Skip to content

السؤال

س١٠: اقرأ سورة الماعون وفسرها.

С 10: Сураи Моъунро бихонед ва тафсир кунед.

الجواب

ج:سورة الماعون وتفسيرها:

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

﴿أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ 1

فَذَٰلِكَ ٱلَّذِي يَدُعُّ ٱلۡيَتِيمَ 2

وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ 3

فَوَيۡلٞ لِّلۡمُصَلِّينَ 4

ٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ 5

ٱلَّذِينَ هُمۡ يُرَآءُونَ 6

وَيَمۡنَعُونَ ٱلۡمَاعُونَ 7﴾

[سورة الماعون: ١ - ٧].

التفسير:

  1. ﴿أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ1﴾:

هل عرفت الذي يكذب بالجزاء يوم القيامة؟!

  1. ﴿فَذَٰلِكَ ٱلَّذِي يَدُعُّ ٱلۡيَتِيمَ2﴾:

فهو ذلك الذي يدفع اليتيم بغلظة عن حاجته.

  1. ﴿وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ3﴾:

ولا يحثّ نفسه، ولا يحث غيره على إطعام الفقير.

  1. ﴿فَوَيۡلٞ لِّلۡمُصَلِّينَ4﴾:

فهلاك وعذاب للمصلِّين.

  1. ﴿ٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ5﴾:

الذين هم عن صلاتهم لاهون، لا يبالون بها حتى ينقضي وقتها.

  1. ﴿ٱلَّذِينَ هُمۡ يُرَآءُونَ6﴾:

الذين هم يراؤون بصلاتهم وأعمالهم، لا يخلصون العمل لله.

  1. ﴿وَيَمۡنَعُونَ ٱلۡمَاعُونَ7﴾:

ويمنعون إعانة غيرهم بما لا ضرر في الإعانة به.

Ҷ: Сураи Моъун ва тафсири он:

(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1

([Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мепиндорад, дидаӣ? 1

Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад 2

Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад 3

Пас, вой бар намозгузорон! 4

Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5

Касоне, ки худнамоӣ мекунанд 6

Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд 7)

(Сураи Моъун, оятҳои 1-7)

Тафсир:

Оё он касеро, ки рӯзи қиёмат ва савоби он рӯзро инкор мекунад, шинохтӣ?

(Рафтори) он кас (чунин) аст, ки бо хушунат ятимро меронад ва ниёзашро бароварда намесозад.

На худашро ва на дигаронро ба таъом додани камбағалон ташвиқ намекунад.

Пас ҳалок ва азоб бар намозгузорон.

Онон, ки аз намози худ ғофиланд ва ба намозашон аҳамият намедиҳанд, то ин ки вақташ ба поён расад.

Онон бо намозу аъмоли худ, худнамоӣ мекунанд ва аъмоли худро холисона барои Аллоҳ анҷом намедиҳанд.

Ва аз ёри расондан ба дигарон мамониат мекунанд, ҳатто агар чизе аз онон кам нашавад.