Ман як модари шасту панҷсола дорам, ки нуздаҳ сол боз фарзанде ба дунё наовардааст. Ҳоло ӯ муддати се сол аст, ки аз хунравӣ азоб мекашад. Чунин ба назар мерасад, ки ин ба сабаби беморие буд, ки дар ин муддат ба ӯ гирифтор шуда буд ва чун қарор аст рӯза бигирад, шумо ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳед? Ӯ дар чунин вазъият чӣ гуна бояд рафтор кунад?
السؤال
С 1:
Ман як модари шасту панҷсола дорам, ки нуздаҳ сол боз фарзанде ба дунё наовардааст. Ҳоло ӯ муддати се сол аст, ки аз хунравӣ азоб мекашад. Чунин ба назар мерасад, ки ин ба сабаби беморие буд, ки дар ин муддат ба ӯ гирифтор шуда буд ва чун қарор аст рӯза бигирад, шумо ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳед? Ӯ дар чунин вазъият чӣ гуна бояд рафтор кунад?
س33: لي والدةٌ تبلغ من العمر خمسةً وستّين عامًا، ولها مدة تسع عشرة سنةً وهي لم تأت بأطفالٍ، والآن معها نزيف دمٍ، لها مدة ثلاث سنواتٍ، وهو مرضٌ -يبدو- أتاها في تلكم الفترة، ولأنها ستستقبل الصّيام، فكيف تنصحونها؟ وكيف يتصرف مثلها؟
الجواب
Ҷ 1:
Ҳукми зане, ки гирифтори хунравӣ аст, ин аст, ки пеш аз рух додани ин ҳодиса намоз ва рӯзаашро дар муддати ҳамон одати пешинааш тарк кунад. Яъне, агар одатан ҳайзи ӯ дар аввали моҳ шаш рӯз меомад, масалан, дар аввали ҳар моҳ бояд шаш рӯз аз намоз ва рӯза худдорӣ кунад. Вақте ки муддати ҳайз ба охир расид, ғусл кунад, намоз хонад ва рӯза гирад.
Тарзи адои намоз ва амсоли он: Шармгоҳашро хуб мешӯяд ва онро мебандад ва таҳорат мекунад. Ин корро баъд аз фаро расидани вақти намози фарзӣ анҷом медиҳад. Инчунин агар дар вақти ғайри намози фарзӣ намози нафл хонданӣ шавад, ин корро анҷом медиҳад.
Дар ин ҳолат - бинобар душворие, ки дар ин кор вуҷуд дорад- барояш ҷоиз аст, ки намози пешинро бо аср ва намози шомро бо хуфтан ҷамъ намуда бо ҳам бихонад. То ин ки ин корро як бор барои намози пешин ва аср анҷом диҳад.
Ва як бори дигар барои намози шом ва хуфтан ва як бори дигар барои намози бомдод ва ҳаминтавр ба ҷои панҷ маротиба ин корро се маротиба анҷом медиҳад.
Бори дигар такрор мекунам: Вақте ки ӯ мехоҳад таҳорат кунад шармгоҳашро мешӯяд ва бо матое ё монанди он мепечонад, то он даме ки хунравӣ кам шавад. Сипас таҳорат мекунад ва намози пешинро (чаҳор ракъат), асрро (чаҳор ракъат), намози шомро (се ракъат), хуфтанро (чаҳор ракъат) ва намози бомдодро (ду ракъат) мехонад. Ин маънои онро дорад, ки вай намозро кӯтоҳ намекунад, чунон ки баъзе аз мардум тасаввур мекунанд.
Аммо бар ӯ ҷоиз аст, ки намози пешин ва аср ва шому хуфтанро ҷамъ намояд. Пешин ва асрро ба сурати таъхир (пешин ва асрро дар вақти аср) ё ба сурати тақдим (пешин ва асрро дар вақти пешин). Ҳамин тавр хуфтан ва шомро бо сурати ҷамъ ва таъхир (шом ва хуфтанро дар вақти хуфтан) адо кунад. Ва агар бо ҳамон таҳорат намози нафл бихонад боке надорад.
ﺟ33: مثل هذه المرأة التي أصابها نزيف الدم حكمها: أن تترك الصلاة والصوم مدة عادتها السابقة قبل هذا الحدث الذي أصابها، فإذا كان من عادتها أن الحيض يأتيها من أول كلّ شهرٍ لمدة ستة أيامٍ مثلًا، فإنها تجلس من أول كلّ شهرٍ مدة ستة أيامٍ لا تصلّي ولا تصوم، فإذا انقضت اغتسلت وصلت وصامت.
وكيفية الصلاة لهذه وأمثالها: أنّها تغسل فرجها غسلًا تامًّا، وتعصبه، وتتوضأ، وتفعل ذلك بعد دخول وقت صلاة الفريضة، وكذلك تفعله إذا أرادت أن تتنفل في غير أوقات فرائض.
وفي هذه الحال -ومن أجل المشقة عليها- يجوز لها أن تجمع صلاة الظّهر مع العصر، وصلاة المغرب مع العشاء؛ حتى يكون عملها هذا واحدًا للصلاتين: صلاة الظّهر، والعصر.
وواحدًا للصلاتين: صلاة المغرب، والعشاء، وواحدًا لصلاة الفجر، بدلًا من أن تعمل ذلك خمس مراتٍ تعمله ثلاث مراتٍ.
وأعيده مرةً ثانيةً، فأقول: عندما تريد الطهارة تغسل فرجها، وتعصبه بخرقةٍ أو شبهها حتى يخف الخارج، ثم تتوضأ، وتصلّي الظّهر أربعًا، والعصر أربعًا، والمغرب ثلاثًا، والعشاء أربعًا، والفجر ركعتين، أي: أنها لا تقصر، كما يتوهمه بعض العامة،
ولكن يجوز لها أن تجمع بين صلاتي الظّهر والعصر، وبين صلاتي المغرب والعشاء، الظّهر مع العصر إمّا تأخيرًا أو تقديمًا، وكذلك المغرب مع العشاء إما تقديمًا أو تأخيرًا، وإذا أرادت أن تتنفل بهذا الوضوء فلا حرج عليها.