Оё моеъе, ки аз зан мебарояд — хоҳ сафед ва хоҳ зард — пок аст ё наҷис? Оё барои он вузӯ гирифтан лозим аст, дар ҳоле ки пайваста мебарояд? Агар пайваста набошад ва байни баромаданаш фосила бошад, ҳукмаш чист? Бахусус, бештари занон, - аз ҷумла, занони босавод - онро рутубати табиӣ медонанд, ки барои он вузӯ гирифтан лозим нест?
السؤال
С 1:
Оё моеъе, ки аз зан мебарояд — хоҳ сафед ва хоҳ зард — пок аст ё наҷис? Оё барои он вузӯ гирифтан лозим аст, дар ҳоле ки пайваста мебарояд? Агар пайваста набошад ва байни баромаданаш фосила бошад, ҳукмаш чист? Бахусус, бештари занон, - аз ҷумла, занони босавод - онро рутубати табиӣ медонанд, ки барои он вузӯ гирифтан лозим нест?
س35: هل السائل الّذي ينزل من المرأة -أبيض كان أم أصفر- طاهرٌ أو نجسٌ؟ وهل يجب فيه الوضوء، مع العلم بأنه ينزل مستمرًّا؟ وما الحكم إذا كان متقطّعًا، خاصةً أن غالب النّساء -لا سيما المتعلّمات- يعتبرن ذلك رطوبةً طبيعيةً، لا يلزم منه الوضوء؟
الجواب
Ҷ 1:
Пас аз таҳқиқ ва баррасӣ ба назарам чунин менамояд, ки агар он моеъе, ки аз маҳбали зан берун меояд, аз масона набошад, балки аз бачадон берун ояд, он пок аст. Аммо ҳарчанд пок ҳам бошад, вузӯро мешиканад. Зеро барои шиканандаи вузӯ шарт нест, ки наҷис бошад. Масалан боде, ки аз пушт берун меояд, на вазн дорад ва на дида мешавад, вале вузӯро мешиканад.
Бар ин асос, агар дар ҳолати таҳорат доштани зан он моеъ барояд, таҳораташ мешиканад ва бояд таҳорати нав кунад.
Агар он ба таври мудовим бошад, вузӯро намешиканад, вале вақти фаро расидани намоз аз нав вузӯ мегирад. Ва ӯ метавонад дар ин вақт намози фарзӣ ва намозҳои нафлиро бихонад ва Қуръон тиловат кунад ва ҳар коре, ки барояш мубоҳ аст метавонад дар ин вақт анҷом диҳад.
Чунон ки олимон дар бораи шахсе, ки гирифтори ихтилоли пешоб аст, ҳамин ҳукмро гуфтаанд. Ин ҳукм аз ҷиҳати таҳорат аст, ки ин моеъ пок аст. Аммо аз ҷиҳати ботил шудани таҳорат, баромадани он таҳоратро мешиканад, магар ин ки пайваста ва пай дар пай бошад. Агар пайваста бошад таҳоратро фосид намекунад, аммо зан бояд барои ҳар намоз баъд аз фаро расидани вақташ таҳорат кунад ва бо эҳтиёт бошад ва ҷои онро бибандад.
Аммо агар байни баромадани моеъ фосила бошад ва одатан дар вақтҳои намоз қатъ шавад, намозро то вақти қатъ шуданаш ба таъхир гузорад. Албатта, агар тарси гузаштани вақти намоз вуҷуд надошта бошад. Агар битарсад, ки вақти намоз тамом мешавад, бояд таҳорат кунад ва маҳалли онро бибандад ва намоз гузорад.
Дар ин бора байни миқдори кам ва зиёд фарқе нест. Зеро ҳамааш аз шармгоҳ берун меояд. Пас хоҳ кам бошад ё зиёд таҳоратро ботил мекунад. Бар хилофи он чизе, ки аз бақияи бадан мебарояд, монанди хун ва қайкунӣ, ки таҳоратро ботил намекунад, хоҳ миқдори кам бошад ё зиёд.
Аммо дар мавриди эътиқоди баъзе аз занон, ки таҳоратро фосид намекунад, ман ҳеҷ асл ва асосе дар ин бора намедонам, магар ин гуфтаи Ибни Ҳазм (раҳимаҳуллоҳ), ки мегӯяд, "Ин таҳоратро фосид намекунад." Аммо ӯ дар ин бора ягон далеле наовардааст. Агар аз Қуръон, Суннат ё гуфтаҳои саҳобаҳо далеле медошт, қатъан далели кофӣ мебуд.
Зан бояд аз Худованд битарсад ва покии худро нигоҳ дорад. Зеро намоз бе таҳорат қабул намегардад, агар сад бор ҳам намоз бихонад, балки баъзе аз олимон мегӯянд, ҳар ки бетаҳорат намоз хонад, кофир мешавад, зеро ин як навъ масхара кардани оёти Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст.
ﺟ35: الظاهر لي بعد البحث: أن السائل الخارج من المرأة إذا كان لا يخرج من المثانة، وإنما يخرج من الرحم، أنّه طاهرٌ، ولكنه ينقض الوضوء وإن كان طاهرًا؛ لأنه لا يشترط للناقض للوضوء أن يكون نجسًا، فها هي الرّيح تخرج من الدّبر، وليس لها جرمٌ، ومع ذلك تنقض الوضوء.
وعلى هذا، إذا خرج من المرأة وهي على وضوءٍ فإنه ينقض الوضوء، وعليها تجديده.
فإن كان مستمرًّا فإنه لا ينقض الوضوء، ولكن تتوضأ للصلاة إذا دخل وقتها، وتصلّي في هذا الوقت الّذي تتوضأ فيه فروضًا ونوافل، وتقرأ القرآن، وتفعل ما شاءت ممّا يباح لها،
كما قال أهل العلم نحو هذا فيمن به سلس البول، هذا هو حكم السائل من جهة الطهارة، فهو طاهرٌ، ومن جهة نقضه للوضوء، فهو ناقضٌ للوضوء إلا أن يكون مستمرًّا عليها، فإن كان مستمرًّا فإنه لا ينقض الوضوء، لكن على المرأة ألا تتوضأ للصلاة إلا بعد دخول الوقت، وأن تتحفظ.
أما إن كان منقطعًا، وكان من عادته أن ينقطع في أوقات الصلاة، فإنها تؤخّر الصلاة إلى الوقت الّذي ينقطع فيه، ما لم تخش خروج الوقت، فإن خشيت خروج الوقت فإنها تتوضأ، وتتلجم -تتحفظ- وتصلّي.
ولا فرق بين القليل والكثير؛ لأنه كله خارجٌ من السبيل، فيكون ناقضًا قليله وكثيره، بخلاف الذي يخرج من بقية البدن كالدم والقيء، فإنه لا ينقض الوضوء، لا قليله ولا كثيره.
وأما اعتقاد بعض النّساء أنه لا ينقض الوضوء فهذا لا أعلم له أصلًا، إلا قولًا لابن حزمٍ رحمه الله، فإنه يقول: إن هذا لا ينقض الوضوء، ولكنه لم يذكر لهذا دليلًا، ولو كان له دليلٌ من الكتاب والسّنة أو أقوال الصحابة لكان حجةً.
وعلى المرأة أن تتقي الله، وتحرص على طهارتها؛ فإن الصلاة لا تقبل بغير طهارةٍ ولو صلت مئة مرةٍ، بل إن بعض العلماء يقول: إن الذي يصلّي بلا طهارةٍ يكفر؛ لأن هذا من باب الاستهزاء بآيات الله سبحانه وتعالى.