Skip to content

Одоби салом чист?

الباب / الفصل
قسم الآداب الإسلامية

السؤال

س19: ما آداب السلام؟

С 19: Одоби салом чист?

الجواب

ج:1. عندما ألقى مسلمًا أبدأ بالسلام، بقول: «السلام عليكم ورحمة الله وبركاته» لا يبدأ بغير السلام، ولا أشير بيدي وحدها.

  1. أتبسم في وجه من أسلم عليه.

في الحديث:

«لا تحقرن من المعروف شيئًا، ولو أن تلقى أخاك بوجه طلق»

رواه مسلم.

  1. وأصافحه بيدي اليمنى.
  2. إذا حياني أحد بتحية أحييه بأحسن منها، أو أرد مثلها.
  • لقوله تعالى:

﴿وَإِذَا حُيِّيتُم بِتَحِيَّةٖ فَحَيُّواْ بِأَحۡسَنَ مِنۡهَآ أَوۡ رُدُّوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَسِيبًا﴾

[النساء: ٨٦].

  1. لا أبدأ الكافر بالسلام، وإذا سلم أرد عليه "وعليكم".
  • لحديث:

«لا تبدؤوا اليهود، ولا النصارى بالسلام»

  1. ويسلم الصغير على الكبير، والراكب على الماشي، والماشي على القاعد، والقليل على الكثير.

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:

«يسلم الراكب على الماشي، والماشي على القاعد، والقليل على الكثير»

متفق عليه.

  1. عدم مصافحة المرأة التي لا تحل من غير المحارم.
  • في الحديث عن أم المؤمنين عائشة رضي الله عنها قالت:

«ولا والله، ما مست يد رسول الله صلى الله عليه وسلم يد امرأة قط»

Ҷ: 1. Дар ҳоли бо мусалмоне рӯ ба рӯ шудан нахуст ба ӯ салом медиҳам, ин гуна: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Дар аввал сухане ба ғайр аз салом намегӯям ва танҳо бо дастам -бидуни салом гуфтан- ишора намекунам.

  1. Ба шахсе, ки салом медиҳам, табассум мекунам.

Дар ҳадис омада аст, ки:

"Ҳеҷ кори хайреро кӯчак машумор, ҳатто агар бо бародарат бо чеҳраи кушода рӯ ба рӯ шавӣ."

Ривояти Муслим.

  1. Ва бо дасти рост бо ӯ мусофаҳа мекунам.
  2. Агар касе бароям хушомад гуфт, бо салом ва хушомади беҳтар ба ӯ посух мегӯям, ё ҳадди ақал монанди худаш салом мегӯям.

Ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд:

([Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст.)

(Сураи Нисо, ояти 80)

  1. Агар бо кофир рӯ ба рӯ шудам, аввал салом намедиҳам, агар бар ман салом гуфт, дар ҷавоб мегӯям: "ва алайкум" (яъне, бар шумо ҳам).

Ба далели ин ҳадис, ки:

"Бо яҳудиён ва насрониён саломро оғоз накунед."

  1. Ва хурд бар бузург, савора бар пиёда, пиёда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом мегӯянд.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

"Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом диҳад."

Муттафақун алайҳӣ.

  1. Бо зане, ки маҳрам нест, бо даст салом накардан.
  • Дар ҳадис аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:

"Ба Аллоҳ савганд, ки дасти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷгоҳ ба дасти зане (номаҳрам) нарасидааст."