المختصر المفيد للمؤذن والإمام والخطيب وأحكام المساجد
كتاب "المختصر المفيد للمؤذن والإمام والخطيب وأحكام المساجد" يتناول مسؤوليات المؤذن والإمام والخطيب وأحكام الأذان والإقامة وصلاة الجمعة وأحكام المساجد. يوضح الكتاب تعريف الأذان والإقامة وحكمهما وفضلهما، كما يبين الصفات المطلوبة في المؤذن والشروط اللازمة لصحة الأذان والإقامة. بالإضافة إلى ذلك يستعرض الكتاب أحكام الإمامة، ومشروعيتها وفضلها، وشروط وصفات الإمام، مع التركيز على أهمية العلم والخلق في من يتولى هذه الوظيفة الشرعية.
Хулосаи муфид барои муаззин, имом, хатиб ва аҳкоми масҷидҳо
Кумитаи илмӣ вобастаи Ҷамъияти хидмат ба муҳтавои исломӣ ба забонҳо
Ҳамоно ситоиш аз они Аллоҳ аст, Ӯро ҳамду сано мегӯем, аз Ӯ ёри металабем ва аз Ӯ омурзиш мехоҳем. Аз шарри нафсҳои худ ва аз бадии аъмоли худ ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳкунандае барои ӯ нест, ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳидояткунандае барои ӯ нест. Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест, ягона ва бешарик аст, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, Дуруду саломи фаровони Аллоҳ бар ӯ ва бар олу асҳобаш ва бар касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ намуданд, бод.
Аммо баъд: Чун мардум ҳамеша ба ислоҳи аҳволи худ ниёзманданд, шариат барои ин кор омадааст. Аз ҷумлаи он, масоили марбут ба азон ва иқомат барои намоз, имоматии мардум дар он, хутбаи ҷумъа ва аҳкоми масҷидҳо мебошад. Бинобар ин, масъулияти муаззини масҷид, имом ва хатиби ҷумъа масъулияти бузургест, ба ҳамин хотир мо талош варзидем, ки китоберо бо унвони "Мухтасари муфид барои муаззин, имом, хатиб ва аҳкоми масоҷид" омода созем ва онро ба чандин забонҳо тарҷума намоем.
Мабҳаси якум: Аҳкоми азон ва иқомат
Азон шиори Ислом ва мусалмонон аст, ки дар ҳар шабонарӯз панҷ маротиба нидо карда мешавад. Олимон дар китобҳои худ ба азон, суннатҳо, аҳком, мустаҳаббот ва ботилкунандаҳои он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаанд, ки ин танҳо ба хотири аҳамият ва шарафи бузурги ин ибодат аст [1]. (1) Нигаред: Фатҳ ул-Мунъим шарҳи Саҳеҳи Муслим: (2/460).
Матлаби аввал: Таърифи азон ва иқомат
Азон дар шариат: Эълон кардани дохил шудани вақти намоз бо алфози маълуми махсус ва машрӯъ [2]. (2) Ниг.: Ал-Муғнӣ, Ибни Қудома (1/292), ва Мухтору-с-сиҳоҳ (16) - моддаи А-З-Н, Азон ва иқомат-и Қаҳтонӣ (5).
Иқома дар шариат: Эълони бархостан ба намоз, бо зикри махсуси машруъ [3]. [3] Ниг.: Кашшоф-ул-қиноъ (1/230).
Матлаби дувум: Ҳукми азон ва иқомат
Азон ва иқомат бо Қуръону Суннат ва Иҷмоъ машрӯъ ҳастанд:
Қуръони Карим: Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ин афрод касоне ҳастанд, ки] вақте [тавассути азон мардумро] ба намоз мехонед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намеандешанд) (Сураи Моида: 58).
Аммо Суннат: Аҳодиси зиёде бар машрӯъияти азон ва иқомат далолат кардааст, аз ҷумла:
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Вақте мусалмонон ба Мадина омаданд, барои намоз ҷамъ мешуданд ва вақти онро интизорӣ мекашиданд. Барои намоз нидое (азоне) набуд. Рӯзе дар ин бора суҳбат карданд. Баъзе аз онҳо гуфтанд: "Монанди ноқуси насрониён ноқусе бигиред". Баъзеи дигар гуфтанд: "Балки монанди карнайи яҳудиён карнайе бигиред". Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: "Оё мардеро намефиристед, ки барои намоз нидо кунад?" Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Эй Билол, бархез ва барои намоз нидо кун" [4]. [4] Ривояти Бухорӣ, рақами (604), Муслим, рақами (377).
Аммо иҷмоъ: Уммати бар машрӯъияти он ду барои намозҳои панҷгона иттифоқ кардаанд:
Имом Ибни Қудомаи Мақдисӣ мефармояд: Уммат иттифоқ кардааст, ки азон барои намозҳои панҷгона машрӯъ аст[5]. [5] Ал-Муғнӣ (1/293).
Азон ва иқомат дар ҳаққи мардон, чӣ дар ватан ва чӣ дар сафар, барои намозҳои панҷвақта, на барои ғайри он, аз ҷумлаи фарзҳои кифоя аст, ба далели ҳадиси Молик ибни Ҳувайрис (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо фармуд: "Ҳаргоҳ вақти намоз фаро расид, яке аз шумо азон гӯяд ва бузургтари шумо имом шавад" (6). (6) Ривояти Бухорӣ, рақами (628), Муслим, рақами (674).
Азбаски он ду аз ҷумлаи шиорҳои ошкори Ислом ҳастанд, тарк кардани онҳо ҷоиз нест.
Аммо барои занон азон ва иқомат гуфтан раво нест, хоҳ зан танҳо намоз гузорад ё имоми дигар занони бошад [7]. [7] Шарҳи Умда-и Ибни Таймия - Китоби намоз (101).
Матлаби севум: Фазилати азон ва иқомат
Дар бораи фазилати азон ва муаззинон ривоятҳои зиёде ворид шудааст, аз он ҷумла фазилатҳои зерин:
Муаззин аз ҷумлаи даъваткунандагон ба сӯи Аллоҳ аст ва ӯ аз некӯтарин мардум дар гуфтор аст. Худованди Мутаъол мефармояд: (Кист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ Таъоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастам»?) (Сураи Фуссилат: 33).
Муаззинҳо дар рӯзи қиёмат гарданфарозтарин мардум хоҳанд буд. Аз Муъовия (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: "Муаззинҳо дар рӯзи қиёмат гарданфарозтарин мардуманд". (8) (8) Ривояти Муслим, рақами (387)
Азон ва иқомат шайтонро меронанд, аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чун барои намоз азон гуфта шавад, шайтон бодсароӣкунон пушт гардонда мегурезад, то азонро нашунавад. Вақте азон тамом шуд, бармегардад. Вақте ки барои намоз иқомат гуфта шавад, боз пушт мегардонад. Вақте иқомат тамом шуд, бармегардад, то миёни инсон ва нафсаш даромада, васваса кунад ва мегӯяд: «Фaлон чизро ба ёд ор ва фалон чизро ба ёд ор», чизҳоеро, ки пеш аз ин ба ёд надошт, то ба ҷое ки шахс намедонад чанд ракъат намоз гузоридааст". (9) [9] Ривояти Бухорӣ рақами (1222), Муслим рақами (389).
Ҳар чизе, ки садои азонро мешунавад, барои муаззин шаҳодат медиҳад, аз Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Ансорӣ ривоят аст, ки Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ба ӯ гуфт: «Ман мебинам, ки ту гӯсфандон ва саҳроро дӯст медорӣ, пас ҳар гоҳ дар миёни гӯсфандонат ё дар саҳроят будӣ ва барои намоз азон гуфтӣ, овозатро баланд бардор, зеро: "Садои муаззинро то ҷое, ки мерасад, ҳеҷ ҷинну инс ва ҳеҷ чизе намешунавад, магар ин ки рӯзи қиёмат ба нафъи ӯ гувоҳӣ медиҳад". Абусаъид гуфт: "Инро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шунидам" [10]. [10] Ривояти Бухорӣ рақами (609).
Агар мардум фазилати азонро ба таври ҳақиқӣ медонистанд, барои он қуръакашӣ мекарданд, яъне, дар байни худ қуръа меандохтанд, то кадоме аз онҳо азон гӯяд . Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Агар мардум фазилати азонро ба таври ҳақиқӣ медонистанд, ҳатман барояш қуръа меандохтанд, , зеро аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Агар мардум медонистанд, ки дар нидо (яъне азон) ва сафи аввал чӣ (подоше) аст, сипас барои (ба даст овардани) он роҳе ҷуз қуръакашӣ намеёфтанд, ҳатман қуръакашӣ мекарданд. (11) [11] Ривояти Бухорӣ рақами (615), Муслим рақами (437).
Муаззин то ҷое, ки садояш мерасад, омурзида мешавад ва ҳар тару хушке, ки ӯро мешунавад, тасдиқаш мекунад ва барои ӯ мисли аҷри касонест, ки ҳамроҳаш намоз мегузоранд, зеро далолаткунанда ба кори хайр монанди анҷомдиҳандаи он аст. Аз Баро ибни Озиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамоно Худованд ва фариштагонаш бар сафи аввал дуруд мефиристанд. Муаззин ба андозаи расидани овозаш омурзида мешавад, ҳар тару хушке, ки овози ӯро мешунавад, ӯро тасдиқ мекунад ва барои ӯ монанди аҷри касонест, ки ҳамроҳаш намоз гузоридаанд". (12) [12] Ривояти Аҳмад, рақами (18506), Насоӣ, рақами (646). Мунзирӣ дар «Ат-Тарғиб ва-т-тарҳиб» (1/176) гуфтааст: Иснодаш ҳасани ҷаййид аст. Ибни Мулаққин дар «Ал-Бадр-ул-мунир» (3/385) гуфтааст: Иснодаш ҷаййид аст.
Азон яке аз бузургтарин шиорҳои ислом ва ҷудокунанда байни дор-ул-куфр ва дор-ул-ислом аст, чунончи Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ боберо бо унвони "Боби ҳифзи хунҳо ба василаи азон" номгузори карда, сипас ҳадиси Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу)-ро ривоят кардааст: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ бо мо ба ҷанги қавме мерафт, то субҳ дамидан ва мушоҳида кардан, намеҷангид. Агар азон мешунид, аз онҳо даст мекашид, ва агар азон намешунид, ба онҳо ҳамла мекард"[13]. (13) Ривояти Бухорӣ, рақами (610), Муслим рақами (382).
Имом Хаттобӣ гуфтааст: "Дар ин ҳадис баёни он аст, ки азон шиори дини Ислом аст ва он амри воҷибест, ки таркаш ҷоиз нест. Агар аҳли шаҳре бар тарки азон иттифоқ карда, аз он саркашӣ кунанд, султон ҳақ дорад, ки барои он бо онҳо биҷангад"[14]. (14) Аълому-л-ҳадис Шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, (1/ 460).
Матлаби чаҳорум: Шартҳои сиҳҳати азон ва иқомат
1- Ислом: Азон ва иқомат аз кофир пазируфта намешавад, зеро он ду ибодат ҳастанд ва ибодат аз кофир пазируфта намешавад.
2. Ақл: Азон ва иқомат аз девона, маст ва кӯдаки ғайри мумаййиз дуруст нест, монанди дигар ибодатҳо.
3. Ният: Азон ва иқомат бе ният саҳеҳ намешаванд, зеро он ду ибодат ҳастанд ва ибодат ҷуз бе ният саҳеҳ намешавад, ба далели ин фармудаи Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Ҳамоно амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва барои ҳар шахс он чизест, ки ният кардааст". (15) [15] Ривояти Бухорӣ, рақами (1), Муслим, рақами (1907), аз ҳадиси Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу).
4- Мард будан: Азони зан ва иқоматаш дуруст нест.
5- Азон бояд дар вақти намоз бошад: пеш аз фаро расидани вақташ саҳеҳ нест; ба далели ҳадиси Молик ибни Ҳувайрис (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "... Ҳаргоҳ вақти намоз фаро расид, яке аз шумо азон гӯяд ва бузургсолтарини шумо имом шавад" [16], Амри азонро ба фаро расидани вақти намоз вобаста намудааст ва фаро расидани он танҳо баъд аз дохил шудани вақташ мебошад. Иқомат дар вақти иродаи барпо кардани намоз мебошад. [16] Ривояти Бухорӣ, рақами (628), Муслим, рақами (674).
6. Тартибро дар азон ва иқомат риоя кардан: Манзур аз тартиб ин аст, ки муаззин алфози азон ва иқомаро мувофиқи нусуси шаръӣ, ки дар баёни сифати азон ва иқомат омадааст, бидуни пеш ё пас кардани ягон калима ё ҷумла бар дигаре адо намояд. Зеро азон ибодатест, ки бо ҳамин тартиб собит шудааст, пас воҷиб аст ҳамон гуна ки ворид шудааст, адо карда шавад, ба далели ин гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст" (17) (17) Ривояти Бухорӣ, рақами (2697), Муслим, рақами (1718) аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо).
7. Азон ва иқомат бояд пай дар пай бошанд: Мақсад аз пайвастагӣ (муволот) ин аст, ки калимаҳои азон - иқомат низ - паиҳам ва бидуни фосила андохтан бо гуфтор ё кирдоре гуфта шавад ва қисматҳои он аз якдигар бо фосилаи тӯлонӣ ҷудо карда нашаванд.
8. Азон ва ҳамчунин иқомат бояд ба забони арабӣ ва бо лафзҳое, ки дар Суннат омадааст, гуфта шавад ва аз хатои лаҳние, ки маъноро тағйир медиад, солим бошад.
9. Бо овози баланд гуфтани азон: Зеро агар муаззин овозашро паст кунад, ба тавре ки танҳо худаш бишнавад, мақсад аз машрӯъияти азон ҳосил намешавад, ба далели ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Яке аз шумо бароятон азон бигӯяд" [18] Ин ба баланд кардани овоз ишора мекунад, то дигаронро шунавонад ва бо ин шунидани мавриди назар барои эълом кардан ҳосил мешавад. Агар барои худаш ё барои каси ҳамроҳаш азон гӯяд, баланд кардани овоз шарт нест, лекин овозашро ба андозае баланд мекунад, ки худашро шунавонад ё ҳамроҳаш ӯро бишнавад, вале агар овозашро аз ин зиёдтар баланд кунад, беҳтар аст, ба далели ҳадиси Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "... чун ҳамроҳи гӯсфандонат ё дар бодия будӣ ва азон гуфтӣ, садои худро дар азон гуфтан баланд кун, зеро ҳар ҷинну инс ва ҳар чизе, ки садои муаззинро то ҷое, ки мерасад, бишнавад, рӯзи қиёмат ба нафъи ӯ гувоҳӣ медиҳад" (19) (18) Тахриҷаш гузашт. (19) Тахриҷаш гузашт.
Матлаби панҷум: Сифатҳои матлуб дар муаззин
1- Бояд ба адолат ва росткорӣ маъруф бошад, зеро Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Имом зомин (кафил) ва муаззин амонатдор аст. Эй Аллоҳ, имомонро ҳидоят кун ва муаззинонро биёмӯрз". [20] Муаззин бар вақти намоз ва рӯза амин аст ва амонатро ҷуз шахси одил адо намекунад. Бинобар ин, муаззин набояд фосиқ ё ошкоро гуноҳкунанда ё бемурувват бошад. (20) Ривояти Абудовуд, рақами (517), Тирмизӣ рақами (207).
2 - Болиғ будан, зеро азони шахси болиғ комилтар аст. Азони писарбачаи фарқкунанда (муммайиз) низ дуруст аст, модоме ки дар вақташ азон гӯяд. Ҳар гоҳ азон гӯяд, азонаш кифоя аст, зеро бо он эъломи даромадани вақт ҳосил мешавад.
3- Огоҳ будан аз вақтҳо; то онҳоро таҳаррӣ (дақиқ) намояд ва дар аввали он азон гӯяд, зеро агар аз вақтҳои намозҳо огоҳ набошад, аз ғалат ва хато эмин намемонад.
4- Баландовоз будан; ба далели ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар бораи рӯъёи азон, ки дар он Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуданд: "Ҳамоно, ин хоби ҳақ аст, бо Билол бархез, зеро садои ӯ аз ту форамтар ва баландтар аст. Пас, он чиро, ки ба ту гуфта шуд, ба ӯ биёмӯз ва бояд бо он нидо кунад". (21), Маъноӣ: "Ва садояш аз ту расотар (баландтар) аст". Яъне: Садои ӯ аз садои ту баландтар ва расотар аст. Ин далел бар мустаҳаб будани интихоби муаззини баландовоз аст, зеро овози баланд дар расонидани азон расотар аст. [22]. [21] Ривояти Тирмизӣ, рақами (189), Ӯ мегӯяд: "Ин ҳадис ҳасан саҳеҳ аст". (22) Ниг.: Туҳфат-ул-Аҳвазӣ (1/481).
5- Садои хуб доштани муаззин, ба далели гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) зикр шуд: "Зеро садои ӯ аз садои ту форамтар ва расотар аст". Яъне: форамтар ва ширинсадотар.
6- Аз ҳадаси хурду бузург пок бошад (вузӯ), зеро азон ва иқомат зикри Худованди Мутаъол аст ва мустаҳаб аст, ки зикркунанда бо вузӯ бошад.
7- Рост истода азон гуфтан, бинобар сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: "Эй Билол! Бархез ва барои намоз нидо кун". (23), Ибни Мунзир мегӯяд: "Иттифоқ кардаанд, ки истода азон гуфтани муаззин аз суннат аст"[24]. [23] Ривояти Бухорӣ, рақами (604), Муслим, рақами (377), аз ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо). (24) (Ал-Иҷмоъ, Ибни Мунзир: саҳ. 38).
8 - Рӯ ба қибла истода азон гуфтан; зеро дар яке аз ривоятҳои ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар бораи хоби азон чунин омадааст, ки гуфт: " Рӯ ба қибла кард ва гуфт: "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар..."[25], Ибни Мунзир мегӯяд: "Иттифоқ кардаанд, ки ҳангоми азон рӯ ба қибла кардан аз суннат аст"[26]. (25) Ривояти Абудовуд, рақами (507). [26] Ал-Иҷмоъ, Ибни Мунзир: (38).
9- Гузоштани ду ангушти саббобааш дар гӯшҳояш; ба хотири амали Билол (разияллоҳу анҳу) вақти азон гуфтанаш дар ҳузури Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам). Аз Абуҷуҳайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Билолро дидам, ки азон мегуфт (рост ва чап) мегашт ва даҳонашро ба ин сӯ ва он сӯ мегардонд ва ду ангушташ дар гӯшҳояш буд ва Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар хаймаи сурхи худ буд...[27]. [27] Ривояти Тирмизӣ, рақами (197) ва гуфтааст: Ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст. Асли он дар Саҳеҳи Бухорӣ, рақами (634) бо ин лафз омадааст: "Аз Авн ибни Абуҷуҳайфа аз падараш ривоят аст, ки гуфт: Билолро дидам, ки азон мегуфт ва ман ҳангоми азон ба даҳони ӯ ба ин сӯ ва он сӯ нигоҳ мекардам".
Имом Тирмизӣ пас аз ривояти ин ҳадис фармудааст: "Аҳли илм бар ҳамин амал мекунанд: Мустаҳаб медонанд, ки муаззин дар азон ду ангушташро дар гушҳояш бигзорад".
Аз Ибни Шубрума пурсиданд, ки чаро ба муаззин амр шудааст, то ду ангушташро дар гӯшҳояш гузорад? Гуфт: "Барои баландии садо..."[28]. (28) Ал-Авсат (4/11).
Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: Суннат аст, ки муаззин ду ангушташро дар сурохии гӯшҳояш гузорад ва ин мавриди иттифоқ аст. Инро Маҳомилӣ дар "Ал-Маҷмӯъ" аз умуми аҳли илм нақл кардааст. Асҳоби мо гуфтаанд: дар ин фоидаи дигаре низ ҳаст ва он ин аст, ки гоҳо инсон садояшро ба сабаби карӣ, дурӣ ё ғайри инҳо намешунавад, пас бо ангуштонаш ба азон гуфтанаш далолат мекунад [29]. [29] Шарҳи Муҳаззаб (3/113).
10- Ҳангоми гуфтани "Ҳайя ъала-с-салоҳ" дар ҳар ду маротиба ба тарафи рост ва ҳангоми гуфтани "Ҳайя ъала-л-фалоҳ" дар ҳар ду маротиба ба тарафи чап рӯй гардонад, дар ҳоле ки пойҳояш собит мемонанд, бинобар ҳадиси Абуҷуҳайфа (разияллоҳу анҳу) дар бораи азони Билол (разияллоҳу анҳу) дар ҳузури Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки гуфтааст: "Ман даҳони ӯро ба ин сӯ ва он сӯ пайгирӣ мекардам, ки ба росту чап мегуфт: "Ҳайяа ала-с-салот", "Ҳайяа ала-л-фалоҳ""[30]; Зеро ин кор барои расонидани азон ба касоне, ки аз масҷид дуранд, муассиртар аст. [30] Ривояти Бухорӣ, рақами (634), Муслим, рақами (503), лафзи ҳадис аз Муслим аст.
11- Дар азон тарассул кунад, яъне онро бо тамкин ва оҳистагӣ, бидуни кашол додан ва аз ҳад зиёд дароз кардан бигӯяд, зеро азон огоҳ кардани ғоибон аз масҷид аст ва тарассул дар он расотар аст, аммо дар иқомат шитоб кунад, яъне онро тез бигӯяд, зеро он огоҳ кардани ҳозирон аст ва шитоб кардан дар он муносиб аст[31]. [31] Ниг.: Ал-Муғнӣ, Ибни Қудома (1/295).
12- Азонро чуноне ки машрӯъ шудааст, бо овози фораму равон, бетакаллуф ва бе лаҳн адо намуда, онро ба шакли сурудхонӣ анҷом надиҳад ва ба андозае дароз накашад, ки аз мақсади асли он хориҷ гардад, балки муаззин онро бо овози худ, бо риояи шартҳо ва одобҳои шаръии он адо намояд.
Матлаби шашум: Равиш ва сифати азон ва иқомат
Барои азон ва иқомат кайфиятҳое ҳаст, ки дар матнҳои набавӣ омадаанд. Аз ҷумлаи он чи дар сифати азон ва иқомат омадааст, ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) мебошад ва лафзи азон дар он чунин аст:
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки нест худои барҳақ, магар Аллоҳ, шоҳиди медиҳам, ки нест худои барҳақ, магар Аллоҳ).
Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст, Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст).
Ҳайя ъалас-салот, Ҳайя ъалас-салот. (Ба суи намоз бишитобед, ба суи намоз бишитобед).
Ҳайя ъалал-фалоҳ. Ҳайя ъалал-фалоҳ. Ба суи наҷот бишитобед, ба суи наҷот бишитобед.
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Ло илоҳа иллалоҳ. (Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ)
Алфози иқома:
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки нест худои барҳақ магар Аллоҳ).
Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст)
Ҳайя ъалас-салот. Ҳайя ъалал-фалоҳ. (Ба суи намоз бишитобед, ба суи наҷот бишитобед).
Қад қоматис-салот. Қад қоматис-салот. (Намоз барпо шуд, намоз барпо шуд).
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Ло илоҳа иллалоҳ. (Нест Худои барҳақ магар Аллоҳ).[32] (32) Ривояти Абӯдовуд, рақами (499), Тирмизӣ ба таври мухтасар, рақами (189). Тирмизӣ гуфтааст: Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст.
Ин сифати азон ва иқомат аст, ки Билол (разияллоҳу анҳу) дар ҳазар (ғайри сафар) ва сафар ҳамроҳи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) то дами вафоташон бар он мудовимат кардааст.
Дар азони субҳ баъд аз "Ҳайя ъала-л-фалоҳ" ду бор "Ас-салоту хайрун мина-н-навм" (Намоз аз хоб беҳтар аст" гуфта мешавад, зеро Абумаҳзура (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуданд: "Агар намози бомдод бошад, бигӯ: Намоз аз хоб беҳтар аст, намоз аз хоб беҳтар аст". (33). (33) Ривояти Абудовуд, рақами (500), Нававӣ дар "Хулосату-л-аҳком" (1/286) гуфтааст: ҳадиси ҳасан аст.
Барои азон сифати дигаре низ вуҷуд дорад, ки он тарҷеъ, яъне такрор кардан аст. (Ба ин тартиб, ки) дар шаҳодатайн овозашро паст намуда, сипас он дуро бо овози баланд такрор мекунад. Дар иқомат онро ду маротиба мегӯяд. Ин сифат дар ҳадиси Абумаҳзура (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худашон ба ман азонро омӯхтанд ва гуфтанд: "Бигӯ: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. (Ҳар кадомеро ду бор). Гуфт: Сипас бозгашта, овозатро баланд кун ва бигӯ: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Ҳайя ала-с-салот, Ҳайя ъала-с-салот. Ҳайя ъала-л-фалоҳ, Ҳайя ъала-л-фалоҳ. Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ".
Лафзи иқома: "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, Ҳайя ъала-с-салот, Ҳайя ъала-с-салот, Ҳайя ъалал-фалоҳ, Ҳайя ъалал-фалоҳ, Қад қомати-с-салот, Қад қомати-с-салот, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Ло илоҳа иллаллоҳ". (34) (34) Ривояти Абудовуд, рақами (502, 503).
Ин аз ҷумлаи ихтилофи танаввуъ (гуногуни) аст; муаззин ба ҳар кадоме аз ин кайфиятҳои собитшуда амал кунад, хуб аст. Шайхулислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) баъд аз зикри баъзе аз суратҳои собитшудаи азон мегӯяд: "Агар ингуна бошад, пас дурусташ мазҳаби аҳли ҳадис ва касонест, ки бо онҳо мувофиқанд ва он ҷоиз донистани ҳар чизест, ки дар ин бора аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст. Онҳо чизеро аз он нописанд намешуморанд, зеро гуногунии сифати азону иқомат монанди гуногунии сифати қироатҳову ташаҳҳудҳо ва амсоли он аст. Барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки он чиро Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои умматаш суннат гардонидааст, нописанд донад". (35) [35] Маҷмӯаи фатвоҳо (22/ 66).
Матлаби ҳафтум: Он чӣ шунавандаи азон мегӯяд ва дуое, ки баъд аз он мекунад
Барои касе, ки азонро мешунавад, мустаҳаб аст, ки монанди он чи муаззин мегӯяд, бигӯяд, ба далели ҳадиси Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ садои азонро шунидед, монанди ончи муаззин мегӯяд, бигӯед". [36]. Магар дар ду "ҳайя ала..." - яъне, гуфтаи муаззин: "Ҳайя ъала-с-салот" ва "Ҳайя ъала-л-фалоҳ" - барои шунавандаи азон мустаҳаб аст, ки баъди ҳар яки онҳо бигӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". (Нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳ). Бинобар ҳадиси Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар гоҳ муаззин гӯяд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» ва яке аз шумо низ бигӯяд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар». Сипас (муаззин) гӯяд: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ» ва ӯ низ бигӯяд: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ». Сипас (муаззин) гӯяд: «Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ» ва ӯ низ бигӯяд: «Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ». Сипас (муаззин) гӯяд: «Ҳайя ъала-с-салоҳ» ва ӯ бигӯяд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ». Сипас (муаззин) гӯяд: «Ҳайя ъала-л-фалоҳ» ва ӯ бигӯяд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ». Сипас (муаззин) гӯяд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» ва ӯ низ бигӯяд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар». Сипас (муаззин) гӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳ» ӯ низ бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳ», Инҳоро аз сидқи дил ва самимона бигӯяд, дохили биҳишт мешавад». (37) [36] Ривояти Бухорӣ, рақами (611), Муслим, рақами (383). [37] Ривояти Муслим, рақами (385).
Баъд аз шаҳодатайн бигӯяд: "Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳи якто нест ва Ӯ шарике надорад, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва расули Ӯ Таъоло аст. Ба Парвардигории Аллоҳ, ба паёмбарии Муҳаммад ва ба дини Ислом розӣ ҳастам".
Аз Саъд ибни Абиваққос (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кӣ ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу, Разийту биллоҳи раббан, ва би Муҳаммадин расулан, ва би-л-исломи динан", гуноҳони ӯ омурзида мешаванд" [38]. (Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақе нест ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст, Ва ба инки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст, Ба Аллоҳ, ҳамчун Парвардигорам, ва Муҳаммад, ҳамчун Паёмбарам ва Ислом ҳамчун динам, розӣ ҳастам.) [38] Ривояти Муслим, рақами (386).
Агар муаззин дар намози субҳ бигӯяд: "Намоз аз хоб беҳтар аст", пас шунаванда низ мисли онро мегӯяд, зеро Паёмбар (Аллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: "Ҳаргоҳ садои азонро шунидед, монанди ончи муаззин мегӯяд, бигӯед". (39) (39) Муттафақун ъалайҳӣ.
Сипас бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд бифиристад ва он чиро, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадис фармудаанд, бигӯяд: "Касе, ки чун азонро бишнавад, бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳи даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-қоимати оти Муҳаммадани-л-василата ва-л-фазилата вабъасҳу мақома-м-маҳмудани-л-лази ваъадтаҳ, рӯзи қиёмат шафоати ман ба ӯ хоҳад расид". (Парвардигоро, Худованди ин даъвати тамом ва намозе, ки барпост, барои Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) васила ва фазилатро арзонӣ кун ва ӯро ба мақоми некуе бифирист, ки ба вай ваъда кардаӣ). (40), Маънои: "Даъвати том" Яъне: даъвати азон, даъватест комилу пурра; зеро он дар худ бузургдошти Аллоҳ ва тавҳиди Ӯ, шаҳодат ба рисолат ва даъват ба суи некиро ҷой додааст. "ва-с-салотил-қоима" (ва намози барпошаванда). Яъне: Намозе, ки барпо ва анҷом дода мешавад. "Васила" Мақоме дар Биҳишт. "Фазилат" Мақоми олӣ, ки дар он касе бо ӯ шарик нест. "мақоман маҳмудан" Мақоми Маҳмуд: Ҳар мақоме, ки мардум дар он ӯро ситоиш мекунанд. Аз ҷумлаи он шафоати бузург барои умуми халқ аст, ки дар он барои аҳли Мавқиф шафоат мекунад, то миёни онҳо доварӣ карда шавад. (40) Ривояти Бухорӣ, рақами (614) аз ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу).
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) - ро, ки мегӯяд: "Ҳар гоҳ (азони) муаззинро шунидед, монанди гуфтаҳои ӯро такрор кунед, сипас, бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳарки бар ман як дуруд бифиристад, Худованд дар ивази он бар вай даҳ дуруд мефиристад. Сипас, аз Худованд барои ман “Васила”-ро бихоҳед, зеро он манзалатест дар Биҳишт, ки танҳо барои як банда аз бандагони Худо шоиста аст ва умедворам, ки он банда ман бошам. Ҳар кас, ки барои ман “Васила”-ро бихоҳад, шафоати ман бар ӯ воҷиб мегардад". (41) [41] Ривояти Муслим, рақами (384).
Аз ҷумлаи бидъатҳое, ки дар азон пайдо шудааст, Бо садои баланд дуруд фиристодани муаззин бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз азон. Ҳамчунин гуфтани зикри воридшуда баъд аз азон, яъне: (Аллоҳумма рабба ҳозиҳи-д-даъвати-т-томмаҳ...) ба таври дастаҷамъӣ, Бардоштани дастон дар аснои дуо ба он, Ҳамчунин илова кардани калимаи «ҳаққан» ё «абадан» аз ҷониби касе, ки ҳамроҳи муаззин такрор мекунад, дар охири ҷумла, ки мегӯяд: «Ҳаққан, ло илоҳа иллаллоҳ» ё «Абадан, ло илоҳа иллаллоҳ»; ба хотири набудани далел бар ҳамаи ин.
Матлаби ҳаштум: Ҳукми баромадан аз масҷид баъд аз азон
Барои мард баромадан аз масҷид баъди азон ҳаром аст, то ин ки намозро бихонад, магар ин ки узре дошта бошад, ё нияти бозгашт ба масҷидро дошта бошад, бар ӯ ҳеҷ боке нест. Аз Абушшаъсо ривоят аст, ки гуфт: "Ҳамроҳи Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) дар масҷид нишаста будем, ки муаззин азон гуфт. Марде аз масҷид бархоста, ба роҳ афтод. Абуҳурайра бо чашмонаш ӯро дунболгирӣ кард, то аз масҷид берун шуд. Абуҳурайра гуфт: "Аммо ин мард, аз Абулқосим (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нофармонӣ кард"[42]. (42) Ривояти Муслим, рақами (655).
Тирмизӣ баъд аз ривояти ин ҳадис дар "Сунан"-и худ гуфтааст: "Амали аҳли илм аз асҳоби Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки баъди онҳо омадаанд бар ин минвол аст, ки касе баъди азон аз масҷид берун нашавад, магар бо узре, монанди ин ки вузӯ надошта бошад, ё амри ногузире дошта бошад"[43]. (43) Сунани Тирмизӣ: (1/397), рақами (204).
Матлаби нуҳум: Байни азон ва иқомат чӣ қадар вақт аст?
Дар суннат далел бар он омадааст, ки байни азон ва иқомат вақти кофӣ вуҷуд дорад. Аз Абдуллоҳ ибни Муғаффал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Байни ҳар ду азон намозест, байни ҳар ду азон намозест," сипас дар мартабаи савум фармуд: "Барои ҳар касе, ки бихоҳад, бихонад". [44]. Мақсуд аз ду азон, азон ва иқомат аст. Муаззин байни азону иқомати худ фосилае мегузорад, то ҳозирон битавонанд пеш аз намози фарзӣ ду ракаъат намози нафлӣ адо кунанд, ва то аҳли масҷид биёянд ва намозро дарёбанд. [44] Ривояти Бухорӣ, рақами (627), Муслим, рақами (838).
Имом Аҳмад мегӯяд: "Барои муаззин шоиста аст, ки вақте азон гуфт, дар иқомат шитоб накунад ва интизор шавад, то аҳли масҷид ҷамъ шаванд ва касе, ки қазои ҳоҷат дорад, ҳоҷаташро рафъ намояд. Бояд байни азону иқоматаш фосилае гузорад"[45]. [45] Шарҳи Умдату-л-фиқҳ, Ибни Таймия, китоби намоз: (135).
Матлаби даҳум: Масъулият ва одоби муаззин
Шоиста аст, ки муаззин бо азони худ ризои Аллоҳ Таъолоро биҷӯяд. Зеро дар ҳадиси Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: "Яке аз охирин васиятҳои Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ман ин буд, ки муаззинеро интихоб кунам, ки дар ивази азонаш музд нагирад"[46]. [46] Ривояти Тирмизӣ, рақами (209), ва гуфт: ҳадиси ҳасан аст.
Тирмизӣ (раҳимаҳуллоҳ) баъди ривояти ин ҳадис фармудааст: "Назди аҳли илм амал бар ин аст, ки гирифтани муздро барои муаззин дар ивази азон макрӯҳ донистаанд ва барои муаззин мустаҳаб донистаанд, ки дар азони худ нияти савоб кунад".
Аммо аз байтулмоли мусалмонон ба муаззин чизе додан ҳеҷ боке надорад, зеро байтулмол фақат барои манофеи мусалмонон гузошта шудааст ва азону иқомат аз ҷумлаи манофеи мусалмонон аст [47]. [47] Ниг.: Азон ва иқомат, Қаҳтонӣ: (с. 19).
Муаззин бояд бидонад, ки ӯ масъули азон барои намозҳои панҷгона дар вақтҳояш аст, зеро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: "Имом зомин аст ва муаззин амонатдор аст" [48] Яъне: Ӯ дар вақтҳои намоз амин аст, бояд бо вузӯ ва вақти кофӣ пеш аз азон ба масҷид биёяд ва ҷуз бо узри шаръӣ аз азон гуфтан ғоиб нашавад. Дар ҳолати узр доштан бояд касеро ба ҷои худ барои азон гуфтан ҷонишин таъин кунад. [48] Ривояти Абудовуд, рақами (517), Тирмизӣ, рақами (207), аз ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Муаззин бояд умури зеринро риоя намояд:
(1) Ба назофат ва нигоҳубини масҷид эътино намояд ва дар ин кор бо коргарони масҷид ва ҷамоати он ҳамкор бошад, зеро Худованд ободкунандагони хонаҳои Худро ситоиш карда, фармудааст: (Масоҷиди Аллоҳ Таъолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ Таъоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд) (Сураи Тавба, ояти 18). Хоҳ обод кардани онҳо бо бино кардан, нигаҳдорӣ ва покизагии онҳо бошад, хоҳ бо барпо доштани намоз ва зикри Аллоҳ дар онҳо, мақсад аз обод кардан ҳар дуи ин маъноро дар бар мегирад [49]. [49] Ниг.: Фатҳ ул-борӣ, Ибни Ҳаҷар (1/541).
(2) Ақидаи саҳеҳ ва аҳкоми азон, таҳорат ва намозро биомӯзад, ва аз китоби Аллоҳ миқдори муносиберо ҳифз намояд, ва шоистаи он бошад, ки ҳангоми аз намоз ғоиб будани имом, ҷонишини ӯ шавад.
(3) Ба маъруф амр намояд ва аз мункар наҳй кунад, бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана ба сӯи Аллоҳ Таъоло даъват намояд, бо мардум меҳрубон бошад, бар озори онҳо сабр кунад ва дар ин кор бо имоми масҷид ҳамкорӣ намояд.
(4) Масҷидро фақат барои илм, ибодат ва он чӣ ки ба намозгузорон фоида меорад, махсус гардонад ва аз ҳар чизе, ки ба динашон ва дунёяшон зарар дорад, парҳез кунад.
(5) Бо ҷамоати масҷид ва намозгузорони он улфат варзад ва ҳамкорӣ намояд, агар ғоиб шаванд, аз ҳолашон пурсон шавад, беморонашонро аёдат намояд, дар ҷанозаҳояшон иштирок намояд ва дар мусибатҳову сахтиҳо дар канорашон бошад.
Мабҳаси дуввум: Аҳкоми имомат
Матлаби аввал: Таърифи имомат
Имомат дар намоз: он аст, ки марде аз намозгузорон пеш меистад, то дар намозашон аз ӯ пайравӣ (иқтидо) кунанд. Имом дар намоз: касе аст, ки мардум дар намозашон аз ӯ пайравӣ мекунанд[50]. [50] Нигаред: Ҳошияи Ар-Равз-ул-мурбиъ: (2/296), Имомат дар намоз, Қаҳтонӣ: (6).
Матлаби дуввум: Машрӯъияти имомат ва фазилати он
Имомати дар намоз аз беҳтарин аъмол аст, ки онро беҳтарин инсонҳо, яъне соҳибони сифатҳои некӯ ва бофазилат аз қабили илм, қироат, адолат ва ғайра, чунон ки баъдан зикр хоҳад шуд, ба ӯҳда мегиранд. Намози ҷамоат бе он тасаввур намешавад ва намози ҷамоат аз бузургтарин шиорҳои Ислом мебошад[51]. (51) Ниг.: Мавсуъаи фиқҳии Кувайтӣ: (6/201).
Аз фазилатҳои имомат:
1- Имомат, фазилаташ машҳур аст, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) худ онро ба уҳда дошт ва ҳамчунин хулафои рошидин ва то ҳол онро беҳтарин мусалмонон аз ҷиҳати илму амал ба уҳда мегиранд[52]. [52] Нигаред: Имомат дар намоз, Қаҳтонӣ: (9).
2- Имомат дар намоз вилояти шаръии дорои фазл аст, ки онро аҳли фазл ба ӯҳда мегиранд; бинобар қавли Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст: "Имоми қавм касе мешавад, ки Қуръонро беҳтару бештар медонад ва мехонад". [53], Маълум аст, ки он касе, ки Қуръонро беҳтар мехонад, беҳтар ва афзалтар аст, Ҳамроҳ овардани (зикр кардани) он бо ӯ нишон медиҳад, ки он чиз низ афзалият дорад [54]. [53] Ривояти Муслим, рақами (673) аз ҳадиси Абӯмасъуди Ансорӣ (разияллоҳу анҳу). [54] Ниг.: Аш-Шарҳ ал-Мумтиъ ало Зод ал-Мустақниъ (2/41).
3- Дуои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои имомон ба роҳи рост; аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Имом зомин (кафил) аст ва муаззин амонатдор аст. Худоё, имомонро ҳидоят кун ва муаззинонро мағфират намо". (Сураи Ар-Раҳмон) (55) Ривояти Абудовуд, рақами (517), Тирмизӣ рақами (207).
Маънои: "Имом зомин аст" Яъне: кафили дурустии намози иқтидокунандагон аст; зеро намози онҳо ба намози ӯ вобаста аст. Ва маънои: "Аллоҳумма аршид ал-аимма" Яъне: онҳоро ба роҳи росту савоб ҳидоят кун, то намозро ба таври комилтарин ба ҷой оваранд [56]. (56) Нигаред: Шарҳи Абудовуд, Айнӣ: (2/468), Файзу-л-қадир, Муновӣ: (3/182).
Матлаби севум: Сазовортарин шахс барои имомат
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) сазовортарин ва авлотарин шахсро ба имоматӣ баён намуда, фармуданд: "Имоматии қавмро он касе кунад, ки беҳтарин қироаткунандаи Китоби Аллоҳ аст. Агар дар қироат баробар бошанд, донотаринашон ба Суннат. Агар дар Суннат баробар бошанд, пешқадамтарини онҳо дар ҳиҷрат. Агар дар ҳиҷрат баробар бошанд, пешқадамтарини онҳо дар ислом – ва дар ривояти дигар: аз рӯи синну сол – ва набояд марде бар марди дигар дар макони ҳукуматаш (яъне дар хона ё мавқеи масъулияти ӯ) имоматӣ кунад". (57) Пас, сазовортарин ва ҳақдортарини мардум барои имоматӣ ба тартиби зерин аст: (57) Ривояти Муслим, рақами (673).
1- Касе, ки бештари Қуръонро аз ёд дорад ва қироаташ беҳтар аст, яъне касе, ки қироати Қуръонро ба хубӣ медонад ва онро ба таври комил анҷом медиҳад ва донандаи фиқҳи намоз аст. Агар касе, ки қироаташ беҳтар аст, бо касе, ки қироаташ аз ӯ камтар, вале дар фиқҳ донотар аст, ҷамъ шаванд, қории фақиҳ (доно) бар қории хушхони ғайрифақиҳ муқаддам дошта мешавад. Зеро ниёз ба фиқҳ дар намоз ва аҳкоми он аз ниёз ба хуб қироат кардан бештар аст.
2- Сипас донотар ба Суннат. Агар ду имом дар қироат баробар бошанд, вале яке аз онҳо фақиҳтар ва донотар ба Суннат бошад, он гоҳ фақиҳтар пеш гузаронида мешавад, ба далели ин гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Агар дар қироат баробар бошанд, олимтаринашон ба Суннат".
3- Сипас, касе, ки дар ҳиҷрат аз диёри куфр ба диёри ислом пешқадамтар аст, агар дар қироат ва донистани суннат баробар бошанд, ба далели ин гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Агар дар (донистани) Суннат баробар бошанд, пас пешқадами онҳо дар ҳиҷрат".
4 - Сипас касе, ки дар ислом собиқадортар аст, агар дар ҳиҷрат баробар бошанд; зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қаблӣ фармудаанд: "Агар дар ҳиҷрат баробар бошанд, пешқадамтаринашон дар Ислом муқаддам аст". Яъне: Ислом (дар пазируфтани Ислом).
5 - Сипас калонсолтарин, агар дар ҳамаи масъалаҳои гузашта баробар бошанд; ба далели ин гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар яке аз ривоятҳои ҳадиси қаблӣ: "Бузургсолтарини онҳо аз ҷиҳати синну сол", Инчунин ба далели ҳадиси Молик ибни Ҳувайрис (Разияллоҳу анҳу), ки гуфт: "Яке аз шумо азон гӯяд ва бузургсолтарини шумо имоматӣ кунад" (58) [58] Ривояти Бухорӣ, рақами (628), Муслим, рақами (674).
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҳадис шахси калонсолро аз он ҷиҳат муқаддам дошт, ки онҳо дар илм ба якдигар наздик буданд.
Агар дар ҳамаи ончи гузашт баробар бошанд ва ҳар яке аз онҳо имоматиро хоста, бо ҳам ихтилоф намоянд, байни онҳо қуръа андохта мешавад. Ҳар касе, ки дар қуръа ғолиб ояд, пеш гузошта мешавад, зеро онҳо дар сазоворӣ баробаранд ва ҷамъи байни онҳо имкон надорад, пас монанди дигар ҳуқуқҳо байни онҳо қуръа андохта мешавад.
Соҳиби хона ба имоматӣ аз меҳмонаш сазовортар аст, ҳамчунин ҳоким – ки ӯ имоми бузург аст – ба имоматӣ аз дигарон сазовортар аст, дар сурате ки ҳар дуи онҳо сазовори имоматӣ бошанд, ба далели ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Ҳеҷ кас набояд бар каси дигар дар хонаводааш ва дар макони салтанаташ имоматӣ кунад"
Имоми доимии масҷид низ монанди онҳост, ӯ аз дигарон сазовортар аст - ба ҷуз аз ҳоким - ҳатто агар каси дигаре аз ӯ беҳтар қироат кунад ва олимтар ҳам бошад, ба хотири умумияти ҳадиси қаблӣ.
Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) мавлое дошт, ки дар масҷиде имом буд, чун (Ибни Умар) ҳозир шуд, мавлояш ӯро пешниҳод кард, ки имом шавад, Ибни Умар ба ӯ гуфт: "Ту дар масҷиди худ ба имомати сазовортарӣ"[59]. [59] Ривояти Шофеъӣ дар (ал-Умм) (1/185), Абдурраззоқ дар (ал-Мусаннаф) (2/399), Байҳақӣ (3/126) (5531). Нававӣ дар (ал-Хулоса) (2/701) гуфтааст: иснодаш ҳасан ё саҳеҳ аст. Албонӣ дар (Ирво-ул-ғалил) (2/302) иснодашро ҳасан гуфтааст.
Зеро муқаддам доштани дигаре бар ӯ, таҷовуз ба ҳаққи ӯ ва шикастани хотири ӯст.
Дар бораи имоматии писарбачаи мумаййиз барои дигарон ихтилоф шудааст ва баъзе аз аҳли илм онро ба далели ҳадиси Амр ибни Салама (разияллоҳу анҳу) ҷоиз донистаанд. "Ӯ дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба қавми худ имоматӣ мекард, дар ҳоле ки шаш ё ҳафтсола буд"[60]. [60] Ривояти Бухорӣ, рақами (4302).
Имоматии нофилагузор барои фарзгузор дуруст аст, ба далели ривояти Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу). "Ӯ бо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намози хуфтанро мехонд, баъд баргашта бо қавми худ ҳамон намозро мехонд"[61]. [61] Ривояти Бухорӣ, рақами (701), Муслим, рақами (465).
Матлаби чаҳорум: Касоне, ки имоматиашон ҳаром аст:
Имомати дар ҳолатҳои зерин ҳаром мегардад:
1- Имоматии зан барои мард, ба далели умуми қавли Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Ҳаргиз растагор намешавад қавме, ки амри худро ба зан супоридааст". [62], Имомат як навъе аз вилоят аст ва дар асл ҷои онҳо дар сафҳои охир аст, чунон ки дар суннат аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Беҳтарин сафҳои мардон сафи аввал ва бадтаринаш сафи охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон сафи охир ва бадтаринаш сафи аввал аст". [63], Ин барои ҳифз ва пӯшида доштани ӯст, агар ӯ барои имомат пешбарӣ шавад, ин кор мухолифи ин асли шаръӣ мегардад ва аҳли илм бар ин амр иҷмоъ кардаанд, Имом Ибни Ҳазм (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: Олимон иттифоқ (иҷмоъ) кардаанд, ки зан мардонро имоматӣ намекунад, дар ҳоле ки онҳо медонанд, ки ӯ зан аст. Агар чунин кунанд, (яъне, фаҳмида занро имом кунанд) намозашон ба иҷмоъ фосид аст. (64) [62] Ривояти Бухорӣ, рақами (4425) аз ҳадиси Абубакра (разияллоҳу анҳу). [63] Ривояти Муслим, рақами (440). [64] Маротиби иҷмоъ: (27).
2- Имоматии касе, ки вузӯяш ботил шудаат ё дар баданаш наҷосат дорад, дар ҳоле ки худаш аз он огоҳ аст. Агар намозгузорон то поёни намоз аз ин огоҳ набошанд, намозашон дуруст аст, ба далели он чи аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст: "Ӯ дар ҳолати ҷанобат ба мардум имоматӣ кард, сипас (намози худро) аз сар хонд ва ба онҳо амр накард, ки (намозашонро) аз сар бихонанд"[65]. [65] Ривояти Дорақутнӣ дар Сунан, рақами (1371).
Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ (Раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: "Иҷмоъ бар ин аст, ки шахси ҷунуб (намозро) иъода мекунад, аммо дигарон иъода намекунанд ва ман дар ин масъала ихтилоферо намедонам"[66]. (66) Сунани Доруқутнӣ (2/ 188).
3- Имоматии шахсе, ки сураи Фотиҳаро аз ёд намедонад, ё онро дуруст қироат карда наметавонад, ё дар он ҳарфҳоеро, ки набояд идғом шаванд, идғом мекунад, монанди касе, ки ҳарфи «ҳо»-ро бо «ро» дар ин фармудаи Худованди Мутаъол идғом мекунад: (Алҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин) "ҳо" дар калимаи "лиллоҳи" ва "ро" дар калимаи "рабби". (Сураи Фотиҳа, ояти 2) Зеро ӯ ҳарфро дар ҳарфе, ки ба он монанд нест ва ё махраҷаш наздик нест, идғом мекунад, ё дар он ҳарферо ба ҳарфи дигар иваз мекунад, монанди касе, ки ҳарфи "ро"-ро ба "йо" иваз мекунад, ё дар он хатои лафзие мекунад, ки маъноро тағйир медиҳад. Пас имоматии ӯ дуруст нест, магар барои касе, ки монанди худаш бошад, зеро ӯ аз як рукни намоз оҷиз аст, ё дар он халал ворид мекунад.
4 - Имоматии бидъаткоре, ки ба сабаби бидъаташ кофир шуморида мешавад; ба далели ин фармудаи Аллоҳи Таъоло: (Оё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки фосиқ нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд) (Сураи Саҷда, ояти 18) Мақсад аз фосиқ дар ин ҷо кофир аст, чунон ки аз сиёқи оятҳо равшан мегардад.
5- Дар масҷиде, ки имоми доимӣ дорад, имоматии шахси дигар пеш аз ӯ ҳаром аст, магар бо иҷозати ӯ, ё дар сурати дер монданаш ва танг шудани вақт[67]. [67] Ниг.: Асъила ва аҷвибаи фиқҳи, Салмон (1/163).
Матлаби панҷум: Касоне, ки имоматиашон макрӯҳ аст
Имомати ашхоси зерин макрӯҳ аст:
1- Лаҳҳон: Касе, ки дар қироат бисёр хато мекунад, ба тавре ки маъноро тағйир намедиҳад, хоҳ дар сураи Фотиҳа бошад, хоҳ дар ғайри он, монанди он ки (Алҳамда лиллоҳ) бо фатҳаи ҳарфи дол бихонад, намозаш дуруст аст, вале имоматиаш макрӯҳ мебошад, ба далели гуфтаи Паёмбар(Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Имоматии қавмро он касе кунад, ки беҳтарин қироаткунандаи Китоби Аллоҳ аст". (68) (68) Тахриҷаш гузашт.
Агар имом дар ғайри сураи Фотиҳа саҳван, аз рӯи нодонӣ ва ё ба сабаби нуқсони забонаш лаҳне кунад, ки маъноро тағйир диҳад, имоматии ӯ бо кароҳат дуруст аст, зеро агар ӯ хондани ғайри Фотиҳаро тарк мекард, имоматиаш саҳеҳ мешуд, пас лаҳн кардан дар он низ ҳамин тавр аст. Аммо агар қасдан лаҳн кунад, намозаш ботил мешавад, зеро дар намозаш бозӣ мекунад.
2 - Такрор кардани баъзе ҳарфҳо, монанди такрор кардани ҳарфи «фо», ё «то» ва ё ғайра аз ҳарфҳо, бо мақсади зиёд кардани ҳарфе дар қироат.
3 - Фосиқ ва бидъаткоре, ки ба сабаби бидъаташ кофир нест[69]. [69] Ниг.: Кашшоф-ул-қиноъ (1/ 475) ва саҳифаҳои баъдӣ.
4- Касе, ки имоми қавме бошад, ки аксари онҳо ӯро ба ҳақ бад мебинанд. Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Се кас ҳастанд, ки намозашон аз гӯшҳояшон болотар намеравад: ғуломи фирорӣ, то замоне ки бозгардад, зане, ки шабро дар ҳоле сипарӣ кунад, ки шавҳараш аз ӯ норозӣ бошад ва имоми қавме, ки онҳо аз ӯ кароҳат доранд ва норозӣ ҳастанд". (70) [70] Ривояти Тирмизӣ, рақами (360), ва гуфт: Ин ҳадис аз ин тариқ "ҳасани ғариб" аст.
Имом Тирмизӣ гуфтааст: "Гурӯҳе аз аҳли илм макруҳ донистаанд, ки марде барои қавме имоматӣ кунад, дар ҳоле ки онҳо аз ӯ норозӣ бошанд. Агар имом золим набошад, гуноҳ бар гардани касест, ки аз ӯ норозист. Аҳмад ва Исҳоқ дар ин маврид гуфтаанд: Агар як, ду ё се нафар норозӣ бошанд, боке нест, ки ба онҳо имоматӣ кунад, то замоне ки аксари қавм аз ӯ норозӣ шаванд"[71]. [71] Сунани Тирмизӣ (2/ 192).
Аммо агар ӯро барои он бад бинанд, ки ӯ ба пайравӣ аз суннат дар намоз талош мекунад, барояшон сураҳои маснунро мехонад, намозро ботамкин мегузорад, дар ин ҳолат имоматии ӯ дар миёни онҳо макрӯҳ нест, зеро онҳо ӯро ба ноҳақ бад дидаанд ва бадбинии онҳо эътиборе надорад. Барои ӯ сазовор аст, ки агар онҳо ӯро ба ноҳақ бад бинанд, онҳоро панд диҳад, насиҳат кунад ва дилашонро ба даст орад ва бо онҳо мувофиқи он чи дар суннат омадааст, намоз гузорад. Ҳар гоҳ Аллоҳ нияти содиқонаи ӯро дар муттаҳид кардани онҳо бидонад, ин корро барояш осон мегардонад [72]. [72] Ниг.: Аш-Шарҳ-ул-мумтиъ ало Зод-ил-мустақниъ (4/253).
Матлаби шашум: Ҷойгоҳи имом дар баробари маъмумин (муқтадиён)
Суннат он аст, ки имом пеш аз муқтадиён биистад, агар ду нафар ва ё бештар аз он бошанд, дар пушти имом меистанд, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки ба намоз меистод, пеш мегузашт ва асҳобаш дар пушти ӯ меистоданд, ва чун собит шудааст. "Ҷобир ва Ҷаббор (разияллоҳу анҳумо) дар ҳоле ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намоз мегузорид, яке аз ҷониби росташ ва дигаре аз ҷониби чапаш истоданд, эшон аз дастони ҳардуяшон гирифта, онҳоро пушти сарашон гузоштанд". [73] Ривояти Муслим, рақами (3010) дар зимни ҳадиси тӯлонӣ аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу).
Агар як мард бошад аз тарафи рости имом, баробари ӯ меистад, бинобар гуфтаи ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо): "Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба намоз бархостанд, ман дар тарафи чапашон истодам. Аз гӯшам гирифта, маро ба тарафи росташон гардонданд" [74]. [74] Ривояти Бухорӣ, рақами (6316), Муслим, рақами (763).
Занон дар паси сафҳои мардон меистанд, бинобар ҳадиси Анас (разияллоҳу анҳу), ки чунин омадааст: "Ман ва ятим пушти сари Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) саф кашидем ва пиразан аз пушти мо" [75]. [75] Ривояти Бухорӣ, рақами (380), Муслим, рақами (658).
Шоиста аст, ки имом дар баробари мобайни саф биистад, Аллома ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Суннат ин аст, ки имом дар масҷидҳо дар васат бошад, ин суннати амалиест, ки мусалмонон аз аввал ба он амал карда омадаанд"[76]. [76] Инро Шайх Саъид Қаҳтонӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "Ал-Имомату фи-с-салот" (55) аз ӯ нақл кардааст.
Инчунин раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: "Саф аз васат, аз наздики имом оғоз мешавад, ва тарафи рости ҳар саф аз тарафи чапаш афзалтар аст. Воҷиб аст, ки то комил шудани сафи пеш, сафи баъдӣ оғоз нашавад.
Матлаби ҳафтум: Пешдастӣ аз имом дар намоз
Муқтадӣ бояд ба амалҳои намоз баъди имомаш шурӯъ кунад ва ба ӯ иқтидо намуда, дар амалҳояш аз ӯ пайравӣ кунад. Аз ҷумлаи хусусиятҳои пайрав ва муқтадӣ ин аст, ки аз пешвои худ пеш нагузарад ва бо ӯ баробарӣ накунад, балки ҳолатҳои ӯро назорат карда, дар пайи он монанди амали ӯро анҷом диҳад. Муқтазои ин он аст, ки дар ҳеҷ ҳолате бо ӯ мухолифат накунад. Ин ба хотири он чизест, ки аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд: "Ҳамоно имом барои он аст, ки аз ӯ пайравӣ карда шавад, бо ӯ мухолифат накунед. Чун ба рукуъ рафт, шумо низ ба рукуъ равед, чун гуфт: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ), бигӯед: (Раббано лакал-ҳамд), чун ба саҷда рафт, шумо низ ба саҷда равед, чун нишаста намоз хонд, ҳамагӣ нишаста намоз бихонед. Сафро дар намоз рост кунед, зеро рост кардани саф аз некӯии намоз аст". (77) [77] Ривояти Бухорӣ, рақами (722), Муслим, рақами (417).
Пешӣ кардан аз имом дар ҳамаи рукнҳо ҳаром аст. Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки рӯзе Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо мо намоз гузориданд ва пас аз адои намоз ба мо рӯ оварда, фармуданд: "Эй мардум, ҳамоно, ман имоми шумоям, дар рукуъ, суҷуд, қиём ва салом додан аз ман пешӣ нагиред, зеро ман шуморо аз пеши рӯям ва аз пушти сарам мебинам". [78]. Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо наметарсад, ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад". (79) [78] Ривояти Муслим, рақами (426). [79] Ривояти Бухорӣ, рақами (691), Муслим, рақами (427).
Касе, ки такбири таҳримаро пеш аз имомаш гӯяд, намозаш дуруст намешавад, зеро шарташ ин аст, ки онро баъд аз имомаш гӯяд ва ӯ ин шартро аз даст додааст.
Матлаби ҳаштум: Аҳкоми гуногун дар бораи имомат ва ҷамоат
Аз ҷумлаи аҳкоми имомат ва ҷамоат, ба ғайр аз он чи гузашт:
1- Наздик будани оқилону хирадмандон ба имом, мустаҳаб аст. Бинобар ин оқилону фозилони болиғ дар пушти сари имом, наздик ба ӯ меистанд, ба далели гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Бояд аз миёни шумо оқилону ботамкинҳо дар паси ман биистанд, сипас касоне, ки баъди онҳоянд, сипас касоне, ки баъди онҳоянд". (80) [80] Ривояти Муслим, рақами (432) аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу).
2- Талош барои сафи аввал: Барои маъмумин мустаҳаб аст, ки ба сафи аввал пеш оянд ва барои он талош варзанд ва аз қафо мондан ҳазар кунанд, зеро аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) асҳоби хешро дид, ки баъзе охиртар қарор доранд ва ба онҳо чунин фармуд:
"Наздик оед ва ба ман иқтидо кунед, то касоне, ки дар пушти сари шумо ҳастанд, ба шумо иқтидо намоянд. Ҳамеша гурӯҳе дар охир қарор мегиранд, то ин ки Худованд онҳоро дар охир қарор медиҳад". [81], Инчунин аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар гоҳ мардум бидонанд, ки чи манзалат ва савобе барои азон ва саффи аввал аст ва онро ба ҷуз аз тариқи қуръа намеёбанд, ҳатман барояш қуръа меандозанд". (82), Маънои: "Албатта барои он қуръакашӣ мекарданд". Яъне: Байни худ қуръа мепартофтанд, ки кадоме аз онҳо дар сафи аввал биистад. [81] Ривояти Муслим, рақами (438). [82] Ривояти Бухорӣ, рақами (615), Муслим, рақами (437).
Аммо занон, барояшон мустаҳаб аст, ки дар сафҳои охир биистанд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Беҳтарин сафҳои мардон сафи аввал ва бадтаринаш сафи охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон сафи охир ва бадтаринаш сафи аввал аст". [83]. Ин ҳукм дар ҳолатест, ки занон дар паси мардон бе парда намоз мехонанд, аммо агар дар намозгоҳе, ки аз мардон пӯшида аст, намоз бихонанд, пас онҳо сафи аввалро, сипас сафҳои баъдиро пурра мекунанд [84]. [83] Ривояти Муслим, рақами (440). [84] Ниг.: Маҷмӯаи фатвоҳои Ибни Боз: (12/ 196).
3- Имом набояд дар хондани сураи Фотиҳа шитоб кунад, балки бояд оҳиста ва ботамкин бихонад, то муқтадӣ имкони хондани онро пайдо кунад [85]. [85] Нигаред: Ал-Минзор дар баёни бисёре аз хатогиҳои маъмул, Солиҳ Оли Шайх, (53).
4- Намози марде, ки танҳо дар пушти саф меистад, дуруст нест. Аз Вобиса ибни Маъбад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде танҳо дар пушти саф намоз хонд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр намуданд, ки намозашро аз нав бихонад [86]. [86] Ривояти Тирмизӣ, рақами (230), ва гуфт: ҳадиси Вобиса ҳадиси ҳасан аст.
Матлаби нуҳум: Суннатҳое, ки имом бояд анҷом диҳад
Шоиста аст, ки имом дар имоматӣ аз суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ куна. Аз ҷумлаи он суннатҳо:
1- Намозро сабук бихонад ва ҳоли мардумро риоя кунад. Яъне имом бояд намозро оҳиста ва бо тамкин адо намояд. Барои имом ҷоиз нест, ки дар намоз шитоб кунад, ба гунае ки намозгузорон имкони ба ҷо овардани аркон ва воҷиботи намозро надошта бошанд. Ҳамчунин дар қироати худ бояд шитоб накунад, то намозгузороне, ки аз пушти ӯ намоз мехонанд, битавонанд намозашонро ба таври комил анҷом диҳанд. Аз Абумасъуди Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки марде гуфт: Савганд ба Худо, эй Расули Худо, ман аз намози субҳ ба сабаби фалонӣ худро канора мекашам, ба сабаби он ки ӯ намозро бар мо дароз мекунад. Ҳаргиз надидам Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар ҳеҷ мавъизае, ки хашмноктар бошад, аз хашме, ки дар он рӯз намуд, сипас фармуд: "Дар миёни шумо касоне ҳастанд, ки мардумро гурезон месозанд, ҳар кадоми шумо, ки барои мардум имоматӣ намуд, бояд онро сабук кунад, зеро дар миёни онҳо заиф, солхурда ва ниёзманд вуҷуд дорад". (87) [87] Ривояти Бухорӣ, рақами (90).
2- Пеш аз дохил шудан ба намоз ба рост кардани сафҳо ва пур кардани ҷойҳои холӣ амр намояд, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) худ чунин мекарданд ва намозгузоронро ба ин амр менамуданд, чунончӣ аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) сафҳои моро баробар менамуд, ҳатто ки гуйӣ ба василаи он қидоҳ (чӯбҳои тир)-ро баробар мекунад, то ин ки дид, ки мақсудашро фаҳмидаем. Рӯзе баромад ва истод, то ин ки наздик буд, такбир гӯяд, мардеро дид, ки синааш аз саф баромада буд. Фармуд: "Эй бандагони Худо, ё ҳатман сафҳои худро баробар хоҳед кард ва ё ин ки Худованд ҳатман дар байни шумо ихтилоф хоҳад андохт". (88) [88] Ривояти Бухорӣ, рақами (717), Муслим, рақами (436), лафзи ҳадис аз Муслим аст.
Имом Нававӣ (Раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Қидоҳ" бо касраи ҳарфи "қоф" чӯби тирҳост, ки тарошида ва ҳамвор карда мешаванд, маънояш: дар рост кардани онҳо чунон муболиға карда мешавад, ки аз шиддати ростӣ ва ҳамворияшон гӯё бо онҳо тирҳоро рост мекунанд"[89]. (89) Шарҳи Саҳеҳи Муслим, Нававӣ: (4/ 157).
3- Ба онҳо амр кунад, ки сафи аввалро пурра кунанд, сипас сафи баъдиро. Агар камбудӣ бошад, бояд дар сафи охир бошад, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: " Оё мисли фариштагон, ки дар баробари Парвадигорашон саф мекашанд, саф намекашед?" Гуфтем: Эй Расули Худо, фариштагон дар назди Парвардигорашон чӣ гуна саф мекашанд? Гуфт: "Сафҳои аввалро пурра мекунанд ва дар саф ба ҳам зич меистанд" (90) [90] Ривояти Муслим, рақами (430), аз ҳадиси Ҷобир ибни Самура (разияллоҳу анҳу).
4- Дар қироати намоз ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ кунад. Зеро аксари қироати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чунин буд, ки дар намози бомдод аз сураҳои дарози Муфассал, дар намози шом аз сураҳои кӯтоҳи он ва дар намозҳои хуфтану пешин ва аср аз сураҳои миёнаи он мехонд. Аз Сулаймон ибни Ясор, аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Аз паси касе намоз нахондаам, ки намозаш аз фалонӣ бештар ба намози Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шабоҳат дошта бошад. Сулаймон гуфт: Ӯ ду ракъати аввали намози пешинро тӯлонӣ мехонд ва ду ракъати охирро кӯтоҳ мекард, намози асрро кӯтоҳ мехонд, дар намози шом аз сураҳои кӯтоҳи Муфассал қироат мекард ва дар намози хуфтан аз сураҳои миёнаи Муфассал қироат мекард, дар намози субҳ аз сураҳои дарози Муфассал қироат мекард". (91) [91] Ривояти Насоӣ, рақами (982), Ҳофиз дар Булуғ-ул-маром, рақам (286) гуфтааст: Иснодаш саҳеҳ аст.
Сураҳои дарози Муфассал: аз сураи Ҳуҷурот то сураи Буруҷ, аммо сураҳои миёна: аз сураи Буруҷ то сураи Баййина ва сураҳои кӯтоҳ: аз сураи Баййина то охири Қуръон мебошад [92]. [92] Ниг.: Мирқот-ул-мафотиҳ (2/700).
Матлаби даҳум: Муқаввимоти (шартҳои лозимаи) имом
Имоми масҷид сутун ва қувваи масҷид ба шумор меравад. Масҷид ба воситаи ӯ рисолати худро дар нашри даъват, бохабар сохтани ҷомеа ва огоҳ намудани мардум аз умури динашон адо мекунад. Агар имом олим, оқил, соҳиби басирати амиқ ва аз одатҳову аҳволи мардум огоҳ бошад, таъсири ӯ дар ҷамоати масҷид ва сокинони маҳаллае, ки масҷид дар он ҷойгир аст, хуб ва муфид хоҳад буд. Ӯ ба онҳо таълим медиҳад, онҳоро иршод мекунад ва ба сӯи ҳар хайру фазилат ҳидоят менамояд.
Имомоне, ки дорои шартҳои имомат буданд, низ чунин буданд. Дар садри аввали ислом Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) имом буд, сипас хулафои рошидини ӯ, баъд аз онҳо амирон, пешвоён, уламо ва бузургон. Ин далолат мекунад, ки бояд мутасаддии ин вазифа дар дин, ахлоқ, илм ва рафтор дорои мақоми баланд бошад.
Дар ин ҷо аҳамияти ин вазифа дар ҳаёти мардум зоҳир мешавад, зеро қудрати имомон дар ҷомеаҳояшон намоён мегардад ва заъфи онҳо низ дар он ҷомеаҳо асари худро мегузорад, зеро масҷид аст, ки ба ҷомеа пайвастагии гуфтор бо амалро меомӯзонад. Агар имом аз нигоҳи илм ё ақл заъиф, ё бадахлоқу бадрафтор бошад, ӯ зарар мерасонад ва фоидае намеорад. Агар вазифаи имом ҳидоят кардани намозгузорон ба сӯи хайру некӣ ва ислоҳ бошад, пас барои имоми ҷоҳил анҷом додани ин вазифаи бузург амре душвор аст.
Гоҳо имом аз ҷиҳати илм ва тавоноии шахсӣ дорои ҳамаи шартҳои ин вазифа мебошад, вале ба корҳои дигаре машғул аст, ки ба сифати иҷрои вазифааш таъсир мерасонад. Дар натиҷа, ба вақти иқомаи намоз дер меояд, барои такрори сураҳо ё оятҳое, ки дар намозҳо қироат мекунад, вақти кофӣ намеёбад, бинобар ин мебинем, ки ӯ дар намозҳояш танҳо сураҳо ва оятҳои муайянеро мехонад ва аз онҳо таҷовуз намекунад.
Гоҳо ҳаво ва ҳавас, ё ҷаҳолат, ё низоъҳо ва ё ифротгароии нописанд бар ӯ ғолиб меояд ва ӯ аз инсофу воқеъбинӣ, роҳнамоии тарбиявӣ ва даъват бо ҳикмат ва панди некӯ мунҳариф мешавад.
Масҷид дар ин дин таъсири бузург дорад, зеро он манораи ҳидоят аст, ки банда дар он бо Парвардигораш пайваст мешавад, имонаш қавӣ мегардад ва бо бародаронаш ҷамъ меояд, то ҳама дар паҳн кардани фазилат ва мубориза бо разолат ҳамкорӣ намоянд. Масҷид ба ин кор қодир нахоҳад буд, магар ин ки Аллоҳ барои он имомеро муҳайё созад, ки дорои шароити илмӣ ва ахлоқии лозим барои ишғоли ин мансаби бузург бошад ва вазифаҳои ин кори боазаматро ба ҷо оварад.
Муҳимтарин сифатҳои илмие, ки бояд дар имом мавҷуд бошанд:
1 - Ихлоси амал ба Аллоҳ Таъоло; то ки назди Аллоҳ Таъоло ва назди мардум таъйидшуда, нусратёфта, мақбул ва маҳбуб бошад.
2 - Аз риёкорӣ ва худнамоӣ дурӣ ҷустан, зеро корҳо ба мақсадҳо ва амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва ҳар кас он чизеро, ки ният кардааст, ба даст меорад. Ҳар кӣ худро бо чизе, ки дар ӯ нест, зиннат диҳад, Худованд ӯро расво месозад.
3 - Ҳофизи китоби Аллоҳ Таъоло бошад, ё қисмате аз онро ҳифз карда бошад ва он чиро, ки ҳифз кардааст, доимо такрор намояд ва барои тиловати Қуръон вирди ҳаррӯза дошта бошад.
4 - Ҳифз кардани шуморае аз аҳодиси набавӣ, аз «Риёзу-с-солиҳин», ё «Арбаъини Нававӣ», ё «Булуғу-л-маром», ё дигар китобҳои ҳадисии мӯътамад.
5 - Омӯхтани ақидаи саҳеҳ, ақидаи салафи солеҳ.
6 - Фиқҳи аҳкоми динро, бахусус фиқҳи ибодот, ки муҳимтарини онҳо таҳорат, намоз, закот ва рӯза мебошад, ва ҳамчунин фиқҳи муъомилотро биёмӯзад, то қоидаҳои касбу инфоқро бидонад ва мардумро аз фиребу тақаллуб, ба ноҳақ гирифтани моли мардум, инчунин аз исрофу табзир ва бухлу хасисӣ барҳазар дорад, то муомилоти молияшон дар партави Китоб ва Суннат бошад.
7- Хуб донистани забони арабӣ, то маъноҳои он чиро, ки Аллоҳ бар Расулаш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил кардааст, бидонад, зеро Қуръон ба забони арабӣ нозил шудааст.
8 - Хондани Сирати Набавӣ, Шамоили Муҳаммадӣ ва зиндагиномаи гузаштагони солеҳ, зеро дар онҳо намунаи шоиста, ибрати нек, сарвати илмии судманд ва фарҳанги баланди исломӣ вуҷуд дорад.
9- Уламои кишвари худ ва дигар аҳли илми росихро, ки бо дурустии ақида, илм ва ақл маъруфанд, бишиносад ва дар тамоми масоили динӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеаи худ ба онҳо муроҷиат кунад.
10 - Шинохтани фирқаҳои исломӣ ва ақидаҳои онҳо, равияҳои фикрӣ ва мақсадҳои онҳо ва мазҳабҳои вайронгар ва ҳадафҳои онҳо, то битавонад онҳоро дар партави Китоби Аллоҳ Таъоло, ва суннати Расулаш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва навиштаҳои уламои муҳаққиқи мусалмон мавриди баҳс қарор диҳад, дурӯғи онҳоро ошкор созад ва аз ботилашон барҳазар дорад.
11- Бо васоити гуногуни ахбори омма шинос шавад, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии онҳоро бидонад ва чи гуна аз онҳо дар роҳи даъват ба сӯи Худо истифода барад ва аз хатарҳое, ки дар онҳо барои худаш ва ҷомеааш вуҷуд дорад, ҳазар кунад.
Чун ин шароит дар имоми масҷид фароҳам бошад, ин амр, ба изни Аллоҳ Таъоло, боиси истиқомат ва тавозун мегардад.
Муҳимтарин унсурҳои ахлоқӣ:
1- Имоми масҷид бояд барои ҷамоати масҷид ва касоне, ки аз аҳли маҳалла ва ғайра ба масҷиди ӯ омадурафт мекунанд, даъватгар ва муаллим бошад. Бинобар ин бояд Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро намунаи худ қарор диҳад, зеро ӯ намунаи солеҳ, улгуи некӯ ва намунаи олӣ барои уммат ва пешвоён аст. Худованди Мутаъол мефармояд: (Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад) (Сураи Аҳзоб, ояти 21)
Худ ва аҳли масҷидашро аз суханҳои дунявӣ ва сиёсӣ дур дорад ва масҷидро махсуси илму ибодат гардонад.
2 - Худ поку мураттаб бошад ва ҳамчунин ба назофати масҷид, тартибу танзими ашёи он ва нигоҳубини таҷҳизоташ аҳамият диҳад, аз исрофкорӣ дар ин корҳо дурӣ ҷӯяд ва аз ороиш додани масҷид иҷтиноб варзад.
3 - Рафтори нек ва симои шоиста дошта, аз суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ намояд, аз ҷумла риш гузошта, мӯйлабро кӯтоҳ кунад ва аз дароз кардани либос парҳез намояд. Ҳамчунин, бояд бовиқору ором буда, пайрави роҳу равиши гузаштагони солеҳ (раҳматуллоҳи алайҳим) бошад.
4- Нармрафтор, бурдбор ва меҳрубон бошад, зеро нармрафторӣ дар ҳар чизе, ки бошад, онро зиннат медиҳад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад, чуноне ки дар ҳадис омадааст. Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Меҳрубонӣ дар ҳар чизе бошад, онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад". (93) [93] Ривояти Муслим, рақами (2594).
Агар аз яке аз аҳли масҷид хатогӣ содир шавад, барои имом шоиста нест, ки ӯро сарзаниш кунад, балки бояд ӯро бо нармӣ насиҳат кунад ва бо услуби некӯ ба ӯ таълим диҳад. Аз Муовия ибни Ҳаками Суламӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Дар ҳоле ки мо ҳамроҳи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намоз мегузоридем, ногоҳ марде аз қавм атса зад ва барояш "ярҳамукаллоҳ" гуфтам. Мардум маро ба чашмонашон нишона гирифтанд ва гуфтам: Модарам бар ман гиря кунад, чӣ шуда, ки ба сӯям нигоҳ мекунед? Онҳо дастҳои худро ба ронҳои худ заданд ва чун дидам, ки онҳо манро ба хомӯшӣ даъват мекунанд, хомӯш шудам. Чун Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намозро ба поён расонид, падару модарам фидояш бод, ҳеҷ муаллимеро пеш аз ӯ ва баъд аз вай надидам, ки некутар аз вай таълим диҳад. Қасам ба Худо, ки на маро сарзаниш намуд ва на зад ва на дашном дод, балки фармуд: "Дар ин намоз ҷое барои сухани мардум нест. Намоз ҷои тасбеҳу такбир ва хондани Қуръон аст". (94) (94) Ривояти Муслим, рақами (537).
5- Бояд нармдил ва меҳрубон бошад, то мардумро дар гирди худ ҷамъ кунад ва онҳо аз меҳрубонӣ, ёрӣ ва дониши ӯ баҳраманд шаванд. Бояд дар мусибатҳо ва ҳоҷатҳояшон дар канори онҳо биистад ва дар масъалаҳои марбут ба рисолати масҷид бо онҳо машварат намояд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳамаи инҳо дар мақоми олитарин қарор дошт, чунончи Аллоҳ Таъоло дар бораи ӯ мефармояд: ([Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ Таъоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло таваккалкунандагонро дӯст медорад) (Сураи Оли Имрон, ояти 159)
6- Бо сабр, яқин ва ростгӯӣ дар гуфтор ороста бошад, то сазовори шарафи имоматӣ дар масҷиди худ ва миёни ҷамоаташ гардад, зеро сабру яқин бандаро ба мартабаи имомат дар дин мерасонанд, Худованди Мутаъол мефармояд: (ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд) (Сураи Саҷда, ояти 24).
7- Бояд дар гуфтори худ содиқ бошад, хоҳ дар хутбаи ҷумъа бошад, ё дар дарси таълиму мавъиза ва ё дар суҳбаташ бо мардум, то аз ҷумлаи содиқон, ҳидоятёфтагон ва наҷотёфтагон бошад, чунончи дар ҳадис аз Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд: "Бар шумо ростгуӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некукорӣ раҳнамоӣ мекунад ва некукорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно инсони мусалмон рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (бисёр ростгӯ) навишта шавад. Аз дурӯғ гуфтан парҳез намоед, зеро дурӯғ инсонро ба сӯи гуноҳҳо раҳнамоӣ мекунад ва маъсияту гуноҳҳо инсонро ба сӯи дӯзах мекашонад ва шахси мусалмон дурӯғ мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд каззоб (бисёр дурӯғгӯ) навишта шавад". (95) [95] Ривояти Бухорӣ, (6094), Муслим, рақами (2607), аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу).
Дурӯғ шарру балост, ва бузургтарини дурӯғ дурӯғ бастан бар Аллоҳ Таъоло ва бе илм дар бораи Ӯ сухан гуфтан аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ Таъоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ Таъоло нисбат диҳед») (Сураи Аъроф, ояти 33).
Ин ояти карима бузургтарин гуноҳонро ҷамъ оварда, онҳоро аз поёнтарин ба болотарин зикр кардааст, ки болотарини онҳо сухан гуфтан дар бораи Аллоҳ бидуни илм дар номҳо, сифот ва шариати Ӯ мебошад.
Инчунин дурӯғ бастан бар Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз бузургтарин дурӯғҳо, зишттарин гуноҳон ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст, ки ба соҳибаш оташи дӯзах ваъда дода шудааст. Аз Муғира ибни Шуъба (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфтанд: "Ҳамоно дурӯғ бастан бар ман монанди дурӯғ бастан бар каси дигар нест, ҳар касе қасдан бар ман дуруғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода созад" (96) [96] Ривояти Бухорӣ, рақами (1291), Муслим, рақами (4).
Бояд аз дурӯғ парҳез кард, ҳатто агар бо нияти нек ва ба хотири ташвиқ ба некӣ ва тарсонидан аз бадӣ бошад, чуноне ки баъзе аз воизон анҷом медиҳанд, зеро он зиштӣ аст, ки дар он хайр ва ҳидояте нест ва гӯяндаи он гунаҳкор аст, на соҳиби аҷр ва гунаҳкор аст, на баҳраманд.
8 - Дар нақли сухан амонатдор бошад, аз саҳеҳ будани хабарҳо итминон ҳосил намояд, дар қабули овозаҳо шитоб наварзад ва танҳо ба қавли боэътимод такя кунад. Худованди Мутаъол моро ба ин кор дар ин фармудаи Худ амр кардааст: (Эй муъминон, агар шахси мунҳарифе хабаре бароятон оварад, таҳқиқ кунед, то мабодо надониста ба гурӯҳе [бегуноҳ] осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед) (Сураи Ҳуҷурот, ояти 6)
9- Дар пӯшонидани айби мардум саъю кӯшиш намояд ва асрори онҳоро пинҳон дорад. Зеро ҳар кас, ки айби мусалмонеро бипӯшад, Аллоҳ дар дунё ва охират айби ӯро мепӯшад. Ва ҳар кас, ки айбҳои мусалмононро пайгирӣ кунад, Аллоҳ айби ӯро пайгирӣ мекунад, то ӯро расво кунад, ҳатто агар дар даруни хонааш бошад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кӣ (айби) мусалмонеро бипӯшонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат (айби) ӯро мепӯшонад". [97]. Аз Абубарзаи Асламӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй гурӯҳе, ки ба забон имон овардаед, вале имон ба қалбатон дохил нашудааст, мусалмононро ғийбат накунед ва айбҳои онҳоро ҷустуҷӯ накунед, зеро ҳар кас, ки айбҳои онҳоро ҷустуҷӯ кунад, Аллоҳ айби ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар касеро, ки Аллоҳ айбашро ҷустуҷӯ кунад, ӯро дар хонааш расво месозад". (98) [97] Ривояти Бухорӣ, рақами (2442), Муслим, рақами (2580). (98) Ривояти Абудовуд, рақами (4880), барои ин муқаввимот нигаред ба китоби «Имоми масҷид: асосҳои илмӣ ва ахлоқии ӯ»-и Шайх Суъуд ибни Муҳаммад Ал-Бишр.
Мабҳаси сеюм: Намози ҷумъа ва хутбаи он
Матлаби аввал: Намози ҷумъа
Масъалаи якум: Мафҳуми намози ҷумъа ва вақти он:
Аввалан: Мафҳуми намози ҷумъа:
Ҷумъа: Рӯзе аз рӯзҳои ҳафта, ки дар он намози хос, яъне намози ҷумъа, хонда мешавад (99). [99] Нигаред: «Муъҷами луғати фуқаҳо», Муҳаммад Раввос Қалъаҷӣ ва дигарон: (166).
Ҳидояти Худованд ин умматро ба рӯзи ҷумъа фазли бузург аст. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мо (аз нигоҳи замон) охиринҳо, вале рӯзи қиёмат пешқадамон ҳастем. Бо ин тафовут, ки ба онҳо китоб пеш аз мо дода шуд ва ба мо баъд аз онҳо. Ин (рӯзи ҷумъа) рӯзест, ки бар онҳо фарз гардонида шуда буд, вале дар он ихтилоф карданд. Пас Аллоҳ моро ба он ҳидоят кард ва онҳо дар ин масъала пайрави мо ҳастанд: яҳудиён фардо (рӯзи шанбе) ва насрониён пас аз фардо (рӯзи якшанбе) меоянд". (100) [100] Ривояти Бухорӣ, рақами (876), Муслим, рақами (855).
Рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзест, ки офтоб бар он тулуъ намудааст.Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Беҳтарин рӯзе, ки бар он офтоб тулӯъ кардааст, рӯзи Ҷумъа аст, Одам дар он рӯз офарида шуд, ва дар он рӯз ба биҳишт дароварда шуд, ва дар он рӯз аз биҳишт берун оварда шуд". (101) [101] Ривояти Муслим, рақами (854).
Аз ҷумъа то ҷумъа дигар каффораи (гуноҳон) он чи миёни онҳост, Ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Намозҳои панҷвақта ва ҷумъа то ҷумъа ва рамазон то рамазон сабаби бахшиш ва каффораи гуноҳоне мегарданд, ки дар ин миён мешавад, ба шарте, ки аз гуноҳони кабира парҳез шавад". (102) [102] Ривояти Муслим, рақами (233).
Намози ҷумъа: як намози ҷудогона аст, ки аз намози пешин дар адади ракаъот, баланд хондан, хутба ва шароити вижа фарқ мекунад, аммо дар вақт бо он мувофиқ аст.
Дувум: Вақти намози ҷумъа:
Вақти намози Ҷумъа ҳамон вақти намози пешин аст, аз баъди заволи офтоб то он ки сояи чизе баъд аз сояи завол ба андозаи худаш шавад, ба далели ҳадиси Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намози ҷумъаро вақте мегузорид, ки офтоб моил мешуд [103]. Яъне: ба самти ғарб моил мешавад ва аз васати осмон дур мешавад, ва он вақти намози Зуҳр аст. [103] Ривояти Бухорӣ, рақами (904).
Масъалаи дуввум: Ҳукми намози ҷумъа, ва бар кӣ воҷиб аст?
Аввал: Ҳукми намози ҷумъа:
Ҷумъа фарзи айн бар мардон аст, ба далели фармудаи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, ки мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ Таъоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст) (Сураи Ҷумъа, ояти 9) Аз Абдуллоҳ ибни Умар ва Абуҳурайра (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки он ду Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шуниданд, ки бар чӯбҳои минбарашон мефармуданд: "Ҳамоно гурӯҳе аз тарки (яъне: тарк кардани) намозҳои ҷумъа худдорӣ хоҳанд кард ва ё ин ки ҳатман Худованд бар дилҳояшон муҳр хоҳад зад ва сипас аз ҷумлаи ғофилон ва бехабарон хоҳанд буд" (104) (104) Ривояти Муслим, рақами (865).
Мусулмонон бар воҷиб будани намози ҷумъа иҷмоъ кардаанд. Ибни Мунзир (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: "Иттифоқ (иҷмоъ) кардаанд, ки ҷумъа бар озодагони болиғ ва муқиме, ки узр надоранд, воҷиб аст" [105]. (105) Иҷмоъ (40).
Дуюм: Намози ҷумъа бар кӣ воҷиб аст?
Намози ҷумъа барои ҳар мусалмони марди озод, болиғ, оқил, қодир ба рафтан ба он ва муқим воҷиб аст. Аммо барои ғулом, зан, кӯдак, девона, бемор ва мусофир воҷиб нест. Далели ин, ривоятест, ки Ториқ ибни Шиҳоб (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят кардааст, ки фармуданд: "Ҷумъа ҳаққи воҷиб бар ҳар мусалмон дар ҷамоат аст, магар чаҳор нафар, ки бар онҳо воҷиб нест: ғулом, зан, кӯдак, ва бемор". (106) (106) Ривояти Абудовуд, рақами (1067).
Аммо барои мусофир намози ҷумъа воҷиб нест, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро дар сафарҳояшон намехонданд. Рӯзи Арафа дар ҳаҷҷашон, ки ба рӯзи ҷумъа рост омад, бо вуҷуди ин онро пешин хонданд ва намози асрро бо он ҷамъ карданд.
Ибни Мунзир (Раҳимаҳуллоҳ) иҷмоъро бар ин нақл карда, гуфтааст: "Иттифоқ (иҷмоъ) кардаанд, ки бар кӯдак ва занон ҷумъа воҷиб нест... Ва иҷмоъ кардаанд, ки ҷумъа бар озодон, болиғон ва муқимоне, ки узре надоранд, воҷиб аст"[107]. [107] Иҷмоъ (40)
Агар ғулом, ё зан, ё кӯдак, ё бемор, ё мусофир дар он ҳозир шавад, намозаш саҳеҳ гардида, ба ҷои намози зуҳр кифоят мекунад.
Намози ҷумъа бар бодиянишиноне, ки барои ҷустуҷӯи чарогоҳ ва об кӯч мебанданд, воҷиб нест, зеро бодиянишинон дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар атрофи Мадина буданд ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро ба хондани намози ҷумъа амр накарданд. Имом Аҳмад гуфтааст: Бар бодиянишинон намози ҷумъа воҷиб нест, зеро онҳо кӯч мебанданд. Сабаби соқит шудани онро (намози ҷумъаро) кӯч бастани онҳо баён кардааст. Бинобар ин, ҳар касе, ки муқим бошад ва бо ихтиёри худ кӯч накунад, аз аҳли шаҳр ба шумор меравад [108]. [108] Маҷмӯаи фатвоҳо (24/ 166).
Ҷумъа бо се нафар барпо мегардад: як нафар хутба мехонад ва ду нафар гӯш мекунанд, зеро Аллоҳи Таъоло мефармояд: (...ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ Таъоло бишитобед...) (Сураи Ҷумъа, ояти 9) Ин адад ҷамъ аст, ва камтарини ҷамъ се аст.
Масъалаи сеюм: Тарзи хондани намози ҷумъа:
Намози ҷумъа ду ракъат аст, ки дар он бо садои баланд карда мешавад қироат, зеро Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чунин мекарданд ва аҳли илм бар ин иҷмоъ кардаанд. Ибни Ҳазм (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: "Иҷмоъ кардаанд, ки намози ҷумъа - вақте ки бо шартҳояш барпо гардад - ду ракъат аст, ки дар он бо овози баланд тиловат карда мешавад" [109]. [109] Маротиби иҷмоъ (33).
Суннат аст, ки баъд аз Фотиҳа дар ракъати аввал сураи Аъло ва дар ракъати дуввум сураи Ғошияро бихонад. Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: "Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ду ид ва дар ҷумъа (сураи) "Саббиҳисма раббикал-аъло" ва "Ҳал атока ҳадисул-ғошия"-ро мехонданд"[110]. [110] Ривояти Муслим, рақами (878).
Ё дар ракъати аввал Фотиҳа ва сураи Ҷумъа ва дар дувум Фотиҳа ва сураи Мунофиқунро бихонад. Аз Ибни Абурофеъ ривоят аст, ки гуфт: Марвон Абуҳурайраро бар Мадина ҷонишин таъйин кард ва ба Макка рафт. Абуҳурайра дар намози Ҷумъа барои мо имоматӣ кард ва баъд аз сураи Ҷумъа, дар ракъати охир (Изо ҷоака-л-мунофиқун)-ро хонд. (Ровӣ) гуфт: Вақте, Абуҳурайра (аз намоз) фориғ шуд, ӯро дарёфтам ва ба ӯ гуфтам: Шумо ду сураеро хондед, ки Алӣ ибни Абитолиб онҳоро дар Куфа мехонд. Абуҳурайра гуфт: "Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки он дуро дар рӯзи ҷумъа мехонданд" [111]. (111) Ривояти Муслим, рақами (877).
Масъалаи чаҳорум: Намози ҷумъа бо чӣ дарёфта мешавад?
Намози ҷумъа бо дарк кардани як ракаъат бо имом дарк карда мешавад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кӣ як ракаъат аз намози ҷумъа ё ғайри онро дарк кунад, намозаш пурра шудааст" (112) [112] Ривояти Насоӣ, рақами (557).
Агар камтар аз як ракаъатро дарк кунад, онро намози пешин мегузорад [113]. [113] Ниг.: Ал-Муғнӣ, Ибни Қудома (2/231).
Пас ҳар кӣ як ракаъат аз намози ҷумъаро аз даст диҳад ва имомро дар ракаъати дуввум ҳангоми рукуъ ё пеш аз он дарк кунад, дар ин ҳолат ӯ танҳо як ракаъати дигарро адо мекунад, ба далели ҳадис: " Ҳар кӣ як ракаъатро дарк кунад, намозро дарк кардааст". (114) (114) Ривояти Абудовуд, рақами (893).
Масъалаи панҷум: Он чӣ дар рӯзи ҷумъа анҷом доданаш ҳаром ё макрӯҳ аст.
1- Дар вақти хутба хондани имом гап задан ҳаром аст, ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: "Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: Гӯш кун, муртакиби лағв шудаӣ". [115] Яъне: сухани беҳуда гуфтӣ, ва он сухани ботилу мардӯд аст, ва фазилати ҷумъаат ботил шуд. [115] Ривояти Бухорӣ, рақами (934) Муслим, рақами (851).
Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: "Дар ин ҳадис аз ҳама гуна сухан гуфтан дар ҳоли хутба наҳй шудааст ва бо ин (мисол) ба дигар анвоъи он ишора шудааст, зеро агар гуфтани «Гӯш кун», ки дар асл амр ба маъруф аст, лағв номида шуда бошад, пас дигар суханон ба тариқи авло лағв ба ҳисоб мераванд"[116]. (116) Шарҳи Муслим (6/ 138)
Дар манъи сухан гуфтан ҷавоби атсазананда ва ҷавоби салом низ дохил мешавад, ки дар вақти хутба хондани имом ҷоиз нест. Аммо пеш аз он ки хатиб хутбаро оғоз кунад ва ҳангоми сактаи (истироҳати хатиб дар миёни ду хутба) байни ду хутба, дар сухан гуфтан ҳеҷ боке нест.
Аммо сухан гуфтани маъмум бо хатиб ишколе надорад. Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде рӯзи ҷумъа аз даре, ки аз тарафи Дорулқазо буд, ба масҷид даромад, дар ҳоле ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) истода хутба мехонданд. Он мард рӯ ба рӯи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) истода ва гуфт: Эй Расулаллоҳ, молу сарват талаф шуд, роҳҳо баста шуданд, ба даргоҳи Худо дуо кун, ки барои мо борон бифиристад. Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дастонашонро бардоштанд..." ҳадис [117]. [117] Ривояти Бухорӣ, рақами (967), Муслим, рақами (897).
2 - Дар вақти хутба бо сангрезаҳо бозӣ кардан, истифода бурдани тасбеҳ, ё машғул шудан бо телефони ҳамроҳ ва монанди инҳо ҳаром аст, зеро аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кӣ ба сангрезаҳо даст занад, кори беҳуда кардааст". [118]. Зеро амалҳои беҳуда монеи фаҳм ва хушӯъ мешаванд. [118] Ривояти Муслим, рақами (857).
3- Дар аснои хутба аз болои китфи мардум гузаштан ҳаром аст. Аз Абдуллоҳ ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзи ҷумъа марде омад, ки аз болои китфи мардум мегузашт, дар ҳоле, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хутба мехонд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: "Бишин, ки озор додӣ" (119) (119) Ривояти Абудовуд, рақами (1118).
Зеро аз болои китфи мардум гузаштан боиси озори намозгузорон мешавад ва онҳоро аз гӯш кардани хутба бозмедорад. Аммо барои имом, агар барои расидан ба ҷои худ дигар роҳе надошта бошад, ва ҳамчунин барои шахсе, ки ба хотири ниёзи ногузир, монанди таҳорат кардан, ё барои пур кардани ҷои холӣ дар пеши худ ва монанди инҳо маҷбур мешавад, аз болои китфи мардум гузаштан боке надорад.
4- Шахсеро аз ҷое, ки ба он пешдастӣ кардааст, бархезонида ва ба ҷояш нишастан, ҳаром аст, зеро аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ кадоми шумо набояд бародарашро рӯзи ҷумъа аз ҷояш баланд намуда, худ ба ҷои ӯ бинишинад, балки ҷойро васеъ кунед" (120) [120] Ривояти Муслим, рақами (2178).
5 - Ҷудоӣ андохтан байни ду нафар, яъне дар байни онҳо нишастан ва ё аз болои онҳо гузаштан макрӯҳ аст, зеро аз Салмони Форсӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе рӯзи ҷумъа ғусл кунад... сипас биравад ва миёни ду нафар ҷудоӣ наяфканад, баъд ба андозае, ки барояш муқаддар шудааст, намоз гузорад, сипас ҳангоме ки имом (барои хутба) баромад, хомӯш истад, гуноҳони байни он ҷумъа ва ҷумъаи дигар барояш бахшида мешавад". (121) Ин далел ба он далолат мекунад, ки касе байни ду нафар ҷудоӣ меандозад, ба ин омурзиш даст намеёбад. [121] Ривояти Бухорӣ, рақами (910).
Масъалаи шашум: Суннатҳои ҷумъа:
1- Дар намози бомдоди рӯзи ҷумъа сураҳои Саҷда ва Инсонро хондан суннат аст, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бар он мудовимат мекарданд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи ҷумъа дар намози субҳ сураи Саҷда ва сураи Инсонро мехонданд". [122] Ривояти Бухорӣ, рақами (891), Муслим, рақами (880).
2- Ғусл кардан дар рӯзи ҷумъа суннати муаккада аст, ба далели ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо), ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Ҳар гоҳе яке аз шумо ба намози ҷумъа ояд, бояд ғусл намояд". [123]. Бояд ба он таваҷҷуҳ кард ва онро тарк накард, махсусан барои касоне, ки бӯйи бад доранд. [123] Ривояти Бухорӣ, рақами (877), Муслим, рақами (844).
Вақти ғусли ҷумъа аз тулӯъи фаҷр оғоз мешавад ва ғусли ҷанобат аз ғусли ҷумъа кифоягӣ мекунад; зеро мақсади ғусли ҷумъа, ки покизагӣ ва бартараф кардани бӯйҳои нохуш аз бадан аст, бо ғусли ҷанобат низ ҳосил мешавад. Вале машрӯъ аст, ки (шахс) нияти ғусли ҷумъаро низ дар ғусли ҷанобат намояд, то аҷри онро ба даст орад.
3- Барояш хушбӯй задан, покӣ кардан ва дур кардани чизҳои зиёдатӣ аз бадан суннат аст, монанди гирифтани нохунҳо, тарошидани мӯйи зери ноф, кандани мӯи зери бағал ва кӯтоҳ намудани мӯйлаб, ба далели ҳадиси Салмони Форсӣ (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе рӯзи ҷумъа ғусл намояд ва ба қадри тавонои худро пок кунад, сипас равған молад ё аз хушбӯӣ истифода барад, сипас (барои намоз) биравад ва байни ду нафар ҷудоӣ наяфканад ва он қадар намозе, ки барояш муқаррар шудааст бихонад, чун имом (барои хутба) барояд, хомуш бошад, гуноҳони байни ин ҷумъа ва ҷумъаи дигараш омурзида мешавад". (124) [124] Ривояти Бухорӣ, рақами (910).
Ҳамчунин истифодаи мисвок дар ин рӯз таъкид мешавад, ба далели ҳадиси Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуд: "Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст, инчунин мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад". (125) [125] Ривояти Бухорӣ, рақами (880).
4- Барояш суннат аст, ки беҳтарин либосеро, ки меёбад, бипӯшад, ба далели ҳадиси Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу). "...ӯ дар назди дари масҷид ҷомаи абрешимиеро дид ва гуфт: Эй Расули Худо, кош инро харида, рӯзи ҷумъа ва барои ҳайатҳо, вақте ки ба назди шумо меоянд, мепӯшидед..." (126) [126] Ривояти Бухорӣ, рақами (886), Муслим, рақами (2068).
5- Рӯзи ҷумъа барвақт рафтан ба масҷид суннат аст, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба он тарғиб кардаанд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат ғусл кунад, - яъне ғусле, ки сифаташ монанди сифати ғусли ҷанобат аст, - сипас (барои намоз) биравад, гӯё шутуреро қурбонӣ кардааст, - ки он як шутур аст, хоҳ нар бошад ё мода, - ва касе, ки дар соати дуввум биравад, гӯё говеро қурбонӣ кардааст, ва касе, ки дар соати сеюм биравад, гӯё гӯсфанди шохдореро қурбонӣ кардааст, ва касе, ки дар соати чаҳорум биравад, гӯё мурғеро қурбонӣ кардааст, ва касе, ки дар соати панҷум биравад, гӯё тухмеро қурбонӣ кардааст. Ҳангоме ки имом (барои хутба) берун меояд, фариштагон ҳозир мешаванд ва зикрро (хутбаро) гӯш мекунанд". (127) [127] Ривояти Бухорӣ, рақами (881), Муслим, рақами (850).
6- Барои касе, ки рӯзи ҷумъа дар ҳоле ки имом хутба мехонад, вориди масҷид мешавад, суннат аст, ки то ду ракаат намози кӯтоҳ нагузорад, нанишинад, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро, ки дар вақти хутба ворид шудааст, ба ин кор амр кардаанд. Чунончи аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Сулайки Ғатафонӣ рӯзи ҷумъа, дар ҳоле ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутба мехонданд, омад ва нишаст. Паёмбар ба ӯ фармуданд: "Эй Сулайк, бархез ва ду ракаъат намоз бигузор ва онҳоро кӯтоҳ бигзор". Баъд аз он гуфт: "Агар яке аз шумо дар рӯзи ҷумъа, дар ҳоли хутба хондани имом, омад, ду ракаъат намоз бигузорад ва он дуро кӯтоҳ бихонад". (128) [128] Ривояти Бухорӣ, рақами (930), Муслим, рақами (875).
7- Хондани сураи Каҳф дар рӯзи ҷумъа суннат аст, Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас дар рӯзи ҷумъа сури Каҳфро бихонад, аз он ҷумъа то ҷумъаи дигар барояш нуре фурӯзон мешавад". (129) [129] Ҳоким дар Мустадрак дар зери [Рақами: 3392] ривоят кардааст ва ҳадис ба сабаби вақф бар Абусаъид маълул аст.
8- Дар рӯз ва шаби он зиёд дуруд фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) суннат аст, зеро аз Авс ибни Авс (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳамоно, аз беҳтарин рӯзҳои шумо рӯзи ҷумъа аст. Пас, дар он рӯз бар ман бисёр дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо бар ман арза карда мешавад". (130) (130) Ривояти Абудовуд, рақами (1531).
9- Суннат аст, ки дар ин рӯз дуоро бисёр кунад ва соати иҷобатро ҷустуҷӯ намояд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи ҷумъаро ёд карда, фармуданд: "Дар он соатест, ки ҳеҷ бандаи мусалмон дар он истода намоз намегузорад ва аз Аллоҳи Таъоло чизе талаб намекунад, магар инки ба ӯ ато мекунад". (131) [131] Ривояти Бухорӣ, рақами (935), Муслим, рақами (852).
Иҷобати дуо дар ҳама соатҳои рӯзи ҷумъа умедворӣ карда мешавад, вале умедбахштарини онҳо миёни нишастани имом дар рӯзи ҷумъа барои хутба то он ки намоз адо шавад, ва охирин соати рӯзи ҷумъа дар ҳаққи касе, ки нишаста мунтазири намози шом аст, хоҳ дар масҷид бошад ё дар хонааш, ба далели ҳадиси Абумӯсои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи соати ҷумъа фармуданд: "Он аз нишастани имом то ба поён расидани намоз аст". (132) [132] Ривояти Муслим, рақами (853).
Масъалаи ҳафтум: Нофилаи ҷумъа:
Намози ҷумъа пеш аз он суннати ротиба надорад, валекин барои касе, ки ба ҷумъа меояд, суннат аст, ки ҳар қадар бихоҳад, ду ракаъат, ё чаҳор, ё шаш, ё бештар аз он намоз бихонад ва баъд аз ҳар ду ракаъат салом диҳад, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ин амр тарғиб намудаанд, чунон ки дар ҳадиси Салмон Форсӣ (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар касе рӯзи ҷумъа ғусл кунад... сипас биравад ва миёни ду нафар ҷудоӣ наяфканад, баъд ба андозае, ки барояш муқаддар шудааст, намоз гузорад, сипас ҳангоме ки имом (барои хутба) баромад, хомӯш истад, гуноҳони байни он ҷумъа ва ҷумъаи дигар барояш бахшида мешавад". [133]. Инчунин ба далели амал кардани саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ва умуми фазилате, ки дар бораи нафли мутлақ ворид шудааст. [133] Ривояти Бухорӣ, рақами (910).
Аммо суннати ротиба, баъд аз намози ҷумъа аст, дар хонааш ду ракаъат, ё дар масҷид чаҳор ракаъат намоз мегузорад. "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пас аз ҷумъа дар хонааш ду ракъат намоз мегузориданд" [134]. Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ яке аз шумо ҷумъаро адо намуд, баъд аз он чаҳор ракъат намоз бигзорад". (135) [134] Ривояти Бухорӣ, рақами (937), Муслим, рақами (729), аз ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо). [135] Ривояти Муслим, рақами (881).
Бинобар ҳадисҳои зикршуда суннати намози ҷумъа, агар дар масҷид хонда шавад, чаҳор ракаъат аст, агар дар хона хонда шавад, ду ракаъат аст.
Матлаби дуввум: Хутбаи ҷумъа
Масъалаи аввал: Хутбаи ҷумъа:
Хутба, суханест, ки пеш аз намози ҷумъа барои ҷамъе аз мардум гуфта мешавад ва шомили ҳамду санои Аллоҳ, ва дуруду салом бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва мавъизаву ёдоварӣ мебошад мебошад [136]. (136) Ниг.: Муъҷами луғати фуқаҳо (197), Хутбаи ҷумъа ва аҳкоми фиқҳии он, Ҳуҷайлон: (22).
Масъалаи дуввум: Ҳукми хутба:
Хутба шарти намози ҷумъа аст, ки бе он дуруст намешавад, ба далели фармудаи Худованди Мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ Таъоло бишитобед...) (Сураи Ҷумъа, ояти 9) Зикри Аллоҳ дар ин оят ба хутба тафсир шудааст [137], зеро агар хутба воҷиб намебуд, саъй кардан ба сӯи он низ воҷиб намешуд. Ҳамчунин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайваста онро анҷом медоданд ва ҳаргиз онро тарк наменамуданд. [137] Ниг.: Тафсири Табарӣ (22/642).
Имом Ибни Қудомаи Ҳанбалӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Хулоса ин аст, ки хутба шарти ҷумъа аст ва бе он дуруст намешавад"[138]. [138] Ал-Муғнӣ (2/224).
Масъалаи сеюм: Шартҳои хутба:
1- Ду хутба будани онҳо, зеро дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) омадааст, ки гуфт: "Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду хутба мехонд ва байни онҳо менишаст" [139]. [139] Ривояти Бухорӣ, рақами (928).
2- Баъд аз даромадани вақти намози ҷумъа бошад, зеро агар он ё ҷузъе аз он қабл аз вақт воқеъ шавад, саҳеҳ нест.
3- Муқаддам будани ду хутба бар намоз, бинобар ҳадиси Соиб ибни Язид (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: "Ҳамоно, аввалин азони рӯзи ҷумъа дар аҳди Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Абубакру Умар (разияллоҳу анҳумо) ҳангоме буд, ки имом рӯзи ҷумъа бар минбар менишаст" [140] Ин далели ошкору равшан бар муқаддам будани ду хутба бар намоз аст. [140] Ривояти Бухорӣ, рақами (916).
Бинобар фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мегӯяд: "Намоз бихонед, ҳамчуноне, ки маро дидед намоз мехонам (Мисли ман намоз хонед)" (141), Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намоз нахонданд, магар баъд аз ду хутба, Мирдовӣ мегӯяд: "Пеш аз намоз будани он ду -яъне: ду хутба- бе ихтилоф шарт аст" [142]. [141] Ривояти Бухорӣ, рақами (631) аз ҳадиси Молик ибни Ҳувайрис (разияллоҳу анҳу). [142] Ал-Инсоф (2/ 389).
4- Муволот байни ҷузъҳои хутба, Имом Ибни Қудома раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: "Муволот (пай дар пай будан) дар дурустии хутба шарт аст. Агар миёни қисматҳои он бо сухани тӯлонӣ, ё сукути тӯлонӣ, ё чизи дигаре, ки муволотро қатъ мекунад, фосила андозад, бояд онро аз сар бигирад. Меъёр дар тӯлонӣ ва кӯтоҳ будани фосила урф аст. Ҳамчунин муволот байни хутба ва намоз шарт дониста мешавад. Агар ба таҳорат эҳтиёҷ пайдо кунад, таҳорат намуда, хутбаашро идома медиҳад, ба шарте ки фосила тӯлонӣ нагардад" [143]. [143] Ал-Муғнӣ (2/230).
5- Бо овози баланд хондани хутба, зеро хутба воҷиб ва шарти дурустии намози ҷумъа аст ва бо овози баланд хондан василае барои адои он ва расидан ба мақсади он, яъне мавъиза ва ёдоварӣ, мебошад. Он чизе, ки воҷиб ҷуз бо он анҷом намешавад, худи он низ воҷиб аст.
6- Ҳозир будани адади намозгузороне, ки намози ҷумъа бо он барпо мешавад, зеро хутба зикрест, ки шитофтан ба сӯи он воҷиб аст, пас лозим аст, ки теъдоди мазкур ба он гӯш фаро диҳанд.
Масъалаи чаҳорум: Аркони хутба:
1 - Оғоз кардани хутба бо ҳамду ситоиши Аллоҳ Азза ва Ҷалла, бинобар ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо), ки гуфт: "Хутбаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи ҷумъа чунин буд, ки ҳамду санои Аллоҳро ба ҷо меоварданд, сипас дар пайи он мефармуданд..." (ҳадис) [144]. (144) Ривояти Муслим, рақами (867)
2- Шомил будани он бар салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), зеро салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар хутбаҳо амри маъруфу машҳур назди Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) аст [145]. [145] Ниг.: Ҷало-ул-афҳом, Ибни Қаййим (371).
2- Шомили мавъиза ва васият ба тақвои Худованди Мутаъол будан, зеро аз Ҷобир ибни Самура (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду хутба доштанд, байни онҳо менишастанд, Қуръон мехонданд ва мардумро ёдоварӣ мекарданд" [146]; Зеро мақсад аз хутба ҳам ҳамин аст. (146) Ривояти Муслим, рақами (862)
4- Хондани чизе аз Қуръони Карим, ба далели ҳадиси Ҷобир ибни Самура (разияллоҳу анҳу): "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду хутба доштанд, байни онҳо менишастанд, Қуръон мехонданд ва мардумро ёдоварӣ мекарданд".
Масъалаи панҷум: Суннатҳои хутба:
1- Дар минбар ё ҷои баланд хутба хондан. "Барои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) минбаре сохта шуд ва эшон рӯзи ҷумъа бар он хутба хонданд" [147]، Аз ҷамъе аз саҳоба (разияллоҳу анҳум) ба тариқи тавотур ривоят шудааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бар минбар хутба мехонданд, [148] Нававӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) иҷмоъро бар мустаҳаб будани он нақл карда, чунин гуфтааст: "Уламо иҷмоъ кардаанд, ки хондани хутба бар минбар мустаҳаб аст"[149], Зеро ин кор дар расонидани паём таъсирбахштар аст ва ҳамчунин вақте мардум хатибро мебинанд, мавъиза барояшон таъсирбахштар мешавад. [147] Ривояти Бухорӣ, рақами (2095) аз ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу). [148] Ниг.: Ирво-ул-ғалил фӣ тахриҷи аҳодиси Манор-ус-Сабил (3/75) ва саҳифаҳои баъдӣ. [149] Маҷмӯъ шарҳи Муҳаззаб (4/ 527).
2- Истодани хатиб ҳангоми хутба; ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд: ([Эй Паёмбар, бархе аз ин мардум] Ҳангоме ки тиҷорат ё саргармие бубинанд, [аз атрофи ту] ба сӯйи он пароканда мешаванд ва туро истода [бар минбар] раҳо мекунанд...) (Сураи Ҷумъа, ояти 11) Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) истода хутба мехонд, сипас менишаст, сипас бармехост, ҳамчуноне ки шумо ҳоло мекунед" [150]. [150] Ривояти Бухорӣ, рақами (920) Муслим, рақами (861).
3- Суннат аст, ки хатиб рӯ ба намозгузорон кунад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ рӯзи ҷумъа ба минбараш наздик мешуд, ба нишастагони назди худ салом мекард ва чун бар минбар боло мерафт, рӯ ба мардум мекард ва сипас салом медод" [151]. [151] Ривояти Байҳақӣ дар китоби "Сунани кубро", рақами (5742).
Ҳофиз ибни Раҷаб гуфтааст: "Рӯй овардани имом ба аҳли масҷид ва пушт гардонданаш ба қибла мавриди иҷмоъ аст ва нусус низ ба он далолат мекунанд, зеро ӯ ба онҳо хитоб мекунад, то аз ӯ бифаҳманд ва ҳамаи ин суннат аст. Пас агар имом ба он мухолифат кунад, ба суннат мухолифат кардааст ва намози ҷумъааш саҳеҳ аст" [152]. [152] Фатҳ-ул-борӣ, Ибни Раҷаб (8/250).
4- Суннат аст, ки хатиб вақте ба сӯи намозгузорон рӯй оварад, ба онҳо салом диҳад, ба далели ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу). "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ ба минбар боло мешуданд, салом медоданд"[153]. (153) Ривояти ибни Моҷаҳ, рақами (1109).
5. Дар болои минбар нишастани имом то тамом шудани азони муаззин суннат аст, бинобар қавли Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо): "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду хутба мехонданд. Бар минбар баромада, менишастанд, то муаззин аз азон фориғ шавад. Сипас бархоста, хутба мехонданд. Сипас менишастанд ва сухан намегуфтанд. Сипас боз бархоста, хутба (хутбаи дуюмро) мехонданд". [154]. Ва шоҳиди он, ҳадиси Ас-Соиб ибни Язид (Худованд аз ӯ розӣ бод) аст, ки гуфт: "Азони рӯзи ҷумъа нахустин бор ҳангоми нишастани имом бар минбар, дар аҳди Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Абубакру Умар (разияллоҳу анҳумо) буд" [155]. (154) Ривояти Абудовуд, рақами (1092). [155] Ривояти Бухорӣ, рақами (916).
6- Дар вақти хутба хондан ба қадри тавоноӣ овозашро баланд намояд, зеро дар ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Ҳангоме ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хутба мехонданд, чашмонаш сурх гашта, садояшон баланд гардида ва сахт ғазабнок мешуданд, ки гӯӣ эшон бимдиҳандаи як лашкаранд, ки мегӯяд: "Субҳу шоматон ба хайр бод". [156], (Саббаҳакум) яъне: лашкар субҳгоҳон назди шумо омад, (Массокум) яъне: шомгоҳон назди шумо омаданд. Ҳар кас, ки касеро битарсонад, метавонад ин ду лафзро бигӯяд. [156] Ривояти Муслим, рақами (867).
7- Байни ду хутба андаке нишастан, ба далели ҳадиси ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод): "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду хутба мехонд ва дар байни онҳо менишаст". [157] [157] Ривояти Бухорӣ, рақами (928).
8- Суннат аст, ки ду хутба кӯтоҳ ва намоз дароз хонда шавад ва хутбаи дуввум аз аввалӣ кӯтоҳтар бошад, ба далели ҳадиси Аммор (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳамоно дарозии намози мард ва кӯтоҳии хутбааш нишонае аз дониши ӯст. Аз ин рӯ, намози худро тулонӣ намуда ва хутбаро кӯтоҳ кунед". (158) [158] Ривояти Муслим, рақами (869).
9- Дар ҳаққи мусалмонон барои салоҳи дину дунёяшон ва дар ҳаққи сарварони умури мусалмонон барои салоҳу тавфиқ дуо кардан суннат аст. Имом Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Аммо дуо кардан дар ҳаққи пешвоёни мусулмонон ва ҳокимони онҳо барои ислоҳу салоҳ, мадад дар роҳи ҳақ, барпо доштани адолат ва монанди инҳо, ва ҳамчунин дар ҳаққи лашкарҳои Ислом, ба иттифоқ мустаҳаб аст" [159]. [159] Ал-Маҷмӯъ шарҳи Муҳаззаб (4/521).
Барои имом машрӯъ нест, ки дар ҳоли дуо дар хутбаи ҷумъа дастонашро боло бардорад, магар дар дуои истисқо (талаби борон), ва барояш мустаҳаб аст, ки бо ангушти саббоба ишора кунад. Аз Умора ибни Руайба (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ Бишр ибни Марвонро дар болои минбар дид, ки дастонашро боло бардоштааст, пас гуфт: "Худованд ин ду дастро зишт гардонад! Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки бо дасташ беш аз ин ишора намекард ва бо ангушти ишораташ ишора намуд" [160]. [160] Ривояти Муслим, рақами (874).
10- Имоматии намозро ҳамон касе ба ӯҳда гирад, ки хутба мехонад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) худашон он дуро анҷом медоданд ва ҳамчунин халифаҳояш пас аз ӯ. Агар марде хутба хонад ва дигаре бинобар узре имоматӣ кунад, ҷоиз аст [161]. [161] Ал-Муғнӣ, Ибни Қудома, (2/ 228).
Масъалаи шашум: Тарҷумаи хутбаи ҷумъа:
Барои хатиб дар кишварҳое, ки мардум ё аксари онҳо забони арабиро намедонанд, ҷоиз аст, ки бо забони худашон хутба бихонад, то хутбаро бифаҳманд, мақсуди он ҳосил шавад ва аз илму мавъиза ва панде, ки дар он аст, баҳраманд гарданд. Зеро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст, ки забони арабӣ барои хутбаи ҷумъа шарт бошад. Балки он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо ин забон хутба мехонданд, зеро он забони худашон ва забони қавмашон буд.
Барои хатиб авлотар аст, ки хутбаро ба забони арабӣ бихонад, сипас онро ба забони мардуми диёраш тарҷума намояд, ба хотири иқтидо ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар хутбаҳояшон ва берун омадан аз ихтилоф дар ин масъала.
Дар тарҷума бояд муносибтарин роҳ барои шунавандагон риоя шавад, ки оё тарҷума баъд аз ҳар як бахши хутба анҷом дода шавад, ё ин ки баъд аз поёни хутба ба забони арабӣ ва пеш аз намоз сурат гирад.
Ҳамчунин тарҷумаи ҳамзамони хутба, пахш кардани он тавассути истгоҳи пахшкунанда ва истифода бурдани гӯшакҳо барои он тарҷума аз ҷониби намозгузороне, ки забони арабиро хуб намедонанд, ҷоиз аст. Ин амал на аз ҷониби тарҷумон ва на аз ҷониби қабулкунанда аз ҷумлаи сухани беҳудаи манъшуда ба ҳисоб намеравад, зеро дар ин кор манфиати умумӣ ва ба даст овардани мақсад аз хутба вуҷуд дорад.
Масъалаи ҳафтум: Вижагиҳои хатиб:
Хатиби масҷид сутун ва қувваи он ба шумор меравад; тавассути ӯ масҷид рисолати худро дар нашри даъват, огоҳ сохтани ҷомеа ва басират бахшидан ба мардум дар умури динашон адо мекунад. Аз ин рӯ, агар хатиб олим, оқил, соҳиби басирати амиқ ва аз одат ва аҳволи мардум огоҳ бошад, таъсири ӯ барои ҷамоати масҷид ва сокинони он маҳалла нек ва муфид хоҳад буд, онҳоро таълим медиҳад, роҳнамоӣ мекунад ва ба сӯи ҳар хайру фазилат пешвоӣ менамояд.
Хатибоне, ки дорои шартҳои хутба гуфтан буданд, низ чунин буданд: дар садри ислом Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хатиб буданд, сипас хулафои рошидини ӯ, сипас амирон, сардорон, уламо ва бузургон. Ин далолат бар он мекунад, ки бояд мутаваллии ин вазифа аз лиҳози дин, ахлоқ, илм ва рафтор дар мартабаи баланд бошад.
Дар ин ҷо аҳамияти ин вазифа дар ҳаёти мардум зоҳир мешавад. Зеро қудрати хатибон дар ҷомеаҳояшон намоён мешавад ва заъфашон низ дар он ҷомеаҳо асари худро мегузорад. Зеро масҷид ба ҷомеа мувофиқати гуфтор бо кирдорро меомӯзонад. Агар хатиб аз ҷиҳати илм, ақл ва ё шахсият заъиф ва ё бадахлоқу бадрафтор бошад, ӯ зарар мерасонад, на фоида. Агар аз вазифаҳои хатиб ҳидояти намозгузорон ба сӯи хайру некӣ ва ислоҳ бошад, пас барои хатиби ҷоҳил анҷом додани ин вазифаи бузург амрест душвор.
Гоҳо хатиб аз ҷиҳати илм ва тавоноии шахсӣ дорои шартҳои ин вазифа мебошад, лекин ӯ ба корҳои дигаре машғул аст, ки ба сатҳи иҷрои вазифааш таъсир мерасонад.
Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки барои омода кардани хутбаи муносиби ҳол вақти кофӣ наёбад, пас, барои мардум – чи тавре ки Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд – хутбае ироа мекунад, ки дар дил на имон ба Аллоҳ, на тавҳиди Ӯ, на маърифати хос нисбат ба Ӯ, на ёдоварии айёми Ӯ ва на барангехтани нафсҳоро ба муҳаббати Ӯ ва шавқи дидораш ҳосил намекунад [162]. (162) Зоду-л-меъод фи ҳадйи хайри-л-ибод (1/409)
Гоҳо бар ӯ ҳаво ва ҳавас, ё ҷаҳолат, ё низоъҳо ва ё ифротгароии мазамматшуда ғолиб омада, ӯро аз доираи инсофу воқеъбинӣ, тавҷеҳи тарбиявӣ, даъват бо ҳикмат ва панди некӯ хориҷ месозад.
Масҷид дар ин дин таъсири бузурге дорад, зеро он манораи ҳидоятест, ки банда дар он бо Парвардигораш робита барқарор мекунад, имонаш қавӣ мегардад ва бо бародаронаш ҷамъ меояд, то ҳамагон дар густариши фазилат ва мубориза бо разилат ҳамкорӣ намоянд. Масҷид ба ин кор қодир нахоҳад буд, магар ин ки Аллоҳ барои он имомеро муҳайё созад, ки дорои шароити илмӣ ва ахлоқии зарурӣ барои ишғоли ин мансаби бузург ва анҷоми вазифаҳои ин кори боазамат бошад.
Муҳимтарин асосҳои илмие, ки хатиб бояд дошта бошад:
1- Ихлоси амал ба Аллоҳ Таъоло, то инки назди Аллоҳ ва мардум таъйидшуда, нусратёфта, мақбул ва маҳбуб бошад.
2 - Аз риё ва худнамоӣ дурӣ ҷустан, зеро корҳо ба мақсадҳо ва амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва ҳар кас танҳо он чизеро ба даст меорад, ки ният кардааст. Ҳар касе, ки худро бо чизе, ки дар ӯ нест, зиннат диҳад, Аллоҳ Таъоло ӯро расво месозад.
3- Ҳофизи Қуръон бошад, ё қисме аз онро ҳифз карда бошад ва он чиро, ки ҳифз кардааст, пайваста такрор намояд ва барои тиловати Қуръон вирди ҳаррӯза дошта бошад.
4 - Ҳифз кардани чанде аз аҳодиси набавӣ, аз китоби "Риёзу-с-солиҳин", ё "Арбаъини Нававӣ", ё "Булуғу-л-маром", ё дигар китобҳои ҳадиси мӯътамад.
5 - Омӯхтани ақидаи саҳеҳ, ақидаи салафи солеҳ.
6 - Фиқҳи аҳкоми дин, хусусан фиқҳи ибодот, ки муҳимтарини он ба таҳорат, намоз, закот ва рӯза марбут аст. Ҳамчунин фиқҳи муъомилотро биомӯзад, то завобити касбу инфоқро бидонад ва мардумро аз фиребу тақаллуб, ба ноҳақ гирифтани моли мардум, исрофу табзир ва бухлу хасисӣ барҳазар дорад, то тасарруфоти молияшон дар партави Китобу Суннат бошад.
7- Хуб донистани забони арабӣ, то маъноҳои он чиро, ки Аллоҳ бар Расулаш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил кардааст, бидонад, зеро Қуръон ба забони арабӣ нозил шудааст.
8 - Хондани сирати набавӣ, шамоили Муҳаммадӣ ва зиндагиномаи салафи солеҳ, зеро дар онҳо пешвои солеҳ, намунаи некӯ, сарвати илмии судманд ва фарҳанги волои исломӣ мавҷуд аст.
9 - Олимони кишвари худ ва дигар донишмандони устуворро, ки бо ақидаи солим, илм ва ақл маъруфанд, бишносад ва дар ҳамаи масъалаҳои динӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа, ки ба он ниёз дорад, ба онҳо муроҷиат намояд.
10 - Шинохтани фирқаҳои исломӣ ва ақидаҳои онҳо, равияҳои фикрӣ ва мақсадҳои онҳо ва мазҳабҳои харобкор ва ҳадафҳои онҳо, то дар партави Китоби Аллоҳ Таъоло, суннати Расули Ӯ (Салалоҳу алайҳи ва саллам) ва навиштаҳои уламои муҳаққиқи мусалмон онҳоро мавриди муноқиша қарор дода, дурӯғу ботили онҳоро нақд намояд ва аз ботилашон барҳазар дорад.
11- Бояд аз аҳволи мусалмонон, заъфи онҳо ва тасаллути душманон бар онҳо аҳамият диҳад ва бидонад, ки сабаби ин ҳама дурии онҳо аз роҳи рости Аллоҳ, заъфи имон ба Ӯ ва итоат аз шариъаташ мебошад. Бинобар ин, саъю кушиш намояд, то ба онҳо он чизеро, ки дар дину дунёяшон барояшон судманд аст, таълим диҳад.
12 - Ба воситаҳои гуногуни ахбори омма шиносоӣ пайдо намояд, ҷанбаҳои мусбат ва манфии онҳоро бидонад, чигуна аз онҳо дар роҳи даъват ба сӯи Худо истифода барад ва аз хатарҳои онҳо барои худ ва ҷомеааш барҳазар бошад.
Вақте ин асосҳо дар хатиби ҷумъа ҷамъ оянд, ин ба изни Аллоҳи Таъоло боиси истиқомат ва тавозун мегардад.
Муҳимтарин пояҳои ахлоқӣ
1- Хатиби масҷид бояд барои ҷамоати масҷид ва касоне, ки аз аҳли маҳалла ва ғайра ба масҷиди ӯ омадурафт мекунанд, даъватгар ва муаллим бошад. Бинобар ин бояд Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро намунаи худ қарор диҳад, зеро ӯ намунаи солеҳ, улгуи некӯ ва намунаи олӣ барои уммат ва пешвоён аст. Худованди Мутаъол мефармояд: (Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад) (Сураи Аҳзоб, ояти 21)
Худ ва аҳли масҷидашро аз суханҳои дунявӣ ва сиёсӣ дур дорад ва масҷидро махсуси илму ибодат гардонад.
2 - Худ поку мураттаб бошад ва ҳамчунин ба назофати масҷид, тартибу танзими ашёи он ва нигоҳубини таҷҳизоташ аҳамият диҳад, аз исрофкорӣ дар ин корҳо дурӣ ҷӯяд ва аз ороиш додани масҷид иҷтиноб варзад.
3 - Рафтори нек ва симои шоиста дошта, аз суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ намояд, аз ҷумла риш гузошта, мӯйлабро кӯтоҳ кунад ва аз дароз кардани либос парҳез намояд. Ҳамчунин, бояд бовиқору ором буда, пайрави роҳу равиши гузаштагони солеҳ (раҳматуллоҳи алайҳим) бошад.
4- Нармрафтор, бурдбор ва меҳрубон бошад, зеро нармрафторӣ дар ҳар чизе, ки бошад, онро зиннат медиҳад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад, чуноне ки дар ҳадис омадааст. Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Меҳрубонӣ дар ҳар чизе бошад, онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад". (163) [163] Ривояти Муслим, рақами (2594).
Агар аз яке аз аҳли масҷид хатогӣ содир шавад, барои хатиб шоиста нест, ки ӯро сарзаниш кунад, балки бояд ӯро бо нармӣ насиҳат кунад ва бо услуби некӯ ба ӯ таълим диҳад. Аз Муовия ибни Ҳаками Суламӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Дар ҳоле ки мо ҳамроҳи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намоз мегузоридем, ногоҳ марде аз қавм атса зад ва барояш "ярҳамукаллоҳ" гуфтам. Мардум маро ба чашмонашон нишона гирифтанд ва гуфтам: Модарам бар ман гиря кунад, чӣ шуда, ки ба сӯям нигоҳ мекунед? Онҳо дастҳои худро ба ронҳои худ заданд ва чун дидам, ки онҳо манро ба хомӯшӣ даъват мекунанд, хомӯш шудам. Чун Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намозро ба поён расонид, падару модарам фидояш бод, ҳеҷ муаллимеро пеш аз ӯ ва баъд аз вай надидам, ки некутар аз вай таълим диҳад. Қасам ба Худо, ки на маро сарзаниш намуд ва на зад ва на дашном дод, балки фармуд: "Дар ин намоз ҷое барои сухани мардум нест. Намоз ҷои тасбеҳу такбир ва хондани Қуръон аст". (164) [164] Ривояти Муслим, рақами (537).
5- Бояд нармдил ва меҳрубон бошад, то мардумро дар гирди худ ҷамъ кунад ва онҳо аз меҳрубонӣ, ёрӣ ва дониши ӯ баҳраманд шаванд. Бояд дар мусибатҳо ва ҳоҷатҳояшон дар канори онҳо биистад ва дар масъалаҳои марбут ба рисолати масҷид бо онҳо машварат намояд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳамаи инҳо дар мақоми олитарин қарор дошт, чунончи Аллоҳ Таъоло дар бораи ӯ мефармояд: ([Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ Таъоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло таваккалкунандагонро дӯст медорад) (Сураи Оли Имрон, ояти 159)
6- Бо сабр, яқин ва ростгӯӣ дар гуфтор ороста бошад, то сазовори шарафи имоматӣ дар масҷиди худ ва миёни ҷамоаташ гардад, зеро сабру яқин бандаро ба мартабаи имомат дар дин мерасонанд, Худованди Мутаъол мефармояд: (ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд) (Сураи Саҷда, ояти 24)
7- Бояд дар гуфтори худ содиқ бошад, хоҳ дар хутбаи ҷумъа бошад, ё дар дарси таълиму мавъиза ва ё дар суҳбаташ бо мардум, то аз ҷумлаи содиқон, ҳидоятёфтагон ва наҷотёфтагон бошад, чунончи дар ҳадис аз Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд: "Бар шумо ростгуӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некукорӣ раҳнамоӣ мекунад ва некукорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно инсони мусалмон рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (бисёр ростгӯ) навишта шавад. Аз дурӯғ гуфтан парҳез намоед, зеро дурӯғ инсонро ба сӯи гуноҳҳо раҳнамоӣ мекунад ва маъсияту гуноҳҳо инсонро ба сӯи дӯзах мекашонад ва шахси мусалмон дурӯғ мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд каззоб (бисёр дурӯғгӯ) навишта шавад". (165) [165] Ривояти Бухорӣ, (6094), Муслим, рақами (2607), аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу).
Дурӯғ шарру балост, ва бузургтарини дурӯғ дурӯғ бастан бар Аллоҳ Таъоло ва бе илм дар бораи Ӯ сухан гуфтан аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ таоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед») (Сураи Аъроф, ояти 33).
Ин ояти карима бузургтарин гуноҳонро ҷамъ оварда, онҳоро аз поёнтарин ба болотарин зикр кардааст, ки болотарини онҳо сухан гуфтан дар бораи Аллоҳ бидуни илм дар номҳо, сифот ва шариати Ӯ мебошад.
Инчунин дурӯғ бастан бар Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз бузургтарин дурӯғҳо, зишттарин гуноҳон ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст, ки ба соҳибаш оташи дӯзах ваъда дода шудааст. Аз Муғира ибни Шуъба (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфтанд: "Ҳамоно дурӯғ бастан бар ман монанди дурӯғ бастан бар каси дигар нест, ҳар касе қасдан бар ман дуруғ бибандад, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода созад" (166) [166] Ривояти Бухорӣ, рақами (1291), Муслим, рақами (4).
Бояд аз дурӯғ парҳез кард, ҳатто агар бо нияти нек ва ба хотири ташвиқ ба некӣ ва тарсонидан аз бадӣ бошад, чуноне ки баъзе аз воизон анҷом медиҳанд, зеро он зиштӣ аст, ки дар он хайр ва ҳидояте нест ва гӯяндаи он гунаҳкор аст, на соҳиби аҷр ва гунаҳкор аст, на баҳраманд.
8 - Дар нақли сухан амонатдор бошад, аз саҳеҳ будани хабарҳо итминон ҳосил намояд, дар қабули овозаҳо шитоб наварзад ва танҳо ба қавли боэътимод такя кунад. Худованди Мутаъол моро ба ин кор дар ин фармудаи Худ амр кардааст: (Эй муъминон, агар шахси мунҳарифе хабаре бароятон оварад, таҳқиқ кунед, то мабодо надониста ба гурӯҳе [бегуноҳ] осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед) (Сураи Ҳуҷурот, ояти 6).
9- Дар пӯшонидани айби мардум саъю кӯшиш намояд ва асрори онҳоро пинҳон дорад. Зеро ҳар кас, ки айби мусалмонеро бипӯшад, Аллоҳ дар дунё ва охират айби ӯро мепӯшад. Ва ҳар кас, ки айбҳои мусалмононро пайгирӣ кунад, Аллоҳ айби ӯро пайгирӣ мекунад, то ӯро расво кунад, ҳатто агар дар даруни хонааш бошад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кӣ (айби) мусалмонеро бипӯшонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат (айби) ӯро мепӯшонад". [167]. Аз Абубарзаи Асламӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй гурӯҳе, ки ба забон имон овардаед, вале имон ба қалбатон дохил нашудааст, мусалмононро ғийбат накунед ва айбҳои онҳоро ҷустуҷӯ накунед, зеро ҳар кас, ки айбҳои онҳоро ҷустуҷӯ кунад, Аллоҳ айби ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар касеро, ки Аллоҳ айбашро ҷустуҷӯ кунад, ӯро дар хонааш расво месозад". (168) [167] Ривояти Бухорӣ, рақами (2442), Муслим, рақами (2580). (168) Ривояти Абудовуд, рақами (4880).
Масъалаи ҳаштум: Одоби хутба ва хатиб:
1- Хутбаи ҷумъа набояд ба абзори таблиғотӣ барои ягон шахс, ҳизб, муассиса ва ё ғайри он табдил ёбад, балки бояд холис барои Аллоҳи Таъоло ва дини Ӯ, барои расонидани даъвати Ӯ ва эълои калимаи Ӯ бошад. Аллоҳи Таъоло мефармояд: (Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед) (Сураи Ҷин, ояти 18).
2- Хатиб набояд хутбаро ба ҳадде тӯлонӣ кунад, ки шунавандагонро хаста ва аз шунидани он безор созад ва на ба ҳадде кӯтоҳ кунад, ки ба мавзӯи худ халал ворид намуда, онро нотамом гузорад.
3- Хатиб бояд дар вақти ироаи хутба ҳолати шунавандагонро риоя кунад, барои оммаи мардум ба андозаи ақлашон сухан гӯяд ва аз вожаҳои луғавие, ки даркашон душвор аст, парҳез намояд. Бо табақаи миёна мутавассит ва бо хоссон бо баёни шево сухан гӯяд. Бояд бо ҳамаи табақаҳо ҳаким бошад ва ҳар чизро дар ҷои муносибаш қарор диҳад ва дар ҳар сурат, дар гуфтори худ аз ҳар гуна ороишоти ботил дурӣ ҷӯяд.
4 - Дурӣ ҷустан аз масъалаҳои ихтилофӣ, ки боиси кинаву адоват мегарданд, зеро вазифаи асосии хатиб таълим додани мардум, ҷамъ кардани дилҳояшон дар роҳи ҳақ ва аз байн бурдани сабабҳои шиқоқ ва ҷудоги дар байни онҳост.
5 - Дар қофияпардозӣ ва жарфавӣ такаллуф намекунад, балки мақсади асосиаш расонидани маъноҳои судманд бо возеҳтарин ва кӯтоҳтарин ибораҳост.
6- Аз тақлиди нафратовар ва сохтакорона ба шахсиятҳои хатибони машҳур парҳез кардан, зеро ин кор дар дилҳо нороҳатӣ ва норизоиро ба вуҷуд меорад [169]. [169] Нигаред ба: «Услуби хутбаи ҷумъа», Абдуллоҳ ибни Зайфуллоҳ Ар-Руҳайлӣ (12, 20, 22), «Панҷоҳу як васият барои хатиби муваффақ»-, Амир ибни Муҳаммад Ал-Мадарӣ (33, 73, 87).
Масъалаи нӯҳум: Мақсади хутба ва ҳадафҳои он:
Хутбаи ҷумъа бояд таҳқиқи мақсадҳои зеринро ҳадаф қарор диҳад:
1- Баёни усули тавҳид, аҳамият ва фазилати он ва барҳазар доштан аз ширк бо тамоми қисмҳо, суратҳо ва василаҳои он.
2- Мавъиза ва ёдоварӣ аз Аллоҳ Таъоло ва ҳисобу ҷазои Ӯ дар охират ва аз маъноҳои раббоние, ки дилҳо бо он зинда мешаванд, ва даъват ба хайру некӣ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар.
3- Ба мусулмонон фаҳмондани ҳақиқатҳои дини онҳо аз китоби Худои Таъоло ва суннати Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), бо таваҷҷуҳ ба солим нигоҳ доштани ахлоқу одоб аз ифроту тафрит.
4- Ислоҳи фаҳмишҳои нодуруст дар бораи Ислом ва рад кардани шубҳаҳо ва ботилҳое, ки душманонаш барои ошуфта сохтани зеҳнҳо ба миён меоранд, бо услуби қонеъкунанда ва ҳакимона, дур аз ҷанҷолу дашном.
5- Муқобила бо афкори харобиовар ва гумроҳкунанда тавассути пешниҳоди Исломи дуруст ба унвони барномаи асили уммат, ки Худованд онро барои онҳо ихтиёр намудааст ва онҳо низ онро барои худ ҳамчун дин пазируфтаанд, ҳамроҳ бо нишон додани хусусиятҳои он, аз қабили фарогирӣ, тавозун, амиқӣ ва мусбат будан.
6- Пайванд додани хутба бо ҳаёт ва воқеияти зиндагии мардум, бо роҳи тамаркуз ба муолиҷаи бемориҳои ҷомеа ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти он, ки аз шариати пурғановати ислом сарчашма мегиранд, дар баробари таваҷҷуҳи хос ба ақида ва ислоҳи он, аркони ислом ва имон, умури зан ва оилаи мусалмон ва дигар мавзӯъҳое, ки мардум ба онҳо ниёзманданд.
7- Риояи муносибатҳои гуногуне, ки дар тӯли сол такрор мешаванд, аз қабили Рамазон, Ҳаҷ ва ғайра, ки зеҳни шунавандагонро машғул дошта, онҳоро ба маърифате ташвиқ менамояд, ки роҳашонро дар ин бора равшан созад.
8- Таҳкими маънои бародарии исломӣ байни мусалмонон ва муқовимат бо тамоюлҳо ва таассубҳои нажодӣ, мазҳабӣ, маҳалгароӣ ва ғайраи тафриқаандоз миёни мусалмонон.
Масъалаи даҳум: Тарзи омода кардани хутба:
Хатиб бояд ба омодасозии комили хутбааш эътино намояд ва сарчашмаҳои зеринро ба эътибор гирад:
Хутба одатан аз се қисм иборат аст: муқаддима, мавзӯъ ва хулоса. Инҳо унсурҳое ҳастанд, ки дар аснои навиштан ё ироа кардан ба таври возеҳ зикр намешаванд ва ҳамчунин унсурҳои ба ҳам пайваста ва ҳамоҳанг мебошанд, ки пайвастагии байни онҳо вобаста ба тавоноии хатиб, фаровонии илм ва таҷрибаи ӯ ба дараҷаи камол мерасад, пас қисмҳои хутба муназзам ва сохтори он мустаҳкам мегардад.
Ин назму инсиҷом маъноҳоро возеҳ ва мақсадҳоро ошкор месозад ва барои гӯянда гӯшдиҳии хуби шунавандагонаш ва таваҷҷуҳи комили ҳамнишинонашро таъмин менамояд.
Муқаддима: Хатиб бояд ба муқаддима ва ифтитоҳияи худ аҳамият диҳад ва ибораҳои ибтидоиеро баён кунад, ки мақсади хутбаро ба шунаванда мерасонад, диққатро ҷалб мекунад ва нафсҳоро омода месозад. Ин метавонад бо оятҳои қуръонии зинҳордиҳанда ё тарғибкунанда ва ё баъзе аз ҳикматҳои балиғи набавӣ бошад. Ифтитоҳия аввалин чизест, ки хатиб ба шунавандагони худ ироа мекунад. Пас, агар онҳоро бо ҳусни тақдими худ дар шигифт андозад, онҳо метавонанд боқимондаи хутбаашро бо шавқу нишот пайгирӣ намоянд.
Дар ибтидои сухан бояд чизе бошад, ки ба мақсади гӯянда далолат намояд, ва ҳарчанд маълум аст, ки хутбаи ҷумъа бо ҳамду ситоиши Аллоҳ Таъоло, шаҳодатайн ва дуруду салом бар Расулуллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) оғоз мешавад, бояд дар ин калимаҳо интихоби хубе сурат гирад, ки баёнгари мавзӯъ ва мақсади хутба бошад.
Мавзӯъ: Он мақсади асосии хутба аст ва муносиб аст, ки дар ибтидои хутба ошкоро баён шавад, масалан, хатиб бигӯяд: "Мехоҳам ба шумо дар бораи фалон чиз суҳбат кунам...", агар он аз масъалаҳои рӯз бошад, ки ҷомеа бо он сарукор дорад ва дар ин бора интизори сухани қонеъкунанда аст.
Баъзан ошкоро баён кардани як мавзӯъ муносиб нест, зеро он ҳассос аст ё боиси ихтилоф миёни мардум мегардад. Дар ин ҳолат хатиб бояд тадриҷан ва ба таври ғайримустақим ба он ворид шавад, то шунавандагонро бо як тасалсули мантиқӣ ҳамроҳ сохта, бо эътидол ва тавозун ба ҳадафи худ бирасад ва аз иғвоангезӣ ва ихтилоф парҳез намояд. Бад-ин тартиб хатиб ба ғояи худ, ки омода сохтани дилҳост, ноил мегардад, дар сурате ки аз он мавзӯъ рӯйгардон бошанд ё сухан дар бораи чизе бошад, ки бо он унс нагирифтаанд.
Мавзӯи хутба одатан бар ду рукни асосӣ, яъне эзоҳ ва истидлол, бино ёфтааст.
Аммо тавзеҳ: он иборат аст аз баён кардани таърифи мавзӯе, ки дар бораи он сухан меравад, ва зикри сифатҳо, хусусиятҳо ва афзалиятҳои он.
Аммо истидлол: Ғолибан мавзӯъ барои тақвияти худ ба далелҳо, ҳуҷҷатҳо, бурҳонҳо ва шоҳидҳо ниёз дорад, ки онҳо одатан аз Қуръон ва Суннат, ақволи салаф ва овардани баъзе воқеаҳову ҳодисаҳо аз боби қиёс ва ибрат иборат мебошанд. Дар ин боб нақли қавл аз имомони машҳур ва ҳукамои онҳо, ки ба салоҳ, имомат, мурувват, зуҳд, шуҷоат ва вараъ маъруфанд, мувофиқи тақозои мақом ва муносибати мақол муфид аст.
Хотимаи хутба: Пас аз он ки хатиб аз баёни мавзӯи худ фориғ мешавад, шоиста аст, ки хутбаашро бо хотимаи муносиб ба поён расонад, ки афкорашро ҷамъбаст намуда, мавзӯашро бо ибораҳои дигар ва ба таври мухтасар хулоса кунад. Зеро дарозгӯӣ дар ин ҳолат боиси малолат ва парешонии фикр мегардад.
Он набояд дорои андешаҳои нав ва далелҳои нав бошад, зеро дар он сурат он хотима не, балки як қисми хутба ва идомаи он хоҳад буд.
Хотима бояд дар баёну таъсири худ қавӣ бошад, зеро он охирин чизест, ки ба гӯши шунаванда мерасад ва дар зеҳни ӯ боқӣ мемонад. Агар дар таркибаш заиф ва дар баёнаш суст бошад, фоидаи хутба аз байн меравад.
Хотима метавонад оятҳои қуръоние бошад, ки қаблан зикр нашудаанд ва мавзӯи хутбаро дар заминаи тарғиб, тарҳиб ё далелу исбот ҷамъбаст мекунанд. Ҳамчунин метавонад ҳадиси набавӣ бошад, ки ҳамон маънои оятҳои қуръониро ифода мекунад, ё метавонад такрори унсурҳои хутба бо услуби дигар ва ба таври ҷомеъ, равшан ва таъсиргузор бошад.
Ду масъалае ҳаст, ки хатиб бояд ба онҳо эътино намояд ва онҳо иборатанд аз: ваҳдати мавзӯъ, навгонӣ ва тағйир.
Ваҳдати (ягонагӣ) мавзӯъ: Бояд танҳо ба як мавзӯъ иктифо карда, унсурҳои онро пурра баён намуд, калимаҳояшро зебову ороста кард ва баррасии онро амиқтар сохт, зеро шоха-шоха будани мавзӯъҳо ва зиёд будани масъалаҳо дар як маврид, зеҳнҳоро парешон сохта, боиси аз ёд рафтани якдигар мегардад ва ба дарозсухании дилгиркунанда, тасвири хира ва сатҳӣ будани баррасӣ оварда мерасонад.
Навгонӣ ва гуногунӣ: Яъне, хутбаҳои ӯ набояд ба мавзӯъҳои такрорӣ маҳдуд шаванд, балки дар мавзӯъҳояш гуногуни эҷод намояд; то шомили тамоми умури шариат, аз қабили тавҳид, ибодот, муомилот, ахлоқ ва ғайра гардад.
Дар услуб ва равиши баёни худ ба як шеваи воҳид пойбанд набошад, балки гоҳе ба сурати пурсиш, гоҳе ба сурати хабарӣ, бо овардани мисолҳо ва дарёфти ҳикматҳову асрор бошад, ҳамзамон воқеиятҳои ҷомеаро дарк намуда, ниёзҳои мардумро дарёбад ва онҳоро мутобиқи таъсири ин тағйирот бар онҳо, роҳнамоӣ ва огоҳ созад [170]. [170] Ниг: Манҳаҷи эъдоди хутбаи ҷумъа, доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд: (22) ва баъд аз он.
Мабҳаси чаҳорум: Аҳкоми масҷидҳо
Матлаби аввал: Таърифи масҷид
Масҷид: ҷоест, ки дар он намозҳои панҷгонаи фарзӣ, ҷумъа ва ғайра барпо карда мешавад ва дар он азон гуфта мешавад. Масҷид номида шудааст, зеро он макони саҷда барои Аллоҳ Таъоло аст.
Фарқи байни масҷид ва мусалло
Масҷид ҷоест, ки барои ҳамеша барои адои намозҳои фарз таъин шудааст. Аммо мусалло ҷоест, муваққатӣ барои намозгузорӣ таъин шудааст, монанди намозхонаҳои мактабҳо, муассисаҳо, ширкатҳо, роҳҳои сафар ва ғайра, ки барои панҷ вақт намоз вақф нашудааст. Ҳангоми ворид шудан ба мусалло (намозгоҳ) хондани намози таҳияти масҷид суннат нест, балки он танҳо ҳангоми ворид шудан ба масҷид суннат аст.
Матлаби дуввум: Бино кардани масҷид ва фазилати он
Масҷидҳо беҳтарин ва шарифтарин маконҳои рӯи замин ҳастанд, ки дар онҳо беҳтарин ибодат, яъне намоз, барпо карда мешавад. Аллоҳи Таъоло мефармояд: ([Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд) 36 (Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше ононро аз ёди Аллоҳ таоло ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ғофил намекунад, [ва] аз рӯзе, ки дилҳо ва чашмҳо дигаргун мешавад, бим доранд) (Сураи Нур, оятҳои 36-37).
Аллоҳ Таъоло масоҷидро барои ташрифу такрим ба худ нисбат дода, фармудааст: (Кист ситамгортар аз он, ки аз бурдани номи Аллоҳ Таъоло дар масоҷид ҷилавгирӣ кунад ...) (Сураи Бақара, ояти 114), Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед) (Сураи Ҷин, ояти 18).
Бинобар ин, шариат ба сохтмон ва ободонии моддиву маънавии онҳо тарғиб намудааст. Аз ҷумла, Худованд мефармояд: (Масоҷиди Аллоҳ Таъолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ Таъоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд) (Сураи Тавба, ояти 18)
Аз Усмон ибни Аффон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ барои ризои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди онро бино хоҳад кард" (171) [171] Ривояти Бухорӣ, рақами (450), Муслим, рақами (533).
Ва аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ барои Аллоҳ масҷиде ба андозаи лонаи сангхорак ё хурдтар аз он бино кунад, Аллоҳ барои ӯ хонае дар биҳишт бино хоҳад кард" (172) [172] Ривояти Ибни Моҷа , рақами (738), Ал-Бусирӣ дар «Аз-Завоид» (1/94) гуфтааст: Ин исноди саҳеҳ аст.
Ва фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Агарчи ба андозаи ошёнаи сангхорак бошад". Яъне: Ҷое, ки паррандаи мода дар замин барои тухмҳояш омода мекунад ва мақсад аз ин муболиға дар хурдӣ аст, то ҳеҷ кас масҷидеро, ки бино кардааст, ҳақир нашуморад, агарчи дар ниҳояти хурдӣ бошад.
Дар ин (фазилат) ҳамчунин касе дохил мешавад, ки дар сохтмони он саҳм гузоштааст, ҳатто агар бо як хишт ё гил бошад, ё бо дасти худ дар он кор карда бошад, ё музди коргаронро пардохт карда бошад ва монанди ин ҳар амале, ки ба воситаи он шахс бо ҷон ё моли худ дар сохтмони масҷид кумак кардааст, ва инро танҳо барои ризои Худо ва ба даст овардани аҷру савоби он анҷом додааст, ки он ин аст, ки Аллоҳ барояш монанди он ё васеътар аз онро дар биҳишт бино мекунад, зеро хонаи биҳишт бо хонаи дунё қиёс карда намешавад ва миёни онҳо ҳеҷ нисбате нест. Ин амр касеро, ки Худо ризқашро фарох гардонидааст, ба шитофтан дар корҳои хайр ва ғанимат шуморидани фурсат дар ин зиндагӣ ташвиқ мекунад, то барои охирати худ чизеро пеш фиристад, ки савобашро назди Парвардигораш чандин баробар афзун меёбад [173]. [173] Ниг.: «Фаслҳо ва масъалаҳои марбут ба масҷидҳо», Шайх Ибни Ҷибрин, (раҳимаҳулло (14).
Матлаби севум: Обод кардани масҷидҳо ва фазилати онҳо
Обод кардани масҷидҳо ба маънои умумии он ободкории моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад, ки иборат аст аз: сохтани масҷидҳо, тармими онҳо, равшан кардан ва фарш андохтани онҳо, хидмат ва покиза намудани онҳо, ибодати Худованд дар онҳо, таъйин кардани имомону муаззинон барои онҳо, барпо кардани ҳалқаҳои зикр дар онҳо, аз қабили таълими Қуръон, фиқҳ, тафсир, ҳадис ва дигар илмҳои судманд, таъмини ризқу рӯзии кормандони он, вақф кардани чизҳое, ки ба манфиати онҳост, монанди вақф кардани манзил барои имом, муаззин, муаллим ва толибилмон, сохтани таҳоратхонаҳо ва дигар корҳое, ки ба манфиати онҳост.
Худованд мефармояд: (Масоҷиди Аллоҳ таъолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ Таъоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд) (Сураи Тавба, ояти 18)
Ин ояти карима имонро барои касоне, ки масҷидҳоро бо намоз гузоридан дар онҳо, тоза кардани онҳо ва таъмири вайронаҳои онҳо обод мекунад, собит кардааст[174]. [174] Ниг.: «Ал-Машрӯъ ва-л-Мамнӯъ фӣ-л-Масҷид», Муҳаммад ал-Арфаҷ (9).
Матлаби чаҳорум: Пок доштани масҷидҳо ва ҳифз кардани онҳо аз нопокиҳо.
Азбаски масҷидҳо макони ибодат ва тақарруб ҷустан ба Аллоҳ Таъоло бо тоат мебошанд, ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо аз палидиҳову наҷосатҳо амр шудааст, то соҳиби назофат, ҳусн ва ҷамол бошанд.
Шайх Ибни Саъдӣ (Худованд ӯро раҳмат кунад) дар тафсири сухани Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд) (Сураи Нур, ояти 36) Гуфт:" (...то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад...) Ин маҷмӯи аҳкоми масҷидҳост ва баланд бардоштани мартабаи онҳо инҳоро дар бар мегирад: бино кардани онҳо, рӯбучин ва покиза кардани онҳо аз наҷосатҳо ва чизҳои озордиҳанда, ҳифз кардани онҳо аз девонагон ва кӯдаконе, ки аз наҷосатҳо парҳез намекунанд, аз кофирон, ва аз суханони беҳуда ва баланд кардани овозҳо ба ғайри зикри Худо"[175]. [175] Тафсири Саъдӣ (569).
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки зани сиёҳе масҷидро пок мекард ва Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро наёфт ва аз аҳволи ӯ пурсид, гуфтанд: вафот кардааст. Фармуд: "Чаро манро огоҳ накардед?" Гӯё онҳо кори ӯро кучак шумурданд. Фармуд: "Қабрашро ба ман нишон диҳед". Қабри ӯро барояш нишон доданд. Бар он намоз гузориду фармуд: "Ин қабрҳо бар соҳибонаш пур аз зулумот аст ва Худованд ба баракати намоз хондани ман онро барояшон равшан месозад". (176) [176] Ривояти Бухорӣ, рақами (460), Муслим, рақами (956).
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар ҳоле ки мо бо Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар масҷид будем, ногаҳон аъробие омад ва дар масҷид ба пешоб кардан шурӯъ кард. Асҳоби Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Бас кун, бас кун! Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ӯро бознадоред - яъне: пешобашро қатъ накунед - ӯро бигзоред". Ӯро гузоштанд, то пешоб кард. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро даъват намуда, ба ӯ гуфт: "Ҳамоно ин масҷидҳо барои чизе аз ин пешобу палидӣ муносиб нест, балки барои зикри Худои Азза ва Ҷалла ва намоз ва хондани Қуръон аст". Сипас, ба марде аз қавм амр карданд, ки як сатил об оварда, бар ӯ рехт, яъне: онро бар пешобкарда рехт [177]. [177] Ривояти Бухорӣ, рақами (219) мухтасар, Муслим, рақами (285).
Дар ин масъала ихтилофе нест, ки пешоб ва монанди он аз ҷумлаи наҷосатҳоест, ки масҷидҳо, ки таҳораташон шарт аст, бояд аз онҳо пок нигоҳ дошта шаванд. Бинобар ин, масҷидҳо, фаршҳои онҳо ва он чи ба онҳо тааллуқ дорад, аз қабили саҳнҳо, бомҳо ва монанди инҳо, бояд аз ҳама гуна наҷосатҳо пок нигоҳ дошта шаванд ва ҳар гоҳ чизе аз онҳо ба ин ҷойҳо афтад, бояд пок карда шавад.
Ҳамчунин дар бораи пок кардани он (масҷид) аз ифлосиҳо, аз қабили балғам, оби бинӣ, оби даҳан, хун, риму чирк ва монанди инҳо, ривоятҳо ворид шудааст. Чунончи аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ифлосие (балғам ва ахлот)-ро дар қибла диданд. Ин амр барояшон гарон омада, то ҳадде, ки асари нороҳати дар чеҳраи муборакашон дида шуд. Сипас бархоста, бо дасти худ онро пок карда, фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо барои адои намозаш бармехезад, ҳамоно ӯ бо Худояш роз мегӯяд, ё ин ки Парвардигораш дар миёни ӯ ва қибла аст. Пас ҳеҷ кадоме аз шумо ба сӯи қибла туф накунад, вале ба сӯи чап ё зери пояш онро бияндозад". Сипас гӯшаи ридои худро гирифта, дар он туф намуда ва қисматеро бар болои қисмати дигар гардонид ва фармуд: "Ё ин тавр бикунед". (178) [178] Ривояти Бухорӣ, рақами (405), Муслим, рақами (551).
Аҳодиси зиёде вуҷуд доранд, ки аз андохтани оби даҳон ва ахлот дар масҷид манъ мекунанд. Дар баъзеи онҳо аз туф кардан ба сӯи қибла ё ба самти рост манъ шуда, ба самти чап ё зери пои чап андохтан ва сипас бо по молидани он иҷозат дода шудааст. Шаке нест, ки оби даҳон ва ахлот аз чизҳое ҳастанд, ки табъи инсон онро бад мебинад. Аз ин рӯ, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки оби даҳонро дар қиблаи масҷид диданд, ғазабнок шуданд, то ҷое ки чеҳраи муборакашон сурх шуд ва шитобон онро пок карда, сипас ҷои онро бо халуқ ё заъфарон хушбӯй намуданд.
Маълум аст, ки агар масҷид аз гил сохта шуда бошад, тарошидани он осон аст ва дар замини хокии он чизи афтода дафн карда мешавад ва ё хоки ифлосшудааш берун оварда мешавад.
Азбаски масҷидҳо дар ин замонҳо аксаран сафолакпӯш ва бо фаршҳои пок қолинпӯш шудаанд, ки аз чирку палидӣ осебпазиранд ва дар онҳо осори балғам, хун, рим ва монанди инҳо зоҳир мешавад, оби даҳон андохтан дар онҳо ба таври мутлақ манъ мегардад, хоҳ бар фаршҳо бошад, хоҳ бар деворҳо ва ё бар сафолакҳо. Пас ҳар касе, ки оби даҳон ё балғам ба ӯ фишор орад, бояд барои ин кор берун равад, ё дар рӯймоле туф карда, онро берун барад, ё дар гӯшаи либосаш туф карда, онро болои ҳам қат кунад, чуноне ки дар ҳадис зикр шудааст, то масҷид пок ва хушбӯй боқӣ монад.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки дар маҳаллаҳо масҷидҳо бино шавад ва онҳоро покиза ва хушбӯй кунанд" Суфён гуфт: "Бино кардани масҷидҳо дар маҳаллаҳо яъне: дар қабилаҳо"[179]. [179] Ривояти Тирмизӣ, рақами (594), ва нигаред ба: Фаслҳо ва масъалаҳои марбут ба масҷидҳо (27).
Матлаби панҷум: Ҳукми бино кардани масҷид бар қабр ё дохил кардани қабр дар масҷид
Бино кардани масҷид бар болои қабри ҳар касе, ки бошад, ҷоиз нест, зеро аз ин кор наҳй шудааст. Шайхулислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: "Аимма иттифоқ кардаанд, ки бар болои қабр масҷид сохта нашавад, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамоно касоне, ки пеш аз шумо буданд, қабрҳоро масҷид мегирифтанд, огоҳ бошед, ки қабрҳоро масҷид нагиред, зеро ман шуморо аз он манъ кардам".
Ҳамчунин дафн кардани майит дар масҷид ҷоиз нест, агар масҷид қабл аз дафн вуҷуд дошта бошад, он тағйир дода мешавад, ё бо ҳамвор кардани қабр ва ё бо шикофтани он, агар нав бошад (тағйир додани ҷойи қабр).
Аммо агар масҷид баъди қабр бино шуда бошад, ё масҷид аз байн бурда мешавад, ё сурати қабр. Дар масҷиде, ки бар болои қабр аст, на фарз хонда мешавад ва на нафл, зеро аз он наҳй шудааст[180]. [180] Маҷмӯаи фатвоҳо (22/194).
Аз ҷумлаи далелҳо бар ин, ғайр аз он чӣ Шайхулислом (раҳимаҳуллоҳ) зикр кардааст: Аз Оиша ва Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд: Ҳангоме ки марг бар Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)нозил шуд, ҷомаашро бар рӯи худ мепартофт ва чун аз он нафасаш танг мешуд, онро аз рӯяш дур мекард ва дар ҳамон ҳолат гуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд" Аз монанди коре, ки онҳо анҷом доданд, ҳушдор медиҳад [181]. [181] Ривояти Бухорӣ, рақами (435), Муслим, рақами (531).
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сакароти мавт баён намуданд, ки Аллоҳи бузург яҳуду насороро лаънат кардааст, зеро онон қабрҳои паёмбаронашонро масҷид қарор доданд. Ва баён намуданд, ки ин аз одатҳои кофирони пешин буд, то умматашро аз монанди кардан ба онон барҳазар дорад ва дари ширк ба Аллоҳ ва ибодати ғайри Ӯро ба рӯяшон бибандад.
Аз Оиша модари мӯъминон ривоят аст, ки Умми Ҳабиба ва Умми Салама ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз калисое, ки дар Ҳабаша дида буданд ва дар он тасвирҳо буд, нақл карданд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Дар ҳақиқат, онҳо чун марди солеҳе аз миёнашон вафот мекард, бар қабри ӯ масҷиде месохтанд ва он суратҳоро дар он тасвир мекарданд, пас онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ҳастанд" (182) [182] Ривояти Бухорӣ, рақами (427), Муслим, рақами (528).
Ҳамчунин аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бемориашон, ки аз он барнахостанд, фармуданд: "Аллоҳ лаънат кунад яҳудиён ва насрониёнро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд" Агар ин намебуд, қабраш ошкор карда мешуд, аммо аз он тарсиданд, ки масҷид гирифта шавад [183]. [183] Ривояти Бухорӣ, рақами (1390), Муслим, рақами (529).
Матлаби шашум: Ҳукми ороиши масҷидҳо
Зиннат додани масҷидҳо ва фахр кардан ба онҳо, шоиста нест, чуноне ки Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос, (разияллоҳу анҳумо), ривоят кардааст, ки гуфт: "Қатъан онро зиннат хоҳед дод, чуноне ки яҳудиён ва насрониён зиннат доданд".
Аз Анас ибни Молик, (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Бо он фахрфурӯшӣ мекунанд, сипас дар он ҷуз андак замоне сукунат намекунанд".
Ва аз ҳазрати Умар ривоят аст, ки ба бино кардани масҷидҳо амр намуда, гуфт: "Мардумро аз борон паноҳ деҳ ва аз сурху зард кардани он (зебу зиннат додани масҷид) парҳез кун, то мардумро ба фитна наандозӣ"[184]. (184) Ин асарҳоро Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ муъаллақ бо сиғаи ҷазм зикр кардааст (1/ 96- 97).
Дар ин замонҳо фахрфурӯшӣ бо масҷидҳо зиёд шудааст ва мардум дар ороишу зиннат ва харҷи зиёд дар онҳо исроф мекунанд. Машойих ба ҷоиз будани сохтани бошукӯҳи масҷидҳо фатво додаанд, агар хонаҳо ва манзилҳо бошукӯҳ сохта шаванд, то масҷидҳо дар муқоиса бо хонаҳо ва манзилҳо баднамо ва ҳақир набошанд. Лекин бидуни исрофкорӣ ва муболиға дар зиннату ороиш, рангҳо ва нақшу нигор ва гуногунӣ дар чизҳое, ки дар онҳо харҷ мешавад, аз қабили сафол, кошӣ ва фаршҳое, ки ба онҳо ҳоҷат нест. Дар ҳоле ки масҷидҳое ҳастанд, ки ба камтарин ободонӣ ниёз доранд, пас бояд ин молҳо барои ободонии он масҷидҳо сарф шаванд.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо), ривоят аст: "Масҷид дар замони Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо хишт сохта шуда буд, боми он аз шохаҳои дарахти хурмо ва сутунҳояш аз чӯби хурмо буд. Абубакр ба он чизе илова накард. Умар ба он илова кард ва онро бар ҳамон сохти замони Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо хишт ва барги нахл бино кард ва сутунҳояшро дубора аз чӯб сохт. Сипас Усмон онро тағйир дод ва ба он бисёр илова кард ва деворҳояшро бо сангҳои нақшин ва гаҷ бино кард ва сутунҳояшро аз сангҳои нақшин сохт ва бомашро аз чӯби соҷ сохт" [185]. [185] Ривояти Бухорӣ, рақами (446).
Аллома Абдулъазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: Амали Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) далолат бар он мекунад, ки зебо гардонидани масҷид бо сангҳои нақшин, чӯбҳои хуб ва гаҷкорӣ, яъне ранг кардани девор, боке надорад. Агарчи тарзи зиндагии салаф авлотар ва беҳтар аст, лекин агар мардум манзилҳои худро зебо кунанд ва аз биноҳои қадимӣ дурӣ ҷӯянд ва дар ҳолати қадима боқӣ мондани масҷид боиси дур шудани онҳо аз намоз ва ҷамъ омадан дар масҷидҳо гардад, пас барои ташвиқи мардум ба масҷидҳо, анҷом додани коре монанди амали Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ишколе надорад. Аммо барои ифтихор ва фахрфурӯшӣ бошад, ҷоиз нест. Навиштан дар дохили масҷид макрӯҳ аст, пас авлотар он аст, ки сода бошад[186]. [186] Нақл аз Ал-Масоҷид, Қаҳтонӣ (71).
Матлаби ҳафтум: Ҳукми дохил шудани кофир ба масҷид
Бар мусалмонон ҳаром аст, ки ба ягон кофир иҷозати ворид шудан ба Масҷидулҳаром ва тамоми минтақаи Ҳарамро бидиҳанд ва асл дар ин ҳукм, фармудаи Аллоҳ Таъоло аст: (Эй касоне, ки имон овардаед, ҷуз ин нест, ки мушрикон ҳатман, палиданд, пас, набояд баъд аз имсол ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд...) (Сураи Тавба, ояти 28) Аммо масҷидҳои дигар, агар дохил шудани онҳо бо мақсади шаръӣ бошад, дар ин боке нест. Монанди пурсидан дар бораи Ислом, ё коре, ки ба масҷид ё ба манфиатҳои мусалмонон марбут аст, ё шунидани мавъиза, ё дохил шудан барои кори мубоҳе, монанди нӯшидани об аз дохили масҷид. Дар чунин ҳолатҳо ин кор ҷоиз аст, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Сумома ибни Асолро дар сутуни масҷид баста буд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гурӯҳе аз саворонро ба тарафи Наҷд фиристод. Онҳо мардеро аз қабилаи Банӣ Ҳанифа бо номи Сумома ибни Усол оварда, ӯро ба яке аз сутунҳои масҷид бастанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ӯ омада, фармуданд: «Эй Сумома, чӣ хабар дорӣ?». Гуфт: Хабари хуб дорам, эй Муҳаммад. Агар маро бикушӣ, шахси соҳибхунеро куштаӣ ва агар озодам кунӣ, шахси шукргузореро озод кардаӣ ва агар мол мехоҳӣ, ҳар қадар бихоҳӣ, талаб кун. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро то рӯзи дигар ба ҳоли худаш гузошт..."[187]. (187) Муттафақун алайҳи.
Ҳайати Наҷрон, ки насронӣ буданд, ба масҷид дохил шуданд[188] ва Зимом ибни Саълаба ба назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки дар масҷид буданд, даромад. Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Дар ҳоле ки мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем, марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба ту ҷавоб додам" (яъне, туро гӯш мекунам). Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс"..., то онҷо, ки гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам". (189) [188] Муттафақун ъалайҳи. [189] Ривояти Бухорӣ. Нигаред: Маҷмӯи фатвоҳо ва мақолаҳои Ибни Боз, ҷилди ҳаштум, ҳукми дохил шудани кофирон ба масҷидҳо, ва фатвоҳои Кумитаи доимӣ 6/276.
Ин буд он чизе, ки мо тавонистем дар бораи ниёзҳои муаззин, имом, хатиб ва аҳкоми масҷидҳо баён кунем. Мо ба муаззин, имом ва хатиб тавсия медиҳем, ки тақвои Худованди ҷалла ва алоро пеша кунанд, дар талаби илм ва паҳн кардани он ҷидду ҷаҳд намоянд ва ба ин кор аҳамият диҳанд.
Ҳамин, ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст, ва салому дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва бар хонадон ва ҳамаи асҳобаш бод, ва охирин дуои мо ин аст, ки ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори оламиён аст.
Баъзе сарчашмаҳои муфид барои муаззин, имом ва хатиб
Азон ва иқомат, Доктор Саид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ, Ношир: Матбааи Сафир, Риёз.
Аҳкоми имомат ва иқтидо дар намоз, Доктор Абдулмуҳсин ал-Муниф.
Имомат дар намоз дар партави Китоб ва Суннат, Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ.
Усули хутбаи ҷумъа, Абдуллоҳ ибни Зайфуллоҳ Руҳайлӣ, Ношир: Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Имомат дар намоз - мафҳум, фазоил, анвоъ, одоб ва аҳком дар партави Китоб ва Суннат, Таълифи Доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ, Ношир: Матбааи Сафир, Риёз.
Хутбаҳои ҷумъа ва масъулиятҳои хатибон, Таҳияи: Маҷлиси даъват ва иршод, Вазорати шууни исломӣ ва даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Хутбаи ҷумъа дар Китоб ва Суннат, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ал-Ҳамад, Ношир: Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Хутбаи ҷумъа ва аҳкоми фиқҳии он, таълифи Абдулазиз ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Ҳуҷайлон, Ношир: Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршод, Маркази таҳқиқот ва омӯзишҳои исломӣ.
Хутбаи ҷумъа ва нақши он дар тарбияи уммат, Абдулғанӣ Аҳмад Ҷабр Музҳир, Ношир: Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Панҷоҳу як васият барои хатиби муваффақ шудан, аз Амир ибни Муҳаммад ал-Мадарӣ, ки дар сомонаи Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Подшоҳии Арабистони Саудӣ нашр шудааст.
Намози ҷумъа - мафҳум, шартҳо, фазилатҳо, хусусиятҳо, одоб ва аҳком дар партави Китоб ва Суннат. Таълифи доктор Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳф ал-Қаҳтонӣ. Ношир: Матбааи Сафир, Ар-Риёз.
Минбари ҷумъа: амонат ва масъулият, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Ҳумайд, Ношир: Вазорати умури ислом, даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Манҳаҷи омода кардани хутбаи ҷумъа, таълифи доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд, ношир: Вазорати умури исломӣ, даъват ва иршод, Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Рисолаҳо барои Имомон ва муаззинон, аз Шайх Абдуллоҳ ибни Солеҳ ал-Фавзон, Дор Ибни ал-Ҷавзӣ.
Рисолае ба имомони масҷидҳо, муаззинон ва маъмумин, аз шайх Абдуллоҳ ибни Ҷоруллоҳ ал-Ҷоруллоҳ.
Донишномаи фиқҳи кувайтӣ, ва бобҳои хутба, имомат, азон ва масоҷид.