Саволдиҳанда мегӯяд: Аз замоне ки рӯза бар ӯ фарз шудааст, моҳи Рамазонро рӯза мегирад. Аммо рӯзҳоеро, ки ба сабаби ҳайз рӯза нагирифтааст, қазояшро анҷом надодааст. Ӯ барои роҳнамоӣ мепурсад, ки ҳоло чӣ кор кунад?
- الموضوعات
- الصياممفسدات الصومالصياموقت القضاء وحكم تأخيرهالطهارةأحكام الحيض والنفاسالصلاةمبطلات الصلاة
السؤال
С 1:
Саволдиҳанда мегӯяд: Аз замоне ки рӯза бар ӯ фарз шудааст, моҳи Рамазонро рӯза мегирад. Аммо рӯзҳоеро, ки ба сабаби ҳайз рӯза нагирифтааст, қазояшро анҷом надодааст. Ӯ барои роҳнамоӣ мепурсад, ки ҳоло чӣ кор кунад?
س30: سائلةٌ تقول: إنها منذ وجب عليها الصّيام وهي تصوم رمضان، ولكنها لا تقضي صيام الأيام التي تفطرها بسبب الدورة الشهرية، ولجهلها بعدد الأيام التي أفطرتها، فهي تطلب إرشادها إلى ما يجب عليها فعله الآن.
الجواب
Ҷ 1:
Барои мо таассуфовар аст, ки чунин амал дар байни занони муъмин рух медиҳад. Зеро ин тарк - яъне, тарки қазоӣ рӯзаи фарзӣ - ё аз рӯйи ҷаҳолат ё бепарвоӣ ва саҳлангорӣ ва ин ҳарду мусибат аст. Зеро дармони ҷоҳилӣ илм омӯхтан ва пурсидан аст.
Аммо бепарвоӣ ва саҳлангорӣ, дармонаш аз Аллоҳ Таъоло тарсидан, муроқибати Ӯ, тарс аз азоби Ӯ ва шитоб кардан ба чизе аст, ки розигии Ӯ дар он аст.
Ин зан барои коре ки кардааст, бояд ба даргоҳи Худованд тавба кунад, омурзиш бихоҳад ва то қадри имкон рӯзҳои тарк кардаашро муайян карда, қазояшро ба ҷо орад. Ба ин тартиб масъулиятро аз худ соқит мекунад ва умедворем, ки Худованд тавбаи ӯро қабул кунад.
ﺟ30: يؤسفنا أن يقع مثل هذا بين نساء المؤمنين، فإن هذا الترك -أعني: ترك قضاء ما يجب عليها من الصّيام- إما أن يكون جهلًا، وإما أن يكون تهاونًا، وكلاهما مصيبةٌ؛ لأن الجهل دواؤه العلم والسّؤال،
وأما التهاون فإن دواءه تقوى الله عز وجل، ومراقبته، والخوف من عقابه، والمبادرة إلى ما فيه رضاه.
فعلى هذه المرأة أن تتوب إلى الله مما صنعت، وأن تستغفر، وأن تتحرى الأيام التي تركتها بقدر استطاعتها فتقضيها، وبهذا تبرأ ذمتها، ونرجو أن يقبل الله توبتها.