Оё Масъо (ҷои саъй байни Сафо ва Марва) аз ҷумлаи ҳарам аст? Оё зани ҳоиз метавонад ба он наздик шавад? Оё барои касе, ки аз тарафи Масъо дохили ҳарам мешавад, хондани таҳияи масҷид воҷиб аст?
السؤال
С 1:
Оё Масъо (ҷои саъй байни Сафо ва Марва) аз ҷумлаи ҳарам аст? Оё зани ҳоиз метавонад ба он наздик шавад? Оё барои касе, ки аз тарафи Масъо дохили ҳарам мешавад, хондани таҳияи масҷид воҷиб аст?
س56: هل المسعى من الحرم؟ وهل تقربه الحائض؟ وهل يجب على من دخل الحرم من المسعى أن يصلّي تحية المسجد؟
الجواب
Ҷ 1:
Чунин ба назар мерасад, ки Масъо ҷузъе аз масҷид нест, бинобар ин, байни масҷид ва Масъо девори ҷудокунанда гузоштаанд, гарчанде девори кӯтоҳ аст, аммо бешак он барои мардум беҳтар аст. Агар Масъо ба масҷид дохил мешуд ва як қисми он мебуд, зане, ки дар миёни тавоф ва саъй ҳайз мешуд, аз анҷоми саъй манъ карда мешуд.
Фатвои ман ин аст, ки агар зан баъд аз тавоф ва пеш аз саъй ҳайз шавад, саъяшро анҷом медиҳад, зеро Масъо ҷузъе аз масҷид нест.
Аммо таҳияи масҷид, метавон гуфт: Агар шахсе пас аз тавоф саъй кунад ва сипас ба масҷид баргардад онро адо мекунад, агар таҳияи масҷидро тарк кунад, гуноҳе бар ӯ нест.
Ва беҳтар он аст, ки аз фурсат истифода карда, ду ракъат намоз бихонад, бо назардошти фазилати намоз дар ин макон.
ﺟ56: الّذي يظهر أن المسعى ليس من المسجد، ولذلك جعلوا جدارًا فاصلًا بينهما، لكنه جدارٌ قصيرٌ، ولا شك أن هذا خيرٌ للناس؛ لأنه لو أدخل في المسجد وجعل منه، لكانت المرأة إذا حاضت بين الطواف والسعي امتنع عليها أن تسعى.
والّذي أفتي به: أنها إذا حاضت بعد الطواف وقبل السعي فإنها تسعى؛ لأن المسعى لا يعتبر من المسجد.
وأما تحية المسجد فقد يقال: إن الإنسان إذا سعى بعد الطواف، ثم عاد إلى المسجد، فإنه يصلّيها، ولو ترك تحية المسجد فلا شيء عليه،
والأفضل أن ينتهز الفرصة، ويصلّي ركعتين؛ لـما في الصلاة في هذا المكان من الفضل.