السؤال
س٤: اقرأ سورة القارعة وفسرها.
С 4: Сураи Қориаро бихонед ва тфасир кунед.
الجواب
ج:سورة القارعة وتفسيرها:
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿ٱلۡقَارِعَةُ 1
مَا ٱلۡقَارِعَةُ 2
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡقَارِعَةُ 3
يَوۡمَ يَكُونُ ٱلنَّاسُ كَٱلۡفَرَاشِ ٱلۡمَبۡثُوثِ 4
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٱلۡمَنفُوشِ 5
فَأَمَّا مَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ 6
فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ 7
وَأَمَّا مَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ 8
فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٞ 9
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا هِيَهۡ 10
نَارٌ حَامِيَةُۢ 11﴾
[القارعة: ١-١١].
التفسير:
- ﴿ٱلۡقَارِعَةُ1﴾:
الساعة التي تقرع قلوب الناس لعظم هولها.
- ﴿مَا ٱلۡقَارِعَةُ2﴾:
ما هذه الساعة التي تقرع قلوب الناس لعظم هولها؟!
- ﴿وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡقَارِعَةُ3﴾:
وما أعلمك -أيها الرسول- ما هذه الساعة التي تقرع قلوب الناس لعظم هولها؟! إنها يوم القيامة.
- ﴿يَوۡمَ يَكُونُ ٱلنَّاسُ كَٱلۡفَرَاشِ ٱلۡمَبۡثُوثِ4﴾:
يوم تقرع قلوب الناس، يكونون كالفراش المُنْتَشِر المتناثر هنا وهناك.
- ﴿وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٱلۡمَنفُوشِ5﴾:
وتكون الجبال مثل الصوف المَندُوف في خفة سيرها وحركتها.
- ﴿فَأَمَّا مَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ6﴾:
فأما من رجحت أعماله الصالحة على أعماله السيئة.
- ﴿فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ7﴾:
فهو في عيشة مرضية ينالها في الجنة.
- ﴿وَأَمَّا مَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ8﴾:
وأما من رجحت أعماله السيئة على أعماله الصالحة.
- ﴿فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٞ9﴾:
فمسكنه ومستقرّه يوم القيامة هو جهنم.
- ﴿وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا هِيَهۡ 10﴾:
وما أعلمك - أيها الرسول - ما هي؟!
- ﴿نَارٌ حَامِيَةُۢ11﴾:
هي نار شديدة الحرارة.
Ҷ: Сураи Қориъа ва тафсири он:
(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1
( [Он] Фурукӯбанда 1
[Он] Фурукӯбанда чист? 2
Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист? 3
Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд 4
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд 5
Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад 6
[Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд 7
Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад 8
Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст 9
Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист? 10
Оташе аст сӯзон [ва шуълавар] 11)
(Сураи Қориъа, оятҳои 1-11)
Тафсир:
Яъне, аз шиддати даҳшати қиёмат дилҳои мардум ба ларза медароянд.
Қиёмат чӣ гуна рӯзест, ки аз шиддати даҳшаташ дилҳои мардум ба ларза медарояд?!
Ва ту - эй Паёмбар - чи медонӣ, ки ин соат, ки дилҳои мардумро аз шиддати тарс мекӯбад, чист? Он рӯзи қиёмат аст.
Рӯзе, ки дилҳои мардум кӯбида мешаванд, монанди парвонаҳои пароканда дар ҳар сӯ хоҳанд буд.
Ва кӯҳҳо дар сабукӣ ва ҳаракаташон монанди пашми задашуда хоҳанд буд.
Аммо он кас, ки аъмоли некаш бар кирдори бадаш болотар бошад.
Пас ӯ дар зиндагии хуше хоҳад буд, ки дар биҳишт ба он мерасад.
Ва аммо касе, ки бадиаш аз аъмоли некаш болотар бошад.
Яъне ҷойгоҳаш дар рӯзи қиёмат ҷаҳаннам аст.
Яъне, эй Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ту намедонӣ, ки он (Ҳовия) чист?
Он оташи сахт сӯзон ва шуълавар аст.