ستون سؤالا في أحكام الحيض والنفاس
*
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
*
*
С 1:
Ҷ 1:
С 2:
Ҷ 2:
С 3:
Ҷ 3:
С 4:
Ҷ 4:
С 5:
Ҷ 5:
С 6:
Ҷ 6:
С 7:
Ҷ 7:
С 8:
Ҷ 8:
С 9:
Ҷ 9:
С 10:
Ҷ 10:
С 11:
Ҷ 11:
С 12:
Ҷ 12:
С 13:
Ҷ 13:
С 14:
Ҷ 14:
С 15:
Ҷ 15:
С 16:
Ҷ 16:
С 17:
Ҷ 17:
С 18:
Ҷ 18:
С 19:
Ҷ 19:
С 20:
Ҷ 20:
С 21:
Ҷ 21:
С 22:
Ҷ 22:
С 23:
Ҷ 23:
С 24:
Ҷ 24:
С 25:
Ҷ 25:
С 26:
Ҷ 26:
С 27:
Ҷ 27:
С 28:
Ҷ 28:
С 29:
Ҷ 29:
С 30:
Ҷ 30:
С 31:
Ҷ 31:
С 32:
Ҷ 32:
С 33:
Ҷ 33:
С 34:
Ҷ 34:
С 35:
Ҷ 35:
С 36:
Ҷ 36:
С 37:
Ҷ 37:
С 38:
Ҷ 38:
С 39:
Ҷ 39:
С 40:
Ҷ 40:
С 41:
Ҷ 41:
С 42:
Ҷ 42:
С 43:
Ҷ 43:
С 44:
Ҷ 44:
С 45:
Ҷ 45:
С 46:
Ҷ 46:
С 47:
Ҷ 47:
Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Асмо бинти Умайс ҳамсари Абубакр (разияллоҳу анҳумо)-ро, ки дар Зулҳулайфа таваллуд кард, амр карданд, ки ғусл кунад ва либос бипӯшад ва ба эҳром дохил шавад. Дар мавриди зани ҳоиз ҳам чунин аст, ки бояд то пок шуданаш дар эҳром бимонад, сипас тавофи Каъба ва саъйи Сафо ва Марваро анҷом диҳад.
С 48:
Ҷ 48:
С 49:
Ҷ 49:
С 50:
Ҷ 50:
С 51:
Ҷ 51:
С 52:
Ҷ 52:
С 53:
Ҷ 53:
С 54:
Ҷ 54:
С 55:
Ҷ 55:
С 56:
Ҷ 56:
С 57:
Ҷ 57:
С 58:
Ҷ 58:
С 59:
Ҷ 59:
С 60:
Ҷ 60:
Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зани ҳоизро аз тавофи хона манъ кардааст ва дар ин маврид нифос монанди ҳайз аст.
(1) Хумра - ҷойнамозе аст, ки намозгузор бар он саҷда мекунад ва онро барои он хумра мегӯянд, ки рӯйро мепӯшонад.
Шаст савол дар бораи аҳкоми ҳайз ва нифос
*
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Муқаддима
Аллоҳро ҳамду сано мегӯям ва дуруду салом бар Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва хонадонаш ва асҳобу пайравонаш то рӯзи қиёмат бод.
Хоҳари мусалмонам!
Бинобар пурсишҳои зиёде, ки дар бораи аҳкоми ҳайз дар ибодатҳо, бар олимон ворид мешавад, тасмим гирифтем саволҳое, ки бештар такрор мешаванд, бидуни тафсилот ва кӯтоҳ гирдоварӣ кунем.
Хоҳари мусалмонам!
Талош кардем, ки онҳоро гирд оварем, то ҳамеша дастраси шумо бошад, бо назардошти аҳамияти фаҳмиш ва дарки фиқҳ дар шариати худовандӣ ва то ин ки Худовандро бо илму дониш бипарастӣ.
Эзоҳ: Шояд барои касе, ки китобро дар аввал мутолиа мекунад, баъзе аз саволҳоро такрорӣ мебинад. Аммо пас аз бо диққат хондани ҷавобҳо дар меёбад, ки баъзе ҷавобҳо маълумоти иловагиеро дар бар мегиранд, ки тасмим гирифтем онҳоро нодида нагирем.
Ҳамин, ва дуруду саломи Аллоҳ бар Паёмбарамон Муҳаммад ва хонадону асҳобу пайравонаш бод.
Аз аҳкоми ҳайз дар намоз ва рӯза
Агар зан дарҳол пас аз субҳидам пок шавад, оё он рӯзро рӯза мегирад ва он рӯз барояш ҳисоб мешавад, ё бояд қазои он рӯзро ба ҷо орад?
Агар зан дарҳол пас аз субҳидам пок шуд, олимон дар бораи рӯза гирифтанаш дар ин рӯз ду назар доранд:
Назари аввал: Бояд бақияи он рӯзро рӯза гирад, аммо рӯзааш ҳисоб намешавад ва он рӯзро бояд қазо дорад. Ин назари машҳур дар мазҳаби Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аст.
Назари дувум: Барояш лозим нест, ки давоми рӯзро рӯза гирад. Зеро он рӯзест, ки рӯза гирифтанаш барои ӯ фосид аст, зеро дар аввали рӯз дар ҳолати ҳайз аст ва аз ҷумлаи рӯзадорон нест. Пас агар рӯза гирифтанаш дуруст набошад, худдорӣ карданаш аз хӯрдану нӯшидан фоидае надорад. Ва ин вақт барои ӯ вақти қобили эҳтиром нест, зеро дар оғози рӯз ба ӯ амр шудааст, ки ифтор кунад, балки рӯза гирифтан барояш дар аввали рӯз ҳаром аст. Ва рӯзаи шаръӣ: Яъне, худдорӣ кардан аз чизҳои ботилкунандаи рӯза, барои ибодати Аллоҳ Таъоло, аз субҳидам то ғуруби офтоб аст.
Ва ин назар - чӣ гунае, ки мебинӣ - роҷеҳтар (саҳеҳтар) аз назар бар вуҷуби рӯза гирифтан аст. Ва дар ҳарду назар бояд он рӯзро қазо дорад.
Агар зан пок шуд ва баъди намози бомдод ғусл кард ва намоз хонд ва рӯза гирифт, оё қазои рӯзаро гирифтан барояш воҷиб аст?
Агар зан пеш аз субҳидам, ҳатто як дақиқа пеш пок шавад ва ба пок шудани худ яқин дошта бошад, агар дар моҳи Рамазон бошад, бояд он рӯзро рӯза бигирад ва рӯзаи он рӯзаш дуруст аст ва қазояшро намегирад. Зеро ӯ дар ҳолати покияш рӯза гирифтааст, агарчи баъд аз субҳидам ғусл кунад. Ҳамчунон марде, ки ҷунуб бошад, аз ҳамбистарӣ ё эҳтилом ва хӯроки пеш аз субҳро бихӯрад (барои рӯза гирифтан), вале баъд аз субҳидам ғусл кунад, рӯзааш дуруст аст.
Ба ин муносибат мехоҳам масъалаи дигареро барои занон ёдовар шавам. Зан агар рӯза гирад ва пас аз ифтор кардан ҳайзаш шуруъ шавад, баъзе аз занон гумон мекунанд, ки агар ҳайз баъд аз ифтор ва пеш аз намози хуфтан шуруъ шуд, рӯзаашон фосид мешавад, аммо ин сухан асосе надорад, балки агар ҳайз як лаҳза баъд аз ғуруби офтоб омад, рӯзаи он рӯзаш комилу дуруст аст.
Оё зане, ки дар ҳоли нифос бошад ва пеш аз чиҳилрӯзагӣ пок шавад, барояш намоз хондан ва рӯза гирифтан воҷиб аст?
Бале, агар зан пеш аз чиҳилрӯзагӣ аз нифос пок шавад ва дар моҳи Рамазон бошад, барояш воҷиб аст, ки рӯза бигирад ва намоз бихонад. Ҳамчунин барояш ҷоиз аст, ки бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, чун ӯ пок аст ва чизе ӯро аз рӯза гирифтан ва намоз хондан ва ҳамхоба шудан бо шавҳараш боз намедорад.
Агар давраи ҳайзи моҳонаи зан одатан ҳафт ё ҳашт рӯз бошад, сипас як ё ду бор бештар аз ин муддат идома ёбад, ҳукмаш чист?
Агар одати моҳонаи ин зан шаш ё ҳафт рӯз бошад ва пас аз он муддаташ бештар шавад, масалан, ҳашт, нуҳ, даҳ, ё ёздаҳ рӯз давом ёбад, дар ин ҳолат намоз намехонад ва рӯза намегирад, то ин ки пок шавад. Чунки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳайз муддати хоссе муқаррар накардааст. Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд.) (Сураи Бақара, ояти 222). Пас то вақте ки хунравӣ идома дорад, зан дар ҳамон ҳолаташ боқӣ мемонад, то ин ки пок шавад, сипас ғусл мекунад ва намоз мехонад. Ва агар дар моҳи оянда ин муддат камтар шуд, ҳар вақт пок шуд, ғусл мекунад агарчи муддаташ ба ҳайзи гузаштааш баробар набошад.
Муҳим ин аст, ки зан то замоне ки дар ҳолати ҳайз аст, намоз намехонад, хоҳ ба ҳайзи пештараааш мувофиқ бошад ё аз он зиёд ё кам бошад, ва ҳаргоҳ пок шуд намоз мехонад.
Зане, ки дар ҳолати нифос бошад, оё чиҳил рӯз бе намозу бе рӯза меистад ё ин ки муҳим қатъи хунравӣ аст ва ҳар вақт хунравӣ қатъ шуд худро пок мекунад ва намоз мехонад? Камтарин муддати покӣ чӣ қадар аст?
Барои зане, ки дар ҳолати нифос аст, муҳлати хоссе вуҷуд надорад, балки то замоне ки хунравӣ вуҷуд дорад, намоз намехонад, рӯза намегирад ва бо шавҳараш ҳамхоба намешавад.
Ва агар пеш аз чиҳилрӯзагӣ пок шуд, ҳатто агар панҷ ё даҳ рӯз шуда бошад ҳам, метавонад намоз бихонад, рӯза бигирад ва бо шавҳараш ҳамхоба шавад, ва эроде бар ӯ нест.
Муҳим он аст ки нифос як падидаи ошкор аст ва аҳкоми он вобаста ба будан ва набудани он аст. Бинобар ин, ҳаргоҳ нифос вуҷуд дошта бошад, ба аҳкоми он амал карда мешавад ва ҳаргоҳ, ки пок шуд, аҳкоми он бекор мешавад.
Аммо агар аз шаст рӯз зиёд шуд, истиҳоза маҳсуб мешавад. Танҳо ҳамон миқдоре меистад, ки ба одати маъмулии ҳайзаш рост меояд, сипас ғусл мекунад ва намоз мехонад.
Агар зан дар рӯзи рамазон чанд қатра хуни андаке бубинад ва ин хунравӣ дар давоми моҳи Рамазон дар ҳолати рӯзадор буданаш идома ёбад, оё рӯзааш дуруст аст?
Бале, рӯзааш дуруст аст, аммо ин қатраҳо аҳамияте надоранд, зеро онҳо аз рагҳо меоянд. Аз Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Ин қатраҳое, ки ба хунравии бинӣ монанданд, ҳайз нестанд." Чунин аз он ҳазрат (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст.
Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда пеш аз субҳидам пок шавад ва то баъд аз субҳидам ғусл накунад, оё рӯзааш дуруст аст ё на?
Бале, рӯзаи зане, ки пеш аз субҳидам аз ҳайз пок шавад ва то пас аз субҳидам ғусл накунад, дуруст аст. Инчунин зане, ки дар ҳолати нифос бошад. Зеро ӯ дар ин ҳолат аз ҷумлаи рӯзагирон аст. Ӯ ба касе монанд аст, ки дар ҳолати ҷанобат аст, агар дар ҳоли ҷанобат буданаш субҳидам шуд, рӯзааш дуруст аст. Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, акнун [дар шабҳои рамазон метавонед] бо онон омезиш кунед ва он чиро, ки Аллоҳ Таъоло бароятон муқаррар доштааст [аз эшон] талаб кунед. Бихӯред ва биошомед, то риштаи сапеди субҳ [фаҷри содиқ] аз риштаи сиёҳ [шаб] бароятон ошкор гардад.) (Сураи Бақара, ояти 187). Агар Худованд ҳамхобагиро то субҳидам раво дониста бошад, аз ин бармеояд, ки ғусл кардан имкон надорад, магар баъд аз субҳидам. Инчунин ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҳамхобагӣ бо ҳамсараш шабро бо ҷанобат ва дар ҳоли рӯзадор будан саҳар мекард. Яъне, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз субҳидам аз ҷанобат ғусл мекарданд.
Агар зан эҳсос кард, ки аз ӯ хун баромадааст, вале хун пеш аз ғуруби офтоб наояд, ё дарди ҳайзро эҳсос кард, оё рӯзаи он рӯзаш дуруст аст, ё онро қазо медорад?
Агар зан дар ҳолати покӣ ва рӯзадор буданаш эҳсос кунад, ки хун меояд ё дарди ҳайзро эҳсос кунад, аммо хун баъди ғуруби офтоб берун ояд, рӯзаи он рӯз гирифтааш дуруст аст. Агар рӯзаи фарзӣ бошад, қазо намедорад ва агар нафлӣ бошад аҷру савобаш ботил намешавад.
Агар зан хун бинад, аммо мутмаъин набошад, ки хуни ҳайз аст, ҳукми рӯзааш дар он рӯз чист?
Рӯзааш дар он рӯз дуруст аст, зеро асл ин аст, ки ҳайз нест, то маълум шавад, ки ҳайз аст.
Баъзан, зан осори андаки хун ё доғҳои хеле камро дар давоми рӯз ба таври пароканда ва дар вақтҳои гуногун мебинад, баъзан дар ҳолати ҳайз, вале пеш аз ҳайз шудан мебинад ва баъзан берун аз ҳолати ҳайз, дар ҳарду ҳолат ҳукми рӯза гирифтани ӯ чист?
Қаблан мо тақрибан ба ин гуна савол посух додем, аммо ин қисм боқӣ мемонад, ки агар ин доғҳо дар давраи ҳайзаш бошад ва ӯ онро як қисме аз ҳайзи худ бишуморад, пас он ҳайз ҳисобида мешавад.
Оё зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос аст, метавонад дар давоми рӯзи Рамазон бихӯрад ва бинӯшад?
Бале, онон дар давоми рӯзи Рамазон мехӯранд ва менӯшанд, аммо агар дар хона фарзандони хурдсол дошта бошад, пинҳон хӯрдану нӯшиданаш беҳтар аст. Зеро ин боиси ба вуҷуд омадани мушкилӣ дар зеҳни онҳо мешавад.
Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда дар вақти намози аср пок шавад, оё дар баробари намози аср намози пешинро низ хондан воҷиб аст ё танҳо хондани намози аср бар ӯ воҷиб аст?
Назари дуруст ва саҳеҳ дар ин масъала он аст, ки танҳо хондани намози аср бар ӯ воҷиб аст. Зеро бар воҷиб будани хондани намози пешин далеле вуҷуд надорад ва асос бароати зимма аст. Илова бар ин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки пеш аз ғуруби офтоб як ракъати намози асрро дарёбад, намози асрро дарёфтааст". Нагуфтааст, ки намози пешинро дарёфтааст. Агар хондани намози пешин воҷиб мебуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро баён мекард. Гузашта аз ин, агар зан пас аз фаро расидани вақти намози пешин ҳайз бинад, танҳо қазо доштани намози пешин бар ӯ воҷиб аст, на намози аср, бо вуҷуди ин ки намози пешин бо намози аср ҷамъ карда мешавад. Ва фарқе байни он ва ҳолати пурсидашуда нест.
Ва бар асоси ин, назари дуруст ва роҷеҳ ин аст, ки танҳо намози аср бар ӯ воҷиб аст. Ин бар асоси далели нас ва бар асоси қиёс ба он собит аст. Ҳамин тавр, агар пеш аз гузаштани вақти намози хуфтан пок шавад, танҳо хондани намози хуфтан барояш воҷиб аст, на намози шом.
Барои баъзе аз заноне, ки исқоти ҳамл мекунанд, ду ҳолат вуҷуд дорад: Ё зан пеш аз ташаккули ҷанин исқоти ҳамл кардааст, ё баъд аз шаклгирии ҷанин. Ҳукми рӯзаи ӯ дар рӯзи исқоти ҷанин чист? Ҳамин тавр рӯзҳое, ки (баъд аз сақти ҷанин) хун мебинад ҳукмаш чист?
Агар ҷанин ҳанӯз ташаккул наёфта бошад, пас хунравии ӯ хуни нифос нест. Бинобар ин, бояд рӯза бигирад ва намоз хонад ва рӯзааш дуруст аст.
Ва агар ҷанин аллакай ташаккул ёфта бошад, пас хунравии ӯ хуни нифос аст ва дар ин ҳолат намоз хондан ва рӯза гирифтани ӯ ҷоиз нест.
Қоида дар ин масъала чунин аст, ки агар ҷанин аллакай ташаккул ёфта бошад, пас хун хуни нифос аст. Агар он ҳанӯз ташаккул наёфта бошад, пас хун, хуни нифос нест. Агар нифос бошад, он чи ки барои зани дар ҳоли нифосбуда ҳаром аст, барояш ҳаром аст. Агар хуни нифос набошад, барояш ҳаром нест.
Оё хунравии зани ҳомила дар рӯзи Рамазон ба рӯзааш таъсир мерасонад?
Агар ҳангоми рӯзадор будани зан хуни ҳайз берун ояд, рӯзааш фосид мешавад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Оё чунин нест, ки агар ҳайз шуд намоз намегузорад ва рӯза намегирад?" Бинобар ин, мо ҳайзро аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза медонем ва нифос ҳам монанди он аст. Ва баромадани хуни ҳайз ва нифос рӯзаро фосид мекунад.
Агар зани ҳомила дар давоми рӯзи Рамазон хун бинад, агар хуни ҳайз бошад, (ҳукмаш) монанди ҳайзи зани ғайри ҳомила аст. Агар хуни ҳайз набошад ба рӯзааш таъсир намекунад.
Ҳайзе, ки мумкин аст зани ҳомила дучораш шавад, он ҳайзи маъмулӣ аст, ки агар ҳайзи зани ҳомила аз вақти бордориаш қатъ нашуда бошад, дар дурусттарин назар ҳайз маҳсуб мешавад ва аҳкоми ҳайз бар он собит мешавад.
Аммо агар хунравӣ қатъ шавад ва баъдан хун бубинад ва монанди хуни маъмулии ҳайзаш набошад, ин ба рӯзаи ӯ таъсир намекунад, зеро он ҳайз нест.
Агар зан дар муддати моҳонааш як рӯз хун бубинад ва рӯзи дигар дар давоми рӯз хун набинад, бояд чӣ кор кунад?
Чунин ба назар мерасад, ки ин покӣ ва ё хушкӣ, ки дар ҳайзи ӯ рух додааст, ҷузъе аз ҳайз аст ва покӣ ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ, аз ҳар чизе, ки зани ҳоиз аз он парҳез мекунад, парҳез мекунад.
Баъзе аз олимон гуфтаанд: Агар зан як рӯз хун бинад ва як рӯз покӣ, пас хун ҳайз аст ва покӣ туҳр, то ин ки понздаҳ рӯз гузарад. Ҳар вақто понздаҳ рӯз гузашт, баъд аз он хуни истиҳоза аст. Ва ин қавли машҳур дар мазҳаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳмутуллоҳи алайҳӣ) аст.
Зан дар рӯзҳои охири ҳайзи худ, пеш аз покшавӣ, ҳеҷ осори хунро намебинад. Оё дар он рӯз рӯза бигирад, агарчи ҳанӯз моеи сафедро надидааст? Ё чӣ кор кунад?
Агар ӯ одатан резиши моеи сафедро набинад - чунон ки дар баъзе занон рух медиҳад - пас он рӯзро бояд рӯза бигирад. Ва агар аз одаташ ин бошад, ки резиши моеи сафедро бубинад, пас рӯза намегирад, то ин ки моеи сафедро бубинад.
Ҳукми хондани Қуръон барои зани дар ҳолати ҳайз ё нифосбуда, аз рӯӣ зарурат, аз қабили донишҷӯ ё муаллима будан, бо чашм (бидуни даст расондан ба Қуръон) ё аз ҳифз чӣ гуна аст?
Барои зане, ки дар ҳоли ҳайз ё нифос аст, аз рӯӣ зарурат, монанди муаллима ё донишҷӯе, ки оятҳои муқарраршудаи худро дар шаб ё рӯз мехонад, Қуръон хондан боке надорад.
Аммо дар мавриди тиловат кардан барои дарёфти аҷру савоб, беҳтар он аст, ки ин корро накунад. Зеро бисёре аз олимон бар ин назаранд, ки зане, ки дар ҳоли ҳайз ё нифос аст, барояш тиловати Қуръон ҷоиз нест.
Оё зане, ки аз ҳайз пок мешавад, бояд либосҳояшро иваз кунад, дар ҳоле, ки ба он хун ё наҷосат нарасидааст?
На, лозим нест, зеро ҳайз баданро нопок намекунад, балки хуни ҳайз танҳо ҳамон чизеро, ки ба он мерасад, нопок месозад. Бинобар ин, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) занонро фармуданд, ки агар хуни ҳайз ба либосҳояшон расид, онҳоро бишӯянд ва дар онҳо намоз гузоранд.
Зане ба муддати ҳафт рӯз дар моҳи Рамазон дар нифос буд ва рӯза нагирифт ва то фарорасии Рамазони дигар қазояшро ба ҷо наовард. Дар Рамазони дувум ҳафт рӯзи рӯзаро ба сабаби ширмаконӣ нагирифт ва ба сабаби беморӣ қазояшро ба ҷо оварда натавонист, ҳоло ки Рамазони севум наздик шудааст, бояд чӣ кор кунад? Моро насиҳат кунед, Худованд аҷру савоб диҳад шуморо.
Агар ин зан ҳамон гунае бошад, ки мегӯяд, яъне бемор аст ва қодир нест, ки қазои онҳоро адо кунад, пас ҳар гоҳ тавонист, бояд рӯза бигирад, зеро ӯ маъзур аст, ҳатто агар моҳи Рамазони дигар фаро расад.
Аммо агар узр надошта бошад, балки бепарвоӣ ва саҳлангорӣ кунад, барояш ҷоиз нест, ки қазои Рамазонро то Рамазони дигар ба таъхир гузорад. Оиша (разияллоҳу анҳо) мефармояд: Бар ман рӯзаи қазои мебуд ва ман қазои онро ба ҷой оварда наметавонистам, магар дар (моҳи) Шаъбон.
Аз ин рӯ, зан бояд ба вазъи худ бингарад, агар узр надошта бошад, гунаҳкор аст ва бояд аз ин амалаш тавба кунад ва шитоб кунад, ки қазои онро ба ҷой оварад. Агар узр дошта бошад, ҳарчанд як сол ё ду сол ба таъхир андозад ҳам барояш ишколе надорад.
Барои баъзе аз занон Рамазони дувум фаро мерасад, ҳол он ки рӯзҳое аз Рамазони гузаштаро нагирифтаанд, чӣ чиз бар онҳо воҷиб аст?
Барои онҳо воҷиб аст, ки аз ин амалашон тавба кунанд. Зеро барои касе, ки аз моҳи Рамазон қарздор аст, ҷоиз нест, ки қазои рӯзаашро то Рамазони дигар беузр ба таъхир андозад. Зеро Оиша (разияллоҳу анҳо) мефармояд: "Бар ман рӯзаи қазои мебуд ва ман қазои онро ба ҷой оварда наметавонистам, магар дар (моҳи) Шаъбон."
Ин ба он далолат мекунад, ки ба таъхир андохтани онҳо то пас аз Рамазони оянда ҷоиз нест. Аз ин рӯ, бояд ба даргоҳи Худованди Мутаъол барои коре, ки кардааст, тавба кунад ва рӯзҳое, ки аз Рамазони гузашта мондааст, баъд аз Рамазони дувум қазояшро ба ҷой оварад.
Агар зане, масалан, соати яки нисфирӯзӣ ҳайз шавад ва то ҳол намози пешинро нахонда бошад, оё лозим аст, ки баъд аз пок шуданаш қазои ин намозро ба ҷой оварад?
Дар ин бора байни олимон ихтилоф аст, бархе мегӯянд, қазои он намоз барояш воҷиб нест, зеро ӯ бепарвоӣ накардааст ва гунаҳкор нашудааст, чун барояш ҷоиз аст, ки намозро то охири вақташ ба таъхир гузорад.
Аммо гурӯҳи дигар аз олимон мегӯянд, қазои он намоз бар ӯ воҷиб аст. Ба далели умумии сухани Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст: "Ҳар ки як ракъат аз намозро дарк кунад, намозро дарк кардааст."
Аммо эҳтиёт барои ӯ ин аст, ки қазояшро ба ҷо оварад, зеро он як намоз аст ва қазои он барояш душвор нест.
Агар зани ҳомила як ё ду рӯз пеш аз таваллуд хун бинад, оё аз ин сабаб рӯза ва намозро боздорад ё чӣ?
Агар зани ҳомила як ё ду рӯз пеш аз таваллуд хун бинад ва ҳамроҳ бо дарди зоймон бошад, он нифос аст. Бо дидани он аз намоз ва рӯза худдорӣ мекунад. Ва агар ҳамроҳаш дарди зоймон набошад, хуни фосид аст ва аҳамияте надорад ва ӯро аз намозу рӯза манъ намекунад.
Назари шумо дар бораи истеъмоли доруҳои манъ кунандаи моҳона, бо мақсади ҳамроҳи мардум рӯза гирифтан, чист?
Ман аз истеъмоли ин доруҳо ҳушдор медиҳам, зеро ин доруҳо хеле зарароваранд, ки онро духтурон ба ман исбот кардаанд. Ба занҳо гуфта мешавад: "Ин чизест, ки Худованд барои духтарони Одам муқаррар кардааст, пас ба он чи Худои Азза ва Ҷалла муқаддар кардааст, қаноат кунед ва дар ҷое, ки монеае набошад, рӯза гиред. Агар монеае бошад, пас рӯзаатонро бикушоед, ба он чи Худои Таъоло муқаддар кардааст, розӣ бошед".
Зане, ки баъд аз ду моҳ гузаштан аз нифос ва пок шудани худ қатраҳои хурди хунро мебинад, оё рӯзаашро бихӯрад ва намоз нахонад, ё чӣ кор кунад?
Мушкилоти занон дар ҳайз ва нифос баҳре аст беохир. Яке аз сабабҳои чунин ҳолат, истеъмоли доруҳои манъкунандаи ҳамл ва ҳайз аст. Мардум дар гузашта чунин мушкилоти зиёд надоштанд. Дуруст аст, ки мушкилот аз замони рисолати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), балки аз замони пайдоиши зан боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ин, то ҳадде паҳншавии онҳо, ки мардум дар кӯшиши ҳалли мушкилоташон дар ҳайрат мондаанд, боиси таассуф аст.
Аммо қоидаи умумӣ ин аст, ки агар зан аз ҳайз ё нифос пок шавад ва аз покии худ мутмаин шавад, (манзурам аз покӣ дар ҳайз, баромадани моеи сафед аст ва он оби сафеде аст, ки занҳо онро медонанд) пас, ҳар он чи пас аз туҳр дида шавад, аз ҷумла, тирагӣ, зардӣ, доғи хун ва тарӣ, ҳамаи инҳо аз ҳайз нестанд, Инҳо аз намоз хондан, рӯза гирифтан ва ҳамхоба шудан бо шавҳар манъ намекунад, зеро ҳайз нест. Умми Аатия мегӯяд: "Мо баромадани тирагӣ ва зардиро (баъд аз покӣ) чизе намепиндоштем." Ривояти Бухорӣ. Ва Абудовуд афзудааст: "Баъд аз покӣ" ва санадаш саҳеҳ аст.
Бар асоси ин мегӯем: Ҳар он чи баъд аз покии яқинӣ бар зан рух медиҳад, зиёне ба зан намерасонад ва ӯро аз намоз хондан, рӯза гирифтан ва ҳамхоба шудан бо шавҳараш боз намедорад. Аммо то покиро набинад, бояд шитоб накунад. Зеро бархе аз занон бо муҷарради хушк шудани хунашон ва пеш аз дидани покӣ бо шитоб ғусл мекунанд. Барои ҳамин занони саҳоба пахтаи олударо ба назди модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо ) мефиристоданд, яъне, пахтае, ки бо хун олуда аст. Ӯ дар ҷавоби занҳо мегуфт: "Шитоб накунед, то ин ки оби сафедро бубинед."
Баъзе аз занон хунравии пайвастаро аз сар мегузаронанд, баъзан як ё ду рӯз қатъ мешавад ва баъдан дубора бармегардад. Дар ин ҳолат ҳукми рӯза, намоз ва дигар ибодатҳо чист?
Он чи назди бисёре аз олимон маъруф аст, ин аст, ки агар зан одати хоссе дар ҳайз дошта бошад ва ҳайзаш тамом шавад, ғусл мекунад ва намоз мехонад ва рӯза мегирад ва он чи баъд аз ду ё се рӯз мебинад, ҳайз нест. Зеро ҳадди ақалли покӣ назди ин олимон сенздаҳ рӯз аст.
Ва бархе аз олимон мегӯянд, ҳар гоҳ хун бинад ҳайз аст ва ҳар гоҳ пок шавад, покӣ аст, агарчи миёни ду ҳайз сенздаҳ рӯз ҳам набошад.
Кадомаш барои зан беҳтар аст: намоз хондан дар шабҳои Рамазон дар хонааш ё дар масҷид, хусусан агар дар он мавъиза ва пандҳо бошад? Ба заноне, ки дар масҷид намоз мехонанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
Барои зан беҳтар он аст, ки дар хонааш намоз бихонад. Бар асоси сухани умумии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст: "Ва хонаҳояшон барояшон беҳтар аст." Чун ки берун рафтани занҳо дар бисёри ҳолатҳо холӣ аз фитна нест. Пас дар хонааш мондани зан беҳтар аст аз рафтан ба масҷид барои адои намоз. Аммо мавъизаҳо ва суҳбатҳоро ба воситаи наворҳо метавонад дастрас кунад.
Насиҳати ман ба занҳое, ки дар масҷид намоз мехонанд, ин аст, ки аз хонаҳои худ бе ороиш ва бе атру хушбӯйӣ ба масҷид раванд.
Ҳукми чашидани таъом дар давоми рӯзи Рамазон чист, дар ҳоле, ки зан рӯзадор аст?
Ҳукмаш ин аст, ки дар ҳолати ниёз ба чашидан бошад боке надорад, аммо он чиро, ки чашидааст бояд фурӯ набурда, берун андозад.
Зане, ки ҳанӯз дар аввали ҳомиладорӣ буд, дар як садама ҷароҳат бардошта, аз хунравии шадид бача партофт. Оё ҷоиз аст ифтор кунад ё рӯзаашро идома диҳад? Агар ифтор кунад, оё вай гунаҳкор аст?
Дар ин бора чунин мегӯем: Зани ҳомила ҳайз намебинад, чунон ки Имом Аҳмад мегӯяд: "Занҳо бордории худро ба сабаби қатъ шудани ҳайз медонанд." Ва ҳайзро - чунон ки аҳли илм баён кардаанд - Худованд ба хотири ҳикмати ғизо додани ҷанин дар шиками модар офаридааст. Пас, ҳар вақто ҳамл инкишоф меёбад, ҳайз қатъ мешавад.
Бо вуҷуди ин баъзе аз занон метавонад ҳайзи онҳо баъд аз ҳамл ҳам давом ёбад. Дар ин ҳолат ҳукм бар ин мешавад, ки ҳайзи онон дуруст аст, зеро ҳамл ҳам ба ҳайз таъсир нарасонда, он давом ёфтааст ва ин ҳайз ҳар чизеро, ки ҳайзи зани ғайри ҳомила манъ мекунад, боз медорад. Ҳар чизеро ки буданаш воҷиб мегардонад, воҷиб аст ва ҳар чизеро, ки манъ мекунад, боз медорад.
Хулоса ин мешавад: ҳар хуне, ки аз зани ҳомила мебарояд, бар ду навъ аст:
- Навъи якум: он хун ҳайз ҳисобида мешавад, ҳамон тавре ки пеш аз бордорӣ давом мекард. Ин маънои онро дорад, ки бордорӣ ба он таъсир нарасонда аст, бинобар ин давраи ҳайз ҳисобида мешавад.
Навъи дуюм, хунест, ки дар давраи бордорӣ ё дар натиҷаи садама, бардоштани бори вазнин, бачапартоӣ ва амсоли он ба вуҷуд меояд. Ин намуди хун ҳайз нест, балки хуни рагҳо мебошад. Бар асоси ин, ӯро аз намоз ва рӯзадорӣ боз намедорад, балки пок ҳисобида мешавад.
Аммо агар садама боиси таваллуди навзод ё исқоти ҷанин шавад, бинобар гуфтаи олимон, агар ҷанин бо шаклгирии инсон берун шавад, хунравӣ пас аз таваллудаш нифос аст, ки дар ин ҳолат аз намоз хондан ва рӯза гирифтан худдорӣ мекунад ва шавҳараш то пок шуданаш аз ҳамхобагӣ бо ӯ дурӣ мекунад.
Агар ҷанин дар ҳоле берун ояд, ки шакли инсонӣ нагирифта бошад, он гоҳ хунравӣ нифос ҳисобида намешавад ва ӯро аз намоз ва рӯза ва дигар чизҳо манъ намекунад.
Олимон мегӯянд: Ҳадди ақалли ташаккулёбии ҷанин (ба шакли инсон) ҳаштоду як рӯз аст. Зеро ҷанин дар шиками модараш чунон ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст, ба мо фармуданд: "Ҳамоно яке аз шумо офиринишаш дар батни модараш чиҳил рӯз нутфа ҷамъ карда мешавад, сипас хуни баста мебошад, мисли он (яъне, чиҳил рӯзи дигар), сипас гуштпора мебошад, мисли он (яъне, чиҳил рӯзи дигар), сипас ба назди ӯ фариштае фиристода мешавад, пас рӯҳро дар он медамад ва ба чаҳор калима амр карда мешавад: ба навиштани ризқаш, ва аҷалаш (муҳлаташ) ва амалаш ва ин ки бадбахт аст ё хушбахт." Ва пеш аз ин офаринишаш имкон надорад. Ва ғолиб он аст, ки ташаккулёбии ҷанин ба шакли инсон пеш аз навад рӯз маълум намешавад. Чунон ки баъзе аз олимон гуфтаанд.
Ман зане ҳастам, ки як сол пеш дар моҳи сеюми бордорӣ исқоти ҳамл кардам ва то пок шуданам намоз намехондам. Ба ман гуфтанд, ки бояд намоз мехондӣ. Ҳоло ман чӣ кор кунам? Дар ҳоле, ки шумораи дақиқи рӯзҳои намоз нахондаамро намедонам.
Маъруф дар назди олимон ин аст, ки агар зан пас аз се моҳи бордорӣ исқоти ҳамл кунад, намоз намегузорад. Зеро агар зан ҷанинеро исқот кард, ки шакли инсонӣ гирифта бошад, хуне, ки аз ӯ мебарояд нифос аст ва зан дар он ҳолат намоз намегузорад.
Олимон мегӯянд, имкон дорад, ки шакли ҷанин баъд аз ҳаштоду як рӯз ба шакли инсон монанд шавад ва ин камтар аз се моҳ аст. Пас агар яқин дошта бошад, ки ҷанинро пас аз се моҳ исқот кардааст, он хуне, ки аз ӯ баромадааст, хуни фосид аст ва набояд ба сабаби он намозро тарк кунад.
Саволкунанда бояд ба хотир биёрад, ки агар ҷанин пеш аз ҳаштод рӯзагӣ соқит шуда бошад, бояд қазои намозашро адо кунад. Агар ӯ намедонад, ки чанд рӯз намозро тарк кардааст. Дар ин ҳолат бояд тахмин ва баррасӣ кунад, сипас ба ҳамон андозае, ки гумонаш ғолиб омад, ки намоз нахонадааст, қазояшро адо кунад.
Саволдиҳанда мегӯяд: Аз замоне ки рӯза бар ӯ фарз шудааст, моҳи Рамазонро рӯза мегирад. Аммо рӯзҳоеро, ки ба сабаби ҳайз рӯза нагирифтааст, қазояшро анҷом надодааст. Ӯ барои роҳнамоӣ мепурсад, ки ҳоло чӣ кор кунад?
Барои мо таассуфовар аст, ки чунин амал дар байни занони муъмин рух медиҳад. Зеро ин тарк - яъне, тарки қазоӣ рӯзаи фарзӣ - ё аз рӯйи ҷаҳолат ё бепарвоӣ ва саҳлангорӣ ва ин ҳарду мусибат аст. Зеро дармони ҷоҳилӣ илм омӯхтан ва пурсидан аст. Аммо бепарвоӣ ва саҳлангорӣ, дармонаш аз Аллоҳ Таъоло тарсидан, муроқибати Ӯ, тарс аз азоби Ӯ ва шитоб кардан ба чизе аст, ки розигии Ӯ дар он аст.
Ин зан барои коре ки кардааст, бояд ба даргоҳи Худованд тавба кунад, омурзиш бихоҳад ва то қадри имкон рӯзҳои тарк кардаашро муайян карда, қазояшро ба ҷо орад. Ба ин тартиб масъулиятро аз худ соқит мекунад ва умедворем, ки Худованд тавбаи ӯро қабул кунад.
Агар зан пас аз фаро расидани вақти намоз ҳайз бинад, ҳукмаш чист? Оё агар пок гардад, қазои он намозро бояд адо кунад? Чӣ мешавад, агар пеш аз тамом шудани вақти намоз пок шавад?
Якум: Агар пас аз фаро расидани вақт, яъне баъди фаро расидани вақти намоз ҳайз бинад, бояд баъд аз пок шуданаш қазои он намозеро, ки дар вақташ ҳайз шудааст, адо кунад, агар пеш аз ҳайз шудан нахонда бошад. Бар асоси ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст: "Ҳар ки як ракъат аз намозро дарк кунад, намозро дарк кардааст". Пас, агар зан миқдори як ракаъати намозро дарк карда бошад ва пеш аз хондани намоз ҳайз дида бошад, бояд баъд аз пок шуданаш қазои он намозро ба ҷой орад.
Дувум: Агар пеш аз баромадани вақти намоз пок шавад, бояд қазои он намозро бихонад. Яъне, пеш аз баромадани офтоб ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози бомдодро бихонад. Агар пеш аз ғуруби офтоб, ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози асрро бихонад. Агар пеш аз нисфи шаб ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози хуфтанро бихонад. Агар баъд аз нисфи шаб пок шавад, хондани намози хуфтан барояш воҷиб нест. Вале намози бомдодро ҳангоме ки вақташ фаро мерасад, бихонад. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст) (Сураи Нисо, ояти 103). Яъне: Фарзе, ки вақти муайяан ва маҳдуд дорад. Ба касе ҷоиз нест, ки намозро аз вақташ ба таъхир гузорад ё пеш аз фаро расидани вақташ онро анҷом диҳад.
Одати моҳонаам дар вақти намоз хонданам оғоз шуд, ман бояд чӣ кор кунам? Оё бояд он намози вақти ҳайз шуданро қазо дорам?
Агар ҳайз пас аз фаро расидани вақти намоз рух диҳад - монанди ин ки ним соат баъд аз заволи офтоб (вақти пешин) ҳайз шавад, дар ин ҳолат баъд аз пок шудан қазои он намозеро, ки ҳангоми пок буданаш вақташ фаро расида буд, ба ҷо медорад. Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст) (Сураи Нисо, ояти 103).
Вале намозҳои дар вақти ҳайз будаашро қазо намедорад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси тӯлоние мефармояд: "Оё чунин нест, ки агар ҳайз шуд намоз намегузорад ва рӯза намегирад?" Ва олимон бар ин иттифоқ кардаанд, ки зан намозҳоеро, ки дар вақти ҳайз тарк кардааст, қазо намедорад.
Аммо агар пок шавад ва барои як ракъат ё бештари намоз вақти кофӣ боқӣ монда бошад, бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намозашро дар вақти пок шуданаш бихонад: "Ҳар ки пеш аз ғуруби офтоб як ракъати намози асрро дарёбад, намози асрро дарёфтааст." Агар дар намози аср ва ё пеш аз тулӯи офтоб пок шавад ва барои як ракъат пеш аз ғуруби офтоб ва ё баромадани офтоб вақти кофӣ боқӣ монда бошад, дар мавриди аввал намози аср ва дар мавриди дуюм бомдодро бихонад.
Ман як модари шасту панҷсола дорам, ки нуздаҳ сол боз фарзанде ба дунё наовардааст. Ҳоло ӯ муддати се сол аст, ки аз хунравӣ азоб мекашад. Чунин ба назар мерасад, ки ин ба сабаби беморие буд, ки дар ин муддат ба ӯ гирифтор шуда буд ва чун қарор аст рӯза бигирад, шумо ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳед? Ӯ дар чунин вазъият чӣ гуна бояд рафтор кунад?
Ҳукми зане, ки гирифтори хунравӣ аст, ин аст, ки пеш аз рух додани ин ҳодиса намоз ва рӯзаашро дар муддати ҳамон одати пешинааш тарк кунад. Яъне, агар одатан ҳайзи ӯ дар аввали моҳ шаш рӯз меомад, масалан, дар аввали ҳар моҳ бояд шаш рӯз аз намоз ва рӯза худдорӣ кунад. Вақте ки муддати ҳайз ба охир расид, ғусл кунад, намоз хонад ва рӯза гирад.
Тарзи адои намоз ва амсоли он: Шармгоҳашро хуб мешӯяд ва онро мебандад ва таҳорат мекунад. Ин корро баъд аз фаро расидани вақти намози фарзӣ анҷом медиҳад. Инчунин агар дар вақти ғайри намози фарзӣ намози нафл хонданӣ шавад, ин корро анҷом медиҳад.
Дар ин ҳолат - бинобар душворие, ки дар ин кор вуҷуд дорад- барояш ҷоиз аст, ки намози пешинро бо аср ва намози шомро бо хуфтан ҷамъ намуда бо ҳам бихонад. То ин ки ин корро як бор барои намози пешин ва аср анҷом диҳад. Ва як бори дигар барои намози шом ва хуфтан ва як бори дигар барои намози бомдод ва ҳаминтавр ба ҷои панҷ маротиба ин корро се маротиба анҷом медиҳад.
Бори дигар такрор мекунам: Вақте ки ӯ мехоҳад таҳорат кунад шармгоҳашро мешӯяд ва бо матое ё монанди он мепечонад, то он даме ки хунравӣ кам шавад. Сипас таҳорат мекунад ва намози пешинро (чаҳор ракъат), асрро (чаҳор ракъат), намози шомро (се ракъат), хуфтанро (чаҳор ракъат) ва намози бомдодро (ду ракъат) мехонад. Ин маънои онро дорад, ки вай намозро кӯтоҳ намекунад, чунон ки баъзе аз мардум тасаввур мекунанд. Аммо бар ӯ ҷоиз аст, ки намози пешин ва аср ва шому хуфтанро ҷамъ намояд. Пешин ва асрро ба сурати таъхир (пешин ва асрро дар вақти аср) ё ба сурати тақдим (пешин ва асрро дар вақти пешин). Ҳамин тавр хуфтан ва шомро бо сурати ҷамъ ва таъхир (шом ва хуфтанро дар вақти хуфтан) адо кунад. Ва агар бо ҳамон таҳорат намози нафл бихонад боке надорад.
Ҳукми ҳузури зани ҳоиз дар Масҷидулҳаром барои шунидани ҳадисҳо ва хутбаҳо чист?
Истодани зани ҳоиз дар Масҷидулҳаром ё дигар масҷидҳо ҷоиз нест. Аммо ҷоиз аст, ки аз даруни масҷид гузарад ва чизе аз онҷо лозим бошад бигирад. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро фармуд, ки ҷойнамозро биёрад. Ӯ гуфт, ҷойнамоз дар масҷид аст ва ман ҳайз дидаам. Фармуданд: "Ҳайзи ту дар дасти ту нест". Агар зани ҳоиз аз даруни масҷид гузарад ва аз рехтани хун дар масҷид эмин бошад, гуноҳе бар ӯ нест.
Аммо агар хоҳад дохил шавад ва биншинад, ин ҷоиз нест.
Ба далели ин ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар намози ид занонро амр кардааст, ки ба ҷои намози ид бираванд (ҷавонзанон, парданишинон ва заноне, ки дар одати моҳона ҳастанд). Аммо амр кард, ки занони ҳоиз аз намозгоҳ дуртар бошанд. Ин ба он далолат мекунад, ки нишастани зани ҳоиз барои шунидани хутба, дарс ва ҳадис дар масҷид ҷоиз нест.
*
Аз аҳкоми вузӯ дар намоз
Оё моеъе, ки аз зан мебарояд — хоҳ сафед ва хоҳ зард — пок аст ё наҷис? Оё барои он вузӯ гирифтан лозим аст, дар ҳоле ки пайваста мебарояд? Агар пайваста набошад ва байни баромаданаш фосила бошад, ҳукмаш чист? Бахусус, бештари занон, - аз ҷумла, занони босавод - онро рутубати табиӣ медонанд, ки барои он вузӯ гирифтан лозим нест?
Пас аз таҳқиқ ва баррасӣ ба назарам чунин менамояд, ки агар он моеъе, ки аз маҳбали зан берун меояд, аз масона набошад, балки аз бачадон берун ояд, он пок аст. Аммо ҳарчанд пок ҳам бошад, вузӯро мешиканад. Зеро барои шиканандаи вузӯ шарт нест, ки наҷис бошад. Масалан боде, ки аз пушт берун меояд, на вазн дорад ва на дида мешавад, вале вузӯро мешиканад.
Бар ин асос, агар дар ҳолати таҳорат доштани зан он моеъ барояд, таҳораташ мешиканад ва бояд таҳорати нав кунад.
Агар он ба таври мудовим бошад, вузӯро намешиканад, вале вақти фаро расидани намоз аз нав вузӯ мегирад. Ва ӯ метавонад дар ин вақт намози фарзӣ ва намозҳои нафлиро бихонад ва Қуръон тиловат кунад ва ҳар коре, ки барояш мубоҳ аст метавонад дар ин вақт анҷом диҳад. Чунон ки олимон дар бораи шахсе, ки гирифтори ихтилоли пешоб аст, ҳамин ҳукмро гуфтаанд. Ин ҳукм аз ҷиҳати таҳорат аст, ки ин моеъ пок аст. Аммо аз ҷиҳати ботил шудани таҳорат, баромадани он таҳоратро мешиканад, магар ин ки пайваста ва пай дар пай бошад. Агар пайваста бошад таҳоратро фосид намекунад, аммо зан бояд барои ҳар намоз баъд аз фаро расидани вақташ таҳорат кунад ва бо эҳтиёт бошад ва ҷои онро бибандад.
Аммо агар байни баромадани моеъ фосила бошад ва одатан дар вақтҳои намоз қатъ шавад, намозро то вақти қатъ шуданаш ба таъхир гузорад. Албатта, агар тарси гузаштани вақти намоз вуҷуд надошта бошад. Агар битарсад, ки вақти намоз тамом мешавад, бояд таҳорат кунад ва маҳалли онро бибандад ва намоз гузорад.
Дар ин бора байни миқдори кам ва зиёд фарқе нест. Зеро ҳамааш аз шармгоҳ берун меояд. Пас хоҳ кам бошад ё зиёд таҳоратро ботил мекунад. Бар хилофи он чизе, ки аз бақияи бадан мебарояд, монанди хун ва қайкунӣ, ки таҳоратро ботил намекунад, хоҳ миқдори кам бошад ё зиёд.
Аммо дар мавриди эътиқоди баъзе аз занон, ки таҳоратро фосид намекунад, ман ҳеҷ асл ва асосе дар ин бора намедонам, магар ин гуфтаи Ибни Ҳазм (раҳимаҳуллоҳ), ки мегӯяд, "Ин таҳоратро фосид намекунад." Аммо ӯ дар ин бора ягон далеле наовардааст. Агар аз Қуръон, Суннат ё гуфтаҳои саҳобаҳо далеле медошт, қатъан далели кофӣ мебуд.
Зан бояд аз Худованд битарсад ва покии худро нигоҳ дорад. Зеро намоз бе таҳорат қабул намегардад, агар сад бор ҳам намоз бихонад, балки баъзе аз олимон мегӯянд, ҳар ки бетаҳорат намоз хонад, кофир мешавад, зеро ин як навъ масхара кардани оёти Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст.
Агар зане, ки пайваста аз ӯ ин моеъ мебарояд, барои намози фарзӣ таҳорат кунад. Оё барои ӯ ҷоиз аст, ки пас аз намози фарз ба қадри хоҳиши худ намози нафлӣ ё Қуръон то фаро расидани вақти намози фарзи дигар бихонад?
Агар зан барои намози фарзӣ аз аввали вақташ таҳорат кунад, метавонад ҳар қадар хоҳад намози фарз ва нафл хонад ва то фаро расидани вақти намози баъдӣ Қуръон бихонад.
Оё барои он зан ҷоиз аст, ки бо таҳорати намози бомдод, намози зуҳоро (чошт) ҳам бихонад?
Ин дуруст нест, зеро намози зуҳо дорои вақти муайян аст ва таҳорат барои он баъд аз фарорасии вақташ гирифта мешавад. Зеро ӯ монанди зани дар ҳолати истиҳоза буда, аст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зани дар ҳолати истиҳоза бударо амр кардааст, ки барои ҳар намоз таҳорат кунад.
Ва вақти намози пешин аз заволи офтоб то вақти намози аср аст.
Вақти намози аср аз поёни вақти намози пешин то зард шудани офтоб ва вақти зарурати он то ғуруби офтоб аст.
Вақти намози шом аз ғуруби офтоб то аз байн рафтани шафақи сурх аст.
Вақти намози хуфтан аз нопадид шудани шафақи сурх то нимашаб аст.
Оё барои ин зан ҷоиз аст, ки бо таҳорати намози хуфтан баъд аз нимашаб, намози шаб бихонад?
На, агар нисфи шаб гузашта бошад, бояд таҳораташро нав кунад. Инчунин гуфтаанд, ки ба таҷдиди таҳорат ниёзе надорад, ки ин назар дурусттар аст.
Охири намози хуфтан кай аст? Ва чӣ тавр онро муайян кардан мумкин аст?
Охири вақти намози хуфтан нисфи шаб аст. Инро бо ду тақсим кардани вақти байни ғуруби офтоб ва тулуи субҳ муайяан кардан мумкин аст. Бо поён ёфтани нимаи аввали шаб вақти намози хуфтан ба охир мерасад. Нимаи дигари он вақт нест, балки ҳадди фосил байни намози хуфтан ва намози бомдод аст.
Агар зане, ки ин моеъ аз ӯ ба таври фосилавӣ берун меояд, таҳорат кунад ва баъд аз таҳорат кардан ва пеш аз намоз дубора он моеъ барояд, ӯ бояд чӣ кор кунад?
Агар баромадани моеъ дар ӯ фосилавӣ бошад, бояд мунтазири вақте шавад, ки он қатъ гардад. Аммо агар (баромадани моеъ) ҳолати муайяан надошта бошад, гоҳ берун меояд ва гоҳ намеояд, дар ин ҳолат баъд аз фаро расидани вақти намоз таҳорат мекунад ва намозашро мехонад ва чизе бар ӯ нест.
Агар аз он моеъ чизе бар бадан ё либос расад, чӣ кор кардан лозим аст?
Агар пок бошад, ҳеҷ коре бар ӯ лозим нест, аммо агар наҷис бошад, - яъне, моеъе, ки аз масона мебарояд - бояд онро бишӯяд.
Дар мавриди таҳорат аз ин моеъ, танҳо шустани узвҳои барои таҳорат истифодашаванда кифоя аст?
Бале, агар пок бошад, яъне моеъе, ки аз бачадон меояд, кифоя аст, на аз масона.
Сабаб чист, ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳадисе дар бораи ин ки ин моеъ таҳоратро мешиканад, наомадааст? Дар ҳоле, ки занони саҳоба ба гирифтани фатвоӣ динӣ дар ин масоил таваҷҷуҳи зиёд доштанд.
Зеро ин моеъ на аз ҳама занҳо мебарояд.
Агар зан ба сабаби надонистани ҳукм таҳорат накунад, ӯ бояд чӣ кор кунад?
Ӯ бояд ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва дар ин бора аз аҳли илм бипурсад.
Баъзеҳо назареро ба шумо нисбат медиҳанд, ки барои баромадани ин моеъ таҳорат лозим нест?
Шахсе, ки ин назарро ба ман нисбат медиҳад, ростгӯ нест. Ба назар мерасад, ки онҳо аз гуфтаи ман, ки "пок аст" чунин фаҳмидаанд, ки "таҳоратро намешиканад".
Ҳукми моеи тирае, ки аз зан як ё ду рӯз пеш аз ҳайз ё бештар ё камтар мебарояд, чист? Он метавонад ба шакли риштаи борики сиёҳ, қаҳваранг ё чизе монанди он бошад. Агар пас аз ҳайз пайдо шавад, ҳукмаш чист?
Агар ин аз муқаддимоти ҳайз бошад, ҳайз аст. Ва он одатан бо дарде, ки ҳамроҳи ҳайз меояд фаҳмида мешавад.
Аммо тирагии баъд аз ҳайз, бояд то аз байн рафтани он мунтазир шавад, зеро тирагии пайваста бо ҳайз, ҳайз аст. Бар асоси гуфтаи Оиша (разияллоҳу анҳо), ки мефармояд: Шитоб макунед, то ин ки моеи сафедро бубинед. Ва Аллоҳ донотар аст.
*
Аҳкоми ҳайз дар ҳаҷ ва умра
Зани ҳоиз ду ракъат намози эҳромро чӣ гуна мехонад? Оё барои зани ҳоиз такрор кардани оятҳои Қуръони Карим бо садои паст ҷоиз аст ё на?
Якум: Бояд бидонем, ки эҳром намози хоссе надорад. Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривояте ворид нашудааст, ки намози эҳромро барои умматаш муқаррар карда бошад, на бо сухан ва на бо амал ва на бо розигӣ.
Дувум: Зани ҳоиз, ки пеш аз дохил шудан ба эҳром ҳайз дидааст, метавонад ҳангоми ҳайз ба эҳром дохил шавад.
Аммо дар мавриди ин ки оё Қуръон хондан барояш ҷоиз аст ё на? Бале, зани ҳоиз иҷозат дорад, ки дар ҳолати зарурат ва ё сабаби хоссе Қуръон бихонад. Аммо агар барои хондани он сабаби хоссе вуҷуд надошта бошад, танҳо барои ибодат ва тақарруб ба Аллоҳ хонданӣ бошад, беҳтар он аст, ки нахонад.
Зане ба ҳаҷ рафт ва баъд аз панҷ рӯзи рафтанаш ҳайзаш оғоз шуд. Пас аз расидан ба миқот ғусл кард ва эҳром кард, ҳарчанд ҳанӯз аз ҳайз пок нашуда буд. Пас аз расидан ба Маккаи Мукаррама берун аз Ҳарам монд ва ҳеҷ фаризаи ҳаҷ ва умраро анҷом надод. Сипас ду рӯз дар Мино монд, сипас пок шуда, ғусл намуд ва ҳама маносики умраро дар ҳолати покӣ анҷом дод. Ҳангоми адои тавофи ифоза (тавофи ҳаҷ) хунравӣ аз сар гирифт. Аммо ӯ аз рӯи хиҷолат ва ҳаё маносики ҳаҷро комил анҷом дод ва касеро хабар накард. Баъд аз он ки ба сарзамини худ баргаштанд, сарпарасташро аз ин кор хабар кард. Ҳукми ин чист?
Ҳукм дар ин ҳолат чунин аст: Агар хуне, ки дар тавофи ифоза омадааст, ҳайз бошад, ки онро бар асоси дард ва табиаташ мешиносад, тавофи ифоза ботил аст. Ӯ бояд ба Макка баргардад ва тавофи ифозаро анҷом диҳад. Аз миқот барои умра эҳром мекунад.Тавоф ва саъйи умраро анҷом дода, мӯяшро кӯтоҳ мекунад, сипас тавофи ифоза мекунад.
Аммо агар ин хун хуни ҳайз набошад, балки хуни табиӣ ва маъмулӣ бошад, ки ба сабаби издиҳоми шадид ё тарс ё чизе ба ин монанд баромада бошад, дар ин ҳолат тавофи ӯ назди олимоне, ки таҳоратро дар тавоф шарт намедонанд, дуруст аст.
Агар дар ҳолати аввал, натавонад, ки баргардад, тавре ки дар кишвари дур бошад, ҳаҷҷи ӯ дуруст аст, зеро ӯ наметавонад аз он чи кардааст, бештар анҷом диҳад.
Зане, ки бо эҳроми умра ба Макка даромад, вале бо расидан ба Макка ҳайз шуд, маҳрамаш маҷбур шуд, ки фавран сафар кунад ва дар Макка касе надошт. Ҳукмаш чист?
Ҳамроҳи маҳрамаш сафар мекунад, вале дар эҳромаш боқӣ мемонад ва ҳарвақт пок шуд, баргашта умраашро анҷом медиҳад. Ин дар суратест, ки ӯ дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ кунад, зеро бозгаштан барояш осон аст ва саъю кӯшиш, шиноснома ва ғайраро талаб намекунад.
Аммо агар сокини дигар кишвар бошад ва бозгашташ душвор бошад, бояд ҷои хун мебаромадагиро маҳкам бибандад ва тавофу саъй карда мӯяшро кӯтоҳ кунад ва умраашро дар ҳамон сафар анҷом диҳад. Чунки тавофи ӯ дар ин ҳолат зарурат аст ва зарурат боиси раво гардидани мамнуъ мешавад.
Ҳукми зани мусалмоне, ки дар вақти ҳаҷ ҳайз бинад, оё ин ҳаҷи ӯ дуруст аст?
То маълум нашавад, ки кай ҳайз дидааст, ба ин савол ҷавоб дода намешавад. Зеро баъзе аз маносики ҳаҷ дар вақти ҳайз анҷом доданаш мамнуъ нест ва баъзеи дигараш мамнуъ аст. Анҷом додани тавоф танҳо дар ҳолати пок буданаш ҷоиз аст, дар ҳоле, ки дигар маносики ҳаҷро метавонад дар ҳолати ҳайз буданаш анҷом диҳад.
Ман соли гузашта ҳаҷ кардам, ҳама маносики ҳаҷро ба ҷо овардам, магар тавофи ифоза ва тавофи видоъ, ки бо сабаби узри шаръӣ анҷом дода натавонистам. Ба хонаи худ дар Мадина баргаштам ва умедвор будам, ки рӯзе бармегардам Макка ва тавофи ифоза ва видоъро анҷом медиҳам. Аммо бо далели надонистани масоили динӣ, ба таври комил аз эҳром берун омадам ва ҳар кореро, ки дар эҳром ҳаром аст, анҷом додам. Дар бораи баргаштан барои анҷоми тавоф пурсидам, гуфтанд: Тавоф кардан барои ту дуруст нест, зеро ту онро ботил кардаи ва бояд ҳаҷро аз нав анҷом диҳӣ. Яъне, соли оянда ҳаҷ бикун ва дар баробари он як гов ё як шутур забҳ бикун. Оё ин дуруст аст? Оё роҳи ҳалли дигаре ҳаст? Ва он чист? Оё ҳаҷҷи ман ботил шудааст? Оё ман бояд ҳаҷро аз нав анҷом диҳам? Лутфан бигӯед чӣ кор кунам? Худованд шуморо баракат диҳад.
Ин ҳам аз ҷумлаи балоҳое аст, ки аз додани фатвои бидуни илм ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат шумо бояд ба Макка баргардед ва танҳо тавофи ифозаро анҷом диҳед.
Аммо тавофи видоъ бароят лозим нест, зеро ҳангоми аз Макка берун шуданат ҳайз будӣ ва тавофи видоъ барои ҳоиз воҷиб нест. Бар асоси ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу), ки мегӯяд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум фармудааст, охирин корашон дар Макка тавофи Каъба аст, магар ин ки барои занони ҳоиз дар ин амр сабукӣ дода шуд. Ва дар ривояти Абудовуд омадааст, ки охирин корашон назди хонаи Каъба тавоф бошад. Ва ба далели ин ки чун Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хабар дода шуд, ки Сафия тавофи ифозаро анҷом додааст, фармуд: "Пас (барои баргашт) ба роҳ афтад." Ин ба он далолат мекунад, ки тавофи видоъ аз зани ҳоиз соқит мешавад.
Аммо тавофи ифозаро ҳатман бояд анҷом диҳӣ. Ва агар аз сабаби нодонӣ аз эҳром берун шуда бошӣ, боке надорад. Зеро инсон агар ба сабаби нодонӣ чизе аз мамнуоти эҳромро анҷом диҳад, чизе бар уҳдаи ӯ нест. Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Парвардигоро, агар фаромӯш ё хато кардем, моро бозхост макун.) (Сураи Бақара, ояти 286). Аллоҳ Таъоло дар посух фармуд: " Ман чунин кардам." Ва ҷои дигар мефармояд: (Дар мавриди он чи [қаблан] иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест; вале он чи дилҳоятон қасди онро дорад [ва амдан бар забон меоваред, гуноҳ аст; ) (Сураи Аҳзоб, ояти 5). Бинобар ин, агар шахс дар ҳолати эҳром, ба сабаби надонистан, фаромӯшӣ ё маҷбурӣ чизе аз мамнуоти эҳромро анҷом диҳад, чизе бар уҳдаи ӯ нест. Аммо ҳаргоҳ узри ӯ бартараф шуд, бояд аз он чи анҷом медиҳад, даст бикашад.
Зане, ки дар рӯзи Тарвия (аввали рӯзҳои ҳаҷ) нифосаш оғоз шавад, рукнҳои ҳаҷро ба ҷуз тавоф ва саъй анҷом диҳад, вале баъд аз даҳ рӯз пай барад, ки аз нифос пок шудааст. Оё худро пок ҳисобад ва ғусл карда рукни боқимондаи ҳаҷро, ки тавофи ифоза аст, анҷом диҳад?
То ба покии худ итминон ҳосил накунад, ғусл кардану тавоф карданаш ҷоиз нест. Аммо тавре ки аз ин суол фаҳмида мешавад, ӯ комилан ба пок шуданаш мутмаин нест. Аз ин рӯ, ӯ бояд мунтазири пурра пок шуданаш шавад. Ҳар вақт пок шуд, ғусл кунад ва тавофу саъйро анҷом диҳад.
Ва агар пеш аз тавоф саъй кунад, боке надорад. Зеро дар ҳаҷ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи касе, ки пеш аз тавоф саъй мекунад, пурсида шуд ва фармуданд: "Ишколе надорад".
Зане аз миқотгоҳи "Ас-сайл" дар ҳоле ки ҳайз буд барои ҳаҷ ба эҳром даромад. Вақте ба Макка расид барои коре ба Ҷидда рафт. Ӯ дар Ҷидда пок шуд, ғусл кард, мӯяшро шона кард, сипас ҳаҷҷашро ба итмом расонд. Оё ҳаҷҷи ӯ дуруст аст? Ва оё анҷоми коре барои ӯ лозим аст?
Ҳаҷҷи ӯ дуруст аст ва чизе бар уҳдаи ӯ нест.
Ман барои адои умра рафтам ва дар ҳоле ки аз миқот мегузаштам ҳайз будам ва ба эҳром надаромадам ва дар Макка мондам то ин ки пок шудам ва аз Макка ба эҳром даромадам, оё ин ҷоиз аст? Ман бояд чӣ кор кунам? Оё бар ман чизе воҷиб аст?
Ин кор дуруст нест ва зане, ки қасди умра дорад барояш ҷоиз нест, ки бе ворид шудан ба эҳром аз миқот гузарад, ҳатто агар дар ҳолати ҳайз ҳам бошад. Дар ҳолати ҳайз метавонад ба эҳром дарояд ва эҳромаш дуруст аст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки Асмо бинти Умайс ҳамсари Абубакр (разияллоҳу анҳумо) дар ҳоле ки таваллуд кард ва дар ҳолати нифос буд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар Зил-Ҳулайфа буд ва қасди ҳаҷҷи видоъро дошт. Бинобар ин, касеро ба назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва гуфт: чӣ кор кунам? Фармуданд: " Ғусл кун ва бо порчае (маҳалли баромади хунро) бибанд ва ба эҳром даро". Хуни ҳайз монанди хуни нифос аст.
Пас ба зане, ки ҳайз дорад, ҳангоми аз Миқот бо нияти ҳаҷ ё умра мегузарад, мегӯем: Ғусл кун ва бо порчае (маҳалли баромади хунро) бибанд ва ба эҳром даро. Истисфор, ки дар ҳадис омадааст, маънояш ин аст, ки шармгоҳи худро бо порчае мебандад, сипас ба эҳром медарояд хоҳ барои ҳаҷ бошад ё умра. Аммо агар ба эҳром даромад ва ба Макка расид, то пок шуданаш ба хонаи Каъба намеравад ва тавоф намекунад (пас аз пок шудан рафта тавоф мекунад). Барои ҳамин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки Оиша (разияллоҳу анҳо) дар умра ҳайз дид, фармуданд: "Он чизеро, ки ҳоҷӣ анҷом медиҳад, анҷом бидеҳ, магар ин ки то пок шуданат хона (Каъба)-ро тавоф макун". Ин ривояти Бухорӣ ва Муслим аст. Ва дар "Саҳеҳ Бухорӣ" низ Оиша (разияллоҳу анҳо) зикр кардааст, ки чун пок шуд, тавофи хона ва саъй байни Сафо ва Марваро анҷом дод. Ин ба он далолат мекунад, ки агар зан дар ҳолати ҳайз барои ҳаҷ ё умра ба эҳром даромад ва ё пеш аз тавоф ҳайзаш оғоз ёфт, набояд тавоф ва саъй кунад, то ин ки пок шавад ва ғусл кунад.
Аммо агар дар ҳолати покӣ тавоф кунад ва пас аз анҷоми тавоф ҳайзаш оғоз шавад, идома медиҳад ва саъйро анҷом медиҳад, гарчанде дар ҳолати ҳайз ҳам бошад. Мӯйҳояшро кӯтоҳ карда, умраашро ба итмом мерасонад. Зеро дар саъй байни Сафо ва Марва доштани таҳорат шарт нест.
Ман ҳамроҳи ҳамсарам аз Янбуъ барои адои умра омадем, вале чун ба Ҷидда расидем ҳамсарам ҳайз шуд, ман умраро танҳо ва бе ҳамсарам анҷом додам. Дар бораи ҳамсарам ҳукм чист?
Ҳукм дар бораи ҳамсарат ин аст, ки то пок шуданаш мунтазир шавад, сипас умра кунад. Зеро, вақте ки Сафия (разияллоҳу анҳо) ҳайз шуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: " Оё ӯ моро нигоҳ медорад?" Гуфтанд: Ӯ тавофи ифоза кардааст. Фармуданд: "Пас (барои баргашт) ба роҳ афтад." Ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) "Оё ӯ моро нигоҳ медорад", далели он аст, ки зан - агар пеш аз тавофи ифоза ҳайз шавад - воҷиб аст, ки то пок шуданаш мунтазир шавад, сипас тавоф кунад.
Тавофи умра ҳам монанди тавофи ифоза аст, зеро он рукне аз аркони умра аст. Пас агар зани умракунанда пеш аз тавоф ҳайз шавад, бояд то пок шуданаш мунтазир шавад сипас тавоф кунад.
Оё Масъо (ҷои саъй байни Сафо ва Марва) аз ҷумлаи ҳарам аст? Оё зани ҳоиз метавонад ба он наздик шавад? Оё барои касе, ки аз тарафи Масъо дохили ҳарам мешавад, хондани таҳияи масҷид воҷиб аст?
Чунин ба назар мерасад, ки Масъо ҷузъе аз масҷид нест, бинобар ин, байни масҷид ва Масъо девори ҷудокунанда гузоштаанд, гарчанде девори кӯтоҳ аст, аммо бешак он барои мардум беҳтар аст. Агар Масъо ба масҷид дохил мешуд ва як қисми он мебуд, зане, ки дар миёни тавоф ва саъй ҳайз мешуд, аз анҷоми саъй манъ карда мешуд.
Фатвои ман ин аст, ки агар зан баъд аз тавоф ва пеш аз саъй ҳайз шавад, саъяшро анҷом медиҳад, зеро Масъо ҷузъе аз масҷид нест.
Аммо таҳияи масҷид, метавон гуфт: Агар шахсе пас аз тавоф саъй кунад ва сипас ба масҷид баргардад онро адо мекунад, агар таҳияи масҷидро тарк кунад, гуноҳе бар ӯ нест. Ва беҳтар он аст, ки аз фурсат истифода карда, ду ракъат намоз бихонад, бо назардошти фазилати намоз дар ин макон.
Ҳаҷ кардам ва дар ин вақт ҳайз шудам, аз гуфтан ба касе шарм доштам. Ба Масҷидулҳаром даромадам, намоз хондам, тавоф ва саъй кардам. Бояд чӣ кор кунам? Ин ҳайз баъд аз нифос рух дода буд.
Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос қарор дорад чи дар Макка ё дар зодгоҳаш ва чи дар ҷои дигар, намоз хондан ҷоиз нест. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи занон фармудаанд: " Оё чунин нест, ки вақте ҳайз меояд намоз намехонад ва рӯза намегирад?" Ва мусалмонон бар ин иҷмоъ доранд, ки барои зани ҳоиз намоз хондан ва рӯза гирифтан ҷоиз нест.
Бинобар ин зане, ки ин корро кардааст, бояд ба даргоҳи Худованд тавба кунад ва барои амалҳои кардааш аз Худованд омурзиш бихоҳад.
Аммо тавофаш дар ҳолати ҳайз дуруст нест, вале саъяш дуруст аст. Зеро назари дуруст ин аст, ки тақдими саъй бар тавоф дар ҳаҷ дуруст аст. Бар асоси ин, ӯ бояд тавофро аз нав анҷом диҳад, зеро тавофи ифоза рукне аз аркони ҳаҷ аст ва таҳаллули дувуми эҳром бидуни он комил намешавад.
Бинобар ин, шавҳари ин зан -агар шавҳардор бошад - наметавонад бо ӯ ҳамхоба шавад, то ин ки тавоф кунад. Ва агар муҷаррад бошад, то тавоф накунад бо ӯ ақди никоҳ баста намешавад. Ва Аллоҳ Таъоло беҳтар медонад.
Агар зан дар рӯзи Арафа ҳайз бинад, бояд чӣ кор кунад?
Агар зан дар рӯзи Арафа ҳайз бинад, ба ҳаҷҷи худ идома медиҳад ва он чи ки дигарон мекунанд, анҷом медиҳад, магар ин ки тавофи хонаро баъд аз пок шуданаш анҷом медиҳад.
Агар зане баъд аз санг задани ҷамраи Ақаба ва пеш аз тавофи ифоза ҳайз бинад ва ӯ бо шавҳараш бо гурӯҳе ҳамроҳ бошанд, бояд чӣ кор кунад, дар ҳоле ки медонад баъд аз сафараш баргашта наметавонад?
Агар тавони баргаштан надошта бошад, худро муҳкам бибандад (ҷои баромади хунро), сипас тавофи ифозаро аз боби зарурат ва ночорӣ анҷом диҳад, ва чизе бар уҳдаи ӯ нест ва боқимонда амалҳои ҳаҷро ба итмом мерасонад.
Агар зане пеш аз чиҳил рӯз аз нифос пок шавад, оё ҳаҷҷи ӯ дуруст аст? Агар покиро набинад бояд чӣ кор кунад? Чунки ӯ нияти ҳаҷ кардааст.
Агар зан пеш аз чиҳил рӯз аз нифос пок шуд, ғусл мекунад ва намоз мехонад ва ҳар коре, ки занони пок анҷом медиҳанд, анҷом медиҳад, ҳатто тавоф, зеро нифос ҳадди ақал надорад.
Аммо агар покиро надид ҳам, ҳаҷҷаш дуруст аст, лекин то пок шуданаш тавофи хонаро накунад.
*
Related books
All books
Хулосаи муфид барои муаззин, имом, хатиб ва аҳкоми масҷидҳо47 забонХулосаи муфид барои муаззин, имом, хатиб ва аҳкоми масҷидҳо
Китоб дидгоҳи ҳамаҷонибаро дар бораи аҳкоми азон ва иқомат, имоматии намоз, хутбаи ҷумъа ва одоби масҷид пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, китоб вазифаҳои муаззинон, имомон ва хатибонро баррасӣ намуда, аҳамияти омӯхтани аҳкоми шаръии марбут ба ин вазифаҳоро барои таъмини иҷрои дурусти онҳо таъкид мекунад. Он инчунин матнҳои аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоятшударо ҳамроҳ бо шарҳи онҳо дар бар мегирад, то татбиқи дурусти онҳо таъмин гардад.
Рисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ28 забонРисолае дар бораи ҳукми сеҳру фолбинӣ
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз Худованд раҳмату мағфираташ кунад Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ҳукми ҷоду, фолбинӣ ва он чи ба онҳо марбут аст (1) (1) Қисме аз ин мақола дар ҷилди сеюми китоб "Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун" таҳти унвони: "Ҳукми ҷоду ва фолбинӣ ва масъалаҳои марбут ба он" нашр шудааст. Инчунин мақола пурра дар як нашрияе аз ҷониби Раёсат бо унвони: "Рисолае дар бораи ҳукми ҷоду ва фолбинӣ" нашр шуда, дар маҷаллаи "Ал-Ямама" ва маҷаллаи Таҳқиқоти исломӣ низ нашр шудааст. Шукру сипос Худованди ягона ва беҳамторо ва салому дуруд бар паёмбаре, ки баъд аз ӯ…
Маро кӣ ва барои чи офаридааст?75 забонМаро кӣ ва барои чи офаридааст?
Тамоми офариниш далолат бар вуҷуди Офаридгор мекунад. Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузурги бешумор, ки миёни ин ду вуҷуд дорад кӣ офаридааст? Ин низоми дақиқ ва мукаммал дар замину осмонро кӣ офаридааст? Кӣ инсонро офарид ва ба ӯ шунавоӣ, биноӣ ва ақл ато кард ва дар касби илм ва дарки ҳақоиқ тавоно сохт? Ин кори дақиқ дар системаи бадани худ ва дигар махлуқоти зиндаро чи гуна тавзеҳ медиҳед? Кӣ онро офаридааст? Чигуна ин олами бузург бо қавонине, ки муддати тӯлонӣ онро танзим мекунад мустақар ва пойдор аст?
Ислом89 забонИслом
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон Оё аз худ пурсидаед, ки: Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузург, ки дар замину осмонҳо ҳаст кӣ офаридааст? Ва чи касе ин низоми дақиқу муназзамро эҷод кардааст?