Зане, ки баъд аз ду моҳ гузаштан аз нифос ва пок шудани худ қатраҳои хурди хунро мебинад, оё рӯзаашро бихӯрад ва намоз нахонад, ё чӣ кор кунад?
السؤال
С 1:
Зане, ки баъд аз ду моҳ гузаштан аз нифос ва пок шудани худ қатраҳои хурди хунро мебинад, оё рӯзаашро бихӯрад ва намоз нахонад, ё чӣ кор кунад?
س24: امرأةٌ بعد شهرين من النّفاس، وبعد أن طهرت بدأت تجد بعض النّقاط الصغيرة من الدم، فهل تفطر، ولا تصلّي؟ أو ماذا تفعل؟
الجواب
Ҷ 1:
Мушкилоти занон дар ҳайз ва нифос баҳре аст беохир. Яке аз сабабҳои чунин ҳолат, истеъмоли доруҳои манъкунандаи ҳамл ва ҳайз аст. Мардум дар гузашта чунин мушкилоти зиёд надоштанд.
Дуруст аст, ки мушкилот аз замони рисолати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), балки аз замони пайдоиши зан боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ин, то ҳадде паҳншавии онҳо, ки мардум дар кӯшиши ҳалли мушкилоташон дар ҳайрат мондаанд, боиси таассуф аст.
Аммо қоидаи умумӣ ин аст, ки агар зан аз ҳайз ё нифос пок шавад ва аз покии худ мутмаин шавад, (манзурам аз покӣ дар ҳайз, баромадани моеи сафед аст ва он оби сафеде аст, ки занҳо онро медонанд) пас, ҳар он чи пас аз туҳр дида шавад, аз ҷумла, тирагӣ, зардӣ, доғи хун ва тарӣ, ҳамаи инҳо аз ҳайз нестанд, Инҳо аз намоз хондан, рӯза гирифтан ва ҳамхоба шудан бо шавҳар манъ намекунад, зеро ҳайз нест.
Умми Аатия мегӯяд: "Мо баромадани тирагӣ ва зардиро (баъд аз покӣ) чизе намепиндоштем." Ривояти Бухорӣ. Ва Абудовуд афзудааст: "Баъд аз покӣ" ва санадаш саҳеҳ аст.
Бар асоси ин мегӯем: Ҳар он чи баъд аз покии яқинӣ бар зан рух медиҳад, зиёне ба зан намерасонад ва ӯро аз намоз хондан, рӯза гирифтан ва ҳамхоба шудан бо шавҳараш боз намедорад. Аммо то покиро набинад, бояд шитоб накунад.
Зеро бархе аз занон бо муҷарради хушк шудани хунашон ва пеш аз дидани покӣ бо шитоб ғусл мекунанд.
Барои ҳамин занони саҳоба пахтаи олударо ба назди модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо ) мефиристоданд, яъне, пахтае, ки бо хун олуда аст. Ӯ дар ҷавоби занҳо мегуфт: "Шитоб накунед, то ин ки оби сафедро бубинед."
ﺟ24: مشاكل النّساء في الحيض والنّفاس بحرٌ لا ساحل له، ومن أسبابه: استعمال هذه الحبوب المانعة للحمل والمانعة للحيض، وما كان الناس يعرفون مثل هذه الإشكالات الكثيرة،
صحيحٌ أن الإشكال ما زال موجودًا من بعثة الرسول ﷺ، بل منذ وجد النّساء، ولكن كثرته على هذا الوجه الذي يقف الإنسان حيران في حلّ مشاكله أمرٌ يؤسف له.
ولكن القاعدة العامة: أن المرأة إذا طهرت، ورأت الطّهر المتيقن في الحيض وفي النّفاس -وأعني بالطّهر في الحيض: خروج القصة البيضاء، وهو ماءٌ أبيض تعرفه النّساء- فما بعد الطّهر من كدرةٍ، أو صفرةٍ، أو نقطةٍ، أو رطوبةٍ، فهذا كلّه ليس بحيضٍ، فلا يمنع من الصلاة، ولا يمنع من الصّيام، ولا يمنع من جماع الرجل لزوجته؛ لأنه ليس بحيضٍ، قالت أمّ عطية:
«كُنَّا لَا نَعُدُّ الصُّفْرَةَ وَالْكُدْرَةَ شَيْئًا»
أخرجه البخاريّ[1]، وزاد أبو داود [2]:
«بَعْدَ الطُّهْرِ»
وسنده صحيحٌ.
[6] كتاب الحيض، باب الصفرة والكدرة في غير أيام الحيض (326).
[7] كتب الطهارة، باب في المرأة ترى الصفرة والكدرة بعد الطهر (307).
وعلى هذا نقول: كلّ ما حدث بعد الطّهر المتيقن من هذه الأشياء فإنها لا تضرّ المرأة، ولا تمنعها من صلاتها وصيامها ومباشرة زوجها إياها، ولكن يجب ألّا تتعجل حتى ترى الطّهر؛
لأن بعض النّساء إذا جف الدم عنها بادرت، واغتسلت قبل أن ترى الطّهر،
ولهذا كان نساء الصحابة يبعثن إلى أمّ المؤمنين عائشة رضي الله عنها بالكرسف، يعني: القطن فيه الدم، فتقول لهن:
«لَا تَعْجَلْنَ حَتَّى تَرَيْنَ القَصَّةَ البَيْضَاءَ»[3].
[8] أخرجه البخاري معلقًا، كتاب الحيض، باب إقبال الحيض وإدباره.