Skip to content

Агар зан пок шуд ва баъди намози бомдод ғусл кард ва намоз хонд ва рӯза гирифт, оё қазои рӯзаро гирифтан барояш воҷиб аст?

السؤال

С 1:

Агар зан пок шуд ва баъди намози бомдод ғусл кард ва намоз хонд ва рӯза гирифт, оё қазои рӯзаро гирифтан барояш воҷиб аст?

س2: إذا طهرت الحائض، واغتسلت بعد صلاة الفجر، وصلت، وكملت صوم يومها، فهل يجب عليها قضاؤه؟

الجواب

Ҷ 1:

Агар зан пеш аз субҳидам, ҳатто як дақиқа пеш пок шавад ва ба пок шудани худ яқин дошта бошад, агар дар моҳи Рамазон бошад, бояд он рӯзро рӯза бигирад ва рӯзаи он рӯзаш дуруст аст ва қазояшро намегирад. Зеро ӯ дар ҳолати покияш рӯза гирифтааст, агарчи баъд аз субҳидам ғусл кунад.

Ҳамчунон марде, ки ҷунуб бошад, аз ҳамбистарӣ ё эҳтилом ва хӯроки пеш аз субҳро бихӯрад (барои рӯза гирифтан), вале баъд аз субҳидам ғусл кунад, рӯзааш дуруст аст.

Ба ин муносибат мехоҳам масъалаи дигареро барои занон ёдовар шавам. Зан агар рӯза гирад ва пас аз ифтор кардан ҳайзаш шуруъ шавад, баъзе аз занон гумон мекунанд, ки агар ҳайз баъд аз ифтор ва пеш аз намози хуфтан шуруъ шуд, рӯзаашон фосид мешавад,

аммо ин сухан асосе надорад, балки агар ҳайз як лаҳза баъд аз ғуруби офтоб омад, рӯзаи он рӯзаш комилу дуруст аст.

ﺟ2: إذا طهرت الحائض قبل طلوع الفجر ولو بدقيقةٍ واحدةٍ، ولكن تيقنت الطّهر، فإنه إذا كان في رمضان فإنه يلزمها الصوم، ويكون صومها ذلك اليوم صحيحًا، ولا يلزمها قضاؤه؛ لأنها صامت وهي طاهرٌ، وإن لم تغتسل إلا بعد طلوع الفجر فلا حرج،

كما أن الرجل لو كان جنبًا من جماعٍ أو احتلامٍ، وتسحر، ولم يغتسل إلا بعد طلوع الفجر، كان صومه صحيحًا.

وبهذه المناسبة أودّ أن أنبّه إلى أمرٍ آخر عند النّساء إذا أتاها الحيض وهي قد صامت ذلك اليوم، فإن بعض النّساء تظنّ أن الحيض إذا أتاها بعد فطرها قبل أن تصلّي العشاء فسد صوم ذلك اليوم،

وهذا لا أصل له، بل إن الحيض إذا أتاها بعد الغروب ولو بلحظةٍ فإن صومها تامٌّ وصحيحٌ.