Skip to content

Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад".

Аз Абубашири Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки :

Дар яке аз сафарҳо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд ва Расули Аллоҳ дар ҳоле, ки мардум барои шабгузаронӣ ҷойгир шуда буданд касеро фиристод ва фармуд: "Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад".

أَنَّهُ كَانَ مَعَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي بَعْضِ أَسْفَارِهِ، قَالَ: فَأَرْسَلَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَسُولًا -وَالنَّاسُ فِي مَبِيتِهِمْ-: «لَا يَبْقَيَنَّ فِي رَقَبَةِ بَعِيرٍ قِلَادَةٌ مِنْ وَتَرٍ أَوْ قِلَادَةٌ إِلَّا قُطِعَتْ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар яке аз сафарҳои худ, ки мардум дар хаймаҳои худ буданд, шахсеро назди онон фиристод то бигӯяд тамоми гарданбандҳои шутуронро, чи аз зиҳ (зиҳи камон) бошад ё зангӯла ва ё ҳатто наъл, бигиранд, зеро онҳо аз тарси чашм расидан ин амалро анҷом медоданд. Бинобарин дастур дода шуданд то ҳама онро қатъ кунанд, зеро он чашм ва зарарро дафъ намекунад, суд ва зиён ҳама ба дасти Аллоҳи ягона аст, ки Ӯро шарик нест.

Маънои калимаҳо

وتر: مفرد أوتار، وهو ما يشد به القوس كانت العرب تعلقه تتقي به العين.

قلادة: ما يعلق في رقبة البعير وغيره، كالجرس والنعل، بنية دفع العين.

Аз фоидаҳои ҳадис

Овехтани ресмону гарданбандҳо барои ҷалби манфиат ё дафъи зиён ҳаром аст, зеро он аз ҷумлаи ширкиёт аст.

Бастани гарданбанд агар барои зиннат ё идора кардани ҳайвонот бошад боке надорад.

Инкор кардани мункар ба андозаи тавон воҷиб аст

Қалб бояд ба Худои ягона ва бешарик мутааллиқ ва вобаста бошад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (4/ 59) (3005).

Саҳеҳ Муслим (3/ 1672) (2115).

Бештар (6)

القول المفيد على كتاب التوحيد.

لابن عثيمين (1/ 179).

الملخص في شرح كتاب التوحيد.

لصالح الفوزان (ص77).

الجديد في شرح كتاب التوحيد.

لمحمد القرعاوي (ص89).