"Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
«كان رجلٌ يُدَايِنُ الناسَ، فكان يقول لفتاه: إذا أتيتَ مُعسِرًا فتجاوز عنه، لعل اللهَ يَتجاوزُ عنا، فلقي اللهَ فتجاوز عنه».
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марде мегӯяд, ки ба мардум қарз медод ё бо қарз ба онҳо мол медод, ва ба ғуломи худ, ки қарзи ӯро аз мардум мегирифт, мегуфт: Агар назди касе рафтӣ, ки тавони пардохти қарзи худро надорад "аз ӯ бигзар" ё ба ӯ муҳлат бидеҳ ва дар гирифтани қарз пойфишорӣ накун, ё тавони пардохти ҳар миқдоре аз молро дорад бипазир, ки шояд ба сабаби он Худованд аз мо бигзарад ва мавриди бахшиш қарор бидиҳад. Чун он мард вафот кард, Худованд ӯро авф ва аз гуноҳонаш даргузашт.
يداين: يكثر من التعامل مع الناس بالدين.
فتاه: غلامه الذي يكلفه بالعمل.
أتيت معسرًا: لمطالبته بما عليه.
Муомилаи нек бо мардум ва гузашт дар тангдастӣ, аз бузургтарин асбоби наҷоти банда дар рӯзи қиёмат аст.
Некӣ ба мардум, ихлос дар амал ва умед бастан ба раҳмати Худованд аз сабабҳои омӯрзиши гуноҳон аст.
Саҳеҳ Бухорӣ (4/ 176) (3480).
Саҳеҳ Муслим (3/ 1196) (1562).
Бештар (9)
بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.
لسليم الهلالي (2/ 458).
التنوير شرح الجامع الصغير.
للصنعاني (8/ 123).
كنوز رياض الصالحين.
لمجموعة من الباحثين (16/ 402).
مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح.
للقاري (5/ 1953).
نزهة المتقين شرح رياض الصالحين (2/ 945).