Skip to content

"Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд."

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

"Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд."

لَعَنَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الرَّاشِيَ وَالْمُرْتَشِيَ فِي الْحُكْمِ.

Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда дуои дур ва берун шудан аз раҳмати Аллоҳро карданд. Ришва молест, ки ба қозиҳо (судяҳо) дода мешавад, то ба фоидаи касе, ки тарафи онҳо аст, ҳукм кунад ва дар натиҷа ришвадиҳанда ба ноҳақ ба ҳадафи худ даст ёбад.

Маънои калимаҳо

لعن: حقيقة اللعن الدعاء بالطرد والإبعاد عن رحمة الله تعالى.

الراشي: هو دافع الرشوة.

المرتشي: آخذ الرشوة.

في الحكم: في القضاء.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ришва гирифтан, додан, миёнаравӣ кардан ва кумак кардан дар он ҳаром аст. Зеро дар он ҳамкорӣ барои расидан ба ботил аст.

Ришва аз гуноҳони кабира аст. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) диҳанда ва гирандаи онро лаънат кардааст.

Ҷурми ришва дар боби қазо ва ҳукм (судя ва ҳукм кардан) сахттар ва гуноҳаш бештар аст. Зеро он шомили зулм ва ҳукм кардан ба ғайри он чи Аллоҳ нозил кардааст, мебошад.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (3/ 15) (1336).

Муснади Аҳмад (15/ 8) (9023).

Бештар (8)

توضيح الأحكام مِن بلوغ المرام.

للبسام (7/ 188).

فتح ذي الجلال والإكرام شرح بلوغ المرام.

لابن عثيمين (6/ 172).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (9/ 450).

سبل السلام شرح بلوغ المرام.

للصنعاني (2/ 577).