Skip to content

Агар зан пас аз фаро расидани вақти намоз ҳайз бинад, ҳукмаш чист? Оё агар пок гардад, қазои он намозро бояд адо кунад? Чӣ мешавад, агар пеш аз тамом шудани вақти намоз пок шавад?

السؤال

С 1:

Агар зан пас аз фаро расидани вақти намоз ҳайз бинад, ҳукмаш чист? Оё агар пок гардад, қазои он намозро бояд адо кунад? Чӣ мешавад, агар пеш аз тамом шудани вақти намоз пок шавад?

س31: ما الحكم إذا حاضت المرأة بعد دخول وقت الصلاة؟ وهل يجب عليها أن تقضيها إذا طهرت؟ وكذلك إذا طهرت قبل خروج وقت الصلاة؟

الجواب

Ҷ 1:

Якум: Агар пас аз фаро расидани вақт, яъне баъди фаро расидани вақти намоз ҳайз бинад, бояд баъд аз пок шуданаш қазои он намозеро, ки дар вақташ ҳайз шудааст, адо кунад, агар пеш аз ҳайз шудан нахонда бошад.

Бар асоси ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст:

"Ҳар ки як ракъат аз намозро дарк кунад, намозро дарк кардааст."

Пас, агар зан миқдори як ракаъати намозро дарк карда бошад ва пеш аз хондани намоз ҳайз дида бошад, бояд баъд аз пок шуданаш қазои он намозро ба ҷой орад.

Дувум: Агар пеш аз баромадани вақти намоз пок шавад, бояд қазои он намозро бихонад. Яъне, пеш аз баромадани офтоб ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози бомдодро бихонад.

Агар пеш аз ғуруби офтоб, ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози асрро бихонад.

Агар пеш аз нисфи шаб ба миқдори як ракъат намоз пок шавад, воҷиб аст, ки қазои намози хуфтанро бихонад.

Агар баъд аз нисфи шаб пок шавад, хондани намози хуфтан барояш воҷиб нест. Вале намози бомдодро ҳангоме ки вақташ фаро мерасад, бихонад.

Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст) (Сураи Нисо, ояти 103).

Яъне: Фарзе, ки вақти муайяан ва маҳдуд дорад. Ба касе ҷоиз нест, ки намозро аз вақташ ба таъхир гузорад ё пеш аз фаро расидани вақташ онро анҷом диҳад.

ﺟ31: أولًا: المرأة إذا حاضت بعد دخول الوقت -أي: بعد دخول وقت الصلاة- فإنه يجب عليها إذا طهرت أن تقضي تلك الصلاة الّتي حاضت في وقتها، إذا لم تصلّها قبل أن يأتيها الحيض،

وذلك لقول الرسول ﷺ:

«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الصَّلَاةِ فَقَدْ أَدْرَكَ الصَّلَاةَ» [1]،

فإذا أدركت المرأة من وقت الصلاة مقدار ركعةٍ، ثم حاضت قبل أن تصلّي، فإنها إذا طهرت يلزمها القضاء.

[11] تقدم تخريجه.

ثانيًا: إذا طهرت من الحيض قبل خروج وقت الصلاة فإنه يجب عليها قضاء تلك الصلاة، فلو طهرت قبل أن تطلع الشمس بمقدار ركعةٍ وجب عليها قضاء صلاة الفجر،

ولو طهرت قبل غروب الشمس بمقدار ركعةٍ وجبت عليها صلاة العصر،

ولو طهرت قبل منتصف الليل بمقدار ركعةٍ وجب عليها قضاء صلاة العشاء،

فإن طهرت بعد منتصف الليل لم يجب عليها صلاة العشاء، وعليها أن تصلّي الفجر إذا جاء وقتها، قال الله سبحانه وتعالى:

﴿...فَإِذَا ٱطۡمَأۡنَنتُمۡ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَۚ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا﴾

[النساء:103]،

أي: فرضًا مؤقتًا بوقتٍ محدودٍ، لا يجوز للإنسان أن يخرج الصلاة عن وقتها، ولا أن يبدأ بها قبل وقتها.