Skip to content

السؤال

س٩: اقرأ سورة قريش وفسرها.

С 9: Сураи Қурайшро бихонед ва тафсир кунед.

الجواب

ج:سورة قريش وتفسيرها:

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

﴿لِإِيلَٰفِ قُرَيۡشٍ 1

إِۦلَٰفِهِمۡ رِحۡلَةَ ٱلشِّتَآءِ وَٱلصَّيۡفِ 2

فَلۡيَعۡبُدُواْ رَبَّ هَٰذَا ٱلۡبَيۡتِ 3

ٱلَّذِيٓ أَطۡعَمَهُم مِّن جُوعٖ وَءَامَنَهُم مِّنۡ خَوۡفِۭ 4﴾

[قريش: ١-٤].

التفسير:

  1. ﴿لِإِيلَٰفِ قُرَيۡشٍ1﴾:

المراد بذلك ما كانوا يألفونه من الرحلة في الشتاء والصيف.

  1. ﴿إِۦلَٰفِهِمۡ رِحۡلَةَ ٱلشِّتَآءِ وَٱلصَّيۡفِ2﴾:

رحلةَ الشتاء إلى اليمن، ورحلة الصيف إلى الشام آمنين.

  1. ﴿فَلۡيَعۡبُدُواْ رَبَّ هَٰذَا ٱلۡبَيۡتِ3﴾:

فليعبدوا الله ربّ هذا البيت الحرام وحده، الذي يسَّر لهم هذه الرحلة، ولا يشركوا به أحدًا.

  1. ﴿ٱلَّذِيٓ أَطۡعَمَهُم مِّن جُوعٖ وَءَامَنَهُم مِّنۡ خَوۡفِۭ4﴾:

الذي أطعمهم من جوع، وآمنهم من خوف، بما وضع في قلوب العرب من تعظيم الحرم، وتعظيم سكانه.

Сураи Қурайш ва тафсири он:

(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1

(Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш 1

[Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом] 2

Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд 3

Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд 4)

(Сураи Қурайш, оятҳои 1-4)

Тафсир:

Мурод аз ин гуфта ин аст, (ки аҳли Қурайш дар як сол ду сафари бисёр муҳим доштанд) онҳо ба ин сафарҳо одат карда буданд (ва ба воситаи онҳо фоидаҳои зиёде медиданд.)

(Онҳо) Дар зимистон ба Яман ва дар тобистон ба Шом дар бехатарӣ ва амон сафар мекарданд.

Пас Аллоҳи ягона Парвардигори ин байтулҳаромро ибодат кунанд, ки ин сафарҳоро барояшон осон кард ва ҳеҷ касро шарики Ӯ насозанд.

Ӯ (Аллоҳи Мутаъол) аз гуруснагӣ наҷоташон дод ва онҳоро таом дод ва аз тарс эминашон сохт ва барояшон амният бахшид. Ва ин (ҳама неъмат) ба сабаби эҳтиром ва бузургдошти ҳарам ва сокинонаш дар дили арабҳо буд.