Skip to content

Одоби меҳрубонӣ бо ҳайвонот чӣ гуна аст?

الباب / الفصل
قسم الآداب الإسلامية

السؤال

س21: ما آداب الرفق بالحيوان؟

С 21: Одоби меҳрубонӣ бо ҳайвонот чӣ гуна аст?

الجواب

ج:1. أطعم الحيوان وأسقيه.

  • في الحديث:

قالوا: يا رسول الله، وإن لنا في البهائم أجرًا؟ قال: «في كل كبد رطبة أجر»

متفق عليه.

  • ومر رسول الله صلى الله عليه وسلم ببعير قد لحق ظهره ببطنه، فقال:

«اتقوا الله في هذه البهائم»

رواه أبو داود.

  1. الرحمة والشفقة وعدم تحميله ما لا يطيق.
  • في الحديث: قال عليه الصلاة والسلام:

«من رب هذا الجمل؟ لمن هذا الجمل؟ فجاء فتى من الأنصار فقال: لي يا رسول الله. فقال: أفلا تتقي الله في هذه البهيمة التي ملكك الله إياها؛ فإنه شكا إليَّ أنك تجيعه وتدئبه»

رواه أبو داود وأحمد.

تدئبه: أي تتعبه.

  1. لا أعذب الحيوان بأي نوع من العذاب والأذى.
  • في الحديث عن جابر رضي الله عنه، أن النبي صلى الله عليه وسلم مر عليه بحمار قد وسم في وجهه، فقال:

«أما بلغكم أني قد لعنت من وسم البهيمة في وجهها، أو ضربها في وجهها؟» فنهى عن ذلك.

رواه مسلم وأبو داود واللفظ له.

Ҷ: 1. Ба ҳайвонот обу ғизо медиҳам.

Дар ҳадис омада аст, ки:

Гуфтанд: Эй Паёмбари Аллоҳ! Оё мо дар некӣ ба ҳайвонот подош мегирем? Фармуданд: "Дар ҳар ҷигари таре, аҷру савоб аст" (яъне, некӣ барои ҳар мавҷуди зинда аҷру савоб дорад).

Муттафақун алайҳӣ.

  • Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди шутуре гузашт, ки (аз шиддати гуруснагӣ) шикамаш ба пушташ часпида буд, фармуданд:

"Дар бораи ин ҳайвонот аз Аллоҳ битарсед."

Ривояти Абудовуд.

  1. Меҳрубонӣ, шафқат ва маҷбур накардани ҳайвон ба коре, ки тавоноияшро надорад.
  • Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва -с-салом) фармуданд:

"Соҳиби ин шутур кист? Ин шутур азони кист? Як ҷавоне аз ансор пеш омад ва гуфт: Ин шутур аз ман аст эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: Оё дар бораи ин ҳайвоне, ки Аллоҳ ихтиёрашро ба ту додааст, наметарсӣ? Ин ҳайвон назди ман шикоят кард, ки уро гурусна медорӣ ва аз ҳад зиёд кораш мефармӣ."

Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.

Хастааш мекунӣ, яъне беш аз тавонаш кораш мефармоӣ.

  1. Ҳайвонотро ба ҳеҷ шакле озору шиканҷа намекунам.
  • Дар ҳадис аз Ҷобир (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди харе гузашт, ки бар рӯяш доғ зада буданд, фармуданд:

"Оё ба шумо нарасидааст, ки ман касеро, ки бар чеҳраи ҳайвон доғ занад ё ба рӯйи ҳайвон бизанадро, лаънат хондаам?" Пас аз ин кор наҳй карданд.

Ривояти Муслим ва Абудовуд ва лафзи ҳадис аз ӯст.