Худованд хабар додааст, ки яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло илм аст ва илми Ӯ ҳамаро фаро гирифтааст, Ӯ шунаво ва бино аст ва ҳеҷ чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида нест.
Агар имон ба Парвардигори Офаридгор доред, оё боре ҳадаф аз офариниши худро пурсидаед? Оё пурсидаед, ки Худованд аз мо чи мехоҳад ва ҳадаф аз вуҷуди мо дар ин дунё чист?
Оё мумкин аст Худованд моро беҳуда офаридааст? Ва ё оё мумкин аст тамоми ин ҳастӣ ва мавҷудот беҳадаф офарида шудаанд?
Худованд ва Офаридагори бузург "Аллоҳ" ҳадаф аз офариниши мо ва аз мо чи мехоҳадро баён фармудааст, ки он танҳо ибодат кардани Аллоҳ аст, ва огаҳ фармудааст, ки танҳо Ӯ Таъоло сазовори ибодат аст. Чигунагии ибодат ба сӯи Ӯро ба воситаи паёмбарони гиромияш ба мо нишон додааст. Чигуна бо анҷоми авомир ва дурӣ аз наҳй фармудаҳои Худованд ба Ӯ Таъоло наздик шавем? Чигуна ризои Ӯро ба даст оварем? Чигуна худро аз иқоби Худованд наҷот диҳем? Ва Ӯ Таъоло моро аз сарнавишти баъд аз марг низ хабар додааст.
Ҳамчунон Худованд ба мо хабар додааст, ки зиндагии ин дунё танҳо як имтиҳон ва зиндагии воқеӣ ва комил пас аз марг дар охират хоҳад буд.
Ба мо хабар додааст касе Аллоҳро, ҳамон гуна, ки дастур шудааст, ибодат кунад ва аз ончи наҳй шудааст бипарҳезад, барояш зиндагии хуш дар дунё ва саодати ҷовидонӣ дар охират хоҳад буд. Ҳар касе аз амрҳои Ӯ сарпечӣ кунад ва ба Ӯ куфр варзад, бадбахтӣ дар дунё ва гирифторӣ ба азоби абадӣ насиби ӯ хоҳад шуд.
Ҳамагон медонем ҳар кӣ дар зиндагии дунё амале анҷом медиҳад, чи хуб бошад ва чи бад, беҷазо ва подош нахоҳад монд, пас чигуна дар қиёмат барои ситамгорон муҷозот ва барои накукорон мукофот нахоҳад буд?
Яке дигар аз усули Ислом имон ба фариштагон ва имон ба рӯзи қиёмат аст, ки Худованд дар он рӯз мардумонро аз қабрҳо бармеангезад, то барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаанд муҳосаба кунад. Пас ҳар кӣ муъмин аст ва амалҳои нек анҷом дода аст дар неъмат ва биҳишти ҷовидон хоҳад буд, ва ҳар кӣ куфр варзидааст ва амалҳои бад анҷом додааст, барои ӯ азоби сахт ва дар ҷаҳаннам хоҳад буд.
Яке дигар аз усули Ислом имон доштан ба тақдири илоҳӣ, нек ва бади он аст.
Дини Ислом як манҳаҷ ва равиши фарогир ва мутобиқ бо фитрат ва ақли солим аст, ки Офаридгори бузург барои хилқати худ машрӯъ гардонид, дине, ки дар он хайр ва саъодат барои башарият дар дунё ва охират аст, дине, ки қавм ва рангро намешиносад, мардум дар он ҳама баробар ҳастанд ва касе бар дигаре бартарӣ надорад, магар ба андозаи амалҳои неки худ.
Аз ҷумлаи ончи Худованд дар Қуръони карим таъкид мефармояд, имон овардан ба Аллоҳ ҳамчун Маъбуд ва Парвардигор, ва бар Ислом ҳамчун дини барҳақ ва бар Муҳаммад ҳамчун фиристодаи Аллоҳ Таъоло, аст. Пазируфтани Ислом ҳамчун дин амри зарурӣ аст, ки инсон дар он ихтиёр надорад. Дар рӯзи қиёмат ҳисоб ва ҷазо вуҷуд дорад, ки ҳар кӣ муъмини ростин бошад, пирӯзӣ ва комёбии бузурге барояш хоҳад буд ва ҳар кӣ куфр варзад ҷуз зиёни ошкоре барояш нахоҳад дошт.
Ислом яъне таслим шудан дар баробари Худованди Офаридагор ва тадбиркунандаи коинот ва таслим дар баробари Ӯ Таъоло аз рӯйи муҳаббат ва бузургдоштӣ аст. Асоси дини Ислом имон овардан ба Аллоҳ Таъоло аст ва инки Ӯ Офаридгор аст ва тамоми ҳастӣ ҷуз Ӯ офаридаи Ӯ Таъоло ҳастанд. Ӯ Таъоло ягона ва танҳо шоистаи парастиш аст, ҷуз Ӯ маъбуди барҳақ нест, зеботарин ва волотарин ном ва сифатҳо азони Ӯст, соҳиби камоли мутлақ ва бидуни нуқс аст, на аз Ӯ фарзанд зоида мешавад ва на зода шудааст ва на ҳамто дорад, дар ҳеҷ як аз офариниши худ маҳлул ва таҷассум намеёбад. Ислом ҳамон дине аст, ки Аллоҳи…