ﴿فَٱلۡمُغِيرَٰتِ صُبۡحٗا3﴾:
وأقسم بالخيل التي تُغِير على الأعداء وقت الصباح.
- ﴿فَأَثَرۡنَ بِهِۦ نَقۡعٗا4﴾:
فحركن بجريهنّ غبارًا.
- ﴿فَوَسَطۡنَ بِهِۦ جَمۡعًا5﴾:
فتوسّطن بفوارسهنّ جَمْعًا من الأعداء.
- ﴿إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٞ6﴾:
إن الإنسان لمَنُوع للخير الذي يريده منه ربه.
- ﴿وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٞ7﴾:
وإنه على منعه للخير لشاهد، لا يستطيع إنكار ذلك لوضوحه.
- ﴿وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلۡخَيۡرِ لَشَدِيدٌ8﴾:
وإنه لفرط حبه للمال يبخل به.
- ﴿۞ أَفَلَا يَعۡلَمُ إِذَا بُعۡثِرَ مَا فِي ٱلۡقُبُورِ9﴾:
أفلا يعلم هذا الإنسان المغترّ بالحياة الدنيا إذا بعث الله ما في القبور من الأموات وأخرجهم من الأرض للحساب والجزاء أن الأمر لم يكن كما كان يتوهم؟!
- ﴿وَحُصِّلَ مَا فِي ٱلصُّدُورِ10﴾:
وأُبْرِز وبُيِّن ما في القلوب من النيات والاعتقادات وغيرها.
- ﴿إِنَّ رَبَّهُم بِهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّخَبِيرُۢ11﴾:
إن ربهم بهم في ذلك اليوم لخبير، لا يخفى عليه من أمر عباده شيء، وسيجازيهم على ذلك.
Ҷ: Сураи Одиёт ва тафсири он:
(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1
(Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд 1
Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд 2
Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд 3
Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд 4
Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд 5
Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст 6
Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст 7
Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад 8
Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд? 9
Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад 10
Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст 11)
(Сураи Одиёт, оятҳои 1-11)
Тафсир:
Аллоҳ Таъоло ба аспҳои давандае қасам ёд мекунад, ки аз шиддати давиданашон садои нафасҳои онон ба гӯш мерасад.
Ва Аллоҳ ба аспҳое савганд ёд кард, ки бо бархурди сумҳояшон ба сангҳо ва аз шиддати ин бархӯрд оташ меафрӯзад.
Ва ба аспоне савганд ёд кард, ки ба ҳангоми субҳ ба душманон ҳамла мекунанд.
Бо давиданашон чангу хок меафкананд.
Пас ҳамроҳ бо саворони худ дар миёни гурӯҳи душманон ворид шаванд.
Албатта, инсон он хайреро, ки Парвардигораш барояш мехоҳад , боз медорад.
Ва ӯ бар ин боз доштанаш аз хайр гувоҳ аст ва ба далели равшании он наметавонад онро инкор кунад.
Ва ин ки ӯ аз шиддати муҳаббаташ ба молу сарват бухл меварзад.
Оё он инсон, ки фирефтаи зиндагии дунё шудааст, намедонад, ки ҳаргоҳ он чи дар қабрҳо аст барангехта шавад ва мурдагон ба сӯи сарзамини ҳисоб берун оянд, кор онгунае, ки тасаввур мекунанд нахоҳад буд?
Ва ниятҳо ва эътиқодот ва дигар чизҳое, ки дар дилҳо аст равшану ошкор хоҳад гашт.
Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳ аст ва чизе аз амри бандагонаш аз Ӯ пинҳон нахоҳад буд ва онҳоро бар ин асос подош ва ҷазо хоҳад дод.