Филтри натиҷаҳо
339 корт
الموضوعات
الموضوعات (13)
التصنيف الشرعي
Filter ▾
حجم المحتوى4
Ҷ: 1. Ҳангоме дардеро эҳсос мекунам, дасти ростамро ба ҷои дард мегузорам ва се бор мегӯям: " Бисмиллоҳ (Ба номи Аллоҳ)" сипас ҳафт маротиба ин дуоро мехонам: "Аъузу биъиззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру (Паноҳ мебарам ба иззат ва қудрати Худо аз шарри он чизе, ки ёфтаам ва метарсам)".
- Ба тақдири илоҳӣ розӣ мешавам ва сабр мекунам.
Дар ҳадис аз Умми Ъало омадааст, ки гуфт: Ҳангоме ки бемор будам Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба аёдатам омад ва фармуд:
"Мужда бод бароят эй Умми Ъало, зеро бемории мусалмон гуноҳонашро аз байн мебарад, чунон ки оташ чиркиниҳои тилло ва нуқраро аз байн мебарад."
Ривояти Абудовуд.
- Ба аёдати бародари беморам мешитобам ва барояш дуо мекунам ва дар наздаш муддати зиёд намешинам.
- Ӯро дуо мехонам, бидуни он ки аз ман бихоҳад.
- Ӯро ба сабру дуо, намозу таҳорат дар ҳадди тавонаш тавсия медиҳам.
- Дуо барои бемор:
"Асъалуллоҳ ал-ъазим раббал-ъаршил-ъазим ан яшфияка" (Аз Аллоҳи бузург, Парвардигори арши бузург мехоҳам, ки туро шифо диҳад) ҳафт бор.
Ҷ: Ихлоси ният ба Аллоҳ Таъоло.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Ҳар ки ба хотири он илм омӯзад, ки то дар баробари олимон худнамоӣ кунад ё бо аблаҳон рақобат кунад ва ё таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намояд, Аллоҳ ӯро ба ҷаҳаннам мефиристад."
Ривояти Ибни Моҷаҳ.
- Бо илме, ки омухтаам амал мекунам.
" Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷой таккон намехӯранд, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида шавад: (аз ҷумлаи онҳо).. аз илмаш пурсида мешавад, ки бо он чӣ кардааст."
Ривояти Тирмизӣ ва Доримӣ.
- Муаллимро дар ҳузур ва ғиёбаш эҳтиром мекунам.
- Дар наздаш боадабона мешинам.
- Бо диққат ӯро гӯш мекунам ва суханашро қатъ намекунам.
- Ҳангоми савол додан боадабона савол медиҳам.
- Ӯро бо номаш садо намекунам.
"Ҳамоно аз ҷумлаи бузургдошти Аллоҳ, эҳтироми мӯйсафед ва ҳофизи Қуръон аст."
Ривояти Абудовуд.
Ҷ: 1. Бар аҳли ҷамъомад салом медиҳам.
- Ҳар ҷое, ки бароям фароҳам бошад, менишинам ва ҳеҷ касро аз ҷояш намехезонам ва дар байни ду нафар бе иҷозат наменишинам.
- Барои нишастан ба дигарон ҷой медиҳам.
- Ба суҳбати ҷамъомад халал намерасонам.
- Пеш аз баромаданам аз ҷамъомад иҷозат мепурсам ва салом медиҳам.
- Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аз ин ки шахсеро аз ҷояш бархезонанд ва шахси дигаре ба ҷояш бинишинад, наҳй карданд, балки барои якдигар ҷойро кушод кунед ва боз кунед."
Ривояти Бухорӣ.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Агар яке аз шумо ба ҷамъомаде ворид шуд, салом диҳад ва ҳаргоҳ хост, ки бархезад, боз салом диҳад, зеро (саломи) аввал сазовортар аз (саломи) охир нест."
Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
- Вақто ки ҷамъомад ба поён мерасад, дуои каффораи маҷлисро мехонам, ки он чунин аст:
"Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ан ло илоҳа илло Анта, астағфирука ва атубу илайка."
Ҷ: 1. Барвақт хоб мекунам.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Аз Абубарза (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хоби пеш аз хуфтан ва суҳбату гуфтугӯ баъд аз онро зишт мешумурданд."
Ривояти Бухорӣ.
- Бо таҳорат мехобам.
- Бар болои шикам намехобам.
- Дасти ростамро зери рухсораи ростам гузошта, бар паҳлуи рост мехобам.
- Рахтхобамро метаконам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
Баро ибни Ъозиб ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ хости ба рахтхобат биравӣ, чунон ки барои намоз таҳорат мекунӣ, таҳорат бикун, сипас бар паҳлуи рости худ бихоб."
- Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мардеро диданд, ки бар шикам хобидааст, фармуданд:
"Ин хобидане аст, ки Аллоҳ онро дӯст надорад."
Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад.
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо (барои хобидан) ба бистараш рафт, бистари худро бо даруни ҷомааш такон диҳад, зеро намедонад пас аз ӯ чӣ онҷо будааст."
- Зикрҳои хобро мехонам ва Оятулкурсиро ҳамроҳи сураи Ихлос ва муъавизатайн мехонам, сипас мегӯям:
"Бисмика Аллоҳумма амуту ва аҳё."
- Барои намози бомдод аз хоб мехезам.
- Пас аз бедор шудан мегӯям:
"Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ аҳёно баъда мо амотано ва илайҳи-н-нушур."
Ҷ: 1. Бо хӯрдану нӯшиданам ният мекунам, ки барои тоати Аллоҳ Таъоло тавонои ҳосил кунам.
- Шустани дастон пеш аз тановули таом.
- Дар ҳадис аз Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ хӯрдан ва нӯшидан мехост, дастонашро мешуст, сипас мехурд ва менушид."
Ривояти Аҳмад.
- "Бисмиллоҳ" гуфта, бо дасти рост ва аз назди худам мехӯрам. Аз мобайни табақ ё аз назди дигар кас намехӯрам.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Эй навҷавон, Бисмиллоҳ бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи ба ту наздиктар аст, бихӯр."
Муттафақун алайҳӣ.
- Агар "Бисмиллоҳ" гуфтанро фаромӯш кардам, "Бисмиллоҳи аввалуҳу ва охируҳу" мегӯям.
- Бинобар ҳадиси модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо таом хӯрд, бисмиллоҳ бигӯяд, агар дар аввал фаромӯш кард, дар охир бигӯяд: Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳи ва охириҳи." Яъне, ба номи Аллоҳ дар аввал ва охираш.
Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад.
- Аз ғизое, ки дорам, қаноатмандам ва аз таоме айб намегирам. Агар писандам омад мехӯрам ва агар писандам набошад, тарк мекунам.
- Бинобар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки гуфт:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷгоҳ таомеро айб нагирифт, агар писандаш меомад, мехӯрд, ва гар на, намехӯрд."
- Чанд луқмае мехӯрам ва пурхӯрӣ намекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Одамӣ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст, бар инсон чанд луқмае, ки нерӯяшро нигоҳ дорад кофӣ аст ва агар нафсаш бар ӯ ғолиб шуд, пас як севум барои таом ва як севум барои об ва як севум нафаскашӣ бошад."
Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.
- Дар таом ё об пуф намекунам, мегузорам, ки худаш сард шавад.
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам аз пуф кардан дар ғизо ва нӯшиданӣ наҳй кардааст."
Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ.
- Ҳамроҳ бо дигарон таъом мехӯрам, бо оила ё меҳмон.
- Марде ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Мо мехӯрем, вале сер намекунем. Фармуданд:
"Шояд аз ҳам ҷудо таом мехӯред? Дар гирди таъом ҷамъ шавед ва номи Аллоҳро зикр кунед, то ин ки барои шумо дар он баракат дода шавад."
Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.
- Пеш аз дигарон, ки аз ман бузургтаранд ба хӯрдан шурӯъ намекунам.
- Ҳангоми нӯшидан "Бисмиллоҳ" мегӯям ва нишаста, дар се дафъа менӯшам ва дар дохили зарф нафас намекашам.
"Ҳаргоҳ яке аз шумо бинӯшад, дар зарф нафас накашад."
- Ва дар ҳадиси Анас (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз истода нӯшидан наҳй кардааст."
Ривояти Муслим.
- Ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо се нафас менӯшиданд."
- Ҳангоме ки хӯрдану нӯшиданро ба охир расондам, Аллоҳро шукр (Алҳамду лиллоҳ) мегӯям.
"Худованд аз бандае, ки чун таъом хӯрд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад."
Ҷ: 1. Пӯшидани либосамро бо дасти ростам оғоз мекунам ва Аллоҳро барои он шукр мегӯям.
- Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ либос пӯшидед ва вузӯ гирифтед, аз рост оғоз кунед."
Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
- Либосамро аз буҷулакҳои пойҳоям дароз намекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Он (миқдор) аз либос, ки аз каъбайн поёнтар бошад, дар оташ аст."
Ривояти Бухорӣ.
Каъбайн, ду устухони барҷаста дар ду тарафи пойҳо аст.
- Писарҳо либоси духтарӣ ва духтарҳо либоси писарона намепӯшанд.
"Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алйҳи ва саллам) мардеро, ки либоси занона мепӯшад ва занеро, ки либоси мардона мепӯшад, лаънат кардаанд."
- Ба либоси кофирону бадахлоқон тақлид накардан.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Ҳар ки худро ба қавме монанд созад аз онҳо аст."
Ривояти Абудовуд.
- Ҳангоми баровардани либосҳо "Бисмиллоҳ" гуфтан.
"Парда миёни одамизод ва ҷинҳо ин аст, ки ҳангоме либоси худро дармеоварад, "Бисмиллоҳ" мегӯяд."
Ривояти Табаронӣ ва Ибни Абишайба.
- Бо пои рост пӯшидани кафшҳо ва ҳангоми кашидан аввал пои чапро баровардан.
Ба далели ин ҳадис, ки модари муъминон Оиша (Разияллоҳу анҳо) ривоят кардааст, мефармояд:
" Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт, ки дар пӯшидани кафш, шона кардан, вузӯ гирифтан ва дар ҳама корҳояш аз рост оғоз кунад."
Ҷ: 1. "Бисмиллоҳ, алҳамду лиллоҳ" мегӯям.
(Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем 13
Ва мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем 14)
(Сураи Зухруф, оятҳои 13-14).
- Агар аз назди мусалмоне гузарам ба ӯ салом медиҳам.
Ҷ: 1. Дар роҳ рафтанам муътадил ва мутавозеъ мебошам.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ.)
(Сураи Исро, ояти 57)
- Касе аз рӯ ба рӯям барояд барояш салом медиҳам.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки кадом (амал дар) Ислом беҳтар аст? Фармуданд:
" Таъом бидиҳӣ ва ба касоне, ки бишиносӣ ё нашиносӣ салом диҳӣ."
Муттафақун алайҳӣ.
- Нигоҳамро ҳифз мекунам ва ба касе зарар намерасонам.
- Ба кори нек амр мекунам ва аз кори бад боз медорам.
Дар ҳадис аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд:
"Ҳаққи роҳро бидиҳед" Гуфтанд: Ҳаққи роҳ чист? Фармуданд: "Ҳифзи нигоҳ, дурӣ аз зарар расондан, посух додани салом, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст."
- Зарарро аз роҳ дур мекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Ва аз роҳ дур кардани зарар садақа аст."
Ҷ: 1. Бо пои чапам мебароям ва мегӯям:
"Бисмиллоҳи таваккалту ъалаллоҳ, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан азилла ав узалла, ав азилла ав узалла, ав азлима ав узлама, ав аҷҳала ав юҷҳала ъалайя."
- Бо пои рост вориди хона мешавам ва мегӯям:
"Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва ъало раббино таваккално"
- Аввал мисвок мекунам, сипас бо аҳли хонавода салом мекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Ҳангоме ки вориди хона мешуд аз мисвок шуруъ мекард."
Ривояти Ибни Моҷаҳ.
Ҷ: 1. Бо пойи чапам вориди дастшӯйи мешавам.
- Пеш аз ворид шуданам мегӯям:
"Бисмиллоҳ, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-хубси вал-хабоис."
- Чизеро, ки дар он зикри Аллоҳ аст, дастшӯйӣ намедарорам.
- Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ вориди хало (қазои ҳоҷат) мешуданд, ангуштаринашонро (ки дар он номи Аллоҳ буд) берун меоварданд."
Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.
- Дар вақти қазои ҳоҷат худро аз чашми мардум мепӯшонам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Бештарин чизе, ки Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дӯст доштанд ҳангоми қазои ҳоҷат худро махфӣ кунанд, тепаҳо ва анбуҳи нахлҳо (дарахт) буд."
Ривояти Муслим.
- Дар ҷои қазои ҳоҷат гап намезанам.
- Дар ҳолати қазои ҳоҷат (пешоб ё ҳоҷат) рӯй ба қибла ва пушт ба қибла намегардонам.
Ба далели ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд:
"Ҳангоми ҳоҷат ва пешоб кардан рӯй ба сӯи қибла накунед, балки ба тарафи шарқ ё ғарб рӯй бигардонед."
Муттафақун алайҳӣ.
- Барои шустани наҷосат дасти чапамро ба кор мебарам ва аз дасти рост истифода намекунам.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Моро наҳй карданд ..., аз ин ки бо дасти рост истинҷо кунем."
- Дар роҳ ва сояи мардум қазои ҳоҷат намекунам.
- Ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд:
"Аз ду коре, ки сабаби лаънати мардум ба инсон мешавад, эҳтиёт кунед" Гуфтанд: он ду кор чист эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: "Он ки дар роҳи мардум ё дар сояи онҳо қазои ҳоҷат мекунад."
- Баъд аз қазои ҳоҷат дастонамро мешӯям.
Дар ҳадиси Ҷарир (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, пас ба хало рафт ва қазои ҳоҷат кард ва сипас гуфт:
"Эй Ҷарир, бароям об биёр" пас барояш об овардам ва бо он истинҷо кард ва сипас дасташро ба замин молид.
Ривояти Насоӣ.
- Бо пои ростам мебароям ва мегӯям: "Ғуфронака".
Ҷ: 1. Бо пои ростам ба масҷид медароям ва мегӯям:
"Бисмиллоҳ, Аллоҳумма ифтаҳ лӣ абвоба раҳматика".
- Нанишаста, аввал ду ракаъат намоз (таҳияи масҷид) бихонам.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо ба масҷид даромад, то ду ракаат намоз нагузорад, нанишинад."
Муттафақун алайҳӣ.
- Аз пеши намозгузорон намегузарам. Дар масҷид гумшударо эълон намекунам ва хариду фурӯш намекунам.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Шахсе, ки аз пеши намозгузор мегузарад, агар медонист (чӣ гуноҳе) бар ӯст, чиҳил (сол) мунтазир меистод, барояш беҳтар аз он буд, ки аз пеши намозгузор бигзарад."
"Ҳар касе шунавад, ки марде дар масҷид чизи гумшударо эълон мекунад, бигӯяд: "Аллоҳ онро ба ту бознагардонад", зеро масҷидҳо ба ин мақсад сохта нашудаанд."
Ривояти Муслим.
- Ва дар ҳадис омадааст:
"Агар дар масҷид касеро бинед, ки хариду фурӯш мекунад, бигӯед: "Худованд савдои шуморо судманд нагардонад."
Ривояти Тирмизӣ ва Доримӣ.
- Ба назофати масҷид аҳамият медиҳам.
- Дар ҳадис аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки дар маҳаллаҳо масҷидҳо бино шавад ва онҳоро покиза ва хушбӯй кунанд."
Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд ва Аҳмад.
- Аз масҷид бо пои чапам берун меоям ва мегӯям:
"Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика".
Ҷ: 1. Дар ҳоли бо мусалмоне рӯ ба рӯ шудан нахуст ба ӯ салом медиҳам, ин гуна: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Дар аввал сухане ба ғайр аз салом намегӯям ва танҳо бо дастам -бидуни салом гуфтан- ишора намекунам.
- Ба шахсе, ки салом медиҳам, табассум мекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Ҳеҷ кори хайреро кӯчак машумор, ҳатто агар бо бародарат бо чеҳраи кушода рӯ ба рӯ шавӣ."
Ривояти Муслим.
- Ва бо дасти рост бо ӯ мусофаҳа мекунам.
- Агар касе бароям хушомад гуфт, бо салом ва хушомади беҳтар ба ӯ посух мегӯям, ё ҳадди ақал монанди худаш салом мегӯям.
Ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд:
([Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст.)
(Сураи Нисо, ояти 80)
- Агар бо кофир рӯ ба рӯ шудам, аввал салом намедиҳам, агар бар ман салом гуфт, дар ҷавоб мегӯям: "ва алайкум" (яъне, бар шумо ҳам).
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Бо яҳудиён ва насрониён саломро оғоз накунед."
- Ва хурд бар бузург, савора бар пиёда, пиёда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом мегӯянд.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом диҳад."
Муттафақун алайҳӣ.
- Бо зане, ки маҳрам нест, бо даст салом накардан.
- Дар ҳадис аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
"Ба Аллоҳ савганд, ки дасти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷгоҳ ба дасти зане (номаҳрам) нарасидааст."
Ҷ: 1. Пеш аз ворид шудан ба ҷое иҷозат мепурсам.
- Се бор иҷозат мепурсам, на бештар, сипас бармегардам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо се бор иҷозат хост ва ба ӯ иҷозат дода нашуд, баргардад."
Муттафақун алайҳӣ.
- Дарро ба нармӣ мезанам ва дар рӯ ба рӯи дар намеистам, балки аз тарафи рост ё чап меистам. Ва "Ассалому алайкум" мегӯям.
Ба далели ин ҳадис, ки:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ назди дари хонае мерафт, дар рӯ ба рӯи он намеистод, балки дар кунҷи рост ё чап меистод ва "Ассалому алайкум, ассалому алайкум" мегуфт."
Ривояти Абудовуд.
- Бе иҷозат ба ҳуҷраи падару модарам ё дигар ҳуҷраҳо намедароям, махсусан пеш аз бомдод ё ҳангоми хоби нимрӯзӣ ё пас аз намози хуфтан.
Ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд:
(Эй касоне, ки имон овардаед, бардагонатон ва касоне аз [кӯдакони] шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат [-и вуруд] бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимрӯз – ҳангоме ки либосҳоятонро берун меоваред – ва пас аз намози хуфтан. [Ин] Се [вақт] ҳангоми хилвати шумост. Ба ҷуз ин [cе вақт] бар шумо ва бар онон ҳеҷ гуноҳе нест [ки бидуни иҷозат ворид шаванд, чаро ки] онон перомунатон дар рафту омаданд, [ва] бо якдигар [муошират мекунед]. Аллоҳ Таъоло инчунин оёт [-и худ]-ро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ Таъоло донои ҳаким аст)
(Сураи Нур, ояти 27).
- Метавонам бе иҷозат ба ҷойҳои ғайри маскунӣ, монанди бемористон ё фурӯшгоҳ ворид шавам.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Бар шумо гуноҳе нест, ки ба хонаҳои ғайримаскунӣ [ва маконҳои умумӣ], ки дар он ҷо [эҳтиёҷ ё] баҳрае доред, ворид шавед ва Аллоҳ Таъоло он чи ошкор месозед ва он чи пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад)
Ҷ: 1. Ба ҳайвонот обу ғизо медиҳам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
Гуфтанд: Эй Паёмбари Аллоҳ! Оё мо дар некӣ ба ҳайвонот подош мегирем? Фармуданд: "Дар ҳар ҷигари таре, аҷру савоб аст" (яъне, некӣ барои ҳар мавҷуди зинда аҷру савоб дорад).
Муттафақун алайҳӣ.
- Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди шутуре гузашт, ки (аз шиддати гуруснагӣ) шикамаш ба пушташ часпида буд, фармуданд:
"Дар бораи ин ҳайвонот аз Аллоҳ битарсед."
Ривояти Абудовуд.
- Меҳрубонӣ, шафқат ва маҷбур накардани ҳайвон ба коре, ки тавоноияшро надорад.
- Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва -с-салом) фармуданд:
"Соҳиби ин шутур кист? Ин шутур азони кист? Як ҷавоне аз ансор пеш омад ва гуфт: Ин шутур аз ман аст эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: Оё дар бораи ин ҳайвоне, ки Аллоҳ ихтиёрашро ба ту додааст, наметарсӣ? Ин ҳайвон назди ман шикоят кард, ки уро гурусна медорӣ ва аз ҳад зиёд кораш мефармӣ."
Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
Хастааш мекунӣ, яъне беш аз тавонаш кораш мефармоӣ.
- Ҳайвонотро ба ҳеҷ шакле озору шиканҷа намекунам.
- Дар ҳадис аз Ҷобир (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди харе гузашт, ки бар рӯяш доғ зада буданд, фармуданд:
"Оё ба шумо нарасидааст, ки ман касеро, ки бар чеҳраи ҳайвон доғ занад ё ба рӯйи ҳайвон бизанадро, лаънат хондаам?" Пас аз ин кор наҳй карданд.
Ривояти Муслим ва Абудовуд ва лафзи ҳадис аз ӯст.
Ҷ: 1. Бо варзиш кардан парҳезкор (бо тақво) шуданро ният мекунам, то ин ки барои анҷоми тоати Аллоҳ ва дар роҳи розигии Ӯ боқувват шавам.
- Вақти намоз бозӣ намекунем.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
Пас, вой бар намозгузорон! 4
Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5
(Сураи Моъун, оятҳои 4-5)
- Писарон бо духтарон якҷо варзиш намекунанд.
- Либоси варзишиеро мепӯшам, ки авратамро бипӯшонад.
- Аз варзишҳои мамнуъ, аз қабили он варзишҳое, ки задан ба рӯй ва кашф кардани авратро дар бар мегирад, парҳез мекунам.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Агар яке аз шумо бо бародараш мубориза кард, аз задан бар рӯй бипарҳезад."
Ривояти Муслим.
Ҷ: 1. Ростгӯйи дар ҳолати шӯхӣ кардан ва дуруӯғ нагуфтан.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Вой бар ҳоли касе, ки дурӯғ мегӯяд, то мардумро бихандонад, вой бар ӯ, вой бар ӯ."
Ривояти Абудовуд, Аҳмад ва Тирмизӣ.
- Шӯхӣ бояд аз киноя, тамасхур, зарар ва тарсондан холӣ бошад.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Барои мусалмон ҷоиз нест, ки мусалмони дигареро битарсонад."
Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
- Аз ҳад зиёд шӯхӣ накардан.
"Бисёр наханд, зеро хандаи бисёр дилро мемиронад."
Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.