Skip to content

Ҳукми ҳузури зани ҳоиз дар Масҷидулҳаром барои шунидани ҳадисҳо ва хутбаҳо чист?

السؤال

С 1:

Ҳукми ҳузури зани ҳоиз дар Масҷидулҳаром барои шунидани ҳадисҳо ва хутбаҳо чист?

س34: ما حكم وجود المرأة في المسجد الحرام وهي حائضٌ؛ لاستماع الأحاديث والخطب؟

الجواب

Ҷ 1:

Истодани зани ҳоиз дар Масҷидулҳаром ё дигар масҷидҳо ҷоиз нест. Аммо ҷоиз аст, ки аз даруни масҷид гузарад ва чизе аз онҷо лозим бошад бигирад.

Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро фармуд, ки ҷойнамозро биёрад. Ӯ гуфт, ҷойнамоз дар масҷид аст ва ман ҳайз дидаам. Фармуданд: "Ҳайзи ту дар дасти ту нест".

Агар зани ҳоиз аз даруни масҷид гузарад ва аз рехтани хун дар масҷид эмин бошад, гуноҳе бар ӯ нест.

(1) Хумра - ҷойнамозе аст, ки намозгузор бар он саҷда мекунад ва онро барои он хумра мегӯянд, ки рӯйро мепӯшонад.

Аммо агар хоҳад дохил шавад ва биншинад, ин ҷоиз нест.

Ба далели ин ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар намози ид занонро амр кардааст, ки ба ҷои намози ид бираванд (ҷавонзанон, парданишинон ва заноне, ки дар одати моҳона ҳастанд). Аммо амр кард, ки занони ҳоиз аз намозгоҳ дуртар бошанд.

Ин ба он далолат мекунад, ки нишастани зани ҳоиз барои шунидани хутба, дарс ва ҳадис дар масҷид ҷоиз нест.

ﺟ34: لا يجوز للمرأة الحائض أن تمكث في المسجد الحرام ولا غيره من المساجد، ولكن يجوز لها أن تمر بالمسجد، وتأخذ الحاجة منه وما أشبه ذلك؛ كما قال النبيّ ﷺ لعائشة حين أمرها أن تأتي بالخمرة[1]، فقالت: إنها في الـمسجد، وإنّي حائضٌ، فقال:

«إِنَّ حَيْضَتَكِ لَيْسَتْ فِي يَدِكِ» [2]،

فإذا مرت الحائض في المسجد، وهي آمنةٌ من أن ينزل دمٌ على المسجد، فلا حرج عليها.

[14] الخمرة: هي السجادة يسجد عليها المصلي، وسميت خمرة؛ لأنها تخمر الوجه، أي: تغطيه.

[15] مسلم، كتاب الحيض، باب جواز غسل الحائض رأس زوجها وترجيله (11) (298).

أما إن كانت تريد أن تدخل وتجلس فهذا لا يجوز.

والدليل على ذلك: أن النبي ﷺ أمر النّساء في صلاة العيد أن يخرجن إلى مصلى العيد -العواتق، وذوات الخدور، والحيض- إلا أنه أمر أن يعتزل الحيض المصلى [3]،

فدل ذلك على أنّ الحائض لا يجوز لها أن تمكث في المسجد لاستماع الخطبة، أو استماع الدرس والأحاديث.

[16] البخاري، كتاب العيدين، باب خروج النساء والحيض (974)، ومسلم، كتاب العيدين، باب ذكر إباحة خروج النساء في العيدين إلى المصلى (10) (890).

من أحكام الطهارة في الصلاة