السؤال
س٧: اقرأ سورة الهمزة وفسرها.
С 7: Сураи Ҳумазаро бихонед ва тафсир кунед.
الجواب
ج:سورة الهمزة وتفسيرها:
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ 1
ٱلَّذِي جَمَعَ مَالٗا وَعَدَّدَهُۥ 2
يَحۡسَبُ أَنَّ مَالَهُۥٓ أَخۡلَدَهُۥ 3
كَلَّاۖ لَيُنۢبَذَنَّ فِي ٱلۡحُطَمَةِ 4
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحُطَمَةُ 5
نَارُ ٱللَّهِ ٱلۡمُوقَدَةُ 6
ٱلَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى ٱلۡأَفۡـِٔدَةِ 7
إِنَّهَا عَلَيۡهِم مُّؤۡصَدَةٞ 8
فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۭ 9﴾
[الهمزة: ١-٩].
التفسير:
- ﴿وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ1﴾:
وبال وشدة عذاب لكثير الاغتياب للناس، والطعن فيهم.
- ﴿ٱلَّذِي جَمَعَ مَالٗا وَعَدَّدَهُۥ2﴾:
الذي همّه جمع المال وإحصاؤه، لا همَّ له غير ذلك.
- ﴿يَحۡسَبُ أَنَّ مَالَهُۥٓ أَخۡلَدَهُۥ3﴾:
يظن أن ماله الذي جمعه سينجيه من الموت، فيبقى خالدًا في الحياة الدنيا.
- ﴿كَلَّاۖ لَيُنۢبَذَنَّ فِي ٱلۡحُطَمَةِ4﴾:
ليس الأمر كما تصوّر هذا الجاهل، ليطرحنّ في نار جهنم التي تدق وتكسر كل ما طُرِح فيها لشدة بأسها.
- ﴿وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحُطَمَةُ5﴾:
وما أعلمك - أيها الرسول - ما هذه النار التي تحطم كل ما طُرِح فيها؟!
- ﴿نَارُ ٱللَّهِ ٱلۡمُوقَدَةُ6﴾:
إنها نار الله المستعرة.
- ﴿ٱلَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى ٱلۡأَفۡـِٔدَةِ7﴾:
التي تنفذ من أجسام الناس إلى قلوبهم.
- ﴿إِنَّهَا عَلَيۡهِم مُّؤۡصَدَةٞ8﴾:
إنها على المُعَذَّبين فيها مغلقة.
- ﴿فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۭ9﴾:
بعَمَد ممتدة طويلة حتى لا يخرجوا منها.
Ҷ: Сураи Ҳумаза ва тафсири он:
(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1
(Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе! 1
[Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард 2
Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад 3
Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд 4
Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист? 5
Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст 6
[Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад] 7
Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосираашон карда] аст 8
[Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст 9)
(Сураи Ҳумаза, оятҳои 1-9)
Тафсир:
Азоби сахт гиребонгири касе аст, ки бисёр ғайбат мекунад ва ба мардум таъна мезанад.
Касе, ки ягона кораш андӯхтани сарват ва шумориши он аст, кори дигаре надорад.
Ин гуна шахс гумон мекунад, ки сарвати ҷамъкардааш ӯро аз марг наҷот медиҳад ва имкон медиҳад, ки дар дунё абадӣ бимонад.
На, ончунон нест, ки он нодон тасаввур мекунад, балки бешак ӯро дар оташи ҷаҳаннам меандозанд, оташе, ки ҳар чизе дар он андохта шавад, аз шиддати хушунаташ, дар ҳам мешиканад ва мерезад.
Яъне, туро (эй Паёмбар) кӣ огоҳ сохт аз ин оташе, ки ҳар чизеро, ки ба он андохта мешавад, мешиканад?!
Дар ҳақиқат, он оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст.
Ки аз баданҳои мардум гузашта ба дилҳояшон роҳ меёбад.
Он оташ барои касоне аст, ки дар он азоб мекашанд, баста аст.
Дар сутунҳои дароз, то натавонанд аз он берун оянд.