Skip to content

Ҳадиси "Дар ҳоле, ки назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

الباب / الفصل
قسم الحديث

السؤال

س3: أكمل حديث «بينما نحن جلوس عند رسول الله صلى الله عليه وسلم ...»، واذكر بعض فوائده.

С 3: Ҳадиси "Дар ҳоле, ки назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

الجواب

ج:عن عمر بن الخطاب رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال:

«بينما نحن جلوس عند رسول الله صلى الله عليه وسلم ذات يوم، إذ طلع علينا رجل شديد بياض الثياب، شديد سواد الشعر، لا يرى عليه أثر السفر، ولا يعرفه منا أحد، حتى جلس إلى النبي صلى الله عليه وسلم، فأسند ركبته إلى ركبتيه، ووضع كفيه على فخذيه، وقال: «يا محمد أخبرني عن الإسلام»، فقال له: «الإسلام: أن تشهد أن لا إله إلا الله، وأن محمدًا رسول الله، وتقيم الصلاة، وتؤتي الزكاة، وتصوم رمضان، وتحج البيت إن استطعت إليه سبيلًا»، قال: «صدقت»، فعجبنا له يسأله ويصدقه، قال: «أخبرني عن الإيمان» قال: «أن تؤمن بالله، وملائكته، وكتبه، ورسله، واليوم الآخر، وتؤمن بالقدر؛ خيره وشره»، قال: «صدقت»، قال: «فأخبرني عن الإحسان»، قال: «أن تعبد الله كأنك تراه، فإن لم تكن تراه، فإنه يراك»، قال: «فأخبرني عن الساعة»، قال: «ما المسؤول بأعلم من السائل»، قال: «فأخبرني عن أماراتها»، قال: «أن تلد الأمة ربتها، وأن ترى الحفاة العراة العالة رعاء الشاء، يتطاولون في البنيان» ثم انطلق فلبث مليًّا، ثم قال: «يا عمر! أتدري من السائل؟»، قلت: "الله ورسوله أعلم"، قال: «فإنه جبريل، أتاكم يعلمكم دينكم»

رواه مسلم.

فوائد من الحديث:

  1. ذكر أركان الإسلام الخمسة؛ وهي:
  • شهادة أن لا إله إلا الله، وأن محمدا رسول الله.
  • وإقام الصلاة.
  • وإيتاء الزكاة.
  • وصوم رمضان.
  • وحج بيت الله الحرام.
  1. ذكر أركان الإيمان، وهي ستة:
  • الإيمان بالله.
  • وملائكته.
  • وكتبه.
  • ورسله.
  • واليوم الآخر.
  • والقدر خيره وشره.
  1. ذكر ركن الإحسان، وهو ركن واحد، وهو أن تعبد الله كأنك تراه، فإن لم تكن تراه، فإنه يراك.
  2. وقت قيام الساعة، لا يعلمه إلا الله تَعَالَى.

Ҷ: Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

"Рўзе мо назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногаҳон марде бо либосҳои ниҳоят сафед ва мӯйи сараш ниҳоят сиёҳ сӯйи мо омад, ки асаре аз (гарду ғубори) сафар бар вай дида намешуд ва касе (аз мо низ) ӯро намешинохт. Вай рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод, кафи дастонашро болои ронҳояш гузошта гуфт: "Эй Муҳаммад, маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Ислом он аст, ки шаҳодат бидиҳӣ, ки нест ҳеҷ маъбуде бар ҳақ, ҷуз Худо ва Муҳаммад паёмбари Худо аст; ва намоз бигузорӣ; ва закоти мол бидиҳӣ; ва рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ; ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар бар он тавоноии роҳ дошта бошӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар, Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: "Мо тааҷҷуб кардем аз он мард, ки худ суол мекарду боз мегуфт: "Рост гуфтӣ". Он мард гуфт: "Акнун маро аз имон хабар деҳ!". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ ва ба китобҳои Ӯ ва ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират бовар дошта бошӣ; ва ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар кунӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ. Акнун маро аз эҳсон хабар деҳ!" Гуфт: «Эҳсон он аст, ки Худоро чунон парастиш кунӣ, ки Ӯро мебинӣ. Ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад». Он мард гуфт: "Пас аз омадани рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Гуфт: «Дар ин бора ҷавобдиҳанда аз суолдиҳанда донотар нест». Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро хабар деҳ!" (Паёмбар, (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Он, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд; ва он, ки фақирони бараҳна, бенаво ва чӯпонони камбағал ҳам дар иморатсозӣ бо ҳамдигар сабқат кунанд». Сипас он мард бархосту рафт. Пас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) андаке хомӯш истоду ба ман гуфт: «Эй Умар! Оё медонӣ, ки ин марди суолкунанда кӣ буд?» Умар гуфт: "Худову паёмбараш беҳтар медонанд". Гуфт: «Ба дурустӣ, вай Ҷабраил буд, ки омад, то ба шумо динатонро биомӯзонад».

Ривояти Муслим.

Аз фоидаҳои ҳадис:

  1. Аркони панҷгонаи Ислом дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо:
  • Гувоҳи додан, ки маъбуди барҳаққе нест магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. (Ло илоҳа илла Аллоҳ, Муҳаммадур-расулуллоҳ).
  • Барпо доштани намоз.
  • Пардохтани закот.
  • Рӯза гирифтани моҳи Рамазон.
  • Ва ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ (Каъба).
  1. Аркони шашгонаи Имон дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо иборатанд аз:
  • Имон ба Аллоҳ.
  1. Ва фариштагонаш.
  2. Ва китобҳояш.
  3. Ва паёмбаронаш.
  4. Ва ба рӯзи қиёмат.
  5. Ва ба тақдири некӣ ва бадӣ.
  6. Зикри рукни эҳсон ва он як рукн аст ва ба ин маъно аст, ки Аллоҳро чунон бипарастед, ки Ӯро мебинӣ ва агар Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.
  7. Вақти барпо шудани қиёматро касе ғайр аз Аллоҳ намедонад.