Skip to content

Одати моҳонаам дар вақти намоз хонданам оғоз шуд, ман бояд чӣ кор кунам? Оё бояд он намози вақти ҳайз шуданро қазо дорам?

السؤال

С 1:

Одати моҳонаам дар вақти намоз хонданам оғоз шуд, ман бояд чӣ кор кунам? Оё бояд он намози вақти ҳайз шуданро қазо дорам?

س32: دخلت عليّ العادة الشهرية أثناء الصلاة، ماذا أفعل؟ وهل أقضي الصلاة عن مدة الحيض؟

الجواب

Ҷ 1:

Агар ҳайз пас аз фаро расидани вақти намоз рух диҳад - монанди ин ки ним соат баъд аз заволи офтоб (вақти пешин) ҳайз шавад, дар ин ҳолат баъд аз пок шудан қазои он намозеро, ки ҳангоми пок буданаш вақташ фаро расида буд, ба ҷо медорад.

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст) (Сураи Нисо, ояти 103).

Вале намозҳои дар вақти ҳайз будаашро қазо намедорад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси тӯлоние мефармояд:

"Оё чунин нест, ки агар ҳайз шуд намоз намегузорад ва рӯза намегирад?"

Ва олимон бар ин иттифоқ кардаанд, ки зан намозҳоеро, ки дар вақти ҳайз тарк кардааст, қазо намедорад.

Аммо агар пок шавад ва барои як ракъат ё бештари намоз вақти кофӣ боқӣ монда бошад, бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намозашро дар вақти пок шуданаш бихонад:

"Ҳар ки пеш аз ғуруби офтоб як ракъати намози асрро дарёбад, намози асрро дарёфтааст".

Агар дар намози аср ва ё пеш аз тулӯи офтоб пок шавад ва барои як ракъат пеш аз ғуруби офтоб ва ё баромадани офтоб вақти кофӣ боқӣ монда бошад, дар мавриди аввал намози аср ва дар мавриди дуюм бомдодро бихонад.

ﺟ32: إذا حدث الحيض بعد دخول وقت الصلاة -كأن حاضت بعد الزوال بنصف ساعةٍ مثلًا- فإنها بعد أن تطهر من الحيض تقضي هذه الصلاة التي دخل وقتها وهي طاهرٌ؛ لقوله تعالى:

﴿...إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا﴾

[النساء:103].

ولا تقضي الصلاة عن وقت الحيض؛ لقوله ﷺ في الحديث الطويل:

«أَلَيْسَتْ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ، وَلَمْ تَصُمْ؟» [1]،

وأجمع أهل العلم أنها لا تقضي الصلاة التي فاتتها أثناء مدة الحيض.

[12] تقدم تخريجه.

أما إذا طهرت، وكان باقيًا من الوقت مقدار ركعةٍ فأكثر، فإنها تصلّي ذلك الوقت الذي طهرت فيه؛ لقوله ﷺ:

«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الْعَصْرِ قَبْلَ أَنْ تَغْرُبَ الشَّمْسُ، فَقَدْ أَدْرَكَ الْعَصْرَ» [2]،

فإذا طهرت وقت العصر، أو قبل طلوع الشمس، وكان باقيًا على غروب الشمس أو طلوعها مقدار ركعةٍ، فإنها تصلّي العصر في المسألة الأولى، والفجر في المسألة الثانية.

[13] تقدم تخريجه.