Skip to content

"Ҳар кори нек садақа аст".

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд:

"Ҳар кори нек садақа аст".

«كُلُّ مَعْرُوفٍ صَدَقَةٌ».

Ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Ҷобир ва ривояти Муслим аз ҳадиси Ҳузайфа
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар амали нек ва ҳар ончи ба дигарон суд мерасонад, чӣ дар сухан бошад ё дар амал, садақа аст ва савобу подош дорад.

Маънои калимаҳо

معروف : المعروف اسم جامع لكل ما فيه نفع للآخرين من قول أو فعل.

Аз фоидаҳои ҳадис

Садақа танҳо ба ончи инсон аз моли худ медиҳад нест, балки ҳар амали нек, ки инсон анҷом медиҳад ё ҳар сухани нек ба забон меорад ва ба дигарон мерасонад, садақа аст.

Ин ҳадис мардумро ба анҷоми амалҳои нек ва анҷоми ҳар амал, ки ба нафъи дигарон аст, ташвиқ мекунад.

Ҳеҷ амали некро, ҳарчанд андак бошад ҳам, кам нашумор.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 11) (6021).

Саҳеҳ Муслим (2/ 697) (1005).

Бештар (4)

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 117).

توضيح الأحكام من بلوغ المرام.

للبسام (7/ 341).