Skip to content

Ман соли гузашта ҳаҷ кардам, ҳама маносики ҳаҷро ба ҷо овардам, магар тавофи ифоза ва тавофи видоъ, ки бо сабаби узри шаръӣ анҷом дода натавонистам. Ба хонаи худ дар Мадина баргаштам ва умедвор будам, ки рӯзе бармегардам Макка ва тавофи ифоза ва видоъро анҷом медиҳам. Аммо бо далели надонистани масоили динӣ, ба таври комил аз эҳром берун омадам ва ҳар кореро, ки дар эҳром ҳаром аст, анҷом додам. Дар бораи баргаштан барои анҷоми тавоф пурсидам, гуфтанд: Тавоф кардан барои ту дуруст нест, зеро ту онро ботил кардаи ва бояд ҳаҷро аз нав анҷом диҳӣ. Яъне, соли оянда ҳаҷ бикун ва дар баробари он як гов ё як шутур забҳ бикун. Оё ин дуруст аст? Оё роҳи ҳалли дигаре ҳаст? Ва он чист? Оё ҳаҷҷи ман ботил шудааст? Оё ман бояд ҳаҷро аз нав анҷом диҳам? Лутфан бигӯед чӣ кор кунам? Худованд шуморо баракат диҳад.

السؤال

С 1:

س51: لقد قمت بأداء فريضة الحجّ العام الماضي، وأديت جميع شعائر الحجّ ما عدا طواف الإفاضة وطواف الوداع، حيث منعني منهما عذرٌ شرعيٌّ، فرجعت إلى بيتي في الـمدينة على أن أعود في يومٍ من الأيام؛ لأطوف طواف الإفاضة وطواف الوداع، وبجهلٍ منّي بأمور الدّين فقد تحللت من كلّ شيءٍ، وفعلت كل شيءٍ يحرم أثناء الإحرام، وسألت عن رجوعي لأطوف، فقيل لي: لا يصحّ لك أن تطوفي، فقد أفسدتّه، وعليك الإعادة -أي: إعادة الحجّ مرةً أخرى- في العام المقبل، مع ذبح بقرةٍ أو ناقةٍ، فهل هذا صحيحٌ؟ وهل هناك حلٌّ آخر؟ وما هو؟ وهل فسد حجّي؟ وهل عليّ إعادته؟ أفيدوني عمّا يجب فعله، بارك الله فيكم.

الجواب

Ҷ 1:

Ин ҳам аз ҷумлаи балоҳое аст, ки аз додани фатвои бидуни илм ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат шумо бояд ба Макка баргардед ва танҳо тавофи ифозаро анҷом диҳед.

Аммо тавофи видоъ бароят лозим нест, зеро ҳангоми аз Макка берун шуданат ҳайз будӣ ва тавофи видоъ барои ҳоиз воҷиб нест.

Бар асоси ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу), ки мегӯяд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум фармудааст, охирин корашон дар Макка тавофи Каъба аст, магар ин ки барои занони ҳоиз дар ин амр сабукӣ дода шуд.

Ва дар ривояти Абудовуд омадааст, ки охирин корашон назди хонаи Каъба тавоф бошад.

Ва ба далели ин ки чун Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хабар дода шуд, ки Сафия тавофи ифозаро анҷом додааст, фармуд: "Пас (барои баргашт) ба роҳ афтад."

Ин ба он далолат мекунад, ки тавофи видоъ аз зани ҳоиз соқит мешавад.

Аммо тавофи ифозаро ҳатман бояд анҷом диҳӣ. Ва агар аз сабаби нодонӣ аз эҳром берун шуда бошӣ, боке надорад. Зеро инсон агар ба сабаби нодонӣ чизе аз мамнуоти эҳромро анҷом диҳад, чизе бар уҳдаи ӯ нест.

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Парвардигоро, агар фаромӯш ё хато кардем, моро бозхост макун.) (Сураи Бақара, ояти 286).

Аллоҳ Таъоло дар посух фармуд: " Ман чунин кардам."

Ва ҷои дигар мефармояд: (Дар мавриди он чи [қаблан] иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест; вале он чи дилҳоятон қасди онро дорад [ва амдан бар забон меоваред, гуноҳ аст; ) (Сураи Аҳзоб, ояти 5).

Бинобар ин, агар шахс дар ҳолати эҳром, ба сабаби надонистан, фаромӯшӣ ё маҷбурӣ чизе аз мамнуоти эҳромро анҷом диҳад, чизе бар уҳдаи ӯ нест. Аммо ҳаргоҳ узри ӯ бартараф шуд, бояд аз он чи анҷом медиҳад, даст бикашад.

ﺟ51: هذا أيضًا من البلاء الّذي يحصل من الفتوى بغير علمٍ، وأنت في هذه الحال يجب عليك أن ترجعي إلى مكة، وتطوفي طواف الإفاضة فقط.

أما طواف الوداع فليس عليك طواف وداعٍ ما دمت كنت حائضًا عند الخروج من مكة، وذلك لأن الحائض لا يلزمها طواف الوداع؛ لحديث ابن عباسٍ رضي الله عنهما:

«أُمِرَ النَّاسُ أَنْ يَكُونَ آخِرُ عَهْدِهِمْ بِالْبَيْتِ، إِلَّا أَنَّهُ خُفِّفَ عَنِ الْحَائِضِ» [1]،

وفي روايةٍ لأبي داود:

«أَنْ يَكُونَ آخِرُ عَهْدِهِمْ بِالْبَيْتِ الطَّوَافُ» [2].

ولأن النبي ﷺ لـمّا أخبر أنّ صفيّة طافت طواف الإفاضة قال:

«فَلْتَنْفِرْ إِذًا» [3]،

فدلّ هذا على أن طواف الوداع يسقط عن الحائض.

[19] أخرجه البخاري، كتاب الحج، باب طواف الوداع (1755)، ومسلم، كتاب الحج، باب وجوب طواف الوداع وسقوطه عن الحائض (380) (1328).

[20] أخرجه أبو داود، كتاب المناسك، باب الوداع (2002).

[21] أخرجه البخاري، كتاب الحيض، باب المرأة تحيض بعد الإفاضة (328)، ومسلم، كتاب الحج، الباب السابق (382) (1211).

أما طواف الإفاضة فلابد لك منه، ولـما كنت تحللت من كلّ شيءٍ جاهلةً فإن هذا لا يضرّك؛ لأن الجاهل الذي يفعل شيئًا من محظورات الإحرام لا شيء عليه؛ لقوله تعالى:

﴿...رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ...﴾

[البقرة:286]،

قال الله تعالى:

«قَدْ فَعَلْتُ» [4]،

وقوله:

﴿...وَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٞ فِيمَآ أَخۡطَأۡتُم بِهِۦ وَلَٰكِن مَّا تَعَمَّدَتۡ قُلُوبُكُمۡۚ...﴾

[الأحزاب:5]،

فجميع الـمحظورات الّتي منعها الله تعالى على المحرم إذا فعلها جاهلًا أو ناسيًا أو مكرهًا فلا شيء عليه، لكن متى زال عذره وجب عليه أن يقلع عما تلبس به.

[22] أخرجه مسلم، كتاب الإيمان، باب بيان تجاوز الله تعالى عن حديث النفس (200) (126).