Мухтасари зиндагиномаи Расули Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
Таҳия: Муқаддима Ба номи Худо, сипосу ситоиш мар Ӯро ва дуруду салом бар хотами паёмбарон. Аммо баъд: Ин аст сирати мухтасари сарвари ҳамаи паёмбарону фиристодагон, хотами паёмбарон ва беҳтарини тамоми фарзанди Одам. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намунаи комил ва беҳтарин улгуи зиндагист. Дунё ҳаргиз шахсияти бузурге ҳампояи Ӯро надидааст. Ахлоқи Ӯ Қуръон буд. Аз ин рӯ, вақте аз модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) дар бораи ахлоқи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд, фармуд: «Оё Қуръонро мехонӣ?» Гуфтам: «Бале». Фармуд: «Ҳамоно ахлоқи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва…
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Мухтасари зиндагиномаи Расули Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
Таҳия:
Кумитаи илмии Ҷамъияти хидматрасонии муҳтавои исломӣ бо забонҳои гуногун
Муқаддима
Ба номи Худо, сипосу ситоиш мар Ӯро ва дуруду салом бар хотами паёмбарон. Аммо баъд:
Ин аст сирати мухтасари сарвари ҳамаи паёмбарону фиристодагон, хотами паёмбарон ва беҳтарини тамоми фарзанди Одам. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намунаи комил ва беҳтарин улгуи зиндагист. Дунё ҳаргиз шахсияти бузурге ҳампояи Ӯро надидааст. Ахлоқи Ӯ Қуръон буд. Аз ин рӯ, вақте аз модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) дар бораи ахлоқи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд, фармуд: «Оё Қуръонро мехонӣ?» Гуфтам: «Бале». Фармуд: «Ҳамоно ахлоқи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон буд». (Ривояти Муслим), Худованди Мутаъол низ мефармояд: {Ва ҳамоно ту дорои ахлоқи бисёр бузург ҳастӣ.} (Сураи Қалам, ояти 4).
Мо сирати мубораки Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро меомӯзем, то аз он панду ибрат гирем. Ӯ пешвои мост, ки дар эътиқод, амал ва гуфтор аз Ӯ пайравӣ мекунем, чунонки Худованди Мутаъол фармудааст: {Ба ростӣ, барои шумо дар (зиндагонии) Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтарин намуна аст; барои ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират умед дораду Аллоҳро бисёр ёд мекунад.} (Сураи Аҳзоб, ояти 21).
Мо ин сиратро бо забоне сода, равон ва фаҳмо навиштем, то ҳам барои калонсолон муносиб бошад ва ҳам барои омӯзиши кӯдакон судманд гардад. Он бо услуби ҳикоявӣ таълиф шудааст, ки ҳам рӯйдодҳои сират ва ҳам дарсу фоидаҳои онро дар бар мегирад. Ҳамчунин онро ба шакли дарсҳои алоҳида тартиб додем, то фаҳмидан ва азхуд кардани он осон гардад.
Дар ин китоб бештар ба асосҳои сирати набавӣ ва муҳимтарин рӯйдодҳои он таваҷҷуҳ шудааст, бе он ки ҳамаи ҷузъиёти он ба таври муфассал оварда шавад. Он аз таваллуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оғоз ёфта, то вафоти эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) идома меёбад.
Аз Худованди бузург орзуи онро дорем, ки онро барои мардум судманд ва мавриди қабул қарор диҳад ва мову шуморо биомурзад.
Дарси аввал: Ҳадафҳои рисолатҳои илоҳӣ:
Ҳамаи рисолатҳои илоҳӣ дар ҳадафҳои бузурге муштараканд, ки онҳоро метавон чунин хулоса намуд:
Аввал: Даъвати мардум ба парастиши танҳо Худованд ва тарки парастиши ғайри Ӯ. Худованди Мутаъол мефармояд: «Пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ин ки ба ӯ ваҳй кардем: «Ҳеҷ маъбуде (бар ҳақ) ҷуз Ман нест, пас танҳо Маро бипарастед». (Сураи Анбиё, ояти 25).
Дувум: берун овардани мардум аз торикиҳои куфр ва ширк ба сӯи нури тавҳид, Аллоҳ Таъоло фармудааст: «Худо сарпарасти касонест, ки имон овардаанд; онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур мебарорад. Ва касоне, ки куфр варзидаанд, сарпарасташон тоғут аст, ки онҳоро аз нур ба сӯи торикиҳо мебаранд. Онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷовидона хоҳанд монд.» (Сураи Бақара, ояти 257). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд: «Худо ба воситаи ин (Қуръон) касонеро, ки ризои Ӯро пайравӣ мекунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва онҳоро ба иҷозати Ӯ аз торикиҳо ба сӯи нур мебарорад ва ба роҳи рост раҳнамоӣ мекунад.» (Сураи Моида, ояти 16).
Сеюм: Ин ки махлуқот якдигарро ғайр аз Аллоҳ парвардигор нагиранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Бигӯ [Эй паёмбар]: Эй аҳли китоб! Биёед ба сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст, ки ҷуз Худоро напарастем, чизеро шарики Ӯ қарор надиҳем ва баъзе аз мо баъзеи дигарро ба ҷойи Худо, Парвардигор қарор надиҳад. Пас агар рӯй гардонданд, бигӯед: Гувоҳ бошед, ки мо мусалмонем.» (Сураи Оли Имрон, ояти 64), Ҳамчунин Худованд мефармояд: «Ва (Худо) ҳаргиз ба шумо фармон намедиҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро (ба ҷои Аллоҳ) парвардигори хеш қарор диҳед. Оё пас аз он ки мусалмон шудаед, шуморо ба куфр фармон медиҳад?» (Сураи Оли Имрон, ояти 80).
Чаҳорум: Куфр варзидан ба тоғут. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Пас ҳар кӣ ба тоғут [он чи ҷуз Аллоҳ Таъоло парастиш шавад] куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба дастовези бисёр устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастане барои он нест. Ва Худо Шунаво ва Доност.» (Сураи Бақара, ояти 256), Аз ин рӯ, ҳар мусалмон бояд эътиқод дошта бошад, ки ҳар он чӣ ғайр аз Худо парастиш мешавад, маъбуди ботил аст.
Панҷум: Безорӣ ҷустан аз ширк ва аҳли он, Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Барои шумо дар Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, намунаи некӯест, он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: Мо аз шумо ва аз он чӣ ғайр аз Худо мепарастед, безорем; шуморо инкор кардем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кина ҳамеша боқӣ хоҳад монд, то он гоҳ ки танҳо ба Худо имон оваред.» (Сураи Мумтаҳана, ояти 4).
Ҳамаи паёмбарон (алайҳимуссалом) қавмҳои худро ба ҳамин асосҳои бузург даъват кардаанд.
Шашум: Он ки тамоми дин аз они Худо бошад. Худованди Мутаъол мефармояд: [Эй муъминон] «Бо онҳо ҷанг кунед, то фитнае боқӣ намонад ва тамоми дин аз они Худо гардад. Пас агар бозистанд, Аллоҳ Таъоло ба ончи мекунанд, Биност.» (Сураи Анфол, ояти 39), Ҳамчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ӯст, ки Паёмбари Худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва Худо ҳамчун гувоҳ кофист.» (Сураи Фатҳ, ояти 28), Аз ин рӯ, ибодати мардум бояд танҳо ба воситаи дини Ислом бошад. Худованди Мутаъол мефармояд: «Ҳар кас дине ғайр аз Ислом бихоҳад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд.» (Сураи Оли Имрон, ояти 85).
Ҳафтум: Амал кардан ба шариати Худо дар тамоми корҳои динӣ ва дунявӣ ва пайравӣ накардан аз ҳеҷ қонун ва шариате ғайр аз шариати Худо. Худованди Мутаъол мефармояд: «Оё онҳо (мушрикон) шариконе доранд, ки барои онҳо аз дин чизеро қонунгузорӣ кардаанд, ки Худо ба он иҷоза надодааст? Агар ҳукми қатъии Худо [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] намебуд, [зуд] миёни онҳо доварӣ мешуд. Ва ҳамоно барои золимон азоби дардноке хоҳад буд.» (Сураи Шуро, ояти 21)
Дарси дувум: Даромаде бар сирати Пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам)
Аввал: Мафҳуми сирати пайғамбар:
Сирати набавӣ илмест, ки тамоми он чиро, ки ба мо аз зиндагии Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расидааст, дар бар мегирад: суннати ӯ, сифати зоҳирӣ ва ахлоқи волояш, ҷангҳову муҳорибаҳояш, аз рӯзи таваллуд то лаҳзаи пайвастанаш ба Рафиқи Аъло (Аллоҳ Таъоло).
Дувум: Самараи омӯзиши сират ва аҳамияти он:
1. Таҳкими шаҳодати рисолат: Бо шинохти зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), огоҳӣ аз аҳволи ӯ ва пайравӣ аз роҳу равиши ӯ, имон ва яқини банда афзуда, маънои гувоҳӣ додан ба ин, ки «Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст» дар амал таҳаққуқ меёбад.
2. Улгу ва намунаи нек: То Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чароғи роҳнамо ва беҳтарин намуна барои ҳамаи корҳои зиндагии мо бошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ҳамоно барои шумо дар (зиндагии) Расули Аллоҳ намунаи некӯст, барои касе ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад.» (Сураи Аҳзоб, ояти 21).
3. Фаҳми дурусти Қуръони Карим: Сирати набавӣ татбиқи амалии оятҳои Қуръони Карим аст. Ахлоқи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худ Қуръон буд ва тавассути сирати ӯ сабабҳои нузули оятҳо ва мақсадҳои ваҳй равшан мегарданд.
4. Фаҳми суннати набавӣ: зеро тавассути ҷойгоҳ ва амалҳои ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), маънои ҳадисҳои ӯ ва татбиқи амалии онҳо барои мо равшан мегарданд.
5. Парвариши муҳаббати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Муҳаббат аз шинохт сарчашма мегирад. Бузургӣ, фазилат ва мақоми волои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо бо шинохт ва огоҳӣ аз зиндагӣ ва фидокориҳои ӯ дарк карда мешавад.
6. Ибрат ва огоҳӣ: Бо гирифтани дарсҳо аз зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам); зеро ӯ намуна ва улгуест дар сабри бар мусибат, шукри бар неъмат ва устуворӣ дар ҳамаи ҳолатҳо.
7. Ба даст овардани саодати дунё ва охират: Наҷот ва комёбӣ дар дунё ва растагорӣ дар охират танҳо бо пайравӣ аз роҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва иқтидо ба ҳидояти ӯ имконпазир аст.
Сеюм: Аз роҳу равиши салафи солеҳ дар омӯзиши сират:
Салафи солеҳ арзиши ин илмро хуб дарк кардаанд ва ҳамон гуна ки Қуръони Каримро меомӯхтанду такрор мекарданд, ба омӯзиш ва ҳифзи сират низ аҳаммияти ҷиддӣ медоданд:
Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ (разияллоҳу анҳум) фармудааст: "Ба мо ҷангҳо ва лашкаркашиҳои Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳамон гуна меомузонданд, ки сурае аз Қуръонро меомузонданд."
Ҳамчунин Исмоил ибни Муҳаммад ибни Саъд ибни Абиваққос (разияллоҳу анҳум) гуфтааст: «Падарам лашкаркашиҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба мо меомӯхт ва мегуфт: “Эй фарзандонам! Инҳо корномаи падарони шумост, пас ёди онҳоро аз даст надиҳед.”» [Нигаред: Ал-Ҷомеъ ли ахлоқи-р-ровӣ ва одоби-с-сомеъ, Хатиби Бағдодӣ, ҷилди 2, саҳ. 287–288].
Дарси сеюм: Насаби поки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Якум: Насабаш аз ҷониби падар:
Ӯ расули раҳмат ва неъмати арзонишудаи Аллоҳ аст (яъне): Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Маъд ибни Аднон.
Ва ин насаби пок ба ҳазрати Исмоил ибни Иброҳим (алайҳимассалом) мерасад.
Дуюм: Насабаш аз ҷониби модар:
Модари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Омина бинти Ваҳб ибни Абдуманоф ибни Зуҳра ибни Килоб ибни Мурра мебошад. Насаби модари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо насаби падари ӯ дар бобояшон — Килоб ибни Мурра — ба ҳам мерасанд. Ин далолат мекунад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳар ду ҷониб ба поктарин ва гиромитарини хонадони Қурайш мансуб буд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Насаби Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом) — падари паёмбарон — пайваст мешавад. Ин далели идомаи рисолати илоҳӣ (паёмбарӣ) дар ин сулолаи муборак аст.
2. Насаби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтарин, шарафмандтарин ва поктарин насаб дар миёни мардум аст. Аллоҳ Таъоло ӯро аз беҳтарин қабила ва гиромитарин хонадон баргузидааст. Аз ҷумла, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: «Ҳамоно Аллоҳ Кинонаро аз миёни фарзандони Исмоил, Қурайшро аз миёни Кинона, Бани Ҳошимро аз миёни Қурайш ва маро аз миёни Бани Ҳошим баргузид.» Муслим ривоят кардааст.
Дарси чаҳорум: Таваллуд ва давраи кӯдакии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Вафоти падари он ҳазрат: Падари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳанӯз замоне ки ӯ дар шиками модараш ҷанин буд, аз дунё гузашт.
Таваллуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар шаҳри Макка, дар соли Фил, рӯзи душанбе ба дунё омад. Дар бораи рӯз ва моҳи таваллуди ӯ миёни донишмандон ихтилоф вуҷуд дорад. Иддае мегӯянд: рӯзи 2-юми моҳи Рабиъулаввал, ё 3-юм, ё 9-ум, ё 10-ум, ё 12-уми ҳамин моҳ. Иддаи дигар мегӯяд, ки дар моҳи Сафар ё Рабиъулохир таваллуд шудааст.
Модарони ширдеҳи ӯ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Ҳалимаи Саъдия ва пеш аз ӯ, аз Сувайба, канизи амакаш Абӯлаҳаб шир хӯрд. Баъд аз модараш Сувайба нахустин касест, ки ба ӯ шир дод. Ҳамчунин Умми Айман (Баракаи Ҳабашия) — канизи падараш — дояи ӯ буд.
Ҳодисаи шикофта шудани сина: Ин воқеа ҳангоми кӯдакӣ, дар биёбони қабилаи Бани Саъд рух дод. Дар он вақт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тақрибан чорсола буд ва бо кӯдакон бозӣ мекард. Ҷабраил алайҳиссалом назди ӯ омад, синаашро шикофта, пораи хуни сиёҳро аз қалбаш берун овард ва гуфт: «Ин баҳраи шайтон аз туст.» сипас дили ӯро дар ташти тилоӣ бо оби замзам шуст. Муслим ривоят кардааст.
Вафоти модар ва бобояш: Модари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) замоне вафот кард, ки ӯ шашсола буд. Баъд аз он, бобояш Абдулмутталиб сарпарастии ӯро ба уҳда гирифт. Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаштсола шуд, бобояш низ аз дунё гузашт. Пас аз он, амакаш Абӯтолиб ӯро ба тарбия ва нигоҳубини худ гирифт.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ятим ба дунё омад ва модарашро низ дар кӯдакӣ аз даст дод. Ин барои ҳар касе, ки дар хурдӣ падар ё модар, ё ҳар дуи онҳоро аз даст додааст, мояи тасаллӣ ва дилбардорист, аз ин ки дар бузургсолӣ аз даст дода бошад.
2. Аз овони кӯдакӣ ҳифз ва ғамхории Аллоҳ нисбат ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ошкор буд. Худованд мефармояд: Магар туро ятим наёфт, сипас паноҳ дод? (Сураи Зуҳо, ояти 6). Яъне, Аллоҳ Таъоло туро дар ҳоле ёфт, ки падару модар надоштӣ ва худ қудрати андешаи корҳои худро надоштӣ. Пас, Ӯ туро ҳифз намуд ва бобоят Абдулмутталибро, сипас баъд аз вафоти ӯ амаки ту Абӯтолибро барои сарпарастии ту гумошт.
3. Бояд бидонем, ки ҳофизу парастори ҳақиқии банда танҳо Аллоҳ аст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ятим ба воя расид, вале Аллоҳ барои ӯ сарпарастонро гумошт. Сипас ӯро барои тамоми мардум ба паёмбарӣ фиристод ва беҳтарини тамоми фарзандони Одам ва пешвои ҷаҳониён қарор дод.
4. Покии қалби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва муҳофизати ӯ аз васвасаҳои шайтон аз айёми кӯдакӣ. Худованд ӯро барои рисолати бузург бо пок сохтани қалбаш ҳам дар шакл ва ҳам дар маъно, омода гардонид.
5. Нуктаи муҳим: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёрони гиромии ӯ (разияллоҳу анҳум) ҳеҷ далели саҳиҳе собит нашудааст, ки шаб ё рӯзи таваллуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо ҷашн ё ибодати алоҳида ихтисос дода бошанд. Аз ин рӯ, тамоми некӣ дар пайравӣ аз роҳу равиши онҳо ва тарки он чизест, ки онҳо анҷом надодаанд.
Дарси панҷум: Зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз паёмбарӣ. Ин марҳила давраи пеш аз нозил шудани ваҳй буд, ки дар он замон ҳанӯз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) на паёмбар буданду на расул.
Ҳифзи Аллоҳ аз Паёмбар: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дур аз расму одатҳои даврони ҷоҳилият ва ширкҳои онҳо ба воя расиданд. Ҳаргиз ба буте саҷда накарда, шароб нанӯшида ва ҳеҷ гоҳ ба кори зишту носазо даст назада буд. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хушахлоқтарин ва ростгӯтарини мардум буданд, то ҳадде ки мардум эшонро бо лақаби «Содиқ ва Амин» — яъне «ростгӯ ва амонатдор» мешинохтанд. Ӯ бо хешовандон робитаи нек барқарор мекард, меҳмононро гиромӣ медошт ва ба фақирону ниёзмандон ёрӣ мерасонид.
Нахустин сафари Шом: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи амакаш Абӯтолиб ба сарзамини Шом сафар карданд. Он замон синни мубораки эшон дувоздаҳ сол буд.
Ҷанги Фиҷор: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар синни бистсолагӣ дар ин ҷанг иштирок намуданд. Ин ҷанг миёни Қурайш ва Кинона аз як тараф ва Қайси Айлан аз тарафи дигар сурат гирифта буд. Нақши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҷанг ин буд, ки ба амакҳояшон тир омода мекард, то онҳо ба сӯи душманон тирандозӣ кунанд.
Паймони Фузул: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар паймоне бо номи "Ҳилфул-Фузул" ҳузур доштанд. Дар ин паймон қабилаҳои Макка аҳд карданд, ки ҳар шахси мазлуму ситамдидаро дастгирӣ мекунанд, то ҳаққи поймолшудаи ӯ ба вай баргардонида шавад.
Кор ва касб: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мардуми Макка гӯсфандонро дар ивази музд мечаронид. Сипас бори дигар ба Шом сафар намуда, бо моли ҳазрати Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) ба тиҷорат машғул шуданд.
Издивоҷи Ӯ: Вақте ҳазрати Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) амонатдорӣ ва баракати тиҷорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мушоҳида карданд, ба издивоҷ бо эшон хоҳишманд шуданд. Ҳамин тавр, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар синни бисту панҷсолагӣ бо ӯ издивоҷ намуданд.
Халват (гушанишинӣ) ва ибодат: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гушанишиниро дӯст медоштанд ва дар ғори Ҳиро ба ибодати Худо мепардохтанд. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо худ ғизову об мегирифтанд ва чанд шаб дар он ҷо ба ибодату эътикoф машғул мешуданд, то он ки ваҳй бар эшон нозил гардид.
Бозсозии Каъба: Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба синни сию панҷсолагӣ расиданд, Қурайш ба бозсозии Каъба оғоз кард. Миёни онҳо дар масъалаи он ки Ҳаҷарул-Асвад (Санги сиёҳ)-ро кӣ ба ҷойи худ гузорад, ихтилоф ба вуҷуд омад ва кор ба ҳадде расид, ки қариб буд бо ҳам биҷанганд. Ниҳоят, онҳо қарор доданд, ки аввалин шахсеро, ки назди онҳо ворид мешавад, довар қарор диҳанд. Он шахс Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Вақте ӯро диданд, гуфтанд: «Ин ҳамон Амин аст, мо ба ҳукми ӯ розӣ ҳастем». Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сангро дар дохили як порчаи матоъ гузошта, ба сарварони қабилаҳо фармуданд, ки ҳар кадом як гӯшаи онро бигиранд. Сипас онро ҳамагӣ бардоштанд. Он гоҳ ӯ бо дасти мубораки худ Ҳаҷарул-Асвадро гирифта, дар ҷойи худаш гузошт.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Аллоҳ Таъоло Паёмбараш -ро пеш аз паёмбарӣ аз ширк ва гуноҳҳо ҳифз намуд. Ин аз пешоҳангҳои нубувват ва нишонаҳои он ба шумор меравад.
2. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо сифатҳои «Содиқ ва Амин» (ростгӯӣ ва амонатдорӣ) машҳур буд. Ин сифатҳо яке аз қавитарин далелҳо бар ростии эшон буданд. Зеро касе ки аз дурӯғ гуфтан ба мардум пок аст, ҳаргиз бар Аллоҳ дурӯғ намебандад.
3. Фазилати ростгӯӣ ва амонатдорӣ: Ростгӯӣ ва амонатдорӣ аз бузургтарин сифатҳои мӯъмин мебошанд. Ин ду сифат боис мешаванд, ки инсон эътимод ва муҳаббати мардумро ба даст оварад.
4. Кӯшиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои дарёфти ризқи ҳалол ва меҳнат кардан. Ӯ гӯсфанд чаронид ва ба тиҷорат машғул шуд. Ин ба мо меомӯзонад, ки барои ба даст овардани ризқ кӯшиш кунем ва аз воситаҳои ҳалол истифода барем.
5. Фурӯтанӣ ва хоксорӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки ба паёмарӣ расиданд, аз ба ёд овардани кори чӯпонӣ шарм намекарданд, то ба мо биомӯзонад, ки меҳнат шараф аст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Аллоҳ ҳеҷ паёмбареро нафиристодааст, магар ин ки ӯ гӯсфанд чаронидааст». [Ривояти Бухорӣ].
6. Хирадмандӣ ва дурандешӣ: Мавқеи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми гузоштани Ҳаҷарул-Асвад аз зеҳни фавқулода ва ҳикмати баланди эшон дарак медиҳад. Бо ин тадбир эшон аз рехтани хун пешгирӣ намуда, ҳамаи қабилаҳоро розӣ гардонид. Ин андешаи оқилона ҳатто аз назари бузургону сарварони қабилаҳои Қурайш пӯшида монда буд.
Дарси шашум: Оғози ваҳй ва нозил шудани он бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Оғози ваҳй: Нишонаҳои ваҳй ва паёмбарӣ вақте оғоз шуд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба синни чиҳил расида буд.
Хоби нек: нахустин нишонаи омадани ваҳй "хоби нек" буд; Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ хобе намедид, магар ин, чун равшании субҳ ошкору возеҳ ба воқеият мепайваст.
Дар ғори Ҳиро: Дар ҳоле ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ғори Ҳиро барои ибодат бо худ хилват менамуд, Ҷабраили фаришта (алайҳис-салом) бо ваҳй аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ба наздаш омад.
Омадани фаришта: Ҷабраил (алайҳис-салом) ба пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Бихон". Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ман хонда наметавонам". Се бор такрор кард ва дар бори севум Ҷабраил оғози сураи Алақро бар ӯ хонд: ([Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид 1 [Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид 2 Бихон ва Парвардигори ту бузургвортарин аст 3 Ҳамон Зоте, ки бо қалам омузонид 4 Ба инсон он чиро омухт, ки намедонист 5) (Сураи Алақ, оятҳои 1-5) Ин аввалин оятҳои Қуръон буд, ки нозил шуд.
Дастгирии Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ин воқеа, дар ҳоле ки аз шиддати ҳодиса ба ларза омада буданд, назди ҳамсарашон Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) баргаштанд ва он чиро, ки рух дода буд, ба ӯ хабар доданд. Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) ӯро тасаллӣ дода, гуфтанд: «Қасам ба Аллоҳ, ки чунин нест! Аллоҳ туро ҳеҷ гоҳ хор намекунад. Зеро ту бо хешовандон робитаи нек барқарор мекунӣ, сухани рост мегӯӣ, заифонро ёрӣ мерасонӣ, ба камбағалон кӯмак мекунӣ, меҳмононро гиромӣ медорӣ ва дар мушкилоту мусибатҳое, ки ба мардум мерасанд, ёрӣ мерасонӣ».
Кандашавии (муваққатии) ваҳй ва бозгашти он: Ваҳй ба муддати кӯтоҳ қатъ шуд, сипас баъд аз он аввали сураи Муддассир нозил шуд: (Эй ҷома ба худ печида! 1 Бархез ва бим деҳ! 2 Ва Парвардигоратро бузург шумор! 3 Ва либосатро покиза нигоҳ дор! 4 Ва аз палидӣ дурӣ ҷуй! 5) (Сураи Муддассир, оятҳои 1-5).
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Синни чиҳилсолагӣ: Аллоҳ Таъоло ин синро барои нозил шудани ваҳй интихоб кард, зеро он синни камолоти ақл ва қуввати фаҳм мебошад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (...то [Ӯ] он гоҳ ки ба камолоти нерӯмандии худ расид ва ба чиҳилсолагӣ расид...) (Сураи Аҳқоф, ояти 15).
2. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз оғози паёмбарӣ чиҳил сол дар миёни қавми худ зиндагӣ карданд. Сирати поку ахлоқи некаш дар миёни онҳо бузургтарин далел бар ростии паёмбарӣ ва даъвати эшон буд.
3. Аллоҳ Таъоло Паёмбари Худро барои масъулияти бузурги пазируфтани ваҳй омода кард: бо руъёи содиқ ва дӯст доштани танҳоӣ барои ибодат.
4. Барои мусалмон муҳим аст, ки вақтеро барои халват бо Парвардигораш ҷудо кунад, ки дар он Аллоҳро ёд намояд ва дар малакути Ӯ андеша кунад.
5. Ҷойгоҳи ҳамсари солеҳа: Ин маъно дар симои ҳазрати Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) ва тасаллию дастгирии ӯ аз ҳамсараш, ба таври равшан зоҳир мегардад. Ӯ намунаи баланди дастгирӣ ва пуштибонӣ дар рӯзҳои сахтӣ мебошад.
6. Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) аз ахлоқи неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) далел овард, ки Аллоҳ Ӯро ҳифз хоҳад кард. Ин нишон медиҳад, ки ахлоқи нек яке аз сабабҳои наҷот аз бадиҳову офатҳост.
7. Аввалин чизе, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар сураи «Муддассир» ба он амр шуданд, даъват ба яктопарастӣ ва ҳушдор додан аз ширк буд. Пас, яктопарастӣ (тавҳид) асоси дин ва муҳимтарин вазифаи он мебошад.
Имом Табарӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсираш дар бораи ин оят чунин гуфтааст: Зери тафсири ﴿قُمْ فَأَنذِرْ﴾ (Бархез ва бим деҳ!), «Аллоҳ Таъоло ба Паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: Аз хобат бархез ва қавми худро, ки ба Аллоҳ ширк овардаанд ва ғайри Ӯро парастиш кардаанд, аз азоби Аллоҳ бим деҳ».
Дарси ҳафтум: Даъвати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Макка:
Даъвати пинҳонӣ Даъват дар Макка тақрибан се сол ба таври пинҳонӣ оғоз ёфт. Аввалин зане, ки имон овард, ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - Хадиҷа бинти Хувайлид буд. Аз мардон аввалин нафар Абӯбакри Сиддиқ, аз кӯдакон Алӣ ибни Абӯтолиб, аз маволӣ Зайд ибни Ҳориса ва аз ғуломон Билоли Ҳабашӣ (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) буданд.
Бо даъвати Абубакр гурӯҳе аз саҳобагон имон оварданд, аз ҷумла: Усмон ибни Аффон, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абиваққос, Саъид ибни Зайд ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Хонаи Арқам: Мусалмонони аввалин бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хонаи Арқам ибни Абиларқам ҷамъ мешуданд, то масъалаҳои дини худро биомӯзанд ва дур аз чашми мушрикон Худоро ибодат кунанд.
Ошкоро баён намудани даъват: Сипас Худованд ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармон дод, ки ҳақро ошкоро баён кунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Пас [эй Паёмбар] он чиро, ки [аз сӯйи Аллоҳ Таъоло] ба он фармон дода мешавӣ, ошкоро баён кун ва аз мушрикон рӯй гардон». (Сураи Ҳиҷр, ояти 94). Сипас Худованд ба ӯ фармон дод, ки хонавода ва хешовандони наздики худро низ даъват кунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва хешовандони наздикатро [аз азоби илоҳӣ] ҳушдор деҳ). (Сураи Шуъаро, ояти 214), Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба сӯи тавҳид ва ягонагии Худованд даъват мекард, ба касоне, ки имон меоварданд, муждаи биҳишт медод ва онҳоеро, ки куфр меварзиданд, аз оташи дӯзах ҳушдор медод.
Озори мушрикон ва ҳиҷрати аввал: Вақте мусалмонон дини худро ошкоро баён карданд, озори мушрикон ба онҳо бо масхара ва шиканҷа намудан сахттар гардид. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобагонаш иҷозат дод, ки барои ҳифзи дини худ ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат кунанд.
Ҳимояи Аллоҳ аз Паёмбараш: Мушрикон қасди куштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро карданд, вале Аллоҳ ӯро тавассути амакаш Абутолиб ҳифз кард; зеро ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пуштибонӣ мекард, гарчанде худ бар дини қавми хеш боқӣ монда буд.
Ислом овардани Ҳамза ва Умар: Бо ислом овардани амаки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ҳамза ибни Абдулмутталиб ва Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳумо) нерӯ ва қудрати мусалмонон бештар гардид; Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: «Аз замоне ки Умар мусалмон шуд, мо ҳамеша боиззат ва нерӯманд будем».
Қатъи равобит ва муҳосира: Қурайш бар қатъи равобит бо Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб иттифоқ намуданд; ки ба онҳо чизе нафурӯшанд ва аз онҳо чизе нахаранд ва бо онҳо издивоҷ накунанд ва ҳамнишинӣ нанамоянд. Ин муҳосираи сахт дар «Шиъби Абутолиб» се сол идома ёфт. Ниҳоят гурӯҳе аз хирадмандони Қурайш ин аҳдномаи золимонаро бекор карда, муҳосираро шикастанд. Онҳо диданд, ки кирми чӯбхӯр аҳдномаро аллакай хӯрдааст, ба ҷуз ибораи «Бисмикаллоҳумма» («Ба номи Ту, эй Аллоҳ»). Ҳар ҷо ки номи Аллоҳ дар он навишта шуда буд, кирм онро нахӯрда буд.
Пешниҳоди даъват ба қабилаҳо: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даъвати худро дар мавсими ҳаҷ ба қабилаҳои гуногун пешниҳод мекард ва онҳоро ба Ислом даъват менамуд. Ниҳоят бо гурӯҳе аз Ансор, ки аз аҳли Мадина буданд, вохӯрд. Онҳо ба ӯ имон оварданд ва бо ӯ аҳд бастанд, ки ӯро ёрӣ ва дастгирӣ кунанд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Даъват аввал ба таври пинҳонӣ оғоз гардид. Ин барои тадриҷан ба вуҷуд овардани тағйирот, ҳифзи мусалмонони аввалин ва ҷамъ намудани ёварон ва тарафдорони даъват буд.
2. Хадиҷа, Абӯбакр ва нахустин мусалмонон фазилат ва мақоми бузурге доранд, зеро онҳо дар рӯзҳои сахт ҷони худ ва молҳои худро дар роҳи Ислом сарф карданд ва дар баробари озорҳо сабр намуданд.
3. Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) даъвати худро аз хонавода ва ҳамсари худ оғоз кард, бинобар ин бар даъватгар лозим аст, ки хонаводаи худро аз даъват ба сӯи Аллоҳ ва таълим додану насиҳат кардан фаромӯш насозад.
4. Шитоб кардан дар корҳои хайр: Аз зиндагии онҳо меомӯзем, ки инсон бояд дар қабули ҳақ ва амал кардани ба он пешдастӣ кунад ва дудилагӣ нанамояд.
5. Роҳи даъват сабру таҳаммули зиёд мехоҳад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) солҳои тӯлонӣ сабр кард ва дар ибтидо шумораи хеле кам ба ӯ имон оварданд.
6. Ислом овардани Умар ибни Хаттоб ва Ҳамза — разияллоҳу анҳумо — барои мусалмонон пирӯзӣ ва иззат буд. Ин нишон медиҳад, ки даъват ба нерӯе ниёз дорад, ки онро ҳифз ва пуштибонӣ кунад.
7. Ҷамъ омадани саҳобаҳо дар хонаи Арқам далели аҳамияти ҳамбастагӣ, робита, ҳамкорӣ дар корҳои нек ва тақво, инчунин аҳамияти дӯстӣ бо шахсони солеҳ мебошад.
8. Аҳамияти тавҳид (яктопарастӣ): Тавҳид аввалин вазифаҳои инсон аст. Аз ҳамин сабаб «Ло илоҳа иллаллоҳ» аввалин чизе буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар даъвати худ онро ошкоро баён кард.
9. Мусалмон набояд аз дини худ шарм кунад, балки бояд онро бо равшанӣ ва ҳикмат баён намояд ва танҳо ризои Худовандро талаб кунад.
10. Шиканҷа, масхара ва фишор аз усулҳои қадимие мебошанд, ки паёмбарон ва пайравони онҳо бо онҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Барои мо дар устуворӣ ва сабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш намунаи нек вуҷуд дорад.
11. Машрӯъ будани ҳиҷрат: Тарк кардани ватан ва молу дороӣ ба хотири ҳифзи ақида барои касе, ки наметавонад дини худро озодона барпо ва нигоҳ дорад, ҷоиз аст. Зеро дин гаронбаҳотарин чизест, ки инсон дорад.
12. Пайванди имонӣ асоси дин аст, на пайванди нажод, қабила ё насаб. Чунонки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даъвати худро ошкоро баён карда, мардумро ба ибодати Худои ягона даъват намуд, ҳамчунин Худованд ба ӯ фармон дод, ки хонавода ва хешовандони наздики худро низ даъват кунад. Ин барои мардум аз ҳамон оғози рисолат далели равшане буд, ки ҳадаф ва мақсади ин рисолат чист.
13. Даъват ба сӯи Худо масъулияти ҳар мусалмон аст: Арқам ибни Абиларқами Махзумӣ — разияллоҳу анҳу — ҳамон саҳобаи бузургест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар оғози даъват хонаи ӯро маркази даъват қарор дода буд. Ӯ ҷавони наврас буд ва тақрибан дар синни шонздаҳсолагӣ Ислом овард. Баъдтар дар бисёре аз саҳнаҳои ҷиҳод бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) иштирок кард. Ҷавон будани ӯ дар он замон монеъ нашуд, ки ба қадри тавони худ дар роҳи даъват ба сӯи Худованд саҳм гузорад.
Дарси ҳаштум: Вафоти Хадиҷа ва Абутолиб ва даъвати аҳли Тоиф:
Соли андӯҳ: Дар соли даҳуми паёмбарӣ модари муъминон - Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) вафот кард. Ҳамчунин амаки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абӯтолиб, ки ҳамеша аз ӯ ҳимоят ва дифоъ мекард, даргузашт. Ӯ бар куфр вафот кард. Бо вафоти ин ду нафар озори Қурайш нисбат ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз пештара ҳам бештар гардид.
Даъвати мардуми Тоиф: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Тоиф ба умеди он ки дар миёни онҳо пуштибоне барои динаш пайдо кунад, сафар кард. Аммо онҳо даъвати ӯро рад намуданд ва мавриди масхара қарор доданд, балки бехирадони худро бар зидди ӯ таҳрик дода, ӯро сангборон карданд, то ин ки пойҳои муборакаш хунолуд гардиданд.
Рафтори пур аз раҳмат: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ғамгин аз Тоиф берун омад. Ҳангоми бозгашт, Худованд Ҷабраилро ҳамроҳи фариштаи кӯҳҳо назди ӯ фиристод. Фариштаи кӯҳҳо ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пешниҳод кард, ки агар бихоҳад, ду кӯҳи Макка (Ахшабайн)-ро бар сари аҳли Макка фурӯ оварад ва онҳоро ҳалок кунад.
Ҷавоби пуршарафи ӯ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба фариштаи кӯҳҳо, бо дилсӯзии пур аз сабр чунин посух дод: «Балки умедворам, ки Аллоҳ аз насли онҳо касонеро берун оварад, ки танҳо Аллоҳро ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳанд». [Ривояти Бухорӣ ва Муслим].
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Устувории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Сабри ӯ дар баробари аз даст додани ду бузургтарин пуштибонаш — Хадиҷа ва Абӯтолиб — дар як сол ба таври равшан зоҳир гардид. Бо вуҷуди ин мусибати бузург, ӯ аз идомаи даъвати худ бознаистод.
2. Дифоъ ва ҳимояи Абӯтолиб аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро аз азоби оташ наҷот надод, зеро ӯ бар ширк вафот кард. Амал дар охират барои соҳиби худ фоида намерасонад, магар ин ки бар асоси имони ба Худованд ва ихлос барои Ӯ бошад.
3. Озори ҷисмонӣ ва рӯҳие, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Тоиф дид, барои ҳар мусалмон дарси фидокорӣ ва таҳаммул дар роҳи баланд бардоштани калимаи Худованд мебошад.
4. Афви комил ҳангоми доштани қудрат: Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳалок кардани касоне, ки ӯро озор дода буданд, худдорӣ кард ва сабр бар онҳоро интихоб намуд. Ба умеди он ки Худованд фарзандон ва насли онҳоро ҳидоят кунад.
5- Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо мардум меҳрубон буд ва барои онҳо ҳидоятро мехост, на ҳалокатро. Чуноне ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Муҳаммад] Мо туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем). (Сураи Анбиё, ояти 107).
6. Иҷрои вазифаҳо ва истифода аз сабабҳо: Мусалмон бояд ҳамеша барои расидан ба ҳадафи ҳалол ва дурусти худ кӯшиш кунад ва дар айни ҳол бар Худованди азза ва ҷалла таваккал намояд. Ӯ бояд аз ҳамаи воситаҳо ва сабабҳои имконпазир барои расидан ба ҳадаф истифода барад ва агар яке аз ин сабабҳо аз байн равад ё шумораи ёваронаш кам шавад, набояд нотавон ва маъюс гардад.
Дарси нуҳум: Исро ва Меъроҷ ва муъҷизаи ду пора шудани моҳ:
Сафари Исро ва Меъроҷ: Ин муъҷизаи бузург пас аз панҷоҳсолагии умри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рух дод.
Шикофтани синаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Сақфи хонаи ман, дар ҳоле ки дар Макка будам, шикофта шуд. Ҷабраил (алайҳиссалом) фуруд омад ва синаи маро шикофта, сипас онро бо оби Замзам шуста, баъд зарфи тиллоие овард, ки пур аз ҳикмат ва имон буд. Онро ба синаи ман рехт ва сипас синаамро ба ҳам оварда баст». [Ривояти Бухорӣ ва Муслим].
Исро: сафари шабонаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Масҷидулҳаром дар Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас мебошад.
Меъроҷ: боло рафтани ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Масҷидулақсо ба осмонҳои баланд то ба «Сидратулмунтаҳо» — дарахти бузурге дар осмони ҳафтум — мебошад.
Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Пок аст Он Зоте, ки бандаи Худро шабона аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо бурд; ҳамон Масҷиде, ки атрофи онро баракат додаем, то баъзе аз нишонаҳои Худро ба ӯ нишон диҳем. Ҳамоно Ӯ Шунаво ва Биност". (Сураи Исро, ояти 1).
Манзараҳои раҳмат ва қудрати илоҳӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он шаб нишонаҳои бузурги Парвардигорашро дид. Ҷаннату дӯзахро мушоҳида карданд, бо паёмбарон (алайҳимуссалом) мулоқот намуда, дар Масҷидулақсо бо онҳо намоз гузоштанд. Аллоҳ Таъоло бо эшон бе восита аз паси парда сухан гуфт ва намозҳои панҷгонаро бар уммати ӯ фарз гардонид.
Мавқеъгирии мардум: Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) субҳ ба Макка баргаштанд ва он чӣ рӯй дода буд, мардумро аз он хабар дод, имон ва боварии мӯъминон бештар гардид. Аммо якравӣ ва инкори кофирон боз ҳам сахттар шуд.
Ду пора шудани моҳтоб: Мушрикон аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишонаи ошкоре талаб карданд, ки бар ростгӯии ӯ далолат кунад. Аллоҳ Таъоло моҳро барои ӯ ба ду қисм пора гардонид, то мардум онро бо чашмони худ бубинанд. Аммо бо вуҷуди ин, кофирони Қурайш рӯй гардонида гуфтанд: «Ин ҷоду аст».
Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] пора гардид. 1 Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯй мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуи пайваста аст» (Сураи Қамар, оятҳои 1-2).
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Аллоҳ Субҳонаҳу бар ҳар чиз қодир аст ва муъҷизаҳои Исро ва Меъроҷ ва ду пора шудани моҳ чизе ҷуз далеле аз ҷумлаи далелҳои равшани камоли қудрати Ӯ мебошанд.
2. Ин сафари бузург баъд аз «Соли андӯҳ» ба вуқӯъ пайваст. Гӯё ин як икроми бузург ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва таскину устувор намудани қалби мубораки ӯ баъд аз солҳои тӯлонии хастагӣ, ранҷу озор дар роҳи даъват, буд.
3. Намоз ягона ибодатест, ки дар осмон ва мустақиман аз ҷониби Аллоҳ ба Расули Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фарз гардонида шуд, бе воситаи фаришта Ҷабраил (алайҳиссалом). Ин ба бузургӣ ва аҳамияти намоз дар зиндагии мусалмон далолат мекунад.
4. Аллоҳ Таъоло ин муъҷизаҳоро далели ошкор бар ростии нубувват қарор дод. Аммо касе, ки қалбашро аз ҳақ бастааст, ҳар қадар нишонаҳо бузург бошанд ҳам, аз онҳо баҳра намебарад.
5. Нуктаи муҳим: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагони киром (разияллоҳу анҳум) собит нашудааст, ки шаби Исро ва Меъроҷро бо ҷашн ё ибодати махсус хос гардонида бошанд. Аз ин рӯ, тамоми некӣ дар пайравӣ аз роҳу суннати онҳо ва тарк намудани он чизест, ки онҳо анҷом надодаанд.
6. Сафари Исро ва Меъроҷ ҳам бо рӯҳу ҳам бо ҷисми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар ҳолати бедорӣ сурат гирифтааст. Ин бузургии муъҷиза ва камоли қудрати Аллоҳ Таъолоро нишон медиҳад.
7. Ҳамоно бо сахтӣ осонӣ аст: Мусалмон бояд дар роҳи худ устувор пеш равад ва аз душвориҳое, ки ба онҳо рӯ ба рӯ мешавад, натарсад. Ӯ бояд ба Аллоҳ (азза ва ҷалла) эътимод дошта бошад ва бидонад, ки пирӯзӣ бо сабр, кушоиш бо ранҷу машаққат ва ҳамроҳи ҳар сахтӣ осонӣ аст.
Дарси даҳум: Ансор ва байъати аввал ва дувуми Ақаба:
Мулоқот бо ансор: Дар соли ёздаҳуми биъсат, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо чанд тан аз ансор (мардуми Мадина) дар Ақаба, воқеъ дар Мино, наздики Макка мулоқот намуд. Бо онҳо нишаст ва онҳоро ба Ислом даъват кард. Онҳо даъвати ӯро пазируфтанд ва ба ӯ имон оварданд. Вақте ба Мадина баргаштанд, хабари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва даъвати ӯро ба қавми худ расонданд. То ҷое ки ислом дар миёни онҳо паҳн гардид ва ҳеҷ хонае аз ансор намонд, магар ин ки дар он ёде аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд.
Байъати Ақабаи аввал: Дар соли дувоздаҳуми биъсат, ҳайате аз қабилаи Авс ва Хазраҷ (Ансор) омада бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) «байъати Ақабаи аввал»-ро карданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо заруриёти исломро омӯзонд ва онҳоро ба паймон даъват намуд. Онҳо бо ӯ аҳд карданд, ки: ба Худованд ҳеҷ чизро шарик наёранд; дуздӣ накунанд; зино накунанд; фарзандони худро накушанд; ба ҳеҷ кас тӯҳмату буҳтоне набанданд; дар корҳои нек аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармонбардорӣ кунанд.
Сипас подоши ин паймонро барои онҳо баён карда, фармуд: «Ҳар кас аз шумо ба ин аҳд вафо кунад, подошаш бар зиммаи Аллоҳ аст. Ва ҳар кас аз ин гуноҳҳо чизе содир кунад ва дар дунё ба ҷазо расонида шавад, он ҷазо барои ӯ каффораи гуноҳаш хоҳад буд. Ва ҳар кас аз онҳо чизе содир кунад ва Аллоҳ онро пӯшонад, кори ӯ ба Аллоҳ вогузор аст; агар хоҳад, ӯро мебахшад ва агар хоҳад, ҷазояш медиҳад». [Ривояти Бухорӣ ва Муслим].
Аввалин сафир дар Ислом: Пас аз анҷоми байъат ва ба поён расидани мавсими ҳаҷ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи ин аҳдкунандагон аввалин сафир дар исломро ба Мадина фиристод, то ба мусалмонони нав исломро таълим диҳад, аҳкоми динро ба онҳо биомӯзонад ва бифаҳмонад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои анҷоми ин вазифаи муҳим ҷавоне аз ҷавонони пешқадами исломро интихоб кард: ӯ Мусъаб ибни Умайр (разияллоҳу анҳу) буд.
Байъати дувуми Ақаба: дар соли сездаҳуми биъсат, ҳайати бузургтаре барои мулоқот бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун омад ва бо ӯ «Байъати Ақабаи дуюм»-ро анҷом доданд ва аҳд бастанд, ки агар ба сӯи онҳо ҳиҷрат кунад, ӯро ҳимоят ва ёрӣ намоянд ва ӯро аз он чи худ, аҳлу оила ва фарзандонашонро аз он муҳофизат мекунанд, муҳофизат намоянд.
Даромади бузург: Ансор аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд: «Эй Расули Худо! Агар мо ба ин байъат вафо кунем, барои мо чӣ хоҳад буд?» Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як ҷумла посух дод: «Барои шумо ҷаннат аст». Онҳо бо сидқу ихлос ва шодмонӣ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) байъат карданд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Давом додани даъвати мардум ба Ислом аз ҷониби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бидуни хастагӣ ва дилсардӣ, барои ҳамаи даъватгарон намунаи бузург аст. Сабр, устуворӣ ва яқин калиди муваффақият мебошанд.
2. Фазилати Ансор: Ҷойгоҳи баланди мардуми Мадина дар он зоҳир гардид, ки онҳо ҳақро зуд пазируфтанд ва барои паҳн кардани ислом дар миёни хешовандон ва ҳамсояҳои худ кӯшиш карданд, то хайр ва баракати ин дин ба хонаҳои онҳо роҳ ёфт.
3. Ду байъати Ақаба санги асос дар барпо шудани давлати ислом буданд; зеро ин паймонҳо бар итоат, ҳимояи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва нусрати дини ӯро дарбар доштанд.
4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ансор дар ивази ёриашон мансаб ва молеро ваъда надоданд, балки ба онҳо ҷаннатро ваъда доданд; то ба мо биёмӯзонад, ки фоидаи ҳақиқӣ барои мӯъмин розигии Аллоҳ ва неъматҳои абадии Ӯст.
5. Ансор (разияллоҳу анҳум) бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳд карданд, ки ҷони худ ва молҳои худро дар роҳи муҳаббати Аллоҳ ва Расули Ӯ фидо кунанд. Аз ин рӯ, сазовори чунин подоши бузург — ҷаннат гардиданд.
6. Фоидаи дигар: Ақаба минтақае дар Мино, наздики Макка буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро барои мулоқоти пинҳонӣ бо Ансор интихоб мекард, зеро он миёни кӯҳҳо ҷойгир буда, аз чашми Қурайш дур ва нисбатан пӯшида буд.
Дарси ёздаҳум: Ҳиҷрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Мадина.
Ин сафари таърихӣ як марҳилаи сарнавиштсоз буд, ки ҷараёни таърихро дигар кард ва бо он давраи бунёди давлати исломӣ оғоз ёфт.
Иҷозати ҳиҷрат ва оғози сафар: Пас аз анҷоми Байъати дуюми Ақаба ва итмиънон пайдо кардани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ёрии аҳли Мадина, ба саҳобагони худ иҷозаи ҳиҷрат дод, то дар амну осоиш бошанд. Саҳобаҳо ба умеди подоши назди Аллоҳ Таъоло аз хонаҳо, молу мулк ва аҳли худ ҷудо шуда, гурӯҳ-гурӯҳ ва пинҳонӣ аз чашми Қурайш ҳаракат мекарданд; бархе пиёда ва бархе савора буданд. Аммо худи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Макка барои баромадан мунтазири иҷозаи Парвардигораш буд. Ҳамроҳи ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дӯсташ Абубакри Сиддиқ ва Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳумо) низ буд.
Тавтеаи Дор-ун-надва ва ҳифзи Аллоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро: Вақте Қурайш дид, ки ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Мадина соҳиби қувват ва пуштибонӣ шудаанд, аз паҳн шудани дини ӯ тарсиданд. Аз ин рӯ, кофирони бузургашон дар «Дор-ун-надва» ҷамъ омада, машварат карданд. Онҳо қарор доданд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба қатл расонанд ва аз ҳар қабила як нафар дар ин кор иштирок кунад, то хуни ӯ дар байни қабилаҳо пароканда шавад ва касе натавонад қотилро танҳо аз як қабила талаб кунад. Аммо Аллоҳ Таъоло аз найранги онҳо Паёмбарашро огоҳ кард ва ба ӯ иҷозаи ҳиҷрат дод. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу) фармуд, ки дар бистари ӯ бихобад, то кофирон гумон кунанд, ки ӯ ҳанӯз дар хона аст ва инчунин амонатҳои мардумро ба соҳибонашон баргардонад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз миёни онҳо берун шуд, дар ҳоле ки онҳо ӯро намедиданд ва Аллоҳ Таъоло чашмонашонро аз дидани ӯ боздошт.
Дар ғори Савр ва ҳамроҳии илоҳӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо рафиқи худ Абубакри Сиддиқ ба роҳ баромада, ба сӯи "ғори Савр" равона шуданд, то дар он пинҳон шаванд ва се рӯз дар он ҷо монданд. Дар ин миён, Қурайш тамоми кӯшиши худро барои ҷустуҷӯи онҳо ба харҷ дод ва ҷоизаи бузургеро (сад шутур) барои касе, ки онҳоро бикушад ё биёварад, таъйин намуд. Вақте мушрикон дар назди дари ғор истоданд, Абубакр барои ҷони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тарсид ва гуфт: «Агар яке аз онҳо ба зери пояш бингарад, моро хоҳад дид», Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро бо итмиънони бузург ором намуда, гуфт: «Эй Абубакр, гумони ту нисбат ба ду нафаре, ки Худо саввуми онҳо аст, чист?», Пас Аллоҳ Таъоло мушриконро, бо вуҷуди бениҳоят наздик буданашон, аз онҳо дур кард.
Бинои масҷиди Қубо ва ворид шудан ба Мадина: Пас аз хориҷ шудан аз ғор, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳеро дур аз чашмони кофирон паймуд, то ин ки ба минтақаи "Қубо" расид ва дар он ҷо нахустин масҷидро дар ислом бино намуд, ки он "масҷиди Қубо" аст. Сипас, баъд аз чанд рӯз ба сӯи шаҳри Мадина ҳаракат намуд ва аҳли Мадина ӯро бо шодиву хурсандии тасвирнопазир пешвоз гирифтанд ва хонаҳо аз шодии ташрифи мубораки Ӯ бо садои такбиру таҳмид ба ларза омаданд.
Бунёди давлат ва фарз шудани ҷиҳод: Ҳамин ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Мадина истиқомат кард, ба сохтани Масҷиди Набавӣ оғоз намуд, то маркази ҷомеа ва давлати исломӣ бошад. Ӯ миёни муҳоҷирон ва ансор аҳди бародарӣ баст, то ҳама ҳамчун як дасти воҳид бошанд. Вақте вазъият ором гардид ва мусалмонон соҳиби қуввату нерӯ шуданд, Аллоҳ Таъоло ба онҳо барои дафъи зулму ситам иҷозаи ҷиҳод дар роҳи Худро дод. Аллоҳ Таъоло фармуд: «Ба касоне, ки бар зиддашон ҷанг карда мешавад, ба сабаби он ки бар онҳо зулм шудааст, иҷозаи (мубориза) дода шуд. Ва ҳамоно Аллоҳ бар ёрӣ додани онҳо қодир аст». (Сураи Ҳаҷ, ояти 39).
Фоидаҳои судманди ин дарс:
1. Бузургии фидокорӣ: Ҳиҷрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш ва тарк кардани ватан, молу мулк ва зиндагии худ танҳо барои ризои Аллоҳ Таъоло буд. Ин ба мо меомӯзонад, ки дин аз ҳар чиз арзишмантар аст.
2. Фазилату бузургии Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу): Ӯ шарафи ҳамроҳӣ ва ҳамсафарӣ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бузургтарин сафари таърихӣ ба даст овард ва мақоми баланди ӯ ҳамчун наздиктарин ёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит гардид.
3. Аллоҳ Таъоло ҳифзи Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бар уҳда гирифт ва найранги кофиронро аз ӯ дур кард. Пас касе, ки Аллоҳ бо ӯ бошад, ҳеҷ кас бар ӯ ғолиб шуда наметавонад.
4. Эътимоди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Парвардигораш дар сахттарин лаҳзаҳо дар дохили ғор ошкор гашт. Ин ҳолат ба мо меомӯзонад, ки кушоиш бо сабр ва яқин ба маъият (ҳамроҳӣ)-и илоҳӣ фаро мерасад.
5. Фазилати ансор: Муҳаббати аҳли Мадина ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва шодии онҳо дар омадани ӯ ошкор гардид. Ин муҳаббат ҷавҳари поки онҳоро нишон дод ва собит кард, ки онҳо Аллоҳ ва Расулашро бо сидқу самимият ёрӣ карданд.
6. Ҷорӣ шудани ҳукми ҷиҳод дар вақти муносиб: Ҷиҳод пас аз барпо шудани давлат ва пайдо шудани тавоноии он фарз гардид. Ин аз раҳмат ва ҳикмати Аллоҳ Таъоло дар риояи ҳолати мусалмонон мебошад.
7. Аҳамияти масҷид дар ҳаёти мусалмонон: Бо назардошти мақом ва аҳамияти бузурги масҷид дар ҳаёти мусалмонон, аввалин коре, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми ҳаракат ба сӯи Мадина анҷом дод, сохтани Масҷиди Қубо буд. Сипас, вақте ба Мадина ворид шуд, Масҷиди Набавӣ-ро дар ҳамон маконе, ки имрӯз маълум аст, бино кард.
Дарси дувоздаҳум: Оғози ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ Таъоло ва ғазваи Бадри кубро:
Оғози ғазваҳо ва сарияҳо:
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бисту як ғазва анҷом доданд, ки аввалини он ғазваи Абво (Ваддон) дар соли дуюми ҳиҷрат ва охирини он ғазваи Табук (Усра) дар моҳи раҷаби соли нуҳуми ҳиҷрат буд ва сарияҳоро мефиристоданд.
Ғазва — ҳар баромад ё амалиёти ҷангиеро мегуянд, ки дар он худи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳузур дошта, мусалмононро шахсан роҳбарӣ мекарданд, хоҳ дар он (амалиёт) ҷанг сурат гирифта бошад ё не.
Сария — гурӯҳи низомиест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худ дар он иштирок намекарданд. Дар он метавонад ҷанг сурат гирад ё нагирад. Одатан шумораи аъзои сария камтар буд.
Ғазваи Бадри кубро дар соли дувуми ҳиҷрат:
Сабаби ин ғазва он буд, ки ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар расид, ки корвони бузурги тиҷоратии Қурайш аз Шом бармегардад ва молу сарвати зиёде ҳамроҳи он мебошад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро барои пешгирӣ аз ин корвон даъват карданд ва бо сесаду чанд нафар ба роҳ баромаданд. Ин иқдом инчунин ҷазои Қурайш буд, зеро онҳо муҳоҷиронро аз сарзамини худ берун карда, хонаҳо ва молу мулки онҳоро ба тасарруф дароварда ва дороиҳояшонро ғорат карда буданд. Хабари ҳаракати мусалмонон ба Қурайш расид. Онҳо лашкари иборат аз ҳазору сесад нафар ё бештар муҳайё карданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ёронаш машварат намуданд ва қарор бар он шуд, ки бо душман рӯ ба рӯ шаванд. Ҷанг дар моҳи Рамазон ба вуқӯъ пайваст. Дар он лашкари Ислом бо лашкари куфр рӯ ба рӯ гардид ва ҷанг сахт идома ёфт. Пас Худованд Паёмбараш ва мусалмононро бо пирӯзии бузург ва қотеъ ёрӣ кард. Аз мусалмонон 14 нафар шаҳид шуданд. Аз кофирон 70 нафар кушта ва 70 нафар асир гардиданд. Аксари кушташудагон ва асирон аз бузургон ва сарварони кофирони Қурайш буданд. Ҳамин тавр, Худованд Ислом ва мусалмононро азиз гардонид ва ширк ва мушриконро хор сохт. Ва ҳамду сано барои Худованд, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Фоидаҳои судманди ин дарс:
1. Ҷиҳод дар роҳи Худованди Таъоло барои баланд бардоштани калимаи Худо, паҳн намудани Ислом, барпо кардани адолат ва бартараф намудани таҷовузу ситам машруъ мебошад.
2. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пешво ва намунаи ибрат, инчунин сарвари шуҷоъ буданд, ки шахсан худ барои муқобила бо кофирон мебаромаданд.
3. Гирифтани молу сарвати кофирони ҷангкунанда ва бастани роҳи тиҷоратии Қурайш, ба хотири заиф намудани он аз ҷиҳати иқтисодӣ, машруъ буд. Ин яке аз сабабҳои асосии Ғазваи Бадри кубро ба шумор мерафт.
4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми баромадан ба ҷанг ва рӯ ба рӯ шудан бо душман бо саҳобагонаш машварат мекарданд. Аз ин ҷо машварат (шӯро) дар ҳамаи корҳо, махсусан дар масъалаҳои муҳим, машруъ гардид.
5. Худованд гурӯҳи ками мӯъминонро бар гурӯҳи зиёди кофирон пирӯз мегардонад. Чунонки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш бар кофирони Қурайш пирӯз шуданд, дар ҳоле ки шумораи душман чандин баробари мусалмонон буд.
6. Шуҷоат ва далерии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш: зеро онҳо бо душманоне рӯбарӯ шуданд, ки теъдод ва таҷҳизоташон чандин баробари онҳо буд.
7. Худованд аст, ки ҳар касро бихоҳад азиз мегардонад ва ҳар киро хоҳад хор месозад. Дар ҷанги Бадр аҳли исломро азиз гардонид ва аҳли ширкро хор.
8- Баъзе аз ҳикматҳои машрӯъ гардидани ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ:
а) Даъват кардани мардум ба Ислом ва берун овардани онҳо аз парастиши бандагон ба парастиши Парвардигори бандагон. Худованди Таъоло мефармояд: «Бо онҳо биҷангед, то дигар фитна (шарик)-е боқӣ намонад ва дин танҳо барои Худо бошад. Пас, агар даст бикашанд, дигар таҷовузе нест, магар бар ситамкорон.» (Сураи Бақара, ояти 193).
б) Баргардонидани таҷовуз ва дифоъ аз мусалмонон. Худованди Таъоло мефармояд: «Ва дар роҳи Худо бо касоне биҷангед, ки бо шумо меҷанганд, вале таҷовуз накунед; ҳамоно Аллоҳ таҷовузкоронро дӯст намедорад.» (Сураи Бақара, ояти 190).
Дарси сездаҳум: Ғазваи Уҳуд ва баъд аз он:
Ва он ҷангест, ки дар он дарсҳои бузурге дар бораи итоат зоҳир гардид ва дар он муҳаббати самимии саҳобаҳо нисбат ба Паёмбарашон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва нисор кардани ҷонҳояшон ошкор гардид.
Сабабҳои ғазва ва омодагӣ ба он: Ғазваи Уҳуд, ки дар соли сеюми ҳиҷрат ба вуқӯъ пайваст, сабабҳои гуногун дошт. Муҳимтарини онҳо ин буд, ки мушрикон мехостанд барои кушташудагон ва шикасти худ дар рӯзи Бадр интиқом бигиранд. Қурайш барои ин кор се ҳазор ҷанговар ҷамъ кард, ки фармондеҳии онҳоро Абӯсуфён бар уҳда дошт. Дар муқобили онҳо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳазор нафар аз саҳобагонашон барои рӯ ба рӯ шудан бо душман берун шуданд. Ҳангоме ки лашкари мусалмонон дар роҳ буд, пешвои мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул бо сеяки лашкар баргашт ва онҳо дар ҷанг иштирок накарданд.
Воқеаҳои ҷанг ва оқибати талхи нофармонӣ: Ду лашкар дар Уҳуд бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд ва ҷанги сахте даргирифт. Дар оғози ҷанг мушрикон шикаст хӯрданд. Сипас гурӯҳе аз камонварони мусалмонон аз кӯҳ фаромаданд, дар ҳоле ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо фармуда буданд, ки дар ҳеҷ ҳолат ҷойи худро тарк накунанд ва аз кӯҳ поён нашаванд. Бар асари нофармонии камонварон ба фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), лашкари кофирон аз пушти мусалмонон давр зада, ба онҳо ҳамла кард ва шумораи зиёде аз мусалмонон кушта шуданд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ва ҳамоно Худо ваъдаи худро [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба шумо рост гардонид, он гоҳ ки ба иҷозати Ӯ онҳо [кофирон]-ро мекуштед, то он ки [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] сустӣ кардед ва дар бораи кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] ихтилоф намудед ва баъд аз он ки [Аллоҳ Таъоло] он чизеро дӯст медоштед [пирӯзӣ] ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] нофармонӣ кардед. Баъзе аз шумо дунёро мехостанд ва баъзе охиратро. Сипас, [Аллоҳ Таъоло] шуморо аз онҳо боздошт, то шуморо биозмояд; [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз Паёмбар пушаймон шудед] албатта, шуморо бахшид. Ва Худованд бар мӯъминон соҳиби фазлу карам аст.» (Сураи Оли Имрон, ояти 152).
Сахтии мусибат ва фидокории саҳобагон: Ғазваи Уҳуд яке аз сахттарин ғазваҳое буд, ки бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гузашт. Дар ин ҷанг яке аз дандонҳои пеши он ҳазрат шикаст ва ду ҳалқаи зиреҳи сар — ки барои ҳифзи сар истифода мешуд — ба чеҳраи муборакашон фурӯ рафт. Вазъият бар он ҳазрат бисёр сахт шуд, вале Аллоҳ Таъоло ӯро ҳифз намуд. Дар ин ҷанг ҳафтод нафар аз саҳобагон (разияллоҳу анҳум) шаҳид шуданд. Аз ҷумлаи онҳо Сайидушшуҳадо Ҳамза ибни Абдулмутталиб, амаки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Дар Уҳуд муҳаббати ҳақиқии саҳобаҳо ба Паёмбари худ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври равшан зоҳир гардид. Онҳо барои ҳифзи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷони худро фидо мекарданд. Пас аз анҷоми ҷанг ва ба хок супурдани шаҳидон, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобаҳо ба Мадина баргаштанд.
Аз ҷумлаи саҳнаҳои таъсирбахш ин аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шаҳидони Уҳуд истоданд ва бар онҳо гиря карданду фармуданд: «Ман дар рӯзи қиёмат бар инҳо гувоҳ хоҳам буд», Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки шаҳидонро бо ҳамон хун ва либосҳояшон, бе ғусл, ба хок супоранд. Баъзан ду нафарро дар як қабр дафн мекарданд ва касеро, ки Қуръонро бештар аз бар дошт, пештар мегузоштанд, то мақому манзалати онҳо боло бошад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳволи зиндамондагонро тафтиш мекарданд, захмҳояшонро пок менамуданд ва онҳоро рӯҳбаланд мекарданд. Ҳамчунин, аз шуҷоати Умми Амора ва аҳли хонадонаш ситоиш намуда, барои онҳо дуо карданд, ки дар ҷаннат ҳамроҳи он ҳазрат бошанд, зеро устувории бузург ва дифои содиқонаи онҳоро мушоҳида карда буданд. Пас аз анҷоми дафни шаҳидон, ҳамаи асҳоб дар паси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саф бастанд. Онҳо Худоро ҳамд ва ситоиш намуда, ба амри Ӯ таслим шуданд ва бар неъмати сабру ҷиҳод шукргузорӣ карданд.
Ғазваи Ҳамро-ул-асад: Ин ғазва фақат як рӯз баъд аз Уҳуд воқеъ шуд ва сабаби он хабаре буд, ки ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Абусуфён ибни Ҳарб расид, ки вай мехоҳад бо Қурайш ба Мадина баргардад, то боқимондаи асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро несту нобуд созанд. Пас, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро амр фармуд, ки бароянд ва шарт гузошт, ки ҳамроҳи ӯ касе набарояд, магар касе, ки дар ҷанги рӯзи Уҳуд ҳузур дошт. Пас, онҳо бо вуҷуди ҷароҳатҳое, ки доштанд, баромаданд. Чун Абусуфён хабари онҳоро шунид, тарсид ва бо касоне, ки ҳамроҳаш буданд, ба Макка баргашт.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Оқибати бади гуноҳ ва нофармонӣ: Нофармонии камонварон аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зарари бузург ва сангинеро бар мусалмонон ба бор овард.
2. Мақом ва шуҷоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худ шахсан дар ҷанг иштирок карданд ва дар роҳи Худо захм бардоштанд. Салавоту саломи Худованд бар ӯ бод.
3. Фазилати саҳобагон (разияллоҳу анҳум): Онҳо ҷонҳои худро дар роҳи Худо фидо намуда, аз Расули Худо (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳимоя мекарданд.
4. Шинохтани мӯъмин аз мунофиқ: Аҳли нифоқ аз лашкар баргаштанд ва дар Ғазваи Уҳуд иштирок накарданд. Пешопеши онҳо Ибни Салул, пешвои бузурги мунофиқон, қарор дошт.
5. Таъсири фидокории саҳобагон: Агар фазлу ёрии Худованд ва сипас фидокориҳои саҳобагон (разияллоҳу анҳум) намебуд, Ислом ба мардум намерасид. Худованд онҳоро василаи расонидани дини худ қарор дод. Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳу таъоло) фармудааст:
«Онҳо пайравон ва ёрони Паёмбар буданд; агар онҳо намебуданд, дар рӯи замин ҳеҷ мусалмоне намемонд.»
6. Баромадани саҳобаҳо дар Ҳамро-ул-асад бо вуҷуди захмҳои хуншорашон: Онҳо танҳо як рӯз пас аз ҷанги Уҳуд, бо вуҷуди захмҳои сахт, ба фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баромаданд. Ин посухи фаврии онҳо ба фармони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бузургтарин далел бар қуввати имон, баландии ҳиммат ва иродаи қавӣ буд — иродае, ки дардҳо ва захмҳо онро шикаста наметавонистанд.
Дарси чаҳордаҳум: Ғазваи Хандақ (Аҳзоб), дар соли панҷуми ҳиҷрат:
Ҳодисаҳои ин ғазва аз он ҷо оғоз ёфтанд, ки яҳудиён паймонеро, ки бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баста буданд, шикастанд ва қабилаҳои гуногуни арабро ба ҷанг алайҳи мусалмонон таҳрик дода, онҳоро барои ҳамла ба Мадина ҷамъ карданд. Ҳадафи онҳо аз байн бурдани мусалмонон ва давлати навтаъсиси исломӣ буд. Дар натиҷа, аз қабилаҳои мушрик лашкари бузурге иборат аз даҳ ҳазор ҷанговар таҳти роҳбарии Абӯсуфён ибни Ҳарб ҷамъ омад, дар ҳоле ки шумораи лашкари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамагӣ се ҳазор нафар буд.
Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз омадани онҳо огоҳ шуд, бо саҳобагонаш машварат кард. Саҳобаи бузургвор Салмони Форсӣ (разияллоҳу анҳу) пешниҳод намуд, ки дар атрофи Мадина «хандақ» канда шавад, то ҳамчун садди устувор пеши роҳи ворид шудани душманонро бигирад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз пешниҳоди ӯ хушҳол шуд ва ба иҷрои он фармон дод. Аммо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо ба роҳнамоӣ иктифо накард, балки бо иштироки бевоситааш дар кандани хандақ бо саҳобаҳо ва таҳаммули ранҷу сахтиҳо бо онҳо, намунаи олии хоксорӣ ва пешвоии амалиро нишон дод.
Лашкари аҳзоб ба Мадина расида, шаҳрро муҳосира карданд. Муҳосира тӯл кашид ва сахтӣ бар мусалмонон афзуд. Тарс бо гуруснагии шадид якҷо шуд. Қуръони Карим ин вазъияти душворро чунин тасвир мекунад: {Вақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ Таъоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед 10 Дар инҷо муъминон озмоиш шуданд ва ба сахттарин такон ларзонда шуданд 11} (Сураи Аҳзоб, оятҳои 10-11).
Дар миёни ин бӯҳрон, муъҷизаҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зоҳир гардиданд. Худованд ба ғизои кам баракат дод, то тамоми лашкар сер шавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо вуҷуди тангии вазъ ба саҳобагонаш аз фатҳи сарзаминҳои Форс ва Рум мужда медод, то рӯҳияи онҳоро боло барад. Вақте вазъият боз ҳам сахттар шуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дуои самимӣ ба Парвардигораш рӯ овард ва аз Ӯ хост, ки ин сахтиро аз мусалмонон бартараф созад. Худованд дуои ӯро қабул кард ва бар лашкари аҳзоб боде сахт фиристод, ки хаймаҳояшонро барканд. Ҳамчунин фариштагонро фиристод, ки дар дилҳои онҳо тарсу ҳарос афканданд. Дар натиҷа, ҷамъияти онҳо пароканда шуд ва онҳо ноумеду ноком бозгаштанд. Амният ба Мадина барқарор гардид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: {Эй касоне, ки имон овардаед! Неъмати Худоро бар худ ба ёд оред, он гоҳ ки лашкарҳое бар шумо омаданд. Пас, Мо бар онҳо боде ва лашкарҳое фиристодем, ки онҳоро намедидед. Ва Худованд ба он чӣ мекунед, бино аст.9} (Сураи Аҳзоб, ояти 9).
Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: {Ва Худованд кофиронро бо хашму ғазабашон бозгардонд, дар ҳоле ки ба ҳеҷ неъмате даст наёфтанд. Ва Худованд барои мӯъминон дар ҷанг кофӣ буд. Ва Худованд нерӯманду пирӯзманд аст.} (Сураи Аҳзоб, ояти 25).
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Душманони ислом метавонанд бо вуҷуди ихтилофи ақидаҳояшон барои мубориза бо мусалмонон муттаҳид шаванд. Ин аз суннатҳои Худованд дар миёни махлуқоташ ва идомаи муборизаи ҳаққу ботил аст. Аз ин рӯ, ҳамеша ҳушёр будан, омодагии хуб дидан ва тадбир андешидан зарур аст.
2. Ин ғазва фазилати Салмони Форсӣ (разияллоҳу анҳу) ва аҳамияти машварат дар исломро равшан нишон медиҳад.
3. Иштироки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо саҳобагонаш дар сахтӣ ва хастагӣ нишон медиҳад, ки пешвои муваффақ касест, ки худ пешқадам шуда амал мекунад, бо зердастонаш хоксорона муносибат менамояд ва барои онҳо намунаи нек мебошад.
4. Кандани хандақ ба мо меомӯзонад, ки инсон бояд тамоми кӯшиши имконпазири худро ба кор барад, аз воситаҳои ҳалол ва дастрас истифода кунад, сабабҳои пирӯзиро фароҳам оварад ва дар некӣ ва тақво ба якдигар ҳамкорӣ намояд.
5. Аҳамияти яқин ва сабр: саҳобаҳо ҳангоми муҳосира устувории бузурге нишон доданд. Дар натиҷа, пирӯзӣ насиби сабркунандагоне гардид, ки ба ваъдаи Худованд яқин доштанд. Худованд мефармояд: {Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он паймоне, ки бо Худо баста буданд, содиқ монданд. Пас, бархе аз онҳо паймони худро ба анҷом расониданд [ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар мунтазир [-и шаҳодат]-анд ва онҳо ҳеҷ тағйире дар паймони худ надоданд.23} (Сураи Аҳзоб, ояти 23).
6. Ин нишонаи лутфи Худованд бар бандагонаш мебошад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар душвортарин вақтҳо саҳобагони худро бо хушхабари фатҳҳо ва пирӯзиҳои оянда мужда доданд.
7. Дуо калиди пирӯзист. Бо ихлоси содиқонаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯ овардан ба Парвардигораш вазъияти ҷанг тағйир ёфт. Ин воқеа аҳамияти бузурги дуоро нишон медиҳад.
8. Пирӯзӣ аз ҷониби Худованд аст. Ҳар қадар душманон қавӣ ва шумораашон зиёд бошад ҳам, Худованд Қавӣ ва Пирӯзманд аст ва бандагонашро ёрӣ медиҳад.
Дарси понздаҳум: Сулҳи Ҳудайбия, ғазваи Хайбар ва умраи қазо (Фатҳи ошкор):
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хоб дид, ки худ ва саҳобаҳояш дар амнияту оромӣ вориди Масҷидулҳаром мешаванд, сарашонро тарошида ё мӯяшонро кӯтоҳ мекунанд. Хоби паёмбарон ваҳй аст. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонашро аз ин хоб хабар дод ва онҳо ба некӣ хушҳол шуданд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар моҳи Зулқаъда соли шашуми ҳиҷрӣ ҳамроҳи тақрибан як ҳазору чорсад нафар аз муҳоҷирон ва ансор ба роҳ баромад. Онҳо барои бузургдошти хонаи Каъба ҳайвонҳои қурбониро бо худ мебурданд ва ғайр аз силоҳи мусофир — яъне шамшерҳо дар ғилоф — силоҳи дигаре надоштанд, то ба Қурайш нишон диҳанд, ки онҳо барои анҷоми умра омадаанд, на барои ҷанг.
Боздоштан аз умра ва Байъати Ризвон: Вақте Қурайш аз ҳаракати онҳо огоҳ шуд, тасмим гирифт, ки бо зӯрӣ роҳи онҳоро банданд ва дар маҳалли Зу-Туво хайма зад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳи худро дигар кард ва дар Ҳудайбия фуруд омад. Дар он ҷо мукотиба ва музокироти тӯлонӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни ин музокирот Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу)-ро барои гуфтушунид назди Қурайш фиристод. Сипас овоза паҳн шуд, ки Усмон кушта шудааст. Дар ин лаҳза Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобаҳоро ба байъат даъват кард, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо ҷанг фирор накунанд. Онҳо зери дарахти самура бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) байъат карданд. Ин байъат бо номи «Байъати Ризвон» машҳур шуд. Худованд дар бораи он мефармояд: {Ҳароина, Аллоҳ Таъоло аз мӯъминон розӣ шуд, он гоҳ ки онҳо зери дарахт бо ту байъат мекарданд...} (Сураи Фатҳ, ояти 18).
Шартҳои сулҳ Суҳайл ибни Амр ҳамчун намояндаи Қурайш омад ва сулҳе ба имзо расид, ки баъзе шартҳояш дар зоҳир барои мусалмонон душвор менамуд. Аз ҷумла: - Ҷанг барои муддати даҳ сол қатъ карда шавад; - Мусалмонон дар ҳамон сол бидуни анҷоми умра бозгарданд; - Соли оянда барои анҷоми умра баргарданд ва танҳо се рӯз дар Макка бимонанд; - Ҳар касе аз Қурайш бе иҷозати валии худ назди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) биёяд, ба Қурайш баргардонида шавад. Бо вуҷуди он ки баъзе саҳоба аз ин шартҳо нороҳат шуданд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо розӣ шуд, зеро фармони Парвардигорашро итоат мекард. Сипас қурбониҳояшро забҳ карданд ва аз эҳром баромаданд. Мусалмонон низ аз ӯ пайравӣ карданд. Дар натиҷаи ин воқеа, ҳангоме ки онҳо дар роҳи бозгашт ба Мадина буданд, Худованд ин оятҳоро нозил кард: {[Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо пирӯзии ошкореро [дар сулҳи Ҳудайбия] бароят муқаддар кардем 1 То Аллоҳ Таъоло гуноҳи гузашта ва ояндаатро биёмурзад ва неъматашро бар ту комил гардонад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд 2 Ва Аллоҳ Таъоло ба пирӯзии шикастнопазире ёриат кунад 3} (Сураи Фатҳ, ояти 1-3)
Ғазваи Хайбар — самараи зудраси сулҳ: Аз бузургтарин самараҳои сулҳи Ҳудайбия ин буд, ки ҷабҳаи ҷанубӣ бо Қурайш ором гардид ва пушти Мадина аз хатари ҳамла эмин шуд. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар моҳи Муҳаррами соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ба сӯи ҷабҳаи шимолӣ ҳаракат кард. Дар он ҷо қалъаи яҳудиёни Хайбар қарор дошт. Онҳо ҳамон касоне буданд, ки қабилаҳои аҳзобро бар зидди мусалмонон таҳрик дода ва алайҳи онҳо дасисаву тавтиаҳо ба роҳ андохта буданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо ба касоне иҷозат дод, ки дар Ҳудайбия ҳузур доштанд ва аз аҳли Байъати Ризвон буданд; ин ҳамчун подоше барои онҳо буд. Мусалмонон қалъаҳои мустаҳками Хайбарро яке пас аз дигаре муҳосира карданд. Худованд онҳоро бар ин қалъаҳо пирӯз гардонд ва дар дилҳои яҳудиён тарсу ҳарос андохт. Онҳо барои ҳифзи ҷони худ сулҳ талаб карданд ва розӣ шуданд, ки молу заминҳояшонро ба мусалмонон вогузор кунанд, вале заминҳоро худашон кишт намоянд ва нисфи ҳосилро гиранд. Ҳамин тавр, муждаи Худованд дар бораи ба даст овардани «ғаниматҳои бисёр» ба зудӣ амалӣ гардид.
Умраи қазо — амалӣ шудани хоби Паёмбар: Соли дигар, дар моҳи Зулқаъдаи соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи саҳобаҳое, ки дар Ҳудайбия иштирок кардаву барои анҷоми умрае, ки соли гузашта аз он боздошта шуда буданд, ба роҳ баромаданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо гуфтани талбия вориди Макка шуд ва мусалмонон дар гирди ӯ бо такбиру таҳлил буданд. Онҳо маносики умраро дар амнияту оромӣ ба ҷо оварданд. Қурайш ба кӯҳҳо баромада, мусалмононро бо эҳтиром ва ҳайбат тамошо мекарданд. Ин умра тасдиқи хоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гардид ва бо номи «Умраи қазо» ё «Умраи қазия» машҳур шуд.
1. Ин сулҳ ба мусалмонон имконият дод, ки даъвати худро дар фазои амнияту оромӣ густариш диҳанд. Дар натиҷа, пеш аз он нисбат ба давраи пеш аз сулҳ чандин баробар бештар одамон ба дини Худо дохил шуданд. Аз ин рӯ, пирӯзӣ ҳамеша ба воситаи шамшер ба даст намеояд.
2. Ин ғазва собит намуд, ки муваффақият дар пайравӣ аз фармони Худо ва Расули Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ҳатто агар ҳикмату манфиати он дар ибтидо барои ақлҳо равшан набошад; (чунонки дар шартҳои сулҳ чунин воқеа рух дод).
3. Мақоми аҳли байъат: Саҳобаҳо шарафи бузурге ба даст оварданд, зеро Худованд аз онҳо розӣ шуд ва ин байъат «Байъати Ризвон» номида шуд. Ин шаҳодати илоҳӣ аз болои ҳафт осмон бар ростии имони онҳо буд.
4. Ҷоиз будани бастани аҳдномаҳо: Барои мусалмонон ҷоиз аст, ки агар дар он манфиате бошад, бо душман аҳду сулҳ банданд. Ин аз ҳикмат ва сиёсатҳои шаръӣ мебошад.
5. Бозгашти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар соли баъдӣ барои анҷоми «Умраи қазо» ростии хоби ӯро собит намуд, кибру ғурури Қурайшро шикаст ва иззату бузургии исломро дар қалби Макка ошкор сохт.
6. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вафодорӣ ба аҳду паймонҳо намунаҳои олиҷаноб нишон дод. Ин рафтори нек сабаб шуд, ки мардум ба ахлоқ ва дини ислом бештар майл пайдо кунанд.
7. Баракати итоат ба фармонҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Чунонки дар ғазваи Уҳуд зикр кардем, нофармонӣ метавонад оқибати бад дошта бошад ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душман боиси шикасти мусалмонон гардад. Ҳамчунин, итоат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва иҷрои фармонҳои ӯ баракате дорад, ки ба пирӯзии мусалмонон меанҷомад. Худованд мефармояд: {...Ва агар аз ӯ итоат кунед, ҳидоят хоҳед ёфт...} (Сураи Нур, ояти 54).
Мукотибаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо подшоҳон ва ҳокимон баъд аз сулҳи Ҳудайбия.
Пас аз он ки сулҳи Ҳудайбия устувор гардид ва ҷанг хотима ёфт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Қурайш хотирҷамъ шуд, ба густариши ҷаҳонии даъвати ислом рӯ овард. Ӯ тасмим гирифт, ки ба подшоҳони ҷаҳон ва амирони арабу аҷам нома навишта, онҳоро ба ислом даъват кунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯи ғамхорӣ ба уммат ва тадбири хубаш ангуштарини нуқрагине гирифт, ки бар он «Муҳаммад-ур-Расулуллоҳ» нақш шуда буд, то бо он номаҳо мӯҳр карда шаванд. Зеро одати подшоҳон чунин буд, ки номаи мӯҳрнашударо намехонданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз миёни беҳтарин саҳобагони худ (разияллоҳу анҳум) намояндагоне интихоб кард, ки ҳам фасоҳати забон, ҳам ҷасорат ва ҳам ақлу хиради дуруст доштанд, то ин амонати бузургро ба ҷо оваранд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Диҳя ибни Халифаи Калбӣ (разияллоҳу анҳу)-ро назди Ҳирақл, подшоҳи Рум, фиристод; Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ (разияллоҳу анҳу)-ро назди Хисрав, подшоҳи Форс; Амр ибни Умайяи Замрӣ (разияллоҳу анҳу)-ро назди Наҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша; ва Ҳотиб ибни Абӣ Балтаъа (разияллоҳу анҳу)-ро назди Муқавқис, ҳокими қибтиёни Миср фиристод. Ҳамчунин ба амирони Шом ва Ямома, аз ҷумла Ҳорис ибни Абӯшамри Ғассонӣ ва Ҳавза ибни Алӣ Ҳанафӣ, нома фиристод. Ин фиристодагони фархундапай номаҳои ҳидоятро бо худ бурданд, ки дар онҳо даъвати поки ислом ва сухани ҳикматомезе буд, ки ақлу дилҳоро хитоб мекард. Дар ин номаҳо мардум ба сухани ягона даъват мешуданд: ин ки ҷуз Худованд ҳеҷ касро ибодат накунанд ва онҳоро аз паёмадҳои бадӣ пешгирии мардум аз нури ҳақ ва ҳидоят ҳушдор медоданд.
Муносибати подшоҳон ба ин номаҳои муборак гуногун буд. Бархе аз онҳо дилашон нарм шуд ва ҷавоби нек доданд, монанди Муқавқис, Наҷошӣ ва Ҳирақл. Ҳирақл аз Абӯсуфён дар бораи сифатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид ва ба ҳақиқати паёмбарии ӯ итминон пайдо кард, ҳарчанд подшоҳиаш ӯро аз пайравӣ аз ҳақ боздошт. Бархеи дигар саркашӣ ва такаббур карданд ва номаро пора карданд, монанди Хисрав (шоҳи Форс). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ӯ дуо кард, ки Худованд салтанаташро пора-пора гардонад. Худованд дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро қабул кард ва салтанати ӯ ба зудӣ аз байн рафт. Ба воситаи ин номаҳо даъвати ислом ба подшоҳон ва сарварони кишварҳои ҷаҳон расид ва салтанатҳои бузург бо дини ҳақ шинос шуданд. Ин иқдом оғози марҳилаи ҷаҳонии паҳн гардидани ислом буд, ки даъвати исломӣ аз ҳудуди нимҷазираи Араб берун рафта, ба дигар кишварҳои ҷаҳон расид.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
8. Ин воқеа далели қатъист бар он ки рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рисолати умумӣ ва фарогир барои арабу аҷам аст ва танҳо ба сокинони нимҷазираи Араб хос нест. Ин ҳақиқат ба фармудаи Худованд мувофиқ аст: {Ва Мо туро [Эй Паёмбар] нафиристодем, магар барои ҳамаи мардум...} (Сураи Сабаъ, ояти 28).
9. Ба кор бурдани сиёсати шаръӣ: Ин масъала дар истифодаи дурусти замони сулҳу оташбас барои паҳн намудани дин ва даъват равшан мегардад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз сулҳи Ҳудайбия ва амнияти дохилӣ ба таври хуб истифода бурд, то ба даъват ва муроҷиат ба подшоҳон ва сарварони кишварҳои ҷаҳон пардозад.
10. Ҷоиз будани ба назар гирифтани урфу одатҳои давлатҳо дар мукотиба ва муносибатҳои расмӣ, ба шарте ки хилофи шариат набошанд. Далели он ин аст, ки вақте ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта шуд, ки подшоҳон номаро танҳо дар сурати мӯҳр доштан мехонанд, ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои осон шудани расонидани ҳуҷҷат ва густариши даъват ангуштаринеро (барои мӯҳр задан) гирифт.
Дарси шонздаҳум: Ғазваи Фатҳи Макка, дар соли ҳаштуми ҳиҷрат:
Фатҳи бузург: Ин бузургтарин ва муборактарин пирӯзӣ — фатҳи Макка буд; рӯзе, ки Аллоҳ ба дини Худ иззат бахшид, Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ёрӣ намуд ва сарзамини муқаддаси Худ ва Хонаи атиқашро аз ширк пок гардонид.
Омодасозии лашкар: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ғазва омодагӣ гирифт ва ба саҳобагонаш низ фармуд, ки омода шаванд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳамроҳии саҳобагони худ, ки шумораашон ба даҳ ҳазор нафар мерасид, ба сӯи Макка ҳаракат карданд. Вақте Абӯсуфён қувва ва шумораи лашкари мусалмононро дид, ки ба даҳ ҳазор нафар расида буд, комилан дарёфт, ки аҳли Макка қудрати муқовимат надоранд. Аз ин рӯ, ба таслим шудан розӣ гардиданд. Сипас Аллоҳ барои ӯ ато фармуд то ӯ Ислом оварад.
Вориди Макка шудан: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз қисми болоии Макка дар як манзараи бошукӯҳ вориди шаҳр шуд. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯи фурӯтанӣ, хоксорӣ ва шукргузорӣ дар баробари Аллоҳ сари худро хам карда буд. Муҳоҷирон ва ансор ӯро иҳота карда буданд, ки уфуқ аз онҳо пур менамуд.
Пок кардани Каъба: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фавран фармон дод, ки бутҳо шикаста ва тасвирҳое, ки дар дохили Каъба ва гирди он буданд, бардошта шаванд, то яктопарастӣ барои Аллоҳ холис гардад.
Байъати мардум дар рӯзи фатҳ: Пас аз он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳли Маккаро амон дод, бисёре аз онҳо ихтиёран назди кӯҳи Сафо омаданд ва бар Ислом ва итоат бо ӯ байъат карданд. Аммо баъзеи дигар аз тарс ақиб монда, фирор карданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро низ амон дод ва онҳо баъдтар Ислом оварданд. Бинобар ин, ворид шудани онҳо ба дин аз рӯи маҷбурӣ набуд, балки пас аз авфи бузургворонаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд, ки ба василаи он дилҳояшон дигаргун шуд.
Таъсири фатҳ: Ин пирӯзӣ таъсири бузурге дошт. Пас аз он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар Қурайш — ки саромади арабҳо ба шумор мерафт — пирӯз гардид ва пирӯзиҳои баъдӣ низ ба вуқӯъ пайвастанд, ҳама ба ростии нубуввати ӯ яқин карданд. Аз ҳамин сабаб, ҳайатҳои гуногун аз ҳар сӯ барои дохил шудан ба дини Аллоҳ гурӯҳ-гурӯҳ ва даста-даста меомаданд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Худованд фатҳи Маккаро барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш бидуни ниёз ба ҷанг осон гардонид. Ин аз фазлу раҳмати хоси Аллоҳ буд, ки хунрезиро пешгирӣ намуд ва ба онҳо пирӯзиро бо амният ато кард.
2. Ахлоқи фурӯтанӣ ҳангоми пирӯзӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми ворид шудан ба Макка дар ниҳояти фурӯтанӣ ва хузӯъ дар баробари Аллоҳ қарор дошт. Ин ба мо меомӯзонад, ки фазлу пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Аллоҳ аст; Ӯ ёрирасон ва мададгор аст. Бинобар ин, мӯъмин ҳар қадар қудратманд гардад, бояд дар баробари Парвардигораш бештар фурӯтан шавад.
3. Аҳамияти тавҳид: Аввалин коре, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) анҷом дод, шикастани бутҳо буд. Ин таъкид мекунад, ки асос ва неруи ин дин дар «тавҳид» ва поксозии дилҳо ва хонаҳо аз ҳар чизе мебошад, ки ғайри Аллоҳ парастиш карда мешавад.
4. Қабилаҳои араб натиҷаи ин муборизаро интизор буданд. Вақте пирӯзии Аллоҳро барои Паёмбараш бар қавми худ диданд, ҳайатҳо пай дар пай омада, Ислом овардани худро эълон мекарданд. Ҳамин тавр, фатҳи Макка калиде гардид, ки тамоми қалбҳои нимҷазираи Арабро ба сӯи имон боз кард.
5. Башорати Қуръонӣ: Аллоҳ ин рӯйдоди бузургро дар Китоби Карими Худ ҷовидона гардонид ва фармуд: "[Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ Таъоло ва фатҳ (пирӯзӣ) фаро расад 1 Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ Таъоло дохил мешаванд 2 Пас, Парвардигоратро бо ҳамду сано тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 3" (Сураи Наср, оятҳои 1-3)
Дарси ҳабдаҳум: Ғазваи Ҳунайн:
Сабаби ғазва: Пас аз фатҳи Макка ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар расид, ки қабилаҳои Ҳавозин (сокинони Тоиф) барои ҷанг бо мусалмонон лашкари бузурге ҷамъ мекунанд. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки пеш аз он ки онҳо ба сӯи Макка биёянд, худ ба сӯи онҳо ҳаракат кунад ва дар манзили онҳо бо онҳо рӯ ба рӯ шавад.
Қувваи ду лашкар: Аз қабилаи Ҳавозин тақрибан бист ҳазор ҷанговар ҷамъ шуданд. Онҳо ҳамроҳи худ молу сарват, занон ва кӯдаконашонро низ бурданд, то ин ки бо дидани аҳли хонаводаашон аз майдони ҷанг нагурезанд. Аммо мусалмонон бо лашкари бузурге, ки шуморааш ба дувоздаҳ ҳазор ҷанговар мерасид, берун шуданд. Дар миёни онҳо ду ҳазор нафар аз аҳли Макка низ буд, ки навмусалмон буданд.
Дарси зиёд будани шумора: Вақте баъзе аз мусалмонон зиёдии шумораи худро диданд, бо як навъ худписандӣ гуфтанд: «Имрӯз ба сабаби камии шумора мағлуб намешавем!» Аммо ин худписандӣ оғози як имтиҳони сахт гардид.
Ҳуҷуми ногаҳонӣ: Ҳангоме ки мусалмонон вориди водии Ҳунайн шуданд, ҷанговарони Ҳавозин дар ҷойҳои пинҳонӣ камин гирифта буданд. Ногаҳон ҳама якбора ба лашкари мусалмонон ҳамла карданд ва борони тир ба сӯи онҳо борид. Ин ҳамлаи ногаҳонӣ боис шуд, ки бисёре аз мусалмонон ақибнишинӣ кунанд ва аз майдони ҷанг пароканда шаванд.
Устувории фармондеҳ: Дар он лаҳзаи бисёр душвор Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо шуҷоати бемислу монанд дар ҷояш устувор монд. Бо ӯ гурӯҳи каме аз муҳоҷирону ансор низ боқӣ монданд, аз ҷумла Абӯбакр, Умар ва Алӣ (разияллоҳу анҳум).
Шуҷоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо мардонагӣ ба сӯи душман бо хачири худ пеш рафта, бо овози баланд фарёд мезад, то ба дилҳои саҳобагонашон дубора эътимоду далерӣ бахшад: «Ман Паёмбар ҳастам ва ин дурӯғ нест; ман писари Абдулмутталиб ҳастам!» Бо шунидани ин нидои далеронаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷанг дубора шиддат гирифт.
Ёрии Аллоҳ ва фариштагон: Вақте саҳобаҳо бозгашта, гирди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷамъ шуданд ва бархӯрди сахт бо душман идома ёфт, Аллоҳ Таъоло мӯъминонро бо фуруд овардани фариштагон ёрӣ кард. Фариштагон ба дилҳои кофирон тарсу ваҳм андохтанд ва қадамҳояшонро ларзонданд.
Поёни ҷанг ва ғаниматҳо: Кофирон шикаст хӯрда, ба гурез рӯ оварданд ва мусалмонон онҳоро таъқиб карданд. Душманон молу сарвати зиёдеро дар паси худ гузоштанд, ки ба фазли Аллоҳ ғанимати мусалмонон гардид. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯйи меҳрубонӣ ва умеди бозгашти қабилаи Ҳавозин ба ислом, тақсими ғаниматҳоро муддате ба таъхир гузошт, ба умеди он ки онҳо баргашта мусалмон шаванд ва назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада, бозпас гирифтани молҳояшонро талаб кунанд. Аммо вақте онҳо дер карданд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ғаниматҳоро тақсим намуд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Такя ба Аллоҳ, на ба шумора: Мусалмонон дар Ҳунайн омӯхтанд, ки пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Аллоҳ аст ва зиёдии шумора, агар дар дилҳо ғуруру худписандӣ ҷой гирад, ҳеҷ фоидае надорад.
2. Камӣ ва зиёдӣ: Дар ғазваи Бадр мусалмонон омӯхтанд, ки камии шумора бо сабру тақво зарар намерасонад. Аммо дар Ҳунайн фаҳмиданд, ки зиёдии шумора низ агар сабр ва таваккал ба Аллоҳ набошад, суде намебахшад.
3. Устувории аҳли имон: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёрони содиқаш бо сабаби имони қавиашон устувор монданд. Ин ба мо меомӯзонад, ки Аллоҳ дилҳои содиқро дар сахттарин лаҳзаҳо устувор мегардонад.
4. Шуҷоати бузурги Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ғазва шуҷоати бузурге аз худ нишон дод. Бо вуҷуди ақибнишинии бисёре аз лашкар, худи ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо далерӣ ба муқобили душман пеш рафт ва бо овози баланд худро муаррифӣ мекард.
5. Ёрии ғайбии Аллоҳ: Аллоҳ Таъоло Паёмбараш ва мӯъминонро бо лашкарҳои фариштагон, ки онҳо намедиданд, ёрӣ кард. Ин нишон медиҳад, ки Аллоҳ ҳамеша бо бандагони содиқ ва дӯстдорони хеш аст.
6. Пас аз сахтӣ осонӣ меояд: Пас аз душворӣ ва сахтӣ Аллоҳ Таъоло мусалмононро бо пирӯзӣ ва ғаниматҳои фаровон неъмат бахшид; ин подоши сабру устувории онҳо буд.
7. Оятҳои Қуръонӣ, ки хотираи ин рӯйдодро ҷовидон гардониданд: Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, Аллоҳ Таъоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед] 25 Сипас Аллоҳ Таъоло оромиши хешро бар Паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва сипоҳиёнеро, ки шумо намедидед [ба кумакатон] фиристод ва ононро, ки куфр варзида буданд, азоб кард. Ва ҷазои кофирон чунин аст 26 Сипас Аллоҳ Таъоло баъд аз он [азоби хоркунанда] тавбаи ҳаркиро бихоҳад, мепазирад ва Аллоҳ Таъоло омурзандаву меҳрубон аст 27) (Сураи Тавба, оятҳои 25-27).
8. Подош аз ҷинси амал аст: Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо гурӯҳи каме аз саҳобагони гиромӣ дар майдони ҷанг устувор монд, Аллоҳ Таъоло ваъдаашро амалӣ карда, пирӯзиро насиби онҳо гардонид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад». (Сураи Муҳаммад, ояти 7). Ин ваъдаи Аллоҳ умумӣ аст: ҳар мусалмоне, ки барои ризои Аллоҳ дини Ӯро ёрӣ кунад, мардумро ба сӯи он даъват намояд ва дар роҳи Ӯ талошу мубориза кунад, Аллоҳ Таъоло ӯро бо ёрӣ ва пирӯзии худ мадад хоҳад кард.
Дарси ҳаждаҳум: Пазироии ҳайатҳои араб ва Ҳаҷҷи видоъ:
Пас аз фатҳи Макка ва пирӯзии мусалмонон, қабилаҳои араб аз ҳар гӯшаю канор ба сӯи Мадина меомаданд, то ислом овардани худро эълон кунанд. Соли нӯҳуми ҳиҷрӣ бо номи «Соли ҳайатҳо» машҳур гардид. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳайатҳои зиёдеро пазируфтанд. Аз муҳимтарини онҳо ҳайати Бани Тамим, ҳайати Наҷрон ва ҳайати Тайй буданд, ки дар миёни онҳо Адӣ ибни Ҳотим низ ҳузур дошт. Ин ҳайатҳо дар муттаҳид шудани сарзамини Арабистон зери парчами ислом нақши бузург доштанд. Онҳо аркони динро омӯхта, сипас ба назди қавмҳои худ бармегаштанд ва онҳоро ба сӯи ислом даъват мекарданд. Ин раванд заминаи густариши бештари исломро фароҳам месохт.
Ҳаҷҷи видоъ: Дар соли даҳуми ҳиҷрӣ ба мардум хабар дода шуд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қасд доранд ҳамин сол ҳаҷ кунанд. Аз ҳар гӯшаву канори сарзамин мардумони зиёде ба Мадина омаданд. Ҳама мехостанд дар ин сафари муборак ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошанд, то маносики ҳаҷро аз худи ӯ омӯзанд ва ба тарзи ҳаҷи ӯ пайравӣ кунанд.
Сабаби номгузорӣ: Ин ҳаҷро «Ҳаҷҷи видоъ» номиданд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он бо суханони худ бо мардум видоъ намуданд ва баъд аз он дигар дар умри худ ҳаҷ ба ҷо наоварданд.
Анбӯҳи ҳоҷиён: Дар ин сафари муборак ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) беш аз сад ҳазор ҳоҷӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин нӯҳ ҳамсараш (разияллоҳу анҳунна) низ ҳамроҳи ӯ буданд.
Комил шудани неъмат: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маносики ҳаҷро ба ҷо меоварданд, дар рӯзи Арафа ин фармудаи Аллоҳ Таъоло нозил гардид: «Имрӯз дини шуморо барои шумо комил кардам, неъмати худро бар шумо ба пуррагӣ анҷом додам ва исломро барои шумо ба унвони дин писандидам». (Сураи Моида, ояти 3). Ин ояти бузург эълоне буд бар комил гардидани рисолати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва пурра шудани дини ислом.
Васияти бузурги Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Арафа ва рӯзи қурбонӣ барои мардум хутбаи бузурге ироа намуданд. Дар он бар асосҳои муҳими зиндагии мусалмон, тавҳид, пайравӣ аз суннат, дурӣ аз роҳи мушрикон ва ҳуқуқи мусалмонон ва ҳамсарон таъкид карданд. Аз ҷумла фармуданд: «Хунҳо, молҳо ва обрӯҳои шумо бар шумо ҳаром аст, ҳамон гуна ки эҳтироми ин рӯзи шумо, дар ин моҳи шумо ва дар ин шаҳри шумо муқаддас аст. Оё ман паёмро расонидам?» Бо ин суханон Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар қудсияти ҷони мусалмон, молу сарват ва обрӯи ӯ таъкид намуданд ва фаҳмонданд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ба онҳо беасос таҷовуз кунад.
Ҳамчунин ба чизе васият карданд, ки инсонро аз гумроҳӣ нигоҳ медорад ва фармуданд: «Дар миёни шумо чизеро гузоштам, ки агар ба он чанг занед, баъд аз он ҳаргиз гумроҳ намешавед: Китоби Аллоҳ». Муслим ривоят кардааст.
Бозгашт ба Мадина: Пас аз он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маносики ҳаҷро ба пуррагӣ анҷом доданд ва дини Аллоҳро ба мардум омӯзонданд, ба Мадина бозгаштанд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Пазироии ҳайатҳо: Пазироии ҳайатҳои гуногун ба мо меомӯзонад, ки нерӯи ислом дар ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳод бар ҳақ ва паҳн кардани илму дониш аст. Роҳбари муваффақ касест, ки барои паҳн кардани некӣ миёни мардум робитаи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро бунёд мекунад.
2. Чанг задан ба Китоб ва Суннат: Васияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои пойбандӣ ба Китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон ҳалқаи наҷот аст. Дар ин (ду чиз) ҳидоят ва муҳофизат аз каҷравӣ ва гумроҳӣ дар ҳар замону макон вуҷуд дорад.
3. Омӯзиши амалии маносики ҳаҷ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шахсан ба ҳаҷ баромаданд, то маносики онро ба мардум на танҳо бо сухан, балки бо амал низ омӯзонанд. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехостанд барои ҳама намунаи зинда бошанд, то мардум амалҳои ӯро бубинанд ва пайравӣ кунанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Маноcики ҳаҷҷи худро аз ман биомӯзед». [Ривояти Байҳақӣ, Абудовуд ва Насоӣ], Ва дар ривояте, ки дар саҳеҳи Муслим омадааст: «То маносики ҳаҷҷи худро аз ман биомӯзед».
4. Комил шудани дин: Аллоҳ Таъоло ба мо хабар додааст, ки динро барои мо комил ва неъматашро бар мо пурра кардааст. Аз ин рӯ, касе ҳақ надорад аз пеши худ ба дин чизе илова кунад ё чизе аз онро кам намояд. Дини ислом ҳама чизеро дар бар дорад, ки зиндагии инсонро дар дунё ва охират ислоҳ мекунад. Бо вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қатъ шудани ваҳй, шариати ислом ба камол расид.
5. Ҳурмати мусалмон: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳурмати хун, мол ва обрӯи мусалмонон сахт таъкид карданд. Ба ҳеҷ кас иҷозат нест, ки ноҳақ ба ҷони мусалмон зарар расонад, молашро бигирад ё обрӯяшро поймол кунад.
Дарси нуздаҳум: Вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Субҳи рӯзи душанбе, 12-уми моҳи Рабиъул-аввал, дар соли 11-уми ҳиҷрӣ, бемории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шиддат гирифт. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хонаи ҳамсарашон Оиша (разияллоҳу анҳо) қарор доштанд.
Сахтиҳои марг (сакарот): Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар лаҳзаҳои охири ҳаёт дард ва сахтиҳои маргро эҳсос мекарданд. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чеҳраи муборакашонро бо об пок мекарданд ва мегуфтанд: «Ло илоҳа иллаллоҳ, ҳамоно марг сахтиҳое дорад» [Ривояти Бухорӣ].
Вафот: Рӯҳи поку мубораки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле аз ҷисми муборакашон ҷудо шуд, ки сари муборакашон бар синаи Оиша (разияллоҳу анҳо) такя дошт. Он замон синни муборакашон 63 сол буд.
Дафн: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳамон ҷое дафн карда шуданд, ки дар он ҷо вафот намуданд — яъне дар хонаи Оиша (разияллоҳу анҳо).
Адо намудани пурраи амонат: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки рисолат ва амонати илоҳиро ба таври комил адо намуданд, аз дунё гузаштанд. Уммати худро бар роҳи равшане гузоштанд, ки мисли равшании офтоб дар рӯзи равшан буд. Ҳеҷ хайре нест, магар ин ки моро ба он роҳнамоӣ карданд ва ҳеҷ шарре нест, магар ин ки моро аз он ҳушдор доданд.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Аз ин воқеа фазилат ва мақоми баланди Уммулмуъминин Оиша (разияллоҳу анҳо) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бароямон равшан мегардад. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзҳои охири умрашонро дар хонаи ӯ гузарониданд ва дар оғӯши ӯ ҷон ба Ҷонофарин супурданд.
2. Марг қонуни тағйирнопазири Аллоҳ дар миёни махлуқоташ мебошад. Агар касе мебоист дар дунё ҷовидон мемонд, бешубҳа Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебуданд. Чунонки Аллоҳ Таъоло мефармояд: «[Эй Паёмбар] Ҳамоно ту хоҳӣ мурд ва онҳо низ хоҳанд мурд». (Сураи Зумар, ояти 30).
3. Вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бузургтарин мусибатест, ки бар мусалмонон гузаштааст. Ҳар кас мусибати аз даст додани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба ёд оварад, дигар мусибатҳо барояш осонтар мегардад. Чунонки шоири Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Ҳассон ибни Собит (разияллоҳу анҳу), гуфтааст:
Ҳеҷ касе аз гузаштагон мисли Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз даст надодааст... ва то рӯзи Қиёмат низ касе монанди ӯро аз даст нахоҳад дод.
4. Паём барои даъватгарон: Ҳар касе, ки илми динро бар дӯш дорад, бояд тамоми кӯшиши худро барои паҳн кардан ва омӯзонидани он ба мардум ба кор барад, то вақте ба дидори Аллоҳ меравад, вазифаи худро ба анҷом расонида бошад. Чунончӣ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рисолати худро пурра адо карда буд.
5. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро бар ҳаққи равшан ва роҳи дуруст гузоштанд. Аз ин роҳ танҳо касоне берун мешаванд, ки гирифтори бидъат ё пайрави ҳавою ҳавас шудаанд. Пас, тамоми хушбахтӣ дар пайравӣ аз ҳидоят ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Дарси бистум: Ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
1. Хадиҷа бинти Хувайлид (разияллоҳу анҳо).
2. Савда бинти Замъа (разияллоҳу анҳо).
3. Оиша бинти Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳо).
4. Ҳафса бинти Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳо).
5. Зайнаб бинти Хузайма (разияллоҳу анҳо).
6. Умми Салама (Ҳинд бинти Абу Умайя) (разияллоҳу анҳо).
7. Умми Ҳабиба (Рамла бинти Абусуфён) (разияллоҳу анҳо).
8. Ҷувайрия бинти Ҳорис (разияллоҳу анҳо).
9. Маймуна бинти Ҳорис (разияллоҳу анҳо).
10. Сафия бинти Ҳуяй (разияллоҳу анҳо).
11. Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо).
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Модарони мӯъминон: Ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тибқи насси Қуръони Карим "модарони мӯъминон" ҳастанд, Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Паёмбар [дар тамоми корҳо] нисбат ба мӯъминон аз худи онҳо сазовортар аст ва ҳамсарони ӯ модарони онҳо мебошанд...» (Сураи Аҳзоб, ояти 6). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар тарбия, меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба мӯъминон ба падар монанд буданд. Аз ин рӯ, ҳамсарони он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мо ба манзалаи модарон қарор доранд: эҳтиром ва қадрдонии онҳо бар мо воҷиб буда, издивоҷ бо онҳо пас аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргиз ҷоиз нест. Аммо онҳо аз ҷиҳати маҳрамият мисли модарони ҳақиқӣ нестанд; яъне мардони номаҳрам ҳақ надоранд бо онҳо танҳо монанд ё бе ҳиҷоб онҳоро бубинанд.
2. Бузургии мақоми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Яке аз хосиятҳои ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки баъд аз вафоти он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ кас ҳақ надорад бо онҳо издивоҷ кунад. Аллоҳ Таъоло (дар ин хусус) мефармояд: «...Шуморо сазовор нест, ки Расули Аллоҳро озор диҳед ва баъд аз ӯ ҳаргиз шоиста нест, ки бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ҳамоно ин кор назди Аллоҳ кори бузург аст». (Сураи Аҳзоб, ояти 53). Ин ҳукм барои ҳифзи мақоми баланди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бузургдошти шахсияти он ҳазрат мебошад. Зеро робитаи ҳамсарии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо онҳо ба иҷозаи Аллоҳ дар охират низ идома хоҳад дошт.
3. Масъулияти бузург ва дучанд шудани подош: Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамсарони худро байни зинати зиндагии дунё ва боқӣ мондан дар назди он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва сабр бар зиндагии соддаву танг ихтиёр доданд, онҳо Аллоҳ, Расулаш ва сарои охиратро интихоб карданд. Азбаски мақоми онҳо назди Аллоҳ баланд буд, Аллоҳ подоши амалҳои неки онҳоро ду баробар қарор дод. Ҳамчунин, агар аз онҳо хатое содир мешуд, масъулият ва ҳисобашон нисбат ба дигарон сахттар буд. Ин барои он буд, ки эҳтиёткорӣ, тақво ва шукри онҳо дар баландтарин дараҷаҳо боқӣ монад.
4. Онҳо аз аҳли байти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳастанд: Ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дохили «Аҳли байт» ҳастанд, ки Аллоҳ аз пок гардонидани онҳо хабар додааст, Аллоҳ Таъоло ҳангоми сухан дар бораи онҳо мефармояд: «... Аллоҳ танҳо мехоҳад палидиро аз шумо, эй аҳли байт, дур созад ва шуморо комилан пок гардонад». (Сураи Аҳзоб, ояти 33) Пас, дӯст доштани ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), барояшон дуои ризоият кардан ва аз обрӯву номуси онҳо дифоъ намудан бар ҳар мусалмон воҷиб аст, зеро онҳо занони покиза ва намунаҳои олӣ барои уммати исломӣ мебошанд.
5. Нозил шудани ваҳй дар хонаҳои онҳо: Аз бузургтарин фазилатҳои ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки Қуръони Карим дар ҳоле нозил мешуд, ки он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хонаҳои онҳо қарор доштанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Ва он чиро аз оятҳои Аллоҳ ва ҳикмат дар хонаҳои шумо тиловат карда мешавад, ба ёд оваред...» (Сураи Аҳзоб, ояти 34). Аз сабаби наздикии онҳо ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), онҳо бисёр нозукиҳо ва ҷузъиёти зиндагии он ҳазрат, суннат ва роҳу равиши ӯро дар дохили хона мушоҳида намуда, ба мо расониданд. Ҳамин тавр, ҳар яке аз онҳо бо омӯзонидан ва расонидани ин дониш ба уммат дар хидмати дини мубини Ислом саҳми бузург гузоштанд.
Дарси бисту якум: Фарзандони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) соҳиби ҳафт фарзанд шуданд, ва онҳо:
Якум: писарон (се): - Қосим: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо номи ӯ куня доштанд ва ба эшон "Абулқосим" гуфта мешуд; - Абдуллоҳ; - Иброҳим.
Дуюм: Духтарон (чаҳор): Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум, Фотима.
Ҳама фарзандонаш аз ҳамсараш Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) буданд, магар Иброҳим, ки ӯ аз канизаш Морияи Қибтия буд. Ҳамаашон дар ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вафот карданд, магар Фотима, ки шаш моҳ баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зиндагӣ кард ва сипас ба ӯ пайваст.
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сабру таҳаммул ва умед ба савоби Аллоҳро ҳангоми аз даст додани фарзандон меомӯзем. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар зиндагии худ талхии ҷудоӣ аз шаш фарзандашонро чашидаанд, вале бо вуҷуди ин сабру устуворӣ нишон дода, шукри Парвардигорашонро ба ҷо оварданд.
2. Фазилати Фотима (разияллоҳу анҳо): Аллоҳ Таъоло ба Фотима (разияллоҳу анҳо) ин фазилатро насиб гардонид, ки ӯ ягона фарзанди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд, ки баъд аз вафоти он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муддате зинда монд. Ӯ бо сабру таҳаммул ва умед ба савоби Аллоҳ зиндагӣ кард, то ниҳоят ба падараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайваст.
3. Иброҳим — фарзанди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): Иброҳим, писари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), дар синни хурдсолӣ вафот кард. Модараш Морияи Қибтия (разияллоҳу анҳо) буд. Ӯ аз канизони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шумор мерафт ва аз ҳамсарони он ҳазрат ва Уммулмуъминин набуд.
Дарси бисту дуюм: Баъзе аз сифатҳои зоҳирӣ ва ахлоқии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷиҳати офариниш ва зоҳир зеботарин ва некӯтарин инсон буд. Аз ҷумлаи сифатҳои зоҳирии он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Қадду қомат: Қади Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) миёна буд; на аз ҳад баланд ва на кӯтоҳ, балки мутаносибу миёнақад буданд.
Ранг ва чеҳра: Рӯйи муборакашон сафед буд ва бо сурхии андаке омехта шуда, ки ба чеҳраи он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳусну тароват мебахшид.
Чеҳра ва мӯй: Чашмони муборакашон калон ва кушода, даҳонашон васеъ ва зебо, ришашон ғафс ва мӯйҳояшон сиёҳи хеле тира буд. Вақте синнашон зиёд шуд, дар риш ва чаккаҳояшон чанд мӯйи сафед пайдо гардид, ки шумораашон ба бист ҳам намерасид.
Ҷисм ва бадан: Миёни китфҳояшон васеъ буд. Бӯи хуши баданашон ҳамеша ба машом мерасид, ҳатто агар атр истифода накарда бошанд.
Сифатҳои ахлоқии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боадабтарин ва хушахлоқтарин инсон буданд. Аллоҳ Таъоло дар вуҷуди мубораки он ҳазрат беҳтарин хислатҳои ахлоқиро ҷамъ намудааст. Аз ҷумла:
Ростгӯӣ ва амонатдорӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ростгӯтарин инсон ва вафодортарин шахс дар аҳду паймон буданд. Ҳатто пеш аз биъсат мардум он ҳазратро «Содиқ ва Амин» — яъне ростгӯ ва амонатдор — меномиданд.
Саховат ва бахшиш: Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарин инсон буданд. Он қадар мебахшиданд, ки гӯё аз фақру тангдастӣ ҳаргиз наметарсиданд. Ҳеҷ гоҳ касе аз эшон чизе нахост, ки бигӯянд: «Не!»
Бурдборӣ ва бахшиш: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳама камтар ба ғазаб меомаданд ва аз ҳама зудтар розӣ мешуданд. Касеро, ки ба эшон зулм мекард, мебахшиданд; бо касе, ки аз эшон қатъи робита мекард, пайванд барқарор менамуданд. Ҷоҳилии шахси нодон бар сабру бурдбории он ҳазрат ҷуз афзудан ба ҳалимии эшон таъсире надошт.
Фурӯтанӣ ва меҳрубонӣ: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар баробари мӯъминон бисёр фурӯтан буданд. Кори худро худашон анҷом медоданд, кафши худро таъмир мекарданд ва дар корҳои хона ба аҳли хонаводаашон ёрӣ мерасонданд. Меҳмонашонро гиромӣ медоштанд ва ҳар касеро, ки медиданд, бо чеҳраи кушода ва табассум пешвоз мегирифтанд. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба нотавонон, кӯдакон ва ҳатто ҳайвонот аз ҳама меҳрубонтар буданд.
Шуҷоат: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) далертарин инсон буданд. Вақте ҷанг сахт мешуд ва вазъият душвор мегардид, саҳобаҳо ба сӯи он ҳазрат паноҳ мебурданд, зеро медонистанд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳама устувортар буда, аз ҳама бештар ба душман наздик мешаванд.
Дар ҳақиқат, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамон гуна буданд, ки модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) бо як ҷумлаи бисёр фарогир васф намуд: «ахлоқи ӯ Қуръон буд».
Бардоштҳои судманди ин дарс:
1. Аз фоидаҳои шинохтани сифатҳои зоҳирии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки инсон метавонад бо фазлу раҳмати Аллоҳ Таъоло дар хоб дидани он ҳазратро насибаш гардад. Ҳар кас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо сифатҳои маъруфи эшон дар хоб бинад, дар ҳақиқат он ҳазратро дидааст, зеро шайтон наметавонад худро ба сурати ӯ дароварад. Чунонки он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Ҳар кас маро дар хоб бинад, дар ҳақиқат маро дидааст, зеро шайтон наметавонад ба сурати ман дарояд». [Ривояти Бухорӣ ва Муслим].
2. Дӯстдори ҳақиқӣ мехоҳад тамоми ҷузъиёти зиндагӣ ва ҳолоти маҳбуби худро бидонад. Пас, аз бузургтарин нишонаҳои муҳаббат ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шинохтани нишонаҳои зоҳир, ахлоқ, рафтор ва зиндагии он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад.
3. Мо аз ин мефаҳмем, ки саҳобагони киром (разияллоҳу анҳум) чӣ гуна Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дӯст медоштанд ва ба эшон дилбастагии зиёд доштанд. Онҳо ҳатто хурдтарин ҷузъиёти зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои уммати баъдӣ нақл карданд ва уммати исломӣ низ ин мероси бузургро аз насл ба насл ҳифз намуд.
4. Намунаи комил дар тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ: Омӯхтани ин сифатҳо мусалмонро ба пайравӣ аз Паёмбари бузург (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) водор месозад: дар зоҳир бо покизагӣ ва хушбӯӣ, ва дар ботин бо ростгӯӣ, бурдборӣ, фурӯтанӣ, меҳрубонӣ ва дигар ахлоқи нек.
Хотима
Дар анҷом бояд гуфт, ки китобҳои саҳеҳи ҳадис ва осори сираи набавӣ бисёранд. Аз ин рӯ, шоиста аст, ки ҳар мусалмон барои шинохти зиндагӣ, ахлоқ ва шамоили Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин китобҳои арзишманд муроҷиат намояд. Аз ҷумла:
1. «Ас-Сиратун-набавия» — таълифи Ҳофиз Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ).
2. «Зодул-маъод» — таълифи Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ).
3. «Аш-Шамоил» — таълифи Имом Тирмизӣ (раҳимаҳуллоҳ).
Аз Аллоҳи бузург талаб мекунем, ки ин амалро танҳо барои ризои Худованди Карим холис гардонад, ба мо ва шумо тавфиқи пайравии некӯ аз Паёмбари гиромии Худ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро насиб намояд ва ин кӯшишро барои ҳамаи мусалмонон судманд гардонад ва онро барои мо рӯзи қиёмат захира ва мояи саодат қарор диҳад.
Ва ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст. Салавоту дуруд бар сарвари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар тамоми хонадону саҳобагони ӯ бод.
Related books
All books
رسول الإسلام محمد صلى الله عليه وسلم81 забонرسولمحمدرسول الإسلام محمد صلى الله عليه وسلم
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам Шарҳи мухтасаре аз паёмбари Ислом Муҳаммад (1) саллалоҳу алайҳи ва саллам, ки инҷо ном, насаб, кишвар, издивоҷ, нишонаҳои нубувват, шариъат, рисолати ӯ, ки ба чи даъват мекунад ва мавқеи мухолифон нисбат ба ӯро, баён мекунам. (1) Ба ин нукта таваҷҷӯҳ карда шавад, ки ман бино бо назардошти тарҷума, калимаи "Паёмбар"-ро бо Муҳаммад" ҳамеша якҷо навиштаам. 1- Ному насаб ва шаҳре, ки онҷо таваллуд ва бузург шудааст Паёмбари Ислом, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим аз авлоди Исмоил ибни…
Зикрҳое, ки субҳ ва шом гуфта мешаванд.57 забонЗикрҳое, ки субҳ ва шом гуфта мешаванд.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. (Аллоҳ Зотест, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст, на хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат мекунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад, ва ба илми Ӯ ҷуз он чи Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота дорад, нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландмартаба ва бузург аст!) Оятулкурсӣ (Сураи Бақара, ояти 255). (Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда,…
Ислом89 забонИслом
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон Оё аз худ пурсидаед, ки: Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузург, ки дар замину осмонҳо ҳаст кӣ офаридааст? Ва чи касе ин низоми дақиқу муназзамро эҷод кардааст?
Равиши хондани намоз (навори видеоии кӯтоҳ)86 забонРавиши хондани намоз (навори видеоии кӯтоҳ)
Дастури амалии кӯтоҳ оид ба тарзи хондани намоз, то ин ки Аллоҳро бо огоҳӣ ибодат кунем ва намозамон бо тамоми рукнҳо ва шартҳояш комил бошад. Равиши хондани намоз Агар хоҳем намоз бигузорем, пеш аз ҳама лозим аст худро аз бевузуӣ ва ҷанобат пок кунем. Сипас бо либоси поке, ки авратамонро бипӯшонад, намоз мегузорем. Ва бояд бадани мо ва макони намозамон аз наҷосат пок бошад. Рӯй ба қибла мекунем. Ва мустаҳаб аст, ки рӯ ба сутра намоз бигузорем.