Skip to content

Зане, ки ҳанӯз дар аввали ҳомиладорӣ буд, дар як садама ҷароҳат бардошта, аз хунравии шадид бача партофт. Оё ҷоиз аст ифтор кунад ё рӯзаашро идома диҳад? Агар ифтор кунад, оё вай гунаҳкор аст?

السؤال

С 1:

Зане, ки ҳанӯз дар аввали ҳомиладорӣ буд, дар як садама ҷароҳат бардошта, аз хунравии шадид бача партофт. Оё ҷоиз аст ифтор кунад ё рӯзаашро идома диҳад? Агар ифтор кунад, оё вай гунаҳкор аст?

س28: امرأةٌ أصيبت في حادثةٍ، وكانت في بداية الحمل، فأسقطت الجنين إثر نزيفٍ حادٍّ، فهل يجوز لها أن تفطر، أو تواصل الصّيام؟ وإذا أفطرت فهل عليها إثمٌ؟

الجواب

Ҷ 1:

Дар ин бора чунин мегӯем: Зани ҳомила ҳайз намебинад, чунон ки Имом Аҳмад мегӯяд: "Занҳо бордории худро ба сабаби қатъ шудани ҳайз медонанд." Ва ҳайзро - чунон ки аҳли илм баён кардаанд - Худованд ба хотири ҳикмати ғизо додани ҷанин дар шиками модар офаридааст. Пас, ҳар вақто ҳамл инкишоф меёбад, ҳайз қатъ мешавад.

Бо вуҷуди ин баъзе аз занон метавонад ҳайзи онҳо баъд аз ҳамл ҳам давом ёбад. Дар ин ҳолат ҳукм бар ин мешавад, ки ҳайзи онон дуруст аст, зеро ҳамл ҳам ба ҳайз таъсир нарасонда, он давом ёфтааст ва ин ҳайз ҳар чизеро, ки ҳайзи зани ғайри ҳомила манъ мекунад, боз медорад. Ҳар чизеро ки буданаш воҷиб мегардонад, воҷиб аст ва ҳар чизеро, ки манъ мекунад, боз медорад.

Хулоса ин мешавад: ҳар хуне, ки аз зани ҳомила мебарояд, бар ду навъ аст:

  • Навъи якум: он хун ҳайз ҳисобида мешавад, ҳамон тавре ки пеш аз бордорӣ давом мекард. Ин маънои онро дорад, ки бордорӣ ба он таъсир нарасонда аст, бинобар ин давраи ҳайз ҳисобида мешавад.

Навъи дуюм, хунест, ки дар давраи бордорӣ ё дар натиҷаи садама, бардоштани бори вазнин, бачапартоӣ ва амсоли он ба вуҷуд меояд. Ин намуди хун ҳайз нест, балки хуни рагҳо мебошад.

Бар асоси ин, ӯро аз намоз ва рӯзадорӣ боз намедорад, балки пок ҳисобида мешавад.

Аммо агар садама боиси таваллуди навзод ё исқоти ҷанин шавад, бинобар гуфтаи олимон, агар ҷанин бо шаклгирии инсон берун шавад, хунравӣ пас аз таваллудаш нифос аст, ки дар ин ҳолат аз намоз хондан ва рӯза гирифтан худдорӣ мекунад ва шавҳараш то пок шуданаш аз ҳамхобагӣ бо ӯ дурӣ мекунад.

Агар ҷанин дар ҳоле берун ояд, ки шакли инсонӣ нагирифта бошад, он гоҳ хунравӣ нифос ҳисобида намешавад ва ӯро аз намоз ва рӯза ва дигар чизҳо манъ намекунад.

Олимон мегӯянд: Ҳадди ақалли ташаккулёбии ҷанин (ба шакли инсон) ҳаштоду як рӯз аст. Зеро ҷанин дар шиками модараш

чунон ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст, ба мо фармуданд: "Ҳамоно яке аз шумо офиринишаш дар батни модараш чиҳил рӯз нутфа ҷамъ карда мешавад, сипас хуни баста мебошад, мисли он (яъне, чиҳил рӯзи дигар), сипас гуштпора мебошад, мисли он (яъне, чиҳил рӯзи дигар), сипас ба назди ӯ фариштае фиристода мешавад, пас рӯҳро дар он медамад ва ба чаҳор калима амр карда мешавад: ба навиштани ризқаш, ва аҷалаш (муҳлаташ) ва амалаш ва ин ки бадбахт аст ё хушбахт."

Ва пеш аз ин офаринишаш имкон надорад. Ва ғолиб он аст, ки ташаккулёбии ҷанин ба шакли инсон пеш аз навад рӯз маълум намешавад. Чунон ки баъзе аз олимон гуфтаанд.

ﺟ28: نقول: إن الحامل لا تحيض، كما قال الإمام أحمد:

"إنما تعرف النّساء الحمل بانقطاع الحيض".

والحيض -كما قال أهل العلم- خلقه الله تبارك وتعالى لحكمة غذاء الجنين في بطن أمّه، فإذا نشأ الحمل انقطع الحيض.

لكن بعض النّساء قد يستمرّ بها الحيض على عادته كما كان قبل الحمل، فهذه يحكم بأن حيضها حيضٌ صحيحٌ؛ لأنه استمر بها الحيض، ولم يتأثر بالحمل، فيكون هذا الحيض مانعًا لكلّ ما يمنعه حيض غير الحامل، وموجبًا لـما يوجبه، ومسقطًا لـما يسقطه.

والحاصل: أن الدم الّذي يخرج من الحامل على نوعين:

نوعٌ يحكم بأنه حيضٌ، وهو الّذي استمر بها كما كان قبل الحمل، فمعنى ذلك: أن الحمل لم يؤثّر عليه، فيكون حيضًا.

والنوع الثاني: دمٌ طرأ على الحمل طروءًا، إما بسببٍ حادثٍ، أو حمل شيءٍ، أو سقوطٍ من شيءٍ ونحوه، فهذه دمها ليس بحيضٍ، وإنما هو دم عرقٍ،

وعلى هذا فلا يمنعها من الصلاة، ولا من الصوم، بل هي في حكم الطاهرات.

ولكن إذا لزم من الحادث أن ينزل الولد أو الحمل الذي في بطنها فإنها على ما قال أهل العلم: إن خرج وقد تبين فيه خلق إنسانٍ فإن دمها بعد خروجه يعدّ نفاسًا، تترك فيه الصلاة والصوم، ويتجنبها زوجها حتى تطهر.

وإن خرج الجنين وهو غير مخلّقٍ فإنه لا يعتبر دم نفاسٍ، بل هو دم فسادٍ، لا يمنعها من الصلاة، ولا من الصّيام، ولا من غيرهما.

قال أهل العلم: وأقلّ زمنٍ يتبين فيه التخليق: واحدٌ وثمانون يومًا؛ لأن الجنين في بطن أمّه، كما قال عبد الله بن مسعودٍ رضي الله عنه: حدثنا رسول الله ﷺ وهو الصادق المصدوق، فقال:

«إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْمًا، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يُبْعَثُ إِلَيْهِ الْمَلَكُ، وَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ، فَيُكْتَبُ رِزْقُهُ، وَأَجَلُهُ، وَعَمَلُهُ، وَشَقِيٌّ أَوْ سَعِيدٌ» [1]،

ولا يمكن أن يخلق قبل ذلك، والغالب أن التخليق لا يتبين قبل تسعين يومًا، كما قال بعض أهل العلم.

[10] رواه البخاري، كتاب أحاديث الأنبياء، باب خلق آدم وذريته (3333)، ومسلم، كتاب القدر، باب كيفية خلق الآدمي في بطن أمه (1) (2643).