Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

4 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана. Аммо ду воҷиб: (1) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил нашуда бошад, ба биҳишт ворид мешавад. (2) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил шуда бошад, пас ба дӯзах ворид мешавад. Мисл ба мисл ин аст, ки: ҳар касе нияти анҷоми кори неке дар дил дошта бошад ва Худованд аз розаш огаҳ бошад барояш як ҳасана навишта мешавад, ва ҳар касе кори баде анҷом диҳад, бар ӯ як бадӣ навишта мешавад. Ҳар касе ҳасанае (некӣ) анҷом диҳад барояш даҳ баробар навишта мешавад. Ҳар касе чизе дар роҳи Худо нафақа кунад, як ҳасанаи ӯ ба ҳафтсад баробар навишта мешавад. Аммо инки мардум чаҳор (даста)-анд: (1) Бархе дар дунё барояшон фаровонӣ ва дар охират маҳдудият хоҳад буд. (2) Бархе дар дунё барояшон маҳдудият ва дар охират барояшон фаровонӣ фароҳам хоҳад буд. (3) Бархе дар дунё ва охират дучори тангдастӣ ва маҳдудият ҳастанд. (4) Ва бархе дигар дар дунё ва охират аз фаровонӣ бархурдор ҳастанд".
Ҳасан Ривояти Аҳмад
"Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Гурӯҳе аз ёрони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, сарватмандон ҳама савобҳоро бо худ бурданд. Онҳо айнан монанди мо намоз мегузоранд; ва айнан монанди мо рӯза медоранд; ва боз аз молҳои зиёдатиашон садақа мекунанд". Пас гуфт: «Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст». Гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, агар яке аз мо шаҳваташро (дар ҳамсараш) сарф кунад, дар ин барои ӯ савоб бошад?" Гуфт: «Оё медонед, ки агар шаҳваташро дар ҳаром сарф кунад, барои ӯ гуноҳе ҳаст?! Пас, ҳамчунин агар онро дар ҳалол бигузорад, барои ӯ савоб бошад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим