Skip to content

Агар зан дарҳол пас аз субҳидам пок шавад, оё он рӯзро рӯза мегирад ва он рӯз барояш ҳисоб мешавад, ё бояд қазои он рӯзро ба ҷо орад?

السؤال

С 1:

Агар зан дарҳол пас аз субҳидам пок шавад, оё он рӯзро рӯза мегирад ва он рӯз барояш ҳисоб мешавад, ё бояд қазои он рӯзро ба ҷо орад?

س1: إذا طهرت الـمرأة بعد الفجر مباشرةً فهل تمسك وتصوم هذا اليوم، ويكون يومها لها، أو عليها قضاء ذلك اليوم؟

الجواب

Ҷ 1:

Агар зан дарҳол пас аз субҳидам пок шуд, олимон дар бораи рӯза гирифтанаш дар ин рӯз ду назар доранд:

Назари аввал: Бояд бақияи он рӯзро рӯза гирад, аммо рӯзааш ҳисоб намешавад ва он рӯзро бояд қазо дорад. Ин назари машҳур дар мазҳаби Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аст.

Назари дувум: Барояш лозим нест, ки давоми рӯзро рӯза гирад. Зеро он рӯзест, ки рӯза гирифтанаш барои ӯ фосид аст, зеро дар аввали рӯз дар ҳолати ҳайз аст ва аз ҷумлаи рӯзадорон нест. Пас агар рӯза гирифтанаш дуруст набошад, худдорӣ карданаш аз хӯрдану нӯшидан фоидае надорад. Ва ин вақт барои ӯ вақти қобили эҳтиром нест, зеро дар оғози рӯз ба ӯ амр шудааст, ки ифтор кунад, балки рӯза гирифтан барояш дар аввали рӯз ҳаром аст.

Ва рӯзаи шаръӣ: Яъне, худдорӣ кардан аз чизҳои ботилкунандаи рӯза, барои ибодати Аллоҳ Таъоло, аз субҳидам то ғуруби офтоб аст.

Ва ин назар - чӣ гунае, ки мебинӣ - роҷеҳтар (саҳеҳтар) аз назар бар вуҷуби рӯза гирифтан аст. Ва дар ҳарду назар бояд он рӯзро қазо дорад.

ﺟ1: إذا طهرت المرأة بعد طلوع الفجر فللعلماء في إمساكها ذلك اليوم قولان:

القول الأول: أنه يلزمها الإمساك بقية ذلك اليوم، ولكنه لا يحسب لها، بل يجب عليها القضاء، وهذا هو المشهور من مذهب الإمام أحمد رحمه الله.

والقول الثاني: أنه لا يلزمها أن تمسك بقية ذلك اليوم؛ لأنه يومٌ لا يصحّ صومها فيه؛ لكونها في أوله حائضًا ليست من أهل الصّيام، وإذا لم يصح لم يبق للإمساك فائدةٌ، وهذا الزمن زمنٌ غير محترمٍ بالنّسبة لها؛ لأنها مأمورةٌ بفطره في أول النهار، بل محرمٌ عليها صومه في أول النهار،

والصوم الشرعيّ: هو الإمساك عن المفطّرات تعبّدًا لله عز وجل من طلوع الفجر إلى غروب الشمس.

وهذا القول -كما تراه- أرجح من القول بلزوم الإمساك، وعلى كلا القولين يلزمها قضاء هذا اليوم.