"Офариниши ҳар кадоми шумо дар шиками модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад
Аз Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
"Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст барои мо фармуд: "Офариниши ҳар кадоми шумо дар шиками модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гӯште мегардад. Сипас малоикае ба сӯйи ӯ фиристода мешавад ва рӯҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс). Қасам бар Худое, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад. Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни дӯзах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад".
حَدَّثَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَهُوَ الصَّادِقُ المَصْدُوقُ: «إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْمًا، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يُرْسَلُ إلَيْهِ المَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيهِ الرُّوحَ، وَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ: بِكَتْبِ رِزْقِهِ، وَأَجَلِهِ، وَعَمَلِهِ، وَشَقِيٍّ أَوْ سَعِيدٍ؛ فَوَالَّذِي لَا إلَهَ غَيْرُهُ إنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الجَنَّةِ حَتَّى مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إلَّا ذِرَاعٌ فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ فَيَدْخُلُهَا، وَإِنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ حَتَّى مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إلَّا ذِرَاعٌ، فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الجَنَّةِ فَيَدْخُلُهَا».
Ибни Масъуд мегӯяд, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки худ ростгӯ аст ва суханонаш аз ҷониби Худованди Мутаъол (ба воситаи ваҳй) тасдиқ шудааст, ба мо фармуд: Ҳамоно офариниши ҳар яке аз шумо ҷамъ карда мешавад ва ин ба он маъно аст, ки чун мард бо ҳамсараш ҳамбистарӣ кунад, мании парокандаи ӯ дар шиками зан чиҳил рӯз ба сурати нутфа ҷамъ мешавад. Сипас ба "алақа" табдил меёбад, ки он хуни ғафси басташуда аст ва ин дар чиҳил рӯзи дувум мебошад. Сипас "музға" мегардад, ки он порчаи гӯштест ба андозаи он чи хоида мешавад ва ин дар чиҳил рӯзи савум мебошад. Сипас Худованд фариштаеро ба сӯйи ӯ мефиристад ва баъд аз поёни чиҳил рӯзи савум дар вай рӯҳ медамад. Ва сипас он фаришта ба навиштани чаҳор чиз амр карда мешавад, ки инҳоянд: ризқи ӯ, ки он миқдори неъматҳоест, ки дар тӯли умраш ба даст хоҳад овард; ва аҷали ӯ, ки он муддати мондани ӯ дар дунёст; ва амали ӯ, ки чист? Оё бадбахт аст ё хушбахт? Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савганд ёд кард, ки яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва амалаш солеҳ мебошад, яъне дар он чи барои мардум зоҳир мешавад ва ба ҳамин ҳол мемонад, то ин ки миёни ӯ ва биҳишт ҷуз як зироъ (газе) боқӣ намемонад, яъне миёни ӯ ва расидан ба он чизе боқӣ намемонад, магар ба монанди касе, ки миёни ӯ ва мавзеъе аз замин як зироъ боқӣ мондааст. Вале навиштаи тақдир ва он чи бар ӯ муқаддар шудааст, бар вай ғолиб меояд, пас дар он ҳангом амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад ва бо ҳамон амал барояш хотима меёбад ва ба дӯзах дохил мегардад. Зеро шарти қабули амали ӯ он аст, ки бар он устувор бимонад ва онро табдил накунад. Ва шахси дигаре аз мардум амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то ба дараҷае наздик мешавад, ки ба он дохил шавад ва гӯё миёни ӯ ва дӯзах ба миқдори як зироъ аз замин аст. Вале навиштаи тақдир ва он чи бар ӯ муқаддар шудааст, бар вай ғолиб меояд, пас вай амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва бо ҳамон амал барояш хотима меёбад ва ба биҳишт дохил мегардад.
Баёни марҳилаҳои офариниши инсон.
Имон ба қазо ва қадар.
Тарс аз оқибати бад ва ташвиқи талаб кардан аз Худованд барои пойдорӣ то дами марг.
Аз мағрур шудан ба зоҳири амалҳо бояд барҳазар буд, зеро тамоми кор вобастагӣ ба анҷом ва поёни он дорад.
Ин ҳадис дар ҳаққи касест, ки аз рӯи ихлос ва имон амал намекунад, балки фақат дар он чи ба назари мардум мерасад, амали аҳли ҷаннатро анҷом медиҳад. Аммо касе, ки дар ҳақиқат аз рӯи ихлос ва имон амали аҳли ҷаннатро анҷом медиҳад, пас Аллоҳ Таъоло одилтар, каримтар ва раҳимтар аз он аст, ки ӯро дар поёни умраш хор созад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Аллоҳ Таъоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад ва ситамгарон [-и мушрик]-ро гумроҳ мекунад ва Аллоҳ Таъоло ҳар чи бихоҳад мекунад."
Саҳеҳ Бухорӣ (9/ 135) (7454).
(4/ 111) (3208).
Саҳеҳ Муслим (4/ 2036) (2643).
Бештар (2)
عمدة القاري شرح صحيح البخاري (15/ 130).
شرح الأربعين النووية للعثيمين (ص: 84).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
5 КитобҳоБештар (5)
- التسليم للنص الشرعي والمعارضات الفكرية المعاصرة02 التسليم للنص الشرعي - من المبحث الثالث الفصل الأول حتى المبحث الثاني الفصل الثاني"إن أحدكم ليعمل بعمل أهل الجنة."
- سبعون سؤالا في أحكام الجنائر1كما يدلّ عليه حديث ابن مسعودٍ رضي الله عنه، قال: حدثنا رسول الله صلى الله عليه وسلم -وهو الصادق المصدوق- فقال: «إن أحدكم يجمع خلقه في بطن أمّه أربعين يومًا نطفةً، ثم يكون علقةً مثل ذلك، ثم يكون مضغةً مثل ذلك، ثم يرسل إليه الملك، فينفخ فيه ا
- شرح الأربعين النووية«إنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْمًا، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يُرْسَلُ إلَيْهِ الْمَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيهِ الرُّوحَ، وَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَا
- مجموعة زاد الحديث (1)الحديث 1«ثُمَّ يُرْسَلُ إِلَيْهِ المَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيْهِ الرُّوْحَ»
- موسوعة الإيمان«إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْمًا، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَبْعَثُ اللَّهُ مَلَكًا فَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ، وَيُقَالُ لَهُ: اكْتُبْ