Ман барои адои умра рафтам ва дар ҳоле ки аз миқот мегузаштам ҳайз будам ва ба эҳром надаромадам ва дар Макка мондам то ин ки пок шудам ва аз Макка ба эҳром даромадам, оё ин ҷоиз аст? Ман бояд чӣ кор кунам? Оё бар ман чизе воҷиб аст?
السؤال
С 1:
Ман барои адои умра рафтам ва дар ҳоле ки аз миқот мегузаштам ҳайз будам ва ба эҳром надаромадам ва дар Макка мондам то ин ки пок шудам ва аз Макка ба эҳром даромадам, оё ин ҷоиз аст? Ман бояд чӣ кор кунам? Оё бар ман чизе воҷиб аст?
س54: أنا ذاهبةٌ للعمرة، ومررت بالميقات وأنا حائضٌ، فلم أحرم، وبقيت في مكة حتّى طهرت، فأحرمت من مكة، فهل هذا جائزٌ؟ أو ماذا أفعل؟ وما يجب عليّ؟
الجواب
Ҷ 1:
Ин кор дуруст нест ва зане, ки қасди умра дорад барояш ҷоиз нест, ки бе ворид шудан ба эҳром аз миқот гузарад, ҳатто агар дар ҳолати ҳайз ҳам бошад. Дар ҳолати ҳайз метавонад ба эҳром дарояд ва эҳромаш дуруст аст.
Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки Асмо бинти Умайс ҳамсари Абубакр (разияллоҳу анҳумо) дар ҳоле ки таваллуд кард ва дар ҳолати нифос буд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар Зил-Ҳулайфа буд ва қасди ҳаҷҷи видоъро дошт. Бинобар ин, касеро ба назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва гуфт: чӣ кор кунам? Фармуданд: " Ғусл кун ва бо порчае (маҳалли баромади хунро) бибанд ва ба эҳром даро".
Хуни ҳайз монанди хуни нифос аст.
Пас ба зане, ки ҳайз дорад, ҳангоми аз Миқот бо нияти ҳаҷ ё умра мегузарад, мегӯем: Ғусл кун ва бо порчае (маҳалли баромади хунро) бибанд ва ба эҳром даро.
Истисфор, ки дар ҳадис омадааст, маънояш ин аст, ки шармгоҳи худро бо порчае мебандад, сипас ба эҳром медарояд хоҳ барои ҳаҷ бошад ё умра. Аммо агар ба эҳром даромад ва ба Макка расид, то пок шуданаш ба хонаи Каъба намеравад ва тавоф намекунад (пас аз пок шудан рафта тавоф мекунад).
Барои ҳамин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки Оиша (разияллоҳу анҳо) дар умра ҳайз дид, фармуданд: "Он чизеро, ки ҳоҷӣ анҷом медиҳад, анҷом бидеҳ, магар ин ки то пок шуданат хона (Каъба)-ро тавоф макун". Ин ривояти Бухорӣ ва Муслим аст.
Ва дар "Саҳеҳ Бухорӣ" низ Оиша (разияллоҳу анҳо) зикр кардааст, ки чун пок шуд, тавофи хона ва саъй байни Сафо ва Марваро анҷом дод.
Ин ба он далолат мекунад, ки агар зан дар ҳолати ҳайз барои ҳаҷ ё умра ба эҳром даромад ва ё пеш аз тавоф ҳайзаш оғоз ёфт, набояд тавоф ва саъй кунад, то ин ки пок шавад ва ғусл кунад.
Аммо агар дар ҳолати покӣ тавоф кунад ва пас аз анҷоми тавоф ҳайзаш оғоз шавад, идома медиҳад ва саъйро анҷом медиҳад, гарчанде дар ҳолати ҳайз ҳам бошад. Мӯйҳояшро кӯтоҳ карда, умраашро ба итмом мерасонад. Зеро дар саъй байни Сафо ва Марва доштани таҳорат шарт нест.
ﺟ54: هذا العمل ليس بجائزٍ، والمرأة الّتي تريد العمرة لا يجوز لها مجاوزة الميقات إلا بإحرامٍ حتى لو كانت حائضًا، فإنها تحرم وهي حائضٌ، وينعقد إحرامها، ويصحّ،
والدليل لذلك: أن أسماء بنت عميسٍ زوجة أبي بكرٍ رضي الله عنهما ولدت، والنبيّ ﷺ نازلٌ في ذي الحليفة، يريد حجة الوداع، فأرسلت إلى النبيّ ﷺ: كيف أصنع؟ قال:
«اغْتَسِلِي، وَاسْتَثْفِرِي بِثَوْبٍ، وَأَحْرِمِي» [1]،
ودم الحيض كدم النّفاس.
[24] تقدم تخريجه.
فنقول للمرأة الحائض إذا مرت بالميقات، وهي تريد العمرة أو الحج نقول لها: اغتسلي، واستثفري بثوبٍ، وأحرمي،
والاستثفار معناه: أنها تشدّ على فرجها خرقةً، وتربطها، ثم تحرم، سواء بالحجّ أو بالعمرة، ولكنها إذا أحرمت ووصلت إلى مكة لا تأتي إلى البيت، ولا تطوف به حتى تطهر، ولهذا قال النبيّ ﷺ لعائشة حين حاضت في أثناء العمرة، قال لها:
«افْعَلِي مَا يَفْعَلُ الْحَاجُّ، غَيْرَ أَلَّا تَطُوفِي فِي الْبَيْتِ حَتَّى تَطْهُرِي» [2]،
هذه رواية البخاريّ ومسلمٍ، وفي «صحيح البخاريّ» أيضًا،
«ذَكَرَتْ عَائِشَةُ أَنَّهَا لَمَّا طَهُرَتْ طَافَتْ بِالْبَيْتِ، وَبِالصَّفَا وَالْمَرْوَةِ» [3]،
فدل هذا على أن المرأة إذا أحرمت بالحجّ أو العمرة وهي حائضٌ، أو أتاها الحيض قبل الطواف، فإنها لا تطوف ولا تسعى حتى تطهر وتغتسل.
[26] البخاري، كتاب العمرة، باب عمرة التنعيم (1785).
[25] رواه البخاري، كتاب الحج، باب تقضي الحائض المناسك كلها إلا الطواف بالبيت (1650)، ومسلم، كتاب الحج، باب بيان وجوه الإحرام (120) (1211).
أما لو طافت وهي طاهرٌ، وبعد أن انتهت من الطواف جاءها الحيض، فإنها تستمرّ، وتسعى ولو كان عليها الحيض، وتقصّ من رأسها، وتنهي عمرتها؛ لأنّ السعي بين الصفا والمروة لا يشترط له الطهارة.